Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №407

Ислоҳ нет

Номаҳо ин навбат аз шаҳрҳои Бохтар, Турсунзода, Ваҳдат ва Волгоград расидаанд.

Бародари қиёматии мо аз Бохтар муҳтавои суҳбати худро бо половники ҷурааш навиштааст. Полковники ҷураи ин бародари қиёматӣ гуфтааст, ки мутаассифона ғуруру номуси мардуми мо рӯзторӯз поймол мешавад.

Номаи омада аз Турсунзода дар бораи ғиромбозиву фиребгариҳои масъулони як бозор меравад, ки пештар дар ҷойи ин бозор, ки гуфта шудааст, Ҳасани Асадуллозодаи додарзани Раҳмонов гирифтааст, бозори Тоиҷкматлубот амал мекард ва аз ин гуна гапу корҳо хабаре набуд.

Нигорандаи нома аз Ваҳдат дар бораи фаъолиятҳои коррупсионии идораи ЗАГСи ин шҳр навишта барои таъйиди иддаояш мисолҳои конкретӣ овардааст.

Аз Волгоград дар бораи «облава» навиштанд. Муаллиф мегуяд, ки садҳо ҷавони муҳоҷир, агрчи коршон тамом шудааст, хароҷот кард шиштанд, ки то муҳлати облава ба поён бирасад.

              Бохтар

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари қиёматии ман Муҳаммадиқболи Садриддин васалому дуруд ба модари азизам. Ин бор низ номаи ман боз аз Вахши зарбахш ба дасти шумо мерасад. Барои шумо   бисёр хабарҳои ҷолибе дорам, ки мехоҳам бо шумо расонам.

Ду рӯз пеш бо полковники рафиқам нишаста будам. Аз ин тарафу он тараф суҳбат кардем. Дар аснои суҳбат ба ман гуфт, ки додари азизам мардуми тоҷикро дигар сарҷамъ карда ва номусу ғурури мардуми тоҷикро бедор кардан хело мушкил шудааст. Пурсидам, ки чаро? Гуфт ин булдок бо одамҳои Калон шишта таъриф мекардаст, ки «диден ман чи коро мекунам. Шумо фақат дар фикри пулу мол ҳастен. Бо Путин суҳбат кардам, ки зану марди тоҷикро бурда дар ҷанг истифода кун. Кадомеш, ки мурд, мурдан гирад, кадомеш, ки зинда омад, ман дар инҷо масалаша ҳал мекунам».

 Инро дар пеши одамони боло гуфтааст. Ин одам ба рафиқи ман, ҷаноби  полковник омада нақл кардаву гирён шудааст. Боз як гапи ҷолибаш ин аст ки хандида гуфтааст, ки «диден лайкро иҷозат додам, боз аз як лав қапида боз маҳкам кардам. Шумо фалонизанҳо фақат дар фикри пулен ман дар чи фикрам, ки яке ин агар миллат сарҷамъ шавад  решаи маро нест мекунан. Барои онки ман ҳамаи шуморо иҷозат додам ки ин миллатро зулм кунен, пул кор кунеду маро соз ҳимоят кунед. Лекин шумо ҳамаи сиру асрори маро бо хоинон расонден. Дигар чи хеле ки маро пешвахт ҳурмату иззат мекардан ҳозир не, дигар кудаки панҷсола  медонад, ки ман қотилам, неки маҷбурӣ мегемшон, ки ҳурматмон кунан. Фалонизанҳо  агар ягон гап шавад, ман ҷоямро миёбам, неки ин миллат занҳои шуморо фалон мекунад. Барои онки шуморо мешиносанд»

  Ман пурсидам, ки ҷаноби полковник агар иҷозат диҳӣ ман рафта бо он генерали гуфтагиат суҳбат кунам. Хандида гуфт, ки эй, бародар ту ягон тарсе надорӣ дар вуҷудат, ки бо онҳо рафта суҳбат мекунӣ? Гуфтам, ки агар иҷозатам диҳӣ, рафта бо булдок суҳбат мекунам. Як ҷон дорам ин ҳам аз ҷониби худо аст. Як рӯз не як рӯзи дигар марг меояд ба суроғам. Иҷозатам надод. Гуфт, ки ман бародарамро гум кардам намехоҳам, ки шуморо гум кунам.

