Абдулло Раҳнамо, собиқ корманди Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар “номаи хайрбодӣ”-аш ба унвони коршиноси сиёсӣ барои “навмухолифин”, “доираҳои норозӣ”, “ҳамватанони норозӣ”, “хориҷӣ” дар даҳ боб дастуруламалеро пешниҳод ва таъкид кардааст, ки дар сурати татбиқи ҳамин “дастуруламал” онҳо оппозитсияи сиёсӣ мешаванд, ки аз вуҷуд ва фаъолияташон худи ҷаноби Раҳнамо истиқбол мекунад. Мошоаллоҳ!! Чи ҳарфи қашанге ва чи мартабаи баланде, ки устод Раҳнамо истиқбол кунад!! Пас, ҳатман ва бояд онро сармашқи кори худ қарор дод. Бояд аз инсоф набигзарем, ки устод Раҳнамо дар ҳар куҷо, ки буданд дар фикри оппозитсиюн буданд. Ва, ҳатто дар ҳамин охирин навиштаашон ба унвони сиёсатшиноси МТС ҳам “меҳвар” давлат неву оппозитсия қарор гирифтааст.
Боракаллоҳ! Аммо сад ҳайф, ки чунин тафаккури давлатмеҳварро ба Иттифоқи нависандаҳо истихдом карданд, ”подалше” аз сиёсат! Чаро ӯро ин тавр карданд, номаълум.
Вале, хуб, бигзарем, ки бо ӯ ва ӯро чи кор хоҳанд кард дар оянда. Барои нависандаҳо ҳам дарси сиёсат ва давлатмеҳварӣ медода бошад ва ё барои Низом Қосим пайгир карданӣ бошанд, кори худашон аст, аммо феълан як муруре ба “дастуруламал”-и он кас ба “навмухолифини хориҷӣ” дошта бошем, кори баде нахоҳад буд. Ин як матлаби муфассал аст, ки мо чанде аз таъбиру таъвилу ибороту ҷумлаҳоеро аз он ҳамчун мушт намунаи хирвор пешкашатон мекунем:
“….таъсири шахсу доираҳои мухолиф муайянкунанда нест;…..
”заминаи иҷтимоӣ ва пойгоҳи мардумии доираҳои навмухолиф дар дохили кишвар барои оппозитсияи сиёсии таъсиргузор будан феълан кофӣ намебошад”…..;
“феълан потенсиали зеҳнии мухолифини нав имконият намедиҳад, ки ба сиёсат, иқтисод ва ҷомеа нигоҳи барномавӣ ё консептуалӣ дошта бошанд”……
” шахс ё гурӯҳҳои ҷудогона” ….
“имрӯз доираҳои ҳамватанони норозию муътаризи мо дар хориҷи кишвар ҳанӯз аз диди сохторию арзишию моҳиятӣ то сатҳи оппозитсяи сиёсии як ҳукумат шакл нагирифтаанд”. ….
”Бале, имрӯз дар хориҷа афроди норозӣ, рақибони идеологии низоми давлатӣ, фаъолони динию мазҳабӣ, гурӯҳҳои шибҳанизомӣ ё дар пушти баъзе аз онҳо, рақибони геополитикии Тоҷикистон фаъоланд, аммо ҳоло нерӯи моҳиятан сиёсие дар сатҳи мухолифини сиёсии ҳукумат ё оппозитсияи сиёсӣ шакл нагирифтааст. Зеро маҳзи розӣ набудани шахс ё гурӯҳе аз кори ҳукумат ё эътироф надоштани арзишҳои ҷамъиятӣ аз сӯи гурӯҳе аз шаҳрвандон ҳанӯз ба маънои оппозитсияи сиёсӣ шудани онҳо нест”.”
Ду то “сарнохунак”-ро махсус “жирний” кардам, то як бори дигар мутолаа кардаву муҳтаво ва дарунмояи дастуруламали Раҳнамои давлатмеҳварро мутаваҷҷеҳ бишавед. Мунтаҳо сартопои ин навишта бо ҳамин мазмун ва бо ҳамин маъно аст. Яъне инкори оппозитсияи тоҷик, ки ин бор низ чун ИНОТ дар хориҷа шурӯъ ба фаъолият кардааст. Раҳнамо гуфтааст, ки тарафгирӣ накардааст, ҷабҳа ҳам нагирифтааст ва ором навиштааст ва тавсия кардааст, ки оромона хонда бишавад ва оромона посух дода шавад. Чун ба назари худаш як чизи нестандарҷаҳон…ДАСТУР-УЛ-АМАЛ навиштааст. Аммо, онгуна ки аз иқтибосҳои овардашуда дидем аслан орому осуда нанавиштааст, балки тамоми саъю талошашро кардааст, то коре карда бошад, ки бигӯянд “воҳ” ин мухолифин касеву чизе набудаанд: платформа надоранд, шахсиятҳои матраҳ надоранд, пойгоҳи иҷтимоӣ надоранд, барномаи иқтисодиву иҷтимоӣ надоранд ва ҳамин тавр надоранду надоранду ҳеҷу ҳеҷкораанд.
