Ба раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон,
Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон,
Ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён,
Ба вазири адлияи Тоҷикистон Музаффари Ашӯриён
Номаи додхоҳона аз зиндони ЯС 3/7
Ин нома барои бори дуввум аст ба дасти мо мерасад. Онро чанд нафар аз маҳбусони муассисаи ислоҳии ЯС 3/7 Саррёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон (спецзона дар назди ГАИ Республика) маъруф ба “турмаи 7ум” фиристода буданд. Ин маҳбусон, ки бар тибқи қонунҳои ҷории кишвар давраи тағйири шакли адои ҷазояшон расидааст ва мебоист аз зиндон ба колоннаи сукунатӣ фиристода мешуданд, мегӯянд, ки бидуни пардохти ришват, онҳоро ҳамоно дар ин муассиса нигоҳ медоранд. Дар ин нома омадааст, ки “дар мо душвории асосӣ гузаронидани мӯҳлати боқимондаи чазо ба колонияи сукунатӣ аст, ки мӯҳлати онро прокурорҳо ва суди ноҳияи Сино худсарона ва бо хоҳиши худ баъди аз 3 сол кам мондан муқаррар кардаанд.”
Ҳол он ки мувофиқи моддаи 80-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон ва мувофиқи моддаи 77-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои маҳкумшудагон -тибқи ҳукм ва шароити зиндонашон, умумӣ, пурзӯр ва сахт, барои ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин баъди адои аз 3/1 ҳиссаи ҷазо ва барои ҷиноятхои махсусан вазнин баъди адои аз 3/2 ҳиссаи ҷазо муайян шудааст. Масалан ягон маҳкумшуда барои ҷинояти махсусан вазнин ба муҳлати 30 сол аз озодӣ маҳрум шуда бошад, дар сурати 20 сол адои ҷазо кардан ҳуқуқ барои ба колонияи сукунатӣ гузаронидан пайдо мекунад (агар интизоми намунавӣ ва муносибати софдилона ба меҳнат карда бошад) ва қисми боқимондаи қазояш 10 солро ташкил мекунад. Ҳамин мӯҳлати боқимондаи ҷазояшро бояд дар муассисаи илоҳии сукунатӣ гузаронад. Ин меъёр дар қонунҳои номбурда муайян шудааст. Аммо прокурори назоратӣ бо баҳонаи он ки гӯё “аз боло супориш шудааст” ин меъёри қонун ва ҳуқуқи маҳкумшудаҳоро ошкоро поймол карда ба иҷро намерасонад ва танҳо баъди онки қисми боқимондаи ҷазо камтар аз 3 сол монанд татбиқ мекунанд ва маъмурияти муассиса ҳуҷҷатҳоро ба КП-колоннаи сукунатӣ пешниҳод мекунад.
Аз 378 нафар маҳкумшуда 104 нафар ба Прокурори генералӣ ва Дастгохи иҷроияи президент дар ин бора шикоят кардем. Аммо 2 моҳ аст ки то ҳол ҷавоб нагирифтаем. Ва гуфта истодаанд, ки гӯё шикояти моро санҷида истодаанд. Рӯзи шанбеи гузашта фаҳмидем, ки сардори Раёсати назорати муассисаҳои ислоҳии Прокуратураи генералӣ (Прокурори надзор) Нуралӣ Раҷабализодаро аз кор гирифтаанд. Лекин вазъият ягон хел ба тарафи хубӣ тағйир наёфтааст. Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Рӯшанзода Сӯҳроб, ки асосан ҳамин қонунро худаш фикр карда баровардааст ва бародараш муовини Озода Раҳмон, роҳбари Дастгохи иҷроияи президент будааст, аз ягон кас наметарсад, гапи ягон касро намегирад ва то ҳаққи худро ба андозаи аз 300 доллар то 500 доллар (барои моддаҳои сабук ва баъди аз 3 сол кам мондани мӯҳлат) то 5–10 ҳазор доллар (барои моддаҳои вазнинтар) нагирад баъд таъиноти ба колонияи сукунатӣ гузарониданро қабул мекунад.
