(бахши дуввум )
Хоруғ-маркази ВМКБ дар вазъияти пеш аз ҷангӣ қарор дорад. Мақомоти интизомиву амниятии Тоҷикистон дар қасди боздошт ва ҳатто «безарар» гардонидани чандин нафар аз шахсиятҳои бонуфузи ин вилоятанд. Бинобар маълумотҳои расида ба «Ислоҳ.нет» феълан дар рӯихате, ки КДАМ ва ВКД тартиб додаанд, номҳои Мамадбоқир Боқиров, Толиб Айёмбеков, Аловиддин Аловатов дар сари хат қарор доранд, ки бояд дастгир ва ё «безарар» гардонида шаванд. Лозим ба ёдоварист, ки Мамадбоқир ва Толиб дар гузашта аз фармондеҳони Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик буданд ва баъди Созиши сулҳ шомили нерӯҳои қудратии Тоҷикистон шуда ва аз ҷониби ҳукумат рутбаҳои низомӣ ҳам гирифта буданд. Манбаи мо ҳамчунин хабар дод, ки дар ин феҳрист исми чандин нафари дигар ба мисли Ёдгор Шомусалламов ва Холбаш Холбашов ҳам сабт шудааст, аммо дар мавриди онҳо ва бахусус Холбаш тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст.
Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон, ки чандин рӯз аст дар Хоруғ мебошад ин шахсиятҳои бообрӯву муҳтарам дар байни аҳолии вилоятро ошкоро таҳқиру туҳмат карда онҳоро ҳамчун роҳбарони «гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ» айбдор карда истодааст. Ятимов ҳамзамон бо ин шахсиятҳо, аҳолии ин вилоятро дар ҳамдастиву пуштибонӣ аз ба гуфтаи худашон « гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ» ва «хиёнат» ва «душманӣ» ба давлат ва Президент муттаҳам карда истодааст. Ин манбаъ гуфт,ки феълан тамоми умури вилоят дар дасти СС. Ятимов аст. Алишер Мирзонабот, иҷрокунандаи раиси вилоят мисли як хӯса дар пеши Ятимов аст. Бинобар маълумотҳои расида баъди итмоми муваққати гирдиҳамоӣ дар Хоруғ шумораи кормандони мулкипӯши вазорати дохилӣ ва ходимони амниятӣ дар Хоруғ ва навоҳии Ишкошиму Роштқалъа ва Шуғнон ба маротиб зиёд шудааст. Гаштугузори онҳо дар наздикии манзили зисти афроде, ки дар боло зикр намудем ҳамарӯза мушоҳида мешавад. Маълум аст ки бо ин ҳама айбу иттиҳомзаниҳо ва ин пойиданҳову пинҳонӣ ба навор гирифтанҳои ин манзилҳо масъулини ин ниҳодҳо заминаро барои анҷоми амалиёти нави ҳарбӣ фароҳам карда истодаанд. Талош барои таҳрики шӯронидани мардум ва ангезаи пайвастани ҷанг бо онҳоро карда истодаанд.
Чунин рафтори онҳо миёни мардум ҳар гуна воҳимаву овозаҳоро дар мавриди «ҳамлаи ғофилгирона»-и мақомот дар Бадахшон доман задааст.
Барканории мудири мактабе, ки розӣ нашуд дар филми дурӯғини «Нерӯи қонун» ба ҷонибдорӣ аз куштори Гулбиддин Зиёбеков сӯҳбат кунад, мардуми Бадахшонро мутмаин кардааст, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон аслан сари созиш ва сулҳ бо ин мардумро надоранд.
Мақомот алоқа ва ҳамкориро бо намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ канда истодааст.
СС. Ятимов, раиси КДАМ ва тарроҳи асосии ноорому бесубот гардонидани вилоят бори ахир бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз тарафи тазоҳургарони рӯзҳои 25-28 ноябр ба комиссияи муштараки тафтишоти ҳодисаи куштори Гулбиддин Зиёбеков шомил шуда буданд, таҳдид кардаву дӯғ задааст, ки ба кори онҳо дар амри дастгир ва ба ҷазо кашидани ташкилотчиёни ин гирдиҳамоӣ мусоидат кунанд. Агар муосидат ҳам накунанд, халал нарасонанд.
