Мардоне пинҳон зери домони Таҳмина: Шарифбек, Зарифбек, Шерзод ва Нурзод 

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Ҳикоят аз Шарифбеки қудои Раҳмонов, Зарифбеки домодаш, Шерзод ва Нурзод ҳеварҳои духтараш ва худи Таҳмина Раҳмонова

Ин бор дар бораи қудои дигари Эмомалӣ Раҳмонов ҳикоят мекунем. Ин қудо мисли қудоҳои дигари Раҳмонов:-Шарифи Соҳиб, Шералӣ Гул, Бег Сабур, ки духтарҳои Раҳмоновро келин карда бошанд, нест. Аз гардиши айём Шарифбек Давлатов  Таҳминаи бевамондаро келин кард ва ба Раҳмонов қудо шуд. Зарифбек, писари калонии Шарифбек Таҳмина, беваи Зубайдулло Гулов-писари Ёрмаҳмад Гуловро бо ду кӯдакаш гирифт. Таҳмина, ки ба тамоми мардуми Тоҷикистон феълу атвору ахлоқаш ва гашту рафтораш маълум аст. Вале барои Шарифбек Таҳмина қудрату салтанат ҳам оварду доллару евро, инчунин зери домони Таҳмина мардуми кишварро ситам доранд. Ҳоло Шарифбек аз “каттазан”-ҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳикоятро аз як тараф сар мекунем.

Шарифбек Давлатов аз никоҳи дуввумаш се писар:- Зарифбек, Шерзод ва Нурзод ва як духтар дорад, ки номаш Мадина мебошад. Онҳо дар маҳаллаи маъруф ба  Водонассос  зиндагӣ мекунанд. Дар Водонассос, дар рӯбарӯи трубаи сиёҳ. Ин маълумоте ҳаст, ки аксаран танҳо онро медонанд.

Модари Зарифбек, ки исмаш Саида аст, ҳамсари дуввуми Шарифбек мебошад.

“Шарифбек бо ҳамсари аввалааш, ки аз ӯ чор фарзанд, як писару се духтар дорад, соли 1980 ҷудо шуд. Номи писари калонии Шарифбек аз зани якумаш Даврон аст. Даврон як наркобарони калон аст, вале барои рӯпӯш кардани кори асосиаш кам- кам масолеҳи сохтмонӣ ба монанди арматура аз Русия ба Тоҷикистон меорад. Гуфта мешавад арматураро бар ивази маблағи наркотик меоварад.”

 

Шарифбек бо модари Зарифбек, яъне Саида чи тавр шинос мешавад ва ниҳоят ба занӣ мегирад?

Манбае, ки ба “Ислоҳ” дар ин бора сӯҳбат кард гуфт, ки падари Саида яке аз роҳбарони вақти “Тоҷикматлубот” будааст. Ӯ аз Узбакистон, аз як деҳаи наздимарзии ҳамҷавор бо Регар будааст.

Саида солҳо бо наркобизнес машғул буд ва низ духтарони тоҷикро ба Дубай барои танфурӯшӣ мебурд. Дар ин кор ӯро як зани дигар аз маҳаллаи Калинини Душанбе ҳамроҳӣ мекард, ки иттифоқан ӯ ҳам Саида ном дошт.

“Зани Шарифбек, Саида бо зани Раҳмонов Азизмо  дугона буд. Сабаби дугонашавии Саида ва Азизмо ин буда, ки ҳар гоҳе аз Дубай ҷавоҳироту тилловорӣ ва матоъҳо меовард, ба Азизмо аз онҳо тӯҳфа мекард. Ҳоло он солҳо Азизмои қишлоқӣ аз ин чизҳо хабар надошт ва надида буд.”

Саидаи муғамбир бо ин туҳфаҳо дили Ледии №1-ро ба худ моил карда кафолати тиҷорати худро ба ин восита таъмин мекард. Вале Шарифбек Давлатов пас аз ба қатл расонидани ҳамсараш Саида соли 2000 бори севвум издивоҷ кард ва ин бор ҳамсинфи духтараш Мадинаро гирифт. Ин духтаракро Бухороӣ мегӯянд. Аз ин издивоҷ ду духтар ва як писар бо номи Муҳаммад дорад.

Мадинаи духтари Шарифбек бо Таҳмина аз курсии мактаб шинос мешавад, чун онҳо ҳамсинф ҳастанд.

