Кӣ мегуфт Абдуқодири Рустам 65 солагияшро пушти миллаҳои зиндон мегузаронад?

Ислоҳ нет

 Абдуқодири Рустам, адиби забардасти тоҷик имсол ва имрӯз зодрӯзи худро дар маҳкама мегузаронад. Ё ба ибораи дигар ӯ 13 уми октябри соли 1958 дар зодгоҳи Одамушуаро чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ин зиёии асили миллат 65-ро пур кард. Ҷойи онки аз ҳар яке аз мо-садҳову ҳазорҳо хонандаву ҳаводори осори гаронмояаш паёмҳои шодбошӣ дарбиёбад, эҳсоси шодиву масаррат кунад, ҳоло дар баробари кадом бозраси нохондаву нодону ноогоҳе бо дастони завлоназада нишастааст ва намедонад ба чирту пиртҳои ин намояндаи қавми қарлуқ чи бигуяд?

    Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон ба вай моддаи 189-(қисми 2, банди «г»)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистонро задааст.

  Абдуқододири Рустам, тибқи иддаои Юсуф Раҳмон шарикҷурми Абдухалил Холиқзода, мудири бемористони байналмилалии Ибни Сино ва муаллифи китоби «Ҳаводиси рӯзгори ман» ва Суҳроб Раҷабзода, мудири матбааи «Эр-граф»-и шаҳри Душанбе аст. Ба ин ду нафар ҳам айни ҳамин моддаи қонуни кайфарии кишвар зада шудааст.

Бинобар хабарҳое, ки аз манобеи наздик ба Юсуф Раҳмон ба мо мерасанд, барои тафтиши «ҷиноят»-ҳои Қодири Рустам, Абдухалил Холиқзода ва Суҳроб Раҷабзода, гурӯҳи махсуси тафтишотӣ ташкил шудааст.  Гурӯҳ таҳти раҳбарии Мансур Ғанизода, сардори Раёсати тафтишоти ҷароими сангин (важнякҳо) кор карда истодааст. Ин манобеъ гуфтанд, ки   болои мизи муфаттишон китобҳои зиёде, аз ҷумла намунаҳое аз таълифоти ин адиби забардастро тал зада ва бозрасон ба мутолиаи онҳо машғуланд.

Contents
 Абдуқодири Рустам, адиби забардасти тоҷик имсол ва имрӯз зодрӯзи худро дар маҳкама мегузаронад. Ё ба ибораи дигар ӯ 13 уми октябри соли 1958 дар зодгоҳи Одамушуаро чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ин зиёии асили миллат 65-ро пур кард. Ҷойи онки аз ҳар яке аз мо-садҳову ҳазорҳо хонандаву ҳаводори осори гаронмояаш паёмҳои шодбошӣ дарбиёбад, эҳсоси шодиву масаррат кунад, ҳоло дар баробари кадом бозраси нохондаву нодону ноогоҳе бо дастони завлоназада нишастааст ва намедонад ба чирту пиртҳои ин намояндаи қавми қарлуқ чи бигуяд?    Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон ба вай моддаи 189-(қисми 2, банди «г»)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистонро задааст.  Абдуқододири Рустам, тибқи иддаои Юсуф Раҳмон шарикҷурми Абдухалил Холиқзода, мудири бемористони байналмилалии Ибни Сино ва муаллифи китоби «Ҳаводиси рӯзгори ман» ва Суҳроб Раҷабзода, мудири матбааи «Эр-граф»-и шаҳри Душанбе аст. Ба ин ду нафар ҳам айни ҳамин моддаи қонуни кайфарии кишвар зада шудааст.  Инҷо як ҳикоятеро нақле бикунам, ки шояд боваратон нашавад. Ёдатон бошад дар паҳлуи чойхонаи «Роҳат» театри сабз (Зелённий театр) амал мекард, тобистонӣ буд. Онро барканданд. Хишту чубу шикастапораҳои онро Муҳаммад Ғоиб ба хонааш мебарад. Муҳаммад Ғоиб, ҳоло Мумин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собири ин ҳукумат  ва табъан, ки ин қавм аст. Ана ҳамин аст эталону элитаи ин қавм ва дунёву уқбояшон. Инҷо тамоми моҳияту мазмуну маънои онҳо ифода меёбад. Ҳадди ақал даҳ соли ахири Тоҷикистон гувоҳ аст ки сиёсати маҳаллӣ дар сатҳи миллӣ мебарояд. Алайҳи китоб асосан ва умдатан ҳамин қавм ҷабҳа гирифт. Қавм ва маҳалле, ки ҳоло худро ноф ва асли миллат мешиносонад.

