Чанд пешниҳоди судманд роҷеъ ба интихобот
Вақте ҳама чиз пешопеш ва аз қабл маълум аст,вақте ҳама медонанд, ки маҳз ҳамин хел мешавад,вақте анҷоми кор дар оғози он намоён аст, чаро бояд дар пайи он, ба дунболи он амали беҳуда гашт ва вақтро зойеъ кард? Анҷумани ҲХДТ бо иштироки 1000 вакил аз саросари кишвар номзадро пешбарӣ ва барандаи интихоботро маълум кард: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Мешавад гуфт ба протоколҳо мӯҳру имзо гузошт, дигар чи зарурате аст барои баргузории интихобот?
Дар чунин шароит, ки пандемияи коронавирус ҳамарӯза чандин нафарро қурбонӣ мекунад, интихобот, ки рисолатан ва табиатан як фарохон ва таҷаммӯи ҳазорон- ҳазорист,чи суде метавонад оварад?
Харҷи миллион-миллионии ташкил ва гузаронидани интихобот дар мубориза муқобили короновирус ва барои ниёзмандону нодорон шавад, беҳтар нест? Бо баргузории интихоботе, ки баргузорношуда маълум аст ки раиси ҷумҳурӣ кӣ мешавад, чи мехоҳед бигӯед ва барои кӣ? Танҳо ба хотири онки бигӯед интихобот демократӣ доир шуд ва аз байни чанд нафар номзад мардум раъйи худро ба номзади сазовор дод? Ҳама медонем,ки ин тавр нест. Чандин интихобот аст ки ин тавр нест. Киро фиреб доданӣ мешавед? Ин як бозии кӯдаконаро намемонад? Чаро бояд як дурӯғро бо дурӯғ бар сари қудрат биншонд? Бе ҳамин дурӯғу бе ҳамин ҳамоқати саросарӣ ҳам мешавад кард.
Шарт аст ки дар Тоҷикистон ҳукумати бар пояи дурӯғу лофу газоф сохт? Раиси ҷумҳурӣ дурӯғӣ ба кӣ даркор? Инҷо чанд пешниҳодеро матраҳ мекунам,ки метавонад аз дурӯғ бикоҳад ва воқеиятро намоён созад.
Барои инки ин ҳама дурӯғ кишварро бӯю ганд надиҳад, муносибтарин гузина ин аст ба шаклу сохтори мудирияти замони шӯравӣ бозгардем. Бе ин ҳам ҳамон роҳу равиши коммунистонаро дорем тай мекунем. Тафовут ин аст ки ба ҷои ҲКТ, Бюрои сиёсӣ, Пленум, Съезд, ҲХДТ, Раёсати ҳизб, конфаронс ва Анҷуман шудааст. Шарту зарур нест, ки раиси ҷумҳурӣ дошта бошем. Сардор ва ё роҳбари давлат кофист, ки дар Анҷумани ҲХДТ пешбарӣ ва таъйиду тасдиқ шавад. Чуноне, ки имрӯз доир шуд ва шахси номзад ҳам маълум гардид. Албатта, ин хеле бад аст. Барқарории яккаҳизбӣ. Вале инъикос ва ифодаи воқеияти маъулми кишвар аст. Ҳама чиз ошкоро ва рӯирост сурат мегирад ва барои дурӯғ эҳтиёҷ боқӣ намемонад. Манзурам интихоботи дурӯғӣ ва интихоби комилан бардурӯғ. Аслан институти интихоботро, то замоне, ки ҲХДТ ва ҳокимияти хонаводаӣ дорем ва аҳзоби дастисохтро ҳам бояд барҳам дод. Чунки дар асл сардори давлат дар муҳити хонавода ва сипас дар ҲХДТ интихоб ё интисоб мешавад. Мардум қабул мекунад ва ё намекунад муҳим нест, чун нақше ва таъсире надоранд. Агар шумо фикр мекунед, ки ман мухолифам, барои ҳамин ин гапҳоро гуфта истодаам, иштибоҳ мекунед.100% дуруст, ки ман мухолифам. Вале ончиро мегӯям, ки як заррае дурӯғ нест.
