Номаи сарво,
аз донишомӯзони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Точикистон, ба «Ислоҳ.нет» ва ба сардабири он муҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин.
Мо, донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (ҷазира), мехостем як навор дар бораи аҳволи кунунии факултети мо ва кору амали муовинонидекани мо омода ва нашр кунед. Яке аз муовинони декани факултети ҳуқуқшиносӣ дар басти якум Саломов Исроил Исматуллоевич (соли таваллуд 6.09.1992) мебошад. Аз дасти вай устодон ва донишҷӯёне, ки гуфти мардум таға надоранд, ба дод омадаанд. Як шахси порахур аст. Донишҷӯёне, ки аз худашон дифоъ мекунанд, онҳоро чап гирифта, дар санҷишу имтиҳонҳо ба ҳоли худашон намегузорад. Духтароне, ки маъқулаш мешаванд, бо ваъдаи баланд гузоштани балҳои ҳафтаина ва кумак карданашон дар имтиҳонҳо бо онҳо ҳамхобагӣ мекунад. Ӯ чи гуна замдекан аст, ки дар 5 соли таҳсиламон ҳадди акал як бор надидем, ки аз ягон фанне дарс дода бошад. Ҳар рӯз ба дарсҳо даромада дарсро халалдор мекунад. Аз донишҷӯёни дигар 1500 сомонӣ барои имтиҳонҳо мегирад. Ҳеҷ кас бо ӯ гап зада наметавонад, ҳатто декани факултет. Зеро ӯ ҷияни Насриддинзода Эмомалӣ (собиқ декани факултети ҳуқуқшиносӣ ва вакили парлумон, худи хозир бошад Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа) мебошад. Қасам мехурем, ки тамоман савод надорад. Ӯро дар донишгоҳ ҳама Саги сиёҳ меноманд ва сабабаш ҳам ба мисли сагон дод заданаш хаст.
Тақрибан як моҳ пеш Саломовро дар сайти “@hodisa_sheff” навор карда партофтанд ва обурӯяш ҳам дар назди донишҷӯён кам шуд. Дар асл обурӯ ҳам надораду аммо ҳамон обурӯйи набудагиаш ҳам рафт. Устодони факултет ба Саломов гуфтанд, ки « а,бача чи гапай, ки звездаи Инстаграм шидай»? Саломови ноодам ва паст дар ҷавоб мегуяд, ки «любой зур звезда мешава. Морам зурем, ки звезда шидем». Акнун қаҳрамони манфии Ислоҳ ҳам шуд.
Ва яке аз муовинони деканамон, муовини аввали декан оид ба таълим бо номи Мирзоев Парвона Зайналобиддин аст (01.01.1980 соли таваллуд дар ноҳияи Муминобод). Ставкааш 300$ барои хуб кардани балҳо. Бисёр шахси мутакаббир аст. Мошини Prado 2019 сиёҳ дорад. Чӣ гуна як ҷонишини декане, ки 1000 ё 2000 сомонӣ маош мегирад чунин мошин мехарад?!
“Чор духтарро, ки дар ҳусну ҷамол бисёр зебо буданд аз факултети филология пешниҳод мекунад, ки агар бо ман ҳамхобагӣ кунед ман шуморо ба факултети ҳуқуқшиносӣ перевод мегирам ва то вақте ки ман дар факултети ҳуқуқшиносӣ ҳастам шумо хӯрда гардед. Номи ҳамон духтарон Н. (соли таваллуд 1999), П. (соли таваллуд 1999), М.( соли таваллуд 2001 мактаби раками 42-и 63-м микрорайон, назди бозори Саховатро хатм кардааст), Н. (соли таваллуд 2000). Духтарон ҳам он қадар духтарҳои хуб нестанд.Муҳим ончи ҳаст онро холисона мегӯем.(ному насаби комили ин духтарон дар Ислоҳ маҳфӯз аст)”
То ба ҳол касе намедонад, ки тағаи Мирзоев Парвона кист?! Дар асл хориҷ ва барқарор кардан аз Донишгоҳ дар салоҳияти Ректор ва Муовини аввали ӯст. Аммо Мирзоев Парвона чӣ гуна ин салоҳиятро доро шудааст, намедонем.
