Раҳмонов Агентии коррупсияро барҳам медиҳад (3)

Technik
By Technik

Раҳмонов Агентии коррупсияро барҳам медиҳад

(бахши севвум)

  Мо дар ду матолиби қаблӣ дар робита ба фаъолияти Оҷонсии мубориза бо фасод хеле аз ҷиноёти ошкорои ин ниҳод ва махсусан раис ва сардори Раёсати кадрҳои онро инъикос карда будем. Ин матлаб низ идомаи матолиби қаблӣ аст,ки аз корҳои пинҳонӣ ва дар назар ноёни масъулони феълии Оҷонсӣ ҳикоят мекунад….

Фирӯз Камолзода, факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллӣ дар Душанберо хатм ва ба ҳангоми фаъолият дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гӯиё Донишгоҳи славянии Тоҷикистонро ғоибона ба поён бурдааст. Аммо то онҷо ки маълумоти дақиқ ва мувассақ дар ихтиёр дорем Камолзода бо сӯиистифода аз вазифаи ишғолнамудааш-корманди Оҷонси мубориза бо фасод ягон бор дар дасрҳо иштирок накардааст.

  Ҳоло бошад боз ғоибона факултети роҳбарикунандаи  Академияи Вазорати корҳои дохилиро “хонда” истодааст, ки дар онҷо ҳам бо сӯии стифода аз вазифа ягон маротиба ба дарсҳо нарафтааст. Мо кормандони Оҷонсӣ аз Кумитаи амният ва Прокуратураи генералӣ хоҳиш мекунем, ки якбор санҷиш гузаронанд, ки Фирӯз Камолзода ҳамчун донишҷӯ чанд бор ба дарс рафтааст. Инчунин Камолзода Фирӯз як духтаракро ки номаш Марҷона ва корманди Агенти мубориза бо коррупсия  мебошад зани дуюм гирифтааст. Баъди нашри мақолаҳо дар “Ислоҳ.нет” Камолзода мошини “Тайота прадо”-и худро, ки 55.000 доллар харида буд (ин маблағ аз куҷо ва чи тавр ба дасти Фирӯз Камолзода омада расидаастро дар мақолаҳои пешина нишон дода будем) баҷо карда ҳоло аз тарс бо як мошини оддияк ба кор омада истодааст.

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии назорати давлатии молияяӣ ва мубориза бо коррупсия номзадии Фирӯз Камолзодаи “кошелёк”-ашро барои бори саввум ба вазифаи сардори Раёсати кадрҳои ин идора ҷиҳати мувофиқа бо президент ба Дастгоҳи иҷроияи Президент пешниҳод кардааст. Дар ду навбати аввал аз тарафи Дастгоҳи иҷроияи Президент посухи радд гирифта буд. Аммо ҳамоно Фирӯз Камолзода дар ин вазифа бо баҳонаи “и.в” -иҷрокунандаи сардори Раёсати кадрҳои Оҷонсӣ кор карда истодааст. Дар ҳоле, ки ин кор, тибқи низомномаи фаъолият ғайриқонунӣ ва ҳатто ғайриахлоқӣ аст. Зеро Дастгоҳи иҷроияи Президент қабул накарда ва афзун бар ин ҷавоби ғайриқаноатбахш додааст. Сулаймон Султонзода, бо инки мавқеъ ва мақоми Дастгоҳи иҷроияи Президентро ба инобат намегирад, аз як сӯ мақом ва ҷойгоҳи онро паст зада бошад, аз тарафи дигар нишон доданӣ аст, ки ӯ болотар аз ин Дастгоҳ аст ва худаш шоҳу табъаш вазир мебошад. Аммо асли кору гап дар инҷост ки Фирӯз Камолзода дар гирифтани пора ва ришва ва бурда ба Сулаймон Султонзода додани маблағҳои ҷамъоваришуда устухон надорад ва метавон гуфт, ки “мозг”-и раиси Оҷонсӣ шудааст. Фирӯз Камолзода, гӯиё ба баъзе аз наздиконаш лоф задааст, ки ин бор ҳатман номзадии ӯро Дастгоҳи иҷроияи Президент дастгирӣ мекунад. Чунки ҳаққу ҳуқуқи Озодаро ба воситаи “як кушандааш” расонидааст.

Сулаймон Султонзода дигар ба ҷамъу гир кардани маблағ ва рушду инкишофи тиҷоратҳои аз пули пораву ришват ҷамъоварӣ кардааш бо бародаронаш дар Данғара иктифо намекунад. Акнун лаҷоми аспи нафси саркашашро сар додааст. Як хешашро, ки ҳамагӣ Коллеҷи тиббиро ба анҷом расонида дар курсии сардухтури таваллудхонаи №2 шаҳри Душанбе оварда шинонидааст. Кормандони ин зоишгоҳ дар ҳайрат афтодаву ангуштон газидан доранд, ки чи тавр як нафаре, ки кадом таҷриба ва малакаи касбӣ ва маълумоти олии тибӣ надорад ва ҳамааш шуда коллеҷ (училиши собиқ)-и тиббиро хатм карда ва сарфаҳми кор намеравад сардухтур мешавад? Ва, сардухтури зоишгоҳ? Табобатхонае, ки мустақим ба ҳаёти инсон: модар ва кӯдак дахл дорад.

