Дар барномаҳои шумо чанд бор иштирок кардам. Худо аз шумо ва аҳли гурӯҳи ИСЛОҲ розӣ бошад.
Вале рости гап хохиши бисёр дорам, ки кори зиёдтаре карда бошам. Зиёд фикр карда ба хулосае омадам, ки дар мавзуи алоқаманд ба касби худ ва ҳолати маъмулии ҳаррӯзаи даруни шаҳр ба шумо нависам. Ман соли 2012 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудам. Ба кафедраи бемориҳои дарунӣ, ки дар беморхонаи 1 Советский ҷойгир аст ба Интернатура дохил шудам. Баъди хатми Интернатура якбора Ординатураро низ дар ҳаминҷо супорида дар соли дуюми таҳсил ба шӯъбаи бемориҳои дил ба ҳайси табиби дилшинос ба кор даромадан имкон шуду падарам бо умеди мутахассиси хуб ва шахси соҳиби кору пешбарандаи оила шуданам маблағгузорӣ карда, бо додани пораи калон, албатта маро ба кор дохил намуд!
Дар давраи касбомузиям ба чандин мушкилу қонуншиканиҳо вохурдам. Як мисол. Табибон ба мудирон ва онҳо ба сартабибон вобаста мебошанд, яъне ба маъное, ки онҳо бояд ҳар вақти муайян ҳаққи роҳбаронро бояд диҳанд. Дар он вақтҳо сардухтур Нуралӣ Сафар буд- то соли 2014. Баъди ӯ Раҳмонов Соҳибназар Боқиевич- собиқ муовини вазир ба вазифаи сардухтурии ин муасиссаи дар он вакт на онқадар нуфузи зиёд дошта омад. Ӯ давоми 5 сол сартабибии ин муассисаро ба дӯш дошту як шахси босавод, болаёқат ва арзандае ҳам буд. Аммо барои таъмиру навсозии ин беморхона табибонро хеле зиёд кор мефармуд.
Вақте ки гап -гапи ба ҷои ӯ омадани Хуршед Кавгакович аз беморхонаи Медгородок паҳн шуд мо ҳисси хушӣ ҳам доштем. Чунки мегуфтанд, вай бо Ҷаноб наздик аст ва шояд як каме қадру қимати кормандони тиби ин беморхона боло равад ва ин шахси серу пур, соҳибкор ҳам будааст, аз пул танқисӣ надоштааст ва ба ҳаёти мо каме осонӣ меорад
Аммо кор то ба дараҷае мушкил карда шуд, ки дар шӯъбае, ки ҳамагӣ 3 воҳиди корӣ дорад ва 2 табиб ва мудири шуъба басандагӣ мекунад ба 7 табиб «ҷойи кор» сохтанд ва рӯз аз рӯз теъдоди табибон зиёд мешуд. Дар ҷойи 0,25 воҳиди корӣ зиёда аз 1,5 воҳид кор мефармоянд ва 0,5 навбатдор фармон мекарданд. Аммо мушкилии кор то ба дараҷае, ҳаст, ки ин ҳама кормандон аз даводаву хушомадгӯӣ ба бемор, ки ӯ ба ту раҳме намояду ҳақи маошпулиатро ҳисоби худаш каме изофа кунад ва ҳуҷҷатбозиву хизмати одамҳои мақомдор, ки ба мисли як саги дайду ба мо назар мекунанд, ин ҳама табибон вақт ёфта наметавонистем. Ҳатто ба кормандони варзидаи ин муассиса ба монанди Собирова Татьяна Павловна, Ткачук Ирина Дмитриевна, Масаидова Лола Рамзиевна ҳеҷ раҳм ва ё эътибору имконияти ҷудогонае намедиҳанд. То ба ҳануз махсусан ин зани меҳнатдӯст ва қаҳрамони халқ хам гуем месазад, ки ӯ субҳгоҳон 1соат пеш аз намози бомдод ба кор омада, бегоҳ аз ҳама дер ба хона меравад. Зиёда аз 40сол собиқаи корӣ дар ҳамин як ҷо дорад ва мутахассиси дараҷаи олии касби худ шинохта шудааст ва аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба ӯ муроҷиат менамоянд ва аз Русия ҳам ба ӯ занг зада маслиҳатҳо мегиранд. Гарчанде, ки аз ӯ ҳамаҷиҳата истифода мебаранд, ба кори ӯ ҳеҷ сабукӣ дода намешавад. Ба ӯ дар як рӯз дар камтарин ҳолат 20 вале то 70 нафар бемор муроҷиат менамояд. Ӯ ба ҳама касбомузон нозукиҳои корро меомӯзонд.