“Аз шахсони бесавод ва тағадорҳо 5000$ (панҷ ҳазор долар) гирифта онҳоро буҷавӣ дохил мекунад. Бовар кунед даромаде, ки замдеканҳои мо аз донишҷӯён ба даст меоранд, баробари даромади прокуророн ва мақомдорони ҳозира аст. Ин ҳаромхурҳо агар дар имтиҳонҳо ҳадди ақал аз 40 нафар 2000 (ду ҳазор) сомонӣ гиранд 80000 (ҳаштод ҳазор) мешавад, ки ин ҳам ҳисоби ҳадди ақал аст. Зеро дар факултет зиёда аз 2000 ҳуқуқшинос таълим мегиранд. Мо дар факултет ба гурӯҳҳо тақсим шудагӣ ҳастем. Масалан гурӯҳи АБВ, ГДЕ, ЁЖЗ, КЛМ, НОП. Ҳамаи донишҷӯёне, ки бо Маркази миллии тестӣ ва бо саводи худашон дохил шудаанд, ҳамагӣ дар гуруҳҳои АБВ ва ГДЕ ҳастанд. Дар боқимонда гуруҳҳо ҳамаи ҳамон шахсоне таҳсил мекунанд, ки пул дода дохил шудаанд. Аз инҷо маълум мешавад, ки гапи “Пешвои Миллат”-ашон ҳатто ба маорифчиён намегузарад. Зеро маҳз худи «Пешвои Миллат» буд, ки Маркази Миллии Тестиро роҳандозӣ намуд то шахсоне, ки лоиқи донишҷӯӣ ҳастанд, ҳамонҳо дохил шаванд.
“Дар факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамагон аз ҳамин ду замдекан меноланд. Чӣ гунае, ки пештар гуфтем Саломов Исроил бо лақаби «Саги Сиёҳ» ва Мирзоев Парвона. Бояд як чизро қайд намоем, ки айниҳол Мирзоев аз сабаби занона будани номаш, ному насабашро ба Мирзозода Парвон Зайналобиддин иваз кардааст. Тамоми донишҷӯён дар семестри дуюми курси дуюм ба курсҳои махсус (яъне спецкурсҳо) тақсим мешаванд. Дар факултет зиёда аз 11 спец-ихтисос амал мекунад, монанди ихтисоси ҳуқуқи инсон, ҷиноятӣ, назорати прокурорӣ, соҳибкорӣ, нақлиёт, конститутсионӣ, криминалистика ва ғайраҳо. Донишҷӯён агар ба кадом ихтисосе, ки хоҳанд ба номи декани факултет Раҳмон Дилшод Сафарбек ариза менависанд, ва декан ҳам бояд аризаи онҳоро баррасӣ намуда онҳоро ба спецкурсҳои интихобкардаашон ҷобаҷо намояд. Аммо ин тавр нест ва аризаи нависташуда ҳам тамоман натиҷа нишон намедиҳад.”
