(бахши чаҳорум)
Дар матолиби қаблӣ мо ваъда намуда будем, ки таҳқиқ ва пажӯҳиши худро дар мавриди «қаҳрамонҳо»-и ин навиштаамон идома медиҳем. Дар воқеъ бо навиштану чоп кардани як -ду мақола ё ду- се сабти видеоӣ, ҷиноятҳои содирнамудаи ин ашхосро наметавон тамомшуда ҳисоб кард. Сухан дар ин навбат аз ҷумла аз «Тоҷиксодиротбонк» ва Тоҷиддин Пиров ва чандеи дигар аст, ки ҳамин ҳоло ҳам худро нофи замин меҳисобанд, меравад.
Қайд кардан зарур аст, ки дар банкрот шудани Тоҷиксодиротбонк фақат Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбонро гунаҳгор ҳисобидан дуруст нест. Мо хуб мефахмем, ки барои соҳибкор, одами дар сари вазифа буда,чи қадар фишорҳо махсусан аз тарафи мақомот, аз тарафи “оила” ва хешу таборони беадади онҳо ба сарашон меояд, лекин фақат ин баҳона шуда наметавонад. Яқин аст ки нақшаи аз байн бурдани ин бонки замоне низомсоз дар маҷлиси “Оила” бо сардории пешво тарҳезӣ шуда аст. Чунки ин хел корҳои калон беиҷозат ва розигии пешво ҳеҷ гоҳ ба нақша гирифта намешавад. Бонк новобаста аз шакли моликият, бояд зери қонунҳои бонкӣ кор кунад ва аз тарафи мутасаддиёни ҳукумат иҷроиши қонунҳо пурра зери назорат бошад. На он ки мисли ҷонишини сарвазир, куратори соҳаи иқтисодиёт Давлаталӣи Саидов ва Ҷамолиддин Нуралиев, раиси Бонки Миллӣ гуем ҳам хато намекунем, домоди президент, аввал пулҳои худ ва хешу таборони худро ба «Тоҷиксодиротбонк» бо фоизҳои 20-25% депозит гузошта, дар вақт -вақташ фоидаи софашро бидуни андоз гирифта дар ҷайб задан бошад.
Ман арзандаи мақоми президентӣ аз оила ҳастам
Мақсади Давлаталӣ Саидов маълум. Вай маблағҳои худашро барои паноҳ намудан аз “оила” ба ин бонк гузоштааст. Аз тарафи дигар бо Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон Раҳматович бародару дӯст ҳастанд. Онҳо сирри Давлаталиро аз «боло» пинҳон медоранд. Давлаталӣ Саидов дар баъзе маъракаҳои наздикон ва махсусан дар бустонсарои шахсиаш дар Варзоб гуфтааст, ки гуё Путин ба президент шудани Рустами Эмомалӣ розигӣ надода истодааст. “Оила” маҷбур аст номзадии ӯро пешниҳод кунад. Дигар одами муносиб ва зеби президентӣ дошта дар атрофи хешу табори пешво аслан вуҷуд надорад. Магар Ҳасани бесавод, ки ҳоло худаш хеле аз даргоҳ дур асту бисёре аъзои оила ӯро рӯйи диданӣ надоранд, метавонад номзад бошад? Ё Озода?
Давлаталӣ Саидов новобаста аз он ки дар маҷлисҳои оила нисбати алоқаҳои наздик доштанаш бо Пиров Тоҷиддин якчанд маротиба зери ҷанҷолҳои сахт монда аст, лекин муносибатҳояшро бо Пиров Тоҷиддин давом додан гирифт. Бисёр вақт шабҳо ба сараш парик пушида ба вохуриҳо меомад, албатта, ба хотири маблағҳои дар Тоҷиксодиротбонк гузоштааш. Маблағҳо кам нестанд. Бинобар тасдиқи Хушаков Қурбон дар ҳамон давра қариб 20 миллион долларро ташкил медода аст. Ҳоло бошад ин маблағҳо барои Давлаталӣ хеле ночиз шуда аст, чунки роҳҳои ҷолиби дигари пулкор куниро пайдо кардааст. Дар нашрҳои баъди аз онҳо хоҳем гуфт.
