Бо баҳонаи зодрӯзи шермарди шикастнопазир, шери жаёни майдони набард бар алайҳи зулму истибдоду ноадолатӣ. Ҷавонмарде,ки худро ва ҳаёти худро фидои мардумаш кард. Ӯ издивоҷ накард,ки ин режим ӯро рӯзе хоҳад кушт ва кудакм ятим мемонад. Ӯ медонист,ки ин режим душмани мардони асилу родмардони ватан аст. Ӯ шуҳрат ва мақому ҷоҳро ҳаргиз дӯст намедошт. Дар ҳоле ҳама шермардони Бадахшон ӯро шоистаи роҳбарӣ медонистанду ташфиқаш мекарданд. Ба мисли Маҷнун, Имомназар Имомназаров, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқир ва даҳҳои дигар аз чеҳраҳои намоёни Бадахшон. Аммо ӯ марди хоксор ва ҷасуру поквиҷдон ва соҳибиродае буд ва он чунон аз дасти режими Раҳмонов ва муздурони ӯ дар Бадахшон ҷоми шаҳодатро нӯшид. Агар умр вафо мекард имрӯз ӯ 48 сола мешуд. Аммо шарафмандона ҷоми шаҳодатро нӯшиду дар назди ин режим ба зонӯ нанишасту таслимаш нашуд. Ӯ дар 47 унимсолагиш ҷоми шаҳодаро нӯшид.
“Шаҳид Ёдгор Ғуломҳайдаров фарзанди Маҳмадбек 11.11.1974 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар оилаи хидматчии давлатӣ ба дунё омадааст.”
Дар хонавода чаҳор бародар ва як хоҳар дошт. Падари Ёдгор Маҳмадбек фарзанди Ғуломҳайдар аввал муаллим буд, баъдҳо дар Райпо кор мекард. Ёдгор ягон бор оиладор нашуд, нахост. Ҳамеша мегуфт, ки маро рӯзе не рӯзе ин режими Раҳмонов мекушанд, намехоҳам фарзандонам сағира шаванд.
Баъди хатми мактаби миёнаи шумораи 8 Деҳаи Дерзуди Рушон бо хоҳиши худ ба хизмати сарбозӣ рафт. Ҳамроҳ бо ҷавонҳои деҳа ва писарамакаш Сайидалӣ дар вилояти Суғд чанд моҳ дар воҳиди хизматии вазорати мудофиа адои хидмат намуд. Вазорати дифои Тоҷикистон онҳоро ба Тавлидара эъзом кард. Дар яке аз муҳорибаҳо бо муҷоҳидин ба асорати неруҳои Мирзо Зиё ба асорат меафтад. Сайидалӣ Ғуломҳайдаров дар яке аз набардҳо аз тарафи бевикҳои Фронти халқӣ кушта мешавад. Ёдгор Ғуломҳайдаров низ баъд аз чанд муддат дар яке аз задухурдҳо аз ноҳияи даст ва поҳо тир хурда маҷруҳ мешавад. Ба деҳа хабари захми шуданаш мерасад ва низ хабар мерасад, ки бояд бираванду оваранд. Наздикони Ёдгор пеши худобиёмурз Маҷнун (Паллаев),яке аз фармондеҳони ҷабҳаи Бадахшон мераванд, то дар амри овардани вай мусоидат кунад. Маҷнун бо Мирзо Зиё суҳбат карда ризояти ӯро ба даст оварда ва ба бачаҳо мефаҳмонад, ки бираванду оваранд. Бачаҳо мераванд. Аммо Ёдгор бозгаштро рад ва истодан дар канори Мирзо Зиёро тарҷеҳ дод ва ҳамин тавр бо вай дар як сангар алайҳи режими Эмомалӣ Раҳмонов ҷангид.
Барои кадом амале дар Душанбе зиндонияш мекунанд, аммо бо дахолати Мирзо Зиё озод мешавад. Чанд муддат дар Бадахшон меистад ва сипас Русия рафта дар онҷо солҳо кор мекунад.