Агар хоҳӣ, ки ба спецкурси интихобкардаи худат равӣ, бояд ба мудири кафедраи ҳамон тахассуси интихобкардаат пулашро диҳӣ. Гуфти гапхо аз ҳама ихтисоси бообру ҳамин ихтисоси назорати прокурорӣ ҳаст. Маҳмудов Изатулло Тешаевич, мудири кафедраи назорати прокурорӣ ва муқовимат бо коррупсия мебошад, ки барои ба курси махсусаш 150$ аз донишҷӯён мегирад ва барои имтиҳон бошад 500 сомонӣ, зеро имтиҳони курсҳои тахассусӣ алоҳида аст ва имтиҳони дигар фанҳо алоҳида. Тамоми курсҳои тахассусӣ ставкаи худашонро доранд. Масалан курси тахассусии ҷиноятӣ 100 доллар, назорати прокурорӣ 150 доллар, криминалистика 100 доллар ва ғайра. Чи хеле гуфтем Маҳмудов Изатулло Тешаевич яке аз ҳамон порахуроне ба мисли Саломов , Мирзоев ва дигарон мебошад. Тамоми ҳуқушиносон чи бой ва чи камбағал ҳар семестр ҳадди ақал аз 1000 сомонӣ то 3000 сомонӣ хароҷот доранд. Масалан чанд нафари мо нависандагони ин шикоятнома пули шартномаҳоямонро модару падарҳоямон аз банк қарз гирифта супурдаем ва инчунин барои ҳар фан бояд пул диҳем, ки бали ҳафтаинаро хуб гузоранд. Фанҳое, ки тамоман ба мо манфиат надорад, алалхусус фалсафа, фарҳангшиносӣ, мантиқ, ставкаашон 300 сомонӣ аст. Ба таври мисол устоди фанни сотсиологияамон бо номи Барфиев Абдурраҳмон Мирзоевич, ки соли гузашта аз тарафи кормандони коррупсия дастгир шуда буд ва қариб буд, ки инфаркт мешуд ва ҳатто, ки парвандаи ҷиноятӣ дорад, то ҳол ба ҳайси муаллими фанни сотсиология-ҷомеашиносӣ кору фаъолият мекунад. Ставкааш 50 доллар буд ва дирӯз як донишҷӯи курси дуюмро пурсидам, ки сотсиология аз шумо чанд сомонӣ мегирад, гуфт, ки 300 сомонӣ шудааст. Бисёр шахси мутакаббир аст.
Дар гирду атрофи факултети ҳуқуқшиносӣ бо ҳуруфи калон калон навишта шудааст, ки дар ҳудуди Донишгоҳ сигор кашидан манъ аст. Аммо устодони факултет ҳангоми танаффус озодона дар назди донишҷӯён сигор мекашанд ва баъзеашон аз донишҷӯён сигор мегиранд ё ба онҳо мегӯянд, ки рафта барои мо CHANGE биёр . Шахсоне, ки сигор мекашанд аз устодони факултет: 1. Кабутов Эраҷ муовини декани ҳуқушиносӣ оид ба таълим дар басти дуюм 2. Саломов Исроил, муовини декан оид ба тарбия дар басти аввал 3. Ибрагимов Далер Каюмович устод аз кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ 4. Куканов Айниддин Зайниддинович ассистенти кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ 5. Исозода Парвиз яке аз муовинони декан аммо намедонам оиди кадом масъала бошад.6. Барфиев Абдурраҳмон Мирзоевич устоди фанни сотсиология, ставкааш ки 50 доллар буд. 8. Юнусов Талабшо Абдулваҳобович, ки аз бинои марказӣ омада ба ҳуқушиносон аз фанни география таълим медиҳад. Донишчуён вақте, ки аз ӯ ҷавоб мегиранд, ки устод 10 дақиқа маро ҷавоб диҳед, мегуяд майлаш, рав аммо бе сигор наё. Мо аз соати 8:00 дар донишгоҳ шуморо дарс медиҳем, бояд асабамонро камтар ором кунем.
Декани факултети ҳуқуқшиносӣ Раҳмон Дилшод Сафарбек, ростӣ инсони хубмуомила, босавод ва мутавозеъ ҳам аст. Аз кадом касе пурсед, доимо таърифашро мешунавед. Кош ҳама ба мисли декани факултетамон мешуд. Ҳатто кафедраи ҳарбии ДМТ, ки дар рӯ ба руи сафоратхонаи Туркия ҷойгир аст, аз ҳисоби ҳуқуқшиносон пулҳои зиёде ба даст меоранд. Масалан агар хоҳӣ, ки ба кафедраи ҳарбӣ наравӣ аммо номат рафтан гирад, ҳар семестр (як сол аз 2 семестр иборат аст) 500 сомонӣ оварда медиҳӣ, яъне дар як соли таҳсил 1000 сомонӣ. Ҳар рузи панҷшанбе ҳуқуқшиносон дарси кафедраи ҳарбиро доранд. Агар дар дигар рузҳо нархи як самбуса дар ошхонаи кафедраи ҳарбӣ 1.5 сомонӣ бошад, дар рӯзҳои панҷшанбе ба 3 сомонӣ боло меравад ва мегуянд, ки ба ҳуқуқшиносҳо пул проблема нест. Рузҳои имтиҳон хоҳед нахоҳед бояд пули имтиҳонро150 сомонӣ супоред.