 Бародар, ман ин хабарҳоро, ки мегуям аз назди ҳамон генерал аст. Намехоҳам, ки шумо ошкор шавед. Фақат номаҳоятро бирасон ба бародарам Муҳаммадиқбол,  ҳамонаш кофист.

  Ҳар вақте ки Муҳаммад Тағоев навор мекунаду  дар расона мегузорад, ки бародаро тайёр шуда истодаед, булдок эзорашро тар мекунад ва дарав мегуяд, ки «ҳушёр бошен, ки агар онҳо ки ҳуҷум кардан, дигар вахти об хурда намеёбен». Хулоса,кору бори булдок танг аст. Иншоаллоҳ худаш аллакай хобашро дидааст.  Бародар дар як чиз маро хандаам омад. Дар навор Шрекро дидам, ки уро аз Маккаи мукаррама қапида ба Тоҷикистон оварданд. 90 ҳазор доллар кидат кардааст, гап мезанад дасту пояш ларзида дар равуояш. Аз ҳақи мардумро хурдан касали чума шудааст.     

Ин шо Аллоҳ, касе, ки аз ин булдок тарафдорӣ мекунад, оқибаташ шармандагист.

Хуб, дигар чи гуям бародар? Боз интизор бош хабархои навро. Худованд нигаҳбонат бошад. Ба модари азизи ман саломи маро бирасон. Дар ҳақи ман ҳам дуъо кунад  Қариб аз ёдам биравад. Агар нагуям хобам намебарад. Эй, Қурбони бех аз қафои ту  гашта истодаам, ҳушёр шав, ки қариб омадааст рӯзу соаташ!.

Худованд ҳамаи мухолифинро нигаҳбон бошад.

     Турсунзода

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳри Турсунзода ҳастам.

Мо як мушкилот дорем.

Солҳои пеш дар мо бозори Тоҷикматлубот амал мекард. Онро аз соли 2025 маҳкам карданд. Баъд бозори Турсунзода  дар ҷойи хлопзавод-корхонаи коркарди пахта кушода шуд. Ин замин аз Аваз буд. Вай аз дасти ин золим Русия гурехту рафт. Баъд заминашро кашида гирифтанд. Ҳасан Асадуллзодаи додарзани Президент ин бозорро нимкола сохт ва ҳануз обод накарда пулҳои мардумро гирифта ба бозор овард. Ва як квадрати онро 10 ҳазор сомонӣ фурухт. Вақте бозор аз тарафи худи савдогарону тоҷирон обод шуд, нархҳоро баланд кард: як квадраташро 65-100 ҳазор сомонӣ карданд. Мо имсол дар онҷо савдо кардем. Вақте имсол дар ҳамон су дар ярмарка сезони формаи мактабӣ сар шуд, ба мо ваъда дода буд, ки ярмарка тоқа дар соябони 9 мешавад, одамҳо мераванд, савдо хуб мешавад. Чунки соябони 9 дуртар аст. Мо бовар карда 2 точка-ҷой гирифтем бо нархи 5 ҳазорӣ барои як моҳ. Баъд дидем, ки дар мобайни сезон аз одамҳо суми калонро гирифта барои онҳо дар пештар ҷо-точка кард. Барои онҳо савдо шуд. Аммо мо савдо карда натавонистем. Одамҳо аз онҳо гузашта намеомаданд.

Пеши директор даромадем. Ба мо гуфт, ки каме дар ҷойҳоятон шинед, баъд пеш мебарорем, бе сум. Вале уже сезон тамом шуда истода буд, ваъдаи додаашро иҷро накард. Баъд сахт қаҳрам кард ва сари қаҳр пеши директор даромада суми калонро додам. Сразу дигарҳоро хезонда ҷои мардумро аз 18 август ба ман дод. 10 ҳазор додам. Вале 1уми сентябр шуд, зам директораш омада срокат тамом шуд гуфта хезондани шуд. Мо 12 рӯз савдо кардем. Борҳоямон бисёр буд натавонистем фурухтан. Вақте ки мо гуфтем, не намехезем, гуфт, ин тавр бошад боз сум деҳ. Баъд, аз қаҳр дар руяш гапҳои ростро задам: то что онҳо барои мо якум он ҷоро бе пул медҳем гуфта ваъда доданд, ман сумро надодам, бо ман против шуда хезондан. Аз ҷоям ман рафтам.