Ҷамолиддин Нуралиев ва ҳилаҳои ӯ
Ҷамолиддин Нуралиев ба он мақсад маблағҳои худро бо ин бонк мегузошт, ки аввал фоидаи хуб гирад, дуввум зери назорат бошанд ва саввум ташкилоти микрокредитии худро ба бонк табдил дода “Спитаменбонк”муштариҳои калону хубро ба бонки худ биёварад. Аз рӯйи гуфтаи як корманди бонк маблағи депозитии Нуралиев тахминан 48 миллион долларро ташкил медода аст.
Раисону вазирон ҳама аз аввал хуб мефаҳмиданд, ки маблғҳои худро нигоҳ доштан дар ин бонк хатарнок аст. Лекин ин ду академики соҳаи пиёзпарварӣ худро тавре ба VIP – муштариҳо нишон дода буданд, ки сирри ин бонкро ҳатто пешво фаҳмида наметавонад ва дилпур бошанд аз масъалаҳои махфӣ нигоҳ доштани сирри муштариҳо.
Дигар илоҷ ҳам надоштанд. Ҳамаи бонкҳои Тоҷикистон аз они оила буд, ё ин ки ягон вобастагӣ ва мансубият ба “оила” доштанд. Дар асл ҳамин тавр ҳам ҳаст, яъне сирҳо бо тезӣ фош мешуданд. Ба ҳамин хотир кормандони давлатӣ ба монанди собиқ раиси Суди Олии Тоҷикистон Абдуллоев Нусратулло, собиқ раиси Хадамоти гумрук Зарипов Гурез, собиқ прокурори генералӣ Шерхон Салимов, прокуророн Шариф Қурбонов, Ёраков Муродалӣ, Пираков Раҷабалӣ, Муҳаббатов Қурбоналӣ, Раҳимов Абдураҳим,Тиллоев Ҳокимшо ва даҳҳо дигарон маблағҳои калони бо “арақи ҷабин” ҷамъкардаи худро, ба хотири “боло” нафаҳмад, дар ин бонк нигоҳ медоштанд, ҳама дар як лаҳза аз дасташон ба боди фано рафт. Абдуллоев Нусратулло ҳарчанд ҷурагии наздик бо Пиров Тоҷиддин дошт, аммо ин барои баргардонидани маблағҳояш ёрӣ нарасонид. Ин одамҳое, ки номхояшонро зикр намудем, худашон хуб мефаҳманд, ки ин миллионҳо долларҳои ҷамъовардаашон аз куҷоҳо ба дасташон расида буд.
Дуздонро қароқчӣ зад
Ин пулҳои ашкҳои рехтаи чашмони ҳазорҳо модарону хоҳароне, ки ноҳақ фарзандону шавҳаронашонро бо туҳматҳо ба зиндон андохта ва ноҳақ нисбаташон парвандаҳои бофтаву сохта ташкил намуда мебошад. Оқибати дуоҳои мардуми мазлум албатта, ҳамин тавр мешавад. Ин ваъдаи Холиқи якто аст, ҳеҷ шакку шубҳа накунед, ҳатман ҷазоро дар ин дунё қабл аз охират барои кирдору амалҳо бояд интизор мебудед. “Миёни дуъои мазлум ва Аллоҳ ҳеҷ пардае нест” .