Ба “Ислоҳ” муяссар шуд, то аз ҳикояти худи Зарифбек дар мавриди шиносоиаш бо Таҳмина огоҳ шавад. Зарифбек шиносоии худашро бо Таҳмина ба як рафиқаш чунин нақл намудааст: 

“Апаи Зарифбек Мадина тиҷорат доштааст, зиёд Дубай мерафтааст. Мадина медонистааст, ки Таҳмина ҳар рӯзи чоршанбе назди як ҷодугарзане меравад. Ӯ ба Зарифбек мефаҳмонад, ки ту ҳам ба назди он зан рав ва ба ӯ ду ҳазор доллар деҳ. Он тарафашро ман боз мегӯям. Зарифбек ин корро мекунад ва то даҳ ҳазор доллар дар чанд сеанс ба ин ҷодугарзан медиҳад. Тавсияи ин ҷодугарзан ба Зарифбек ҳамин мешавад, ки рӯз ва соати омаду рафти Таҳмина барояш маълум аст ва ту ҳатман ҳамон соат бояд ҳозир шавӣ. Вақти дохил шудан ба бино ва атрофи он ӯро бубинӣ ва бо либоси зебо ханда кунӣ то дилашро мафтун созӣ. Ин ҷодугарзан ба Таҳмина мегуфтааст, ки ту ба наздикӣ хушбахт мешавӣ ва ба як ҷавони хело зебо ва дӯстдоштанӣ ба шавҳар мебароӣ. Кушиш кун ӯро аз даст надиҳӣ, зеро ин кор ҳамеша такрор намешавад. Ин кор тақрибан ду моҳ идома кард.

(Инро ҳам бигӯем, ки Мадина дар назди Универмаги марказии Душанбе як салон-кошонаи ҳусн дошт ва дар ҳар вохурияш Таҳминаро барои ҳамсар шудан ба бародараш ташвиқ мекардааст ва инҷо кор аз чанд тараф таъсири худро дар ин издивоҷ гузошта будааст, шарҳи Ислоҳ)

Таҳмина дар яке аз рӯзҳои чоршанбе ба Зарифбек мегӯяд,ки ман фаҳмидам он ҷавон ту ҳастӣ ва ҳатман падаратро ба хостгорӣ хонаи мо фирист, ман бо падарам ин масъаларо гузоштаам ва кор ҳал аст. Зарифбек бе таваққуф ҳамсарашро талоқ медиҳад ва Шарифбекро ба бӯстонсарои “СовМин “ мефиристад ва инҷо Раҳмонови дасту рӯ ношуста фотиҳаашро медиҳад. Ин қиссаро Зарифбек бо ханда дар назди ҷамъи дӯстонаш чанд маротиба нақл кардааст ва гуфтааст, ки барои гирифтани Таҳмина ин барномаро бо Мадина ва он ҷодугарзани фолбин маслиҳат карда амалӣ намудаанд. Ва Зарифбек мегуфтааст, ки барои ин барнома 10.000 доллар харҷ кардааст.

Аммо ин манбаъи наздик ба хонаводаи Шарифбек ба Ислоҳ гуфт: Дар издивоҷи Таҳмина ва Зарифбек Мадинаи апаи Зарифбек нақши асосиро бозидааст.

Зарифбек бо Таҳмина бо ҳам шинос мешаванд ва мераванд ба Маскав ва Дубай ва сипас издивоҷ мекунанд. Яке аз шартҳои Таҳмина ин будааст, ки ҳамсаратро талоқ медиҳӣ ва ба фарзандонат дигар набояд алоқа дошта бошӣ. Ҳатто се, чор сол Раҳмонов на Зарифбек ва на Шарифбекро қабул накардааст, вале пас аз исрори зиёди Азизмо Раҳмонов ногузир Зарифбекро ба домодӣ пазируфта аст.

Зарифбек дар деҳаи Учқул-ҳоло Меҳрободи ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Он солҳо дар ҳамин деҳа зиндагӣ мекардаанд. Вай дар гумруки фурудгоҳ ба кор медарояд ва баъд аз онки домоди Ҷаноб шуд чанд сол намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Дубай ҳам буд. Ҳамин ки ба Раҳмонов домод шуд дигар ба як бизнесмени муваффақ ва серпул табдил шуд. Бародараш Шерзод ба тиҷорати ӯ кумак мекунад ва корхонаи нӯшобаи “Red Bull”дар Душанбе аз они ӯст.

