(бахши аввал)
Дар Вахш чи мегузарад ва ё муносибати Қурбоналӣ Юсупови раиси ноҳия ва ҳоҷӣ Амиру ҳоҷӣ Амони бародарзанҳои Эмомалӣ Раҳмонов бо ин мардум чи гуна аст?
Раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов бо шаш бародар ва ду хоҳараш ноҳияи моро ба монополияи худ табдил кардааст. 600 гектар замини обии ноҳияро аз худ кардаву мардумро кор мефармоянд аммо моҳона ҳамагӣ 70,80 ва то100 сомонӣ медиханду халос. Онҳо баҳонаи хубе ёфтаанд. Мегӯянд, ки чобуқ мекунед паяашро мегиред, ҳамин кофӣ аст. Он паяро танҳо дар пухтани нон дар дегдон истифода карда мешаваду тамом. Аммо барои он,ки ин паяро ҳамчун ҳезум истифода намоем дар танур нонашро ордашро чихел харидорӣ намоем аслан фикре намекунанд.
Дар ноҳияи Вахш ду бародар Тоир ва Зоир Шарифов зиндагӣ мекарданд. Зоир дар Вахш вазифаи калон дошт. Тоир бошад раиси колхоз буд. Қурбоналӣ Юсупов бошад ба инҳо камубеш хешу таборӣ дошт. Зоир Шарифов Қурбоналӣ Юсуповро ҳамроҳи худ ба кор мегирад. Қурбоналиро чанд бор зиндон мекунанд ( зиндоншуданашро чор манбаъ навиштааст вале мо чизе натавонистем пайдо намоем,ки бо кадом моддаҳо ва шакли ҷиноятҳо Қурбон Юсупов зиндон шудааст. Умедворем то омодакардани навор онро пайдо ва тақдиматон намоем) Сабабашро намедонам. Зоир ба назди ӯ меравад. Қурбоналӣ мегӯяд, ки аз инҷо бароредам, ки сахт метарсам. Ҳозир Қурбоналиро ҳамчун Қурбоналии бех мешиносанд. Зоир Қурбони бехро озод мекунад. Аммо вай баъдтар ба инҳо хиёнат мекунад. Қурбони бех Тоир Шарифови бародари Зоирро, ки раиси воҳиди кишоварзӣ буд ба воситаи мардум ва прокуратураи генералӣ пул дода барои кадом коре, гӯиё заминфурӯшӣ муттаҳам карда аз кор озод ва дар ҷои вай раиси воҳиди кишоварзӣ-колхози Кулоб мешавад.
Қурбон Юсупов мулаққаб ба “Бех” чи гуна пулдор шуд?
Қурбони бех нахуст дар командаи Зоир Шарифов шомил мешавад ва ғоратро дар даврони бесоҳибии ҳокимият шурӯъ намуда барои худ копитал ҷамъ намуданд. Нахуст ҳама ончи дар ноҳияи Вахш бударо дуздида тарафи Балҷувон ва Сарихосор бурданд. Масалан фермаҳоро комилан якдона номанда бурданд.Баъдан ба Давлаталӣ Шарифов ки раиси вилояти Хатлон буд ва ҳоло “сардори раёсати хоҷагии ҷангали кишвар” аст ба ӯ пулу пора дода корро шурӯъ намуданд. Пас аз ончи буд пахтаҳоро ба хориҷ фурӯхтанду пулҳои калон ба дасташон омаду списат карданд,ки пахтаҳо сухтанду ин шуду он шуд. Дар асл ҳамаро худашон тороҷ карда буданд. Винозаводи Вахаш, ки дар Соднисовхози ноҳия қарор дошт ҳаминхел карданд спирту виноҳоро дақиқан бо ҳаҷми калон бударо фурӯхтанду гуфтанд ҳамаро дар ҷанг дуздида бурданд. Муҳим дақиқан бо ин шакл сармояҳои худро бо ин шакл ҷамъоварӣ намудаанд. Ҳоло бошад мардумро ғулом карда кор мефармоянд ва агар садоят баромад ту душмани миллат эълон мегардӣ ва зиндонӣ мешавӣ.
ШИКОЯТҲОИ СОКИНОНИ ВАХШ АЗ ҚУРБОНИ БЕХ
“Аммо ин Қурбоналии бех дар ягонҷо нахондааст. Ҳатто мактаби миёнаро хатм накардааст, балки хондану навиштанро ҳам на он қадар хуб метавонад. Аз рузи аввал, ки раис шуд бародарашро ба ҷои худаш гузошт. Медонед барои чӣ? Барои онки худаш хондану навиштанро наметавонист. Дар ҳақиқат Қурбони бех савод надорад. Метавон гуфт, ки дар авлодашон одамони босавод нест. Просто корчалон аст. Маҷлисҳоро дуруст гузаронида наметавонад. Бароталии акааш, вақте раиси ноҳия буд мактаби мо меомад, аз рӯи коғаз-конспект матни баромадашро соз хонда наметавонист. Баъдан ин Бароталиро Шарбатулло Девонаев ҷояшро гирифт. Баъди он вай дар кори давлатӣ роҳ наёфт. Ҳозир корхонаи пахтатозакунӣ, коргоҳҳои сангу қум дорад.”
