Ин навбат аз як нафар мансабдоре сӯҳбат мекунем, ки дар тамоми тӯли фаъолияташ на танҳо ба фиребу найранг ва тақаллуби мардум, балки ба дуздӣ ва обулой кардани пули давлат машғул будааст. Ва, пулҳои дуздидаи ӯ ҳисобу китоб надорад. Аз даҳҳо миллион сомонӣ ҳам бештар аст. Бо мусоидати “Ислоҳ.нет” манобеъе, ки огаҳӣ аз кору фаъолияти ӯ доштанд, ҳамкорони мо тавонистанд қисме аз маблағҳои дуздидашуда ва молу мулки аз пулҳои аз роҳи муфт ба даст овардаашро ошкоро кунанд. Инҷо айни вақт аст ки бигӯем, ӯ кист ва чи корҳое кардааст?
Қаҳрамони матлаби имрӯзи “Ислоҳ.нет” яке аз барқдуздони номии кишвар аст. Шахсе,ки калонтарин ноҳияи кишвар- Рӯдакиро дар бахши барқ 18 сол аст мешавад роҳбарӣ дорад. Вақте факту арқоми дастрасшуда ба “Ислоҳ”-ро мурур мекардем аз ҳаҷму андозаи дороиҳои ӯ ангушти ҳайрат газидем. Чи гуна як раиси шӯъбаи ширкати “Барқи тоҷик”-ноҳия тавонистааст дар дарозои 18 сол пули барқро бидуздад ва ба манфиати худ ва оилааш масраф кунад, аммо ҳеҷ як аз ниҳодҳои давлатӣ, милиса додситонӣ, амният, коррупсия бехабар бимонад. Ҳоло бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъу ҳол ба таври табиӣ пурсише пеш меояд, ки онҳое ширкати “Барқи тоҷик” дар дасташон ҳаст чи қадар дуздида бошанд? Дар ҳоле мардуми кишвар аз бе барқӣ ранҷ ва азоб мекашанду дар хонаҳои сарду торик шаб мегузаронанд. Як бор ин дуздон фикр намекарда бошанд, ки ин мардум дар чи ҳолатҳои сангине қарор доранд?
Номи ин мансабдори миллионер Умаров Хуршед аст,ки гуфтем инак 18 сари сол аст ки Идораи барқи ноҳия Рӯдакиро роҳбарӣ мекунад. 5 декабри соли 1971 дар дар ноҳияи Муъминободи вилояти собиқи Кулоб дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм кардааст. Баъдан ба ноҳияи Рудакӣ ба хонаи тағои марҳумаш Идиев Ғаффор, бо тахаллуси Ғаффор бонкир меояд. Бо кӯмаки тағои банкир донишгоҳро хатм мекунад. Тағо ӯро хонадор ҳам мекунад.
Умаров Хуршед пас аз хонадоршавиаш дар сохтмони 2 табақаи маъруф бо “Титовка” зиндагонӣ мекард. Хуршед ба шабакаҳои барқи ноҳияи Рудакӣ ба кор медарояд ва бо гузашти солҳо ба вазифаҳои болотар рафтан мегирад.Дигар сару либосаш иваз шудан гирифт ва навоварӣ дар зиндагонияш баръало намудор мешуд. Аз соли 2000- ум сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Рудакӣ таъин шуд. То соли 2016 ин вазифаро бар ӯҳда дошт. Вале фасоду фасодкорӣ ва бархе дигар аз ҷиноятҳои содир кардааш сабаб шуд, ки аз болои ӯ ба мақомоти интизомӣ даста-даста шикоят ирсол шавад. Соли 2016 аз вазифаи раиси шабакаҳои барқи ноҳия барканор карданд. Вале на инки ба ҷавобгарӣ кашиданд ва ё муҳокимааш карданд, балки аз роҳбарӣ гирифтанду дар худи ҳамин идора главбух-сармуҳосиб таъинаш карданд. Айни ҳамон “рокировка”-ҳои худи Эмомалӣ Раҳмон, ки яке мебинед як вазире, ки мавриди интиқод қарор гирифта буд, фардо дар вазорат ва ё Оҷонсии дигаре масъулияти нав бар ӯҳда гирифтааст.
