Нахшов «сол» намегирифт, инро «Ислоҳ» пешакӣ гуфта буд..
«…. бештари огоҳони вазъият мегӯянд, ки боздошту ҳабси пешакии Амриддин Нахшов як «спектакл»-и Оила аст, то бо ин васила нишон бидиҳанд, ки онҳо қонунро риоят мекунанд ва дар Тоҷикистон қонун барои ҳама як аст. Аммо ҳамаамон медонем, ки ин як дурӯғи шохдор асту халос.
“Ислоҳ” ҳолат ва раванди қазияи додгоҳии Амриддин Нахшовро пурра назорат мекунад ва мебинад,ки Прокуратураи генералӣ ва Суди олии кишвар чи гуна ин қазияро ҳукм содир менамоянд ?..»
Роҷеъ ба Амриддин Нахшов, хоҳарзодаи Азизмо, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмонов ва писархолаи Рустами Эмомалӣ мо ҳанӯз дар ҳамон лаҳзаҳои гӯиё «бо хоҳиш ва пойи худаш»- ба шӯъбаи милисаи Данғара омадан навишта будем (иқтибос и боло аз матлаби мо дар моҳи май) , ки ӯ зиндонӣ намешавад ва ин ҳама «спектакли Оила» аст ва чуноне ҳам шоҳид шудем, ин гуфтаи мо таҳаққуқ пайдо кард.
Амриддин Нахшов бо пардохти ҷарима озод шуд вале ҳамроҳони вай аз 3 то 5 сол зиндонӣ шуданд. Ин гуна ҳукмҳои булаҷаб танҳо дар додгоҳҳои Тоҷикистон содир мешавад. Муҷрими асосӣ, созмондиҳандаи ҷиноят аз об хушк дармеояд, ё ҳукми сабук мегирад вале шарикони ҷурм, муҷриён баракс аҳкоми сангин.
“Ин мисли рӯз возеҳу рӯшан аст , ки писари хоҳари зани Эмомалӣ Раҳмонов ва писархолаи Рустами Эмомалӣ будани Амриддин таъсири худро рӯи судя ва ҳукми вай гузоштааст. Дар сурати ғайр бо айни ҳамин иттиҳом дигарҳо ҳатман сол гирифтаанд. Намунаи он Юсуф Алиматов, яке аз бародарони Алиматовҳои данғарагӣ аст, ки чанд соли пеш барои як муноқиша дар тарабхона бо Шерзод Давлатови бародари шавҳари Таҳмина Раҳмонова (духтари Эмомалӣ Раҳмонов) барои се сол равонаи зиндон шуда буд.”
Аммо ҳоло, чуноне дидем Амриддин танҳо бо пардохти «ҷарима» раҳо гардид. Дар ҳоле, ки Амриддин аз силоҳи сард (корд) ва ҳатто аз туфангча истифода карда ва нафарони мавриди ҳамла қароргирифта-«ҷабрдидаҳо», аз ҷумла Сайёд Ғиёсов ва чанд коргари ширкати «Мину-фарм»-и мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов-яке аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмонов захмӣ ва дар бемористон бистарӣ шуда буданд. Мебоист барои Амриддин Нахшов, раиси ширкати хусусии тавлиди тиллои «Нахш» дар кони Шугнов ҷазои сахттар дода мешуд, ки нашуд. Ҳатто мо шакку тардид дорем,ки Амриддин Нахшов ҳамон ҷаримаи 60 ҳазораро пардохта бошад.
“Ҷазои сазовор ба ӯ содир нашуд барои онки вай бо хонаводаи Раҳмонов хешу таборӣ дорад ва набоядам аз авлоду пайвандони “пешво” касе зиндонӣ бишавад, агарчи қонунҳои давлат ва ҳукумати худи Раҳмоновро ҳам шикаста ва боиси рехтани обрӯи вай шуда бошад. Зеро барои онҳо қонун татбиқ намешавад, чунки онҳо фаротар ва болотар аз қонун ҳастанд, яъне дахлнопазиранд.Онҳо « в,не закон»-анд.”
Мутассифона татбиқи дугонаи қонун дар Тоҷикистон ба як раванди маъмулӣ бадал шуда боиси ихтилофи табақотӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ шудааст. Ин ҳолат аз Душанбе ва ҳокимияти марказӣ гирифта то навоҳиву қарияҷот ба мушоҳида мерасад. Бахусус, ки бастагони худи Раҳмонов, бо онки даҳҳо ҷурму ҷиноят содир карда ва бидуни ҷазо боқӣ мемонанд, такрори айни чунин аъмоли ғайриқонунӣ дар маҳалҳоро ҷилавгирӣ намекунанд ва ошкоро аз ҷониби наздикони руасои мақомоти маҳаллӣ содир мешавад. Дар ин васат танҳо мардуми одӣ азият ва озори ҷисмониву равонӣ мебинаду бас.