Зани Шарифбек Давлатов Саида, ки мегӯянд хеле зебо будааст, бо як қумондони маъруфи “Фронти халқӣ”, робита доштааст. Мегӯянд, ки шабу рӯзашро дар бағали ӯ мегузаронидааст. Шарифбеки даюс аз ҳамаи ин ҳолатҳо хабар  дошт ва ҳатто бар ивази ҳамхобагии занаш бо ин қумондон аз ӯ вазифа гирифтааст. Як вақт зани Шарифбек аз ин қумондон хоҳиш мекунад, ки шавҳари ӯро ягон вазифа диҳад. Ин қумондон он вақтҳо як вазифаи хубе дар яке аз ниҳодҳои иқтисодӣ доштааст. Вай ба муҳофизонаш дастур медиҳад, ки бираванд ва Шарифбекро наздаш оваранд. Вақте Шарифбекро аз Водонасос муҳофизони ӯ қапида дар мошин маҷбур шинонида меоваранд, дар роҳ то назди ин қумондон расидан  аз тарс дар эзораш тар мекунад. Дар роҳ барои ӯ брюки дигар медиҳанд. Ба назди ӯ  медароранд, ки занаш бо як таҳпӯши шабхобравак дар болои зонуи қумондон нишастааст. Занаш ба ӯ мегӯяд, ки

“даюсҷон омадӣ, ами …. чанд шабу рӯзай командира розӣ карда истодаам, ки туи даюса як ҷои кор бтия, нав аку розӣ шид. Бра куҷода кор кардании?”  Шарифбек, ки бывший милиса буд, аз тарс ларзида мегӯяд, ки “агар бшава управленияи кантрабандада”.

Қумондон тарафи Шарифбек мегӯяд, рӯи хотири инами занут бра дар раёсати контрабандаи Кумитаи гумрук кор кардан бигӣ! Ҳамин тавр ӯ дар раёсати контрабанда ба кор мепардозад. Шарифбек зани худро сум дода ба воситаи бачаҳои як қумондони дигар дар роҳи ағбаи Анзоб мекушад. Тибқи иттилоъи манбаъи мо аввал Саидаи Калининиро мекушанд, баъд аз ӯ Саидаи Водонасосиро яъне ҳамсари Шарифбекро.

“Инчунин фарзияи дигари ин қазия чунин будааст,ки Шарифбек дигар намехост бо модари Зарифбек зиндагонӣ кунад ва тавассути ронандааш қатли Саидаро тарҳрезӣ ва амалӣ мекунад.”

Манбаъ афзуд пас аз кушта шудани Саида ронандаи Шарифбек нопадид шуд, бархе мегӯянд ба хориҷ фирор кард ва бархе мегӯянд ӯ тавассути ҳамин қумондон кушта шуд, то сир набарояд. Аммо тафтишот қотили Саидаро то ҳанӯз пайдо накардааст. Мумкин аст Зарифбеки домод ва ё Нурзоди бародараш, сардори бахши ҷустуҷӯии ШКВД Сино 1, ки ҳатто Рамазон Раҳимзода аз ӯ ҳарос дорад ва Шоҳрух Саид ҳам метарсад, Бузмаков муовини ВКД гапашро гуш мекунад, дар қазияи қатли модараш коре кунад ва ӯро пайдо кунад.  Асрори ин корро танҳо Шарифбеки падари Нурзод метавонад ба писараш бигӯяд. Фармоишгари қатл аст дигар.

(Исмҳои ҳарду қумондон назди “Ислоҳ”маҳфуз аст. Барои халал ворид нашудан дар идомаи таҳқиқот мо исмҳоро феълан ифшо намекунем).

Саида дар солҳои навадум ба тиллофурӯшӣ машғул будааст. Аммо баъди кушта шудани  ӯ гуфта мешавад, савдои тилло ба дасти Мадинаи хоҳарбузурги Зарифбек расид.

Маълумоти дигаре дар мавриди Зарифбек ва Таҳмина

Мадина-духтари Шарифбек дар салони ҳусни назди ЦУМ –универмаги марказӣ ба ҳайси машшота низ кор мекард ва Таҳмина дар оғоз хело зиёд ба наздаш барои мӯи сарашро ороиш додан мерафтааст. Он вақтҳо Таҳмина бо шавҳараш Зубайд низ ба салони духтари Шарифбек меомадааст. Апаи Зарифбек ба Таҳмина мегуфтааст, ки “ну Вы не пара, твой муж маленький ростом, смотри какой у меня брат красавец, девушки сходят с ума”. Ҳамин минвол шавҳари Таҳминаро наҳ зада бародари худашро тавсиф мекардааст. Он вақтҳо Зарифбек ҳам зан доштааст. Таҳмина аз Зубайд ду фарзанд дораду аз Зарифбек се то: ду писар ва як духтар.

Писари калониашон Сиёвуш ном дорад. Писари дуввумашро соли 2014 таваллуд кардааст.

Мадина ҳам дар кошонаи ҳусни назди универмаги марказӣ кор мекарду ва ҳам касабаи модараш тиллофурӯширо идома медод. Чанд бор ба Таҳмина ва модару хоҳарони вай ороишоти тиллоӣ инъом карда мисли модараш Саида, албатта ин барои сайқал додани корҳояш буд.

