(бахши аввал)
Мардуми Қумсангир яке аз осебдидатарин ва зери ситамқароргирифтатарин навоҳии кишвар мебошад. Агарчӣ мардуми Шаҳритуз ва Қубодиён дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ талафоти зиёде дода бошанд вале паноҳгоҳи гурезаҳо набуд, чунки худи мардуми ин ду ноҳия зери ситами аҷнабиён қарор доштанд ва барои зинда мондан талош ва даступанҷа нарм мекарданду муқовимат менамуданд. Аммо мардуми Қумсангир ба паноҳгоҳи ҳамаи онҳое, ки аз Қурғонтеппа фирор намуда буданд, паноҳгоҳ шуда буд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳеҷ хонаи мардуми Қумсангир бе гуреза набуд ва гурезаҳоро пазироӣ мекарданд. Аввалин паноҳгоҳи Ҳукумати Муросои Миллӣ пас аз ишғоли Қурғонтеппа метавон унвонаш кард. Худро зери мушкилтарин ҳолатҳо гузоштанд вале ҳеҷ гурезаеро озор надодаанд. Аксаран пас аз қафонишинӣ ба Колхозобод ва Қумсангир ё ба Афғонистон ва ё тавассути Эсанбой ба Душанбе ва пас аз расидан ба марказ бархе ба шарқи кишвар ва бархе аз онҷо ба кишварҳои дигари Муштаракулманофеъ тавассути Хуҷанд ва аз онҷо ба Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Русия гуреза шуданд. Муҳим Қумсангир барои мардуми Қурғонтеппа аввалин паноҳгоҳ барои зинда мондан маҳсуб мешуд. Аз ин ҷиҳат режими кунунӣ ин мардумро аслан дӯст намедорад ва пайваста зери сангинтарин ҳолатҳои маишӣ, иҷтимоӣ ва тангноҳои гуногун қарор дода аст. Хунхортарин қумондонҳои саҳроии ин режим дар ин ноҳия буданд ва мардуми инҷо пайваста зери таарруз қарор мегирифтанд ва он ҳолат то имрӯз идома дорад. Агар таърихро бихоҳем ба хотир орем метавонем беш аз 17 нафар хунхортарин ҷаллодони ин режимро, ки маҳз дар ин ноҳия даст ба тороҷ, таҷовуз ва хушунат задаанд, метавонем ёд орем ва аз аъмоли онҳо ҷилд ҷилд китоб ва садҳо навор тақдими мардуми кишвар намоем. Аммо ёди он солҳо ба бадӣ пеши назари мардуми зиндамондаи он боқӣ мондааст ва намехоҳем он аламҳоро ба ёд орем. Мегузарем ба зулму ситамҳои режими Раҳмонов дар ин солҳо.
Инҷо мехоҳам корнамоиҳои собиқ раиси ҷамоати қумсангир Асақолов Муродбекро ба миллат бирасонем.
Асақолов Муродбек дар соли 2017 аз вазифаи котиби раиси ҷамоат ба вазифаи раиси ҷамоат таъин шуд. Номбурда истиқоматкунандаи деҳаи Орзуи ҷамоати Қумсангир мебошад.
Дар ибтидои корияш ӯ масҷиди деҳаи пахтакорро ба мактаб табдил дод.
