Рафтору муносибати маъмурони эъзомии Душанбе бо сокинони Хоруғ ва бақия навоҳии Бадахшон то рафт печидатар мешавад. Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, ки ба унвони як мансабдори бадахшӣ вориди буҳрони Бадахшон шудааст, пешниҳодеро матраҳ кард, ки намекард беҳтар буд. Гуфтааст, ки Мамадбоқир «психушка» раваду чанд муддате «девона» шавад, то моҷаро бо ин ба анҷом бирасад. Аммо танҳо генерал Навҷувонов нест, ки парту пало мегӯяд.
“Чанд рӯзи пеш дар як нишасти мешавад гуфт маҳрамона Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ аз халифаҳо (имомони масоҷид) хоста буд,ки Мамадбоқир ҳадди ақал ҳамон 6 нафари ҳамроҳонашро биспорад, то авзоъ ба ҳолати оддӣ бозгардад. Мамадбоқир барои ин ҳарду генерал ҷавоби ҳамвазну мантиқӣ дод. Аммо маълум аст, ки ин генералҳо ҷон коҳонида истодаанд, ки обрӯи мундиру погони худро ҳифз кунанд. Худо медонад, ба ҷуз ин шартҳо боз чи шартҳои дигаре гузоштаанду мегузоранд,чун интернет ва алоқа бо Бадахшон қатъ аст.”
Аммо ин шурут бозгӯи он аст ки намехоҳанд, дурусттараш наметавонанд «дасти холӣ» ва бидуни «дастовард» Душанбе ба назди Калон бозгарданд. Вале аз тарафи дигар ҳар қадаму ҳар лаҳза ҳалқаи кору зиндагӣ барои сокинони Хоруғро тангтару тангтар карда истодаанд. Агар чанд рӯзи пеш бо участковию бо силоҳ хонабахона мегаштанд, ҳоло тангемҳои мусофирбарии маркази вилоят ва роҳии навоҳиро манъ карда ва ҳатто ба макотиб рафта талабаҳои синфҳои болоиро таҳдид карда истодаанд, ки Мамадбоқирро тарафдорӣ накунанд. Маълум аст, ки дар қапқон хурдаанд, ба дом афтодаанд, роҳгум задаанд, роҳу васила меҷӯянд. Ҳар коре карданд, посухи ҳамсон гирифтанд. Агар «ТВ.Бадахшон» минбарашон шуд, тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ сангар ва саҳнаи суханрониҳои сокинони Бадахшон шуд. Шумори нерӯро афзудаанд, мардум ҳам манзили зисти Мамадбоқирро посбонии 24соата ташкил карданд. Хулоса, ҳоло ба як халосгар зор ҳастанд ва ё бояд ҷанг кунанду хуни даҳҳо ва шояд ҳам садҳо ва ҳазорҳо бадахшониро бирезанд ва оқибату анҷомаш ҳам маълум нест, ки чи хоҳад шуд.
Аммо оё халосгар вуҷуд дорад?
Ростӣ, ман ҳеҷ гоҳ намехоҳам, ки Рустами Эмомалӣ обрӯ касб кунад, шахсияти сиёсӣ бишавад. Ин чунин намехоҳам «мамина синочек» бимонаду «эркатулфор» ва метафитамину виагра задаву арӯсбозӣ карда гардад, чун,ки пас аз истеъмоли ин маводҳо ҷиноят анҷом медиҳад ва шаҳрвандони кишвар осеб мебинанд. Намехоҳам гунгак боқӣ бимонад.Чун аз ҳамин ҳоло маълум аст агарки ҷойи падараш омад, бадтар, ҷоҳилтар ва даррандатар ва носерамтар аз падараш хоҳад буд. Вале, назарам ин аст ки буҳрон, балки фоҷиаи имрӯзи Бадахшон барои вай як «шонс»-и бузург ва пайти мувофиқ аст ки худро бинамоёнад, нишон диҳад, ки «проект» нест, «чизе» дар даруни худаш низ вуҷуд дорад ва ӯ ҳам як шахсият аст.
“Коре, имрӯзҳо дар Хоруғ ҷараён дорад, муҳосираи заминиву осмонӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии як вилояти мухтор, ки нисфе аз қаламрави кишварро ташкил медиҳад, фишору тазъиқи пиру барно ва зану марди бадахшӣ тайи ин се моҳ кори як давлат нест, кори як давлат бо шаҳрвандонаш нест, кори як тараф аст, кори як шайка аст.”