Ҳоло агар Раҳмонов ҳазор бор бигӯяд, ки барои ҳамаи мардум муносибати ягона дорад, дар назди қонун ҳама баробар аст, касе бовар намекунад.
“Маълум аст судяе, ки ҳукми Амриддин Нахшов ва шариконашро содир кард, бидуни маслиҳату ҳамоҳангӣ онро содир накардааст. Ҳатто агар касе нагуфта бошад ҳам (албатта, ки гуфтанд, ки чи ҷазо бидиҳад ) ва агар нагуфта бошанд ҳам худи судя ҳукмро тавре содир мекунад,ки Раҳмонову Азизмо ва Рустаму Озода қонеъ бишаванд. Инки қонун чи мегӯяд дар мавриди Раҳмонову бастагону авлодаш аҳамият надорад.”
Баъзе аз маворид ҳолатҳое пеш меояд, ки Рустам дигар мегӯяду Озода дигар. Дар ин мавридҳо як судя ва як корманди прокуратура дар воқеъ «дар миёни чор дарё тахтабанд» аст.
Вақте ҳукумат хонаводагӣ шуд ана ҳамин тавр мешавад: “саг соҳибашро намеёбад.” Аммо дар ҳар сурат ҳоло бастагони Раҳмонов худро «сорти аввал» меҳисобанд.» Сорти аввал набояд боздошт ва зиндонӣ бишавад.
” Чунонки дар ҳодисаи дигар ҷияни «родной»-и худи Эмомалӣ Раҳмонов Фахриддини Сафар, подполковник, сардори собиқи милисаи Шаҳринав, ки баъди марги модараш Қурбонбӣ (хоҳари Раҳмонов) вазири тандурустӣ ва сардухтури бемористони ҳукуматиро зада латуукуб кард, аммо чизеаш нашуд. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки инҷо ҳам мисли иттифоқоти Амриддин ҷиноят «группавой» содир шудааст:-Фахриддин ва ду бародараш вазири тандурустиро чунон латту кӯб намуданд,ки ҷоғаш шикаст. Гӯиё вазири тандурустӣ табобати Қрбонбии модари онҳоро, ки коронавирус шуда буд, муолиҷаи нодуруст фармудааст.”
Ин ҳодиса ба ҳадде ваҳшатнок ва боварнакарданӣ буд, ки расонаҳои бузурги дунё мисли «Вашингтон пост»-у «Ню-йорк-таймс» шабакаи “Ал-Арабия”дар бораи он навиштанд вале пинаки Раҳмонов напарид. Зеро ӯ ва аҳли авлоди ӯ табиат ва натураашон чунин аст. Онҳо худро як табақае дигар шинохтаанду меҳисобанд ҳамон «сорти якум» ва тамоми мардуми кишвар ба пиндори онҳо худро дар баробари онҳо бояд «сорти дуввуму саввум» бишиносанду ин қаноатро дошта бошанд, ки онҳо нафаре аз сортҳои дуввум ва сеюманд.
Фахриддини худ ҳомиву ҳофизи қонуну қонуният аст. Медонад, ки задан мумкин нест, ҷавобгарӣ дорад. Аммо ӯ ҳам мисли Амриддин зад. Чаро зад? Агар Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурӣ набуд ин корро мекард? Чаро вай ғарра шуд, пушташ аз чӣ пур буд? Ба кӣ такя кард? Чаро бо итминон хесту як вазирро, як марди калонсолро заду даҳону бинияшро пури хун карда ҷоғашро шикаст? Барои онки дилпур буд,медонист, ки муҷозот намешавад, тағояш ӯро ҳимоят ва тарафгирӣ мекунад.
“Агарчи Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ баъди як моҳи ҳодиса такзиб кард, вале шоҳидони ҳодиса гуфтанд, ки вай зориву тавалло кардааст, ки «накушедам,ду фарзанди маълул (инвалид) дорам».”
Ҳолати ин вазирро дар байни вазирони дигар ва дар назди фарзанду зану падару модару ҳамсояҳо тасаввур кунед, ки чи шуд? Субҳ кор рафта буд, аммо аз кор барнагашту бемористон уфтод ва ё омад, ки даҳону биниву ҷоғаш докапеч. Ваир,ки як авбош нест дар кӯча занозанӣ карда бошад.
“Ҳоло боз ҳолу аҳволи вазирҳои дигарро биандешед, ки бо дидану шунидани ин ҳолат чи вазъу ҳоле доранд. Ҳамаи онҳо дар баробари ҳатто як хеши Раҳмонов осебпазиранд, чи расад дар назди худи Раҳмонову Рустаму Озода?”
Агар ба воқеият як каме ҷидди муносибат кунед, бармеояд, ки Раҳмонов худаш чунин шароитро фароҳам кардааст? Ин як сиёсати ҳисобшуда аст, ки дар паси он худи Раҳмонов меистад.
