Агарчи дар ин матлаби маҷмуъаи номаҳо аз ноҳияҳо ҳам ҳаст масалан аз ноҳияи Сино ва Вилояти Суғд . Аммо чун бештар характери мардумитар дорад чунин номаш гузоштем.
Нома аз корманди СИЗО
Акбар Мирзошарифов аз Пушинги Данғара, аз кормандони бисёр ҳам золими УИК-Раёсати муассисаҳои ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон ва ҷияни генерал Иззатулло Шарифов, мулаққаб ба Зорро, сардори собиқи УИК-и Тоҷикистон аст. Ин нафар бениҳоят маҳбусонро дар зиндон азобу азият додааст. Замоне, ки дар СИЗО кор мекард, тамоми маҳкумшудаҳо ва мазнунинро дар тавқифгоҳ «доля» баста буд. Мегуфт Зорро, яъне Изатулло Шарипов иҷозат дода, ки дубинкаро то нимаш дар мақъади зекҳо бизанем. Замоне, ки начальники критыйи СИЗО буд, ки дар онҷо зиндониҳои пожизненно мешиштанд, медаромад то мурданашон мезад ва баъд телефон медодашон ва мегуфт очаҳоятонр бигуед сум даркор аст, сум биёранд. Ставкааш аз 100$ боло буд. Ҳар моҳ. Як хел нафароне, ки камтар пул доштанд, ончунон меҷуқидашон ва то 500$ боло мегирифт. Ҷиноятҳое, ки вай содир кардааст охир надорад. Ман дар дастам ёдоштҳои зиёд дорам ва торих ба торихи зулму шиканҷаро,ки ҳатман ба шакли хубу беҳтаре тақдиматон менамоям,то нашраш намоеду ҳама огоҳ бошанд аз зулми ин нобакорон. Ягон касро гуш намекард. Вақте Мансур Умаров омад, аввал ҳаминро сур кард. Аммо ҷиноятҳояш монд. Одамҳое,ки бо ҷурми узвият ва ё ҳамкорӣ бо ҲНИТ дар СИЗО буданд сахт шикаст онҳоро.
Нома аз Модарони ҷавононе ба иттиҳоми “Салафӣ” зиндонӣ шудаанд
Ҳайдар Бозоров дар ширкати Азия Сет роҳбар кор аст. Ҳайдар дар Кулоб таваллуд шудааст. Азия Сет ба фурӯши телефонҳои мобилӣ машғул аст. Аз соли 2009 то имрӯз сари чандин бачаҳои баномусро хурдааст ва дар он ҳеҷ шакку шубҳае надорам. Ӯ яке аз чеҳраҳои намоёни равияи салафия аст. Аз соли 2008 Ҳайдар бачаҳоро ба равияи салафия даъват мекунад. Дар тули 14 сол мақомот садҳо нафарро бо ҷурми салафия зиндонӣ кард. Қариб дар ҳар парванда номи Бозоров Ҳайдар мегузашт. Мутаассифона Ҳайдар аз об хушк мебаромад. Махсусан дар солҳои 2016, 2017, 2018 мақомот нафарони зиёдеро бо ҷурми Салафия парванда сохта зиндонӣ карданд. Боз Бозоров Ҳайдар беҷазо монд. Модарони зиндониҳо шабу рӯз дар ҳақи Ҳайдар дуо мекунанд, ки хонаат сӯзад. Бозоров Ҳайдар худро хеши наздики СС Ятимов ва Прокурори Генералӣ мегирад.Чандин бор модарони онҳое, ки бо ҷурми салафия зиндонӣ шудаанд, ки онҳоро Ҳайдар даъват ба ин равия кардааст, наздаш рафтаанд,аммо Ҳайдар онҳоро дашном дода рондааст аз офисаш. Модарон ба МВД рафтанд то пурсанд, ки чаро Ҳайдар дар озодисту фарзандҳои онҳо маҳкам. Бе натиҷа. Вазири дохилӣ, Прокурори генералӣ куҷост адолат ?Ҳайдар солҳои баъди ҷанг яроқи зиёд ҷамъ карда ба хариду фуруши он машғул буд. Солҳои 2010 ӯро дастгир карданд Бозоров Хайдар ва Зафари бародараш,ки дар барномаи “минбари муҳочир” гап задед соли 2011 дар хакикат акаву додар хардушон срок гирифта буданд дар Сизои ш Душанбе адои чазо гирифтаги буданд дар бораи оне ки аз чои вай дигар кас гунохро ба калла гирифт хатост. Дуруст барои хранение оружия срок гирифта буданд. Ман, то охири соли 2016 инро сад дар сад тасдиқ мекунам.