Агар пул ба дасташ наравад, Прокурори генералӣ илтимос кунад ҳам, маҳкумшударо ба колонияи сукунатӣ намегузаронад. Ба таъиноти радкардаи Рушанзода прокурор эътироз оварда ё худи маҳкумшуда шикоят навишта камбудиҳои таъиноташро пурра нишон диҳад ҳам, суди шаҳри Душанбе ё Суди Олӣ барои бекор кардани таъиноти Рушанзода ё коргарони вай ҷуръат намекунанд. Доди мо-маҳкумшудагонро касе гуш намекунад. Мо маҳбасро аз ҳисоби худамон маблағ ҷамъ карда таъмир ва обод мекунем, аз ҳисоби дачкаҳои (дастовезҳои) аъзои оилаамон зиндагӣ мекунем, либосҳоямонро (ҳатман бояд ранги сиёҳ бошад ва ягон навиштаҷот надошта бошад) худамон мехарем ва аз ҳисоби худамон адои ҷазо мекунем. Боз кормандони маҳбас барои ҳар як қадамамон (қабули дастовез, даровардани наздикон ба дидорбинӣ, гуфтугуи телефонӣ ва ғайраҳо) мунтазам пора меситонанд. Яъне мо пурра дар таъминоти худамон ҳастем. Давлат дар вақти махкум кардан аз ҳама моддаҳои қонунхои қазодиҳандааш истифода карда, ҳатто барои кирдорҳои ночиз муҳлати калони ҷазо таъин мекунад.
Аммо ба интизоми намунавӣ ва муносибати софдилона ба меҳнат нигох накарда, барои истифодаи қонунҳои сабуккунандаи аҳволамон боз пора меситонад ва ба он “ограничение” муайян кардааст. ( баъди аз 3 сол кам мондани қисми боқимондаи ҷазо). Мо метавонем, ки инҷо номҳои маҳкумшудаҳоро мушаххасан зикр кунем. Барои мисол Грезов Соҳибназар, Пулотов Эркин ва Ҳодӣ (насабаш аз хотирам баромадааст) ки мӯҳлати 20 ва 19 солӣ адои ҷазо карда истодаанд. Лекин барои пул надоштан онҳоро колонка (колонияи сукунатӣ) намекунанд.
Мо,маҳкумшудаҳо медонем, ки ин қонуни ҷори кардаи раиси суди ноҳияи Сино дар бораи онки баъди боқӣ мондани 3 сол аз муҳлати ҷазо маҳкумшудаҳо ба колоннаи сукунат ҳақ пайдо мекунанд, хилофи қонунҳои Тоҷикистон аст. Мақсади асосӣ гирифтани ришват ва пора аст. Чун медонанд, ки маҳкумшуда ва маҳбус дар зиндон,ки 5,10 Ю15 ва аз ин ҳам зиёд нишастааст, аз ҷонаш безор шудааст ва нолиҷо қарз мекунаду гуфтаи онҳоро медиҳад. Аммо на ҳама маҳкумшуда чунин шароитро дорад.Имрӯз барои баровардани ҳукм барои колоннаи сукунат-КП ва ё посиленка ҳаққ (доля)-и судя 300–500$, прокурор 200–400$, ҳаққи муассиса 100–200$.
Гуфтем,ки ин барои онҳое,ки муҷозоташон сабук аст барои онҳое, ки ҷазои миёна ва сангин гирифтаанд, ин нархҳо иваз мешавад. Танҳо дар маҳбаси мо ин кор сурат намегирад. Дар тамоми зиндонҳои Тоҷикистон барои КП пули калон мегиранд. Маъмурияти муассиса, прокурори надзор ва судяҳо, ҳамагӣ як команда ҳастанд. Мо мехоҳем,ки ба ин беадолатиҳо нуқта гузошта шавад ва сабаби муроҷиатамон ҳам ҳамин аст ки онро бишнаванд ва ба доди мардум бирасанд.
Мо то имрӯз ҳар шикояте кардем онҳоро аслан ба инобат нагирифтанд. Тасмим гирифтем ба Пойгоҳи Ислоҳ нависем, зеро ончи нашр мешавад мақомот тез онро ба инобат мегиранду,то ҷое амалӣ менамоянд. Хоҳиш мекунем ин номаи мо нашр шавад ва ба доди мо расанд.Дигар ҳеҷ ҷойе барои додхоҳи надорем.
Гурӯҳе аз маҳбусони муассисаи ислоҳии ЯС 3/7 СРИҶҶ ВА Тоҷикистон