Паёми ЭР ҳамеша қиссаи “қаҳрамонӣ”-и худи ӯст! Ва доим як сенария дорад: солҳои ҷанг, душманони миллат, хоҷагони хориҷӣ, (дар ин миён таъкиди раванди сулҳ пас аз оғози “ҷанг”-и дубора бо ҷониби дигар аз матни таърихӣ уфтодааст, аммо “қаҳрамон”-аш боқист), баъдан шурӯъ мекунад аз он, ки чигуна дар ин марҳалаи тақдирсоз маҳз бо талошҳои ӯ миллати тоҷик аз вартаи ҳалокат наҷот дода шуд….
Аммо дар ин сенария «қаҳрамон”-и асосӣ дар аввали филм ҳузур надорад, аз ин рӯ ӯ ҳамеша вақте дар бораи Истиқлолият ҳарф мезанад, ба таърихи ин раванд руҷуъ намекунад, зеро ӯ на танҳо дар саргаҳи ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ набуд, балки душмани рӯирости Истиқлолият буд…
“Акнун биёед бубинем, ӯ воқеан пас аз ҷанг,(қотили аслияш ҳам худи ӯ буд), чи корҳоеро анҷом додааст ва чаро миллати тоҷик якумра бояд бори миннати ӯ ва фарзандону ақрабояшро бикашад??”
Яке аз ифтихороти ӯ ин аст, ки чандин ҳазор гектар заминро ба мардум ҳамчун қитъаҳои президентӣ гуфта тақсим кардааст, то онҳо зиндагияшонро бубинанд… Аммо ин ҷо чи ҷои ифтихорот аст? Ту магар замини шахсии худро ба мардум тақсим кардаӣ, ки беш аз 20 сол иҷрои ин вазифаи одии худро хидмати бузург мешуморӣ?
Ё замини тоҷиконро аз дасти аҷнабиён гирифта ба мардум баргардонидаӣ? Баръакс заминҳояшонро ку ба хоҷагонат фурӯхтӣ!
Айнан айни ҳамин суолҳо вобаста ба тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ… Ин дуюмин амале ҳаст, ки ЭР иҷрои онро ба мардум ҳамеша миннат мекунад…
Эй ахмақ, магар ту куҳҳеро ҳамвор карда ба мардум ҷои зист муҳайе кардаӣ?
Не албатта! Як қисм заминҳои обиро ба мардум барои хонапӯшӣ додаӣ, онҷо ки заминҳои лалмӣ буданд, мардум пул ҷамъ карда одатан худ об бароварданд, барқ ташкил кардаанд, ҳатто аксаран дар мавзеҳҳои хурди навобод мардум бо пули худ мактабу бунгоҳи тиббӣ ҳам сохтаанд…
Ҳама Паёмҳои ӯ як сенария доранд, ҳар сол вобаста ба ҳолат ҳатман ягон душмани хориҷиву дохилиро дар рафти паём ҳамчун сабабгори аслии вазъи бади кишвар ном хоҳад бурд… Аммо имсол як тафовут буд: душмани хориҷии хосеро ном набурд ва ҳатто таъкид ҳам дошт: душмантарошӣ кардан даркор не… Медонед чаро? Зеро дар пасманзари вазъи Афғонистон ӯ маҷбур аст бо дигар кишварҳои минтақа (аз ҷумла Эрону Қирғизистон, ки то дирӯз муносибатҳо сард буданд) робитаи хуб дошта бошад…
“Бубинед, дар ҳоле, ки дар сиёсати хориҷӣ ӯ даъват дорад, ки душмантарошӣ накунем, дар дохил як миллати воҳидро пора-пора кардааст… Яке Помирӣ, дигаре наҳзатӣ, севвуми салафӣ…”
Яке аз нуктаҳои аслии Паём эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун солҳои саноатикунонӣ буд. Мо ки табиати ЭР хеле хуб медонем, ҳоло ташвиш аз он дорем, ки ин ташаббуси дар зоҳир хеле нек, дар амал метавонад бар зарари мардуми мо анҷом ёбад… Чаро?