Дар ҷойи ӯ дар давоми солҳои 2016 то 2018 яке аз одамони худашон (яъне наздик ба худаш) бо номи Нурзодаро таъин намуданд. Вале амалан –де факто худи Умаров Хуршед корҳои сардори шабакаҳои барқи ноҳияро пеш мебурд. Метавон гуфт Нурзода як арӯсаки дасти Хуршед буд. Ин дурусту дақи мисли кори Путин бо Дмитрий Медведев аст ки чор сол ба ҷойи худаш овард ба курсии президент шинонд вале баъдан боз омаду дар ҷойи худаш нишаст. Хуршед низ аз соли 2018 дигарбора дар мақоми пешинааш-сардори шабакаҳои барқи ноҳия таъин шуд. Бале, ончуноне мебинем Умаров Хуршед Идораи шабакаҳои барқи ноҳияро меросӣ ва авлодӣ кардааст. Бе таъкиди мо ҳам бароятон бояд рӯшан бошад, ки пушти ин ҳама корҳо чи меистад? Ришват, фасод ва пул! Ӯ пул доду ин масъулиятро аз нав ба дасти худ гирифт. Ҳоло меоем ба мағзи гап. Дар 18 соли корӣ ӯ соҳиби чи миқдор сарват ва молу мулк шуд? Ва, аз чи роҳу тариқе?
Аз ончи маълумоте, ки ба дасти “Ислоҳ” расид бармеояд, ки дороиҳои ӯ ба 11 миллион доллар мерасад. Ин сифр бар пояи он маълумоте аст ки мо дорем вале шояд аз он ҳам ба маротиб бештар бошад. Чун хеле аз амволи ғайриманқули Хуршед Умаров ба номи дигарҳо ба қайд гирифта шудааст. Инҷо ҳама чизе, ки дар даст дорем санад ва далел доранд. Гуфтем, ки дар тасаввуратон намеғунҷад, ки сардори шабакаҳои барқи як ноҳия тавонистааст ин қадар ва ин ҳамаро ғорат кунад. Бесабаб ҳам нест, ки Тоҷикистон дар миёни 10 кишвари фасодзадатарини дунё ҷой дорад.
Таҳқиқоти “Ислоҳ.нет” дайн кард, ки танҳо бозрасии ҳаҷми масрафи нерӯи барқ дар панҷ корхона дар ҳудуди ноҳияи Рудакӣ ошкор намуд, ки солона то 13 миллион сомонӣ ба Хуршед ришват медодаанд. Аммо ба идораи шабакаҳои барқи ноҳия аз ин ҳисоб ҳамагӣ 15 % пардохт мешудааст. Барои таъйиди ин гуфтаамон далели мустанад меоварем. Раиси яке аз ин корхонаҳо ба шарти ифшо накардани ном ва номи муассисааш ба “Ислоҳ” чунин гуфт: Акаи Хуршед ба корхонаи мо омад. Ман ду миллиону панҷсадҳазор сомонӣ аз қувваи барқ қарздор будам. Масъаларо дар миён гузаштам ва гуфтам чи роҳи ҳал дорад? Хуршед гуфт 207,000 (дусаду ҳафт ҳазор сомонӣ) ба ман медиҳед ва ба кассаи Идора 105,000 месупоред, кори ҳисобкунакро дуруст мекунам. Аз ман 18 ҳазор доллар гирифт ва корамро ҳал карду рафт. Раиси корхона гуфт,ки аз Хуршед пурсидам, ки оянда ягон проблема намешавад? Чунки ин маблағи калон аст ва бо ин квитанция 105,000 сомонӣ? Хуршед гуфт соф ташвиш нашав. Ҳисобкунаки нави барқ мезанем ва ҳамаро 00000000000 мекунам, ман ҳастам. Пеши мо, аз ин намуна боз исми чаҳорто корхонаи дигар ҳаст. Вале мушт намунаи хирвор.
