(Нақли ин ҳодиса аз муҳофизи Файзалӣ Сайдов ва ветерани «Фронти халқӣ»,на аз мухолифони Э.Раҳмонов)
Сангак Сафаров 1.01.1928 дар Данғара таввалуд шуда баъдан ба шаҳри Кулоб кӯчидааст. Ду бародари вай дар даврони репрессияи сталинӣ дар солҳои 1937 ва 1939 кушта шудаанд ва ду додараш дар солҳои ҷанги 1941 -1945 аз гушнагӣ ҷон бохтаанд. Вай се маротиба бо иттиҳомӣ дуздӣ ва одамкушӣ суд шуда 23 соли ҳаёташро дар зиндон гузаронидааст. Дар Кулоб буфет дошт, ки дар он вино ва шароб мефурӯхт.
Саидов Файзалӣ Қурбонович 5.01.1962 дар совхози Куйбишеви нохияи Комунистии вилояти Қурғонтеппа тавалуд шудааст. Вай аз курсии мактаб ба варзиш машғул буд. Баъди хатми мактаб дар комбинати мебели Қурғонтеппа кор мекард.
“Файзалӣ Саидов соли 1990 ҳамчун муҳофизи эшони Сайид Ашраф дар тазоҳуроти муқобили ЦК-и Тоҷикистон иштирок кардааст.”
Нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ кушода буданд. Муфаттиши УВД-и Қурғонтеппа Абдураҳимов Нуриддин (акаи генерал Хайриддин Сайидович Абдураҳимов, раиси собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон,аз ноҳияи Бохтар деҳаи Нихи) ки бо Файзалӣ Саидов хешу табор буд, ки аз ин парванда номи ӯро берун мекунад.
“Соли1992 падари ӯро, ки дар бозори назди ТЭЦ-и Қӯрғонтеппа картошка мефурӯхту деҳқонӣ мекард, шахсони номаълум дуздида ба таври ваҳшатнок ба қатл мерасонанд. Ҷасади ӯро аз заҳбури пасоби замини пахта пайдо мекунад. Вай дар куштори падараш ба истилоҳи онвақта «вовчик»-ҳоро айбдор меҳисобид.”
Дар он солҳо минтақаҳои алоҳидаи Қурғонтеппа байни ду гурӯҳи тарафдорони Фронти халқӣ ва оппозитсион даст ба даст мегузашт. Аз ҷумла ҳамин совхози Куйбишев ҳам чанд бор даст ба даст шуда буд. Он вақтҳо як сериали мексикоӣ буд бо номи «Просто Мария» ва ҳар вақт ки як каме оромӣ мешуд, ҷанговарҳо шӯхиомез ба якдигар мегуфтанд ки “вовчико ҷанг тамом, филми Мария Лопес сар шид, баъди филм ҷанга давом метием».
Як вақт ҳолате пеш омад, ки гурӯҳҳои мухолиф, тақрибан моҳи июн, ҳуҷуми сахт карда ба ҷуз аз Калининобод ҳама ҷоро ишғол намуданд.
Як қисми мардум ҳамроҳ бо боевикҳои Фронти халқӣ ба тарафҳои Сангтуда ва Данғара ва районҳои вилояти Кӯлоб бо аҳли байту молу ҳолашон гуреза шуданд. Охирон посте, ки дар қарибии Калинобод воқеъ буд, онро ҳам раҳо карда буданд.
Вақте Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидову Лангарӣ Лангариев бо танкҳою БТРҳои Русия аз Кулоб дубора меоянд, дар ҳамин пости охирон, яъне қарибии Калининобод чанд нафар аз Сангтӯда бо номҳои ДУЛЛОИ девона, Иззати муаллим, Шер ва чанд нафар аз Калининобод бо камонҳои шикории 16 ва 32 монда буданду тамом. Он вақт мегуфтанд, ки мардиро аз мардуми Сангтуда ёд гиред. Як тири танкаро шунидед, ҳамаат гурехта рафтед. Аммо инҳо бо ду камони карамултук постро раҳо накарданд.