Солҳои 2006/2007 дар Москва бо даъвате ба як нишасте меравад. Баъди аз онҷо баромадан таъқибаш аз тарафи ФСБ сар мешавад. Онҳо мехостанд Ёдгорро ба зӯрӣ баТоҷикистон бифристанд. Марҳум мегуфт, ки ин кор кори дасти нафаре бо номи Мубориз аз Хоруғ аст, як корманди ФСБ аст. Хуллас, таъқиби худро дар Русия аз ӯ медид. Ноилоҷ шуд Русияро тарк кард. Баргашт ба Бадахшон омад ва ба зиндагии оддӣ дар хона машғул шуд. Ҷамоатхонаи Бобо Алишоҳро бо дастони худ таъмир ва тармим кард. Ҳамроҳи ҷавонҳо ба сохтмони майдони варзишӣ шурӯъ кард вале нотамом боқӣ монд , дурустараш нагузоштандаш, то ҷавонон дар атрофаш ҷамъ шаванд. Бисёртар дар назди худораҳмати Имомназар Имомназар буд.
Баъд аз онки чанде аз қумандонҳоро «сайл»-и Душанбе бурданд дигар Ёдгор тамоман Хоруғ нарафт. Ёдгор комилан зидди рафтани ин бародарон ба Душанбе буд. Худаш билкул қабул накард, ки биравад ва бо кадом нафароне, ки намешиносанд, бишинад. Бачаҳо чанд бор пешаш омаданд, ки ҳамроҳашон биравад, вале нарафт ва гуфт, ки ба Раҳмонов ва оштиву созишашон бовар надорад.
Вақтҳои охир баъди кушта шудани Гулбуддин Зиёбеков фақат бо шаҳид Муҳаммад Боқир робита дошту халос.
“Соли 2012 вақте артиш дар даруни УПД ҷо гирифту ҷанг дар паҳлуи хонаи Имомназар давом кард, раҳматӣ Ёдгор дар тарафи дигари Хоруғ бо одамҳояшон барои кумак омода буд. Раҳматӣ Имомназар фармон медиҳад, ки Ёдгор бояд УПД фавран биёяд. Ёдгор ва бачаҳояш омаданд. Сипас аз инҷо тамоми ОМОН, Алфаро дубора отряди Хоруғ дароварданд. Ва маҷбур ба оташбас шуданд. Имомназар мехост ва эълон ҳам кард, ки баъди ман Ёдгорро бояд гуш кунед. Лекин Ёдгор ҳеҷ вақт напазируфт ва гуфт ман як инсони қаторӣ ҳастам. Тамоми мардум ҳурматаш мекарданд, барои хоксорӣ, инсони ростқавл ва боимон буданаш. “
Ҳурмату эътибору обруе, ки Ёдгор дар назди ҷавонон ва мардуми ноҳия Рушон дошт, ягон раиси ноҳия надошт, ҳама Ёдгорро гуш мекарданд.
Раиси имрӯзаи ноҳияи Рушон доктор Фаррух Додхудоев вақте намояндаи халқ буд, дар тамоми нишастҳо аз мардум даъват мекард, ки Ёдгорро гуш кунед ва дар паҳлуяш бошед
“Баъди соли 2012 ба ин тараф вазъият дигар шуд. Шахсиятҳое мисли Фарух Додхудоев ниқоби дигар пушиданд. Соле баъд интихоботи намояндагони мардум барои Маҷлис оғоз шуд. Дар интихобот яке аз намояндаҳои ҲСДТ Мавлоназар Шоҳназаровро дар вақти ҳисоби овозҳо бо шатаву ҳақорату ҷанҷол аз комиссия мебароранд яъне пеш мекунанд. Ин корро Фарух Додхудоев, раиси ҳозираи Рушон, Уқбол Додхудоев акаи раис ва раиси Идораи андози вилоят ва Худоёр Худоёрзода, раиси он вақтаи Рушон ва баъдан вазири нақлиёт бо мафияи худ корро анҷом медиҳанд.”
