Генпрокуратура: «Собир Валиев дар қаллобии беш аз 1млн $ шавҳари духтар холааш муттаҳам мешавад”

Ислоҳ нет

(бахши аввал) 

Собир Валиев, собиқ муовини раҳбари «Гуруҳи 24» ва дар гузашта аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон бар пояи як амри додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе ба ҳабси хонагӣ гирифта шуда ва ҳаққи тарки маҳаллӣ зистро надорад. Мақомоти тафтишот Собир Валиевро бо чанд моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла бо иттиҳоми «қаллобӣ», моддаи 247 ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъа, моддаи 307 муттаҳам кардаанд. Айни замон мурофиаи додгоҳии Собир Валиев ва чанде аз ҳамкорони вай дар додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт идома дорад.

Иттиҳоми  вобаста ба масоили иқтисодиву молиявӣ алайҳи Собир Валиев бар пояи даъвои модари ҳоҷӣ Турсун Халидов, як соҳибкори тоҷик аз Ҳисор, молики ҶДММ «Хушнуд»,ки Собир Валиевро ба тороҷи беш аз 1миллион доллари ширкаташ гунаҳкор мешуморад, зада шудааст. Баҳсу даъвои модари ин соҳибкор бо Собир Валиев, бинобар маълумоти расида ду сол зиёдтар аст идома дорад. Аммо,ин даъво замоне гардиши тоза касб кардаву ба марҳалаи ниҳоӣ наздик мешавад, ки Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмонов қудо мешавад. Бидуни шак, дафъатан ин суол дар зеҳни ҳар яке аз мову шумо пайдо мешавад, ки қудоии Прокурори генералӣ ва Президенти Тоҷикистон ба баҳси як соҳибкор бо Собир Валиев чи иртибот дорад. Пешдоварӣ накунед ва моҷароро аз аввал то ба охир мутолаа кунед.

Хонандаи як каме огоҳ бо ном ва корномаи Собир Валиев, ки дар гузашта дар шумори мухолифони ҳукумат қарор дошт ва дар хориҷ аз ватан ба сар мебурд, ошно аст. Ва инро ҳам медонанд, ки Собир Валиев бар асоси як афве, ки вазорати дохилӣ ва Прокуратураи генералӣ нисбати ӯ дар соли 2020 татбиқ кард, аз мухолифат ба ҳукумат даст кашид ва ба ватан бозгашт.

   Чаро Собир Валиев мамнуъулхуруҷ шудаву дар ҳабси хонагӣ гирифта шудааст?

Вақте Собир Валиев аз хориҷа баргашту омад, яъне афв шуд, ӯро ҳоҷӣ Турсун Халидов, писари Салимбойбачаи ҳисорӣ ба кор гирифт ва маоши муносибе ҳам таъин кард. Сабаби ба коргирии Собир зани ҳоҷӣ Турсун мешавад. Дақиқтараш ҳамсари ҳоҷӣ Турсун духтари холаи Собир Валиев аст. Вақте Собир аз хориҷа меояду чанд вақт бекор мемонад, хонуми ҳоҷӣ Турсун ба шавҳараш мегуяд, ки Собир бизнесмен ва одами бокала ва босавод аст, ба кор гир. Вақте модари Собир, яъне холаи зани ҳоҷӣ Турсун барои ба кор гирифтани ӯ пеши Ҳоҷӣ Турсун меояд, ҳоҷӣ Турсун ба ӯ 3000 доллар туҳфа ҳам карда будааст. Ҳамин тавр Собир дар офиси марказии ширкат, ки дар «Голубой экран»-и Душанбе воқеъ мебошад, ба кор мепардозад. Онҷо як бинои чаҳорқабата аст, ки қароргоҳи ширкати ҳоҷӣ Турсун дар ҳамон бино мебошад. Хуллас, баъди чанде Собирро ҳоҷӣ Турсун дар мақоми директори ширкат таъйин мекунад. Собир давоми чизе бештар аз ним соли кор мебинад, ки даромади ширкат фақат дар Тоҷикистон моҳона 25.000 долларро ташкил медиҳад. Ин миқдори даромад ҷудо аз даромадҳои ин ширкат аз корхонаҳои ин ширкат аст ки дар Хитой, Туркия ва Русия фаъолият мекунанд. Собир дар ҷараёни кор огоҳ мешавад, ки ҳоҷӣ Турсун касе надорад. Як лақайбачаи бесоҳиби бекасу кӯй, аммо соҳиби ширкату корхонаҳо ва пули калон. Собир вақте ба ин ширкат истихдом шуд, ки Салимбойбача, падари ҳоҷӣ Турсун, молики асосии ҶДММ «Хушнуд» тоза аз олам рафтаву ҳоҷӣ Турсун нав дар ширкат ба фаъолият пардохта буд. Таҷриба ҳам надошу малакаи корӣ низ. Барои ҳамин буд, ки дар зудтарин фурсат «подстава» шуд. «Одамон»-и Шоҳрух Сайидов ба мошини ӯ героин гузоштанду ӯро дар роҳи маъруф ба «битонка» дар тарафи «Товус» дастгир карданд. Хуллас, ҳоҷӣ Турсун шишт, дақиқтараш шинониданд.