Ба гуфтаи Сайёфи Мизроб ана дар ҳаминҷо СТОП!!!
Агар мухолифин оппозитсия набуда бошанд, гурӯҳи норозӣ бошанд, ки табъан ҳамин тавранд, чи водор кард ва боис шуд, ки хоби охирон шаби сиёсатшиносиатонро ҳаром карда дар бораашон бинвисед? Ва, чи навиштане? Бударо нобуда, шударо ношуда, ҳастро нест чилва додан? Агар, дар воқеъ шумо як коршинос будед, коршиносона менавиштед, мутаассифона шумо ҳамчун як мубаллиғ баромад карда истодаед. Вагарна медидед, ки оппозитсия дар хориҷ ҳамон оппозитсияи соли 1991и интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст ки беш аз 35 % раъй овард, ҳамон оппозитсияи ИНОТ аст ки 30% ҳукуматро пас аз ба зонӯ шинондани ана ҳамин режиме аз ӯ ҳимоят доред гирифт. Як мӯсафеди 87соларо давлатмеҳварҳо барои он зиндон карданд, ки ба бастагони наҳзатиҳои зиндонӣ гаҳ-гоҳе кӯмак мекардааст. Ин аз чи шаҳодат медиҳад? Аз набуди оппозитсия ва ё аз тӯҳмати давлтамеҳварҳо?
Шумо ҳей ҷеғу фарёд мекашед, ки манро неву навиштаамро “коршиносонаам”-ро таҳлилу баррасӣ кунеду нависед. Бовар кунед, ки навиштаҳои ахиратон водор мекунад, ки худатонро ҳам нависем. Чун шумо амдан ва хеле ҳам беинсофона ва беш аз ин ноҷавонмардона саъю талош доред, ки як гурӯҳеро, ки қудратро ба даст гирифтаву бо бадтарин шева ҳокимият карда истодааст, давлат муаррифӣ карда истодаед ва талқин карда истодаед, ки ҳамонро мардум давлат бишиносанд, меҳвари давлат донанд.
Магар ин кор шуданист? Шумо, ки аз огоҳони умур ҳастед ва иттиллои кофӣ доред, ки Раҳмонов ва хонаводааш, бо мардум чи кор карда истодаанд. Кори онҳоро дида ва талқин кардан, ки субот аст, оромӣ аст, давлат ниҳодина бишавад, давлат собит бишавад, давлат устувор бишавад, дигар ҳама чиз, инсон, каромати инсонӣ, қадри инсон, қадри миллат, ҳуқуқи мардум ҳарчи бишавад, шавад чи маъно дорад?
“Шумо чи мехоҳед? Яъне мардум тан дарниҳад,ки битозандаш? Шумо чиро ва киҳоро давлат гуфта истодаед? Раҳмон шакли табиии инкишофи давлат ва давлатдории Тоҷикистонро тахриб ва вайрон карда истодааст. Овардани духтару писараш ба мақомҳои муҳимми давлатиро коршиноси давлатмеҳвар намебинад, балке мебинад ва тамҷиду тавсиф мекунад, ки бояд ҳамин тавр бошанд тоҷикон ва баҳонааш ҳам ин аст ки суботу оромӣ ҳифз хоҳад шуд.Чи магар суботу оромии мамлакат ва сарнавишти миллат ба ҳамин хонавода вобаста аст? Инҳо ҳам ки мавҷуди биологианд ва мавҷуди биологӣ рӯ ба инқироз ва завол аст.”
