30 солагии 16-умин иҷлосия ё ифлосия?№15

Ислоҳ нет

Чаро Узбакистон пушти Раҳмоновро гирифту баъд пушаймон шуд?

 (бахши понздаҳум)

 Узбакистон дар афрӯхтан ва аланга занонидани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон  на танҳо даст дошту мудохила кард, балки ширкат ва ҳузур ва нақши мустақим дошт. Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии ин кишвар ба ҳадде як тарафи ин ҷанг-Фронти халқиро дастгирӣ ва кумаку ёрӣ расонд, ки баъди сари қудрати омадан Эмомалӣ Раҳмонов ӯро «отамиз» -падари мо эълон кард ва бархе аз навоҳии умдатан узбекнишини кишвар ба шумули Қубодиёну Шаҳритус дар вилояти Қурғонтеппаи пешин ва Шаҳристон дар вилояти Суғд воҳидҳои кишоварзии худро ба номи ӯ гузоштанд: колхози ва ё совхози ба номи Ислом Каримов.

Сафаралӣ Кенҷаев, аз муассисони Фронти халқӣ, ки баъди канор задан аз мақоми раиси Шӯрои Олӣ дигар ба як дастнишонда ва арусаки Ислом Каримов бадал шуда ва дар моҳи октябри соли 1992 бо ёрдами низомиҳои ин кишвар ва узбактаборони Регару шаҳринав ва Ҳисор ба Душанбе юриш бурд, дар китобаш «Табаддулоти Тоҷикистон», ки дар Тошканд чоп шудааст, аз Ислом Каримов ба унвони абармарди таърих ва дӯсту пуштибони тоҷикҳо ёдовар шуда ва кӯмакҳои ӯ ба Тоҷикистонро болиғ ба миллиард муҳосаба ҳам кардааст:

  «Аз оғози ҷанги бародаркуш то имрӯз ба ғайр аз ёрии маънавӣ он ёрии моддие, ки Ҷумҳурии бародарии Узбекистон таҳти сарварии Ислом Абдуғаниевич Каримов ба халқи азияткашида ва балодидаи Тоҷикистон расонидааст, агар пиёлаи чои кабудро дар пеш гузошта, тоқиро аз сар гирему як лаҳза ҳисоб намоем, мебинем, ки он ба якчанд миллиардҳо сӯм дакка мезанад!

«Танҳо моҳҳои сентябр, октябр ва ноябри соли 1992 банда шоҳиди он будам, ки бо фармони раиси ҷумҳури Узбакистон Ислом Абдуғаниевич Каримов ҳар рӯзе аз вилояти Сурхондарё ба вилояти Кӯлоб ҳамчун кумаки бародарона ду чархбол орд, ба ғайр аз сӯзишворӣ, дигар маҳсулоти хоҷагии халқ фиристода мешуд»«Табаддулоти Тоҷикистон». Китоби дуюм. Тошканд, нашриёти «Ӯзбекистон» 1994

Узбакистон на танҳо кумаки ғизоӣ ба як тарафи ҷанги дохилӣ-Фронти халқӣ мерасонд, балки дар мусаллаҳсозии Фронти халқӣ ва тамрину омӯзиши сарбозону қумандонҳои он ҳам имконоти ҳарбии худро дареғ надошт.

Владимир Квачков, сарҳанги ГРУ-Идораи ҷосусии Сарситоди неруҳои мусаллаҳи Русия, созмондиҳандаи Фронти халқӣ солҳо баъд дар хотираҳояш мегӯяд, барои онки нагӯянд ба корҳои як давлати мустақил мудохилаи хориҷӣ шуда истодааст, изи поямон кӯр ва нопадид бишавад таъбири Фронти халқиро фикр карда баровардем ва “юрчик”-ҳо минбаъд бо ҳамин ном зикр мешуданд, то инки муборизаро бар муқобили ҳукумати исломиҳо бо самар созем. Вале зарур буд як тамрингоҳ дошта бошем ва ин тамрингоҳро роҳбарияти Узбакистон дар ихтиёри мо қарор дод:

 “Вақте Фронт  ташкил шуд, нерӯи зарурӣ пайдо карда натавонистем. Бинобар ин, дар як маҳалли сарҳадии Тоҷикистону Узбакистон (Тирмиз) лагери партизанҳо ташкил кардем. Мо аскаронро омӯзонидем ва баъдан маҳз ҳаминҳо  ҷавҳари “Фронти халқӣ” ро ташкил доданд. Ҳамин тавр муборизаҳои мо оғоз шуд ва моҳи ноябри соли 1992 мо нерӯҳои исломиро аз Душанбе дур кардем.”

Ҳамин Квачков будааст, ки Сангак Сафаровро ба Ислом Каримов муаррифӣ карда ва баъди дарёфти ризоияти вай ӯро барои Фронти халқӣ роҳбар таъин кардааст. Владимир Квачков ҳама асрорро ошкоро мегӯяд. Вайро Президенти онвақтаи Узбаикстон ва вазири мудофиааш муваззаф мекунанд, ки давоми се моҳ Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ дар Тоҷикистонро бо истифода аз қудрат ва нерӯи дивизияи 201 ва бригадаи таъиноти махсуси шумораи 15-и ГРУ-и Русия, ки баъди пошхӯрии шӯравӣ дар Узбакистон монда буд, сарнагун созад. Квачков ба ёд меоварад, ки Сангакро аввал Рустам Ахмедов-вазири мудофиаи Узбакистон намепазирад. Ҳатто мегӯяд, ки “бандит”  лозим нест. Аммо бо исрори Квачков розӣ мешавад, ки роҳбарии Фронти халқӣ бар дӯши вай гузошта шавад:

“Сангак омад ва худи Каримов бевосита ӯро қабул карда ҳамсӯҳбат шуд ва барои роҳбари Фронти халқӣ таъин шуданаш иҷозат дод”, ба ёд овардааст Квачков.

 Сайиданвар Камолов, раиси собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегуяд, ки тамоми роҳҳои икмолотӣ аз Ӯзбакистон ва Кулобро Сафаралӣ Кенҷаев, раиси маъзулшудаи Шӯрои Олии Тоҷикистон  ва Рустам Ахмедов, вазири мудофиаи Узбекистон назорат мекарданд:

«Дар давраи аз моҳи сентябр то октябри соли 1992 сафарбар кардани неруҳои захиравӣ аз Кӯлоб ба Турсунзода шиддат гирифт. Ин корро чархболҳои ҚҲҲ-и Узбекистон(қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ) анҷом медоданд. Чархболҳо маводи хӯрока, яроқу аслиҳаи ҳарбӣ, мунисия барои ҷанговарони Ҷабҳаи халқӣ(Фронти Халқӣ)-и ҷумҳурӣ меоварданд. Ва аз аэропорти Кӯлоб барои ташкили Ҷабҳаи халқӣ дар ноҳияҳои Турсунзодаю Ҳисор ва дигар ноҳияҳо аз ҳисоби ҷавонон ҷанговар мебурданд.

    Масъули ин кор Сафаралӣ Кенҷаев буд, ки бо шахсиятҳои вазифадори Ӯзбекистон равобити доимӣ дошт. Дар навбати худ масъалаи бо яроқу аслиҳа ва маводи хӯрока таъмин намудани Ҷабҳаи (Фронти) халқии Тоҷикистон зери назорати вазири мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон генерал Рустам Ахмедов буд.” Сайиданвар Камолов « Ситораи умед»–  Душанбе, «Адиб» 2012

 Ва ҳамин тавр дигар тамоми ҳаракоти Фронти халқӣ ва нақшаву барномаҳои вайро низомиҳои русу узбак ва бевосита худи Ислом Каримов роҳбарӣ мекарданд.

