Умаралӣ Қувватов, роҳбари “Гурӯҳи 24” аз мухолифони сарсахти Эмомалӣ Раҳмонов шоми 5 марти соли 2015 дар Истанбули Туркия кушта гардид. Ин кушторро чанд нафар анҷом доданд. Аммо Туркия танҳо яке аз онҳо -Сулаймон Қаюмов-зодаи ноҳияи Восеъи вилояти собиқи Кӯлобро дастгир ва сипас ба ҳабси абад маҳкум кард. Сулаймон Қаюмов куштори шаҳид Қувватовро ба гардан нагирифт. Вале тафтишот ва тамоми шавоҳид исбот кард, ки ӯ ҳам ташкилкунанда ва ҳам аз муҷриёни асосии амалиёти ин қатл ба шумор меравад.
Пеш аз онки номҳои қотилони воқеии Умаралӣ Қувватовро ошкор бисозем, месазад дар бораи худи ӯ чанд ҷумлае бигӯем. Худобиёмурз Қувватов аз муассисони ширкати “Фароз” буд, ки баъдан Шамсулло Соҳибови домоди раиси ҷумҳурӣ ӯро на танҳо аз ин ширкат маҳрум, балки тамоми дороӣ ва моликияташро ҳам тасарруф намуд ва коре кард, ки хусураш бо истифода аз фишанги давлатӣ ӯро ба унвони як ҷинояткор муаррифӣ бикунад. Қисааш тӯлонист. Вале ҳаминро бигӯем, ки вақтҳои ахир Умаралии шаҳид дигар на танҳо ба як мунтақиду ифшосозандаи аъмоли ҷиноякоронаи Раҳмонову хонаводааш, балки ба як сиёсатмадори мардумӣ ва лидери садҳо ҳазор аз муҳоҷирон бадал шуда таҳдиди ҷиддӣ ба пояҳои қудрати Раҳмонов маҳсуб мешуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2014 фаъолияти “Гурӯҳи 24”-и Қувватовро дар кишвар расман манъ ва онро ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои ифротӣ шомил кард.
Ҳар гоҳе, ки Қувватов тариқи шабакаҳо ва бахусус шабакаи моҳвораии “К+” суханрониҳо мекард, ҷон аз қолиби Раҳмонов берун мешуд. Шояд даҳҳо миллион доллар масраф карда буд, ки ӯро бо ҳар роҳу восита ба ватан бозгардонад. Чанд навбат тавассути ИНТЕРПОЛ-пулиси байналмилалӣ ӯро мавриди боздошту бозпурсӣ қарор дод. Аммо ҳеҷ яке аз ин кишварҳо, ба шумули ҳамин Туркия розӣ нашуданд, ки шаҳид Умаралиро ба Тоҷикистон истирдод кунанд. Аз инҷо буд, ки таҳдиду ихтори зиёди ӯ ба Умаралӣ Қувватов камтарин таъсир надошт. Дигар Раҳмонов тасмим гирифт, ки ӯро ҷисман аз байн бибарад. Ва, ҳамин тавр ҳам кард. Ин масъулиятро Раҳмонов бар дӯши Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ гузошт. Рамазон Раҳимзода Сулаймон Қаюмови восеъиро барои иҷрои ин амалиёт ҷалб кард. Манбаъи дигари мо дар ВКД Шоҳрух Саидов,сардори УБОП-ро масъули анҷоми амалиёти қатли Умаралии шаҳид мегӯянд. Бар пояи маълумоти ин манбаъ Шоҳрух Сайид бо дастури Рустами Эмомалӣ ( ҳамсинф ва дӯсти наздик) як гурӯҳи вижаи 32 узвиро созмон додааст, ки дар чунин шароит фармоишоти хосро иҷро мекунад. Гуфта мешавад, ки мақарри ин гурӯҳи аҷир дар Варзоб буда ва фармонҳои қатлу куштори афроди ба онҳо нохушояндро амалӣ мекардаанд. Дар мавриди ин гурӯҳ дар матолиби оянда бештар хоҳем гуфт.