 Акнун,ки мисли “Уқоб”-и Зафар Нозим, “Имрӯз ҳама рӯи замин зери пари мост”, кардааст, шавҳари хоҳари худ-язнаи муҳтарамашро дар Оҷонсӣ дар вазифаи, кам не зиёд не, ревизор таъйин кардааст. Вазифаи рӯғанӣ.

  Барои онки ҳамеша дар “щит”-ашро дар пушташ дошта бошад ва ризоияти “криша” ҳосил шуда истад, ҷияни Асадулло Раҳмон, ёрдамчӣ оид ба масъалаи кадрҳо бо номи Аҳтамро сардори шӯъбаи мубориза бо коррупсияи Раёсати Оҷонсӣ дар вилояти Суғд таъин кардааст. Аҳтам ҳоло хеле ҷавон аст, таҷрибаи корӣ надорад, имтиёзаш ин аст ки аз Данғара ва ҷияни Асадулло Раҳмон аст. Ӯро ба вазифаи пурмасъулияти ошкор кардани ҷиноёти хусусияти коррупсионӣ дошта таъйин кардан, на танҳо обрӯи Оҷонсӣ, балки обрӯи Президентро ҳам дар Суғд мерезонад, ки ин гуна кадрҳоро танҳо ба хотири маҳал дар мақомҳои калидӣ таъйин мекунанд.

  Вале баъди нашри чанд матлаб ва ошкор шудани найрангҳояш дар сомонаи шумо ва шабакаи Ютубиатон Сулаймон Султонзода дар ҳарос афтод ва тарсид, ки супориши президентро иҷро накард ва барои онки президент аз вазифа нагирад, ҳамон Фатҳуллоро, ки ду миллион доллар аз НОБ-и Роғун ба сифати пора гирифта буд аз вазифаи ревизори Раёсати Оҷонсӣ дар шаҳри Душанбе озод кард. Аммо беҷои кору бе нонаш нагузошт. Восита шуд ва ӯро ба вазифаи ревизори Кумитаи андоз таъин карданд.

Сулаймон Султонзода талаботи Кодекси оила ва қонунҳоро барои дигарҳо зарур мешуморад. Махсусан меъёри чандзанагии онро аслан баэътибор намегирад. 3 зан дорад.Фирӯз Камолзода бошад 2 зан дорад. Магар риояти ин меъёр танҳо барои муллоҳо ва мардуми қаторӣ шарт аст? Барои як мансабдори сатҳи давлатӣ иҷозат аст ки ду ва се зан дошта бошад? Вай чанд бор талош кард ва ҳатто дар ҷаласаҳо супориш дод, ки муллоҳои чанд зан доштаро бояд дастгир кунем.Мо кормандони ин ниҳод шоҳиди ин фармони Султонзода ҳастем ва ин фармонашро иҷро ҳам кардаему гузориш ҳам додаем.

    Чанд рӯзи пеш дар расонаҳо хабари боздошти подполковники Оҷонси мубориза бо фасод Ҷонибек Маҳмадзода дар ҷойи аввал баромад ва онро хабари фавриву хабари доғ маънидод карданд:

“ФАВРӢ! БОЗДОШТИ ПОЛКОВНИКИ АГЕНТИИ ЗИДДИ КОРРУПСИЯ ҶОНИБЕК МАҲМАДЗОДА ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА

  Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Маҳмадзода Ҷонибек, с.т. 1972 рӯзи 17 август аз ҷониби кормандони КДАМ ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон дастгир гардид. Нисбат ба Ҷ.Маҳмадзода парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд”.

 Ҷонибек Маҳмадзода одами худи Сулаймон Султонзода аст. Вақте ки Султонзода дар прокуратура кор мекард,Ҷонибек корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода буд ва рутбаи полковникро дар ҳамонҷо ба даст овардааст. Ӯ бо Султонзода дӯсти наздик буд. Султонзода соли 2017 ба Оҷонсӣ омад ва баъди чанде Ҷонибекро дар вилояти Хатлон ревизори Оҷонсӣ таъйин кард. Дере нагузашта  ӯро ба Сарраёсати Оҷонсӣ ва ҳамин тавр ба Душанбе овард. Корманди умури изтирорӣ, корманди Оҷонсии мубориза бо фасод шуд. Дар асл, чи хеле пештар ҳам гуфта будем Султонзода Оҷонсиро ба як корхони пулкоркунӣ табдил додааст. Маҳмадзода Ҷонибек, ҳам як “кошелёк”-и дигари Султонзода буд. Бачаҳои амният боздошт карданд. Дастгиршавии ӯро дар Оҷонсӣ пинҳон нигоҳ медоранд. Аммо КДАМ хабарро нашр кард. Тибқи қоида нафароне, ки дар Оҷонсӣ ба вазифаҳои баланд таъин мешаванд аз дигар мақомот бояд маълумотнома (справка) баранд: аз ВКД, КДАМ ва Прокуратура, ки тоза  аст, доғи судӣ надорад. Як ҳамкори пешинааш аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хоҳиш мекунад, ки барояш аз КДАМ як маълумотнома бигирад, бар ивазаш пули хуб медиҳад. Аммо тавсияи мусбат бояд бидиҳанд.