Баъд аз он ки Таҳмина ба хонаводаи Шарифбек келин шуд, инҳо дигар зӯр шуданд. Солҳои 2006–2007 Шерзод, бародари шавҳари Таҳмина ба як тарабхона медарояд. Маст шуда ба арӯси Алиматов Юсуф мечаспад ва ҳар гап задан мегирад. Юсуф мегӯяд, ки «э, петухи аз даюсшуда ба роҳи худат рав». Вале Шерзод боз дағалӣ карда дӯғ мезанад, ки «даркор шавад арӯсатро ҳам мебараму худатро ҳам». Дигар Юсуф бо рафиқонаш Шерзодро мурданӣ мезананд. Шерзод меравад беморхона ва аз экспертизаи тиббӣ ҳуҷҷат мегирад. Юсуф Алиматов шефи тарабхонаи Сим-Сим аст. Алиматовҳо ҳам аз Данғара мебошанд. Падараш солҳои шӯравӣ корманди ГАИ буд. Вай касе аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмонро ҳам писанд намекард. Яке аз бародарони Юсуф Маҳмад, Умар ва дигариаш Қосим. Содиқ Алиматов, бародари дигариашон телехи генерал Суҳроб Қосимов буд. Онҳо бо тиҷоратҳои бузург машғул буданд ва ҳама аҳли кишвар огоҳанд. Вале ба хеле аз камбағалҳо дастӣ ёрӣ дароз кардагианд. Баъди ҷангҷол бо Шерзод Юсуф Алиматовро супориш аз худи президент гуфта бо моддаи 237 қисми 3 (авбошӣ) сеюним сол доданд. Агарчанде Юсуф тибқи қонунҳои кишвар баъди адои сеяки муҳлати ҷазо ба озодӣ мебаромад ва низ дар ин миён амнистия шуд, ӯро озод накарданд ва то анҷоми муҳлат дар маҳбаси Ёвон нишаст. Соли 2012 ва ё 2013 Шерзод бо Юсуф рӯбарӯ мешавад ва тарафи Юсуф

«диди чи тавр фалонут кардум» гуфта мазоҳу таҳқир мекунад. Юсуф Алиматов, ки бачаи сахт хундору баномус аст, мегӯяд, ки ман аввал худата баъд Таҳминаи ….стета ва баъди он акаи Зарифбеги фалонии беномусата ҳамроҳи падари даюсатон фалон кардагӣ. Ва, то дилаш хунук шудан мурданивор мекӯбад.”

Фаттоҳ Сайид, ки раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия буд, якҷо бо Шоҳрухи писараш барои худашонро дар назди президент ширин кардан Юсуф Алиматовро боздошт карданд ва ӯ ҳамин тавр дубора барои 15 сол шишт. Ҳамин ҳоло ҳам дар зиндони «кирпичний»-и Ваҳдат шиштааст.

Шерзод, ҳоло сардори қисми муҳофизати фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аст. Исмати дулик ду бор аст аз кор озодаш мекунад, вале боз бо як занги Таҳмина дар вазифааш барқарор мешавад. Хелеҳоро тавассути Таҳмина  «подстава» карда ҳаёташонро сӯхтааст ва соҳибкорҳоро низ «бор» баста доля мегирад.

Нурзод дар назди Сизо як қасри муҳташаме сохта истодааст, ки арзиши онро ду миллион доллар гуфтаанд.

Эмомалӣ Раҳмонов Шарифбеки қудояшро дар хонааш роҳ намедиҳад. Ҳатто як навбат Шарифбек набераҳои муштаракаш бо Раҳмоновро пешандоз карда хонаи Раҳмонов мебарад, вале Раҳмонов аслан ҳамроҳаш сари дастархон намешинад. Айни замон заминҳои мардумро дар деҳаҳои Чоряккорону Учқул ва Обшорон  кашида гирифта барои худаш  боғ бунёд карда истодааст. Осоишгоҳи Оби гарм ва як истироҳатгоҳ дар дараи Алмосии Ҳисорро аз соҳибонаш кашида гирифт. Дар даромадгоҳи сарҳади Тоҷикистон дар Турсунзода  ва Мастчоҳи нав Зарифбек барои мошинҳо истгоҳ сохтааст. Автомобилҳои боркаш ё дигар автомошинҳое, ки бояд  «растаможка» карда вориди Тоҷикистон шаванд, ҳатман дар ин истгоҳ қарор мегиранд ва нархи онҳо вобаста ба рӯзи истодан аз 100$ сар мешавад. Ва ин мошинҳо бояд, ки ба таври ҳатмӣ вориди ин истгоҳ шаванд, вагарна гумрук моли мошинро «растаможка»  намекунад.

