Дар бораи Абдуваҳҳоб Ҳасанов, яке аз қочоқбарони маводди мухаддир, ки дар Русия ва Украина ба харидуфурӯши героин машғул аст, дар барномаҳои қаблии «Ислоҳ.нет» навишта будем. Инҷо барои онки чеҳраи ӯро ба хонанда як бори дигар бишиносонем аз навиштаҳои қаблӣ иқтибос меоварем.
«Абдуваҳоб ба Раҷаббой Аҳмадзода дар Масква моҳи январи ҳамин сол вохурд. Шарт гузошта шуд, ки Рустамзодаи Рустам раиси ноҳия мешавад ва бояд, ки 120 ҳазор доллар ё ки 60 вагон мазут ба Тоҷикистон интиқол дода шавад. Ин шартро Абдуваҳоб иҷро кард. Раҷаббой Аҳмадзода ин маблағро бояд ба корманди дастгоҳи Президент доир ба кадрҳо Асадулло Раҳмон ҳамчун пора медод то ки Рустамзодаи Рустам раиси ноҳияи Мастчоҳ таъин шавад. Ин сафари раиси вилоят ба Маскав ғайрирасмӣ сурат гирифта буд. Мақсади асосии сафари Раҷаббой Аҳмадзода ба Маскав мулоқот бо Абудваҳҳоб гирифтани пули пора буд. Абдуваҳҳоб дар ҳамон шабуруз имконияти ба ватан омадан надошт вале раиси вилоят барои вохурдан бо як наркобарон озими Масков шуд. ….
Ғайр аз дидану кушодани иншоотҳои ҷашнӣ Президент ба бинои боғчаи бачагона, ки наркобарон Абдуваҳҳоб сохтааст, омад ва онро ба истифода дод. Абдуваҳҳоб худро ҳамчун соҳибкор нишон дод. Ба ӯ иловатан 3 га доданд. Замини чанд деҳқони бечораро гирифтанду ба ў доданд барои сохтани гармхона. Аз рӯи адлу инсоф мебоист, ки ба ӯ як замини бекорхобидаро медоданд, на инки замини чанд деҳқони бечораро, ки манбаи таъминоти рӯзгорашон аст. Барои онки Президентро баҳузур бовар кунонанд, ки Абдуваҳҳоб коргар аст аз гӯшаву канори ноҳия гулу буттаҳоро оварда дар ҳавлии боғчаи бачагона шинониданд. “Тӯйхона”–и Абдуваҳҳоби “соҳибкор” ва “тоҷир”ҷойи айшу нӯши бархе аз кормандони ҳукумати ноҳияи Масчо мебошад:-субҳона, чошт ва ғизои шомро дар онҷо тановул мекунанд. Агар кормандони мақомотро дар ҷои кориашон наёбед, донед, ки дар “туйхона”-и Бӯстон ҳастанд: чи амният, чи прокурор, чи милиса, чи суд, чи андоз ва чи кормандони кумитаи замину чи ҳукумати ноҳияи Масчоҳ. Вале дар ин миён корҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсониеро, ки прокурори ноҳия Иззатуллозодаи Акобир имсол ба баҳонаи омодагӣ ба сафари Президент кард, дар таърихи Мастчоҳ касе ёд надорад.»
Абдуваҳҳоб феълан дар Мастчоҳ тоҷир ва вакили халқи деҳа аст. Вакили халқи деҳа аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон. Ҳизбе, ки дар он тамоми дуздону ришвахорону қочоқчиён аъзову раисанд ва як намунаи рушани он ҳамин Абдуваҳҳоб аст.
“Бахши русии Радиои Озодӣ дар бораи тарзи дуздии нафт дар Ханти-Мансийск, ҳавзаи худмухтори Югра, минтақае, ки 40 дарсади маҳсулоти нафтии Русия дар онҷо истеҳсол мешавад, таҳқиқот анҷом дода аст. Натиҷаи ин таҳқиқот моҳи марти соли ҷорӣ нашр шуд.”
Дар доираи ин пажӯҳиш хабарнигорон бо маъмурони собиқ ва ҳозираи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони хадамоти амнияти ширкатҳои нафтӣ дар Нижневартовск, Сургут ва Маскав суҳбат карданд. Инчунин, тавонистанд, бо шахсони наздик ба гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳамсуҳбат шуда, бо санаду парвандаҳои ҷиноии марбут ба қазияҳои дуздии нафт шинос шаванд. Радиои Озодӣ ба маводи парвандаи Чернаков дастрасӣ надорад, вале дар як сабти садоӣ Чернаков дар бораи мафияи нафт дар минтақа ва тартиби тақсими пулҳои аз ин роҳ ба даст омада нақл мекунад (Дар баробари кормандони ҳифзи ҳуқуқ Чернаков аз як зодаи Тоҷикистон бо номи Ваҳҳоб ҳам ном мегирад). Айни ҳол Чернаков аз рӯйи як парвандаи дигар ҳам муҳокима мешавад.
Ин ҳамон Ҳасанов Абдуваҳоби наркодилери Мастчоҳ мебошад, ки мақоми ду шаҳрвандиро дорад. Дар Русия Ҳасанов Абдуваҳҳоб ва дар Тоҷикистон Ҳасанзода Абдуваҳҳоб. Шиносномаҳои вай чунин аст. Баъд аз нашр шудани мақола дар расонаҳои Русия ӯ аз Русия «қочмаган номард» гуфт фирор карда ва ҳоло ба ивази пардохти ришвату пора ба Тоҷикистон паноҳ бурдааст. Аммо новобаста аз ин ҳама ҷиноятҳои сангин ҳоло дар назди мақомоти ноҳия иззату эҳтироми баланд дорад ва ҳамеша дар гирди ӯ милисаю прокурору амнияту ва суд ҳамчун парвона чарх мезананд. Чунки вай дар инҷо низ орому сокит нест. Ва қариб, ки ҳама вақт дар тарабхонаи Бустон, ки моликаш худи ӯ мебошад, дида мешавад.