Дар хотир меорем чопу паҳни китоби Тоҷиконро, ки дар арафаи ҷашни 30-солагӣ барои миллат зоҳиран гӯйё ройгон тақсим шуд… Аммо мо медонем, ки дар асл ин кор бо маблағи 136 миллион сомонии буҷавӣ (яъне аз ҷайби мову шумо) аз ҷониби “Нашриёти муосир”, ки ба ширкати “Фароз” алоқамандӣ дорад, бо тиражи 1,6 миллион нусха иҷро шуд. Расонаҳо (Озодӣ) исбот карданд, ки ин корро дигар чопхонаҳо омода будаанд бо маблағи камтар ин корро анҷом бидиҳанд, вале иҷрои он маҳз ба фоидаи нашриёти наздик ба хонаводаи ЭР бовар карда ва супурда шуд… Зоҳиран ташаббуси олӣ, аммо амалан кори аз пеш тарҳрезишуда ба манфиати оила…
Пеш аз он, ки бармегардем сари саноатикунонӣ, як мисоли рушани дигареро хоҳем овард: вақте муносибатҳо миёни мову Узбекистон хуб шуданд, ҳамагон хушбин будем, ки аз ин ҳолат ҳарду миллат манфаат хоҳанд бурд… Аммо дар асл чи иттифоқе пеш омад? Дар аввалин фурсат вақте муносибатҳо нарм шуданд, қудои Президент Шарифбек намояндагии дилерии ширкати автомобилии “Равон”-и Узбекистонро ба даст гирифт, аз ҷониби дигар фурӯши сементи “Ғайюрсемент”, ки ба оила алоқамандӣ дорад, дар Узбекистон ба роҳ монда шуд… Яъне бубинед, ки аз ҳар имконоте пеш аз ҳама ба манфиати Оила истифода мебаранд… Дар ҳамин ҳол, гузаштани марзи Узбекистон аз ҷониби мо пулакист (албатта ғайрирасмӣ, дуруға очеради сунъӣ ташкил карда, барои тез гузаштан доля талаб мекунанд, ин масала бо далоили радношаванда бо навор ва сабтҳо дар дасти мо вуҷуд дорад)…
Яъне як шанси олии таърихӣ, ки ду миллат онро 20 сол мунтазир буд, ҳоло аслан ба манфиати Оила истифода мешавад…
“Акнун сари саноатикунонӣ… Чи иттифоқе пеш хоҳад омад?? Яқинан ҳар иқтидори саноатие рӯи кор меояд, наздик ба Оила хоҳад буд (Авесто групп, Фароз, Ориёнбанк ё Шарифбек)… Ин маънои онро хоҳад дошт, ки ) а) онҳо андоз нахоҳанд супурд; б) маҳсулоти истеҳсолкардаи худро бо нархи гарон ба мардум таҳмил хоҳанд кард (фарзи мисол, электромобил, ки дар Паём ишорааш рафт, бо нархи гарон ба бозор бароварда шуда, дар ҳамин ҳол барои воридоти ҳамагуна мошинҳои хориҷӣ боҷи миёншикан ҷорӣ хоҳанд кард…)”
Инҷо дар Паём як ишораи дигар ҳам буд: мо барои дигарон фақат қувваи кории арзон ҳастем… Бо таъсиси корхонаҳои саноатии Оилавӣ онҳо мехоҳанд як андоза қувваи кории арзонеро ки ба Русия мераванд, дар Ватан ба манфаати худ истифода баранд, вале чун рақобати солим ки нест, мардум дар ин корхонаҳои Оилавӣ маоши ночиз хоҳад гирифт, мисли имрӯза кормандони буҷавӣ…
Афсонаи дигари ЭР сари пиллапврварӣ буд… Ӯ аз кори дунё бехабар аст. Ҳудуди 20 сол аст, ки дарахтони тутро офат задааст…
Яъне баргҳои онҳо, ки метавонанд хуроки кирмакҳои Пилла бошанд, ҳар баҳорон дарҳол хушк мешаванд… Дар замони шуравӣ ба воситаи самолетҳои махсус барои пахтаву дигар зироатҳо маводи кимиевӣ пошида мешуд ва маҳсулоти кишоварзӣ аз офатҳо эмин буданд, ҳоло кишвари мо чунин имконияте надорад, ки ҳама дарахтони тутро аз офат наҷот диҳад…
Афсонаи дигар – ҷалби сармояи хориҷӣ тариқи иҷборӣ… Дар Паём ӯ гуфт то фалон сол фалон маблағ бояд ҷалб карда шавад,ки дар паём онро дидеду шунидед.