Аммо Сулаймон Қаюмов нақши агенту гумошта ва барномасози амалиёти қатли Умаралиро бар дӯш гирифт. Ӯро чанд муддат дар вазорати дохилӣ омӯзониданд. Тахминан шаш моҳ ӯ нақшеро, ки бояд ифо мекард, машқ кард. Баъде, ки мутмаин шуданд, ӯ аз ӯҳдаи иҷрои нақши бар дӯшаш вогузоршуда баромада метавонад, роҳии Истанбул карданд. Сулаймон Қаюмов дар Туркия худро савдогару тоҷир рост карда,ҳатто корманди назофати масҷиде дар наздикии фурудгоҳ, оҳиста-оҳиста ба марҳум Қувватов ва ёронаш наздик мешавад. ”Наздикшавӣ” аввалин марҳалаи нақшаи куштор буд, ки ӯ муваффақ шуд ва тавонист, ки дар як фурсати кӯтоҳ бо Қувватов ошно ва ҳатто дӯст бишавад. Хонуми шаҳид Умаралӣ аз наздикшавии шавҳараш бо Сулаймон Қайюмов хушбин набудааст,ки баъдан бо хабарнигорон ин нигарониашро изҳор намудааст.
Хабаргузориҳо дар он шабурӯз навишта буданд, ки 5-уми март, Қувватов ҳамроҳи зан ва ду писараш ба хонаи як ҳамватани тоҷикистонӣ бо номи Сулаймон Қайюмов барои зиёфати шомгоҳӣ даъват шуда буданд. Ба оила заҳр хӯронданд, вале онҳо зинда монданд. Дар ин зиёфат бо шаҳид Умаралӣ бархе аз рафиқонаш,аз ҷумла Суҳроби Зафар, Ҳусейн Ашуров ӯро ҳамроҳӣ менамуданд.Ғизои заҳролуда ба ҳамаи инҳо ҳам таъсир карда буд. Ҳама беҳолу бемадор буданд ва бо марҳум натавонистанд аз хона берун шаванд. Умаралӣ аммо исрор меварзад, ки бояд аз хона бадар шуд, чун инҷо “чи гапе” ҳаст. Худи Сулаймон Қаюмов ба баҳонаи онки ғизо аз гӯшти гӯспанд таҳия шудааст, луқмае самти даҳан намекунад. Вақте амалиёти бо заҳр куштан амалӣ намешавад марҳум Қувватовро дар кӯча замоне,ки дар як даст дасти ҳамсар ва дар дасти дигар дастони яке аз кӯдаконашро дошт ва мунтзири таксӣ буданд, аз пушти сараш парронданд. Аз пушти сар ва бо туфанги бесадо.
Таҳқиқи марги Қувватов ошкор кард, ки Сулаймон Қайюмов бо якчанд шарики тоҷик кор мекард, ки аз боздошт гурехтанд ва савори ҳавопаймо ба Маскав фирор карданд. Додгоҳи Истанбул гуфта буд, ки ду гумонбари дигар дар ташкили куштори раҳбари “Гурӯҳи 24” тавонистаанд феълан аз тариқи Интерпол таҳти таъқиб гузошта шудаанд. Исми ин ду нафар, ки низ шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ба далоили амниятӣ эълон нашудааст. Додрас аз Сулаймон Қайюмов мепурсад, ки аз ғизоҳои шаби 5 март барои меҳмонон таҳиякардааш худи ӯ ҳам чашида буд ё хайр? Қайюмов посух додааст, ки не. Додситонии Туркия он замон гуфта буд, ки “Ҳарду гумонбари асосӣ шаҳрвандони Тоҷикистонанд”. Якеи онҳо Баҳодур ном доштааст. Онҳо ба он айбдор мешаванд, ки аз хеле қабл ба Истанбул омада, тайи чанд моҳ нақшаи сӯиқасд ба Умаралӣ Қувватовро кашидаанд.