Аз ин беморхона аз соли 2019 ба бемористони Шифо ва аз онҷо боз ба як беморхонаи шахсии дигар гузаштам. Оқибати кор бо барномаи кучбандии Русия соли 2021 аз ватан баромадам.
Рости гап бениҳоят патриотизм дар дилам ҷуш мезанад ва меҳанамро зиёд дӯст медорам. Тайёр будам ба кам қаноъат кунам вале дар ватан бимонам, вале магар ин палидони муфтхӯр имконият медоданд? Дар инҷо лоақал маоши дилхоҳе дорам ва сарбории корӣ ҳам на онқадаре ҳаст, ки дар ватан доштам.
Ман бояд бигӯям, ки шифои дарди миллат дар дасти худи мост ва ин ҳам барканор кардани хоини миллат мебошад.
Мушкилиҳои табибон дар Тоҷикистон танҳо маоши каму дастнигари бевоситаи мардум будан нест. Ҳар хафта ва ҳатто рӯз аз рӯз баҳонаҳои нав ба нав пайдо мешавад, ки табибон маҷбур мешаванд пул ҷамъоварӣ кунанд. Барои мисол омадани комиссия (ГНЦЛ, ВАЗОРАТ, РАЁСАТ, ХАДАМОТ, КОРРУПЦИЯ, ПОЖАРНЫЙ, АНДОЗ …..), ки пайи ҳам меоянду меоянд ва мутасаддиҳое, ки барои ҷамъу гири андози ба истилоҳ- штрафи комиссия ,машғуланд, ҳаққи худашонро ҳам бор мекунанд. Инҳо асосан муовинони сардухтур ҳастанд. Маблағи муайяншуда бояд ҷамъ шавад, ҳақи инҳо ва сардухтур ҳам афзуда мешавад ва сардухтур ва муовин ин ҳақро ба он «асоснок» мекунанд, ки ба аъзои комиссия хуроки нисфирӯзӣ шом ва наҳор дода мешавад ва барои мошинашон маводди сӯхт ва ин ҳама маблағ аз табибон ва табибон ҳам аз мардуми мазлум онро мегиранд.
Ба сари табибон боз мушкилиҳои зиёди дигаре бор шудааст: ҳама шикасту рехти бинои шуъба ва махсусан таъмири палатаҳо бар дӯши онҳост. Табиб палатаҳоеро, ки дар онҳо беморонашро мехобонад бояд ҳар сол таъмир кунад: лампаҳои сӯхтагиро, собуну дастмол ва то ҳатто латтаҳои полшӯиро ҳам аз ҳисоби табибон мерӯёнанд. Аммо ин ҳама фоидаи муфти сардухтур аст, чунки ӯ ин ҳама хароҷотро аз бюҷет хат мезанад.