Дар назар буд, ки ташкилотҳои арабӣ барои сокинони деҳаи Телмон як масҷид ва як мактаб бисозанд. Дар байни деҳаи Пахтакору Телмон як замини фермерӣ мавҷуд ҳаст ва дар назар буд, ки аз он замини мактаб ҷудо карда барои сокинони деҳаи Телмон ва Пахтакор мактаб бисозанд. Аммо азбаски хоҷагидор шахси бо обрӯ буд зӯрашон нарасид, ки замин ҷудо кунанд. Ва бо роҳи фиреб аз мардум имзо гирифта масҷиди деҳаи Пахтакорро ба мактаб табдил дод. Вақте ин гап ба араби сармоягузор мерасад, араб, ки дар ноҳия чанд лоиҳаи хайриявӣ дошт, корашро қатъ мекунад. Ва инҳо ба он араб бурда имзои мардумро нишон дода мегӯянд, ки мардум худашон ба мо ариза пешниҳод карданд, ки ҳамин масҷидро мактаб кунед. Баъдан араб корашро давом медиҳад. Масҷиди деҳаи Пахтакор соли 2015 қисман бо кӯмаки арабҳо бо ҳашари мардум бозсозӣ шуда буд. Ва соли 2016–17 соҳибкори муҳоҷири маҳаллӣ дар қисмати рости масҷид як масҷиди зимистона месозад. Ва дар қисмати охири масҷид як гармхонаи лиму, ки мардум дар солҳои пеш бо ҳашар сохта буданд, то ки хароҷоти масҷидро барорад, бо ҳамаи ин амвол масҷидро гирифтанд, ва мардум хостанд, ки гилему дегу табақу, брезинти масҷидро гиранд амниятиҳо гуфтанд, як чизаш гум шавад шуморо ба ҷавобгарӣ мекашем. Ба ғайр аз ин дар дохили масҷид кондитсионерҳои қимати зималетний буд. Ҳамаи инро гирифтанд ва фоидаи лиму мувофиқи гуфтаи мардум ба кисаи сардори амнияти ноҳия меравад. Пас аз гирифтани масҷид барои ба синфхонаҳо табдил додани он аз 700 хоҷагии сокинони деҳаи Телмон ва тақрибан 200 хоҷагии деҳаи Пахтакор дар навбати аввал 200 сомони ва баъдан боз чанд сомонии дигаре Муродбек гирифт. Аммо боз ҳам кор пеш нарафт. Ранг ва таъмир боз ба души раисони маҳаллаҳои ду деҳа бар гашт. Мардум дигар ошкоро гуфтанд мо дигар пул намедиҳем. Барои аз мардум пул гирифтан кормандони Амният бо ҳамдастии кормандони ҷамоат як шаб тирезаҳои мактабро зада шикастанд. Ана субҳи он рӯз амният шурӯъ ба таҳдид кард. Ҳамаатонро якто якто бурда мешиканематон дар амният ин кори дасти шумо буд. Инҷо дигар мардум ба тарс афтоданд ва ба душидан омода шуданду сарҳоро хам карданд Қаюмов Алишер Абдуманонович раиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷамоат таъин шуд. Номбурда зодаи деҳаи Пахтакори ҷамоати Қумсангир қорӣ хатмкардаи Донишгоҳи Исломии Тоҷикистон зоҳиран шахсӣ бо тақво буд.
Аммо бо расидани ба вазифа ботинашро ошкор кард. Вақте масҷидро гирифтанд дар ду тарафи масҷид гунбаз буд ва касе ҷуръат накард, ки гунбази масҷидро чапа кунад. Ӯ бошад баромада гумбазро чапа кард. Масалан ба як ҳамкораш гуфтанд, ки рафта ба ҳамдеҳагонат ин тавр гуй. Аммо ӯ гуфтааст, ки ман дар онҷо зиндагӣ мекунам, ва ин гапро ман намерасонам агар хоҳед маро аз кор ронед. Алишер, ки худашро Муҳаммад ҳам ном гузошта буд бисёр бо таккабур сухан мегуфт ва шахси нобовар буд. Барои тӯю маъракаҳо доляашро мегирифт боз омада чойяшро мехӯрд бо коркунони ҷамоат мерафт ва боз милисаро равон мекард. Милиса омада боз доляи худашро мегирифт. Хулас аз ҳисоби ҳамин хел беруияш ӯ ва дигар ҳамкоронашро бачаҳои мастчоҳии деҳай Халақ подстава карда ӯ ва дигар ҳамкоронашро бо раиси ҷамоат аз кор пеш мекунанд дар соли 2019.