Як ҳақиқати дигар ин аст, ки яке аз сабабҳои зиндонӣ шудани Ғаффор Седой Таҳмина ва алоқаҳои маҳрамонаи ин ду мебошад. Дар боғи Рӯдакии имрӯза, муқобили меҳмонхонаи “Тоҷикистон” Ғаффор Седой бо номи “Ҷоми Ҷам” тарабхона дошт ва маҳз дар ҳамонҷо бо Таҳмина ишқварзӣ мекард. Аз ин кор Раҳмон огоҳ ва сахт нороҳат мешавад ва яке аз иллатҳое, ки Ғаффорро ҳукми абад доданд, бар замми митежи ташкил кардааш, муносибати ӯ бо Таҳмина ҳам будааст ва ниҳоятан ҳабсаш мекунад. Маркази тиҷоратии «Сиёвуш» дар поёни Универмаги марказӣ аз они Таҳмина ва Зарифбек аст. Кафе-барҳои «Шоколадница»-и Душанбе ҳам аз они ҳаминҳо аст. Таъминоти ин кафебарҳоро раиси Идораи Роҳи оҳан бар ӯҳда дорад — Комил Мирзоалиев. Як сол ё ду соли пеш бозори «Фаровон» ва маркази тиҷоратии «Садбарг»-ро ҳам Зарифбек ва Таҳмина аз моликонаш бо зӯрӣ кашида гирифтанд. Ин ду маркази бузурги тиҷоратӣ ба бародарон Сафар ва Ғаюр Муродовҳо тааллуқ дошт.

Шарифбек ба бисёр тоҷирони шаҳри Душанбе бо фоизи 10–15%  пул медиҳад. Агар кадом тоҷире фоизашро дер кард дарҳол писараш Нурзодро, ки дар Сино 1 уголовный розыск аст, мефиристад ва он тоҷирро зада- зада ба шӯъба меоранд. Дар шуъбаи Сино 1 дасту пояшро мебанданд сипас маҷбур мекунанд занг зада пулро барқарор кунад. Бечораи тоҷир ночор мемонад, намедонад чи кор кунад. Пас аз ин ҳама моликияти ӯро мисли хона, корхона ва тиҷоратҳояшро кашида мегиранду ба номи шахси боварноки Шарифбек сабт мекунанд. Нотариусашон 24 соата аст. Дар ҳол бо ҳама ҳуҷҷатҳо меояд ва “переоформит” мекунад.

Боҷаи Нурзод Давлатов Ятимов Ҷамшед бародари Саймумин Ятимов аст. Ҷамшед “крыша”и наркобизнесҳои Фархор  ва Мастчо мебошад, дурусттараш ин масирро контрол мекунад. Бо як занг сарҳадҳои  Точикистонро мисли ҳавлии худ мекушояд. Инро ҳама кормандони ВКД ва КДАМ ва сарҳадбонҳо хуб медонанд ва бо фармонаш амал мекунанд. Шарифбек ду сол пеш, духтарашро ба шавҳар дод. Духтари аз зани сеюмашро ба бачаи Зафари Ғармӣ, Зафари домсоз ҳам мегӯяндаш (Зафари бетон) ба шавҳар дод.

Дар ин тӯй, ки дар тарабхонаи меҳмонхонаи Хаят гузашт, ҳама сархушу сармаст мешавад. Ҳамсинфҳои домод ва арӯс аз қурсҳои экстазӣ зиёд истеъмол карда буданд. Аммо баъди баромадан аз тарабхона яке аз ширкатдорони ин тӯй ба садами автомобилӣ дучор шуд. Ин садама дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ рух дод ва дар он мошин домоди Саймумин Ятимов (шавҳари наберааш) ҷавони 18 сола ҳалок гардид. Боз як  бачаи дигар, ки номаш Некрӯз буд ҳалок мешавад. Дар мошини дигар бошад ҷияни Муҳаммадсаид Убайдуллоев буд, вале ӯ зинда монд. Ронандаи он мошин  писари Авази раиси Султони Кабир буд, ӯ зиндон шуд.

Зафари домсоз рафиқи  Раҳими Ғармӣ аст, ҳардуяшон кадом тиҷорате доранд дар Русия, мағозаҳои Зафар дар Қазон бисёр аст. Чанд соли пеш мехост аз Тоҷикистон ба Қазон барои ҳамеша кучида равад. Аммо бо дастгирии Раҳим ва акнун қудояш Шарифбек дигар дар Тоҷикистон касе дар тиҷоратҳояш халал намерасонад. Қудо шудан бо қудои президент чи қадар нақши асосӣ дорад дар Тоҷикистонро бори дигар пай бурдед.

“Шарифбек бештар бо тоҷироии аз минтақаи Суғд ва ургутиҳо кор мекунад. Зеро медонад, ки ин мардум дар ҳукумат соҳиб надоранд. Барои ҳамин ба осонӣ ба ин мардум мешавад зулм кард ва дар оянда ҳам ба осонӣ ҳама молу мулкашонро метавон гирифт. Шикояташон ҳам ва арзу додашон ба ҳеч ниҳоде ҳам ба Шарифбек Давлатов наметавонад зарар  расонад.”   