«Ва ҳамин тавр ширкат ба таври механикӣ ба дасти Собир Валиев ,ки директори он шуда буд, гузашт ва Собир соҳиби он гардид. Дар офис менишаст ва пул бо пойи худаш меомад. Акнун, ки Собир дигар соҳибмулки омму том гардид Некрузи додарарӯсашро, ки солҳо дар муҳоҷират қарор дошт овард ва дар ҷойи худаш директор таъин кард. Табаров Некруз Тағоймуродович. На танҳо додарарӯсаш, балки хеле аз ёру ошноҳояшонро ҳам овард ва ҳатто тамоми ҳайати «охрана»-и офиси ширкатро иваз кард ва ҳамин тавр давоми ду сол мудирияти ширкатро зери даст дошт.»

Ҳоҷӣ Турсун Халидов ҳар чизе аз моли дунё дошт, мерос аз падараш аст. Падари вай Салимбойбача аз фарғонагиҳои Ҳисор аст. Ӯро Салимбойбачаи тоҷикӣ мегуфтанд. Салимбойбача соли 2018 цабл аз дар давраи пандемия вафот мекунад.  Манбаъи дигари мо марги Салимбойбачаро ҳангоми  пандемия гуфтаанд.  Салимбойбача ва ширкати вай солҳои ахир дар Турсунзодаву Ҳисор ва Душанбе «дом» месохт. Вай дар Турсунзода заводи истеҳсоли асфалт-мумбарорӣ, чанд автозаправка, нефтобаза дар мехколоннаи маҳаллаи Зарафшони Душанбе, супермаркети «Файзи Расул» дар 101ум микрорайон ва стоматология-дармонгоҳи дандонпизишкии бузург дошт. Як боғчаи бачагонаи замонавии пулакӣ ҳам дошт. Ҳамчунин вай соҳиби чандин адад бино ва иншоот буд, ки онҳоро ба иҷора дода даромади хуб ба даст меовард. Вай ҳамчунин дар Русия заводи истеҳсоли шифер ё бомпушҳои оҳанӣ дорад. Дар Хитой ва Туркия ҳам корхонаҳои ӯ кор мекунанд.

Собир Валиев дар аввал фурушгоҳи бузурги «Файзи Расул»-и ин ширкатро фурӯхту пули онро дар ҷайби худаш гузошт. Сипас бинои стоматология-дандонпизишкиро ҳам ба савдо заду пули онро ба суди худ сарф кард. Балки рафту аз Дубай ба арзиши 120.000 доллар як АУДИ-А9 и олмонӣ оварду саворӣ карда гашт.