Додситонии ҷиноятҳои террористӣ ва муташаккили Истанбул он замон ба матбуоти маҳаллӣ гуфта буд, гумонбарон 6 нафаранд ва аз онҳо ба унвони “гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ” ном бурда, аз додгоҳ барои онҳо вобаста ба нақшашон дар қатли раҳбари “Гурӯҳи 24” аз 1,5 то 4,5 соли зиндон ва барои гумонбарони асосӣ ҳукми зиндони умрбод хоста буд. Зоҳиран додситонии ҷиноятҳои террористӣ ва созмонёфтаи Истанбул барои қотилон татбиқи муҷозот ба таври ғоибонаро талаб карда буд. Зеро 5 гумонбари дигар дар ин парванда тавонистаанд аз Туркия фирор кунанд.
Аз инҷо бармеояд,ки мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳии Истанбул ҳуввияти муҷриминро медонистанд, вагарна барои кӣ ва киҳо ҳукми зиндон бурида мешуд? Аммо чаро номи онҳоро эълом накарданд ва то имрӯз, ки аз ин моҷаро 5 сол сипарӣ мешавад,кадом тағйироте дар ин моҷаро пеш наомадааст. Ин ҳолатро ҳам инҷо бояд тазаккур бидиҳам, ки Сулаймон Қайюмов дар ибтидои дастгиршавиаш талош кардааст, ки қатли Умаралиро бори дӯши Сӯҳроб Тӯраев яъне ҳамин Суҳроби Зафар намояд. Мақомоти тафтишоти Туркия Сӯҳробро дастгир ва ду рӯз мавриди бозҷӯӣ қарор медиҳанд ва озод мекунанд.
Сӯҳроб Тӯраев(Суҳроби Зафар) дар сӯҳбате, ки бо хабарнигорон доштааст аз як ҳолати шубҳаангез ёдовар мешавад. Дар ҷараёни бозпурсӣ тасаввуре ҳосил кардааст, ки мақомоти пулис дар бораи чигуна рӯй додани ҳодиса ва муҷримон иттилои фаровон дар даст доранд. Тӯраев гуфтааст, ки “вақте аз ӯ пурсидам, Сулаймон, дар пушти ин кор кӣ меистад, ақаллан мард барин ҳаминро бигӯй, сарашро хам кард ва ҳарфе назад,”-афзудааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол 6-уми март Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба мақомоти Туркия муроҷиат мекунад, ки хабари марги шаҳрванди Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов ва шароити қатли ӯро расман тавзеҳ диҳад. Яъне ин “контролний вистрел” буд, то Рамазон Раҳимзода мутмаин бишавад ва аз анҷоми бобарори амалиёти қатли Умаралӣ Қувватов, роҳбари Гурӯҳи 24 ба фармоишгари асосӣ Эмомалӣ Раҳмонов мужда расонад.
Дар гузориши Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар иртибот ба ин қазия гуфта мешавад, ки қатли раҳбари “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қуватов дар Истанбул бо “дахолат ё ризоияти ҳукумати Тоҷикистон” сурат гирифтааст. Лозим ба ёдоварист, ки Сулаймон Қайюмов ҳам субҳи 6 март-субҳи аввали баъди ҳодисаи куштор ба Алмаатои Қазоқистон парвоз кард. Аммо мақомоти амниятии Қазоқистон ӯро бозпас мефиристанд ва дар фурудгоҳи Отатурки Истанбул дастгир мешавад. Сулаймон Қайюмов ҳангоме аз Туркия ба самти Қазоқистон парвоз мекунад, дар асноди ӯ кадом ишколе ошкор мешавад ва сарҳадбонони Қазоқ ӯро иҷозати вуруд намедиҳанду дубора ба Туркия бармегардонанд. Дар ин миён ному насаб ва аксҳои Сулаймон Қайюмовро Ҳусейн Ашӯров ва наздикони марҳум ба пулиси турк медиҳанд, чунки ӯ комилан иртиботро қатъ мекунад, аз инҷо буд, ки ӯ боздошт мегардад. Агар, ки ишколи фаннӣ дар шиносномааш набуд, ӯ ҳам мисли дигар қотилон фирор мекард. Ва, дар асл нақша ҳам ҳамин тавр буд.