Яъне ин ба ин маъно аст ки Умаров Хуршед нерӯи барқи мардум ва давлатро мисли моли шахсиаш ба савдо мезанад. Тибқи таҳқиқоти анҷомдодаи мо Умаров Хуршед ба заводҳои арматура, бетон, карерҳои сангу шағал ва корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, хиштбарорӣ ва сойири коргоҳҳои хурду миёнае, ки дар ҳудуди ноҳияи Рудакӣ фаъолият карда ва бадеҳист ниёзи мубрам ба қувваи барқи баландшиддат мебошанд, қарордҳои дугона мебастааст. Шахсан худаш бидуни ҳеҷ тарсу ҳаросе бо ҳар яки онҳоро “шароит”-и корро мефаҳмонад. Намунаи яки онро дар боло бо далели мувассақ зикр кардем. Барои нафси бетаг ва ҷиғилдони худ миллионҳо сомонии давлат ва халқи тоҷикро ба ҳаво сар медиҳад. Ӯ меравад ба завод ва корхонаҳое, ки қувваи барқро бисёр истифода мебаранд гапзанон мекунад, баъди пухтани “договор” ҳисобкунаки барқиро тоб медиҳад, ба самти қафо ё ин, ки он ҳисобкунакро акт карда бекоршуда ҳисоб мекунад.
Ин корро барои он мекунад, ки масалан корхона ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ барқ масраф кардааст. Вале соҳиби корхона намехоҳад ин маблағро пардозад. Хуршед роҳи барои ин соҳибкор ва худаш муфид ва ё барои давлат музирро пешниҳод мекунад, Роҳи ҳал пайдо мешавад. Ба Хуршед Умаров 40% он маблағро мепардозад албатта нақд ва бо доллар-твёрдий валюта ва 10% ашро ба шабакаҳои барқи ноҳия ва бо ҳамин кор тамом мешавад. Ҳоло бароятон рӯшан шуд, ки қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз куҷо пайдо мешавад ва чаро мардуми осоишта дар азобанд. Ва.чи тавр як масъул ва мансабдори давлатӣ давлатро ғорат карда истодааст. Аз 500.000 сомонии қарзи давлат ҳамагӣ 10%ба давлат пардохта мешаваду халос. 450 .000 сомонӣ обу лой мешавад.Ҳамчуноне дар болои як намунаи дуввуниммиллион сомониро айнан бароятон ҳикоят кардем.
Дигар аз роҳҳои пулкоркунии Умаров Хуршед ин аст ки амдан барои корхонаҳо нерӯи барқро бошиддати пасттар медиҳад. Вақте ба ӯ мегӯянд, ки қувва паст аст ва дастгоҳҳо кор намекунанд дар посух ба раисони он корхонаҳо мегӯяд бе пардохти маблағ мехоҳед барқи баландшиддат дошта бошед? Хуб дигар маълум аст, ки соҳибони корхонаҳо бо ӯ муомила мекунанд ва “доля”-ашро медиҳанд ва барои он корхона санад медиҳад ва ё ҳатто ҳамту бидуни санад иҷозат медиҳад, ки хати сефаза гузаронанд.