“Ҳамин семестри гузашта додарам ба назди командири взводашон (подполковник Сафарзода Амрулло) рафтааст ва гуфтааст, ки рафиқ подполковник, намешавад, ки ман имтиҳонро супорам пулашро надиҳам? Подполковник гуфтааст, ки хоҳӣ- нахоҳӣ бояд пулро супорӣ. Моро ҳам сардори кафедра полковник Назарзода Дилмурод ба ин кор амр мекунад. Агар пули гуфтаи ӯро чамъ накунем, боз моро ҷанг мекунад.”
Як рӯз дар кафедраи ҳарбӣ тамоми донишҷӯёнро ҷамъ намуда, филми Хиёнатро гузоштанӣ буданд. Аммо бо сабабҳои техникӣ компютерашон аз кор монд. Бовар кунед кафедраи ҳарбӣ ягон майда ба талабот ҷавобгӯ нест. Ҳатто ҷои нишаст ба донишҷӯён намерасад.
“Мо қариб 4 сол кафедраи ҳарбӣ хондем, аммо дар соли хатми мо қонун дар бораи хизмати ҳарбиро дигаргун карданд. Ва ба мо мегӯянд, ки то хизмат накунед, ба шумо рутбаи ҳарбӣ (лейтенанти хурд) намедиҳем. Аввал рафта хизмат кунед, рутбаи ҳарбиятонро гиред, баъд омада ҳуҷҷатҳоятонро барои ба кор қабул шудан супоред. Бояд ин қонун ба донишҷӯёни солҳои таваллудашон 2002 ва боло дахл дошта бошад. Намедонам ин мақомдорони мо ё босаводи босаводанд ё бесаводи бесавод. Шумо худатон аҳволи хизматро медонед. Шахс солим рафта носолим бармегардад ва дар муддати як соли хизмат мо тамоми чизро фаромӯш мекунем. Хоҳиш мекунем ба мо донишҷӯён кумак намоед!”
Як чизи дигарро фаромӯш накунам, имрузҳо Назарзода Шариф- сардори раёсати ВКД дар Душанбе, бо донишҷӯёни макотиби олӣ аз ҷумла Донишгоҳи Миллӣ вохурӣ гузаронида аз онҳо хоҳиш он тараф истад зораю нола мекунад, ки ба суханони Муҳаммадиқбол гуш надиҳед. Онҳо хоинони миллатанд. Масалан санаи 15 ё 16 марти соли равон бо донишҷӯёни ДМТ мулоқот карда буд. Ҳамин қадар буд, ки гиря кунад. Мегуяд, ки илтимосу хоҳиш ба “ПешвоиМиллат” хиёнат накунед. Дар маҷлисҳои Назарзода Шариф инчунин муовини раиси шаҳри Душанбе-Мавсума Муинӣ иштирок дошт. Мо аз дохили кишвар ба шумо навишта истодаем. Дар ҳаққи мо дуъогӯ бошед ва дуъо кунед, ки Аллох моро ҳифз намояд аз шарри милисаву амният. Мо доимо дар ҳаққи шумо дуогуем. Ҳатто дар факултет нафаре нест, ки наворҳои шуморо тамошо накунад. Ҳама бо завқ тамошо мекунем. Медонем ҳама ончи менависеду барнома мекунед сад дар сад дуруст ва вазъияти нобасомони кишварро,ки мо гуфта наметавонем шумо мегӯед. Умеди онро дорем,ки ин номаи навиштаи моро ҳам нашр кунед. Шояд ин устодон каме бошад ҳам шарм кунанд.
Донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Точикистон.
Сана: 07.06.2021 Душанбе.