Он шахс худораҳматиро фарёд мекунад.
Ба ин се раис мефаҳмонанд, ки «ғайриқонунӣ кор накунед, овозҳои мардумро надуздед, намояндаи ҲСДТ Мавлоназар Шоҳназаров ҳуҷҷат барои ҳисоби овозҳоро дорад,бояд иштирок кунад.»
Аммо овозҳоро дуздиданд. Фардои он шаби ҳисоби овозҳо Худоёрзода Худоёр ба амният ва прокурор фармоиш медиҳад, ки ба Ҳабиб Мавлододов ва Ёдгор Ғуломҳайдаров дело кушоянд. Хеле даводав карданд, аммо тирашон хок хурд. Мардум ҳама донистанд, ки ин се раисча хиёнаткор ва овоздузданд. Мардум аз пушти худораҳматӣ хест. Баъд ҳамин чор нокас:- Уқбол Додхудоев, раиси Идораи андози вилоят, Фарух Додхудоев, раиси ноҳияи Рушон, Худоёр Худоёрзода, собиқ вазири нақлиёт, Нурамон Фозилбеков , як корманди кадом шуъбаи ВКД ҳамеша мехостанд дар ягон вақти мувофиқ дар ҳақи Ёдгор Ғуломҳайдаров туҳмат ё аз пушташ ханҷар зананд.
Чунки, чуноне гуфтам обуруву эҳтироме, ки раҳматӣ Ёдгор дар ноҳия дошт ягон вазиру генерал надошт. Чандин бор хостанд аз роҳи заҳролуд кардан аз байн бибаранд, барояшон муяссар нашуд, ҳатто аз одамони атрофаш дуруяҳоро кофтанду хостанд, ки ин корро иҷро кунад, аммо ба ҳадаф нарасиданд. Бо бузҳои харидаашон чандин бор аз номи худобиёмурз ба амният силоҳ супориданд. Боз ӯро ба ҷангҷолҳои сохтаву бофтаи нашъаҷаллобони амният хостанд, ки бикашонанд, аммо вай ҳама вақт мегуфт ба маводи мухаддир даст намезанам ва барои тарафдорӣ аз пушти нашъаҷаллоб гап намезанам. Кораш ҳамеша ҷавононро ба иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ, ободӣ ва даъват барои хизмат ба ҷамоат ва ҷомеа ошкоро ва рӯирост буд. Аммо ба ҷавонон мегуфт, ки сукут дар баробари ноҳақӣ, зулму бедодгарӣ бешарафиву беимонӣ аст. Аз инҷо буд, ки мансабдоронро бар ивази курсиву молу мансаб аз марказ маҷбур мекарданд болои Ёдгор фишор биёранд.
Ин мансабдорон ҳама мехостанд бо шикастану тарсонидан ё қапидану зиндон кардани Ёдгор дар чашми марказ иззату эҳтироме касб кунанд. Онҳо бо тамоми васила кушиш мекарданд, ки ба Ёдгор ягон айб зананд, туҳмат зананд.
Наҷоти Ёдгор аз як сӯйиқасди КДАМ
Соли 2020 дар Рушон амниятиҳо ду ҷавони наркоманро подстава карданд. Талабаҳои синфҳои 10-11ро гапҳои қабеҳ зада таҳдид мекунанд. Ин бачаҳо меоянд ва ҳамаро ба раҳмати Ёдгор Ғуломҳайдаров мегуянд ва ӯро гирифта онҷо мераванд. Ба бачаҳо мегуяд, ки бетартибӣ накунанд, ба ягон кори ғайриқонунӣ даст назананд, вале агар ҳақ ҳастед мо дар бари шумо меистем. Пеши роҳи беадолативу зулми аминятиҳоро гирифт, намонд, ки даст ба беқонунӣ ва бешарафӣ зананд.