Аммо, «мутолиагарон»-и асосӣ Эмомалӣ Насриддинзода, ёрдамчии Президент дар умури иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон, Раҳмон Шералӣ, сардори раёсати табъу нашри вазорати фарҳанг, Хайриниссо Юсуфӣ, муовини раиси ҲХДТ, Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи миллии илмҳоиТоҷикистон ва чанд тане дигар ҳастанд, ки барои ин муфаттишон ҷурму ҷиноёти Қодири Рустам ва шариконашро аз осорашон пайдо ва ба ба дасти ин гурӯҳи айбдоркунандаҳои давлатӣ қарор медиҳанд. Яъне давлат, бо шумули сохторҳои сиёсӣ ва қудратии худ бар муқобили ин се нафар ба мубориза бархостаанд.

 Абдуқодири Рустам дар китоби «Ҳаводиси рӯзгори ман»-и Абдухалил Холиқзода муҳаррир асту Суҳроб Раҷабзода ин китобро дар матбааш чоп кардааст.

  Аммо, инҷо мо дар бораи ин китоб, муаллифи он ва мудири матбаа зиёд намегӯем. Дар бораи он мегуем, ки чаро ин қавм, ки дар сари қудрат аст, яке бар сари ин нафарон тохтутоз кард?

  Маъракаро Раҳмон Шералӣ шуруъ кард. Бар зидди китоби «Ҳаводиси рӯзгори ман»-и Абдухалил Холиқзода навишт ва навиштаи ӯро шуморе аз журналисту нависандаи дигари   ин қавм ончунон пардоз доданд, ки гуё «мақомот»- Прокурори генералӣ ба кӯмакашон шитофт.

  Вале, огаҳони авзоъ аз ҳамон рӯзи аввали оғози маърака гуфтанд, ки Раҳмон Шералӣ «дастур» иҷро кардааст ва ҳадафи ин дастур моликият ва тиҷорати Абдухалил Холиқзода, раиси бемористони байналмилалии Ибни Сино ва як тоҷири муваффақи мустақил аст ки бо «Оила» қаробат надорад.

 Маълумотҳое, ки ба дасти мо расидааст, аз он мегуяд, ки тамоми хадамаи бемористони байналмилалии Ибни Сино дар ин ду моҳи ахир борҳо аз тарафи аъзои ин гурӯҳ таҳти пурсуҷуву истинтоқ қарор гирифтаанд. Ва, гуё тафтишот дар кори бемористони Сино маворидеро ошкор кардааст, ки мудири он Идораи андозро фиреб дода ва ба маблағи 5 миллион сомонӣ молиёт насупоридааст. Афзун бар ин, Фароз, ширкати Шамсулло Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов дар ноҳияҳои Восеъу Фархор воҳидҳои кишоварзии ҳамкор бо Абдухалил Холиқзодаро ба иҷбор водор карда истодааст, ки пахтаро ба ин ширкат бидиҳанд. Яъне, ин тасдиқи ҳамон ҳадсу гумонҳо буд, ки дар пушти боздошти Абдухалил Холиқзода моликият ва тиҷорати ӯ меистад ва китоби вай танҳо як баҳонае аст барои шуруъи кори ҷиноӣ ва ҳамин тавр мусодира ва ғасби молу мулк ва тиҷорати вай.

Ва, аммо Абдуқодири Рустам ва Суҳроб Раҷабзодаро кашонидани ба ин парванда як навъ чапғалат андохтан ва гумроҳ сохтани афкори умумӣ ва тавҷеҳ кардани ҳадафи асосӣ-ғасби молу мулки Абдухалил Холиқзода аст. Задани иттиҳоми «гуруҳӣ» ҳам ба ҳамин хотир аст. Яъне Прокурори генералӣ гурӯҳи нафаронеро ошкор кардааст, ки огоҳона бар зидди сиёсатҳои Раҳмонов, яъне давлат, ҳукумат, ватан ва миллат бо суиистифода аз имконот даст ба таблиғу ташвиқ зада боиси ба вуҷуд овардани низоъи милливу маҳаллӣ шудаанд. Хулоса, ин гурӯҳ, ки феълан аз се нафар иборатанд: Абдуқодири Рустам, Абдухалил Холиқзода ва Суҳроб Раҷабзода зидди сиёсатҳои имрӯзаи Пешвои муаззами миллат баромадаанд.

