Ин нома аз деҳаи Олимтойи ноҳияи Восеъ ба “Ислоҳ” расид. Муаллифон менависанд, ки дар ин деҳаи оилаи Қурбоналиевҳо зиндагонӣ мекунанд, падарашон бобои Савзаалӣ дар замони шӯравӣ тракторчӣ буд. Мисли акаи Нуриддини Эмомалӣ Раҳмонов. Айни замон писари бобои тракторчӣ тамоми заминҳои деҳаро забт карда гирифтааст. Қурбоналиев Маҳмадалӣ соли таваллудаш 1962 раиси деҳаи Олимтой соҳиби 7 фарзанд, 3 духтар ва 4 писар мебошад. Инҷо мехоҳам дар бораи писаронаш маълумот бидиҳем. Қурбоналиев Маҳмадалӣ аз соли 1997 раиси деҳа мебошад ва директори мактаби деҳа аст. Ӯ бо ҳамроҳи ду бародараш дар мактаб дарс медиҳад. Худаш муаллими забон ва адабиёт ва бародараш Қурбоналиев Ҳабибулло муаллими таърих ва бародари 3-юмаш Қурбоналиев Ҷамшед муаллими тарбияи ҷисмонӣ мебошад..
Қурбоналиев Маҳмадалӣ соли 2018 аз сархатиби ноҳияи Восеъ Акрамов Муҳаммадсаид 35ҳазор сомонӣ барои сохтмони ду синфхона гирифт. Ду тонна семинту ду мошин сангу се ҳазор симентблок харида овард. Муаллимону талабаҳо ҳашар карда таҳкурсии ин синфхонаҳоро рехтанд. Ҳамин тавр сементблокро ҳам чинданд. Як вақт гуфтанд, ки маблағ тамом шудааст. Боз аз мардуми деҳа сум ҷамъ карда болои мактабро пушониданд. Бо ҳамин тамом шуд ва кори сохтмони синфхонаҳо тӯли як сол хоб кард.
“Боз ҳамон сархатиби ноҳия тахтаву тунука харида овард ва писари ӯ бо дӯстонаш омада боми синфхонаҳоро пӯшониданд ва ҳоло бошад талабаҳоро маҷбур мекунанд хусусан синфҳои 10 ва 11 -ро, ки агар барои як синф дару тиреза нахаред наврузӣ намекунед. Ҳоло талабаҳо синфҳоро таъмир карда истодаанд.”
Қурбоналиев Маҳмадалӣ аслан савод надорад. Дар синфҳо даромада талабаҳоро хезонида мегӯяд «бхонен, нахондагиё киҷора гирифтанд» ва ҳамин тавр то охири дарс падари ҳамон талабаро танқид мекунад ва баромада меравад. Ду моҳ пас омада боз ҳамин кор такрор мекунад, тамоман дарс намедиҳад. Фанҳоро дар номаш гузаронида пули давлатро мехӯраду мегардад. Писараш Қурбоналиев Раҳматулло соли таваллудаш 1990 дар деҳа муаллими забону адабиёт ва писари дигараш Қурбоналиев Умед, соли таваллудаш 1993 низ муаллими забону адабиёт ва писари сеюмаш Қурбоналиев Қурбоналӣ соли таваллудаш 1999,ки худи ҳамин сол дар мактаб ба кор шурӯъ кард ва ӯ низ муаллими забону адабиёт аст.
Инҳо мактабро шахсӣ кардагианд. Писари калониаш Қурбоналиев Раҳматулло соли 2018 бо ҳамроҳи хоҳараш Фирузаи Маҳмадалӣ як дугонаи ҳамин духтарро, ки дар синфи нӯҳум мехонд «туғри» мекунад ва ба номуси духтар таҷовуз мекунад.(ному насаби духтарро зикр намекунем,ислоҳ) Ҳамин тавр дар деҳа овозаҳо зиёд шуданд ва онҳо гуфтанд, ки ин овозаҳо дурӯғ аст. Тӯли чанд моҳ духтарро дар деҳа намедиданд. Мақомоти қудратиро пул дода хомӯш карданд ва гуфтанд, ки мактабро хатм кунад, мегирад. Аммо мутаассифона баъд аз хатми мактаб як сол гузашт то ҳол духтарро нагирифтааст.