Дигар аз роҳҳои даромади муфту ҳангуфти Умаров Хуршед аз ҳисоби барқи аҳолӣ аст. Умаров Хуршед ба ҳар як маҳаллаи ноҳия “доля” муқаррар кардааст. Масалан барои сари ҳар як хона, вобаста аз киловатт (1 фаза ё ин ки 3 фаза) аз 200 то 500 доллари амрикоӣ мегирад. Агар пулро надиҳед мутахассис бо номи Дӯстмурод ва монтёр бо номи Обиддинро супориш медиҳад ва ӯ омада сими барқро мебурад. Муҳаққиқони “Ислоҳ” дар Рудакӣ шоҳиди муоширати чанде аз сокинони ноҳия дар бобати нерӯи барқ ва тақисмоти он буданд. Ба гуфтаи онҳо Умаров Хуршед сабаби хомӯш кардани нерӯи барқро бо ду калима ҷамъбаст мекунад. Инҷо барои он, ки дигар шакку шубҳае надошта бошед ва хуб итминон ҳосил кунед тарзи талаффузи Хуршедро айнан нақли қавл мекунем. Вай лимит намегӯяд, чунки русиро хуб балад нест. Ба онҳое,ки “доля”ашро надодаанд мегӯяд “Лемит” аст. Касе бо ӯ даъво кунад охир чаро барқамро хомӯш мекунед мегӯяд “ЛЕМИТАЙ” чаро бо ман ҷангу даъво дорӣ? Таҳқиқоти мо ошкор кардааст, ки даромади якмоҳаи ӯ на камтар аз 100 ҳазор доллари амрикоӣ аст. Вале ин мабалағ ба тиҷоратҳояш рабте надорад, танҳо аз пули барқи ватанро обу лой кардан аст. Гуфта мешавад Умаров Хуршед беш аз 40 то марокизи хизматрасонӣ дорад
Муҳаққиқони “Ислоҳ.нет” як қисме, такрор мекунем, як қисме аз молу мулк ва дороиҳои Умаров Хуршедро, ки ошкор намуданд, ки ба қарори зайл аст:
- 33 то квартира дар шаҳри Душанбе (Дом печать) Саховат- доми афғоно ( ҷамоати Чимтеппа, деҳаи Гулбутта), Садбарг -пеши 8 корпуси Донишгоҳи миллӣ (аз тағояш Ғаффор бонкир харида будааст) дар назди бозори Корвон дар ноҳияи Рудакӣ ва боз дар маркази ноҳия, дар шаҳри Ҳисор ва Ваҳдат.
- Дар дом печать 8 то квартира дорад,ки аз 100 квадрат болло мебошанд. Ҳамаи ин квартираҳо ремонтҳои қиммат карда шуда ва ба хориҷиҳо ба маблағи 1200$ 1500$ кироя медиҳад. Танҳо ду хонаашро хуб медонем,ки ба маблағи 2200$ ба коркунони сафоратхонаҳои хориҷӣ кироя дода аст.Шартномаи миёни хориҷиҳо ва Умаров бо ин маблағ дар дасти Ислоҳ вуҷуд дорад.
- 9 то хонаҳои 1-2-3-4 ошёна дар шаҳри Душанбе, 1-ҳавлӣ дар маҳаллаи 8 Март, 2 хона дар маҳаллаи колхози маъруф ба Россия, дар ноҳияи Рӯдакӣ 2-хона, дар маркази ҳамин ноҳия 4 хонаи 3 ва 4 ошёна, дар ноҳияи Варзоб дачаи 2 ошёна ва дар ноҳияи Муминобод ҳам хона дорад.
- 9 то квартира дар давлати Русия шаҳри Москав — 6 квартира дар райони Люблино (ба муҳоҷирон ба иҷора дода шуда аст) 3 квартира дар Белый дача
- 11 то мағоза дар Султони Кабир, дар ҷои балонфурушиҳо ва масолеҳи сохтмонӣ
- Автосервис- таъмири мошинҳо дар маркази ноҳияи Рудакӣ бо мағозаҳо ва ошхонаи барҳаво беш аз 50 нафар дар автосервисаш кор мекунад.
- Маркази савдои “Бӯстон” дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз 2 ошёна иборат буда ва 2500 кв иборат аст дар он: дорухона, мағозаи хурокворӣ, идораи букмекерӣ, сартарошхона қисмҳои телефон ва фурӯши дискҳо, нонвойхона ва пекарный дар таҳхона ҷойгир аст ва ҳудудан 150 нафар дар ин маркази савдо кор мекунанд. Инчунин аксари коргоҳҳояш бе ҳисобкунки барқӣ фаолият мекунанд ва зарари ин бояд ҳисоб карда шавад.
- Дар қисмати “оптовий”-и бозори Корвон дар ошёнаи дуввуми элегант беш аз 10 мағоза дорад.