Инҳо пулҳое ҳастанд, ки дар вақти қонуни афв аз зиндониҳо гирифтаанд. То охирон пули зиндонбудаҳоро аз наздиконаш нагиранд татбиқи авф намкунанду дар гузашта ҳам накарда буданд. Бовар кунед инҷо миллионҳо доллар аст, на маболиғи каме. Телевизионҳои кишвар нишон медиҳанд, ки пешво одами одил, раҳмдил ва худотарс аст. Лекин иҷроиши қонуни афв ана ҳамин тавр ҳал мешавад. Садхо мисол дорем, ки нисбати зиндониён татбиқи авф анҷом намешавад, фақат ба хотири надодан ва ё надоштани пул ё надоштани ягон пуштибон дар мақомот. Албатта ин афёраи “афв”и пешво матлаби ҷудогонае мехоҳад,ки ҳатман онро мӯ ба мӯ хоҳем гуфт.
“То таъин шудани Мансур Умаров ба роҳбарии Идораи зиндонҳои Точикистон дар ин вазифа як золим, одамкуш ва худобехабар бо тахаллуси “Зорро” яъне Иззатулло Шарипов кор мекард. Дар давоми 12-13 соли роҳбариаш садҳо нафар кушта, ҳазорҳо нафар маъюбу маслуқ, бе ягон кафанпулӣ аз зиндон баромаданд.”
Қосимов Қосим Раҳбарович ҳукумат дар дохили ҳукумат
Ҳайрон мемонем ба ин вазирону раисон. Ҳадди ақал аз Қосим Раҳбарович Қосимов, собиқ раиси вилояти Суғд каме ёд нагирифтед, ки пулҳоятонро ба бонкҳои хориҷӣ бароред. Давлатӣ Саидовро мебояд аз гузаштаи Қосим Раҳбарович Қосимов сабақи зиндагӣ биёмузад, масалан нисбати орзуи президентӣ. Мо дар бораи фаъолияти кории Қосимов дар давраи раисии вилояти Суғд буданаш аз феврали 1996 то октябри соли 2006 пурра бо тамоми ҷиноятҳои содир кардааш ҳуҷҷату далелҳо ҷамъ намудем ва тақрибан 80% омода ба нашр аст. Бо садҳо нафар ҷавону калонсол мулоқот намудем, видео ва сабтхои аудиоӣ кардем ва ба хулосае омадем, ки ҳатто пешво мисли Қосим Раҳбарович Қосимов дар ин муҳлат ин қадар ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия содир накардааст. Як ҷумҳурии ҷудогона ба худ сохта, худро “Наполен” эълон намуда, мардумро азобу шиканҷа дода, молу мулкашро ба номи хешу таборонаш гузаронида, онҳоро гуё хешу табори Абдуллоҷонов ё ин ки тарафдори Маҳмуд Худойбердиев гуфта айбдор намуда ҳаёташонро шикаста будааст.
Аҷоибии кор дар он аст ки бародари хурдиаш бо номи Ҷаъфар армияи худро дошта ва худи Қосим Роҳбарович Қосимов ҳам армияи ҷудогонаи худро (қариб 3000 нафар) доштааст, ки ҳарду ҳам ба марказ итоат намекарданд. Қосимов дар охир нияти президентӣ ҳам карда будааст, ки аммо ҳамсари худи Қосимов фаврӣ ин хабарро ба боло расонидааст. Он тарафаш ба шумо маълум. Касе нияти президентӣ кунад аҳволаш чи мешавад. Агар хоб дидед,ки президент шудаед ба ҳамсаратон нагуед,ки вазъатон харобу анти партив ва “хоин” эълон мешавед.
Дар барномаҳои оянда бо факту далелҳо нисбати Қосимов Қосим Раҳбарович (бо тахаллуси Кичкинтой) нақл менамоем. Миқдори пулҳои дар хориҷа ва руихати амволи дар хориҷа доштааш низ дар дасти «Ислоҳ» маҳфуз аст. Одамони бегуноҳро дар зиндонҳои Хуҷанд ду маротиба бо фармони ӯ тирборон намуда 70-80 нафарро куштанд ва аз рӯйи маълумотҳо онҳо беҳтарин фарзандони вилоят буданд. Фикр накунед, ки ин ҳодиса фаромӯш шудааст! Ҳатман дар ин қазияи Қосим Роҳбарович муфассалан бо санад ва арқоми рад ношаванда бар хоҳем гашт. Бовар кунед,ки ончи мо дар даст дорем он 9 миллиони расонаи шудааш қатрае аз баҳр аст.