Дуюм: корномаҳои раиси ҷамоат ин фурухтани заминҳоест, ки дар он Роҳи Оҳани Қумсангир буд. Ноҳияи Ҷайҳун ноҳияи кишоварзӣ буда бо кушодани сарҳади Ӯзбекистон метавонист аз лиҳози ҷуғрофӣ ба як ноҳияи пешрафта табдил ёбад. Ва аз ҷониби дигар Қумсангир ҳамсарҳади Ҷумҳурии исломии Афғонистон мебошад ва метавонист, ки ин роҳи оҳан тавассути пули Панҷи поён ба Афғонистон биравад ва аз онҷо ба Покистон ва Эрон. Аммо маълум мешавад, ки ин ҳукуматдорон нияти сохтану беҳбуд кардани ин давлатро надоранд. Тамоми ин заминҳои роҳи оҳани Қумсангир дар давраи ҳамин Муродбек ва бо миёнаравии бевоситаи ӯ фурӯхта шудаанд.
Сеюм: дар соли 2018 дар деҳаи Орзу бо кумаки ҳамаи сокинони ҷамоат боғчай бачагона сохта шуд ва баъдан онро Муродбек гирифта шахсӣ карда боз ба касе фурӯхтааст. Барои сохтмони ин боғча масҷидҳоро гаравгон гирифта гуфта мешуд агар ҳамин қадар пул наёред масҷидатонро мебандем. Масалан дар моҳи рамазони соли 2018 Қаюмов Алишер раиси танзими ҷамоат ба масҷиди мо омада барои харидори кардани диванҳо ба мо 4000 ҳазор сомонӣ долия муқаррар кард.Бо таҳдид чунин гуфт: «агар ин маблағро тез ҷамъоварӣ накунеду насупоред мо чорабинӣ мекунем» Ин таҳдидашро ҳама аҳли масҷид шуниданд ва моҳи рамазон ба инҳо аслан ҳеҷ арзише надорад. Мегуфта бошед мо ғулом бошем ва ин кормандони ҳукумат хоҷаҳои мо. Дар ҳоле ҳамаи мо пул ҷамъоварӣ намуда ба раиси ҷамоат дода будем. Ин боз алоҳида бояд ҷамъоварӣ кунад.
Чаҳорум: бо роҳи фиреб гирифтани масҷидҳои беҳуҷҷат аз дасти мардум ва фурухтани онҳо ба шахсони пулдор.
Дар деҳаи Тоҷикистон як қабристон мавҷуд аст ва аз тарафи чапи он аз солҳои шӯравӣ замини қабристони баъдӣ ҷудо шуда буд. Он заминҳоро мардум муваққатан истифода мебурданд, ва дар давраи раисии ҳоҷӣ Абдуғаффор ин заминҳо бо миёнаравии ҳоҷӣ Ҷамшед фурӯхта шуда буданд. Муродбек бо ҳамин фанду фиреб аз мардум имзо гирифта масҷидҳоро гирифта фурӯхтанд. Дар ибтидо раисони маҳала мегуфтанд, ки биёед имзо гузоред масҷидҳоро ба номи фалон мегузорем. Ҳар вақте тинҷӣ шуд боз масҷидҳоро гирифта намоз мехонем. Аммо баъзеҳо розӣ нашуданд ва ин кор кашола ёфт. Баъдан раиси ҷамоат бо иқдоми гирифтани заминҳои қабристон аз мардум имзо ҷамъ кард, ва масҷидҳоро гирифта фурӯхт. Масҷиди деҳаи Телмонро фарзандони эшони Саймаҳбуб харидаанд. Ва азбаски дар байни ин мардум як нафар дар кадом вақте гуноҳи ду прокурорро ба гардан гирифта ҳабс шудааст, гапаш мегузарад. Хулас эшони Саймаҳбуб пулаш сӯхт. Масҷидро гирифта натавонист, даъво кард касе ба додаш нарасид. Масҷиди деҳаи Анорзор аз соли 90ум то соли 2018 фаъол буд. Дар он солҳо раиси маҳалла Мирзо як замини дуздиро дар қайди масҷид мемонад, бо нияте,ки ин