Тавҷеҳу тавзеҳи Эмомалӣ Раҳмонов ин аст, ки ин ҳама корҳо, то қатлу куштору лашкаркашӣ дар Бадахшон барои Рустам ва ояндаи ӯст. Яъне Рустамро президент мекунад ва набояд афроде амсоли Мамадбоқир, ки то ба имрӯз гардан надодааст, дар кишвари таҳти идора ва итоати Рустам вуҷуд надошта бошад. Амру дастуроти Рустам, Рустам, ки чӣ, тамоми гуморидагони Рустам, онгуна ки дар Хуҷанду хуҷандиҳо иҷро мешавад, иҷро бишавад. Дар шароити феълӣ касе мувофиқтар аз худи Рустам нест, ки гиребони СС –ро аз дасти ЭР ва гиребони Боқирро аз дасти СС бираҳонад. Ва, Рустам шароитро ба ҳолати то 25 ноябр бозгардонад.
Магар ҳамин тавр осону роҳат аст?
Аз Рустам вобаста аст. Вай бояд миёнҷӣ байни Хоруғ ва Душанбе бишавад. Байни падараш ва Мамадбоқир.
“Рустам бояд нишон бидиҳад, ки «амбитсия»-и президентии ҷиддӣ дорад. Барои исбот бартараф кардани буҳрони Бадахшон ва бозгардонидани оромишу сабот ва амният барои ӯ беҳтарин фурсат аст. Ҳам аз худ чеҳраи сиёсӣ месозад ва ҳам маъракаи интихоботиашро метавонад оғоз бахшад. Ба унвони раиси Маҷлиси Миллӣ, нафари дуввуми кишвар ва «номзад»-и хонаводаи ҳоким ҳам ин ҳақро дорад, ки қазияро бо роҳи муфоҳима ва мусолиматомез ҳал кунад.”
Бо ин мардум бояд бо забони худашон суҳбат кард
Рустам бояд ҷуръат кунад ва мустақим биравад ба Хоруғ ва биншинад рӯбарӯ бо Мамадбоқир ва бигзор бо Фаромуз Иргашев, ки ба эҳтимоли зиёд рақиби билқувваи вай дар корзори интихоботӣ хоҳад буд. Ва, дафъатан дасти салом пеш кашад ва бигӯяд,ки бо нияти сулҳу оштӣ омадаам ва ҳамин тавр дафъатан тамоми нерӯҳои низомии болои Хоруғро ба мақарри аслиашон бозгардонад ва ҳолати Хоруғро ба баҳори соли 2012 бозгардонад ва Ситоди байниидоравию Аламшозодаву СС. Ятимову Абдулло Навҷувонову дигару дигарашро ҳам пайи корҳои худашон бадрақа кунад.
Агарчӣ 24-уми феврал дар мувофиқа бо фармони Эмомалӣ Раҳмонов сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ иваз карда шуд. Собиқ сардори РВКД дар Душанбе генерал – лейтенанти милитсия Шариф Назарзода ба ин мақом таъин гардид. Намефаҳмем чаро ин тағйирот сурат гирифтааст ва нақши Генерал Абдулло Навҷувонов феълан дар Бадахшон чист ? Сардори РВКД Сардори Раёсати ВКД дар Бадахшон таъин шуданаш чӣ гӯна вазъро тағйир медиҳад? Агар садто генерал аз дигар манотиқ фиристанд ҳам вазъ ба ҳолати оддӣ бар нахоҳад гашт. Инҷо дахолати Рустам ва миёнҷигарии содиқонаи ӯ лозим асту бас.