Ятимов ба намояндагони ҷомеаи маданӣ ошкоро таҳдид кардааст, ки «сари ақл» оянд вагарна бо баргузории «спетсоператсия» Хоруғ дигарбора шаҳри оғушта ба хун хоҳад шуд. Хабаргузории «Pamir dayli com» аз қавли намояндаҳои ҷомеаи маданӣ, ки дар ин мулоқот ширкат кардааст, навиштааст:
«На этой встрече Ятимов не показал никакого желания провести конструктивной диалог. Он угрожал всем активистам о том, что если протестующие в Хороге не угомонятся, силовые структуры готовы провести в городе спецоперацию».
Чаро мақомот дар баробари мардуми Бадахшон пустинро чапа пӯшид ва чаро ҳеҷ яке аз шартҳои созиши баъди анҷоми гирдиҳамоӣ ба даст омада иҷро намешавад?
Дар ҳамон рӯзи аввал маълум буд ва мо пештар ҳам тзаккур дода будем, ки қазияи куштори Гулбиддин Зиёбеков ошкоро намешавад. Чунки онро дидаву дониста ва аз рӯи нақшаи аз қабл тарҳрезишуда анҷом дода буданд. Пас, чи тавр онҳо имконият медиҳанд, ки асли қазия ва омили асосии он маълум карда шавад. Ятимов барои пинҳон доштани ин қазия омодааст, ки шахсан худаш дар даст автомат бигирад ва вориди ҷанг бишавад. Ва ҳоло ба назар мерасад, ки Ятимов вазъиятро амдан буҳронӣ ва ба тарафи хунрезӣ савқ дода истодааст.
Дар асл барои Ятимов бисёр ҳам зарур буд, ки бо ҳарчи шарту шароите аз идомаи тазоҳурот ва гирдиҳамоии Хоруғ, ки ҳар лаҳза шумораи онҳо зиёд мегардид ҷилавгирӣ кунад. Зеро ин бор дар гӯша-гӯшаҳои ҷаҳон низ барои ҳамовозии он бадахшониҳо гирдиҳамоиҳое баргузор шуданд. Бахусус, аз тарафи мухолифини дар Урупо буда баргузории гирдиҳамоиҳои эътирозӣ Ятимовро ба унвони тарроҳи ин бесуботву нооромӣ сахт нигарон карда буд. Барои ҳамин вай ба шартҳои тазоҳургарони рӯзҳои 25-28-и Хоруғ розӣ шуд, танҳо ва танҳо бо ин мақсад, ки онҳо мутафарриқ ва хонабахона бишаванд.
Акнун, ки онҳо майдонро тахлия карданд, акнун, ки онҳо шӯру аламашон паст гардид, дигар тамоми шурути мувофиқашударо зери по гузошт. Ҳоло парвандаҳои ҷиноӣ ифтитоҳ кардаву дам аз «гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ» мезанаду интернетро ҳам барқарор накарду намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ҳам писанд намекунад. Ятимов ҳоло майдонро холӣ дид ва гумонаш ҳам ин аст ки дигар митингкунӣ ба дили мардум зад ва акнун вай фурсат дорад, ки тасфияи ҳисоб кунад. Ин ҳама далолат бар он мекунад, ки ин бор Ятимов, ба фарқ аз солҳои гузашта, масалан солҳои 2012-у 2014 ва 2018 омодаи «ва-банк» аст.
Таҳия ва интишори филми пур аз таҳқиру тавҳине бо номи «Нерӯйи қонун» аз сӯи Ятимов ва ташкили «откликҳо» тавассути «фермаи ҷавоб» барои дастгириву ҳамовозии ин филм дар шабакаҳои иҷтимоӣ тасдиқи гуфтаи болост.