заминро як руз бозпас бигирад. Аммо аз мардум шарм доштааст, ки ин заминро бигирад. Дар солҳои2009ум хатиби ноҳия муллоҳоро супориш медиҳад, ки масҷидҳоро ҳуҷҷат кунед ва муллои деҳаи Анорзор барои ҳуҷҷат кардани масҷид аз мардум пул ҷамъ мекунад ва аз қафои ҳуҷҷат кардани масҷид мешавад. Дар ин миён Мирзо, бо бародараш, Файзиддин муллоро даъват карда ҳуҷҷатҳоро аз дасташ мегиранд ва мегӯянд,ки кори худатро кун. Алъон бо пули қисман ҷамъ кардаи мардум масҷидро хариданд ва мардумро аз намоз хондан маън карданд. Гарчанде,ки раиси ҷамоати ҳозира Зоир ин корро маҳкум мекунад ва мегӯяд рафта намоз хондан гиред. Аммо Файзиддин мегӯяд аввал пулҳоямро диҳед.Замини дуздии Мирзоро бародараш Файзиддин мехарад ва худи масҷидро фарзанди Мирзо Аслиддин мехарад.
Ин Файзиддин бузи тапа таёр аст, касе дилёб намешавад, ки бо ӯ даъвою баҳс кунад. Дар назар аст рӯзи 1 уми феврал масоҷид боз шаванд. Ӯ гуфтааст 12000 сомони метиед масҷидро боз мекунем, эмоми расмии масҷиди Анорзор ҳамин Файзиддин буд, ҳоло раиси деҳаам ӯ мебошад, доғи суди дорад, ҳафт сол ҳабс шудааст, дар мактаб муалим кор мекунад, соҳиби 5 писар аст, ҳамаи писаронаш домлои деҳа ки шогирди махсуми Абдулвоҳид буданд. Ба ин нигоҳ накарда дар солҳои 2014 домулоро мефурӯшад, ки дар хонааш мударис дорад ва милесаҳо омада домлоро бо ду мудариси ҷавон боздошт мекунанд. Домулоро ба милесахона мебаранд, сардори милеса ӯро насиҳат карда ҷавобаш медиҳад. Мардуми деҳа аз домулло мепурсанд,ки нисбати шумо чи чора диданд? Домулло мегуяд, ки сардори милеса инсони хуб бдааст ҷавобам дод. Аммо Файзиддин боз бурда ба боло ин хабарро мерасонад, ки ӯ мулло началника таъриф карда гаштааст. Дубора бурда ба прокуратура медиҳад,ва нисбаташ чора мебинанд. Дар деҳаи Анорзор Файзиддинро ҳама бад мебинанд пешниҳодҳояшро касе намепазирад,аз ҳамин ҷост ки аз мардум қасд гирифтаистодааст, мегуяд ки ман мошин фурӯхтам масҷидро харидам, аммо як хонаи боҳашамат сохтааст, ки се писараш дар муҳоҷират ҳастанд. Писари калонияш дар як ширкати турки кор мекард бо кадом айбе уро панҷ моҳ пеш аз кор ронданд, писари дуюмаш, низ ҳолоҳам дар ҳамон ширкатҳои турки кор мекунад, писари сеюмаш дар Алмаато дар кадом зале машқ мекунад. Пас аз ин мълум мешавад,ки ин иншоотро бо пули мошин сохтаанд. Мо медонем,ки оилаашон калон аст ва пули муҳоҷират танҳо ба хурдан ба зур мерасад. Файзиддин бошад пули кассаи ҷамъият ки 8000 буд гирифта ба ӯ мегуянд ки пули кассаро намеёред? Файзиддин мегуяд ки исбот карда метавонед ки пули кассаро ман гирифтаам. Хулас як ҷамъиятро тороҷ карда гаштааст, Масҷиди деҳаи суғдиёнро бошад як соҳибкори маҳаллӣ харида ба намозгузорон тақдим мекунад.