Президентшавандаи “оила” ва домодпошо
Вазифаи аввалиндараҷаи кураторони соҳаи иқтисодӣ ва бонкӣ, яъне Давлаталӣ Саидов ва Нуралиев Ҷамолиддин аз он иборат аст, ки доимо аз вазъи иқтисодии бонк бар тибқи ҳисоботи аудитӣ, аз рӯйи ҳисоботи ҳарсолаи бонкӣ,аз рӯйи активҳояшу дигар нишондиҳандаҳояш баҳодиҳӣ кунанд.Агар каме хавфи муфлис шудан пеш ояд ҳатман бонги хатар бизананд, комиссияҳо аз ҳисоби мутахассисони беҳтарини соҳаи молия ташкил намуда бонкро аз муфлисшавӣ наҷот диханд, гунаҳгоронро аз роҳбарият барканор кунанд ва албатта, кафолати пасандозҳои гузоштаи мардумро диҳанд, барои мардум дар паника наафтиданд.
“Лекин онҳо аввалин кори кардаашон маблағҳои худро аз бонк гирифтанд, бо воситаи фишор ба сари роҳбарияти бонк. Бино ба маълумоти ба мо расида миқдори пули дар бонк буда ҳамаи қарзҳои Давлаталӣ Саидов ва Ҷамолиддин Нуралиевро руйпуш наменамуд. Барои ҳамин бо истифода аз мансаб зуд як қарори Ҳукумати Тоҷикистонро бо ёрии пешво бароварда аз вазорати молия маблағ барои муфлис нашудани Тоҷиксодиротбонк ҷудо намуданд.”
Ва аз пули ҷудошуда аввал маблағҳои депозити худро бо % гирифтанд, боқимонда як қисмашро ба депозити гузоштаи собиқ вазири саноат ва қудои президент Гулов Шералӣ доданд. Ба гуфтаи корманди маблағи пасандози ӯ дар бонк тахминан 13 миллион долларро ташкил намудааст. Маблағи бо қарори ҳукумат барои реанимасияи бонк ҷудошуда ба се нафар муштарии камбағали бечора расиду халос. Ин муштариҳои камбағал Давлаталӣ Саидов Ҷамолиддин Нуралиев ва Гулов Шералӣ, ҳар сеяшон ҳам ягон хешу табори ба “оила” надоранду бо меҳнати ҳалол ин 70-80 миллион долларро кор ва пасандоз кардаанд, офарин!!! Аз гуфтаҳои Пиров Тоҷиддин бармеояд ӯ кушиш намудааст, то ин ки пулҳои аз тарафи вазорати молия ҷудошударо барои аз буҳрон халос намудани бонк истифода барад. Лекин Давлаталӣ Саидов ва Ҷамолиддин Нуралиев тамоман розӣ нашуда, шарт гузоштаанд, ки аввал пулхои худро мегиранд ва ҳамин тавр ҳам карданд. Ба Пиров Тоҷиддин гуфтаанд,ки мо пуломона мегирем баъд ягон фикр мекунем, просто ором амал кун ҳарчизет мегӯем.
“Албатта, рафтори кураторони худро Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон дида ба хулосае омаданд, ки бонк оянда надорад ва аз пулҳои аз вазорати молия ҷудошуда мо ҳам бояд «аз дег гуште» ба худ бардорем ва ҳамин тавр ҳам карданд. “
Пиров Тоҷиддин гуё дар бозиҳои ҳарсолаи лотореяи гринкарти ИМА иштирок намуда лотореяаш бурида бошад, билофосила оилаи худро гирифта ба ИМА рафт ва он ҷо санади зисти доимӣ гирифт. Лекин дар асоси лотерея неву дар асоси инвеститсия ба маблағи 10 миллион ба иқтисодиёти ИМА. Дар бораи 10 миллионро ба кадом соҳа инвеститсия намудани Пиров Тоҷиддин ва шарики тиҷоратиаш баъдтар ҳикоя мекунем.