- Ҳочатхонаи замонавӣ дар бозори хурокворӣ ва дар маркази ноҳияи Рудакӣ бо панҷ мағоза
- Танҳо яке аз мошинҳои савории Умаров Хуршед тақрибан 1 миллион сомонӣ арзиш дорад, Тайота ленд- крузер 200,соли бароришаш 2019
- Мошини духтараш Умарова Малоҳат 100 000 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Барои духтараш дар маҳаллаи Профсоюз дар 7 ошёна квартира харидааст. Ин квартира барои зиндагонияш не, танҳо барои истироҳати духтараш.
- Хонае,ки дар он зиндагонӣ мекунад як миллион доллар арзиш дорад ва боз як хонаи се ошёнаи дигар сохта истодааст,ки то ин вақти дидани муҳаққиқон 500 ҳазор доллар дар он хона масраф кардааст.
- Дар назди тарни база як ҳавлии 10 сотих замин дорад, арзиши ин хона 70 ҳазор доллар мебошад.
Умарова Малоҳат соли 1996 дар ноҳияи Рудакӣ дар шаҳраки Сомониён ба дунё омадааст. Малоҳат ягона духтари Умаров Хуршед мебошад. Малоҳат фарзанди калонии хона аст. Мактаби миёнаро дар Душанбе хондааст. Соли 2014 аз санҷиш дар Маркази милли тестӣ ноком мешавад. Падараш бо 17 ҳазор доллар ӯро дохил мекунад. Ҳамин тавр моҳи октябри ҳамон сол ба донишгоҳи миллӣ дохил мешавад. 4 сол дар донишгоҳ гӯиё таҳсил мекунад, дар дарсҳо несту вале номаш ҳаст Умарова Малоҳат соли 2018 донишгоҳро хатм мекунад. Пас аз хатми донишгоҳ Умаров Хуршед ба кадоме аз хешовандонаш ӯро ба шавҳар медиҳад. Баъди 4 ё 5 моҳ зиндагӣ ба падару модараш мегӯяд, ки ман дигар бо ин мард зиндагӣ намекунам. Падараш сабабашро мепурсад. Малоҳат мегӯяд ки падар ман безор шудам дигар ба деҳа намеравам, шароит надорад. Падараш мегӯяд духтарам зиндагиатро сахт қап баъди як чанд рӯз хона мегирамат. Ба 43 ҳазор доллар хона мегирад дар пойтахт ва евро ремонт карда ба духтараш тақдим мекунад. Пас аз чанд моҳ Малохат мегуяд, ки падар ман бо ин мард зиндагӣ намекунам. Хуршед сабабшро мепурсад. Малоҳат посух намедиҳад. Дар дасти “Ислоҳ” чанд навор аз бархе амалҳои Малоҳат мавҷуд мебошанд. Хуршед ба Малоҳат мошини тамғаи Тайота каролла мехарад, то ки зиндагиашро давом дихад. Аммо Малоҳат бо ин шавҳараш намехоҳад зиндагонӣ кунад.
Фарзанди бовариноки Умаров Хуршед Умаров Юсуф аст. Тиҷоратҳои падаршро ӯ идора мекунад. Иншоотҳо, мағозаҳо, марказҳои савдо ва ғайраро назорат, иҷораҳо ва даромадҳои онҳоро ҷамъоварӣ карда ба падараш месупорад. Мо иҷорапулиҳои Умаров Хуршедро дар моҳи ноябр то декабар ҳисоб кардем чизе наздики 245 000 ҳазор сомонӣ буд. Даромад аз тиҷоратҳояшро барои баъд гузоштем. Чун ки дар Русия ҳам ба ҷуз аз даҳ хона тиҷоратҳое дорад. Вале муҳаққиқони мо кор карда истодаанд ва ба наздикӣ онҳоро низ ошкор ва барои миллат бармало менамоем. То миллат дуздони барқашро шиносад.