Чизи дигар ин аст ки чаро дар ниҳодина сохтани давлат танҳо ҳамин ду се кас бояд масъул бошад? Фақат мардуми як маҳал бояд давлатро ниҳодина кунанд? Дар 62 ноҳия, 17 шаҳр ва 57 шаҳрак ва 368 ҷамоатҳои ҷумҳурӣ чанд нафар раисони ин ҳама киҳоянд? Сардори милиса аз як маҳал аст ва ё сардори амният? Барномаҳои муфассал тақдиматон намудем,ки раисони танҳо амнияти навоҳӣ ва марказ аз куҷо таъин ва танҳо хешутабори як шахс мебошанд. Ҳаминҳоанд, ки бояд давлатро ниҳодина бикунанд? Шумо дида истодаед, ки вазоратҳо, кумитаҳо ноҳияҳоро танҳо ва танҳо хешу табор ва мардуми як маҳалли муайян мудирият карда истодааст. Магар ин шакл метавонад давлатро ниҳодина бикунад? Ҳар кадоме аз инҳо инҷо барои ниҳодина кардан омадаанд? Ё барои талаву тороҷу дуздӣ? Агар мо, ки коршинос нестем ва як мухолиф ҳастем инҳоро бигӯем мо “примитивем?”. Аз кадом давлатмеҳварӣ мешавад сухан кард? Имрӯз, ки давлат дар дасти як хонавода ва авлод аст, дидаву дониста худро нодида ангоштанро мешавад коршиносӣ донист. Мавқеи ватандорона доштан? Онҳое, ки ба иҷбор ҷилои ватан карданд мавқеи ватандорона надоранд? Онҳое, ки хилофи сиёсати зиддидемократӣ, алайҳи қабиласолорӣ, авлодмеҳварӣ ва ҳокимияти хонаводагианд ватандор нестанд?
“Мавқеи ватандоронаи “коршиноси мавзӯъ”,ки “бе ҳеҷ тамаъу ғаразе” “тафаккури давлатмеҳвар дошта бошад” он гаҳ сидқ мекунад, ки воқеӣ, холис, боинсоф ва боадл ва ҳақгӯ бошад. Чаро тафаккури ман давлатмеҳвар бошад? Дар ҳоле, ки давлатам нест, балои сарам, офати ҷонам, боиси зиллат ва ҳиҷрати ман, боиси бадбахтиҳои ман шудааст.”
Он инсон соҳибназар аст, ки назараш рост бошад, ростро гӯяд, ростро талқин ва ташвиқ кунад. Ва дигар ин аст ки агар бидонед, ки оппозитсия плафторма ва потенсиал надошта бошад, дар борааш чизе нагӯед. Ва боз ҳам агар шумо коршинос ҳастед инро ба баррасӣ бигиред, ки иллати норозигии оппозитсия дар чӣ аст? Давлатемеҳварии шумо ин аст ки Раҳмонов ва 7 домоди расмиаш мултимиллиардер шавад. Ҳар кадоми онҳо бонк доранд. Писараш вазифа гирад, духтараш вазифа гирад. Ҳамин давлату ҳамин меҳвар? Давлат ба назари шумо чӣ бошад? Дар пушти халқ халачӯб халонидан, роҳашро пулакӣ кардан, обашро фурӯхтан барқашро хомӯшонидан, заминашро фурӯхтан, пахтаашро ба инҳисори додарарӯс додан, заводи алюминиюми якуниммиллиард долларӣ ку? Ин давлатмадору давлатмеҳвари шумо як мушт ҷинояткоре мебошанд,ки бо зури ва силоҳ бар сари мардум ҳокимияти золимона доранд.
Аз устод Нурӣ гуфтаеду аз устод Ҳимматзода. Ҳоло инҳоро душмани нумраи аввал медонанд. Ман мутмаинам, ки агар ин ду дар ҳаёт буданд аслан ин гапро намегуфтед ва агар ҷойи онҳо Кабирӣ ё як нафари дигари наҳзатӣ шаҳид шуда буд ҷои онҳо номи онҳоро мегирифтед? Чаро ягон бор номи Тураҷонзодаро намегиред? Ҳатто ба ваъдаи кардаатон дар Варшава вафо накардед? Ин туҳмат нест ба шумо ҷаноби Раҳнамо.
“Агар дар баробари шумо давлат буд (на бонди сиёсӣ ва на иқтидоргароёни қабилаӣ ва на як диктотур) ман мутаминам шахсан худи шумо баланд мешудед ва мегуфтед, ки Зайдро озод кун. Чун шумо аз ҳар кадоме аз мо бештар медонед, ки Зайд на дуздидааст ва на ғар аст ва на ҷинояткор. Ончиро ки аз Маскав овард ва ончиро ки ҳоло пеш аз соли 92 доштро гирифтанд. Магар, агар давлат давлат буд ин корро мекард? Инки кори як давлат нест, ҳамин тавр не?”