Муборизаи модари ҳоҷӣ Турсун бар зидди Собир Валиев

Модари ҳоҷӣ Турсун, ки ҳама ҳоҷӣ-онааш садо мезананд ва чандин бор ҳам хонаи Худоро тавоф кардааст, тибқи асноди оинномавии ширкат нафари дуввум дар ҳайати муассисони он ба ҳисоб меравад ва ҳақ дорад, ки дар ғиёби раис фаъолияти онро идора ва назорат карда асноди юридикии ширкатро имзо ё рад кунад. Ҳамчунин худи Салимбойбача, яъне шавҳараш барои вай ваколатнома-доверенност ҳам дода будааст, ки метавонад дар умури ширкат дахолат дошта бошад. Чуноне тазаккураш рафт, Собир супермаркети «Файзи Расул» дар микрорайони 101-ро мефурӯшад ва пулашро худаш мегирад. Ҳамин тавр стоматология-дандонпизишкии ширкатро низ мефурӯшад. Ин бинои дандонпизишкӣ иборат аз чанд утоқҳои бузург буда 10 нафар табиб ҳам дар онҷо кор мекард ва соҳиби васоили модерни табобати дандону дандонсозӣ буд. Ҳамчунин чанд иншооте, ки ба иҷора дода будаандро ҳам Собир ба манфиати шахсияш мефурӯшад. Як мошини сабукрави Мерседеси 220-и нави ширкатро ҳам Собир фурӯхта пулашро бар манфиати шахсиаш масраф мекунад.

Модари ҳоҷӣ Турсун ин ҳама вазъиятро мебинад. Мебинад, ки чи тавр моликият ва дору надори шавҳару писараш аз даст рафта истодааст. Вай дигар тоқатро аз даст медиҳад ва муборизаро сар мекунад.

Меравад ба Прокуратураи генералӣ ва бо Юсуф Раҳмон дидору мулоқот карда тамоми моҷароро ҳикоят мекунад ва бо вай ба таври шифоҳӣ қарордод мебандад:

«Ин кӣ аст, ки омадаву моликияти бачаву шавҳари мана мегирад. Вай як коргар буд, аммо ҳоло ҳамаро фурӯхта истодааст». Таҷҳизоту мошинолоти барои «домсоз»-и корхона ва як база-пойгоҳи бузурги дорои таҷҳизоту техникаҳо барои бунёди биноҳои баландошёна, то кранҳои борбардори чандинтоннаӣ ҳама дар пеши назари ҳоҷӣ -она нопадид шудан мегиранд.

Хуллас, ин хонум соли пеш бо Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон ба ин созиш мерасад, ки бар ивази бозгардонидани ширкат аз дасти Собир Валиев ба маблағи 120.000 доллар «хидматона» пардохт кунад. Хуб, дигар фаҳмидем, ки Собир Валиев тайи ду соли ахир, яъне баъди боздошт ва маҳкум ба зиндон шудани ҳоҷӣ Турсун ширкатро тасоҳуб ва даромади онро ба манфиати худ масраф мекард.

«Криша» ё «покровител»-и Собир Валиев, генерал-майор Шоҳрух Саидов, сардори УУР-Раёсати кофтукоби ҷиноии вазорати дохилаи Тоҷикистон ва аз рафиқони наздики Рустами Эмомалӣ мебошад. Шоҳрух Саид на танҳо кришават мекард, балки баъди ба зиндон шинонидани ҳоҷӣ Турсун «доляшарик»-и Собир шуда буд. Аммо, бо ин вуҷуд ки Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ ба ҳоҷӣ она-модари ҳоҷӣ Турсун ваъдаи мусоидат дар бозгардони ширкатро дода буд, бо таваҷҷӯҳ ба онки Шоҳрух дар пушти Собир Валиев ҳамчун кӯҳе побарҷо истодааст, коре аз дасташ барнамеомад. Ба таври фаҳмотар бигӯем он вақт зӯри  Юсуф Раҳмон барои бозгардонидани ширкат ба соҳибаш намерасид. Чун ҷуръат ва ҷасорати онро надошт, ки бо «одам»-и оила, яъне Шоҳрух, ки дар пушти Собир меистад, дасту панҷа нарм кунад, вориди баҳсу даъво бишавад, агарчи мақому мартабае, ки дорад, на инки Шоҳрух, балки вазири дохилӣ-Рамазон Раҳимзодаро ҳам метавонад қонунан «зеру забар» кунад. Вале, Юсуф Раҳмон даст рӯи даст наменишаст. 120.000 доллар ,пули андак набуд, ки ба осонӣ ҳазм бишавад, биноан хапу хомӯш роҷеъ ба «қазия» маълумоту мавод ҷамъ мекарду парвандаи ширкати ҳоҷӣ Турсунро ғафстар мекард.