Бо гузашти як ҳафта бо пеши зам директор рафтам. Гуфтам, ки ба ман ҷой деҳ. Гуфт, ки ҷой нест. Дар 20 гектар ҷой набудааст. Ман зурам омад гиря кардам ва гуфтам, ки «ака ма шумора хафа када бошум бахшиш мепурсум». Вале ин гапҳоямро писанд накард, ба ман ҷой надод.

Ҳозир ман дар бозори куҳнаи Рахш савдо мекунам. Аз як километр одамҳои  ҳамон бозори Хлопзавод меоянд, борҳои мардумро, чизе, ки форад мегиранд. Ҳар руз ин корро ҳукумат мекунад. Дар гирду бари бозори худашон, дар берун мардум савдо мекунанд, барои онҳо мумкин, вале моро намемонанд.

Бародар, ана ҳамин гуна мушкилот дорем. Мехоҳем нашр намоед.

Кай халос мешуда бошем аз инҳо?

          Ваҳдат

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ин нома аз шаҳри Ваҳдат фиристода мешавад.

Ман аз идораи ЗАГС-Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ шикоят дорам. Кормандони ЗАГС дар шаҳодатнома хато кардаанд. Мехостам, ки паспорт гирам. Ростӣ, барои иваз намудани метиристка-шаҳодатномаа таваллуд пул надоштам. Хуб, як бало карда паспорт гирфтам. Баъд бо ҳамин паспорт боз загранпспорт-шиносномаи хориҷӣ ҳам гирфтам. Дар шаҳодатномаи таваллудам як ҳарфаш хато буд. Мехостам номамро дигар кунам. Дидам, ки хело пули зёд расход мешавад. Хулоса, хостам, ки ҳамон як ҳарфи, ки дар зодномаам хато буд ислоҳ кунам. Баъд рафтаму пурсидам, ки чанд сум расход мешавад?

 Бовар кунед, гуфти гапҳо «баъд ҳаёт сар шуд». Ҳатто полшуякони ЗАГСхона ҳамроҳат гап намезананд. Гуфтанд, ки «бра китоба бин ки чи навистагӣ, бад мо метонем ислох кнем».

 Рафтам як рӯз то обед очеред гирифтам. Лекин навбатам нарасид. Инҷо касе пул медиҳад, бенавбат кораш «ҳалай», ё ки шинос дошта бошӣ. Хулоса, одамҳо хеле бисёранд.

Мисли ман як зан духтарашро ба шавҳар доданӣ буд. Аз вай ҳам маблағи калон талаб кардаанд. Дар як рӯз 150 то 200одам бо ҳамин масъала муроҷиат мекунанд.

Дар таги подвал архив доранд. Хулоса, ман 3 рӯз давидам, то ки китобро бубинам, ки чи навистагианд. Дар онҷо бо як зан ҳамсуҳбат шудам. Гуфт, ки аз они ман номи ду кудакамро хато навиштаанд, 800 сомонӣ гирифтанду баъд корамро буд карданд.

 Баъд аз подвал корам ба якум этажи ҳамин бино расид. Дар инҷо пурсидам, ки иваз кардани зоднома чанд сум мешавад. Гуфтанд, ки 250 сомонӣ. Барои ошибкаи кардаи худашон. Пурсидам, ки дар чанд вақт тайёр мешавад?

Гуфт дар 2 ҳафта. Боз пурсидам, ки тезтар тайёр намешавад. Рад кард, гуфт намешавад.

 Онҷо як духтари дигар буд. Гуфт, ки маро як нафар роҳӣ кард. Вайро гуфт як ҳафта пас биё гир.

Вақте навбат ба ман расид, гуфт пулро супор 2 ҳафта баъд биёву гир. Ман пурсидам, ки пулро ба ту месупорам чекашро деҳ, то бубинам, ки ҳамин пули ман куҷо меравад?

Ин гапро гуфтаму дар бало задам.Ҷанг сар шуд, ки ту чаро чек мепурсӣ?