Охир сармоягузори хориҷӣ магар язнаат ҳаст, ки бо нақшаву талаби ту бояд ба Тоҷикистон маблағ ворид кунад? Ин ҷо колхоз нест ку! Сармояро бо фароҳам овардани замина ҷалб менамоянд, на тариқӣ зуриву супориш…
Пас аз таҳаввулоти сиёсии Узбекистон чандин нафар сармоягузорони чинӣ, ки дар Душанбе фиреби Оиларо хурда буданд, сармояашонро ба кишвари ҳамсоя куч доданд…
Хуллас дар бобати ҷалби сармоя: ҳар сармоягузори ҷиддӣ, ки мехоҳад пули калон инҷо ворид кунад, замонати устувории дарозмуддати вазъро ба назар мегирад, аммо як Оила ва он ҳам фосиқ наметавонад барои 20-30 оянда кафили амнияти иқтисодиву сиёсии кишвар бошад…
“Яке аз ҳақиқатҳои Паём – иқрори ЭР дар хусуси он буд, ки мо ҳоло ҳеч чиз истеҳсол намекунем… Воқеан як далели ҷолиби таърихӣ: вақте бо Узбекистон муносибатҳо хуб шуданд, моҳи апрели 2017 дар Душанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти саноатии он кишвар баргузор шуд, ки бо ғановати худ мардуми моро дар ҳайрат афтонд…”
Интизор мерафт дар моҳҳои баъдӣ намоиши ҷавобии саноатии мо дар Тошканд баргузор гардад, аммо пас аз тамошои Намоиши арзандаи маҳсулоти саноатии Узбекистон, ҷониби Тоҷикистон аввалин бор дар ҳолати ногувор қарор гирифт: маҷлис пайи маҷлис… Мулоҳиза: бо ин куртаи чакану тавақи чубии худ мо ба куҷо меравем))???
Хулоса чун ҳамеша пусти харро ба сар кашида, пас аз як бор ба таъхир афтодани мӯҳлати баргузорӣ, онҳо рафтанд ба Тошканд бо ҳамон куртаи даридаи чакану тавақи чубинашон… Айни чунин ҳолат чанд рӯз пеш дар намоиши Экспо2020 дар шаҳри Дубай буд (дар расонаҳо дидем боз ҳамон куртаи даридаи чакану тавақи ношустаи чувӣ😊)
Хулоса: модели иқтисодиву саноатии кишварамон чаканмеҳвар бо тавақи чубист🙂!
Дар ҳама сафоратхонаҳои мо дар хориҷ аз кишвар хонум Чакан ва Ҷаноби Тавақи чубин дар даромадгоҳ ҳатман шуморо пешвоз хоҳанд гирифт…
Медонед чаро ин ду маҳсулот ҳоло ба муқаддасоти миллӣ табдил шудаанд??
“Зеро дар зеҳни камбағалонаи ЭР аз даврони кудакиву наврасӣ ин ду “дороӣ” ба ёдгорист: сузании чакан, ки ягона нишоне аз фарҳанг буд, ки девори кулбаашонро зеб медоду тавақи чубӣ, ки нафси бади ӯро қонеъ месохт…”
Як бардошти дигар аз Паём ва ҳама дигар суханрониҳои ЭР ин аст, ки ӯ як нафари комилан бемутолиа ҳаст! Итминон дорам, ки дар умраш китоберо нахондааст, зеро агар мехонд, ӯ ки донотарошии худро хуш дорад, ҳатман ҷое ишора мекард, иқтибосе меовард… Ҳаётан ӯ аз пеши худ сар аз маъруза бардошта иқтибосе ё байте аз бузургворе наовардааст…
Дар лексиконаш ҳамеша масалҳои обшустаи мардумӣ ҷорист…
“Дар кулл ӯ бобои бесаводеро мемонад, ки наберагонашро ҳамеша гирди ҳам оварда барояшон батакрор танҳо як афсонаро қисса мекунад: афсонаи бузаки ҷингилапой!”