 «Ва ҳамин тавр Прокурори генералии Тоҷикистон баъд аз онки бо Эмомалӣ Раҳмонов қудо шуд ва «доступи проямой» ба даст овард «делои ҳоҷӣ Турсун» ва ширкати ғасбшудаи ӯро бедор карду бардошту амалиёт ва ҳаракатҳои тафтишотиро оғоз намуд.»

Собир Валиевро барои «допрос» даъват карданд, аммо на як бор. Вақте бори аввал даъват карданд, барояш 6 моҳ фурсат доданд, ки хисороти расида ба ширкатро бозпас баргардонад. Хисороте, ки ба гуфтаи вакили дифоъ ва муҳосибаи анҷомдода,  дар ин ду соли раҳбарӣ Собир Валиев ворид кардааст, болиғ ба1 миллион доллар баровард шудааст. Агарчи Собир Валиев боздошт нашудааст аммо Некруз Табаров, додарарӯси тоҷикии Собир Валиев, ки чуноне гуфтем ӯро Собир баъди маҳкумияти ҳоҷӣ Турсун дар ҷойи худаш директори генералии ширкат таъин карда буд, дастгир шудааст. Ҳамчунин Исматча ва Хуршеди ваҳдатӣ, масъулони ин ширкат дар давраи раисии Собир Валиев низ ҳамроҳ бо ин хусурбачаи ӯ дастгир шуда ва феълан дар боздошт қарор доранд. Барои он додарарӯси тоҷикӣ гуфтем, ки Собир Валиев зани қирғизӣ бо номи Ҷаннат Ҳамзаева ҳам дорад, ки баъди ин моҷаро тарки Тоҷикистон кардааст. Зани тоҷикии Собир Валиев дар Туркия ҳамроҳи волидони Собир ҳастанд.

Модари ҳоҷӣ Турсун ҳоло даводав карда истодааст, ки писарашро аз зиндон барорад. Аммо сахт аз ҳамсари писараш духтар холаи Собир Муниса Раҷабова норозӣ будааст ва намехостааст, ки писараш пас аз озодӣ бо ин хонумаш зиндагонӣ кунад. Агарчӣ ду фарзанди хурдсоли Муҳаммади се сола ва Нурия ду сола дорад. Муниса духтари ҳоҷӣ Маҳмуд аст ва модари Муниса ҳамсари дуввуми ҳоҷӣ Маҳмуд аст. Дар мавриди ҳоҷӣ Маҳмуд ва духтаронаш барномаи муфассале дошта будем,ки бо киҳо ҳамроҳанду ба чи корҳое машғуланд.