Тазоҳуроти ноябри Хоруғ амали ҷавобӣ ба куштор аст. Инро Рустам бояд бифаҳмад ва дарк кунад. Бадахшониҳо ҳеҷ исёну шӯрише намебардоштанд, агарки Гулбиддин кушта намешуд. Воқеият ин аст ки онҳо, бале ва оре тоҷиканд, аммо аз тоҷики ғармӣ ва аз тоҷики хуҷандӣ ва аз тоҷики кулобӣ ва аз тоҷики самарқандӣ тафовут доранд. Инро мефаҳмед? Онҳо на танҳо мазҳабашон дигар аст, онҳо тоҷикиро дар мактаб ёд мегиранд, забони модариашон дигар аст. Бо ин вуҷуд ҳеҷ талаб накардаанд, ки бо забони модариамон кутуби дарсӣ ва барномаи таълимӣ дуруст кунед. Забони аҷдодиашон дар пеши чашмонашон маҳдуду танг мешавад. Мусибат ва фоҷиа амиқтар ва дардовартар ва аламноктар аз ин намешавад. Ҳалолашон бод. Аммо онҳо соҳиби асил ва асосии ин ватан ва ин диёранд, ки ҳоло болояшон тохтутоз мешавад. Ҷони онҳо, коргоҳи онҳо, мактабу донишгоҳи онҳо манзили зисти онҳо ба ҳадаф гирифта шудааст, снайперҳою киллерҳои Раҳмонов сайёди ҷони онҳо шудаанд. Оксигени Хоруғ гирифта шуда истодааст. Ҳавои мусаффои Хоруғ масмум аст.
“Агар ки Рустам вориди қазия нашавад,«бозӣ»-ро тағйир надиҳад, дар чи ҳукумате ҳокимият мекунад? «Толибони тоҷик»-ӣ,Қирғизистон, мо-Паймони миллии Тоҷикистон, ки шабурӯз дар талоши заволи ин ҳукумат ҳастем ва инак боз як вилоят бо ҳудуди нисфи қаламрави Тоҷикистон душмани қасамхӯрда ва рақиби сарсахти ӯ хоҳанд буд.”
Агар қартаро иваз кунед чӣ? Авзоъро ором кунед чӣ?
Эмомалӣ Раҳмонов хуб медонад, ки дар Қазоқистон кадом террористони исломӣ тазоҳурот барпо накардаанд. Дар Қазоқистон аз такрори ҳаводиси имрӯзи Украина пешгирӣ шуд.
Ҳоло шумоҳо ҳам наметавонед бо ин ҳама рақибони сарсахту душманони қасамхурдаатон чангбачанг шавед, нусрат ба даст овареду давом биёваред.
Рустам ин тасаввур ва ин пиндорро, ки Раҳмонов ба хотири ӯ, нобудии помириҳоро ба СС.Ятимов ва Раҳимзода дастур додааст, метавонад бишканад. Симо ва чеҳраи дигарро ба намоиш бигзорад. Рустам талошашро бикунад, ки аз болои хун ба курсӣ нанишинад.
Ҷуръат ва шуҷоат мехоҳад.Вале боиси як таҳаввуле боварнакарданӣ хоҳад шуд.
“Кумисиюни 44 нафара аввалин изҳороти худро муваҷҷаҳ ба Рустам карданд ва фикр доштанд, ки ӯ наҷоташон медиҳад вале аз санг садо буду аз Рустам не. Бечораҳо боз маҷбур шуданд ба падараш муроҷеат кунанд вале боз ҳам чизе ҷуз вахимшудани вазъ нашуд. Ҳатто номҳояшон дар листи сиёҳ ва мамнуъулхуруҷ аз Бадахшон шуданду мавриди таҳдид қарор ҳам гирифтанд.Рустам фурсатро набояд аз даст диҳад. Мо мақсадамон ин аст, ки мардуми як минтақаи кишварамон ба хотири нақшаҳои шуми бархе аз нопокон кушта нашаванд. Агар дар ин паёми мо чизе сохта пайдо кардед марҳамат онро рад кунед. Аммо мо содиқона инро ба шумо ба хотири нарехтани хуни шаҳрвандони кишварамон пешниҳод дорем. “
Дар ҳар сурат назари ман ин аст,ки Рустам «шонс» дорад, ки аз зери домони модар, аз зери сояи падар берун ояд ва ҳалли масъалаи Бадахшон мавриди муносиб аст. Рекламаи бузурге барои вай ва муҳимтар аз ҳама Тоҷикистон амну ором мешавад. Албатта, агарки Рустам вориди буҳрони Бадахшон бишавад ва мустақим ба Хоруғ парвоз кунад.Ва бе ҳеҷ қайду шарте бо Муҳаммадбоқир бишинад ва ин масъаларо ҳаллу фасл намояд.