Баъд гуфт, ки бирав дар бонк бисупор. Чанд адад чек навист ба ҳисобҳои номаълум. Вақте пурсидам, ки ҳамин маблағи ман ба куҷо меравад дар банк ба ин ҳисобҳои номаълум. Он чекҳоро ҳисоб кардам, ки 228 сомонӣ шуд. Хулоса, овардам чекҳоро додам. Аммо дигар чекро ҳам нигоҳ накарданд. Гуфтан рав тайёр шуд, биё мегирӣ. Баромадам, ки як бачаи дигар барои зоднома, яъне метиристка-шаҳодатномаи таваллуди бачаҳои акааш омадааст. Чунки се шаҳодатномаи фарзандони акаашро хато навиштаанд. Барои се нафар1500 сомонӣ дод. Гуфт,  ки доверенност даркор нест,пулро гирифтам. Корашро дар се рӯз ҳал мекардааст.

Дар онҷо камтар гашту гузор кардам. Бо хело мардум ҳамсуҳбат шудам. Хулоса, ки дар инҷо хело пули калон тоб мехурдааст. Яке буд, ки як даводав шуд. Гуфтанд, ки сари раиса Шарифзода Шоираи Ҳикмат дард кардааст. Дигар аз кабинетҳо даводаву паропар сар шуд. Ҳама дар дастҳояшон дору пеши раиса даромаданд. Як рӯзи дигар рафтам. Хостам ба ҳамон раисаашон гап занам. Кисаҳоятро покиза мекобанд, то бо телефон вориди кабинети раиса нашавӣ.

Шарифзода Шоираи Ҳикмат раиси ЗАГСИ-Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳия. Хулоса, як духтари ҷавон аст. Муи сараш ранги зард кардагӣ хуморӣ дар курси чанбар зада нишаста аст.

Хуб, худатон медонед, ки дар Тоҷикитон ин гуна ҷавонҳо чи хел соҳиби ин хел мансабҳо мешаванд? Мансабҳои гуфти гапҳо равғанӣ. Аммо то ҷое шунидам ин Шарифзода Шоираи Ҳикмат,духтари Ҳикмат Шарифов, депутати Шурои олии Тоҷикистон дар солҳои 90ум аст. Ҳикмат Шарифов аз дӯстон ва ҳамкорони собиқи Эмомалӣ Раҳмонов мебошад.

Ниҳоят, баъди гузаштани ду моҳ шаҳодатнома гирифтам вале ҳоло намедонам, ки кор мекунад ё не? Аммо ин ҳолат то онҷое пурсидам дар ҳама навоҳии кишвар мегузарад. Вазорати Адлия ин ҳолатҳоро медониста бошад?

            Волгоград

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин бор як навиштаеро аз сайти СССР гирифтам, ки дар масъалаи бисёр ҳам доғи ҷомеаи Тоҷикистон «облава» баҳс мекунад. «Облава» солтосол дар дохили кишвар равнақи тоза гирифта истодааст. Дуруст аст ки ин масъаларо «Ислоҳ» борҳо навишта ва борҳо интиқод кардааст.

Дар матлаби СССР махсӯс ин матлабро интихоб намудам. Ба манзури кутоҳтар шудани номаам аввал ин навиштаро, ки ба қалами журналист Нуриддин Қосимзода тааллуқ дорад, пешкаши хонандаҳои сершумори «Ислоҳ.нет» мегардонам. Мақола таҳти сарлавҳаи «Облава ҳаст ё нест»? дар таърихи 14 октябри соли ҷорӣ чоп шудааст.

«Облава» ҳаст ё нест?

 24.09.2026. Соат бо вақти Душанбе 14:45 дақиқа. Ба редаксияи рӯзномаи мардумии «СССР» Усмон Тураев, сокини шаҳри Левакант, меҳмон шуда, аз ҳолате шикоят кард, ки моро водор намуд, мавзӯъро пайгирӣ кунем, зеро Мо метавонем!