Он гуна ки гуфтем огаҳоне, ки бо ин оила иртибот доранд мегӯянд, Шарифбек дар назди Таҳмина ва президент иззат ва обру надорад. Аммо ҳамаи онҳо аз Шарифбеку Зарифбек сар карда то дигару дигараш Таҳминаро раиса ё генералша гуфта ном мебаранд. Баъдҳо Зарифбек дар идораи гумруки Раёсати Душанбе дар пости Айнӣ ба ҳайси як инспектори қаторӣ кор мекунад. Вақте Таҳминаро ба шавҳарӣ гирифт дигар Таҳмина иҷозат надод, ки ба кор биравад. Дигар вазифаи ӯ аз он иборат буд, ки кӯдакони Таҳмина аз шавҳари аввалашро ба боғча бурда меовард.

Вақти тӯи арӯсӣ, ки баъзе аз кормандони гумрук ҳам ҳузур доштаанд, мегӯянд, кӯдакони Таҳминаву Зубайд дар байни шаҳу арӯс дар тарабхона даву тоз мекарданд. Гӯё, ки Зарифбек ба шавҳар баромада бошад аз паси ин кудакон инсу онсу медавид ва Шарифбек ҳам бо духтару писари дигараш Шерзод ва Мадинаи парикмахерша ба хушомадгӯиву шайтонӣ худро машғул медоштанд. Вақте Таҳмина гӯё аз Зарифбек ҳомила шуду барои зоидан ба тавалудхонаи № 1 Душанбе оварданд (ба нақли рафиқони Зарифбек аз гумрук) барои поддержка ҳамон бегоҳ ба таваллудхона рафта буданд як воқеаи нангину хандаоварро бо чашмони худ дидаанд:

Дар ошёнаи ду ё сеи таваллудхона Таҳмина зӯр зада истодааст ва овози зӯрзаниву вағасаш шунида мешуд. Дар поин саҳни таваллудхона бошад ҳама  авлоди Шарифбек бо сардории Шарифбек ва Зарифбек, додараш Шерзод апааш –Мадина ва зани Шарифбек дигар хешу табори Шарифбек қатор истодаанду баробари овози Таҳмина дод мезаданд: аааа …..войййй ва мегиристанд. Гумрукчиён ҳам ба овози баланд чанд лаҳза вой дод мекунанд, баъди зойда шудани Таҳмина баромада   Зарифбеку Шарифбекро табрик карда ва ними шаб ба хонаҳояшон бармегарданд. 

Аз ҷумлаи корманди гумрук, ки “группа поддержки”-и таваллуди Таҳмина шудаанд,! Хуршед Сафаров (ҳозир генерал аст ва дар гумрук муовини сардори Хадамот мебошад) бачаи Сафар Шералӣ аз Данғара, собутилники Эмомалӣ Раҳмон аст. То мурданаш мастӣ мекард ва пиён-пиён, ҳаром мурд. Ҳамчунин Усмонов Рустам аз Восеъ, Саидмуродов аз Варзоб ва Ҳурматов Ислом домоди Нуриддини акаи президент, ки ҳозир ин мундуқча ҳам генерал шуд ва муовини сардори Хадамоти гумрук мебошад дар “группа поддержки”-и таваллуди Таҳмина ширкат доштанд.

Чуноне гуфта шуд Зарифбек то Таҳмина зан ва кудак дошт. Айни замон шавҳари ин зан Далери Понт аз Ғозималик, дар гузашта телехи Хӯҷа — командир буд. Дар доми болои ресторани Ниагара, назди амфитеатр дар ошёнаи чорум зиндагӣ мекунанд. Ҳам Зубайд ва ҳам ин зани якуми Зарифбек мегуфтаанд, ки аз зиндон халос шудем ва нав баракати зиндагиро ҳис кардем.

Шарифбек баъде қудои Раҳмонов шуд ҳамсояҳояшро аз хонаи баракҳояшон берун мекунад. Ва ҳамаи хонаҳоро мегирад. Дар ин баракҳо асосан русзабонҳо зиндагӣ мекарданд. Дар ин кӯча хонаҳои барак зиёд буд. Хонаи Шарифбек дар он бари кӯча воқеъ буд. Ин баракҳо дар пушти хонаи Шарифбек қарор доштанд. Вале хонаи як каме созтар аз они Шарифбек буд. То солҳои 2002- 2003 сарашон хам ва ба кору бори касе кор намегирифтанд, ором буданд дар маъракаҳо.

