Ба унвонии «Ислоҳ» аз ноҳияи Қубодиён маълумотҳои зиёде мерасанд.Мо дар ин қисмат он нуктаҳоеро нашр менмоем,ки онҳоро санҷидем ва феълан тақдими шумо хонандагони гиромӣ менамоем.
Дар ноҳияи Қубодиён беморхонаи нави калони замонавӣ аз тарафи Ҷумҳурии Узбекистони ҳамсоя сохта ва дар ҷашни Рӯзи Ваҳдат миллӣ ба истифода дода шуд. Оилай Раҳмонов мехост, ки бинои ин беморхона дар Данғара сохта шавад. Ҳатто бисёре аз таҷҳизоти техникии онро ба самосвалҳо бор карда Данғара бурда буданд. Аммо одамони обрӯманди ин ноҳия ва навоҳии Шаҳритус, Носири Хисрав (Бешкент) ва Дӯстӣ -Ҷиликӯли собиқ) бо мақомоти баландпояи Узбекистон қазияро фаҳмониданд, ки дар ин навоҳӣ узбектаборон зиёданду ҳукумати хонаводагии Раҳмонов мехоҳад беморхонаро бурда дар ноҳияи худаш созад.
“Узбекистони ҳамсоя ба ҳукумати хонаводагии Раҳмонов ҳушдор дод, ки агар ҷойи сохтмони беморхонаро тағйир диҳед, мо намесозем. Пас аз ин зарбулаҷали тарафи Узбекистон ин ҳукумати шармандаи авлодӣ хомуш шуд ва баъзе аз таҷҳизоти бурдаашонро дубора пас гардониданд.”
Дар баромадгоҳи ноҳияи Қубодиён тарафи кӯҳрӯяи деҳаи Равшанобод мебоист заводи цемент сохта мешуд. Вақте Зафар Файзуллозода, раиси ноҳия буд аз тарафи ҳукумат омада санги аввалашро гузоштанд. Маблағ аз ҳисоби давлат ҷудо карда шуд. Файзуллозода зодаи ҳамин ноҳия, ки буд саъю кӯшиши худро барои сохтани ин завод харҷ кард. Шабу рӯз давид. Роҳи заводро то шоҳроҳи Термиз -Душанбе мумфарш кард ва чироғҳои калон насб кард. Ин ҳамаро бо пули соҳибкорон ва бо пули талабида аз мардум сохт. Аммо Раҳмонови ғоратгар баъди ин қадар корҳо ин заводро ба зодгоҳаш- Данғара бурд.
Сафарзода Юсуфҷони Ғоиб, зодай ноҳия Восеъ сардори шӯъбаи омори ноҳияи Қубодиён мебошад. Вай аз августи соли 2018 ба ин вазифа омадааст. Ноҳияро ҳамроҳи гурӯҳи ҷиноятпешааш ғорат дорад. Сафарзода Юсуфҷони Ғоиб бо ҳар роҳ мардумро тавассути шогирдонаш-Зикрулло, Ҷурахон ва Рустам ва чанд нафари дигар ҷарима мекунанд. То омадани Сафарзода як нафар аз мардуми маҳаллӣ дар ин вазифа кор мекард ва мардум шаш моҳ пас ҳисобот медоданд. Соҳибони хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон дар 6 моҳ ҳисобот медиҳанд, ки чи кишт кардаму чи қадар ҳосил гирифтам. Чунки маҳсулот дар 6 моҳ омода мешавад. Аммо инҳо мегуянд, ки шумо ҳар моҳ омада ҳисобот супоред. Мардум аз ҷамоатҳои дурдасти ноҳия сари вақт омада наметавонанд. Барои ҳамин онҳоро ҷарима мекунанд ва маҷбур мекунанд, ки маблағи калон супоранд.