Вақте Қурбони бех бародарашро ба ҷои худаш овард болои мардум зулм сар шуд. Номи ин бародари Қурбони бех Раҷаб аст. Раҷаб дар деҳаи Бистсолагии Вахш зиндагӣ мекунад. Аз Худову инсоф ниҳоят дур аст. Бародарони Қурбоналӣ Юсупов заминҳои мардумро кашида гирифтаанд. Саҳмияи замини сокинони 5 -6 деҳаро комилан тасарруф кардаанд. Сокинони деҳаи Бистсолагӣ як рӯз ба по мехезанду ариза навишта талаби саҳмияҳои худро мекунанд. Ин кашокаш чанд моҳ давом мекунад аммо ягон натиҷа намедиҳад. Мардум як рӯз ҷамъ мешаванду тракторҳои онҳоро ҷуфт кардан намемонанд. Мегӯянд, ки бас аст, заминҳои моро баргардонед, мо ҳам зиндагӣ дорем, кор нест, пул нест. Медонед Қурбони бех ва Раҷаб чи ҷавоб медиҳанд?
«Мардоятонро Сурия равон кунед, дар онҷо картошка бикоранду ба шумо пул равон кунанд, шумора чиву замингирира чӣ?»
Дар онҷо милисаҳо ва кормандони амният ҳам ҳузур доштанд вале ҳиҷ коре накарданд. Вале агар ин корро ягон одами оддӣ мекард, ҳатман дастгир мекарданду «статя» мезаданд. Дар ҳоле, ки ин заминҳоро гузаштаҳои ин мардум ободу киштбоб кардаанд. Вақте инҳо хурд буданд падарашон аз дунё гузашт. Мардуми ҳамин деҳаи Бистсолагӣ онҳоро калон карданд. Аммо инҳо қадри ин ҳама некиро намедонанд.
“Ин Юсуповҳо, чи хеле гуфтем 6 нафар бародаронанд. Қурбони бех се ака ва ду додар дорад. Худи Қурбони бех дар деҳаи Бистсолагӣ дар масоҳати панҷ гектар замин Коллеҷи тиббӣ ва як беморхонаи калон сохтааст. Пурсида мешавад ин қадар пул аз куҷост. Яқин аст ки аз ҳисоби ғорати мардуми ноҳия. Худаш мегуфтааст, ки пораро мустақим ба президент медодааст ва барои ҳамин чи коре хоҳад мекунад.”
Бародари калониаш Бароталӣ ном дорад. Солҳои пеш дар ноҳияи Вахш раис буд. Ӯро барои гирифтани пора Оҷонсии мубориза бо коррупсия дастгир кард. Вале Қурбони бех бо додани пораи калон озодаш мекунад. Ҳозир озод мегардад. Корхонаи пахтатозакунӣ дорад ва ҳоло дар ҷамоати Бистсолагӣ текстилкомбинат сохта истодааст.
Акаи дуввумаш Ҳайиталӣ дар деҳаи Чоруми ҷамоати Бистсолагӣ як гаражи колхозӣ аз давраи шӯравӣ боқӣ монда буд. Ҳайиталӣ дар назди он гараж мағозаи хурдакак месозад. Аммо ҳозир он гаражро пурра аз они худ карда ва дар назди он як мағозаи калон ва манзили истиқоматии бузурге сохтааст, ки ҳамааш ғайри қонунист. Аммо ягон кас ҷуръат намекунад гап занад. Барои онки Қурбони бехи бародараш раиси ноҳия мебошад.
Як бародари дигараш ҳамин Раҷаби бадбахт аст ки дар ҳақи мардум бениҳоят зулми бисёр мекунад. Бештар аз 1000 коргарро кор мефармояд ва чуноне зикр шуд, маоши онҳо аз 70 то100 сомонӣ аст. Вале ҳар гоҳе аз телевизион барои сабт оянд пешакӣ одамҳои худашро тайёр мекунад ва онҳо бардурӯғ мегӯянд, ки маошашон на камтар аз1000 сомонӣ аст.
Як додари дигараш Раҳмоналист. Дар совхози Вахш замини зиёде дорад, ки дар он сад коргарро кор мефармояду мисли ғуломанд барояш.
Бародари хурдиаш Ғоиб ном дорад. Дар ягон ҷо кор намекунад, аммо хонаву дару мошини ӯро мебинед, фикр мекунед, ки бизнесмени калони кишвар аст. Бачааш бистсола аст. Тойота кемрии модели охирин дорад.
Яке аз ҷабру зулме, ки дар Вахш солҳост идома дорад ва дар давраи раисии Қурбоналӣ Юсупов бештар шудааст муаллимонро маҷбуран ба газетаҳо обуна кардан аст. Аз ҳар муаллим барои обуна ба нашрияҳо 300 сомонӣ талаб мекунанд. Омӯзгорон ҳамин тавр маҷбуранд аз маоши бе он ҳам ночизи худ 100 сомонӣ барои қарзи китобҳои дарсӣ пардохт кунанд. Ин омӯзгорон мепурсанд, ки аз даҳони онҳо кашида гирифтани луқмаи фарзандони муаллимон магар аз кисабурӣ чӣ фарқ дорад?