“Баъдтар контрнаступлений шуду Фронти халқӣ тамоми вилояти Қурғотеппаро ишғол кард. Файзалӣ Саид ва Сангак Сафаров лидерҳои калидӣ шуданд.”
Ёқуб Салимов ҳам бо ҳамроҳии шаш нафар ҳамяроқонаш савори волгаи сиёҳи газ 3101 аз тарафи Норак омада аз якум пости Сангтуда муаллимеро бо номи Сафар заложник гирифта мехостанд бо дигар пост аз Сангтуда бароянд. Аммо аз бими онки талафот зиёд мешавад, баргашта дар дараи Оби шӯр автомашинаи волгаро партофта шаб ба роҳи ноҳияи Данғара баромада он муаллимро (муаллими Сафар ҳозир ҳам зинда ва дар Сангтуда аст) ҷавоб доданд. Ба Вахш рафта гурӯҳи бачаҳои Вахшро ташкил кард.
“Файзалӣ Саидов Ёқубро вовчик мешуморид. Чунки вай бо Саъдӣ, Исматча, Ғаффор ва чанд нафари дигар дар байни ду майдони Озодӣ ва Шаҳидони Душанбе хайма зада буд.”
Эмомалӣ Раҳмонов бо кличкаи “депутат” маълум буд ва гоҳе боевикҳо ӯро официанти Сангак ҳам меномиданд. Гоҳ вақт ба штаби Файзалӣ Саидов ҳам меомаду дар бочкаҳо вино меовард. Вай дар онҷо бо мӯзаҳои латагии зарди кӯҳна ва костюми чиркини аз давраҳои сталинӣ монда дар хизмати боевикҳои Файзалӣ- командир миён баста буд.
Як бор дар як рӯзе омад, ки Файзалӣ дар штаби хлопзаводи совхози Куйбишев қарор дошт. Бо ҳамроҳии Иззат Куганов, Хӯҷа- командир, Усмон Мурчаев, Почохон ва дигарон менишастанд. Ин вақт як нафар аз телехҳояш бо номи Абдулло давида омада ба ӯ мегӯяд ки “командир и Расули наткин депутата паронданӣ бурд”. Онҳо ба тарафе, ки Расули наткин Эмомалӣ Раҳмоновро бурдааст, мераванд.
Расули наткин яке аз нафарони наздики Файзалӣ Саидов ба ҳисоб мерафт ва онҷо «вес»-и сахт дошт. Мебинанд, ки Эмомалӣ Раҳмоновро дар кунаш бо лагатҳои обдор зада -зада ба як дарахте баста истодаасту ба Эмомалӣ мегӯяд:-
“к…очаи петух ту дар иҷа дар байни мардако чи мековӣ, о, ту омадӣ дар ҳама гуфтӣ, ки қозӣ Тураҷонзода мара (Раҳмонов Эмомалира) ва Адолат Раҳмоноваи данғарагира бисёр …анд. Ҳама кулобиёра хезонден, имруз бо дар иҷа қати мардбачаҳо чи мековӣ? дар к..ои ту ма б..ом, петухи ҳаромӣ, калимата бхон к…зан мепаронумта»
Дар ин вақт Файзалӣ Саидов бо ҳамроҳии бачаҳои дигар омада мебинанд, ки Эмомалӣ Раҳмонов дар брюкаш мезидааст. Гиря кардаву рангу рӯяш суп- сурх, пур аз хун, сараш хам, дар дарахт баста шудааст. Файзалӣ Расули наткинро мегӯяд:
«напарон, бест, чи гапай а мардак?» Расули наткин ба Файзалӣ мегуяд, ки «и петуха парондан даркорай, и ранги рубаҳ макорай, ира чашмош ранги рубаҳай! Очаи ира ма б..м, дар рожаш навиштагиай, ки ма номарди к..теюм. Ира бояд ма бпаронум командир гуфта туфангро ба руи Раҳмонов нишон мегирад.»