Зафар кати Хайдар бо статияи хранение оружия и недонисения шиштаги буд срокаш аникаш да хотирам нест хато накунам агар 5 сол буду то охири срокаш нашишта УДО кардабуданд. Бародари Ҳайдар, ки номаш Зафар аст, дар шаҳри Дубай ба тиҷорат машғул аст. Дар Дубай Зафар чандин бачаҳоро дар ҳамкорӣ бо ҲНИТ ва М. Кабирӣ туҳмат зада, ба воситаи акааш Ҳайдар ва шиносҳои Ҳайдар дар Прокуратураи генералӣ ва амният, шикастааст. Ҳайдар бениҳоят маккор аст.Ӯ барои бо ягон роҳбар шинос шудан, бениҳоят талош мекунад. Мисол вай,ки ба фурӯши телефонҳои мобилӣ сару кор дорад, ду -се телефони пеши пеша гирифта ба ин ё он мансабдор ё корманди мақомот туҳфа мекунад. Тамом, он нафар ғуломи Ҳайдар шуд. Наход замона ба ин дараҷа расида бошад, ки мансабдор ба телефон худашро фурӯшад? Бозоров Ҳайдар ба воситаи фирмаи Азия Сеташ маблағҳои калони бюҷетӣ ва дигарро алик- малик карда ба хориҷа баровардааст. Зафар додари Ҳайдар дар Дубай маблағҳоро гирифта тоза карда ба соҳибонаш медиҳад. Ҳатто кумитаи андоз ҳам, зураш барои санҷиши шаффофи Ҳайдар Бозоров намерасад.
Ҳайдар бо яке аз наздикони Рустам, ки номаш Нурик аст, часпондааст. Нурик чандин бор Ҳайдаро ба назди Рустам бурдааст. Дар қафои чойхонаи Роҳат як ҳавлии зебост, ки дар он ҷо Шоҳрух бо Рустам масъалаҳои ҷиддиро ҳал мекунанд. Ҳайдарро ба он ҷо бурда бо онҳо Нурик шинос кардааст. Ҳайдар ба Нурик доляи махсус, ки аз маблағ ва чанд телефони мобилӣ иборат аст медиҳад. Ҳайдар Бозоров бениҳоят дороии зиёд дорад. Мо диламон ба бачаҳое, ки ин акаву додар шикастаанд, месузад.
Номаи Полковники СИ ҶҶ ВА ба “Ислоҳ”
Дар масъалаи Маҳмадалӣ Ҳаит Саидумар Ҳусайнӣ ва Назар камандир палковник. Хело маълумотҳо дорам. Аз шиканҷа шуданҳояшон, аммо устувор буданд воқеан.
Бад аз ҳукм гирифтаашон аз сизои КГБ ба Спец Критий гузарондан дар Спец Критий ғайр аз якумраҳо маҳбусҳои срокдоштагиҳо ки аз муассисаҳои дигар барои нарушений адои ҷазо мекунанд бениҳоят зулму шиканҷа бисёр мешаванд. Аз тарафи сардори Сизои ҳамонвақта Шарипов Садриддин аз ноҳияи Ҳамадонӣ рости гап нисбати якумраҳо муносибати бад надошт. Асосан Раҳмонов Нуриддин ки дар Сарраёсат буд мебиёд бо ҳар баҳонаҳои мелочи проблема мекунад.
агар дар камера ягон кас камтар хатогӣ кунад фармон медод ҳамаи ҳуҷрабудагиҳоро броварда дубинкашап мекунанд ё агар настраенияш набошад умуман чихеле хоҳад ҳамунхел издиватся ва истинтоқ мекунад.