“Қурбоналӣ Юсупов зодаи ноҳияи Вахш, ҷамоати деҳоти 20-солагии истиқлолияти Ҷумҳури Тоҷикистон мебошад. Вай дар соли 1968 ба дунё омадааст.”
Ҷавони шуҷоъу нотарс ва дар миёни ҳамсолонаш соҳибэҳтиром ҳам буд. Вале ҳануз дар сини ҷавони сутуни хонадонашон аз дунё гузашт ва бори масъулияти зиндагӣ ба души Қурбоналӣ ва бародараш Бароталӣ афтод. Шояд далели бесавод монданашон ҳам дар ҳамин бошад. Чи гунае, ки ҳамсолонашон мегуянд Қурбоналӣ ва бародаронашон бештари даврони ҷавонияшонро дар пахтачинӣ мегузарониданд. Баъдан Бароталии бародараш дар колхози собиқи «Москва» дар замони Иттиҳоди Шуравӣ ронандаи бензовоз буд. Дар он замон ҳеҷ кадри босавод дар чунин коре кор намекард. Яъне бо ҳамингуна корҳои дур аз идоракуниву роҳбарӣ бо бародаронаш кор мекарданд. Дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ шуруъ шуд. Мутаассифона н.Вахш яке аз ноҳияҳои оғози ҷанг буд. Чун дар ин минтақа мардуми аз водии Қаротегин омада аксарияти аҳолӣ буданд. Онҳоро вовчик ва мардуми аз минтақаи Кулоб омадаро юрчик ном доданд.
Бо гарм шудани майдони ҷанг мардуми Қаротегини (вовчикҳо) гуреза гаштанд ва ҳама дороии худро гузоштаву рафтанд, қисме ба Афғонистону қисме ба навоҳии Рашт. Онҳо мардуми хеле захира кардагӣ буданд. Бародарон Юусуповҳо хеле касби ғанимат карданд. Чун дар тарафи муқобил (юрчикҳо) қарор доштанд. Бо ором гаштани вазъ мардум аз ҳиҷрат бозгаштанд ва ҷуз хонаҳои сухта ва ба харобазор табдилшуда чизе наёфтанд. Вале Юсуповҳо дигар мисли пештара набуданд. Онҳо барои ба даст гирифтани роҳбарии колхоз талош мекарданд. Вале осон набуд, чун роҳбар як шахси бообру дар сатҳи ҷумҳурӣ бо номи Зойир Шарипов буд ва осон набуд ӯро аз сари роҳ дур кардан. Зойир бо мардуми қаротегинӣ ҳеҷ мушкиле надошт, балки робитаҳои дустии зиёд бо ғармиҳо дошт ва дар якҷоягӣ бо мардуми ҳарду тараф корҳои хоҷагиро пеш мебурд. Барои мардум, ки ҳамон вақтҳо зиндагиашонро бо душворӣ пеш мебурданд замин барои кишт ҷудо мекард, то ба по хезанд. Вале ӯ ҳам на ҳамаи ҳақи мардумро ба онҳо медод. Зоир Шарипов аз Сари Хосор аст. Вай рафиқи наздики Раҳмонов буд. Дар рӯзи мурдааш Раҳмонов ба Вахш омад. Як вақт Раҳмонов Сари хосор меравад. Як дачаи Зоир Шарифов ба вай писанд меояд. Зоир Шарифов ҳамон дачаро ба Раҳмонов туҳфа мекунад. Раҳмонов мегуяд, ки то ман зиндаам бачаҳоятро нигоҳ мекунам. Барои ҳамин бачаҳои Зоир аз пушти Раҳмонов сахт такаббур мекунанд. Зоир панҷ фарзанд дошт. Яке аз онҳо бо ҳамроҳиТаҳминаи духтари Раҳмонов аст. Номаш Қурбоналӣ. Якеи дигараш, аз ҳама хурдӣ Санчо лақаб дорад. Хеле ҳам беадаб ва бадахлоқ аст. Ҳамеша мошинашро пиён меронад ГАИҳо мебинанду аммо худро аз вай якнима мегиранд, метарсанд, баҷо мешаванд. Ҳатто бо суду прокурор ҳам бо алфози қабеҳ суҳбат мекунад. Як ҳамдеҳаи моро дар дохили хонаи худаш таҷовуз кард. Аз назди он духтар баромаду омда ба назди бародари вай ва кори кардаашро ба вай нақл кард: «ма,хоҳарта..кардам».Як нафари дигарро ҳам омаду аз назди бародараш бардошту бурд. Бечора лом гуфта натавонист. Инро ягон гап занӣ мекушадат. На дастгираш мекунанду на маҳкам. Шахсан ба кормандони милиса гуфтам, ки чаро ин ҳама таҳқиратон мекунад, чизе намекунед. Шуморо «чмо» кардааст, чи хеле бихоҳад, чизе мегуяд, кардан мегирад. Он кормандони милиса гуфтанд, ки мо ҳам ба ҷон расидаем. Ҳозир дар шӯъба фақат ҷиноятҳои ҳамин авлод дело шуда истодааст. Як хона пури делои ҳаминҳост. Хуллас, ҳаррӯз ҷамъ шуда истодааст, бетанаффус. Гуфт мо ҳам Раҳмоновро нигоҳ дорем. Ҳар вақте гум шуд мо ин авлодро ба дасти қонқн месупорем.