Боз ҳастанд одамони шикоятчӣ, махсусан пас аз баромадани фармони Ҷаноб бо мактуби худи вазир омада бистарӣ мешавад ва оҳиста -оҳиста ҳатто сардухтурро ба танқид кардан шурӯъ мекунад. Аз ҷониби дигар вазорат даркору нодаркор як дафтари махсуси ин гурӯҳи шикоятчиҳоро ташкил кардаастд, ки ба онҳо бе чуну чаро ин мактубҳои сеҳрнокро медиханд. Табиби бечорае, ки ба ӯ вобаста карда шуд, то рухсат шудани ин гуна бемор бояд ӯро бо ҳар роҳе розӣ кунад ва ӯ бе шикоят рухсат шавад. Боварнакарданист, аммо пизишк маҷбур мешавад ,ки барои ин бемор аз ҳисоби худаш дору харад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки ин бемор обруву эътиборе дар назди фарзандону наздикони худаш надорад, аммо табиби бечора бояд ӯро хушомад гуяд.
Аз эродҳои зиёд маҷбур шуданд, ки рузҳои шанбегӣ табибон бе хилъати сафед ба назди участкаҳояшон баромада рост истода ба замине, ки ҳеҷ эҳтиёҷ ба шанбегӣ надорад назар карда истанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки бемор дар шуъба табибро интизор аст ва ин заминҳои беморхона боғбону мутасаддиҳои худро доранд. Ҳар сол 3 маротиба гулҳои мавсимӣ харида мешаванд, ки онҳоро асосан табибон пул ҷамъ карда мехаранд. Офарини ҷони одаме, ки ин рӯзҳо табиб шудааст. Албатта табибоне, ки бесоҳибанд (тағадор нестанд).
Паҳлуи дигари масъалаи марбут ба соҳаи тандурустӣ ин мутаассифона мавҷуд будани якчанд табибони беинсоф, ҷинояткор ва ҳаромхуре, ки барои рохбарият ва умуман сиёсати имрӯза ашхоси ба истилоҳи русӣ “незаменимый” ҳастанд, ки ба онҳо аз чанд тараф фоиданок ҳастанд. Мақсад медуздану ҳисаи онҳоро ҳам медиҳанд ва онҳо бо ин амали худ дигар табибони баобруву арзандаро паст зада, бадном мекунанд. Махсусан дар бахшҳои қабул ва шуъбаҳои наҷоту таваллудхонаҳо дидаем, ки барои чунин корҳояшон шармандавор аз кор барканор шудаанду баъди чанд мудате боз ба кор қабул мешаванд. Аҷоиб нест магар ?
Боз як паҳлуи дигари марбут ба соҳаи тандурустӣ ин бизнеси доруворӣ аст. Бархе аз табибон бевосита ба ин бизнес пайвастагӣ дорад, бо ширкатҳои доруфурӯшӣ. Аксарияти ин ширкатҳо барои пешбурди кори худ (фурӯхтани молаш) ба табибон муроҷиат менамоянд. Дар ивази навиштани давоҳои фирмавӣ онҳо ба табибон фоизи махсус бо номи БОНУС пешниҳод мекунанд. Бояд қайд кард, ки ин ширкатҳо бисёриашон давоҳои хуб ва таъсирбахш ҳам доранд, вале нархи гарон дошта, бисёри вақт дастнорасанд. Махсусан вақте, ки ин давоҳо ба муҳлати дурудароз, ё ин ки доимӣ таъин мешаванд. Рости гап аксарияти намояндаҳои ин ширкатхои доруфурӯшӣ кормандони соҳаи тиб ҳастанд. Аз он ҷиҳат, ки маоши беҳтаре медиҳанд дар ин ширкатҳо фаъолият менамоянд. Табибон аз ҳисоби пули бонусхо, туҳфаҳои ғизоиву пулии беморон ва дар охир маоши ночизашон қаноъат карда, бо ин зиндагии начандон гуворо ҳаёт ба сар мебаранд.
Қадри табиб аз қадри саг ҳам паст аст. Худи ман пеш аз он ки аз дасти беморони бе ин ҳам мазлуму бечора чизе интизорӣ дошта бошам азоби виҷдон маро мехурд. Ба ҳар ҳоло ман каме имкониятам аз ин беморон зиёдтар аст гуфта худро тасаллӣ медодам, вале ҳой мардум!!! чи хел як табиб ба фикри табобати бемор шуда метавонад, вақте ӯ ба хона бо дасти холӣ равад, ё бо кудаконаш ба берун барояд ва аз назди ягон бозору мағоза гузаштан имкони як пахтақанд хариданро надорад ё фарзандашро ба парк ё Лимпопо бурдан надорад, дилат реш реш мешавад.