Дар ҳақиқат Ятимов созиш ва ором карданӣ нест. Ваё пайти мувофиқ ҷуста истодааст. Рӯзҳои сардтареро интизор аст,то мардум бар асари сардии ҳаво натавонанд зиёд дар берун истанд.
Суолу ҷавоб бо Ёдгор Файзов, раиси пешини вилоят дар ин филми пур аз туҳмату буҳтон баёнгари он аст, ки Ятимов барои онки ба мақсадаш бирасад, ягон чаҳорчӯба ва меъёрро риоят намекунад. Зеро Файзов ҳоло дар мақоми муовини аввали раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон қарор дорад ва ӯро бидуни иҷозати ин Маҷлис ҳақ надошт мавриди бозҷӯӣ қарор бидиҳад. Маълум буд, ки болои Файзов фишори ҳадди аксариро овардааст. Ятимов бо нишон додани Файзов ба унвони як нафаре, ки ба «ҷавобгарӣ» кашида шудааст, ирода ва устувориву ҷасорат ва муқовимати бадахшониҳоро шикастан мехоҳад. Манзур, бубинед, ки ин нафаре, ки дирӯз раиси шумо буд, ҳоло дар пеши пойи ман аст.
Истодаанд, аммо вай дар мавқеи худ мардона истод. Балки мусаббаиби асосии ин ҳодисаро зикр кард ва инки нафарони «омада» ба ин вилоят бар ивази пулу буз ҳатто омода барои сохтани паспорти ҷаълӣ будаандро ошкор кард. Яъне гуфт, ки инҳо инҷо порагириву порахорӣ меоянд.
Дар «отклик»-матолибе, ки фермаи ҷавоби Ятимов барои дастгириву ҳамовозии филми ҷаълии «Нерӯйи қонун» дар расонаҳои иҷтимоӣ нашр кард, дар яке аз дутои он иқрор мешаванд, ки дар вақти анҷоми амалиёти боздошти Гулбиддин Зиёбеков нохоста тир задаанд:
«… шахсе, ки ҳангоми иҷрои амалиёти боздоштӣ аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ нохоста захмӣ гардид…. « ниҳодҳои қудратӣ чунин анҷоми номуваффақро интизор набуданд».
Хуб, пас чаро ин иқрор ва эътирофро дар сӯҳбати рӯбарӯ ба намояндагони мардуми Бадахшон ҳам ба забон намеовараду маъзаратхоҳӣ намекунад? Дар ҳоле, ки одамҳоро кушт. Одамҳоро куштанд!
Воқеияти ҳол ин аст, ки Ятимов муқобили халқи Бадахшон на як бору ду бор силоҳ истифода кардааст ва боз ҳам истифода кардан мехоҳад. СС.Ятимов халқи Бадахшонро ҷинояткор ва душман хонда истодааст. Гуноҳи худро ба кала намегирад, ки бо дастури вай як ҷавонро рӯирост тирборон карда куштанд. Вай талош дорад, ки ин ҷинояти худро қонунӣ ҷилва диҳаду додхоҳии мардумро ҷиноят ва қонуншиканӣ нишон диҳад.
Дар яке аз матлабҳое, ки «фермаи ҷавоб»-и Ятимов дар робита ба ин ҳодиса чоп шудааст, ҳатто ҷавонони бадахшониро дар ширкат ба кадом як «табаддулоти давлатӣ» муттаҳам карда истодааст:
«… филми мазкур (манзураш «Нерӯйи қонун»)исбот намуд, ки ҷинояткорон дар баробари содир намудани баъзе ҷинояткориҳои авбошиву бандитизм, инчунин дар баъзе амалиётҳои табаддулоти давлатӣ низ даст доштаанд. Бинобар ин, мақомотҳои қудратии кишвар ҳокимияти конститутсионӣ ва сулҳу оромии ояндаи кишварро пешгириву ҳифз намудаанд».