Қурбоналӣ инсони бисёр дилсиёҳ ҳаст. Чун шатаҳои дар ҷавонӣ аз ҳамсолон ва рафиқонаш хурдаро то ҳол фаромӯш накарда аст. Мусаллам аст ки ҳар мардбача дар замони наврасиву ҷавонӣ ҷангу занозанӣ мекунад, вале чун ба камол мерасад, иштибоҳҳои наврасиро фаромӯш карда думболи қасос намешавад. Вале Қурбоналӣ борҳо бо як ҳамсолаш, ки айни ҳол додарарусаш мебошад, ҷанг кардаву ба ҳар навъе шата хурда дигар роҳи ғиромбозиро пеш гирифта бо хоҳари вай робитаи ошиқона пайдо мекунад. Баъдан маъшуқаашро ба хотири обрурезии оила ва бародаронаш гирифта мегурезад ба ноҳияи Ховалинг. Оилаи духтар дигар роҳи чораро танҳо дар туй кардани онҳо ва дар никоҳи исломӣ диданд ва Қурбоналиро фишор оварданд ва онҳоро бо ҳам хонадор карданд. Вале Қурбоналӣ, ки аз ҳамон аввал бо таассубу душманӣ шуруъ карда буд, то имрӯз, ки соҳиби чанд духтару писар ва набера ҳам шудааст, зиндагии бо хушунату бо ҷиноят дорад пеш мебарад ва фарзандонашро ҳам дар оташи хушунаташ дорад месузонад.3 0 сол бештар мешавад, ки Қурбоналӣ бо ҳамсари бо роҳи шармсорӣ ва берун аз марзи ъиффату покдоманӣ, бо зери по кардани қавонини динӣ ва расму русуми миллӣ ба занӣ гирифтааш наметавонад фазои оилавиашро барои худ ва ҳамсару фарзандонаш мусойид созад. Як овозаи лату куби ҳамсараш аз ҳофизаи мардум пок нашуда овозаи дигар паҳн мешавад ва ҳамсараш, ки синаш ба ҷойе расидааст ба хонаи волидону наздиконаш қаҳр карда меояду боз фарзандонаш ӯро ба хонааш мебаранд ва тибқи хабарҳои ахир Қурбоналӣ таҳдидаш кардааст, ки ӯро ба қатл мерасонад ва ин барояш ҳеҷ мушкилӣ надорад, касе пеши роҳашро гирифта наметавонад.
“Ногуфта намонад, ки аз болои ҳамсари аввалаш зани дуюм гирифта ҳатто тарбияи фарзандонашро ба зани дуюмаш во гузошта буд. Чун ӯ фарзанддор намешавад, фарзандонаш аз тарбияи модарашон бештари вақт маҳрум буданд ва зани дуюмаш онҳоро ба худ моил месохт ва то андозае муваффақ шуд. Писари калонии Қурбоналӣ, ки Нурмуҳаммад ном дорад мутавалиди 1996 ҳаст. Вай якчанд вақт дар Олмон таҳсил мекард, вале мисли падараш бисёр пойбанди зинову фаҳшо гашт. Ӯро падараш аз Аврупо оварда ба Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар риштаи ҳуқуқшиносӣ дохил кард. Вале пулу пора ба донишгоҳ мерафту гӯйё мехонду ин бойбача бошад ба дискоклубҳо. Анвои шиканҷаро нисбати писараш раво дид вале пеши роҳашро гирифта натавонист. Мутаассифона духтаронаш ҳам дар фаҳшову бебанду борӣ аз писараш камӣ надоранд.”
Чун бузургон беҷиҳат гуфтаанд:
Макун бад ба фарзанди мардум нигоҳ,
Ки фарзанди хешат барояд табоҳ.
Қурбоналӣ бошад фикри инро накарда, ки ҳама иштибоҳоти худаш ҳаст, ки фарзандонаш чунину чунонанд, балки ба ҳамсараш фишор меораду таҳқир мекунад, ки «ту ва авлодат ҳаром ҳастед ва фарзандони ман мутаассифона ба хуни шумо махлут шуданд». Ӯ ба ин натиҷа расид, ки бо роҳи фишор писарашро оиладор кунад ва кард. Аммо боз ҳам мурод ҳосил нашуд. Ӯро дар прокуратураи н.Кушониён, дақиқ намедонем дар кадом вазифа ба кор гузошт. Ҳоло ин писари Қурбоналӣ дар Бохтар муфаттиши додситонӣ аст. Аз рафиқони Исмоили набераи Раҳмонов мебошад. Вале ҳоли писараш бадтар шуду беҳтар не. Дигар на ёди завҷааш мекунаду на ёди падараш ва чанде пеш овоза паҳн шуда буд, ки падару писар аз ҳамдигар рӯ тофтанд. Дар ин бора ҳарф зиёд аст, вале баъдан муфассалтар ба ҷузъиёт боз хоҳем гашт. Қурбоналии бех аз зани якумаш чор духтару ду писар дорад.