“Вақте шаҳрванд даъво мекунад, ки ман инқадар пули калон надорам, аз куҷо ёбам? Дар ин вақт шогирдони Сафарзода Юсуфҷони Ғоиб миёнарав мешаванду мегуянд аз 4 ё 5 ҳазор сомонии ҷарима 500 сомониашро деҳ мо худамон ҳалаш мекунем. Одамон маҷбур мешаванд, ки ба онҳо пора диҳанд. Ин аст вазъияти шуъбаи омори ноҳияи Қубодиён. Агар раиси ноҳия пеши роҳи ин дуздон ва гурӯҳи ҷиноятпешаро нагирад «Ислоҳ» дақиқан аз амалкардҳои ин гурӯҳ матолиби муфассале нашр менамоем,ки ба раиси ноҳия таъсири худро мерасонад.”
Собиқ прокурори ноҳия Қубодиён Раҳмонзода Аҳмадҷони Футур лӯлаҳои оҳанини обгузаронӣ ( трубаҳои водапровод ) дар байни ду деҳаи Навобод собиқ (Калинин) ва деҳаи Гулистон собиқ (Большевик) -и ҷамоати деҳоти дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, ки аз давраи собиқ шуравӣ монда дар зери замин мазутпеч ва хуб мустаҳкам сохта буданд, асрҳо мардум метавонист истифода баранд, ба ронандааш дар ноҳияи Ҷайҳун собиқ( Қумсангир) фурухт. Нафаронеро, ки монеъи кандани ин лӯлаҳо шуданд, таҳдид кард, ки бо ҷурми иғвоандозӣ дар ҷомеъа ва салафияву терроризм, наҳзатӣ ва …айбдор карда вориди зиндон мекунам. Мардуми одии ин ду деҳа тарсида хомуш шуданд. Ҳатто хоҳиши собиқ раиси ноҳия Зафар Файзуллозодаро ҳам гуш накард, чунки Раҳмонзода Аҳмадҷони Футур зодаи ноҳия Данғара аст ва дар оила онҳо 3 бародари генерал будаанд. Бародарони генералаш Лолахон, Алихон ва Ҷумъахон ҳастанд. Соли 2020 генарал Алихонаш аз Ковид-19 даргузашт. 9 августи 2021 худи Аҳмадҷон низ аз Ковид- 19 дар гузашт.
“Зиёратшоҳ Маҳмадов, раиси бозори марказӣ метавон гуфт, ки ноҳияро таҳти тасарруфи худ қарор додааст. Чандин иншооти давлатиро аз они худ кардааст. Чанд нуқтаи фуруши сузишворӣ дорад. Андозро бо таври кофӣ намесупорад . Мардум ва мақомдорони ноҳияро ҳеҷ ҳисоб мекунад, гӯшҳам намекунад. Бо суистифода аз мақоми язнааш Ҳоҷӣ Раҳматуллоҳи Асадуллозода , додарарӯси Эмомалӣ Раҳмонов. Хоҳари ҷавони хубсурати соҳибҷамолашро ба хотири вазифаву мансаб, дову даска шудан ба Ҳоҷӣ Раҳматулло ба ҳамсари дуюм дода дар ноҳия хурдаву шапида гаштааст ин ноҷавонмард.”
Хуршед Саидов, раиси Амонатбонк дар ноҳияи Қубодиён аз мардуми Чапаеви Ҷалилиддин Балхӣ, собиқ Колхозобод ҳамшаҳрии Азизмоҳ, ҳамсари Раҳмонов аст. Вай ноҳияро талаву тороҷ карда гаштааст. Тавассути коргаронаш ҳар нафаре, ки андоз месупорад аз 3 то 5 ҳато 10 сомонӣ ҳам аз чек ё ҳам аз квитанцияи онҳо мезанад. Нафақахӯрон бо корти бонкиии худ аз ин шӯъбаи бонк пулҳои худро мегиранд. Аз лаби маоши ҳамин нафақахӯрон ҳам вақти гирифта додани нафақаашон аз 5 то 10 сомонӣ мезанад, кам медиҳад. Мӯсафедону кампирну маъюбон, ки нафақахӯранд, бечораҳо аксарияташ намедонанд, ки Хуршед Сайидов пули онҳоро кам медиҳад ва онҳое ҳам, ки бохабар мешаванд, барои онки вай аз Чапаеви Азизмоҳ ҳаст, шикоят намекунанд. Ҳозир дар Қубодиён танҳо аз оилаи Раҳмонов ва ё наздики домод, духтар,хусурбачаи ӯ боши тамом. Ҳар ҷинояте хоста боши анҷом медиҳед касе чизеатон гуфта наметавонад.