Аммо Файзалӣ саидов ба Расули наткин мегӯяд, ки «бест и хусурбачаи маҳай” (зани Файзалӣ бо номи Дилбар аз Данғара буд) А бача бо у дед (бобои Сангак) хафа мешава гуфта Файзалӣ Расули наткинро аз гарданаш ба оғуш гирифта ба тарафи бочкаи вино мебараду ба бачаҳояш фармон медиҳад: «зуд ин депутата гум кунед, ай иҷа, ки мепаронша»
“ва ҳамин тавр Раҳмоновро аз дарахт кушода бо як москвичи зарди будка ба Данғара бо брюки тар мегурезонанд.”
Як бори дигар ҳам Расули наткин Раҳмоновро зада қариб монда буд,ки мепаронд. Вале ин навбат ҳам Файзалӣ бо Сангак якҷоя ӯро халос мекунанд.
Расули наткин ҳамеша Раҳмоновро Эдик мегуфт ва мегуфт,ки «ма серавно тура мепаронум, один х..й ба умеди и кришаҳот нашав петухча! ту рожат мада маҳқул нест! ай пеши ма набро ҳиҷ вақт к…иоча, ки дар хуни ту воре номарди к..те ма ташнаюм “.
Аммо солҳо баъд Расули наткинро низ бо супориши шахсии Раҳмонов дар куҷое номаълум куштанд.
Дигар Файзалӣ Саидов ба ғайр аз бобои Сангак ба ҳеҷ кас гӯш намекард. Бори ахир,пеш аз рӯзи мурданаш Файзалӣ Саидов бо Сангак Сафаров вохурда бо вай баҳсу даъво мекунад.
“Гап сари он меравад, ки 28 ҷавонмарди ноҳияи Данғараро, ки ягон гуноҳ надоштанд аз рӯи рӯихати тайёр кардаи Эмомалӣ Раҳмонов дар як шаб дар подвали кгби вилояти Қурғонтеппа Сангак Сафаров паронда буд. Гӯё онҳо “вовчик” буданд.”
Аммо ба Файзалӣ, ки занаш аз Данғара буд, мегӯянд, ки ин ҷавонҳо,ки аксарияташон бачаҳои бообрӯи Данғара буданд, асосан муаллиму донишманду аз лиҳози ҷисмонӣ низ бақувват буданд, ба мисли Ҷомӣ аз Лоҳури Данғара. Онҳо ягон гуна вовчик набуданд, онҳо танҳо ба Эмомалӣ Раҳмонов маъқул набуданд ва ӯ намехостааст, ки ягонто шахси лидер дар ноҳияи Данғара ба ҷуз аз худи ӯ вуҷуд дошта бошад.
“Файзалӣ мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмонов ва Ёқуб Салимовро аз вазифа гирифтан даркор аст, особенно Раҳмоновро бояд аз ин вазифаи раиси Шурои олӣ бигирем.”