Шумо агар навиштаҳои нафарони фавқуззикр Эмомалӣ Насриддинзода, ёрдамчии Президент дар умури иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон, Раҳмон Шералӣ, сардори раёсати табъу нашри вазорати фарҳанг, Хайриниссо Юсуфӣ, муовини раиси ҲХДТ, Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи миллии илмҳоиТоҷикистон дар робита ба китоби «Ҳаводиси рӯзгори ман» бихонед, онҷо ошкоро муаллиф дар «хиёнат», «тафриқаандозӣ», зидди сиёсати сулҳсози Асосгузори сулҳ  ва ғайра муттаҳам карда мешавад.

  Ҳоло, дигар ин банди қонун, ки аз озодии баён, аз набуди сензура мегуяд, дигар муҳим нест. Чун ин нафарҳо зидди сиёсати худи Пешвои муаззами миллат баромадаанд. Ва, албатта, ки ин нафарон ва бахусус журналистону нависандагони ин қавм, ки чоплусу косалесу тамаллқукоранд, ба Прокурори генералӣ «фаҳмониданд», ки Абдуқодири Рустам на фақат муҳаррир аст.

  Дигар маълум аст ки имрӯзу фардо ҳукми ин «гуруҳ» содир мешавад ва калимаи «гурӯҳ», ки инҷо акнун ҳамчун истилоҳи ҳуқуқӣ корбурд мешавад, кори худро хоҳад кард. Ҳукм содаву сабук намешавад. Чунки Раҳмонов ҳамеша талош кардааст, ки ҷомеаро дар ҳолати тарсу ваҳшат нигоҳ дорад. Ва, ҳоло, ки дигар ҳиҷ ҳизбу шахси сиёсии мухолифу муқобил намондааст, тавассути ҳамин гуна афроди маъруф, ки коре ба сиёсат надоранд, мардум ва ҷомеаро тарс медиҳад. Ба ин маъно, ки ҳеҷ кас набояд сиёсатҳо ва дурустии корҳои Раҳмоновро интиқод кунад ва таҳти суол қарор диҳад.

   Раҳмонов тули ин солҳо афродеро тарбият ва дар давру бараш овардааст, ки ӯро хеле хуб омухтаанд ва кореро мекунанд, ки мазоқу табъи мувофиқ ва созгор бошад. Раҳмонов, ки худро абаринсон ва фавқулбашар меҳисобад, иҷзоа нахоҳад дод, балки бовараш намеояд, ки ӯро интиқод бикунанд, чи расад ба онки вайро қалуғ гуфта бошанд.

Бинобар як хабари дигари расида Асадулло Раҳмон (Сумбулоғо) ба Раҳмонов гуфтааст, ки он ношукр, яъне Абдухалил Холиқзода, ки дар сентри Душанбе, ҳамагӣ дар чандметраи қасри шумо коргоҳ дорад, шуморо қалуғ гуфтааст. Ин тамоман дуруғи маҳз аст.  Ва, дастури  шикасти Абдухалил Холиқзодаро гирифта тамоми шайкаашро ба кор даровард.

 Бовар кунед на Хайринисо Юсуфӣ, на Фарҳод Раҳимӣ ва на тем более Насриддинзода, ки саводи дукаратдуро надорад тақриз навишта наметавонанд. Онҳоро фармуданд, ки бояд бинависӣ. Ин маводҳо фармоишӣ аст.

  Ҳоло як бор биандешед, ки ба Юсуфӣ чи зарур буд, ки шишту тақриз навишт? Магар кори дигар надорад. То ин тақриз боз тақриз чоп кардааст? Ва ҳамин тавр Раҳимзода ва Насриддинзода. Барои ҳамин ҳама нимкосаи зери косаро фаҳмид.