Тибқи маълумоте, ки мо дорем Қурбоналии бех дар соли 2019 чандин харҷу масорифи мусофиратҳои Эмомалӣ Раҳмоновро пардохт кардааст. Аз ҷумла ба самолёт ва чархболҳои ӯ маводди сӯхт мерехт. Шоҳидони айни ба “Ислоҳ” гуфтанд: “дар яке аз сафарҳои Раҳмонов ба ноҳияи Вахш дидем Қурбоналӣ Юсупов ба сардори муҳофизони Раҳмонов 200 ҳазор долларро дод” Бароталии бародари ӯ, ки пештар раиси ноҳияи Вахш буд бо Шарбатулло Девонаев, ки баъди ӯ ба ин мақом омад, дар мухолифат қарор доштанд. Шарбатулло аз рӯи принсип аз дасти Бароталии акаи Қурбоналии бех вазифаи раисии ноҳияро мегирад. Баъд ин Бароталӣ ҳам ба принсип меравад ва барқасд аз дасти Шарбатулло Девонаев ин мақомро боз пас мегирад. Шарбатулло ҳоло дар Восеъ раис аст.
“Қурбоналии бех ҷияни «родной»-и худашро ба ҳайси ронандаи шахсиаш ба кор гирифтааст. Абдувалӣ сардухтури ноҳияи Вахш бо бародари калонии Қурбони бех қудову андаанд. Ин ду нафар ҷияни ронандааш ва Абдувалии қудояш дар гирифтани пораву миёнаравии байни корафтодаҳо бо раис Қурбоналии бех ҳамшариканд. Қазияи Абдувалӣ расонаӣ шуда буд вале ҳанӯзам чизеаш нашуд ва озодана кору фаолият дорад, чун қудо аст дигар.”
Юсупов Қурбоналӣ бо лақаби Қурбони бех машҳур аст. Бо ҳоҷӣ Амир ва ҳоҷӣ Амон ҳатман, ки робита дорад. Аммо бо Зоири домоди Раҳмонов дар аввалҳо соз набуд. Дар масъалаи тендери замин барои сохтмони беморхонаи Вахш бо ҳоҷӣ Нуралӣ гапҳояшон мегурезад. Ин ҳоҷӣ Нуралӣ саги Зоир ва Ҳасан мебошад. Махсусан дар ВКД бисёр масъалаҳоро ҳамин ҳоҷӣ Нуралӣ ба воситаи Зоир буд мекунад. Ҳоҷӣ Нуралӣ-Нуралӣ Ризоев ном дорад. Ин одам то чанд вақти пеш дар Вахш сахт маъруфият дошт. Метавон гуфт, ки Вахшро назорат мекард. Солҳои пеш ҳоҷӣ Нуралӣ ва Қурбони бех бо ҳам часпондагӣ буданд. Аммо баъдтар аз пушти замине дар кадом деҳа ва ҳамин тендери сохтмони беморхона бо ҳам баҳс мекунанд. Ҳоҷӣ Нуралӣ, ки худашро одами Зоири домоди Раҳмонову Қурбони бех худро одами Раҳмонов мегиранд. аз ҳамин хотир фахр карда мегаштанд. Ҳоҷӣ Нуралӣ рост меравад ва моҷароро ба Зоир мегуяд. Мегуяд, ки Қурбони бех Зоирро аслан писанд намекунад. Баъд Зоир Қурбонро тавре мефаҳмонад, ки «ӯ Пешвои ту проста я сурат, алафта пас бчарки мекашемта». Хулоса, Қурбони бехро як мекашаду сар медиҳад. Ин Нуралӣ Ризоев як замон дар ширкати «Барқи тоҷик» муовин ҳам буд. Тендерҳои калонро аксари вақт дар Вахш ва дигар ноҳияҳо ӯ мегирифт.
Қурбони бех орзуи сафир шудан дар Олмонро дорад
Мегуянд, ки ҳар вақте Қурбоналии бех назди Раҳмонов меояд бидуни кофтуков ба наздаш медарояд. Аз «любимчикҳо»-и Раҳмонов аст. Қурбоналӣ бисёр мехостааст, ки дар Олмон сафири Тоҷикистон бошад. Пешво мегуяд, ки барои онҷоро гирифтан меҳнат кардан даркор. Мепурсад, ки чи кор кунам? Мегуяд, ки рафта ноҳияатро обод кун. Ман меоям қабул мекунам, баъд сафирии Олмонро медиҳам. Қурбони бех меояд Вахш ва мегуяд, ки бо як миллион ноҳияро аз ҳисоби худам обод мекунам. Баъд дар роҳи марказии Вахш чорто светофор месозад. Вақте омад аввал Қурбони якмиллиона лақаб доданд. Баъди светофоргузорӣ Қурбони светофораш гуфтанд. Баъд дигар ин лақабҳоро раҳо мекунанду мегуянд,ки ҳамон «кличка»-и аввалаш хуб аст: «Қурбони бех».Вале ободкорӣ мекунад. Ҳам аз пули халқ ҳам аз пули давлат. Мегуяд аз пули худам, аммо маълум аст ки дурӯғ мегуяд. Хуллас, Пешворо моҳи октябри соли 2020 фарёд мекунад. Меояд ноҳия. Дар ноҳия дуто баландошёна ҳаст. Пешво аз пеши онҳо мегузарад. Ин биноҳо чортабақа ва барбабаранд. Дар вақти убури Пешво яктоаш метобад, дигариаш нимаш метобад. Аммо ба ҷои онки ҳардуяшро омода созад якеашро нимкора оҳак мекунанд. Дигариашро тамоман даст намезананд. Барои онки дуввумиро нимаш метофт. Агар ҳамааш метофтааст, баъд мекардаанд. Мақсад аз ин кор ин аст ки ба Пешво ҳисобот диҳад, ки бино обод шудааст. Аммо ин тавр набуд. Ҳатто дару тирезаҳо аз оҳак пок нашуда буданд. Ҳатто зери таҳхонаро семент накард. Плакатҳои калонеро бо ҳар гуна навиштаҷот ба трубаҳои қади роҳ кашол карданд. Аммо он трубаҳо ва сутунҳоро танҳо қисмати намоёнашро краска карданд. Пушти онҳо солҳост, ки зангбастагӣ буд, ҳамон тавр монданд. Азбаски пояҳои ин сутунҳо менамуд, фақат ҳамонҷояшро ранг заданд. Агар қафои ин плакатҳоро медиданд…ранги ужас..