Ду рӯз пас Мунаввар Шанбиев, ки феълан бо Толиб Айёмбеков зиндонӣ аст ба ноҳия омад ва дар меҳмонии худораҳматӣ буд.
Бегоҳ барои Мунавварро Ёдгор бо се ҷавон аз маркази ноҳия бароварда гусел ва хайри хуш кардан мебароянд. Бозпас гашта меоянд. Дар даромадгоҳи маркази ноҳия пости КГБ ва ОМОН истодааст. Инҳо, чаҳор нафарро яъне бо шумули Ёдгор меқапанд ва дар даҳанашон чи таблеткае мепартоянд ва рост КГБ мебаранд. Аз ин 4 кас як нафар мегурезад ва ба маркази ноҳия хабар мекунад, ки чунин ҳодиса рух дод. Мардум ҷамъ мешаванд.
Фаррух Додхудоев, раиси ноҳия ба амният телефон мекунад ва мегуяд: инҳоро бареду дафъ кунед. КГБ хост ин се касро ба отряди КГБ барад, лекин мардум мошини онҳоро қапида онҳоро аз даруни мошин гирифтанд.
Баъдан бо туҳмати сохтаву бофтаи аз пеш тарҳезишуда наркотики дар ду рӯзи пеш дар Баррушон қапидаро бори раҳматӣ кардан хостанд. Лекин мардум ба ин ҳукуматиҳо бовар накард, фаҳмид инҳо туҳматбофӣ доранд, ба майдон баромаданд.
Баъдан Абдураҳмон Муборакқадамзодаро бо Алфаву Омон аз Хоруғ ба Рушон равон карданд. Мардум ҷамъ шуданд. Нисбати чунин тарзи бархурди ҷинояткорона ва роҳзании авбошони ҳукумат.
Абдураҳмон Муборакқадамзода дар онҷо ба бачаҳо гуфт ин кори дасти Алишер Мирзонаботов ва Фарух Додхудоев ва бо фармоиши Худоёр Худоёрзода аст. Вай ба марказ ваъда додааст, ки Ёдгорро меқападу меоранд. Аммо, натавонистанд, шармандаву русиёҳ шуданд.
Ба ин масъала раиси пешини ВМКБ Ёдгор Файзов ва генерал Холбаш Холбашов мудохила карда вазъиятро ором ва мардумро хона ба хона ҷавоб доданд ин ҳама соли 2020 моҳи май оғози гармиҳо буд. Баъди чанд рӯз Худоёр Худоёрзода ба фоҷеаи оилавӣ гирифтор мешавад. Ба гуфти мақомот дар муноқишаи оилавӣ захми корд мехурад. Аммо тибқи маълумоте ба мо расида Худоёр Худоёрзодаро мақомоти амниятӣ зада буданд. Иллаташро натавонистани ором кардани вазъият дар Рушон гуфта буданд.
Ёдгор ҳамеша ҳақиқатгӯйи ва адолатпарвар буд
Баъди куштори худораҳматӣ Гулбиддин Ёдгор мегуфт ин давлатдорон тамоми муқаддасоти инсониро аз даст додагианд. Мегуфт инсонҳое, ки имону виҷдонро фурӯхтаанд, бо онҳо гап задану нишастан фоидае надорад. Ман дигар ҳарфи гуфтанӣ надорам ва шунидан ҳам намехоҳам инҳоро
Раҳматӣ ҳамеша аз мақомдорон ҳақиқат ва адолати судӣ, имон ва виҷдони инсонӣ талаб мекард ва хостори таҳқиқи одилонаи куштори бераҳмонаву ғайриинсони Гулбиддин Зиёбеков шуд.