“Қурбоналиев Ҳабибулло муаллими таърих мебошад ва дар мактаб хурду хӯроки талабагони ибтидоиро таъмин мекунад. Дар як ҳафта ду бор талабаҳоро таъом медиҳанд. Боқимондаи орд равған ва дигар маҳсулотро ба хонааш мебурд ва баъдан онҳоро ба мағоза оварда каме арзонтар мефурӯхт.”
Додари дигараш бошад Қурбоналиев Ҷамшед як даҳмарда аст. Маошро гирифта дар як моҳ ду- се маротиба ба мактаб меравад.
Фақат кору бораш даҳмардагӣ мебошад. Зиёда аз 100 сар гӯсфанд дорад ва додари дигараш ба номи Қурбоналиев Ҳокимшо сардухтури деҳа мебошад. Вай тамоми доруҳои омадаро дар давраи коронавирус фурӯхта ба мардум ҳеҷ чиз надод. Нархи тамоми доруҳоро баланд кардааст.
“Қурбоналиев Маҳмадалӣ аз соли 1997 раиси маҳаллаи мо шудааст. Ягон ободӣ накардааст. Барои як справка як моҳ аз пушташ медавӣ. Справкаро менависад, боз маҷбурӣ ягон сум дар пешаш монӣ.”
Заминҳои чарогоҳи мо хеле васеъ буд, аммо ҳуҷҷат надош. Чанд сол мардуми деҳа ба Қурбоналиев. М мегӯянд, ки биё ҳамин заминро ҳуҷҷат карда гирем, вале ӯ майлаш мегуяду аммо ин корро намекунад. Соли гузашта як нафар аз Фархор омада ҳамаи заминҳои чарогоҳро ҳуҷҷат карда гирифт. Мегӯянд наздикони СС.Ятимов будааст ин Фархорӣ. Дар ҳамагӣ ду -се теппа чарогоҳ мондаасту халос. Барои як деҳаи бо 250 буна ин хеле кам аст. Инҷо гову молу дигар чорпо дорад. Худатон як ҳисоб карда хулоса бароред.
“Аммо Қурбоналиев Маҳмадалӣ бо се бародари дигараш, ки зиёда аз 400гусфанд доранд, худашон дар якҷоягӣ аз тарафи дигари чарогоҳ, ки онҷо заминҳои совхозӣ вуҷуд дорад, дар онҷо мечаронанд. Агар мардум моли қишлоқро баранд мегӯянд, ки раиси совхоз омада ягон гӯсфандро бор карда мебарад. Ҳамин тавр подабонҳоро метарсонанд, аммо худашон дар замини савхоз молҳояшонро бурда мечаронанд ва кайфу сафо карда мегарданд… “
Мо сокинони деҳаи Олимтойи ноҳияи Восеъ ба куҷо шикоят намоем? Ҳеҷ даре намонд,ки накуфта бошему шикоят накарда бошем. Мегӯянд коратонро дида истодаему тамом. Дидем, ки ягона роҳ ин рӯй овардан ба Ислоҳи овозадор аст. Мо ҳам бахтамонро якбор месанҷему мебинем, ки чи гап мешавад. Шояд ин номаи шикоятии моро раиси ноҳияи Восеъ мебинаду раҳме ба мо камбағалон мекунад. Мо ба сиёсат коре надорему танҳо мехоҳем мисли инсон зиндагонӣ намоем. Охир давлати мо соҳибистиқлол ва демократию ҳуқуқбунёду ягона ҳаст. Магар метавон як кишвари бо ин ҳама ном ва пешвою намедонам кимчиҳо ба шаҳрвандонаш аслан таваҷҷӯҳе надошта бошад.
Ps : Ислоҳ дар хидмати шумо мардуми мазлуми кишвар ва расонандаи шикоят ва дардҳо ва ранҷҳои шумо ба мақомоти кишвар аст. Пас аз нашри ин матлаб мебинем, ки чӣ тағйироте дар ин деҳаи Олимтоий мешавад. Агар натиҷае надод, маҷбур мешавем бештар ба дигар паҳлуҳои пӯшидае аз чашми мақомоти кури мо пинҳон мондаро аз ин деҳа ва ҳама ноҳия бардорем. Мақомоти ноҳияи Восеъ ҷаноби Шарбатулло Азизов ,мо гуфтем ва шумо шунидед. Хидмат ба мардум ва баровардакардани мушкилоти мардуми бедифоъ бароямон шараф аст.