Бинобар маълумоти ба мо расида дар ҳоли ҳозир Саймумин Ятимов, мисли мори саркӯфта намедонад, ки киро газад ва чи кор кунад, барои ҳамин чанде аз халифаҳои ҷамоатхонаҳои Бадахшонро маҷбур карда истодааст, ки муқобили лидерони мардумии Бадахшон суханронӣ кунанд.
Ҳамчунин ба Ёдгор Файзов ҳушдор додаанд, ки ҳақи берун рафтан аз қаламрави вилоятро надорад. Манбаи мо афзуд, ки муқобили Файзов парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва танҳо фурсати муносибро поида истодаанд, ки ӯро бо иттиҳоми кушиши анҷоми табаддулоти давлатӣ ва ҳамкорӣ ба давлатҳои хориҷӣ барои солҳои тулонӣ равонаи зиндон кунанд. Ин манбаъ афзуд қасди намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон барои ҳамкорӣ танҳо бо Додситонӣ низ баъид аст барои мардуми Бадахшон самаровар бошад.
Зеро ҳануз баъди ду ё се рӯзи тарки майдон кардани мардум аз Душанбе гурӯҳи «Алфа» -амният ва ОМОНи вазорати корҳои дохилӣ ба Хоруғ оварда шудааст. Ин гурӯҳҳои эъзомӣ феълан дар тамрингоҳи яке аз воҳидҳои низомӣ дар дохили худи Хоруғ ба машқу тамрин машғуланд. Онҳо нақшаи ҳамла ба манзили зист ва «безарар» онҳоеро, ки дар феҳристи амният қарор доранд тамрин карда истодаанд. Чи гуна ба таври фаврӣ ба ҷойи хоби онҳо юриш бурдан ва нобуд кардани онҳоро машқ карда истодаанд ва СС. Ятимов ин гурӯҳро даста-даста ҷудо карда ва барои ҳар кадоме аз онҳо нақшаи ҷойгиршавии манзилҳо ва чи гуна дохил шудан ба он хонаҳоро омӯзонида истодааст.
Ҳамаи ин хабарҳои расида моро ба ёди он рӯзҳое мебарад, ки вақти даромадани Эмомалӣ Раҳмонов ба Душанбе чи тавр ғармиҳо ва помириҳоро қатли омм мекарданд. Дар Душанбе дигар садои ширину шевои лаҳҷаҳои помирӣ нопадид шуда буд. Онҳоро аз поезду аз самолётҳо мефароварданд, автобусу тролейбусҳои шаҳрро «проверка» мекарданд, меёфтанду мефароварданд, мекуштанд. Акнун онҳо ин корро дар худи Бадахшон ва дар манозили зисти онҳо карда истодаанд. Помириҳоро дар худи Помир кушта истодаанд.
Эмомалӣ Раҳмонов то куҷо ба Ятимов барои «рому мутеъ» кардани помириҳо барои «шикастан»-и онҳо «зелённий светофор» нишон додааст аз муқовимат, мубориза, устуворӣ ва истодагарии худи бадахшониҳо вобаста аст.
Ин бор СС. Ятимов ё ба чоҳи кандаи худ фурӯ хоҳад рафт ва ё инки сарнавишти Мамадбоқир ҳам мисли Мирзо ҷага хоҳад шуду Помир ҳам Ғарм мешавад. Қабули сардии як зимистон, агарчи душвор аст, мардуми сарбаланди Бадахшонро аз сардиҳои мудовим наҷот хоҳад дод ва ин мардум баландиро бо пастӣ иваз намекунанд. Хатарро аз хонаву аз шаҳру аз вилояташон берун хоҳанд кард.
Ҳангоми ба поён расонидани ин матлаб, аз ҷомеаи шаҳрвандии мухтаси вазъи Бадахашон изҳороте нашр гардид,ки вазъиятро буғранҷ муаррифӣ менамояд. Дар пасманзари он таҳлили дигаре тақдиматон менамоем. Иллати нашри ин изҳорот ва вазъияти феълии Бадахшонро аз манобеъи муътамади “Ислоҳ” мӯшикофна тақдиматон менамоем.