Дар асл сабаби ҷудо шудани Таҳмина аз шавҳараш ин буд, ки шавҳараш ӯро бо ронандааш меқапад. Вақте Зарифбек Таҳминаро гирифт бачаҳои гузар мепурсиданд, ки «дасти дуюм» чи хел будаст? Он вақт ин тавр тарсу ваҳшат набуд аз Раҳмонов. Конкретно дар рӯяш мепурсиданд. Ин солҳи 2007 буд. Дар Водонассос гапмезадгиҳо бисёр буданд. Бачаҳои Рауф, бачаҳои Абдулло:-Дилшоду Диловар.Талабаҳои мактаби № 34. Мактаби 34 мактаби гапзан буд. Он солҳо инҳоро дар мактаби 34 касе писанд намекард, ғам медоданд.

Ҳоло бошад дар кӯчаашон як хонаи бегона намондааст. Ҳама сокинони баракҳоро аз хонаҳо сур карданд. Заданду гирифтанд. Гуфтанд аз Варзоб замин медиҳанд. Ба як қисмашон замин доданд ба қисми дигарашон замин нарасид. Як қисмашон аз баҳри замину баракҳояшон гузаштанд ва рафтанд Русия. Таҳминаро келин карданду оварданд ва барояш хона сохтанд. Таҳмина дар он хона зиндагӣ намекунад. Он хонаро ба хориҷиҳо иҷора додагианд. Тамоми халқи Водонасос медонад, ки хонаи Таҳмина аст. Дар як моҳ 30000 доллар пули иҷора мегирад. 30000 долларро барои 6 моҳ пешакӣ мегиранд. Хонаро кормандони сафорати Англия иҷора гирифтаанд. Сеошёна бо як мансардаи калон. Дар тамоми панҷ тарафаш дурбинҳо насб шудааст. Рӯбарӯи он хона хонаи куҳнаи Шарифбек воқеъ аст. Боз ҳоло хонаи нав сохтагианд. Аз пушти ҳамин хонагириаш бо ҳамсояҳо чап шудагианд. Шарифбек 9 хонаро аз соҳибонаш маҷбурӣ гирифт: ё мефурушӣ, ё мебарем гӯрат мекунем .

Раиси Аҷинабозори Автовокзал ҳамсоя буд. Бобои ҳамон раис ошно ва  ҳамқишлоқии Эмомалӣ Раҳмонов будааст. Он замоне, ки Раҳмонов дар совхози Данғара кор мекард. Шарифбек ба раиси Аҷинабозор таҳдид карда мегӯяд, ки хонаатро ба ман мефурӯшӣ. Раиси Аҷинабозор намедиҳам мегӯяд. Биёр мегӯяд, касеро меорӣ. Гапашон мегурезад. Шарифбек аз пушти келинаш мепарад дигарӣ аз пушти бобояш, ки дар гузашта бо Раҳмонов кор карда ва ҳамқишлоқиаш аст. Мегӯяд бобои ман рафиқи Раҳмонов аст ҳеҷ кас ягон кор карда наметавонад. Як моҳ нагузашта омаданду он одамро қарздор карданд аз андоз, аз гумрук, аз коррупсия омад. Ҳозир соҳиби ҳам бозор ва ҳам соҳиби хона Шарифбек шуд. Раиси Аҷинабозор дигар гурехту рафт Дубай. Ин кор якуним сол пеш сурат гирифт. Аз баҳри ҳама чиз гузашту гурехту рафт. Ҷонашро халос кард. Аммо фақат Аҷинабозорро Шарифбеку писарҳояш ба зӯрӣ нагирифтаанд.

Дар Душанбе як сети мағозаҳои Орима пайдо шуд.

Ин мағозаҳо ба Маъруф Орифов, як соҳибкор  тааллуқ дошт гирифт. Орифов ургутӣ аст. Вақте сети магазинҳоро мекушояд Зарифбек ва падараш мераванду мегӯянд, ки  “биё ҳамин мағозаи “Ситора”-ро ба иҷора гир. Маъруф мегӯяд дар чанд сум? Мегӯянд, ки моҳона 20 000 доллар. Ҳамин тавр якум ошёнаи супермаркети “Ситора”-ро, ки  аз Таҳмина аст, ба Орима ба иҷора медиҳанд. Ба Маъруф қавл медиҳад, ки туро “кришават”мекунем. Аз “коммуналний услугӣ” ва налог озодат мекунем. Ин гапҳоро худи Шарифбек, ки бисёр менушад дар маъракаҳо мегӯяд, ва мегӯяд, ки дар куни ургутӣ чуба задам. Шарифбеку Зарифбек мебинанд, ки маблағи иҷораро Орима “как надо” дода истодааст. Меоянду мегӯянд, ки дар “доля”медароем. Ним солаи иҷораро мегӯянд пешопеш медиҳӣ. Мебинанд, ки 6 моҳ пас ҳам дода истодааст.120.000 доллар дар ҳамон солҳои 2005.