Хулоса, Фирӯз ин маълумотномаро омода мекунад ва Султонзода даст мемонад. Бар тибқи баъзе аз маълумотҳо дар гирифтани пора Фирӯз Камолзода  ва Сулаймон Султонзода ҳам “қӯш”анд. Пеш аз ин ҳам муқобили Фирӯз Камолзода иҷрокунандаи сардори Раёсати кадрҳои Оҷонсии мубориза бо коррупсия ду маротиба “дело” кушода тафтишоти дохилӣ сурат гирифта буд. Мебоист ин пулро Ҷонибек ва Фирӯзу Султонзода тақсим мекарданд.

Мо намедонем,ки миқдори ин маблағи пора чи қадар аст. Аммо аз онки ин “оператсия” аз пеш аз ҷониби КДАМ тарҳрезишуда бошадро ҳам маълумот дар даст надорем. Тахмин задан мумкин аст. Вале инки Ҷонибек гуфтааст,ки пулро бояд тақсим мекарданд ва ӯ пешакӣ ҳама чизро бо Фирӯз ва Султонзода маслиҳат кардааст, аллакай барои КДАМ маълум аст. Раиси КДАМ тамоми маълумотро дар ихтиёри Президент гузоштааст. Президент сахт дар ҳайрат афтодааст, ки наход барои пораи як справка раиси худи Оҷонсӣ ҳам “қӯш” бошад? Президент, ки аз ин пеш ҳам чанд бор масъалаи “расформирават” – аз байн бурдани Оҷонсиии мубориза бо фасодро дар миён гузошта ва ҳатто дар як ҷаласаи кушода чунин таҳдид ҳам карда буд, дастури маҳви онро гӯиё шифоҳӣ додааст. Маълум нест, ки ба ҷойи он ягон сохтор ва ё ниҳоди дигар таъсис дода мешавад ва ё инки дубора ба ихтиёри Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ супорида мешавад. Аммо аз рӯи баъзе аз хабарҳо, Президент гуфтааст, баъди анҷоми интихоботи президентӣ ва ташкили ҳайати нави ҳукумат масъалаи аз байн бурдани Оҷонсии назорати амволи давлатӣ ва мубориза бо коррупсия ҳал мешавад.

Ps:Қазияи пурсарусадои Давлатбек Хайрзода, муовини раиси Оҷонсии мубориза бо фасод ва ошкор шудани 33 млн,доллар аз зери остонаи дари хонаи ӯ, боздошту ба давраҳои гуногун зиндонӣ шудани Фирӯз Холмуродов, сардори Раёсати тафтишотии ин Оҷонсӣ ва 10 нафар ҳамроҳони ӯ,ки миллионҳо доллар дуздии онҳоро бо тиллову танга ошкор карданд ва низ боздошти бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб,раиси пешини Оҷонсии мубориза бо фасод бо гирифтани 600.000 доллари пора аз як сӯ ҷанги “подковёр”-и амният ва Оҷонсиро нишон диҳад аз тарафи дигар воқеан ҳам баёнгари он аст ки ин Оҷонсӣ ҷои онки бар муқобили ришват ва фасод мубориза кунад, худ мусаббиби ривоҷу равнақи фасод ва ришват дар Тоҷикистон шудааст. Бахсус, баъди ба раҳбарӣ омадани Сулаймон Султонзода, кадри Асадулло Раҳмон ин ниҳод ба як наҳанги носераме табдил шудааст ки аз дандонҳои ӯ на моҳӣ ва на дигар бошандагон халосӣ надоранд. Агар қабл аз таъсиси ин Оҷонсӣ як нафар ба даст меафтод ва бо фарз кардем 1000 доллар аз Прокуратура ва ё ВКД халос мешуд, баъди ташкили ин Оҷонсӣ “ставка”-и пора аз 1000 ҳадди ақал ба 5 ва 10.000 боло рафт.Раҳмонов ва ниҳодҳои дигари масъули ӯро зарур аст ки ҳисоботи ин Оҷонсиро ҳадди ақал дар се соли замони роҳбарии Сулаймон Султонзода,ки ҳамаро задагӣ аст ва писанд намекунад бисанҷанд. Оё он ҳисоботҳо воқеиянд ё хайр?

 Зимнан, чаро бо ташкили ин Оҷонсӣ ҳамоно Тоҷикистон дар шумори  даҳ кишвари фасодзадаи олам боқӣ мондааст?

Поёни бахши севвум идома дорад….

Таҳқиқоти Ислоҳ идома дорад,ҳар огоҳии ҷадиде дар ин масала бароямон аз манобеъи муътамади дохили ин ниҳод расид онро тақдиматон менамоем.

Share This Article
By Technik
Follow:
Test test trst test test test