Чилла Гулмаҳмадзода, бародари Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, феълан сафири Тоҷикистон дар Русия аст ва дар гузашта раиси вилояти Хатлон ва баъдан муовини сарвазир буд, чанд мудат пеш барои фурӯхтан ва доду гирифти маводи мухадир бо афғонҳо дар деҳаи Тешиктоши ҳамсарҳад бо Афғонистон дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳия Қубодиён боздошт шуда буд ва дар сараш қопча кашида бурдабуданд. Аммо фурсате нагузашта озодаш карданд, чунки вай бародари Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода корманди ҳукумати оилавии Раҳмонов аст. Ҳоло нафарони Чилла бо таҷовузи духтарҳои ҷамотати деҳоти Тахти Сангин ва хоҷагии Авесто машғуланд. Дар онҷо мардуми Ғарм -Вахё -Ҳойит ва узбек таборон ва туркменҳо низ ҳастанд. Духтарони ин миллату қавмҳоро зино ва таҷовуз доранд. Нафарони зинокор Азизи Саъдӣ, додар аруси Чилла аст ва нафаридигар муовини Чилла Хурсандшоҳ Раҳматов нафари дасти рости Чилла ва ҳамчунин раиси хоҷаги Авесто аст. Чанд нафари дигар аз ноҳияи Регар оварда дар дохили пахта гашта духтарони куҳистониҳо ва узбеку туркманҳоро таҷовуз доранд. Чилла заминҳои марҳум бобои раиси Раҳматуллора кашида гирифт. Дилаш қарор нагирифта алъон писарону наберагони раҳматии бобои Раҳматуллоро бо ҳар роҳу восита подства карда онҳоро ба зиндон равона карда истодааст. Аз ҷумла писари хурдии Абдуллоев Рахматулло- Нурмуҳаммад Абдуллоев дар СИЗОи вилояти Хатлон боздошт аст. Заминҳои кишоварзии хоҷагии Авесто баъди аз дасти Абдуллоев Раҳматулло гирифтан ба як ҷангалзору янтоқ зор табдил шудаанд. Аз дасти ин Чилла коре намеояд, фақат кораш зино, таҷовуз, фурухтани замин ба иҷора ва маводи мухадир аст.
Дар чанд ноҳияи вилояти Хатлон :Шаҳритус, Қубодиён Носири Хусрав, Дустӣ, Ҷайҳун ва Панҷ аксарят мардуми куҳистон ва узбеку туркмен истиқомат мекунанд. Аммо ҳоло тамоми вазифаҳои равғаниро дар мақомотҳои ҳукумати ва қудратиро зодагони мардуми собиқ вилояти Кулоб аз ноҳияҳои Данғара Восеъ Ҳамадони Фархор Кангурт Ховалинг Сари Хосору Шуробод ва дигар ноҳияҳои Кулоб шаҳр ҳукумрони мекунанд .Онҳо худро дар инҷо ба қайди доимӣ гузаронида (постояний прописка) дафъатан замин назди ҳавлигӣ мегиранду замин барои кишти хоҷаги деҳқони Аммо мардуми камбизоату эҳтиёҷманди худи ин ноҳия чандин солҳо мешавад, ки дар навбатанд. Замин дар навбаташон гирифта наметавонанд Чунки онҳо сари вазифа ҳастанд. Аз тарафи дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқ, масалан ҳамин милисаҳо муттаҳамии раисони ҷамоату раисони кумитаи замин ва дигар сохторҳои ҳукуматиро медонанд. Барои ҳамин ба инҳо бе навбат замин медиҳанд. Инҳо баъдан заминро мегиранду ҳамин ки замин ро гирифтанду фурӯхтанд. Ин милисаҳо дар