Барои мисол Иҷлосияи 16 –и Шӯрои Олии Тоҷикистон дар қасри Арбоби Хуҷанд ҳам амалан таҳти назорати Узбакистон доир шуда буд.

Дар барномаҳои қаблӣ мо дар ин бора ҷо-ҷое тафсил дода будем, ки ҳоло зарурати такрори онҳо нест вале аз онки ин гузоришамон мухтаси Узбакистон ва нақши он дар ҳаводиси ҷанги шаҳрвандӣ аст бояд каме ҳам бошад ёдовар шавем. Воқеият ин аст ки Узбакистон ва раиси ҷумҳурии он дар он солҳо ба Тоҷикистон ба ҳайси як вилоят ва минтақаи худ муносибат мекард. Депутатҳои вилояти Кулоб-асоси Фронти халқӣ аз Кулоб ба Хуҷанд тавассути Тирмиз ва бо ҳавопаймои Узбакистон  оварда шуданд. Дар Тирмиз онҳо бо вазири дифои ин кишвар мулоқот дошта аз вай тамоми дастур барои чи гуна ширкат доштан дар он ҷаласаро дарёфт мекунанд. Ҳабибулло Табаров, депутати Шӯрои Олӣ, ки раҳбарии ҳайати вакилони кулобӣ барои ширкат дар Иҷлосияи 16-ро бар уҳда дошт дар китоби хотироташ менависад, ки Рустам Амедов, вазири дифоъи Узбакистон онҳоро дар Тирмиз истиқбол кард ва ташвиқ намуд, ки муқобили «исломиҳо» сахт истодагарӣ кунанд. Вай он лаҳзаҳоро чунин ба қалам додааст:

«Мо вакилони кӯлобиро тавассути чархбол ба Тирмиз фиристониданд. Сарвари ҳайат ман будам. Дар Тирмиз моро ба самолёти вазири мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон Аҳмадов шинонида, пеш аз парвоз вазир бо мо вохӯрӣ гузаронид. Салому паёми Ислом Каримов, орзуву омоли ӯро бобати барқарор шудани ҳукумати қонунӣ дар Тоҷикистон ба мо расонд ва гуфт, ки президенти Узбекистон иқдоми кӯлобиҳоро бобати барқарор кардани ҳукумати қонунӣ тарафдор аст. Он кас мардуми Кӯлоб, далериву баҳодурӣ ва донишмандии ин мардумро тавсиф кард, мухолифинро сахт танқид намуд. Моро гуфт, ки шумо нотарсида бар зидди оппозитсия мубориза баред, Узбекистон бо Шумост, чизе даркор бошад, мо бароятон омода мекунем, шумо фақат нотарсида мубориза баред. Ман дар суханрониам гуфтам, ки Шумо сутуни дили мо бошед, мо сахт мубориза мебарем ва ғалабамекунем.» ҲабибуллоТабаров. «То мард сухан нагуфта бошад…»Душанбе-2009

Ҳабибулло Табаров иқрор мекунад, ки он вақт фикр мекарданд, ки ин ҳама кумакҳо беғаразона аст ва намефаҳмиданд, ки он дахолати як кишвар ба корҳои кишвари мустақили дигар аст:

«-Ба фикри ман Узбекистону Русия аз ҷанги мо манфиатҳои худро доштанд. Одамони зиёду ҳархелаи ношинос, ки мегуфтанд аз берунанд, равуо мекарданд, бе ин намешуд. Албатта мо онвақт то ин дараҷае, ки имрӯз мефаҳмем,намедонистем, ки дар ҷанги мо давлатҳои ҳамсояамон даст доранд ва моро ба ҷанг тела доданд,мо гумон доштем,ки воқеан Тоҷикистонро хатаре таҳдид дорад ва ин ҳамсояҳо дилсӯзу пуштибони моянд.»