Шумо ҳоло ҳам мегӯед, ки ман аз мавзӯъ гуфтам шумо боз аз шахси ман гуфтед. Дуруст чун шумо мавзӯъатон мавзуъ нест, илло инки ҳама дар гирди давлат (Раҳмон) муттаҳид бишаванд, то давлат (Раҳмон) устувор бишавад. Аслан ақлу мағз доред? Чаро бояд чунин давлат, ки ҳеҷ кори давлатро намекунад бояд устувор ва собит бошад? Пеши чашми шуморо чи пардае гирифтааст намедонам, ки дар лесолесӣ мақоми аввалро гирифта истодаед,бояд ба шумо шоҳҷоизаи солро не асрро диҳанд,чун воқеан сазоворед. Дар руҳия ва равони хасташудаи мардум таваҷҷӯҳ мекунед?
Мардум хаста шудааст, дилбазан шуд. Сахт дилбазан шуд. Беҳад дилбазан шуд.
Шумо агар давлатмеҳваред чаро як бор намегуед, ки ҳамин Далер Шариф чи хатар дорад? Раҳматуллои додар зани Раҳмонов миллионҳо миллионҳо сомонӣ аз барқ қарздору хона ба хонаи камбағалҳо чакар зада истодаанд, ки фурӯзонаки каммасраф доранд ё хайр?
“Қударт ва идораҳои давлатӣ дар дасти Дузди дуздон вале барои шумо ӯ давлатмеҳвар.”
Шумо як обсофгарак, як дурӯғросткунак ҳастед, ки зӯр зада, зӯр зада онҳоеро давлату давлатмеҳвар гуфта истодаед, ки ин тавр нестанд. Оё Раҳмонов давлатро ниҳодина кард ё дуздиро? Оё давлат ниҳодина шуда истодааст ё дуздӣ?
Ҳамин шароит билфарзе 29 соли дигар идома пайдо кард. Ва, баъди Рустам Анӯшервон омад. Баъди Абдулло Раҳнамо бачаҳояш. Боз бачаи шумо бачаи Рустамро давоми мантиқӣ, устувории сиёсӣ, давлатмеҳвар ва ниҳодина гуфта замзама карда мегардад? Бачаи Зайду бачаи ману бачаи Кабирӣ бояд ҳамин тавр дар ғурбат бимонанд ва ё раванду мисли Ҳайиту Зайду бобои Донаи 87 сола зиндонӣ шаванд?
“Коршиноси муҳтарам. Инсоф диҳед. Ончиро ки шумо ба чашмони шаҳлову ақли расоятон давлат дида истодаед чашмони мо аъвар ё аҳвал бишавад агар онро давлат қабул кунем.”
Парчам дорад, гимн дорад, пул дорад, марз дорад, қарз дорад, сафорат дорад, ҳамачи дорад ҳатто бар фарқ аз Омрикову Урупо Пешво ҳам дорад аммо давлат нест. Давлат сохтмони бинои ҲХДТ бо пули ҷавонмардони саховатманд нест. Давлат сохтмони бинои УБОП нест. Давлат маоши муаллим, давлат, андози мардум, давлат ….оппозитсия ва муҳимтар аз ҳама давлат моли ҳама ва барои ҳама аст. Давлат мол ва мероси момаи Майрамбӣ нест охир,ки ба инҳо меросаш монда бошад.
Дар мавриди муноқишаҳои давлати Афғонистон сухани доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳро овардед,ки метавонист “Арк”и раёсатҷумҳуриро ҷонибдоронаш хароб кунанд,вале ӯ бо назардошти чанд далел нагузошт ин корро. Барои тақвияти суханони худ инро овардед: “Хушҳолам, ки дар ниҳоят саломати низоми давлатӣ ҳифз шуд…”
Давлати Афғонистон бо он ҳама кашмокашӣ,нооромӣ ва… бо итминон мегӯям сад сару гардан аз низоми ташкил намудаи Раҳмонов, ки моломоли фасод, бесару сомонӣ, низоми пусидаи идорӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва дар ҳама абъод аз давлати Афғонистон поёнтар ва заъифтар аст.
Дар Афғонистон гурӯҳҳои террористӣ амалҳои ваҳшатафканиро анҷом медиҳанд, давлат ва мардум аз онҳо нигаронанд. Аммо дар Тоҷикистон мардум аз КДАМ ва СС.Ятимов ва ВКД Рамазон Раҳимзода дар ҳаросанд, ки дарамонро мезананд, аз хонаҳоямон ё аз кучаву хиёбонҳо ба таҳхонаҳои ин ду ниҳод мебаранду бе гуноҳ зиндонамон мекунанд. Метавонед мардона инро инкор намоед ҷаноби Раҳнамо? Пас кадомин инҷо беҳтар будааст?