Мани хизматкардаро ба хизмат бурданӣ шуданд

Усмон Тураев дар яке аз ширкатҳои бозори ҶДМ   «Фаровон» – и шаҳри Бохтар кор мекунад. Ӯ мегӯяд, хонаам дар шаҳри Левакант асту ҳар рӯз барои кор ба Бохтар меоям. Усмон зимни суҳбат бо мо чунин нақл кард:

-Ман баъди хатми донишгоҳ хизмати Ватанро адо намудам. Ихтиёран ба  армия рафтаю 1 сол хизмати ҳарбӣ кардам. Баъди анҷоми хизмат ба зиндагии муқаррарӣ баргаштам. Ҳоло дар бозори шаҳри Бохтар дар як ширкат кор мекунам. 1 рӯз ба ҷои корам афсарони «военкомат» омада, маро ба комиссариат бурданд. Ман ба онҳо гуфтам, ки хизмати ҳарбиро адо кардаам, ҳуҷҷатҳоям ҳам ҳастанд, аммо онҳо бовар накарда, маро ба комисарати ҳарбӣ бурданд, ки мутаасифона, ҳуҷҷатҳоям дар барам набуданд. Чанд соат интизор шудам, то ҳуҷҷатҳои маро аз хона бародарам биёраду ҷавобам диҳанд. Гап сари он меравад, ки айнан чунин ҳолат такрор шуда буд.

Пайгирӣ

Муроҷиати ӯ барои мо 1 саволи одиро ба миён гузошт, ки оё имрӯз ҳам ҷавононро ба тарзи ба истилоҳ «облава» ба комиссариатҳои ҳарбӣ мебаранд?

Ин саволро наметавонистем танҳо аз гуфтаи 1 шаҳрванд хулоса барорем. Барои ҳамин мо тасмим гирифт, мавзӯъро пайгирӣ кунем ва мустақиман аз масъулони комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон ҷавоб бигирем. Бинобар ин, ба комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон муроҷиат намудем. Дар он ҷо моро ёрдамчии кадрҳо Собиров Сунатулло қабул кард.

Саволи мо ин буд, ки «Оё имрӯз дар вилояти Хатлон «облава» вуҷуд дорад?»

Ҷавоби масъул низ мушаххас буд:

-«Облава умуман нест!».

Ба гуфтаи масъул,тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ бо роҳи фиристодани даъватнома (повестка) сурат мегирад.Агар ҷавон бо вуҷуди гирифтани даъватнома ҳозир нашавад, барои муайян кардани маҳалли будубоши ӯ нозири минтақавӣ равона карда мешавад. Яъне ин ҷо дигар сухан аз он усуле намеравад, ки солҳои пеш мардум онро «облава» мегуфтанду ҷавононро аз кӯча, бозор ё ҳатто аз дохили хонаҳо ҷустуҷӯ карда, ба комиссариат мебурданд. Лекин масъул дар суҳбат бо мо ҳамзамон эҳтимоли рух додани баъзе нофаҳмиҳо ё қонуншиканиҳо дар сатҳи шаҳру ноҳияҳоро истисно накард, зеро ки дар ҳар куҷое кор бошад, бе камбудӣ намешавад, ҳарчанд камбудӣ ба камбудӣ дорад. Дар баробар ин, таъкид кард, ки дар ҳолатҳои зайл  масъала бояд дар доираи қонун ҳал карда шавад.

Албатта ин табиист ва як ҳолати эҳтимолии қонуншиканӣ дар ягон шаҳру ноҳия набояд инъикосгари сиёсати умумии тамоми сохтори даъват маънидод шавад. Аз ҷониби дигар, агар шаҳрванд аз муносибати ғайриқонунӣ шикоят кунад, шикояти ӯ низ набояд бе санҷиш монад.

«Облава» аз куҷо омад?

Солҳои пеш калимаи «облава» барои мардум хеле шинос буд. Ҷавононро аз кӯча, ҷойи кор, бозор ва дар баъзе мавридҳо ҳатто аз дохили хонаҳо ҷустуҷӯ мекарданд, ки ин образ то ҳанӯз дар зеҳни аҳли ҷомеа боқӣ мондааст.

Посухи имрӯзи Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон қотеъона вуҷуд надоштани зуҳуроти шуми “облава” мебошад. 2 ҷиҳатро ҳам бо якдигар омехта кардан нодуруст аст. Бо даъватнома даъват кардан ва аз қади кӯча дастгир намудан тамоман дигар мебошад.