ҲабибуллоТабаров. «То мард сухан нагуфта бошад…» Душанбе-2009

Ҷаноби Табаров мегуяд, ки Ҷаноби Олӣ (Раҳмонов) дар он солҳо аз кумакҳои Ислом Каримов хеле ҳам бо қаноатмандӣ ёдоварӣ кард:

  «Ман дар ёд дорам Ҷаноби олӣ дар як маҷлис суханронӣ мекард гуфт, ки раҳмат ба рафиқ Каримов, ки вазъияти ҳозираи моро ӯ аз мо хубтар медонад. Гуфт, ки ҳар рӯз телефон мекунад, мепурсад, дилбардорӣ мекунад.”

Узбакистон, ки дигар ошкоро тарафи Фронти халқиро дар ҷанги муқобили Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ мегирифт то ба имрӯз маълум нест, ки бо дархости кӣ, аммо бо неруҳои низомӣ ва хадамоти амниятиаш қасри Арбоб-маҳалли баргузории Иҷлосияи 16 дар Хуҷандро тасарруф ва таҳти контрол қарор дода буд. Дар инҷо мошинҳои ҷангӣ: танк, БМП, БТР ва сарбозону афсарони то дандон мусаллаҳ дар се ҳалқа давру бари ин қасрро муҳофизат мекарданд.

Иштироки мустақим ва тадохули ошкорои Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон ба кори иҷлосияи 16-ро Давлати Усмон, ноиби сарвазири Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ дар як сӯҳбаташ бо радиои «Озодӣ» чунин ёдовар шудааст:

«Замоне ки иҷлосияи 16 дар Хуҷанд идома дошт, қонунҳои бозӣ дигар шуда буд. Шояд, ки аз аввал ҳам ҳамин тавр буд. Чунки аз аввал, ки Узбакистон бозигари асосӣ дар саҳна буд, дар фикри иваз кардани Раҳмон Набиев буд ва ӯро қабул надошт. Он замон қудрат дар дасти Фронти халқӣ қарор дошт ва дар ҳайати
Фронти халқӣ ҳам намояндаҳои шимол хеле кам буданд. Агар мо иштироки Сафаралӣ Кенҷаев ва Амирқул Азимов, ду мӯҳраи аслӣ дар ин фронтро истисно кунем, ки як миқдор нерӯи мусаллаҳро дар атроф доштанд, дигар 80 дарсади нерӯҳои Фронти халқӣ аз Кӯлоб буд. Яъне қудрат аз дасти шимолиҳо рафта буд. Ба ҳамин хотир Узбакистон мардуми шимолро як навъ боварӣ дода буд, ки дар қудрат будани кӯлобиҳо як мӯҳлати кӯтоҳ аст ва мо бояд аввал вазъиятро ором созем, оппозитсиюнро аз байн бубарем ва пас аз оромӣ боз бигардем қудратро дубора ба шимолиҳо бидиҳем. Ва ба ин чиз шимолиҳо ва элитаи онҳо низ мутақоид шуда буд. Аз ин ҷиҳат буд, ки дигар аз Набиев ҳимоят ва кӯшиш барои барқарории ӯро накарданд. Ба ин ваъда шимолиҳо бовар карданд. Бозигарони асосии ҳамонвақтаи шимол Абдуллоҷонов, Ҳомидов ва Тӯраев шахсиятҳое, ки дар қудрат ворид буданд, худашон орзуи ҷойи Набиевро доштанд.
Ҳам бо Тӯраев, ҳам бо Ҳомидов, ҳам бо Абдуллоҷонов Узбакистон дар алоҳидагӣ бозӣ мекард. Аслан бисёртар Сайфиддин Тӯраев матраҳ буд, чунки Сайфиддин Тӯраев бо Сангак Сафаров иртиботи зич дошт.»

 Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки ба маҳзи фишори Ислом Каримов ва бо дастони Фронти халқӣ дар Иҷлосияи 16 аз мақом барканор шуд, мегуяд, ин Узбакистон буд, ки кори ин иҷлосияро гардонандагӣ ва идора мекард. Оқои Искандаров аз мавриде ёдовар мешавад, ки фиристодаи Каримов бо ӯ дар Хуҷанд мулоқот карда ва бар ивази иҷрои чанд шарт боқӣ мондан дар вазифаро кафолат медиҳад:

«Дар ин маврид чӣ бояд бигӯям. Ҳаминро гуфтаниам, ки дар он вазъияти ногуворе, ки дар он давра буд, ду давлате, ки манфиатдори сулҳу салоҳи мо буданд, пеш аз ҳама ҳамсояи мо Узбакистон буд ва давлати бузурги Русия. Вақте ман рафтам, ба ман таъкид карданд, кас фиристоданд ва шартҳое гузоштанд ва гуфтанд, агар ин шартҳоро қабул кунед, Шумо ягона соҳибмансабе ҳастед, ки аз рӯи қонун интихоб шудаед ва метавонед дар оянда низ кор кунед, лекин ин шартҳоро бояд қабул кунед. Ман дар ҳамон давра барояшон гуфтам, ки ин шартҳоеро, ки пеш гузоштаед маънои аз сари нав ҷангро идома додан аст. Ман ба ин шартҳои Шумо розӣ шуда наметавонам. Мақсади ман ба инҷо омадан пешгирӣ кардан аз ҷанг аст. Гуфтанд, ки Шумо дигар дар инҷо кор намекунед ва ман дар он давра, бовар кунед, ҳаматарафа ин масъаларо намедонистам. Баъдтар дар матбуот хондам, ки касоне рафта дар Термез вохӯриҳо доштаанд, чи гапу ҳарфҳо будааст»

Акбаршо Искандаров дар яке аз сӯҳбатҳои матбуотиаш мегуяд, ки аз ҷумлаи шартҳои Узбакистон ин буд, ки чанд нафар аз вузаро бояд аз узбактаборон бошад, давлат бояд аҳзоби оппозитсиониро мамнуъ эълон кунад, ба зидди роҳбарияти он дело кушода ва худи онҳоро хоин ва душмани миллат хонад ва ҷисман нобуд созад  ва низ бо як муроҷиати расмӣ аз Узбакистон бихоҳад, ки нируҳояшро барои кумак ба ҳукумати нав вориди Тоҷикистон кунад. Чуноне халқи Тоҷикистон шоҳид аст тамоми ин шартҳои ҷониби Узбакистонро Эмомалӣ Раҳмонов нуқта ба нуқта иҷро кард.

Рӯзноманигори тоҷик Муҳиддин Идизода, ки худ шоҳиди бевосиати ширкат ва ҳузури низомиҳои Узбакистон дар ҷанги миёни тоҷикҳо дар Шаҳритус буд дар як суҳбаташ бо расонаҳо он давраро чунин ёдоварӣ кардааст:

    “Ман худ шоҳиди зиндаи ҳамаи қатлу куштор дар ноҳияи Шаҳритус будам. Наметавонам бо навиштаҳо ва таҳқиқоти то кунун анҷомшуда розӣ шавам. Чаро? Барои он ки дар ин ҷо нируҳои беруна рӯирост дахолат доштанд. Хадамоти ҷосусии ба хусус Узбакистон, дар симои Алиев ном полковник, ки худро сардори раёсати СНБ-и минтақаи намедонам Сурхондарё ё Термиз эълон карда буд, гаравгонгирии тоҷиконе, ки дар Шаҳритус анҷом гирифт ва он одамоне, ки аввали моҳи декабри соли 1992 аз сарҳад ба Шаҳритус фиристода буд ва онҳо бовар карданду аз сарҳад баргаштанд, имрӯз муттаассифона ягонтои мардони онҳо зинда нестанд. Аз сарҳад болотар як чоҳ канда буданд ва тамоми мардонро дар ҳамон чоҳ зинда дар гӯр карданд. Аз онҳо осоре нест, ба хусус аз ҳамон қирғизтоҷиконе, ки дар деҳаи Сайёду ноҳияи Шаҳритус зиндагӣ мекарданд, аксаран ҷавонон, куҷо шуданд онҳо? Имрӯз онҳо на дар Қирғизистонанд, на дар Шаҳритус ва на дар ягон минтақаи Тоҷикистон. Осоре аз онҳо нест”.

Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон бо ин ҳама кумакҳо барои Фронти халқӣ ҷиҳати аз байн бурдани Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ сокит наистода дар сатҳи байналмилалӣ низ бар зидди ин ҳукумат ҷабҳа мегирад. Вай бо ирсоли ду нома ба Дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар солҳои 1992-1993 Ҳукумати Мусолиҳаи Миллии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ ва забтшуда аз ҷониби ифротиҳо талаққӣ карда ва талошҳо барои барандозии он ва кумак ба Фронти халқиро дар ин замина дуруст ва қонунӣ меҳисобад.

  Дар номаи аввали Ислом Каримов ба унвони Бутрос Ғолӣ-Дабири кулли СММ роҷеъ ба ҳодисаҳои Тоҷикистон, ки дар 7 сентябри соли 1992 ирсол шудааст, таъкид мешавад,ки:

«Ҳоло дарТоҷикистон ҳокимияти расмии сохтори давлатӣ аз даст рафтааст. Сохти конститутсионӣ, имконоти дигаргуниҳои демократӣ зери хатар аст. Хатари воқеии густариш ёфтани мухолифати мулкӣ ва миллӣ, анархия ва бесарусомонӣ ба тамоми минтақа ба вуҷуд омадааст».

Матни ин нома ба пуррагӣ дар китоби дуввуми «Табаддулоти Тоҷикистон»- и С. Кенҷаев, ҳамчуноне номаи дуввумаш ҳам ҳаст, оварда шудааст.

Дар номаи дуюми худ аз 13 марти соли 1993 Каримов Дабири кулли СММ-ро тавре таҳти воҳима қарор медиҳад, ки гӯиё «даҳҳо ҳазор одамони бегуноҳ зери азобу шиканҷа ва таҳдид аз Тоҷикистон бурда шудаанд» ва «ҳукуматдории қонунан интихобшуд бо гуруҳҳои тахрибкору террористӣ  ва мавридҳои сарҳадшиканӣ» рӯбарӯ аст.

Албатта, Каримов ба унвони раҳбари як кишвари ҳамсоя ҳақ дошт, ки ташвишу изтироби худро нишон диҳад. Вале шумо ба матни нома ва иддиову иттиҳомоташ агар мутаваҷҷеҳ бишавед, яқинан дарк хоҳед кард, ки муҳтаво ва мавзеъгирии муаллифи вай комилан зидди Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ва неруҳои нави сиёсии Тоҷикистон аст.

Аммо ин мавқеъгирии Каримов дар қиболи масоил ва тарафҳои даргири Тоҷикистон дер давом накард. Чун, вай бо иштирок дар ин ҳодисаҳо ғараз ва аҳдофи худро дошт.

Абдумаҷид Достиев, муовини аввали Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ва нафари дуввуми ҳукумат то замони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1994 яке аз мулқотҳои ҳайати Тоҷикистонро дар Тошканд ёдоварӣ карда, иқрор ва эътирофи зимнӣ мекунад, ки онҳо он замон дар ихтиёр ва итоати Узбакистон буданд:

  «Инро дар он рӯзҳо ҳатто кӯр ҳам бо чашми дил дарк мекард. Зеро вақте ки манфиатҷӯёни дохиливу хориҷӣ бо истифода аз нооромии тоҷикон ва вазъи кишвар роҳбарияти ҷумҳурӣ (Раҳмонов Э.Ш ва аз ҷумла муаллифи ин сатрҳо)-ро ба шаҳри Тошканд даъват намуда онҷо бо кушиши намояндагони Русия ва Узбекистон моро маҷбур сохтанд, ки раъйпурсӣ ва интихоботамонро ду-се моҳ қафо партоем, яъне баъди ба охир расидани муҳлати оташбас, шояд ин барои он буд, ки ҳар лаҳзае, ки аз «хати кашида»-ашон бароем таҳдиди ғайриқонунӣ эълон кардани интихоботамонро кунанду гӯянд, ки «он дарҳолати ҷангӣ гузаронида шуда буд». Мо онҷо зери фишор розӣ шудем. Дигар илоҷе надоштем. Онҷо ба мо «ҳукумати нав» бо сарвазир, вазири дифоъ ва боз чанд депутатҳои ҳамватанамонро, ки чанде пеш бо тавсияи ҳамсояҳо аз кор холӣ карда будем (сарвазирро) аз нав барои ба кор қабул намудан пешкаш карданд. Онҳо на дар паҳлуи мо тоҷикон, балки аз тарафи намояндагони давлати ҳамсоя нишаста ба сӯи мо луқмапартоӣ мекарданд».

Абдумаҷид Достиев. «Истиқлолияти Тоҷикистон ва сабақҳои таърихии он». Душанбе- «Матбуот»-2006

Албатта, ишораҳои Достиев ба Абдумалик Абдуллоҷонов тааллуқ дорад, ки Узбакистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро пуштибонӣ мекард вале Русия дар пушти Раҳмонов буд ва баъди ин мавқеи Ислом Каримов бо Тоҷикистон тамоман иваз шуд.

  Ислом Каримов дигар дар ҷаласаҳои роҳбарони Кишварҳои Муштаракулманофеъ зидди Раҳмонов сухан карда талош мекард, назари Русияро ҳам дар баробари Раҳмонов тағйир диҳад. Каримов то ба ҳадде бо Раҳмонов қатъи робита кард, ки бо Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик, ки бо Раҳмонов ҷанг мекарданд робита барқарор ва роҳбарияти он устодон Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро расман ба Тошканд даъват карда ва бо онҳо тарҳи ояндаи Тоҷикистонро кашид.

  « … ман ба Борис Николаевич рӯирост гуфтам,ки аскарони мо Раҳмоновро муҳофизат мекунад ва ӯ аз он ҷо дар дохил,ҳар чи дилаш бихоҳад,ҳамонро мекунад,бо мо ҳатто маслиҳат ҳам намекунад.Ва чаро мо бояд ӯро муҳофизат кунем,ӯ аз ин суиистифода карда чи қадар аблаҳиҳое мекунад. Агар ҳол чунин бошад, мо ӯро дигар муҳофизат намекунем: Ман аллакай дар Алмато арз кардам,ки аскарони худро аз Тоҷикистон бозпас мегирем.”  «Интерфакс» аз «Фарёди солҳо»-и Бӯри Карим.

Аммо то инки ба ин нуқтаи назар бирасад Ислом Каримов баъди бар сари қудрат овардани Эмомалӣ Раҳмонов ҳам ба ӯ кумаки худ ва бахусус кумаки низомиашро дареғ надошт. Ин чархбол ва тайёраҳои ҷангии Узбакистон буданд, ки моҳҳои феврал-март ва умуман тӯли соли 1993 водии Қаротегин ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро ба ин баҳона, ки ифротиёни бунёдгаро мустақар ва паноҳ бурдаанд мавриди бомборон қарор  дода ва ҳазорон нафарро кушт.

Сайиданвар Камолов, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки дар саркуб ва рондани неруҳои Маҳмуд Худойбердиев аз Хуҷанд дар навоҳии водии Зарафшон ширкати мустақим доштааст, мегӯяд, онҳо иттилоъ доштанд, ки дар Узбакистон гурӯҳҳо барои ҳамла ба Тоҷикистон омода мешаванд. Вай мегуяд ҳамлаи Маҳмуд хеле сареъ сурат гирифта тақрибан тамоми вилояти Суғдро тасарруф кард. Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки аз неруҳои Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик, ки аллакай бо қувваҳои давлатӣ реинтегратсия шуда буданд, низ ҷалб намоем. Барои ҳамин мо аз нафарони Мирзо Зиё ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров истифода кардем. Асирони ба дастафтода ин маълумотҳоро дар ихтиёри мо гузоштанд, ки онҳо дар ноҳияи Зомини Узбакистон тамрини низомӣ дидаанд.