Ҳам судяҳо ҳам ин вазир ва ҳар касе дигар аз Раҳмонов бим мекунад, ки муҷирими хеши ӯро ҷазо диҳад ва ё аз болои вай шикоят барад. Раҳмонов худаш ба хешу таборҳо паём медиҳад, ки то вақте ман ҳастам шумо дахлнопазиред. То ман ҳастам ҳар коре мехоҳед бикунед .
Дар сурати ғайр ӯ мебоист ҳам барои Амриддин ва ҳам барои Фахриддин ҷазо таъйин мекард. Вақте вай ин ҷинояткоронро аз ҷазо озод мекунад паём ва маънояш ин аст ки хешу таборони ман дар давлати ман дахлнопазиранд ва онҳоро кордор нашавед, ҳамчуноне барои худи ман ҳатто Қонуни асосӣ беаҳамият аст барои онҳо ҳам қонунҳо татбиқ намешаванд. Аз ин хотир агар минбаъд низ чунин ҳодиса такрор шавад вазъ дигар нахоҳад шуд, чунки дигарҳо масалан вазирони дигар, судяҳои дигар бо таваҷҷуҳ ба ин маворид айни ҳамин мавқеъро ишғол мекунанд.
Воқеан ҳам Муҳиддин Кабирӣ,раиси ПМТ дар ин маврид дуруст ва аз рӯи холисанлиллоҳ суол гузошт: «Агар ҷои хоҳарзодаҳои Раҳмон як нафари дигар мешуд, онҳо чӣ гуна муносибат мекарданд? Оё фарқ дорад, ки мушти баҷоғи вазирхӯрда мушти яке аз аъзои хонаводаи раисҷумҳур ё як шаҳрванди оддӣ бошад? Ё вақте мушти хеши раисҷумҳур ба ҷоғашон хӯрд номусашон хоб мераваду замоне бедор мешавад, ки як мухолиф онҳоро танқид кунад?”
Амриддин Нахшов, солҳои пеш дар “Ориёнбонк” кор мекардааст, ҳолочуноне гуфтем раҳбари ширкати истихроҷи тилои “Нахш” аст. Ин ширкат асосан дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг замин дорад ва бештар дар он ҷо ба истихроҷи тило машғул аст.
Нахшов ин ширкатро аз Шарифов Ҷурахон ,як тоҷири маҳаллӣ ба иҷбор кашида гирифта ва ҳоло чанд соласт, ки солона 300 кило тилли истеҳсол мекунад, ки ҳатто як мисқол ҳам ба давлат намесупорад, чунки вай хешу табори Раҳмонов ва ҳамсари вай мебошад.
Шиори Амриддин Нахшов ин аст:
“ давлати худмон, язна пешво, ҳамсараш холам , хола бачам президенти оянда, духтархолаҳом бо шавҳарошонда вопше гап нест, чикоре форам мекунм мехурм мечарм, мекушум мегардм”
Дар матлабе “Ислоҳ” нашр намуда буд ва навораш ҳам тақдими мардум гашта буд дида будед, ки Амриддин чи гуна шахсест. “ Ҳатто бо 100 $ ва 200 сомона мақъадашро пок мекарда аст. Мардум бошанд дар пушти ҳоҷатхонае ӯ ворид мешуда навбат мепойдаанд, то ӯ барояд ва он пуле ӯ ба сатли ошғол мепартояд бигиранд. “
Акнун барои ҷинояти бо силоҳи оташфишон паронидани шахс , боз дар назди маъмурони вазорати дохила ин корро анҷом дода буд ва оромона дар мошин нишаста меравад. Маъмурони ВКД тарсиданд, ки ӯро боздошт кунанд. Боз ӯ рафта дар хонаи Ҳасан Асадуллозода тағояш истироҳат мекунад. Кӣ метавонад ба хонаи Ҳасан дарояд?
Тибқи маълумотҳои расида ба “Ислоҳ” ӯ як рӯз дар боздоштгоҳ ҳатто набуда аст.
“Амриддин Нахшов бояд ба ҷурми сӯйи қасд муҷозот мешуд ва равонаи зиндон мегашт. Аммо “ Холаҷон”-аш корро кард . Ӯро бо моддаи 237\2 бо додани “ ҷарима” ба маблағи 60 ҳазор Сомонӣ озод карданд.”
Якбор мард шавед ва ҷинояткор худӣ ва бегонв намешавад охир. Чаро бо ӯ будаҳо раҳм накардеду зиндонашон кардед? Аммо ҷияни Азизмо озод шуд?
Хулоса ҳамватани гиромӣ!
– адолати додгоҳӣ куҷо шуд?
-адолат чист магар?
-Адолат номи ягон духтаре бошад?
Касе аз шумо “ адолат”-ро пайдо кард дар Тоҷикистон лутфан нависад, то ӯро шиносем ва ё бо ӯ шинос шавем!