16 май дар маркази вилоят мардум хостори тафтишу таҳқиқи куштори бераҳмонаи Гулбуддини раҳматӣ шуданд. Аз маркази ҷумҳурӣ хабар омад, ки Алфа ва низомиҳоро барои қатли омми эътирозгарони помирӣ ба Хоруғ равон мекунанд. Мардум ҳам дар маркази ноҳия ҷамъ шуданд. Нахостанд боз хунрезӣ дар маркази вилоят шавад. Онҳо хостори ба ҷавобгарӣ кашидани қотилони Гулбуддин шуданд. Ёдгор дар ин митинги охири моҳи май дар Рушон бо мардум буд.
Оғози ҳодисоти хунини охир дар Бадахшон ва нақши Ёдгор дар оромкунии он
Корвони мошинҳои Алфа омад:- 200/300 кас буданд. Мардум раҳро гирифтанд. Алфа тирпаронӣ карда ба тарафи мардуми бесилоҳ ҳуҷум овард. Генерали Алфа фармони оташбас дод. Гуфт ин як чизе иштибоҳ шуд. Афсарон бидуни фармон аз тарс кулангро зер карданд.
Ёдгор бачаҳоро фиристод, бо генерал гап заданд. Генерал хост Хоруғ равад. Мардум гуфт, ки не, бояд бозгардед ба марказ ба Душанбе. Авзоъ бояд бо роҳи қонунӣ ва гуфтушунид ҳал шавад, на бо роҳи низомию қонунҳои ҷангал. Ёдгор аз генералҳо ва раиси ноҳия даъват кард, ки ба қонунҳои кишвар эҳтиром бигзоранд. Лекин инҳо, маълум мешуд, ки мехоҳанд вазъиятро бо роҳи қатлу резонидани хуни мардум ҳал кунанд. Раиси ноҳия бо як гурӯҳ чоплусонаш пеши мардум омаданду тибқи нақшаи аз қабл тарҳрезишуда дар идораи амният ҷанҷол андохтанд. Раиси Идораи шуғли аҳолӣ Маҳмаднабӣ Маҳмаднабиев, ҷияни Худоёр Худоёрзода бо овози баланд мардумро ба дашном додан сар мекунад: «очаи шуморо ….инхел мекунам, чаро инҷо ҷамъ шудаед, дафъ шавед аз инҷо!»
Боз дар инҷо муовини раиси ноҳия Лайло Чоршанбиева ҷавононро дашном мекунаду ҷанҷол сар мешавад.
Раиси ноҳия Фарух Додхудоев Душанбе телефон мекунад- «моро заданд, қувва роҳӣ кунед.»
Соати 3-и шаб ОМОН-и Хатлонро оварданд. Соати 6 субҳ ОМОН аз Душанбе омад.
Аз тарафи Хоруғ ҳам ба даромадгоҳи Рушон Алфа ва ОМОН-ро партофтанд.
Ва 7и субҳ ҷангро сар карданд. Бо омад- омади вертолётҳо дар он тарафе, ки Ёдгор бо бачаҳо истода буданд аз7-и субҳ то1-и нимарӯзӣ аз 3 тараф ҳуҷум карданд. Алфаи Душанбе, ОМОН-и аз Хатлон ва Хоруғ ва ОМОН-и Душанбе.
“Тамоми мардуми беяроқро дар маркази ноҳия аз хонаҳо бароварданду беш аз 31 нафарро ба амнияту отряди Қалъаи Вамар бурда бо задан ва азобу шиканҷаҳои хело баде куштанд. “
5/6 касе, ки яроқ – автомат доштанд, пешашон омадан натавонистанд. Дар умум 3 автомати калашников ва як писталет ва як камони сочма доштанд. Боз аз боло вертолёт зад, дронҳо ҳамеша аз боло назорат мекарданд. Дронҳо навор бардошта ҷой ва мавқеъҳоро муайян мекарданд ва сипас вертолётҳо омада мезаданд. Ду вертолёт буд: як крокодил ва дигариро бочка мегуфтанд. Крокодил ракета партоб мекард вале аз бочка аз ду самт бо пулемёт тир меандохтанд.