Сайиданвар Камолов иқрор мешавад, ки Узбакистон дар оғоз кумак кард вале дар охири кор мавқеи дигарро касб кард:

   «Воқеан дар давоми муборизаҳои шадиди соли 1992 сарварони Узбекистон ба Ҷабҳаи халқии Тоҷикистон (Фронти халқӣ)  хеле ёрии моддиву молиявӣ карданд. Баъдтар маълум шуд, ки ин ёрдамҳо беғараз набудааст. Баъди барқарор шудани Ҳукумати Конститутсионӣ дар Тоҷикистон, онҳо сиёсатеро пеш гирифтанд, ки бар манфиати миллат ва давлати мо набуд». Саиданвар Камолов. “Ситораи умед»-Душанбе”, «Адиб»,2012

Аммо савол ин аст ки чаро Узбакистон ба Фронти халқӣ ва Раҳмонов барои сарнагунии   Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ тамоми имконот ва зарфиятҳои худро пешниҳод ва дастрас кард. Ислом Каримов аз рӯйи кор омадани неруҳои милливу демократӣ ва бахусус мазҳабӣ дар Тоҷикистон ба шиддат тарс дошт. Зеро айни ҳамин неруҳо ва ё шабеҳ ба ин неруҳо ҳам дар Узбакистон мавҷуд буданд ва дар рақобат бо Ислом Каримов қарор доштанд, махсусан водии Фарғона ва шаҳрҳо он аз қабли Намангон ва Андиҷон, ки неруҳои навгаро ва мазҳабӣ дар байни ҷомеа нақшу мақоми муассир доштанд. Ислом Каримов метарсид, ки дар сари қудрат боқӣ мондани чунин неруҳо дарТоҷикистон ҳарифони вайро ангеза ва таҳрик медиҳад. Фронти халқӣ ва Раҳмонов дуруст гуруҳҳое буданд, ки бар муқобили ингуна неруҳо дар Тоҷикистон ба ҷанг бархоста буданд. Ба як калом муқобили истиқлол ва озодихоҳони воқеӣ.

Ва нуктаи дигар Ислом Каримов Раҳмон Набиевро намехост. Ҳузури Набиев дар ҷаласаҳои роҳбарони Кишварҳои Ҳамсуд барои Каримов намефорид. Барояш афроде назири Раҳмонов, ки ҳоло аз сиёсат бу набурда буд мақбултар буд.

Воқеияти кишвари мо ин буд ва ҳоло ҳам ҳамон тавр аст ки болои ҳукумати феълӣ Узбакистон ва Русия таъсири амиқ доранд. Раҳмонов мадюни ин ду кишвар барои ба сари қудрат омаданаш аст. Агарчи худро мустақил ва ҷонибдори истиқлол ҷилва медиҳад вале ҳақиқат ин аст ки Эмомалӣ Раҳмонов «кадр» ё дастнишондаи Узбакистон аст ва роҳи ба тарафи Русияро ҳам маҳз Узбакистон ба Эмомалӣ Раҳмонов боз ва ҳамвор кардааст.

Поёни қисмат ё бахши понздаҳум … Дар матлаби баъди дар мавриди Русия ва нақши он дар ҷанги шаҳрванди ва таҳаввулоти вобаста ба он хоҳем гуфт. Унвони матлаби шонздаҳуми мо “ Русия ва найрангҳои он дар оғози даврони истиқлоли Тоҷикистонаст. Бо “Ислоҳ” бошед ва аз ин найрангҳо беҳтар огоҳу бо хабар гардед….

Share This Article