07.01. 1993 Файзалӣ Саидов бо тамоми техникаи ҳарбӣ ва бачаҳояш ба Душанбе рафта дар стадиони Фрунзеи пойтахт мустақар мешавад. Бо омадани ӯ тамоми кормандони баландрутбаи вазорати дохилӣ ва амният пинҳон мешаванд. Эмомалӣ Раҳмонов барвақт дар куҷое пинҳон шуда буд Ҳатто Ёқуб Салимов ҳам дар МВД набуд ва на Убайдуллоев на дигарон дар ҷои корашон набуданд. Фақат як муовини раиси шаҳри Душанбе, ки аз Қурғонтеппа буд ва бо Файзалӣ Саидов ошноӣ дошт ва низ Сайидамир Зуҳуров, вазири амният дар ҷои кор ҳозир буданду халос
Аз боқимондаҳо ҳатто ягон нафар дух намекард, ки ба назди Файзалӣ Саидов равад. Паша пар намезад. Эмомалӣ Раҳмонов аз вазири амният ва одамони наздик ба Файзалӣ илтимос мекунад, ки бифаҳманд, ки барои чи ба Душанбе омадааст командир. Саидамир Зуҳуров бо воситаи Саиданвар Камолови ховалингӣ Файзалиро ба наздаш даъват мекунад. Файзалӣ меояд ва бо Зуҳуров суҳбат мекунад. Файзалӣ мегӯяд,ки бояд Эмомалӣ Раҳмонов, Ёқуб Салим ва Гулрухсор то саҳар нест шаванд. Зуҳуров, ки бисёр шахси босавод, ҷасур ва пухта аст Файзалиро ором карда мегӯяд, ки худат қумандони дараҷаи аввалӣ. Бояд мо ҳеҷ касеро бе асос накушем ё ҷазо надиҳем.Ту ранги фарзанди моӣ, хизмати бисёр кардаӣ барои халқ, обрӯи худат баланд аст, вазири миноборон мешавӣ ба қарибӣ. Ҳозир бошад ба Қурғонтеппа баргардед, бар фоидаи кор аст. Баъди ин сӯҳбат Файзалӣ ваъда медиҳад, ки пагоҳ армияашро гирифта Қурғонтеппа бармегардад.
“Эмомалӣ Раҳмонов аз қасди Файзалӣ ва Сангак бохабар шуда ба хоҷагони хориҷиаш Ислом Каримов ва Борис Елсин мерасонад, ки ин ду командир манро аз раиси Шӯрои олӣ гирифтанианд, ягон чорае дидан даркор аст. Ҳамин тавр накшаи “убрат” кардани ин ду командирро мекашанд.”
Ҳодисаи қатл
Бегоҳии рӯзи 29. 03. 1993 соатҳои 22. 00 Сангак баъд аз онки Файзалиро дар Калининободу Ғозималик намеёбад ба хонаи ӯ меояд. Шаб дар хонаи ӯ сӯҳбат карда “спокойно” ғизои шом мехуранд. Соатҳои дуи шаб якҷоя ба беруни ҳавлӣ мебароянд. Ҳамон бегоҳ барқро хомуш карда буданд. Аммо касе намедонист, ки бо чи мақсад барқ хомуш аст.
Вақте ки Файзалӣ Саидов бо Сангак Сафаров ба берун мебароянд ва мехоҳанд, ки бо якдигар хайрухуш кунанд, киллери Эмомалӣ Раҳмонов дар чашмҳояш “прибори ночной видение” мунтазири маҳз ҳамин ҳолат буд. Вақте Сангак Файзалиро ба огуш гирифта ба ӯ мегуяд “майла бачам худта эҳтиет ку, то дидана” дар ҳамин лаҳза киллерро Сангак мебинад ва аз тарафи росташ туфангашро, ки ҳама вақт “зареженний” буд мебарораду мехоҳад, ки киллерро паронад. Аммо доли сикунд успеть намекунад, киллер аз қафои сари Файзалӣ як тир мепаронад. Файзалӣ вақте аз оғуши Сангак меафта, пеш аз марг фикр мекунад, ки ӯро Сангак паронд. Ба тарафи Сангак мегӯяд, ки “к..очаи номард номардита кардӣ“! ва ҷон медиҳад. Баъди шунидани овози тир телехи Файзалӣ Саидов бо номи Азимсариқи ургутӣ ба тарафи Сангаку телехҳои вай тир кушода онҳоро ярадор мекунад. Зани Файзалӣ ва Ҳусейни бародари Файзалӣ ба берун мебароянду мебинанд, ки Файзалӣ дар оғуштаи хун асту Сангак бо овози хрипдор як дасташ дар шикамаш: “подождите, подождите” гуфта истодааст. Ӯ мехост чи гаперо бигуяд, аммо бачаҳои Файзалӣ дар сари қаҳру ғазаб боз чанд магазин тири автоматро ба сару рӯи ӯ холи карда ӯро аз нофаҳмӣ мекушанд.