Мағозаеро дар он роҳ мардум месохтанд. Як нафар бо номи Муҳиб, ин ҳам хешу табори Пешво, аммо Муҳиби додарарӯсаш не, ин дигар Муҳиб-бачаи тағоияш ё кадом хеши дигараш, мағозаро аз дасти мардум мегирад. Муҳиб мағозаро аз дасти мардум мегираду мардумро «иди н…й.» мегуяд: «брен лубойҷода жалб кнен».Пешво меояд лентабурӣ. Пеш аз омадани вай китоби маҳшарро аз ҳар куҷо меоранду онро пури китоб мекунанд. Аз ҷумла китобҳои Пешворо ҳам ҷилд ҷилд рах мезаннад. Лентаро мебураду меравад. Аммо худи пагоҳ Муҳиб меояд ҳамаи китобҳоро дангала мекунад, аз ҷумла китобҳои Пешворо ҳам. Мегӯяд, ки «ма иҷада млион расход кадагийм, задагийм и китобои шмора бгирен идина..уй шен,иҷара ҷазир накнен». Аммо то ҳозир ин бинои мағоза бекор хоб аст. Яъне Пешво на дар назди авлодаш қадр дорад на дар назди Қурбоналии бех.
Як деҳа аст Душанбе-2 номдорад. Соли гузашта онҷоро сел шуст. Ба он мардум гуфтанд, ки ҳамаашро дуруст ва барқарор мекунем. Давлат шуморо нигоҳубин мекунад. Аммо халқро фанд карданд. Хонаҳои харобшударо аз ҳисоби маоши худи халқ мекунанд. Ними дигарашро аз ҳисоби халқ ҷамъ мекунанд. Тамоми Вахшро хона ба хона мегарданд мегӯянд, ки пушоки зиёдати бачаҳоятонро ё ягон либосҳоятонро бидиҳед ба мардуми селзада барем. Табақ коса ва аз ҳамин қабил зарфу ашёи рӯзгор. Коргарони ҷамоат тамоми Вахшро ҷамъ карда бурда доданд. Аммо пули ҷудокардаи давлатро худашон гирифтанд. Хулоса он хонаҳоро ҳашари халқ обод кард вале пулҳои кумаккардаро дуздиданд.
Қурбоналии бех дар бари шуъбаи маориф як панҷошёна сохт. Бояд ба мардум аз рӯи ҳар як квадрат мефурӯхт. Аммо нархаш бисёр баланд. Касе харидор намешавад. Шароиташ ҳам безеб. Як устое, ки дар он бино кор мекард, ҳар нисфирӯзӣ барои чошт хонааш меомад. Якеи диграш як ҷураам буд. Гуфтам чаро онҷо хурок намехуред? Гуфт, ки ягон хуроки хуб намедиҳад: «соф макаронои срокгзаштара медиҳад».
Қурбоналии бех бо Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ҷураи сахт аст. Қурбони бех як Лендкрузери200 сияҳи нав дошт. Худаш ҳай мекард. Ба раиси вилоят маъқул мешавад. Мошинро ба вай «подарка» мекунад. Худаш ҳозир ба ҳамин гуна мошин мегардад, аммо куҳна аст.
Ин Қурбони бех худаш соҳибкор аст. Якунимҳазор гектар замин, се корхонаи коркарди пахта ва рамаҳои гусфанду фермаи гов дорад. Вай асосан талабгори сафирӣ дар Олмон мебошад. Ин тавр овоза ҳам ҳаст, ки барои вай ин вазифаро ҳамчун одами пулдор дода бошанд.
Дар назди хонааш як коллеҷи замонавӣ дорад. Мегуянд,ки дар ҳафт миллион доллар сохтааст. Донишҷуҳояшро дар коллеҷ аслан бо телефон роҳ намедиҳад. Донишҷуҳояшро Газели махсус то Коллеҷ меовараду мебарад.