Чанд рӯзе пештар гуфта будам, ки вақте баъди беморӣ ҳушу ёдам сари ҷояш меомад пеши назарам Абдуқодир меомад. Ҳамин чанд рӯзе ҳам, ки мегузарад, ҳиҷ мағзамро раҳо намекунад. Чанд барнома кардам. Чанд бор ҳам гуфтам. Аммо ҳеҷ, ки дилам орому қарор намегирад. Барои дастгирии Абдуқодир не, чун ин навиштаи ман ягон зарра ҳам дастгирӣ карда наметавоанд, барои онки мағзи сарам натаркад, аъсобам мунфаҷир нашавад, дилам холӣ бишавад, ки дар гумон аст, вале ба ҳар ҳол, он ҳама гапу ҳарфи дар ин чанд рӯз ғуну ҷамъшударо натавонистам, ки нагӯям.Ҳоло бо ин кор чи гуфтаниянд? Яқинан ин қазия аз тамоми қазоё, моҷарои аз хабарнигорони зиндонӣ ҳам фарқ мекунад. Барои муҳаррирӣ нафар муттаҳам ва зиндонӣ мешавад. Ҳодисае, ки шояд дар тамоми дунё назир надошта бошад.Дар тамоми ин муддат ҳамин андеша тоб медод ва даҳҳову садҳо намунаву мисолҳо дорам, ки тасбит мекунад ин қавм аз бақияи миллат дигар аст. Аз ин қавм онҳоеяшон, ки бо маориф ва улуми исломӣ ошнову огоҳанд, фарқ мекунанд. Боқии онҳо, қасам ба Аллоҳи бузург ҳамагӣ сангакӣ ва сангакмаобонанд. Тамоми бологузару болонишононе, ки доранд,низ.

  Инҷо як ҳикоятеро нақле бикунам, ки шояд боваратон нашавад. Ёдатон бошад дар паҳлуи чойхонаи «Роҳат» театри сабз (Зелённий театр) амал мекард, тобистонӣ буд. Онро барканданд. Хишту чубу шикастапораҳои онро Муҳаммад Ғоиб ба хонааш мебарад. Муҳаммад Ғоиб, ҳоло Мумин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собири ин ҳукумат  ва табъан, ки ин қавм аст. Ана ҳамин аст эталону элитаи ин қавм ва дунёву уқбояшон. Инҷо тамоми моҳияту мазмуну маънои онҳо ифода меёбад. Ҳадди ақал даҳ соли ахири Тоҷикистон гувоҳ аст ки сиёсати маҳаллӣ дар сатҳи миллӣ мебарояд. Алайҳи китоб асосан ва умдатан ҳамин қавм ҷабҳа гирифт. Қавм ва маҳалле, ки ҳоло худро ноф ва асли миллат мешиносонад.

Инки Юсуф Раҳмон шаб ҳамроҳи дузду рэкету чаповулгар аст шубҳае вуҷуд надорад. Вале ҳақиқати талх ин аст ки дар рӯз ҳам дар канор ва ҳимояти дузди калон аст.

    Ин амал дар асл террори давлатӣ аст ва террори давлатӣ дорад ба марҳала ва авҷи дигар мерасад. Минбаъд қонунҳо дар ин кишвар аҳамияти худро аз даст додааст.

  Ғавғои бардоштаи Раҳмон Шералӣ ғавғои тасодуфӣ набуд, ки ба он акнун Юсуф Раҳмон нуқта мегузорад. Ҳар чизе, ки Юсуф Раҳмон мегуяд ҳамон хоҳад шуд ва суд ё судя, агарчи раиси Суди олӣ ҳам бошад на нуқта ва на вергули онро дигар намекунад

 Имрӯзу фардо ҳукми ин гурӯҳ ба шумули Абдуқодири Рустам нависандаи тавоно ва рушанфикри бузург содир мешавад. Норушан аст ки боз чанд рӯзи таваллудашро пушти милаҳои зиндони ин қавм мегузаронад. Оё қалби моломол аз ишқи миллат, ки ӯ даруни сина дорад, азоби зиндонро таҳаммул хоҳад кард ё хурду пора мешавад. Қалбе, ки барои тоҷик метапид, қалбе, ки забони миллат мегуфт, аз пешгомону озодагони миллат буд, дар ҳифзи Аллоҳ бошад. Танҳо коре аз дасти мо бар меояд ин дуъо дар ҳақи эшон асту талошҳои озодшудани ин адиб ва равшанфикрони дигари зиндониро идома хоҳем дод. Мо ҳаргиз аз раҳмати Аллоҳ ноумед нестем ва ҳатман ҳақ ба ҳақдор мерасад. 

Share This Article