Зеро ӯ ҳар чи медонад базур аз даврони мактабӣ аз китоби Алифбову Хониш аст, мағзи сари ӯ дар он синн шах шудааст, аз ҳеч пире адаб наомӯхтааст…
Дар Паем дар бобати муҳоҷирон ва мушкилоти онҳо =0 таваҷҷӯҳ буд…
Дар Паём ва умуман дар ҷаҳонбинии ҷоҳилонаи ӯ ҷойгоҳе барои аҳзоб, ҷомеаи маданӣ, равшанфикрон умуман вуҷуд надорад…
“Лукашенкои ҷурааш дар мусоҳибаи худ бо Дмитрий Гордон пеш аз интихоботи ахираш гуфта буд: ман тасаввур намекунам, ки агар Президент набошам, рӯзам чи хел мегузарад ва ба чи корҳое машғул хоҳам шуд… Яъне ӯ рӯирост гуфтанист, ки ғайр аз ишғоли мансаб ӯ дигар ҳунару завқе дар зиндагӣ надорад!! Айнан ЭР чунин аст, ӯ на танҳо бесавод аст, балки безавқу беҳунар аст! Ӯ ҳамчу собиқ раиси колхоз, агар ҳадди ақал соҳаи кишоварзиро сарфаҳм мерафт, имрӯз мо ҳадди ақал аз ин ҷиҳат пешрафт медоштем…”
Чаро Акаев истеъфо доду ЭР умрбод боқист? Зеро Акаевро дар Академияи илмҳои Русия интизор буданд, аммо Раҳмоновро дар ҳеч фермае қабул нахоҳанд кард…
Чаро тоҷикон дар Русия беиззатанд?
Зеро симои мо – ЭР дар асл пеши ҳеч роҳбари дунё иззат надорад (чун бесаводу беҳунар аст), агар ӯ иззат медошт, касе боре хотири эҳтироми ӯро ба ҷо меовард…
“ЭР ҳамчун нотиқ дар Паём аз Таҳияи Консепсияи зеҳни сунъӣ (яъне Искуственный интеллект) гуфт… Боз ҳам сарашро бардошта шарҳ надод… Чун ин соҳаи нав аст, ба ҳозирин ва умуман ҷомеаи кишвар зарурати шарҳи ин мафҳум вуҷуд дошт… Вале ЭР дар ин мавридҳо гушҳояшро таги тоқӣ карда тез ба дигар бахшҳои маърузааш мегузарад…”
Воқеан зеҳни сунъӣ дар кишварҳои пешрафта он вақт ҳамчун соҳа ба вуҷуд омад ва рушд кард, ки онҷо талабот ба зарфиятҳои зеҳнӣ зиёд аст ва зеҳниятҳои инсонии мавҷуда барои ҳалли масоили илмиву иқтисодии замони муосир басандагӣ намекунанд…
Аммо дар Тоҷикистон чӣ? Ҳама зарфиятҳои зеҳнӣ, аз табибон то инжинеру соҳибкорон тарки Ватан кардаанд ва ЭР ҳоло гӯйё дар суроғи Зарфияти сунъӣ гардидааст…
Яъне ҳар муколамае дар мавзуи Зеҳният бо табиати ЭР дар таззод аст ва он барояш афсонае беш нест…
Як нуктаро ЭР 2 бор таъкид кард: дар дунё кори намешуданӣ нест, завқ доштан даркор!!
Агар воқеан чунин аст, пас чаро як кишвари кучаки 10-миллиннафараро сарсону саргардон кардаӣ? Чаро дар ин 30 сол ҷои корӣ муҳайё карда натавонистӣ??
ЭР ин бовариву қудрати худро на баҳри ҳалли мушкили мардум, балки барои манфиати оилаи худ сарф менамояд….
Дар дунё кори намешуданӣ нест, дар фаҳмиши ӯ ба он маънист, ки ҳеч чаҳорчубае, ахлоқе, қонунеро ӯ намеписандад: кадом фарзандашро ба кадом вазифае хоҳад бе мулоҳиза таъин менамояд… Охир дар дунё кори намешуданӣ нест ку…))!!!
Завқи шумо, салиқаи шумо хело олисту танҳо мо аз он ноогоҳем. Худо ҳаргиз моро он завқу салиқае доред надошта бошем.
Яке аз мусибатҳои дигари Паём – оғози омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолият буд… Дигар бо ин афсонааш 5 соли оянда ҳамаро ором намегузорад… Чун ба иқрори худаш ҳисоби корро ефтааст! Ӯ гуфт корҳое ки дар 10 сол иҷро карда натавонистем, бо кумаки соҳибкорон дар 3 сол барои 30-солагӣ анҷом додем…
35-солагӣ муборак соҳибкорони азиз)) Худо зад….((((
Хуллас ин Паём чун ҳамеша саропо дуруғу фиребу таҳқири ин миллат буд!