“Агар шумо давлатро ниҳодина карданиед бояд мегуфтед, ки иваз шавад. Шумо барои завқу табъи як диктотур навишта истодаед, худро фиребида худро фурӯхта. Шумо, ба назар мерасад хавотиру нигарон оппозитсия ҳастед. Лутфан нигарони мо нашавед ва хотиракатонро мушавваш ҳам накунед. Боз ягон оппозитсионер шуморо помошник мегираду дар ҳасби ҳолатон худро давлатӣ муаррафӣ мекунед.”
Ин масъаларо, ки пеш мекашед ва тарсониданӣ мешавед, ки оппозитсия кадр надорад, ин тавре нест, ки роҳи ҳал надошта ва бошад. Аз курсии раиси ҷамоат гирифта то шаҳру ноҳияву вилоят тавассути интихоби мардум маълум мешавад. Агар оппозитсиони феълӣ ба ҳокимият даст ёфт ҳамин таҷрибаи пазируфта ва суфташударо истифода хоҳад кард. На ба он шакле, ки имрӯз ҳаст: фарзандҳо, домодҳо, хешу табор ва ҳамшаҳриҳо, ва киноя ҳам назанед, ки ним Ҳимматзода ҳам надоранд.
“Шумо фаромӯш накунед, ки аз ҳамон оғози муборизаҳо дар соли 1991 мухолифин пойгоҳи иҷтимоии мустаҳкам ва устувор доштанд ва доранд. Мухолифин ин яъне мардум, наход дар нуҳ миллион шаҳрванд мо ба мисли Бег Сабур, Нуриддин Саид, Рустами Эмомалӣ, Озодаи Раҳмон, Фаттоҳ Саид, Амонулло Саъдуллоев, СС.Ятимов,Рамазон Ниҳонӣ, Ҳасан,Амрулло, Зоир,Шаҳбоз,Гулмаҳмадзода,Юсуф Раҳмон,Асадулло Раҳмон, Шермуҳаммад Шоҳиён ва…. афроде,ки ин режимро ба ин ҳолу рӯз расонидаанд болотар надошта бошем.”
Шумо бо ин сухан ҳама мардуми кишварро хоссатан зиёиён ва равшанфикрон,сиёсатмадорони ин миллатро тавҳин кардед. Чун мухолифин яъне ҳомии ин ҳама мардуме,ки дар ҷабру зулми ин “низоми раҳмонмеҳвар” қарор дошта мебошанд. Аз ҷумла худи шумо,ки феълан яке аз ин мардуми ҷабрдида аз ин низом мебошед. Агарчи ҳазор бор не ва инкор ҳам кунеду шона холӣ кунед. Агар боваратон медоштанд ва ҷузви “низоми раҳмонмеҳвар” мепиндоштанд шуморо ҷоятон хело боло буд. Хуб медонеду афсӯс,ки мехоҳед ҳам худ ва мардумро роҳгум занонед.
Фикр мекунед, ки давлати Раҳмонов пойгоҳи иҷтимоӣ дорад? Ҳама ҳарфи муфт аст. Раҳмонов ҷонибор ва пойгоҳи иҷтимоӣ надорад. Агар Раҳмонов пойгоҳи иҷтимоӣ дошт ва агар Раҳмонов бидонад ва медонист, ки ӯро интихоб хоҳанд кард Фаромуз Эргашевро мегуфт, биё вориди саҳна бишавем. Аммо ӯро дидем,ки бо киҳо ба спектакли доир кардааш рафт.
“Агар мардонаед иқрор ва эътироф кунед, ки дар соли 2013 шумо дар листи кӣ имзо гузоштед? Ойниҳол Бобоназарова ва ё Эмомалӣ Раҳмон? Эълони ин нукта барои шинохти шумо муҳим аст. Хуб, медонед, ки ҳамроҳи Кабирӣ на ҳама наҳзатиҳо паноҳанда шуданд….”
Агар дастуруламал иҷро нашавад, истиқбол накардем, чи хоҳад шуд? Маҳтоб ҷои офтобу офтоб ҷойи маҳтоб меравад,бар хилофи тулӯъу ғуруб? Аҷаб гапе… Бовар кунед, аслан муҳим нест…