Қурбон Раҳматович ва…
Хушаков Қурбон бошад чун ҳарвақта, дустдори мардуми бузурги Эрон, бо як соҳибкори эронӣ, ки бо тиҷорату парвариш ва фурӯши гулхо машғул аст, шарики тиҷоратӣ шуда ба маблағи 5 миллион доллар дар шаҳри Штутгарти Германия ба ҳамин бизнес маблағгузорӣ намуд. Ҳоло барои иқомаи доимӣ ҳуҷҷатхояшро супоридааст. Шиносоии Қурбон Раҳматович бо ин тоҷири эронӣ дар Душанбе сурат гирифта аст. Ин тоҷири эронӣ солҳои дароз ба Тоҷикистон дарахтони декоративӣ ва бисёр намуди гулҳоро аз Аврупо оварда савдо мекардааст. Ҳисоби бонкиаш дар Тоҷиксодиротбонк будааст. Қурбон Раҳматович ҳамчун шикорчӣ нигоҳ мекунад, ки дар суратҳисоби эронӣ пулҳо зиёд омада меравад. Он вақт Хушаков мақсад мегузорад бо ӯ аз наздик шинос шавад ва ҳамин тавр, аввал шиносоӣ баъд ҳамкорӣ бо он эронӣ Қурбон Раҳматовичро то Аврупо бурдааст.
Дар Олмон гирифтани иқомаи доимӣ хеле муҳлати зиёд металабад. Барои ҳамин тамоми кирдорҳои фиребгариву дуруғгуиро ҷуръат карда дар Олмон нишон надиҳӣ, андозҳоро дар вақташ супорӣ, қонунҳоро вайрон накунӣ, умуман хислатҳои бадро дар Тоҷикистон гузошта равӣ, беҳтар аст, вагарна немисҳо заррае ҳис намоянд, сарнавишти бадеро интизор бояд бошӣ ва ё зуд ба ватанат равонт мекунад.
Ҳоло Хушаков Қурбон Раҳматович талош дорад дар чашми немисҳо худро мусбат нишон диҳад. Мо тарафдор, лекин шубҳа дорем. Хушаков бояд эҳтиёткорона рафтор кунад, то шарикони олмонии пештарааш хабар наёбанд, ки ӯ дар Олмон маскан гирифта истодааст. Агар солҳои аввали кушодашавии мағозаи “Ашан”-и Душанберо дар хотир дошта бошед, дар дохилаш як мағозаи олмонии фуруши сару либос амал мекард. Ҳоло он мағоза дигар вуҷуд надорад. Ҳамон мағозаи олмониро Хушаков Қурбон Раҳматович бо ҳамроҳии Азизулло Абдуллоев бо тахаллуси “домсоз” шарикӣ кушода буданд. Писари Азизро дар он директор монданд, чунки маблағгузори асосӣ Азиз буд. Ҳоло ба ҳамагон маълум аст ки Азизулло Абдуллоев дар кадом вазъият қарор дорад яъне барои як умр зиндонист ва ин ҳама пулҳо аз куҷо будааст. Аз рӯйи гуфтаи шиносон ва кормандони мағоза, олмониҳо каме пештар аз шахсиятҳои шарикони тиҷоратии худ бохабар шуда муносибатҳои тиҷоратиашонро пурра қатъ намуданд ва аз баҳри пулҳои худ ҳам гузаштанд, дигар ба ягон емайл ё телефон ҷавоб намедодагӣ шуданд. Ин ҳам ба манфиати кор аст дигар, чуноне мегуянд “аз хирсканда мӯйе”
Хушаков Қурбон Раҳматович бо раиси «Тоҷикматлубот» Идиев Ҳусейн дар Душанбе бо дастгирӣ ва маблағгузории бевоситаи як тоҷири эрони яхдони калон ( холодилник) барои чанд сад тонна меваю сабзавот дар базаи Тоҷикматлубот сохта ба истифода дода буданд. Тоҷири эрониро Маҳмадамин Оймаҳмадов, собиқ намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон оварда ба дасти онҳо бар ивази 5% ҳаққи худ супорида буд. Аз гуфтаи Оймаҳмадов маълум гашт, ки