Юлдошев Сангали начальник Спецкритий аз ноҳияи Ёвон тағоиш ба гуфти худаш началник охранаи Озода Раҳмонова чихеле мехост зулму золими карда пули хуб ҳам кор мекард аз ҳисоби маҳбусҳо ин як оқипадари дигар инам аввал вақто признават намекард Раҳмонов Нуридина баъдтар аз гуфтагиҳош намебуромад чизе фармон медод иҷро мекард инҳо именно ба маҳкумшудаҳои ҳизби наҳзат бисёр зулм кардагиянд. Шарм медорам аз гуфтани он ҳама шиканҷаҳо ва озорҳое медоданд ба ин бечораҳо.
Дар ҳуҷраҳои 2 ба 4 аз 4 то 6 нафар нигоҳ дошта мешаванд дар ҳуҷра 1 тефал ва 1 дона радио иҷозат ҳаст тамом ҳаминҳам агар дар ҳуҷра ягонхел нарушений шавад тефалу радиора мегиранд. Аз соати 6 и саҳар падём мешавад, то соати 10 и шаба матрасҳои ҷои хоба ҷамъ мекунанд бе матррас дар катҳои оҳанин мешинанд.
Дар прадол назоратичҳо смена ба меистанд дар давоми рӯз чанд маротибае ки назоратчи глазока кушода назорат мекунад бояд маҳкумшудагон дар қатор истода ҳисобот диҳанд фарқ надорад то вақти хоба 500 бор кушояд глазока ҳамакаса ҳисобот медиҳанд.
Рости гап ман дар аввал нисбати қазияи Ҳоҷӣ Ҳалим бовар карда будам аммо баъд аз гузаштани вақт фаҳмидам ки дар асл,ки гапу кор дигар будааст. Бо маҳкум шудаҳо сӯҳбат мекардам бовар кунед ҳамаашон тамоман бе гуноҳ буданд.
Ман маълумотҳои хело зиёд аз :
Махмадали Хаит
Саидумар Хусайни
Гаффор Мирзоев
Сухроб Лангари
Назар Камандир
Бачаи сангак
Кури Малиш ва баъзеи дигар дорам ва хамаашро муфассал бо ҷузъиёташ дар ихтиёри “Ислоҳ” қарор медиҳам. Аммо то ниҳояти соли 2019, ки онҷо кор мекардам.
Писари вазири Адлияро бинеду ба адолат падруд бигӯед
Ашуриён Парвиз, писари вазири адлияи Тоҷикистон Музаффари Ашуриён, ки пештар муовини аввали Озода Раҳмон дар Дастгоҳи иҷроияи Президент буд. Парвиз айни замон муовини прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбест. Ҳамин Парвиз буд, ки Далери Имомалиро ба кабинеташ кормандони «уголовный розыск»-и Шоҳмансур оварданд, мурданӣ зери лату куб қарор дод. Парвиз дар таърихи кориаш ягон масъаларо ҳал накардааст, магар фақат «доля» мегираду кидат мекунад. Замоне, ки падараш муовини аввали Озода Раҳмон буд, ҷиноятҳои зиёдеро анҷом додааст. Ҳатто чандин корманди «уголовный розыск»-ро лату куб карда боз таҳдиди кушодани парванда нисбати онҳо, кардааст. Айни замон Ашуриён Музаффар бо Зоири домоди Президент қудо шудааст ва ин Парвизро боз ҳам хунхортар кардааст. Парвиз Ашуриён чандин духтарони бокираро таҷовуз намуда сахт тарсонидааст. Парвиз ҳар вақте ки зино мекунад, яку якбора ду духтарро мебараду онҳоро маҷбур месозад, ки онҳо, яъне духтарҳо байни худ ишқварзӣ кунанду Парвиз кайф кунад. Бечораи духтарҳо ҷазир шуданду модарошон оби дида мекарданд. Ҳар духтар ё зане, ки пешаш бирвад ин ҳаромзода ҳатман дар кабинеташ таҷовуз мекунад. Далери Имомалиро ҳамин ҳаромзода шикаст. Писари хурдии Ашуриён домоди Зоир шуд. Нафари дигар Самиев Шуҳрат Саидмуродович бениҳоят шахси палид,дар ширкати «Авесто –групп» кор мекунад. Дар яке аз бахшҳо роҳбар аст. Барои занҳояш хонаву мошинҳо харида аст. Ҳамсояҳо аз вай сахт шикоят мекунанд. Вай дар ҳар куҷо аз номи Алимардонов гап мезанад. Дар бораи ин нафар маълумот зиёд аст. Аммо ба вақти баъд мегузорем.