Як масъалаи дигар дар соҳаи тибб ин маблағи хозрасчёт аст, ки тибқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 02 декабри соли 2008 таҳти рақами 600 қабул шудааст. Мувофиқи ин қарор бинобар паст будани маоши кормандони соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ , аз 500сомонӣ дар шуъбаҳои терапевтӣ ва зиёда аз ин дар бахшҳои ҷарроҳӣ бо ҳисоби 40% барои табибон ва кормандони шуъба пешбинӣ шуда буд, аммо аз ин маблағҳо ба дасти табиб ва кормандони миёна ва хурди тиб гоҳ гоҳ ба ҷои ПРЕМИЯ мерасаду боқӣ рости гап намедонем ,ки ба кӣ ва куҷо меравад. Мебояд, ки аз ин маблағ табобати бемор бо ҳама дорувориҳо ва хизматрасониҳои иловагӣ ба мисоли шикасту рехти муассиса низ аз боқимондаи 60% истифода шавад. Аммо мо ин рӯзҳо мешунавем, ки ин ҳама маблағ ба ҷайби вазиру дигар каладамҳои шикамчарони беинсоф мерафтааст.
Агар як мансабдори палид ояд, сардухтур ин сармоядори дуздро ба ҳуҷраи люкси беморхона ҷой намуда, аз супоридани пули беморхона тибқи қарори 600 озод менамояд. Баъдан ба мисли официантка ҳар субҳ ва шом аз пеши ин чанги хоки пои кадом як ҷураи ҷияни президенти Тоҷикистон гузашта, мепурсад, ки ягон хизмат нест, камбуди надоред?
Баракси ҳол агар ягон шахс аз зумраи халқи одӣ ва ё аз устодони хизматнишондода ва ҳатто аз ҳайати кормандони соҳаи тибб ҳам, ки бемор шавад, саг қадр дораду инҳо не!
Ҳамин вазири бар сари вазифа омадаи ҷоғшикаста вақте ки чанд корманди соҳаи тандурустӣ аз Ковид- 19 ҷон ба ҳақ, таслим карданд, беномус изҳор дошт,ки ҳеҷ табибе ҳангоми адои вазифа бо ин беморӣ нафавтидаасту сабабе барои воҳима кардан нест. Ин вазири нави тандурустӣ як ноодам ва ғайрипрофессионал ҳаст ва кораш фақат порагириву порахӯрӣ мебошад. Вақте мудири бемористони Истиқлол буд, кормандон баъд аз навбатдории 24соата боз ба кори рӯзона ва бетанаффус ба кор бояд идома медоданд. Ту коркуни тиб, табиб ва билохира вазири тандурустӣ, ку бигӯ, ки ин реҷаи корӣ магар ба саломатӣ зарар надорад?
Албатта ин қатрае аз баҳр аст вале натавонистам ҳамчун табиб ин ҳамаро бубинаму хомӯш бошам. Вазъияти соҳаи тандурустӣ бениҳоят вахим ва тоқатфарсо аст. Агар ҳукумат ба ин соҳа диққати ҷиддӣ надиҳад ва фасоду ришват ба ин шакл идома ёфтан гирад вой ба ҳоли ин миллат,ки ба ин ҳама ноадолатиҳо хомӯш пулдода меистанд. Ман ҳамчун табиб инро мегӯям: “ соҳаи тиб ба инқилоб ниёз дорад, агар инқилоби ҷиддӣ сурат нагирад пас дигар шикоят накунед,ки чаро фарзандам мурд,дору қимат аст, тарзи табобат ғалат аст. Дастҳо пеши бар ҳарчи мешавад тоқат кунед!”