ба ӯ ҳам аз ваъда камтар маблағ додаанд. Ба ҳар ҳол Оймаҳмадов Маҳмадамин розӣ аст, чун илоҷ надорад. Умуман ҳаҷми хароҷоти тоҷири эронӣ барои сохтумони холодилник тахминан ба 5 миллион доллар ИМА расида аст. Аз рӯйи шартнома вақти ҳисобу китоб бо сармоягузор наздик шуд, чун ҳарвақта телефони эрониро на Идиев Ҳусейн ҷавоб мегуфт на Қурбон Раҳматович Хушаков. Баъзе вақт Идиев ҷавоб мегуфт, лекин баҳона мекард, ки ҳозир ҳамроҳи Пешво дар меҳмонӣ асту якчанд вақт пас занг мезанад. Ҳамин тавр моҳҳо ва солҳо гузаштанду Идиев Ҳусейн бо Хушаков Қурбон маблағи холодилникро аз буҷети давлат гирифта бо ҳам бародарвор тақсим карданду «таваккали эронӣ ба Худо» гуфта оромона зиндагӣ карда гаштаанд.
Идиев Ҳусейни “муфлис” аз дасти Шералӣ Кабирови наҳангча
Идиев Ҳусейн мувофиқи супориши Ҳасан Асадуллозода чанд соли пеш ба сохтумони ду чойхона машғул шуд. Яке аз чойхонаҳо дар шаҳри Душанбе ва дигаре дар ноҳияи Данғара. Мувофиқи сметаҳои аввала чойхонаи дар Душанбе сохта мешуда дар ҳудуди 50-60 миллион доллар ва чойхонаи дар ноҳияи Данғара буда дар ҳудуди 20-25 миллион доллар сохта ба итмом мерасид. Ҳамаи маблағгузорӣ барои ин ду иншоот ба души корхонаи Талко, роҳбараш Кабиров Шералӣ гузошта шуда буд. Ҳамин тавр нақшаву сметаҳоро ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кард ва корҳо шуруь шуданд. Чун ҳарвақта вақти рафти сохтумонҳо масраф гӯйё хеле зиёд шуд. Ҳамин тавр чойхонаи дар Душанбе ба маблағи 150-160 миллион доллар ва чойхонаи Данғара бошад тахминан ба 65-70 миллион сохта ба истифода дода шуданд. Фикр кунед, ин олимони тоҷик на онқадар нодуруст ҳисоб карда будаанд, ҳамагӣ 150-160 миллион доллар хато шуда будаасту халос. Барои Тоҷикистоне, ки яке аз “бойтарин” давлатҳои ҷаҳон дар рӯихат ё индекси 173-ум ҷой қарор дорад, ин маблағ ночиз аст. Сабаби ду ё се маротиба баланд рафтани нархи ин чойхонаҳо, аз рӯйи гуфтаҳои Идиев ин аппетита-иштиҳои калони Кабиров Шералӣ мебошад, ки Идиевро маҷбур месохтааст масрафи ҳарчи бештарро ба Ҳасану мутасаддии ҳукумат нишон диҳад. Пулҳои зиёд нишондодашударо 70% ба худаш мемондасту 30% -ро ба Идиев Ҳусейн медодааст. Мо, нисбати Кабиров Шералӣ – «олим»-и бузурги соҳаи саноат, доцент, соҳибкори беҳтарини аср, бисёр гуфтанихо дорем. Чи тавр як қаллоби кучагӣ бо дипломҳои фалшивый соҳиби мансаби вазирӣ гашта, баъд аз ба мақсад расидан, устодони худро зери пой карда боло меравад. Инҷо Идиев Ҳусейн рост мегуяд, ки ҳамаи ҷавобгарӣ нисбати хароҷот дар назди калонҳо дар сари ман асту фоида ноодилона тақсимот шуда истодааст. Аз ин рӯ аз ҳамон вақт зиддият байни онҳо давом дорад. Чанд сол аз ин корҳо гузашта бошад ҳам, лекин байни Идиев Ҳусейн ва Кабиров Шералӣ ҷанҷолу зиддият кам нашудааст. Инҷо гап дар бораи даҳҳо миллион доллар меравад, онҳоро фаҳмидан мумкин аст.