Масҷиди деҳаи Суғдиёнро бошад, як соҳибкори маҳаллӣ харида ба намозгузорон тақдим мекунад.
Панҷум: дубора фурӯхтани заминҳои қабристон дар солҳои 2014,2017 ҳоҷӣ Ҷамшед,ки ҳамкурси як прокурор,ки аз зодаи Кулоб ва дар вилояти Суғд кор мекардааст. Хулоса кор буд куни ҳамин минтақаи мо ба ҳисоб меравад. Заминҳои қабристонро аз соҳибонашон,ки ин заминҳоро мувақати истифода мебурданд,гирифта мефурӯшад. Мардумро барои он,ки ҳаминҷо замини қабристон боқӣ монад ташвиқ мекунад ва аз мардум имзо ҷамъоварӣ мекунад ва ба ҳукумат пешниҳод мекунад. Пас аз ин ҳукумат қарори пешинаро бекор мекунад,заминро ба қабристон бар мегардонад. Ана пас аз ин бо баҳонае,ки замин як қисматаш ба дарё наздик аст ҷудо карда, ба замини назди ҳавлигӣ мефурӯшад.
Мардум аз тарси он ки боз заминҳоро нагиранд дар ҳол хона сохтаанд. Ва аз мардум барои девор кашидани қисми боқимонда пул ҷаъм мекунад, аммо девор намезанад ва бо ҳашару бо чӯб мардум онро девор кашиданд. Аммо мувофиқи маълумоти мо қисми боқимондаи қабристонро ҳам фурӯхтаанд.
Шашум: фурӯхтани заминҳои собиқ учхози ҷамоати Қумсангир ин замин 43 гектор аст баъди барҳам додани учхоз Разоқов Одил онро ба хоҷагии фермери таъсис медиҳад ва бо аъзоҳояш он заминро обод мекунад ва чанд гектори онро ба иҷора медиҳад. Пас аз он, ки ин замин дар ин минтақа бо арзиш шуд, Ҳоҷи Ҷамшед аз якчанд нафар бо ваъдай учхозро мегираму ба ту замин медиҳам пул мегирад ва ба боло медиҳад. Одил ки шахси кордону корчалон буд гардан надода ба суд муроҷиат мекунад ҳаминтавр баҳсҳо давом меёбанд ва кор то ба суди олӣ мерасад ва суди олӣ корро ба нафъи Одил ва аъзоҳояш, ки то ба суди олӣ ҳамроҳаш рафта буданд, ҳал мекунад. Одил гардан надоду ғуломи Ҳоҷӣ Амруллои хусурбачаи Раҳмонов шуд, аз ӯ ёри пурсид ӯ ёриаш кард аммо пахтаашро ҳаққи ба дигар ташкилотҳои пахтахар фурӯхтанро надорад. Пас аз ин ҳоҷи Ҷамшед сахт қарзидор шуда аст, то ҳол ба худ наомадааст ин кор агарчӣ солҳои 2016 2017, сурат гирифта бошад ҳам таъсирашро мо имрӯзҳо ҳам эҳсос мекунем. Хулоса 2 га аз ҳамин заминро Муродбек бо маблағи 500 долари сари ҳар сотик мефурӯшад.