Агар ҷавон даъватнома гирифта, бо сабабҳои номаълум ҳозир нашавад, масъулин бояд дар доираи қонун маҳалли будубоши ӯро муайян кунанд. Аммо агар шахсе бидуни риояи тартиби муқарраргардида маҷбуран бурда шавад, ин аллакай масъалаи дигар аст ва бояд санҷида шавад.

Аз рӯи ҳамин масъалаи Усмон бояд пеш аз ҳама тавассути ҳуҷҷатҳо ва маълумоти расмӣ равшан шавад. Агар ӯ воқеан хизмати ҳарбиро гузашта бошад, пас чаро боз ба комиссариат даъват ё бурда шудааст? Ё ин ки агар дар ин миён нофаҳмӣ сар зада бошад, омили он чисту дар куҷо?

«СССР» чӣ мехоҳад!

Мо намехоҳем аз рӯйи 1 муроҷиат ба фаъолияти ягон сохтор баҳогузорӣ ва гуфтаҳои шаҳрвандро бидуни санҷиш ҳақ шуморем. Мақсади мо муроҷиати шаҳрвандро шунидан, онро санҷидан ва ҷавоби масъулро гирифтан асту бас, он чӣ дар мавриди Усмон Тураев мо ҳамин корро кардем. Ӯ ба редаксия омаду  мо ӯро шунидем. Ӯ аз «облава» гуфт  мо пайгирӣ кардем. Ба комиссариати ҳарбии вилоят рафта,  посух гирифтем.

Охирсухан

Баъди ин ҳама моҷаро ва кашмакашиҳои 1 аскарбачаи бечора  суол ба миён меояд, ки оё барои нақшаи ҳарсоларо иҷро кардан кормандони военкамат руйхати аскароне, ки ба хизмати Ватан-Модар бо сари  баланд рафтаву омадаанд доранд ё на?

 Шукронаи соҳибистиқлолӣ, ки имрӯз масъулон мегӯянд «облава» ҳамчун усули даъват вуҷуд надорад. Агар ин воқеият дар тамоми шаҳру ноҳияҳо низ ҳамин тавр риоя шавад, пас он «облава»- е, ки мардум солҳои пеш аз он ҳарос доштанд, бояд воқеан решакан шуда бошад. Аммо агар дар ягон маҳал ҳолати дигар рух диҳад, шаҳрвандон бояд онро расонаӣ кунанд ва мақомоти масъул онро санҷанд. Зеро хизмати Ватан вазифаи муқаддас аст, аммо даъват ба хизмат ҳам бояд дар доираи қонун ва эҳтироми ҳуқуқи шаҳрванд сурат гирад.Пайгирии ин мавзуъ давом дорад, бо мо бошед, зеро Мо метавонем!»

Хуб, ин буд навиштаи СССР дар бораи «облава». Аммо оё мешавад,бовар кард,ки «облава» вуҷуд надорад ва ончики ин корманди комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон гуфтаат,бовар кард?

Мисоли мушаххас меоварам. Як ҷияни рафиқам аз ноҳияи Вахш баъди онки гапзанон карду 5000 сомонӣ фиристод,то дар «облава» нақапанд,вале расидан баробар ӯро қапида ба аскарӣ бурданд ва ҳоло дар Гвардияи миллӣ дар шаҳри Душанбе як моҳ шуд адои хизмат карда истодааст.Пас,чи гуна метавон бовар кард,ки «облава» вуҷуд надорад?
Мисоли дигар.Ҳозир дар ҳамин Волгоград садҳо ҷавони муҳоҷири синни даъват, агарчи корашон тамом шудааст, вале барои бозгашт ба ватан ҷуръат намекунанд.Мунтазиранд,ки кай мавсими даъвати тирамоҳӣ ба поён бирасаду баъд онҳо билет гиранд. Барои ҳамин бояд ошкоро гуфт, ки облава вуҷуд дорад. Чунки ҳамагон,аз ҷумла то президент медонанд,ки облава ба манбаъи даромади ҷамоат,участковий, комиссариати ҳарбӣ ва дигар мақомот табдил гаштааст. Онҳо намехоҳанд, ки аз ин манбаъи даромади муфт маҳрум шаванд.

Share This Article