Савол ба миён меояд, ки ба маблағҳои гушношунид, яъне 200-220 миллион доллар сохтани чойхонаҳо ба Тоҷикистони қашшоқ лозим аст? (Ин чойхонаҳо як «Навруз» дар Душанбе ва «Хуррамшаҳр» дар Данғара аст. Чойхонаи аввалӣ аз они Ҳасан ва дуввумӣ ба Рустам тааллуқ дорад) Кӣ он ҷо чой менушад ва кай он ҷойҳо ягон фоида меоранд. Ҳеҷ гоҳ фоида намеорад, баръакс ҳар сол садҳо миллион сомонӣ барои нигоҳдорӣ ва нигоҳубинаш меравад. Беҳтар набуд, ки як маҳаллаи калони истеҳсолӣ (промышленный квартал или район) ба ҳамин маблағҳо сохта,10-15 корхонаи замонавӣ, ки барои 5-6 ҳазор ҷои корӣ мешуд, хуб набуд? Андоз ҳам мешуду бюҷет ҳам бой мегашт. Не, ҳатман ҳамин тавр иншоот лозим. Дар мамлакатҳое, ки сатҳи коррупсия дар осмон расидааст, ҳар чи зиёдтар идея ва схемаҳои пулҳои бюҷету Талкову Барқи тоҷикро аз худ кардан лозим аст. Фикр мекунед Кабиров Шералӣ намефаҳмад ин гапҳои моро? Албатта мефаҳмад, лекин ин роҳи осонтарини пулҳои Талкоро азони худ кардан аст. Дар ҳамин пружа ҳам Идиев Ҳусейн бо Оймаҳмадов Маҳмадамин ба воситаи як, ду ширкати хориҷӣ гуё бо роҳи тендер онҳоро ғолиб бароварда бо нархҳои ҳавоӣ фонтану мебелҳои чойхонаро аз Хитой ва Эрон ворид намуда маблағҳои калонро то 20-30% “шапка” гирифтанд.
“Ана ин яке аз он далелҳое аст, ки Идиев Ҳусейн ин қадар маблағҳоро аз куҷо ёфтааст, ки ба бонкҳо депозит мегузорад. Баъд ӯ бо 5 миллиону 6 миллион доллари дар бонкҳо сухтааш сахт ғамгин шавад? Асосаш ба гуфтаи худаш саломатӣ ва боз ягон схемаи нав, баъд ҳама ҷояшро боз мегирад.”
“Пешво” кофӣ набуд,ки Раҳмонбоборо доҳӣ мехоҳанд кунанд?