Умаров Хуршед соҳиби 5 фарзанд мебошад
- Умарова Малоҳат
- Умаров Юсуф
- Умаров Идрис
- Умаров Ҷовидон
- Умаров Барқ
Диққат додед хонандагони гиромӣ, ки фарзанди хурдияшро Барқ ном гузошта аст. Чунки Умаров Хуршед ҳарчи дорад аз баракати ин Барқ аст ва ба хотири ҳамин “баракат”номи писарашро Барқ гузошта аст.
Дар яке аз мусоҳибаҳояш бо радиои “Озодӣ” аз низоми биллингӣ-пардохти кортии нерӯи барқ тавассути бонк тамҷид кардааст:
“Хуршед Умаров, раиси шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ, тасдиқ кард, ки воқеан ҳам як нуқтаи пардохти маблағи қувваи барқ тариқи корти электронӣ дар ин ноҳия вуҷуд дорад. Вай таъкид намуд, ки ҳоло аз 92 ҳазор муштарӣ, ҳамагӣ 10 ҳазор ба низоми биллингӣ гузаштаанд ва бо афзоиш ёфтани шумораи муштариён нуқтаҳои пардохти маблағро бештар мекунанд:”Хубиаш ин аст, сокиноне, ки аз низоми биллингӣ истифода мебаранд, аз истифодаи нерӯи барқ қарздор нестанд,” — афзуд ӯ. https://www.ozodi.org/a/
Аммо,мо 100дар 100 мутмаинем,ки ҳеҷ гоҳ Хуршед Умаров намехоҳад, ки ин низом ҷорӣ бишавад, чун ӯ дигар аз дуздӣ ва даромади муфт маҳрум мешавад. Хуб, вазифаи мо гуфтан буд. Мо гуфтан дар ин бораро идома хоҳем дод. Вале ҳоло бубинем, ки мақомот дар ин бора чи кор мекунанд?
Ҳушдор ба ҳайати тоза таъсиси ВКД бо роҳбарии Аламшозода!
Чанд рӯз пеш дар ВКД барои таҳқиқ ва боздошти “барқдуздон” як ҳайате таъсис дода шудааст. Вазифаи ин ҳайат гӯё боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашидани “барқдуздон” будааст. Марҳамат ҷаноби Аламшозода Абдураҳмон, ин ҳам таҳқиқоти “Ислоҳ.нет” ба унвонҳое ба мо додаед “хоинони миллат” ва шумо бошед гӯё “хидматгорон”и халқ ва миллату давлат мебошед. Мебинем Умаров Хуршедро мисли Давлатбек Шодиев ҳашту ним сол медиҳед ва 400 ҳазор долларашро мегиреду ба амнистия шомилаш мекунеду севуним солак дар як камераи люкс мешинонедаш ва пас аз чанд моҳак хориҷаш мекунед,то боз идома диҳад.
Аммо барои як “лайк”и сухани ҳақ 9 солу ҳашт моҳ,15 сол,12 сол ва боз дар калонаи низомаш пурзӯр мешинонед. Пас инҷо “Волоияти қонун” ва давлати “Ҳуқуқбунёд” ва “Демократӣ” куҷо мемонад? Огоҳ бошед! “Ислоҳ” таҳқиқоти худро идома медиҳад ва шумо ҳайати ташкил шудаи ВКД ро зери заррабини худ қарор хоҳад дод. Ё хидмат кунед бар зидди коррупсия ва барқдуздон ё вазифаҳоро холӣ кунед, то кор карданро нишонатон диҳем!
Ps: Миллати азизам дидед ва огоҳ гаштед,ки ин ҳама бе барқиҳо, дар торикиҳо будану “шукронаи ана ҳамин пешвои миллат” карданҳо,чӣ афроде меистанд ва дар пушт чӣ хиёнатҳо ва ҷиноятҳо вуҷуд доштааст?. Як Умаров Хуршед тавонист инқадар барқи мо ва шуморо бидуздаду шуморо дар торикӣ нигоҳ бидорад ва боз ношармида Раиси “Барқи Тоҷиқ” аз қарздории аҳолӣ гап мезанад ва таҳдид ба хомӯш кардани барқ ҳам карда буд.