“Агар як шахси одиву камбағал нисбати қонун шиканӣ ба прокурор шикоят барад, прокурор нисбати қонуншиканиҳо ягон назорати қонуниро намебарад ва бечораи камбағал сарсону саргардон мегардад. Вале барои пулдорон ин прокурори ланг тамоми назорати иҷрои қонунро истифода мебарад.”
Баъд аз фирор кардани Абдуваҳҳоб дар Русия гарчанде, ки саводу маълумоти олӣ надорад бо дасгирии ҲХДТ дар маҳалаи Пакшиф депутат-вакили халқ таъин шуд ва ваъда дода буд, ки роҳи ин деҳаро мумфарш мекунад.
Лекин ваъдаи худро фаромӯш карда дар зодгоҳи худаш деҳаи Фотеҳобод роҳи кучаи хонаи падариашро барои мумфаршкунӣ омода карда истодааст.
Барои дар маҳал нақшаи роҳро муайян намудан маълум шуд, ки якчанд иморатҳо бояд канда ба хок яксон шаванд. Иморатҳои одамони одӣ, ки солҳо дар он зиндагонӣ мекарданд. Барои дархосту талаби Абдуваҳҳобро қаноатбахш кардан тамоми мақомоти дахлдори ноҳия ҷалб шуданд. Аз он ҷумла худи прокурори ноҳия барои назорати иҷрои гӯиё қонун омада болои сари коргарҳо истод.
Як рӯз дар як танкуча ин ҳайате, ки аз мақомот ҷамъ омаданд ҷойи гузаштан намонда буд. Ин қадар техникаву технология оварда буданд,ки гӯё ГЭСи Роғун месохта бошанд. Техникаҳое оварда буданд, ки сохтмонҳоро ба хок яксон намуданд. Новобаста аз норозигӣ мардум бо ин гурӯҳи ҷалбшуда тамоми чизҳои нолозимаро аз сари роҳ дур карда роҳро аз меъёр зиёд аз нақша ҷойкардан,фақат барои хизматҳои хирсонаи Абдуваҳҳоб,
Тамоми коркунони милиса дар ин амалиёт иштирок карданд. Гуё, ки ба ин роҳ президент мегузашта бошад. Дар роҳе, ки президент мегузарад чунин миқдори милиса дида намешуд. Аҷоибаш инки дар яке аз рузҳои ҷашни тавалудаш аз тарафи Ғайрат Азиззода ва шахсан Қофлонбой ин соҳибкори бесоҳибро зиёда аз 1000га замини чарогоҳ туҳфа намуданд.
Инро низ бояд зикр намоем,ки дар моҳи марти соли 2016 хадмоти гумрук борҳои қочоқии Абдуваҳҳоб Ҳасановро дастгир ва мусодира карда буданд:
“Душанбе. 11 март. ТоҷикТА – Кормандони Хадамоти гумруки ҶТ дар як анбори вилояти Суғд беш аз 400 тонна колои тақаллубӣ (моли қалбакӣ) ба миқдори ҳудуди 53 ҳазор доллар кашф карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бинобар иттилоъи Хадамоти гумруки ҶТ, кормандони гумруки вилояти Суғд дар паи бозрасии як анбори мутаъаллиқ ба Абдуваҳҳоб Ҳасанов дар ноҳияи Б. Ғафуров беш аз 412,7 ҳазор килограм маҳсулоти тақаллубӣ — хӯрокаи ҳайвоноту парандагонро пайдо карданд. Арзиши маҳсулот беш аз 412,7 ҳазор сомонӣ (52,5 ҳазор доллар) муҳосиба шуд.
А. Ҳасанов даҳҳо ҷувол ҳубубот (лӯбиё), хӯрокаи мураккаби ҳайвонот, кунҷолаи офтобпарастро дар анбор ҷамъ кардааст ва мушаххас шуд, ки онро аз Қирғизистон ба сурати қочоқ ба Тоҷикистон ворид кардааст.
Дар ин маврид парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва бозрасиҳо идома дорад.”
Акнун парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва бозрасиҳо ба куҷо расид ? Ба раёсати ҲХДТ дар Мастчоҳ аз роҳи побусии “пешвои “ миллат. Инро мегуянд давлати “адолат” парвари “пешво”и миллат Эмомалӣ Раҳмонов.
Ва, дар охир ҳаминро гуфтанием, ки рӯзи 14 сентябри соли гузашта Президент ба Мастчоҳ омад ва тӯйхонаи Абдуваҳҳоб Ҳасановро кушод. Дар сайти Президент ҳам навиштанд: “Бинои тарабхонаи “Бӯстон” дар маркази ноҳияи Мастчоҳ–шаҳраки Бӯстон дар доираи нақша чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов сохта шудааст. Бинои навбунёд аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум маркази савдо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгиранд.”
Ин буд қиссаи як дузди байналмилалӣ аз Мастчоҳ,ки ҳамнишину ҳамтирози дузди калони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аст. Таҳқиқоти “Ислоҳ” дар ин масала ва дигар ҷиноятҳои мақомдорон дар Мастчоҳ идома дорад. Ба зуди матолиби диагре тақдиматон менамоем, бо “Ислоҳ” бошед,то аз онҳо низ огоҳи пайдо намоед….