Дар ҷаласаи охирон Пиров Тоҷиддин ,Хушаков Қурбон Раҳматович ва Идиев Хусейн нишаста чойнушӣ мекарданд, ки Ҳусейн Идиев кадом нафарро аз дехаи Раҳмонободи Масчоҳ ном гирифта хеле дашном намуд. Бо як ғазаб гуфт, ки 3-4 нафар вазифаталаб аз он деҳа пайдо шудааст. Барои он ки Пешво ё ягон аъзои оила нисбаташон аҳамият диҳад, як стол бо ду бутилкаи пластмасӣ обҳои худсоз, ду нони чапотӣ нишаста 112 ё 113 солагии зодрузи Бобои Шарифро қайд доранд. Идиев Ҳусейн боз онҳоро ҳақорат намуда давом дод, ки боз аҷабе нест, ки ба пешво маъқул мешавад, баъд маҷбур мешавем то 150 солагии Бобои Шариф ҳар сол дар гармии 45 градуса дар дашти Олимтой нону самбусаи тандурӣ бипазем. Аз тарафи дигар бобои Шариф аз нақли мардуми калонсолтар як қаравули магазинчаи хурокворӣ дар қишлоқи Пушинг буд. Аз саҳарӣ то бегоҳ дар кровати солдатӣ як матраси куҳна партофтагӣ, харашро ба дарахт баста хоб буд. Ҳамин аҳвол қариб 40 сол давом кардааст. Вай ягон қаҳрамонӣ ба ин миллат накардааст. Акнун боз аз ӯ Владимир Илич Ленин созем. Ҳамин як Пешвояш бас аст. Бо ин қадар идҳои фикр карда баромадаашон. Ҳар рӯз як иде ҳаст. Пирову Хушаков ханда карда гапро давом доданд, ки фикр мекунем ҳоло ин халқи бечора боз даҳсолаҳо зодрӯзи ҳар як аъзои ин оиларо қайд мекунад, Бобои Шарифро даст нагирем ҳам мешавад. Дигар дар ин ватан ягон марди гапзан намонд, ҳамаро паси панҷара карданд ,ё ин ки куштанд, ё ин ки овозашро 100 сол суд карданд. Онҳо рост ҳам мегуянд. Ҳақиқат ҳамин тавр ҳам ҳаст. Ватан ҳаматарафа хатарнок шудааст. Мо аввал фикр кардем, ки Идиев Ҳусейн дар ҳақиқат равшанфикр шудаасту ин хел фикрҳо дорад. Лекин ӯ дар фикри он будааст, ки харҷҳо зиёд шуда истодаанду даромад хуб нест ва доимо дар сафарҳои пешво гӯйё аз ҳисоби худаш ва Тоҷикматлубот ташкилӣ мекардааст..
Поёни бахши чаҳоруми вижаматолиби “Ислоҳ”,идома дорад бо мо бошед…
Ps: Бо Ислоҳ бошед,то идомаи моҷароҳои афроди “бузург”и миллат ва ҳукумати “пешво”ро шиносед. Ончи мо тақдиматон мекунем ҳеҷ расонае онро тақдим нахоҳад кард. Ислоҳ омода аст ҳар қаҳрамонҳои матолибамон хоста бошанд ончи омадааст дар мавридашон онро рад кунанд марҳамат. Мо омодаи нашри раддияҳои шумо дар “Ислоҳ” ҳастем. Танҳо мардона шинеду нависед ва ба мо ирсол намоед, то онро нашр намоем. Агар ҷанобон “академик”ҳо намехоҳед навиштан метавонед дар назди ягон шахси бо саводтар дарди дилатон ва раддияе ба ин матолиби нашр намудаи мо доред гӯед ва нависанду ирсол намоянд. Худатон шоҳид мегардед,ки мо онро нашр менамоем ва ё на! Аммо лутфан мадҳия ва тавсифу тамҷиди “пешво” барои худ сафедкуни нанависед,ки мо чоплус ва маддоҳонро хуш надорем. Ислоҳ минбари маддоҳон,чоплусакони тардоман набуд ва нест.Танҳо бо факту рақам рад намоед. Мо мунтазири раддияҳои шумо ҳастем.