ҳол ба дигар ноҳия перевод мегиранд ва дар онҷо ҳам айни ин корро такрор мекунанд. Бо чанд корманди милисааш ҳамсуҳбат шудам гуфт дар 3 ё 4 ноҳия ҳамин ҳел замин гирифта фурӯхтам. Вақте мардуми аз Кулоб ва ҳамон ноҳияҳои дар боло зикр шуда ба тарафи Кулоб ва ҳамон ноҳияҳои дар боло зикршуда мераванд,як сухан доранд: « а бача ма Кулоб ё фалон ноҳия рафтестам, ягом 20литр бензин мошини мада намерезӣ ё мада як лимча пиёз ё орд равған каду ҳарчизе набошад бте» ва гадоӣ мекунанду ба Кулоб ва ноҳияҳошон мераванд Вақте ки наздики хонаҳояшон мешудаанд кудакҳояшон тарафи онҳо медавидаанду даву тоз карда мегуфтаанд,ки «атам аз Русия баргашт, чи тавре,ки мо аз Русия бар мегардему ба кудакҳоямон сақичу жвачка ва қанд медиҳем, фарзандони онҳо ба истиқболи падарҳояшон,ки аз ноҳияҳои мо бармегарданд ҳамин хел пешвоз мегирифтаанд .Ин чиз воқеӣ аст. Мислеки ноҳияҳои дар боло зикр шудаи мо барои онҳо Россия бошад
Саидзода Авлиё корманди БДА Бозраси Давлати Автомобилӣ дар ноҳияи Қубодиён як нафари бесавод аст, ҳатто протокол навишта наметавонад, арақхури зинокор, доим масту мадҳуш аст. Вай бо суистифода аз вазифаи бародараш корманди кадом мақомоти баландпояи қудратӣ кор мекардааст: « маро касе ҳеҷ кор карда наметавонад гуфта» шабҳо доим маст дар сари рули мошин мешинаду мошин меронад. Ҷои ӯ як нафари дигар мебуд кайҳо аз вазифа мерондандаш ва ҳатто зиндонаш мекарданд
Дар ҳукумати ноҳияи Қубидиён ва кумитаи замини ноҳия ва КДФ ноҳияи замин фурушӣ идома дорад. Заминфурӯшон инҳояанд:
1 Эмомализода Турахон , раиси Комиссия ҷамъятӣ
2 Муминшо Давлатзода, муовини дуюми раиси ноҳия ва
сармеъмори ноҳия.
3 Тоҷиддин раиси куматаи замини ноҳия
4 Фаридуни Убайдуллоҳ раиси КДФ .
5 Мусурмонов Зулфиқор раиси кишоварзии ноҳия.
6 Тура Исҳоқзода, раиси шуъбаи муҳити зисти ноҳия.
7 дигар сохторҳой ҳукумати бо раисони ҷамоатаҳо ҳамдастанд дар замин фурӯши ва обу лой кунии ин раисони ҷамоатҳо:
- Ҷамоати деҳоти Шаҳраки Қубодиён
- Ҷамоати деҳоти Носири Хусрав
- Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин
- Ҷамоати 20 солаги ислиқлол
- Ҷамоати деҳоти Ишмурод Ниёзов
- Ҷамаоати Утақара Назаров
- Ҷамоати Заркамар
- Ҷамоати деҳоти Навобод
Ва дар охир як хабар аз ноҳияи Шаҳритус дорам. Дар даромадгоҳи деҳаи Обшорон- собиқ Гидра як соҳибкор бо номи Ҳоҷӣ Додарбек -писари Иди истиқомат кунандаи деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён як корхонаи абрешим – пилла тозакунӣ сохта буд. Зиёда аз як миллион доллар сарф карда буд тавасути оилай Раҳмонов ин корхона ғасб карда гирифта шуд.
Поёни бахши севвум, бахшҳои дигари моро дунбол намоед….
Агар шумо ҳам маълумоте дошта бошед ба “Ислоҳ” нависед,то дар бахшҳои дигар аз онҳо истифода намоем…