Барои Тоҷикистони феълӣ ҳатто ҳамин парлумон ҳам лозим нест, чи расад ба ду палатаӣ! Нақши ҲХДТ-ро бояд аз ин ҳам баланд бардошт ва тамоми корҳое, ки ҲКТ мекард бояд ба он вогузошт. Фақат инки аъзои Бюрои сиёсиро ҳам воқеъбинона таъйин кард: Озода, Рустам, Азизмо, Таҳмина, Маҳмадзоир, Ҷамолиддин, Шамсулло, Ашраф, Ҳасан ва ба сифати вакилони ҷавон аз “Авангард” Исмоил ва Сомон.
Тамоми шиорҳои даврони коммунистии шӯравиро, ҲКТро барқарор ва танҳо ҲХДТ-ро дар ҷойи он ва суханҳои ҷаззобу хирадмандонаи доҳии муаззам Ленин ва аз ӯ гирифта то Брежневро дар деворҳо ва дар овезаҳо навишту дар зераш исми раиси ҲХДТро, ки сардори давлат ҳам гузошт. Доҳии муаззам неву Пешвои муаззам.Чунки ҳамаамон медонем ки ин интихобот як фиреби назар ва як дурӯғи мутлақ аст. Биёед ҳам худро ва ҳам мардумро аҳмақ ва аблаҳ фарз накунем. Аслан ба ҷойи сардори давлат ва раиси ҷумҳурӣ Котиби Якуми ҲХДТ гӯем боз воқеитар мешавад. Инро функсионерони ҲХДТ бояд ба инобат бигиранд.
Пешниҳод мекунам, ки барои аз дурӯғ ва корҳои дурӯғин давлат ва миллатро наҷот бидиҳем идораи президентӣ бардошта шавад. Парлумон, чуноне гуфтам як ниҳоди тамоман муфтхӯру нолозим аст. Аз ин парлумон фақат зарар аст. Баракс аз кисаи халқу аз кисаи андозсупорандаҳо хурдаву чарида гаштаанд. Тамоми қонуну қоидаҳоро худи ҲХДТ нависаду ба мардум расонад мешавад.
Функсионерони ҲХДТ бояд номи ҳизбро ба пешинааш баргардонанд. Ҳарфи Д-ро берун кунанд. Ба номи гузоштаи Абдумаҷид Достиев баргарданд. Эмомалӣ Раҳмонов, Котиби аввал ё генералии то мурдан. Танҳо марг ӯро аз курсӣ ҷудо мекунад. Мисли Ленин, Сталин ва Брежнев. Воқеан ба Брежнев шабоҳати зиёд дорад. Аслан худи ӯро мефорад ҳамин пешниҳодҳои ман. Ба ҳарчи мехоҳед шарт мебандам, ки мефорадаш, ки ба таври расмӣ эълон кунем, ки ӯ Яккатоз аст.
Ҳоло дар аксарияти ноҳияҳо биноҳои ҲХДТ сохта ба истифода дода шудааст. Муҳим нест, ки аз тарафи соҳибкорони саховатпеша ва танҳо барои “ як ҷаҳон ташаккур” сохта бошанд. Муҳим ин аст ки ҲХДТ дар навоҳӣ ҳам бино дорад.
Хуб, аз мавзӯъ дур намешавем. Пешниҳоди дигари ман ин аст ки интихоб ва интихоботро расман ба худи Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҲХДТ бигзорем. “Ӯ умри ҷавон ва ҷони ҷавонашро барои саодат ва бахту толеъи баланди миллат сарф кардааст”. Боз бо он қиёс накунед, ки пас чаро Шамсуллову Ҷамолиддину …(ҳамаашонро зикр кунам ин мақола неву асарҳои чандҷилда мешавад) пулдору мову шумо камбағалу дарбадар шудаем). Инҷо ҷош нест. Азбаски ман гуфтам пешниҳоди дигар дорам, пешниҳодам ин аст Раҳмонов мардумро аз заҳмати рӯзи интихобот рафтан ба участка, гирифтани баргаи рай, ручка гирифтану хат задан ва ҳазору як ташвиши интихобот халос карда худаш як бюллетени калонро аз тани ҳама ба қуттии шаффофи “китайски” партояд. Чунки 30 сол мешавад, ки ӯ ҳамин корро анҷом медиҳад. Вале бо дастони мо. Интихоботро эълон мекунад, номзадро пешбарӣ мекунад ва натиҷаро эълон мекунад. Худаш барои худаш интихобот мекунаду худдаш худашро аз тани ҳамаи мо 9 миллион интихоб мешавад. Беҳтар аст, ки дар рӯзи якшанбеи 11 октябр ҳамин корро худаш кунад ва халқро фориғ ва заҳматро рӯи шонаҳои худаш гирад. Ӯ Қаҳрамони Тоҷикистон аст. Ин кори қаҳрамониро ду карат ду иҷро мекунад. Мо бояд шукрона кунем.