Шикояти сокинони ноҳияи Сино ба “Ислоҳ”
Дар шаҳри Душанбе, дар ноҳияи Сомонӣ, кучаи Лоиқ Шералӣ, соҳибкор Тоҳир Муродов барои сохтмони биноҳои баландошёна шуморе аз хонаҳои заминии мардумро чапа кард. Бояд 10 блок, ки ҳар кадоме иборат аз 8 ошёна буд,месохт. Ширкати сохтмонии Бунёдкор-Т ин масъулиятро ба зимма дошт. Чанд вақт гузашт, аммо ҳама хапу хомӯш. Бечораи соҳибкор хонаҳои мардумро чапа карда барои онҳо пули иҷораашонро пардохт мекард. Аммо ҳоло ҳама чиз ва аз ҷумла сокинон муаллақ мондаанд. Чунки аз ҷониби ҳукумати шаҳр сохтмони биноҳоро манъ карданд. Дар вақташ архитектори шаҳр «доляи хушру» гирифта иҷозаи соҳибкорро барои сохтмонро дода буд. Усмонзода Қосимҷон архитектори шаҳр буд. Вай кошелек барои Рустам буд. Бечораро ранги рифола истифода бурданд. Рости гап он қадар бечора ҳам набуд. Ширкати сохтмонии Бунёдкор-Т, ки роҳбараш ҳоҷӣ Тоҳир Муродов аст, айни замон дар ҳолати сахти номуайянӣ мондааст. Чунки архитектори нав омада корҳои архитектори собиқро мансух кард. Аммо, маълум аст ки пешинааш ҳам аз пеши худаш, бидуни иҷозати Рустам коре намекард. Ҳоло ин бечораи соҳибкор, ки миллионҳо масраф кардааст, намедонад, ки чи кор кунад. Як меҳмонхонаеро дар назди амфитеатр ҳамин Усмонзода Қосимҷон сохта истодааст. Дар вақташ президент фақат ӯро таъриф мекард.
Раҷаббой Аҳмадзода- Қофлонбой
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, мулаққаб ба Қофлонбой тамоми соҳаҳои тиҷорат дар вилоятро ба дасти худ гирифтааст. Замину молу соҳаҳои даромаднокро ба аъзои оила дода аст. Кораш танхо пулкашонӣ, мекашонаду мекашонад. Безор шудем!
Ҳар як соҳибкор қарздор, ҳар як соҳибкор безор шудагӣ аз ин ғоратгар!
Доим пул мечинад ва аз ҳамин пулхои мардум курсии худро мустаҳкам мекунаду халос.
Мехмондориҳои баҳудаю беҳуда, зиёрати собиқадорон, ятимон ва дигарон -ҳамааш аз киссаи соҳибкори маҳалӣ. Худаш мансабфуруш, алоқаи мустаҳкам бо Озода дорад. Ваъда медиҳаду пул мекашонаду бо мансаб таъмин мекунад. Як писари Раҷаббой дар Маскав взяткаҳоро қабул мекунад. Кораш ҳамин. Доду гирифт ҳамааш дар Маскав мегузарад.
Раҷаббой бо писарони худаш, қудоҳояш бо доруфурушӣ ва майфурушӣ машғул аст.
Як қудояш Ваҳҳобов ном дорад, ки тамоми аптекаю воридоти доруҳо ва лабораторияҳои вилоятро контрол мекунад.