Пеш аз онки гапи доляро бароранд воситаи “коммуналний услугӣ” фишор меоранд ва пули иҷорааш гаронӣ мекунад. Мегӯянд, ки дар доля медароем ва иҷораат арзонтар мешавад. Орифов мегӯяд, ки 20000 дода истодам “коммуналний услуги”-ро дар гардани ман бор кардӣ, дода истодаам, аз ин зиёд дода наметавонам. Шарифбек ба воситаи Таҳмина Тоҷикстандарт ва гумрукро ба сари Орима мефиристад. Бозиро сар мекунанд ва боз ҳамзамон масъалаи даромадан ба “доля”-ро пеш мекашанд: Медарорӣ дар доля ё ки не? Яъне бар замми ин 20000 доллар боз бояд ба фоидаи мағоза ҳам шарик шаванд. Мегӯяд, ки наметавонам. Ба ман партнер даркор нест. Партнер дорам. Ёдатон бошад дар назди Голубой экран як мағоза буд бо номи “М енд П”.   Яъне М-Маъруф ва П-Питер як голландӣ. Мегӯяд, ки партнерам дар Голландия ҳаст. Аз ту ягон фоида нест. Шарифбек хайр, майлаш…мегӯяд.

Дар ин миён як нафар аз муфаттишони милиса мегӯяд, ки 10000 доллар меорӣ, туро касе ҳеч кор карда наметавонад. Ин найранги кашидаи Шарифбек буд. “Вақте 10000 долларро меорад ӯро гӯиё барои ба мақомот додани ришва дастгир карданд.” Ҳамчунин ӯро боз барои фурӯши маводи ғизоии муҳлаташ гузашта айб монданд. 8 сол доданд. Мақсад доштанд, ки шабакаи Оримаро Шерзоду Нурзод бичархонанд. Зариф роҳбар шаваду онҳо коргар. Онҳо чанд нафарро, ки дар Аврупо хонда буд, ҷалб карданд, то ки ин тиҷоратро пеш баранд. Питер, шарики тиҷоратии Орифов мегӯяд, ки бо шумо қарордод намебандам ва ҳамкорӣ намекунам, чунки шумо ғайриқонуниед. Соҳибони нави Орима ғайриқонунианд. Баҳси ин мағозаҳо то Голландия меравад. Аз Голландия санксия мемонад, ки мо бе иҷозати Орифов ягон чиз фурӯхта наметавонем. Дигар сифати бор тағйир меёбад, наметавонанд, ки пеш баранд. Баъд мегиранду тақсим мекунанд ва мағозаҳоро Шарифбек мефурӯшад. Ҳоло акнун Шарифбек ва бачаҳояш дигар ҳар чизе ки бихоҳанд анҷом дода истодаанд. Нурзоди зард, писари хурдии Шарифбек чандин духтарони мактаби № 34-ро таҷовуз кард. Доду войи падару модарҳо ба фалак печид. Ҳатто омада дарвозаи Шарифбекро дар рӯзи равшан сангшаппак ҳам карданд. Худи Шарифбек рӯирост баромада гуфтааст, ки ягон касат ягон кор карда наметавонед. Кадомеат ариза мекунӣ, шикоят мекунӣ, фалон мекунам.

“Ҳатто ҳамсояҳо аз ӯ ба дод омада аз ҳузури ӯ сахт нохушу нороҳатанд. Ягон маърака шавад хоҳ хабар диҳед, хоҳ надиҳед проблема пеш меояд. Хабар надиҳед чап мегирад, милиса меояд, танзим меояд ба саратон.”

Хабар кунӣ ба касофати ҳузури вай ними ҳамсояҳо ба маъракаат ширкат намекунанд. Ҳамсояҳо бад мебинад. Яке аз ҳамсояҳо Шералӣ Нуралӣ, муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” буд. Хонааш дар қафои хонаи Шарифбек ҷой дошт. Хонаи калон сохта буд. Вайро ҳам луч карданд, ҳама чизашро гирифтанд. Як хонааш монда, ки имрӯз — пагоҳ онро ҳам Шарифбек мегирад.

Поёни бахши аввал, идома дорад…

Ps: Ба иттилои хонандагони Ислоҳ мерасонем, ки ҷиноятҳои Шарифбек, Зарифбек, Шерзод ва Нурзод зиёданд. Аммо дар бахши дуввум мехоҳем он тиҷоратҳое, ки аз мардум бо зурӣ ин чор нафар гирифтаанд ба мо нависанд, то қисмати дуввумро ба ин масала ихтисос диҳем.

Share This Article