Бачаҳо фирор карда ба дараи Вомар болои куҳ ва аз онҷо ба Дерзуд мефароянд. Яке аз бузҳои МВД Нурамон Фозилбеков ва дигар бузҳо дар инҷо ба кофтанашон пардохтанд. Баъд ба Баррушон мераванд. Дар онҷо як чанд рӯз мешинанд. Ду кас аз онҳо ҷудо мешаванд ва худро таслим мекунанд. Паҳлуш буд,ки ҳукми абад ба ӯ доданд , дуввумаш Сайд ҷавони ёш буд тақрибан 20 сола буд, Саидро ҳам 10 сол ҳукм доданд. Ҷойи бачаҳоро дар Баррушон мефаҳманд ва тамоми низомиёнро ба онҷо равона мекунанд. Инҳо ба Дерзуд боз мегарданд.
Бузмаков ваъда доду вафо накард
Рӯзе Абдураҳмон Бузмаков, муовини аввали вазири дохилӣ ва сардори Ситоди байнидоравии мақомоти қудратӣ дар ВМБК ва Алишер Мирзонаботов, раиси ВМБК маҷлис мекунанду ба мардум мегуянд, агар ин 7 кас худро супоранд мо тамоми бегуноҳонро ҷавоб медиҳем.
Ёдгор Ғуломҳайдаров барои онки фардо нагуянд бачаҳои мо куштаву зиндон шуданд, ту гурехтӣ ба худ ҷоиз надонист, виҷдонаш иҷозат надод, ки тарафи Афғонистон бигрезад. Дар ҳоле,ки сад дар сад метавонист ба самти Афғонистон гузарад.
Шаби 30 май Ҳабиб Мавлододовро Ёдгор мефиристад хонаи раис ва хонаи Нурамон Фозилбеков . Аммо онҳоро дар хона пайдо намекунад. Меояд хонаи як муаллими военрук Палаев Пала. Мегуяд рав раиси ноҳия ё Нурамонро хабар кун, мо дар ҳамин куча ҳастем. Бачаҳои бегуноҳро ба ҳоли худашон бимонанд. Моро, биёянд бо ҷанг тавонанд, гиранд. Аммо мо таслим намешавем ба ин қотилон.
“Субҳ соати 8 тамоми низомиён деҳаро иҳота мекунанд. Инҳо ду пистолет доранд:- якто травматик ва якто ҷангӣ ва ду норинҷак (граната) . ОМОН ва спецназ хонаро иҳота ва муҳосира карда ва ба амалиёт шуруъ мекунанд. Аввал бо пистолет мезананду чанде пас панҷкаса дар як кунҷи хона худро мекафонанд. Танҳо якто Қулмаҳмад Палаев вақти кафондан мегурезад.
Ин шаш нафар иборат буданд:
Ёдгор Ғуломҳайдаров,
Додхудо Паллаев
Ҳабиб Мавлододов,
Ҷангибек Шайхбуров,
Алишер Почоев
Қулмамад Палаев буданд. Қулмамад намехоҳад,ки худро битарконад ва таслим мешавад ва ӯро ҳукми абад доданд.”
Ва, дар интиҳои ин матлаб як лаҳзае аз дидор бо Ёдгори шаҳидро меоварам. Ёдам ҳаст дар манзили устоди равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ шаҳид Мирзо Зиё Ёдгор Ғуломҳайдаровро диду хеле хурсанд шуд. Аз Ёдгор тавсифу таърифи зиёд кард. Гуфт танҳо муҷоҳиде буд, ки бидуни талабе ва сирфан дар роҳи ҳақ мубориза ва ҷанг кард. Як навбат гуфт Мирзо Зиё аз куҳ тарма омад. Гумон кардем,ки Ёдгорро аз даст додем. Аммо баъди тахминан чанд соат бо 14 афсару сарбози ҳукуматӣ, ки ба асорат даровардааст, омад. Дар дасташ танҳо як автомат дошт ва он автоматро ҳам аз дасти яке аз сарбозони ҳукуматӣ тасарруф карда буд.