Баъди ин ҳодиса вазъият байни бачаҳои Файзалӣ ва бачаҳои Кулоб сахт муташшаниҷ шуда буд. Чунки ҳама мегуфтанд, ки Сангак бачахондашро номардона паронд. Мурдаи Файзалиро саҳари барвақт дар рӯи ҳавлиаш монда буданд, тамоми халқ аз ҷумла ман ҳам, ки корманди мақомоти қудратӣ будам дидам, ки қафои сар ва як чашмаш бо бинти сафед баста буд. Бо ӯ ҳамчун бо як қаҳрамони худашон мардум видоъ мекард. Аммо мурдаи Сангак Сафаров дар ҷӯйи пеши хонаи Файзалӣ мехобид ва ду охранааш ҳам дуртар аз ӯ мехобиданд. Ҳатто мурдаи Сангакро дашном дода баъзеашон дар сару рӯи Сангак пешоб ҳам карданд.
Баъди нимарӯзӣ кормандони милиса ва прокуратураи вилояти Хатлон: -Бобохонов Бобоҷон, прокурори вилояти Хатлон ва сардори УВД-и вилоят Кулобӣ Ашуров омада туфанги Сангакро барои экспертиза бурданд. Ба Иззатулло Куганов ва ба дигар командирони шогирди Файзалӣ гуфтаанд, ки экспертиза муайян кард, ки аз туфанги Сангак ва аз автоматҳои телехҳои вай ягон тир паронда нашудааст.
“Дар аввал аз ин ҷавоб ҳама боевикҳо бо хашм омада мепурсиданд, чи хел напарондааст?Агарне Файзалиро кӣ паронд? Иззат Куганов ва баъзе дигар ба боевикҳо фаҳмониданду баъдан онхо иҷозат доданд,ки мурдаи Сангак ва телехҳояшро гирифта ба Кулоб баранд. Мурдаи Сангакро ба як мошини Рафик бор карданду мурдаи муҳофизонашро ба як Камази самосвал ва бурданд ба Кулоб.”
Раҳмонов пас аз қатли ин ду боз гиряҳам мекунад
30.03.1993 дар боғи шӯъбаи яки совхози Куйбишев маросими видоъ бо Файзали Сайидов доир шуд. Раҳмонов ҳам иштирок карда буд. Раҳмонов сад дарсад заказчик-фармоишгари ин куштор буд.
Эмомалӣ баъди Достиев ва Абдуллоҷонов баромад кард.Мисле,ки зиқ буд.Аммо айён буд, ки дар таҳи дил хурсанд аст.
“Дар охири суханаш Раҳмонов мегуяд, ки алвидоъ қаҳрамони миллат, алвидоъ пуштибони Раиси Шурои олӣ ва боз актёрӣ карда гиря ҳам мекунад.”
- 03. 1993-ро Рӯзи мотам эълон карданду Раҳмонов ба Кулоб рафта дар маросими видоъ бо ҷасади Сангак Сафаров ҳам иштирок карда буд.
Як бародари Файзалӣ Нуриддин ном дошт,ки бо аҷали худ вафот кард.Бародари дигари ӯ Ҳусейн ном дошт,милиса буд.Ӯро аз кор пеш карданд. Сарнавишти хонаводаи Сангак ҳам ҳамин тавр фоҷиаомез аст. Писар ва домодаш дар ҳабс ҳастанд.Занаш борҳо хост,ки Раҳмонов писарашро озод кунад, аммо накард.
P.S Моҷаро ва қазияи қатли Сангак ва Файзалӣ ду қумандони асосии Фронти халқӣ, ки Раҳмоновро ба қудрат оварданд,на як бору ду бор расонаӣ шудааст. Аммо,чуноне мебинем,ин ду нафарро бар тибқи нақша ва ҳамоҳангӣ бо хоҷагонаш Эмомалӣ Раҳмонов ба куштан дод. Ёдатон бошад чанд соли пеш дар як барномае дар шабакаи аввли Русия як нафар зархариди одамкуш-киллер ошкоро гуфта буд,ки ӯ амали куштори Сангак ва Файзалиро анҷом додааст.Аммо вай нагуфта буд,ки ин корро ба ӯ кӣ супориш дод.