Агар мо 5 миллион овоздиҳанда равему интихоб кунем, чӣ мешавад? Магар Абдуҳалим Ғаффор интихоб мешавад? Магар Сайҷаъфар Исмон интихоб мешавад? Ҳол агар инҳо ҳатто интихоб шаванд чӣ? Курсиро барояшон мебароранду маҳ, марҳамат бигир, навбати ту омад мегӯянд? Намегӯянд. Агар 100 бор хат занед, ки сад бор хати задаи шуморо кӯр карда боз худи Ҷаноби “Пешвои миллат”-ро баранда эълон мекунанд. Вале бояд аз ёд набарем, ки фардо рӯзи қиёмат барои ҳамаи ин харҷу исрофкориҳо ҷавоб пас хоҳем дод. Инки барои сирқат ва яғмои овози халқ -амонати мардум мову шумо ҷавоб надиҳем ҳам барои чандин миллион сомонии исрофамон ҷавоб медиҳем. Чанд тона коғаз барга мешавад, протокол, шиору овеза ва плакат ва сурати номзадҳо мешавад. Расонаҳо “крутит” мекунанд. ТВ-ҳо ролик реклама мекунад. Номзадҳо бо интихобкунандаҳо ба истиснои номзади асосӣ вомехуранду ташвиқ мекунанд, ки ба номзади ҲХДТ овоз диҳед. Участка, округ, Комиссияи марказӣ, cурнаи сайёр, ба рӯихатгирии интихобкунанда ин ҳама харҷу хароҷот дорад. Чи даркор ҳамаи ин?
Қарорҳои Анҷумани ҲХДТро дар амал татбиқ мекунем, сармашқи кори худ қарор медиҳем. ҲХДТ-ақл, шараф ва виҷдони даврни мо. Бо роҳи Раҳмон меравем, гуфта орому осуда зиндагӣ кунем магар бад аст? Ҳеҷ чи намешавад. Кӣ ҳад дорад, ки не гӯяд? Ҳоло ҳам ки ҳамин тавр аст.
Интихоботҳои дурӯғии моро дар ҳеҷ гӯшаи дунё қабул намекунанд, манзурам дунёи мутамаддин.
Имсол шумо, агар ба ин пешниҳодҳои ман розӣ набошед ва гӯед, ки оппозитсионер ҳастаму барои онки Раҳмоновро бад мебинам, барои ҳамин чунин гапҳо менависам, худатон як кор кунед. Ба интихобот наравед. Ҳамcояатонро ҳам гӯед ва нагузоред, ки равад. То ҷое, ки метавонед, нагузоред, ки дигарҳо ҳам раванд. Ва, сипас шаб ё фарқе надорад, пагоҳ равед участкаи интихоботӣ. Наравед ҳам майлаш. Фақат аз яке аз аъзои участка дар қади кӯча дошта бипурсед, ки иштирок чи қадар буд? Не, иштирокро ҳам напурсед. Таҳти шубҳа меафтед. Ҳамту пурсед, ки фалонӣ чанд% овоз гирифт? Ҳамин корро кунед. Пас дақиқу яқин мешавад, ки гапҳои мегуфтаи ман100% рост аст. Бе шумо ҳам, бе халқи Тоҷикистон ҳам раиси ҷумҳурӣ интихоб шудааст ва ҳамон гуфтаи ҲХДТ. Хулосаи гапҳои ман ин аст ки ҳамин интихоботҳоро аз Тоҷикистон то замони муносиб бардорем. Худи Раҳмонов ва хонаводааш чи коре кунанд, кардан гиранд.
Аммо охирин пешниҳодам ин аст ки агар рафту рафтед ба интихобот гӯед, ки ин бор барои то охири умри Раҳмонов омада бошад.Чунки то охири умраш дигар шуданӣ ва дигар карданӣ нест. Танҳо як истисно аст ки он ҳам ҲНИТ аст. Ҳатман меояд.