Мирзо Зиёи шаҳид идома дод, ки ҳар гоҳе дар ҷабҳа ба ягон муваффақият ноил мешуд, мегуфтам чизе мехоҳӣ, чи талабе дорӣ? Ҳамеша рад мекард ва мегуфт кори хосе накардааст ва ҳиҷ камбуд ҳам надорад.
Аммо ҳар аз гоҳе пайрадорӣ мекард, навбати посбониаш меомад, посгоҳро қабул мекард, заррае диранг намекард, мисли як афсари ҷонбаркаф тағофул намекард. Мижа таҳ намекард. Дар кору роҳаш содиқ буд…..
Ин матлабро бо вопасин суханони Ёдгори шаҳид фарҷом мебахшем
Суханҳои Охирини Ёдгор ба “Ислоҳ” ба чунин шакл расидаанд: чанд бор Бачаҳоро ба гуфту шунид равон кард бо раиси ноҳияи Рушон Додхудоев Фарух ва Он генерали Амният, то вазъро ноором накунанд дар Бадахшон.
Ёдгор ба Бачаҳо гуфт расонед масаларо бояд чи дар маркази Вилоят чи дар Рушон бо қонуни ҶТ ва мутобиқи Сарқонуни кишвар ва ҳақиқату адолат ва виҷдони инсонӣ ҳал кунем, мо тарафдори қонун адолат ҳақиқат будем ва ҳастем
Лекин агар шумо бо хосту фармони касе бо қонунҳои ҷангал мехоҳед амал кунед. Мо ҳеҷ гоҳ тарафдори чунин қонун нестем ва нахоҳем буд
Генерали амниятӣ гуфт: “Фармони нонавишта аз боло дорем
Ҳатман бояд дар Хоруғ Спецоперация гузаронида шавад.”
Бачаҳо омаданду гуфтанд вазият чунин аст
Ёдгор гуфт агар инҳо масалаи Вилоят ва тафтишоти Қатли Гулбуддинро бо роҳи зури силоҳ ва ҷангу “ГовСуд” мехоҳанд ҳал кунанд. Равед гуед ба ин Раиси зансифат ва он генерали амният: “Пас биёанд авал аз болои мурдаҳои мо дар Рушон гузаранд ва ба Хоруғ раванд.”
Ин гапро
Вазири Энергетик Далер Ҷумаев ҳам дар телевизион гуфта буд ва ин гап дақиқан аз он гуфтушунид миёни Ёдгор ва он генерали Амниятӣ буд.
Ёдгор гуфт Боқир тоқа танҳо мондааст дар вилоят агар вайро куштанд инҳо метозанду лашкар мекашанд ба Бадахшон ва моро зинда намемонанд вале мо наметарсему ҳаргиз зонӯ намезанем.
Оё руҳияи мардуми Бадахшонро Раҳмонов шикастааст ?
Шукри Худо, новобаста аз ин ҳама қатлу куштори зиндонисозии ҷавонмардони бадахшонӣ руҳияи мардум қавӣ ва шикастнопазир аст. Мардум ин Ҳукуматро диданд, ки ягон муқаддасоти инсонӣ надорад, ба қонун, ба адолат ба гуфтушуниду дигару дигар, ки ин ҳукумати ҷиноятпеша мегуяд, бовар надоранд. Мегуянд, ки аз ин вазъият фақат бо роҳи низомӣ метавон халос хурд. Бачаҳо ҳама мегуянд Ёдгор Ғуломҳайдаров бо рафтани худ як дарси мардӣ барои муборизин ва муборизаи оянда нишон дод: ё пазирӯфтани шаҳодат бо сари баланд ё пирузӣ!