Мардуми ноҳияи Вахш на танҳо зери бори зулму ситами Қурбоналӣ Юсупов ва бародарони вай ҳамчунин аз пушти ҳоҷӣ Амон ва ҳоҷӣ Амируллои додарарӯсҳои раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба дод омадаанд ва дар ташвишу изтиробанд. Инҷо танҳо як намунаеро дар мисоли «одамҳо»-и ин хусурбачаҳои президент зикр мекунем.
Қазияи дигаре дар Вахш,ки шикоятҳо аз он зиёданд
Сафаров Сайфиддин Давлатохоҷаевич сокини ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш, соли тавалудаш 1975 аст. Номбурда директори «Собирсам” як ширкати сохтмонӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мебошад. Ӯ як хизматгори ҳоҷӣ Амон ва ҳоҷӣ Амрулло хусурбачаҳои президент Эмомалӣ Раҳмонов мебошад, вале аз номи онҳо бисёр болои мардум зулму ситам мекунад. Мардуми Вахш аз зулми вай ба дод омадаанд. Сайфиддин 5-то зан дорад. Аз пули мардуми мазлуми Вахш дар шаҳри Бохтар барои худ заправкае харидааст, ки ин бензинфурӯшӣ «Фирдавс» ном дорад.
Додари Сайфиддин Тоҷиддин (Сафаров) раиси ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш мебошад. Номбурда зиёда аз 50 оилаи ҷамоати мазкурро бо ваъдаи он ки барои бунёди манзили истиқоматӣ замин медиҳад фриеб дода пулҳои онҳоро гирифт. Аммо ҳоло на замин медиҳад ва на пулҳояшонро бармегардонад.
Тоҷиддин дар ҳолати сархушӣ як пиёдагардро дар шаҳри Бохтар бо мошин зада мекушад, ва ҷойи онки узр пурсаду ба гӯру кафани он кумак кунад боз соҳибони майитро таҳдид мекунад, ки «куҷое арз меравед, рафтан гиред, ман одами Ҳоҷӣ Амон ҳастам, касе манро коре карда наметонад».Ин бечораҳои ҷабрдида даъво фоида надорад гуфта хомӯш гаштанд.
Худи Сайфиддин ҳам ду маротиба дар ҳолати мастӣ дар сари чамбараки мошин ба садамаи автомобилӣ дучор шуда ҳарду бор ҳам як нафариро зада куштааст. Аммо барои ин алайҳаш ҳатто парванда ҳам оғоз накарданд. Аввалаш одамҳои хусурбачи Пешво аст ва баъдан пул доранд, мақомотҳоро сум дода мегарданд.
Бародари дигари Сайфиддин бо номи Сафаров Файзиддин судяи ноҳияи Шаҳритуз мебошад. Дар рӯзи равшан дар маркази шаҳри Бохтар одамро бо мошин зада кушт. Касе аз тарси онки вай одами хусурбачаҳои Эмомалӣ Раҳмонов аст даъво карда натавонист ва то ҳол дар ҳамон мансабаш кор мекунад. Ин бародарон 200 гектар замини хоҷагии ҷамоати Рудакии ноҳияи Вахшро ғасб намудаанд.
Кори ин оила заминфурушӣ, зинокорӣ, майнушӣ, куштори одамон дар ҳолатҳои мастӣ, таҳдиди сокинони Вахш ва суиистифода аз мансабҳои худу хусурбачаҳои президент Эмомалӣ Раҳмонов мебошад.
Падарашон Давлатхоҷа собиқ раиси колхози собиқи Ленингради ноҳияи Вахш, як золими дигар буд, ки соли гузашта вафот кард.
Сайфиддин аз ҳисоби заминфурушӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ дар ноҳияи Вахш дар шаҳри Бохтар ваДушанбе соҳиби 5хонаи қасрмонанд шудааст. Инчунин аз Душанбе то Бохтар дар7-ҷо хонаҳои сексия харидорӣ намудааст. Сайфиддин ҳамеша пиён мегардад. Кадоме аз нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ агар дар роҳ мошини ӯро манъ кунад, он корманди БДА-ро ту одами Ҳоҷӣ Амон ва Ҳоҷӣ Амирро манъ кардӣ гуфта тавре корро тоб медиҳад, ки он корманди БДА ҳатто аз вазифа барканор мешавад.
Хулоса, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Сафаровҳо ҳеҷ аст. Тамоми амалҳои ғайриқонуниро анҷом медиҳанд ва боз ошкоро мегӯянд,ки «мо одамони Ҳоҷӣ Амон ва Ҳоҷӣ Амир, ҳамон Амонулло ва Амируллои хусурбачаҳои Раҳмонов ҳастем, касе моро чизе гуфта наметавонад».
Ростӣ, мо мардум аз зулму ситам ва фишору таҳдидҳои оилаи Сафаровҳо хаста шудаем. Аз ин лиҳоз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем ин ташвишу нигарониҳои моро тариқи сомонаи «Ислоҳ. нет» ва «Ислоҳ.ТВ» нашру пахш намоед то Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов ва наздикони эшон, ба хусус Ҳоҷӣ Амон ва Ҳоҷӣ Амрулло донанд, ки бо суиистифода аз номи эшон Сафаровҳо чи қадар зулму ситам ва бедодгарӣ ба халқи ноҳияи Вахш карда истодаанд. Ва инчунин аз мақомоти давлатӣ хоҳиш менамоем, ки чораҳои қонунӣ нисбати нафарони фавқуззикр биандешанд.