Ва, акнун инҷо маълумоти фиристодаи манбаи Ислоҳ.нетро бо як каме таҳрир ба нашр мерасонем:
Раҳимзода Рамазон супориш мегирад аз президент ҶТ Эмомали Раҳмон, ки Умаралӣ Қувватовро диверсия карда ба қатл расонанд. Рамазон Раҳимзода ҷосус (агент) тайёр мекунанд. Агент Сулаймон Қаюмов ба Туркия рафта худашро ҳаводор ва пайрави Гуруҳи 24 мегӯяд ва ҳаракат карда ба боварии марҳум Умарали Қувватов медарояд ва ҳамаи гапҳоро (ҷои буду бош, маҳалли зист, схемаи ҳаракат…куҷо рафтану омадан, вазъияти молиявӣ..ю хулоса ҳама маълумот) ба ВКД мерасонад. Аз Душанбе ба Туркия 4 нафар кормандони ВКД барои ба қатл расондани Умаралӣ Қувват ба сафар мебароянд.
1.) Сардори гурӯҳ собиқ сардори милисаи фурудгоҳи ш. Душанбе Исозода Набиҷони Исо фамилияи пешинааш (Грезов Набиҷон Исоевич) соли таваллудаш 07.06.1977 зодаи н.Восеъ. Айни ҳол дар ш. Душанбе истиқомат мекунад.
2.) Маҳмадализода Баҳодур фамилияи пешинааш (Абдусамадов Баҳодур) соли таваллудаш 1979 зодаи ш. Бохтар (Қӯргонтеппа) собиқ сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноятии фурудгоҳи ш. Душанбе
3.) Суҳроб ном дорад дар бораи ин маълумот камтар аст дар ВКД кор мекардаст. Аз гуфтаҳояшон одами Умаралиро парондагӣ (қотил)ҳамин аст.
4.) шахсе аст,ки исму насабаш маълум нест.Вале 100% корманди вазорати корҳои дохилӣ мебошад ва тибқи маълумотҳои дигари Ислоҳ ӯ зан аст.
Ин 4 нафар соли 2015 4-моҳ зиёдтар дар Туркия ба сар бурдаанд. Дар он ҷо аввал ҳаракат карданд Умаралӣ Қувватовро бо аҳли оилааш заҳр дода ба қатл расонанд. Аммо заҳр қувваташ (дозаш) паст будааст ва онҳо намурданд. Баъд онҳо диданд, ки планашон иҷро нашуд худи Умаралӣ Қувватовро дар берун паронда аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд. Сулаймон Қаюмовро полиси Туркия дастгир мекунад, дигарҳо мегурезанд ба Тоҷикистон. Инҷо гумон меравад,ки “маслиҳат” бо бархе “мақомот”и Туркия буд ва агарна ҳамаашонро дастгир мекарданд. Баъд аз он ки аз Туркия баргаштанд ба қотилҳо вазифаҳои баланд доданд.
Исозода Набиҷон аз сардори милитсияи фурудгоҳ ба сардори Раёсати кофтукои ҷиноятии ВКД таъин шуд. Айни ҳол И.Набиҷон бо вазир соз нест барои ҳамин рутбаашро паст карданд ва ба шӯъбаи шаҳрии милитсияи Бохтар собиқ (Қӯргонтеппа) “перевод” шудааст.