Дигар қудояш Маҷидов аз идораи корхонаи «Апрелевка» пул макидаю дуздида ба Раҷаббой месупорад. Байни худ Маҷидов ва Ваҳҳобов Раҷаббойро “оҳакфуруш” меноманд. Маҷидов ба ҳама борҳо гуфтааст, ки мансаби Раҷаббойро ӯ харида додааст.
Раҷаббой ҳама хоҳарони худ, зан ва зани додарашро бо кор таъмин мекунад. Бесаводон ба мансабҳои баланд ҷойгир шудаги, мудири боғчаву мактабҳо ҳастанд. На илму на таҷрибаи корӣ доранд. Раҷаббой ду зан дорад,аз зани дуюмаш як фарзанд ҳам дорад.
Маҷидов се зан дорад, аз зани якум панҷ фарзанд, аз зани дуюму сеюм шаш фарзанд дорад. Ҳамаи хароҷоти се оилаашро аз Апрелевка ғорат карда мехуронаду мепушонад.
Апрелевка корхонаи давлатӣ мебошад, тули 30 сол ин ғоратгар роҳбарӣ мекунад. Кормандонаш моҳҳо маошашонро гирифта наметавонанд, корхона даромад намегирад, ба ҳамаи дигар шарикон корхонаҳои дигар қарздор аст. Ғорат мекунаду як қисм даромадшро ба Раҷаббой месупорад, дигарашро се оилаи ҳаромашро мепушонаду мехуронад.
Аз пули давлат Маҷидов ресторан пушидагӣ, дачаю коргоҳи боҳашамат дар Душанбе, пулҳояшро дар хориҷа нигоҳ медорад. Писарони Раҷаббой “ланч” гуфтаги бизнес доранду дар он ҷо май мефурӯшанд. Ҳама медонаду чашм мепушанд.
Писари худаш -Баҳодур Маҷидовро ҷонишини директори генералии Апрелевка таъин кардааст. Дар коргоҳи давлатӣ. Агентии коррупсия ба куҷо нигоҳ мекунад?! Падар -директори генералӣ, писар – ҷонишини директори генералӣ. Агар пурсӣ, мегуяд ман аз Президент чи камӣ дорам?
31 август Баҳодур Маҷидов бо мошинаи худ як одамро зер мекунад, он нафар мемурад, вале аслан тафтишот намешавад. Тишина карданд. Ин бача нашъа мекашаду бадахлоқ аст, Одамкуш мебошад. Лекин Раҷаббой рӯпӯш мекунад, барои он ки аз пулҳои Маҷидов вобаста мебошад.
Макони шикоят махфи чунки ҳамеша зери назоратем
Салом бародари азиз.
Шикояти кормандони Агентии Таъминоти Амволи махсӯси назди ҳукумати ҶТ-ро ба самъи Савзаали Назирзода раиси ин кумита расонед мӯҳлати 4-моҳ мешавад маош нест дар сехҳои дӯзандаги, ки ба дӯхтани либосҳои афсарон машғуланд
Аксари дузандагон занҳо ҳастанд намедонанд ба ки шикояти худро кунанд роҳи ҳал танҳо “Ислоҳ” бошад
Илтимос расонед:
Август
Сентябр
Октябр
Ноябр
Декабр ҳам ба охир расид
Аз ҳама мағозаҳо карздор шудем намедонем чи кор кунем.
Савзаали Назирзода Директори агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати ҶТ
Саидзода Бобоҷон Абдуқодир муовини якуми Д.А.Т.А.М назди ҳукумати ҶТ.
Баҳром Давлатзода Раиси сехи дӯзандагии н.Данғара дузди номери-1
Ҳама аз Ғарғараи н.Данғара
Бовар кунед бародар ин се нафар ҳақи афсаронро хурда истодаанд.
Агенти фасодзадатарин сохтор шидаст назорат аз болои ин ниҳод нест. То кай мо ба ин ҳолат сабр кунем?
Ps: Мо чуноне ваъда намуда будем номаҳои расидаро ба ин шакл тақдим менамоем. Бидуни тасарруф ончи омадааст онҳоро тақдим намудем.