Баъдҳо Владимир Квачков, сарҳанги ГРУ-и Русия, ки Фронти халқиро ташкил дода ва бо Сангак аз наздик ошно буд, дар як суҳбаташ чунин фарзия пешниҳод кардааст. Бар асоси фарзияи Квачков миёни Сафаров ва Саидов бар асари бо чи далеле саркашии Саидов аз фармони Сангак барои рафтан ба ноҳияи Тавилдара, ки он ҷо муноқишаҳои ҳарбӣ бо мухолифин идома доштанд, низоъ рух медиҳад. Дар натиҷаи низоъ, таъкид мекунад ӯ, “Бобои Сангак” Саидовро мепаронад ва муҳофизони ӯ дар посух Сангак Сафаровро мекушанд.
Бобоҷон Бобохонов, собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон, ки чуноне огоҳ шудем, дар замони рух додани ин ҳодиса прокурори вилояти Хатлон буд, то ба имрӯз танҳо мақоми давлатӣ аст ки эълон кард, ин ду қумандон дар як муноқишаи байниҳамӣ кушта шуданд.
Аммо баъдтар Алихон Икромӣ,табиби ташхиси судии вазорати дифои Тоҷикистон,ки аҷсоди Сангак ва Файзалиро ба ҳангоми дафн дида буд, дар китобаш бо номи “Шиканҷаи афсарон” менависад,ки ҷасади ин ду нафар бидуни судмедэкспертиза дафн карда шуданд.
“Алихон Икромӣ дар сӯҳбати бо хабарнигор гуфтааст: Бубинед, ки то ҳол куштори ин ду нафар мармуз боқӣ мондааст. Яке аз сабаби нокушода мондани ҷинояти куштори онҳо ва нофаҳмӣ маҳз дар ташхси нашудани ҷасади онҳост. Агар ҳамон замон ташхис мешуд, ки бо кадом тамғаи силоҳ кушта шудаанд ва тирҳое, ки ба бадани онҳо расидааст, аз дур аст ё наздик фарзияҳои куштор каме воқеӣ мешуданд. Он замон танҳо ҷасадҳо аксбардорӣ шуданд, вале аз тарси силоҳдорон касе ҷуръати анҷом додани ин корро намекард. Аз ҳамин аст, ки то ҳол касе намедонад, ки ин ҷиноят чи гуна шуд ва бо кадом навъи силоҳ онҳо кушта шуданд. Ҳама гуфтаҳо танҳо фарзияҳое ҳастанд, ки исбот нашудаанд. Фарзияҳо бисёр асту далелҳо нест, барои он ки экпертиза нагузарониданд. Силоҳҳо ҳам гирифта нашуданд, тирҳои дар бадан ҳам номаълум монданд. Муқоисаи тирҳо сурат нагирифт.”
Ин буд хонандаи азиз,тафсилоти қатли Сангак ва Файзалӣ,ду фармондеҳони Фронти халқии Тоҷикистон, ки бо дастур ва хоҳиши Эмомалӣ Раҳмонов аз байн бурда шуданд. Ин ҳодисаро наздиктарин муҳофизи Файзалӣ Сайдов ба Ислоҳ муфассал нақл намуд,то дар ин рӯзи куштори номардона расонаӣ шавад ва мардум аз он огоҳ гарданд. Мо ба Ислоҳ бовар дорем,ки воқеъиятро мерасонад. Мо ветеранҳои “Фронти халқӣ” ҳамеша “Ислоҳ”ро мебинем ва ба шумо пас аз ин ҳама хиёнатҳое ҷаноби Эдик ба мо кард ,танҳо боваримон ба Аллоҳ ва ба шумо аст.