Маҳмадализода Баҳодур аз сардори шӯъбаи кофтукоби ҷиноии фурудгоҳ ба сардори шӯъбаи Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноятии ВКД таъин шуд. Айни ҳол М.Баҳодур аз вазифа озод карда шудааст ва дар федерасияи Русия дар муҳоҷират аст.
Дар бораи Сӯҳроб ягон маълумот нест.
Яке аз ин ду нафарро Рамазон Раҳимзода аз чанд вақти пеш барои ҳамчунин рӯзҳо зери чашм карда ҳар аз гоҳе дар феҳристи нафароне ҷой медод, ки барои иҷрои амалиёти махсус тақдир мешаванд ва инъом ба даст меоваранд. Моҳи июни соли 2014 барои ошкор кардани як ҳодисаи куштор,ки фаъолияти бондҳои мафиозии қочоқчиёни ҳероин марбут буд дар шумори чанд нафари дигар ба подполковники милитсия Грезов Набиҷон Исоевич – ба маблағи 3000 (се ҳазор) сомонӣ ҷоиза супорида шуд.
Аммо тибқи як маълумоти дигари ба мо расида баъди анҷоми куштори Умаралӣ Қувватов лейтенанти калони милитсия Маҳмадализода Баҳодур Маҳмадалӣ — сардори Шӯъбаи Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Ва дертар бошад подполковник Маҳмадализода Баҳодур (аз авохир исоли 2016)муовини командири қисми ҳарбӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии қисми ҳарбии 051057 –и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ба ин тартиб маълум шуд, ки шаҳид Умаралӣ Қувватов бо фармоиши Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастони кормандони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кушта шудааст. Аммо ҷолиб инҷост ки чаро онҳоро,ки агар Туркия ба ИНТЕРПОЛ супорид, бахши ИНТЕРПОЛ дар Тоҷикистон шиносоӣ ва боздошт намекунад?
Манбаъи мо гуфт,ки онҳо дар асл бо ному насаб ва шиносномаҳои “фалшивий”ба Туркия рафта онҷо чанд муддат бо ҳамин шиносномаҳои сохта зиндагӣ карда ва баъди онки амалиёти кушторро анҷом доданд, боз бо ҳамон шиносномаҳо аз Туркия хориҷ шуданд. Аммо ин сохтакорӣ далел намешавад,ки ашхоси муҷрим аз таъқиб ва боздошти ИНТЕРПОЛ-наҷот ёбанд. Нуктаи дигаре,ки дар ин қазия камтар ҷалби таваҷҷӯҳ кардааст ин аст ки силоҳи мавриди истифода қароргирифтааст. То онҷо маълумот ёфтем ин туфанги сохти русӣ будааст ва ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад,ки он силоҳ мутааллиқ ба вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бошад ва тавассути дипломатҳо вориди Туркия шуда бошад.Албатта ин эҳтимолот аст вале тир сад дар сад сохти Русӣ ҳаст.
Мақомоти Туркия ҳам дар таҳқиқоти анҷом додаи худ таъйид мекунанд, ки гурӯҳи деверсионие, ки аз Тоҷикистон барои анҷоми ин амалиёт омада буд, ҳамагӣ бо исм ва насаби комилан дигар фиристода шудаанд. Агарчанд қотилон бо табдили ном ин корро анҷом додаанд вале аксҳои дар шиносномаҳояшон буда метавонад онҳоро ифшо созад. Аз ин хотир метавон гуфт, ки ҳоло ҳам дер нашудааст….
Ps: Пойгоҳи “Ислоҳ.нет” боз ҳам дар таҳқиқи ин қазия ва аҳволи феълии шахсони қотил ва боз ба чӣ ҷиноятҳое даст задаанд идома медиҳем.Агар дар ин қазия афсарони содиқи ватан дар мақомот огоҳие дошта бошанд ба “Ислоҳ” нависед, то онро ифшо созем…