Боз ҳам шикоятҳои сокинон аз Қурбони Бех
Қурбоналӣ Юсупов, раиси ноҳияи Вахш дар мактаби №35и ноҳия деҳаи Янгиобод-Замини нави имрӯза хондааст. Агар дар ягон донишгоҳ ғоибона, он ҳам баъди ҷангҳо хонда бошад мумкин вале солҳову замони донишҷӯияшро касе ёд надорад. Солҳои шуравӣ як жигулии 06 дошт. Зан дошт. Бар болои он занаш як муаллимаи руси забони немисиро дуюм зан карда буд. Хонаи онҳо дар Янгиобод-Замини нави имрӯза дар пеши дуто ферма ҷойгир буд. Як фермаи хук ва як фермаи мурғ. Падараш қаравули фермаи хук буд. Онҳо ҳақиқатн ҳам одамҳои камбағал буданд. То ҷанг зиндагии хуб надоштанд. Аммо дар давраи ҷанг чи шуду чи монд, ки инҳо дигар мисли пешина набуданд. Пеш аз раиси ноҳия шудан раиси колхози Кулоб буд. То ӯ дар ин колхоз раис Тоир Шарифов буд.Тоирро барои заминфурӯшӣ муттаҳам карда аз кор гирифтанд ва Қурбоналии бех омад. Баъди ҷанг доранда шуданд. Ҳамин фермаи хук ва фермаи мурғро даврабадавра тасарруф ва заминҳои колхозиро ҳам гирифтанд. Амволи колхоз: гаражи тракторҳо, гаражи мошинҳо ,складҳо, хуллас ҳамаро гирифтанд. Чанд гектар замини складро ба хешу таборҳои худаш тақсим карда дод.
Мактаби миёнаи №10 дуто бино дошт. Дар як бино синфҳои ибтидоӣ- то синфи чор, бинои дуввумӣ аз синфи чор то даҳ. Бинои синфҳои ибтидоиро дар вақташ немисҳо сохта буданд. Бисёр бинои хуб буд. Ҳамон биноро, ки замини васеъ дошт амдан оташ зада онро хароб карда заминҳои онро ҳам ба хешу табори худаш фурӯхт.
Селхезиҳои рӯзҳои охир дар Вахш ва муносибати Қурбон бо сокинон
Дар охир бо ин хабар матлабро ба анҷом мерасонем. Қурбоналии бех ба ҳолу аҳволи мардум, бахусус онҳое, ки аз офатҳои табиӣ хисороти зиёд мебинанд тамоман таваҷҷуҳ намекунад. Сокинони деҳаи Лолазори ҷамоати Машъал инак тақрибан ду ҳафта бештар аст (рӯзи 4 май сел омад) бидуни пули иртиботӣ монда аз тамоми дунё канда шудаанд. Онҳо ин пулро худашон сохта буданд, чун ҳукумати маҳаллӣ ҳамин Қурбоналии бех аслан ба онҳо эътибор намедиҳад. Дар инҷо 200 хонавода зиндагӣ мекунад. Аҳолии ин деҳа асосан аз узбектаборонанд. Агар пули ин мардум дуруст нашавад оби ошомиданӣ ҳам нахоҳанд дошт. Солҳост чунин аҳвол доранд. Ягон бор нашудааст ки МЧС ё ҳукумати ноҳия кумак карда бошад. Мардум бо пули хулашон пулу роҳро дуруст мекунанд. Гуфтаанд,ки Қурбони Бех гуфтааст: “ монен Узбако ҳамуҷада банд монанд ҷошон созаи ва хандидааст.”
Соли гузашта ҳам дар рӯзи 11 май дар Вахш сел омад. Сел ҷони як зани 70 соларо гирифт. Вай сокини деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш буд, ки шаби11май бар асари сел ба марг расид. Мақомот барои аҳолии ноҳия 30 адад хайма дод вале баъдан онҳоро боз пас гирифтанд.
Ин аст сатҳи муносибати Қурбоналии бех бо сокинони Вахш.
Ps: Чуноне мутолиа намудед хонандаи гиромӣ инҷо беш аз 11 нома аст,ки мо онро дар як матлаб ҷой додаем. Гоҳо бархе суханҳо такрорӣ омадааст. Ин ҳама навиштаҳои шикоятии сокинони Вахш аст. Ҳоло чунин шукоятҳо аз Вахш дар Ислоҳ хело мондааст,ки ҳамаашро дар як матлаб наметавонем ҷой диҳем. Муҳим интизори тағйири вазъ дар Вахш мебошем. Агар Қурбони бех ислоҳ нашуд ва вазъро тағйир надод боз матолиби дигари ҷолибтаре тақдим хоҳем кард. Матолиби дигари мо аз ҷиноятҳои иқтисодӣ аст,ки бо нашри он вазъи Қурбони бех бехи хароб мешавад. Мо гуфтем ва Қурбон ҳам шунид!