Ҳафтум: дар соли 2018 ки аз ҷониби Раҳмонов эълон шудани соли 2018 -2021 соли рушди деҳот ба ҳамай иншоотҳои мардум мудохила карданд. Алишер ки аз ҳама золими мумтози он давра ба шуморо мерафт. Дар ҳамин ҷамоат буд, омада ба ҳама иншоотҳои мардум мудохила карда, бояд оғилат интавр бошад ҳоҷатхонаат интавр бошад, зулм кард ва дар деҳаи Телмон чандин гармхонаҳо,оғилҳоро чапа кард ки бояд оғилат аз назди дарёча 25 метр дур бошад. Касе пул надод чапааш кард ва касе пул дод ба ҳолаш гузоштанд, мардум аз дасти Алишер ба дод омада ба падараш акай Абдулманон шикоят бурданд.Алишер падарашро гуш накард, ва падараш аз дасти ӯ ки мардум бисёр шикоят карданд, фишораш баланд шуду мурд (Худо раҳматаш кунад) Қаюмов Алишер баъди аз кор ронданаш, дар ҳамон масҷиди мактабшуда, каме кор карда, ҳоло бошад дар душанбе дар 9 ум километр хона бунёд карда рафтааст. Мувофиқи маълумоти мо ӯ дар кадом мактабе муалим кор мекунад.
Асақолов Муродбек бошад Ҳоло дар шуъбай кадрҳои ҳукумати Қумсангир кор мекунад. Тибқи маълумоти мо ӯ ҷияни Шуриш шахси маъруфи ноҳия мебошад. Зулме,ки Муродбек ва Алишер ба мардуми Қумсангир кардаанд ,касе дар гузашта накарда буд, ва дар оянда низ Худо нишон надиҳад. Мо аз хонавайронкунии Муродбек чизе намегуем, ҳамаи гуфтаҳоямон воқеи буда, дар ҳеҷ як ҷумлаамон зиёдаравие нест.
Ҳаштум: дар ҷамоати деҳоти Қумсангир, кормандони ҳама бахшҳои ҳукумати гашта истодаанд (андоз, об, барқ, милисаҳо). Кормандони андоз мардумро аз соли 2016 квитансия талаб доранд ва бо ҳар роҳ камбудӣ ёфта мардумро дар ин давраи вазнин, ки Раҳмонов даъво карда буд, мо захираи ду сола дорем ва мебоист ба мардум аз он захира кумак кунад, баракс ҷаримаҳои вазнин карда истодаанд; алалхусус хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермериро.
Кормандони соҳаи об бо милисаҳо пули обро талаб доранд. Коркунони соҳаи барқ бошад ба монанди кормандони андоз як асбобак дар дасташон тамоми ҳисобкунакҳои мардумро месанҷанд ва мардумро ҷаримаҳои калон мекунанд. Ин асбобак танҳо ҳамон ватро нишон медиҳад. Масалан мегуянд, ки ягон пилтаи боқувватро гирён кун. Баъдан ҳамон асбобро ба сим мезананд ва он вати баланд нишон медиҳад 500ват сония. Онро ба киловат дақиқа зарб мезанан, ва онро ба соат ва бистучаҳор ҳамин тавр ба 365 рӯз зарб мезанан. Он сифре,ки ҳисобкунак дар як сол кор кардааст ду баробар зиёд нишон медиҳад ва ҳамон қадар ҷаримаат мекунанд. Гӯё, ки 24 соат ман пилта гирён кардам ва ё 24 соат ман барқ доштам ва ё инки дар баҳору тирамоҳу тобистон ҳам ман пилта истифода карда бошам. Бовар кунед Тоҷикистонро даҳшат фаро гирифтааст. Оқибаташ чи хоҳад шуд номаълум….
Поёни бахши аввал, идома дорад…
Ps: Ин аввалин номае буд аз Қумсангир ба “Ислоҳ” расида аст. Мо мунтазири номаҳои дигари сокинони Қумсангир ҳастем. Хуб медонем,ки вазъатон хело бад аст вале метарсед аз навиштан. Осуда бошед нависед, касе аз шахсияти шумо огоҳ нахоҳад шуд.