«Аммо вай ба ҳоҷӣ Турсун гуфтааст ба шарте мебарорамат, ки ҳамаи хешони занатро аз ширкат берун кунӣ. Ҳамин тариқ шурӯъ аз моҳи март ширкатро модари ҳоҷӣ Турсун идора мекунад. Прокуратура ширкатро аз Собир бозпас гирифта ба ӯ дод. Айни замон яке аз писарони ҳоҷӣ-она, яъне бародари ҳоҷӣ Турсун ҳамроҳ бо модараш ширкатро роҳбарӣ мекунад. «

Асадулло Валиев, падари Собир барои ширкат дар ҷараёни мурофиаи додгоҳии ҳоҷӣ Турсун дар ду соли пеш аз Туркия ба Душанбе меояд. Баёнот медиҳад, ки Салимбойбача-падари ҳоҷӣ Турсун аз ман қарздор аст. Мегӯяд,  ки забонхати Салимбойбачаро дар ин бора дорад. Вале, гуфта мешавад боигарии Салимбойбача ба ҳафт пушташ мерасад ва баъид аст ки аз падари Собир Валиев қарздор бошад. Ин як туҳмат ва офёраи рӯй рост аст,ки хостанд бозӣ кунанд вале ноком шуданд дар ин тарҳи рехтаашон.

Ҳоҷӣ Турсун як бор шаш моҳ шишта баромада буд.

Он вақт, бинобар навиштаи сомонаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон «Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 59-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки дар давоми солҳои 2016 то 2019, дар кӯчаи Пушкини пойтахт марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти М.Ризои шаҳри Ҳисор, ҷойи кораш директори ҶДММ “Хушнуд”, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 70 ҳазору 366-доллари амрикорӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз бинои навсохтмон, воқеъ дар кӯчаи Пушкин хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Инчунин бо ҳамин роҳ номбурда соли 2017, дар кӯчаи Пушкин ба боварии зани 43-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 61 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз бинои навсохтмон, воқеъ дар кӯчаи Пушкин хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.» https://www.vkd.tj/index.php/tj/ruydodho/28518-oshkor-shu4385383

Аммо ҳоҷӣ Турсун бо мусоидати дустонаш ба «посиленка» низоми сукунатӣ мебарояд, вале хонаи худаш намерафт. Дар маҳаллаи 8-марти Душанбе дар назди Донишгоҳи омӯзгорӣ дар як бинои чортабақа хона доштанд, онҷо зиндагӣ мекард. Ҳоҷӣ Турсун бо мусоидати Ҷамшед Ятимови бародари СС.Ятимов ба шароити сукунатӣ баромада буд. Ҷамшед барои ин «кумак» аз ҳоҷӣ Турсун як мошини галендвагени сиёҳ ва  25000(биступанҷ ҳазор)  доллар гирифтааст. Ҷамшед дар мошинбизнес бо ҳоҷӣ Турсун шарик будааст. Аммо дар ин байн, чи хеле гуфтем, ҳоҷӣ Турсун аз маҳбас хонааш рафта меомад. Рӯзҳои шанбеву якшанбе боз маҳбаси Ваҳдат мерафт. Дар боло гуфтем, ки Ҷамшед Ятимов ёрдамаш карда аст. Аммо Собир ва «рафиқонаш» мебинанд, ки ҳоҷӣ Турсунро баровардагианд, боз чи коре мекунанду дубора мешинонанд. Вақте бори аввал мебароранд, Ҷамшед Ятимов чанд бор огоҳ  ва таъкид мекунад, ки «светитса накун, ки боз Собиршон набинан». Ҳоҷӣ Турсун дар меҳмонхонаи Душанбе ҳамроҳи занаш баҷо шуда буданд. Вале диданду дубора шинонданд ӯро.

  «Дар назди зоишгоҳи рақами як, қариби Донишгоҳи славянӣ биноҳое ҳаст, ки бо номи «домҳои сафолӣ» маъруф аст. Онҳоро Салимбойбача сохтааст. Айни ҳамин биноҳоро Салимбойбача дар микрорайони 101 низ бунёд кардааст. Ва бинои боҳашамати супермаркети «Файзи Расул» ҳам дар ҳамин бино воқеъ аст.»

Аммо, чуноне тазаккураш рафт ҳоҷӣ Турсун  бо Собир унс мегирад ва гоҳо бизнес-планҳояшро ҳам бо вай маслиҳат мекунад. Як навбат ӯ мегуяд, ки тамоми аснод ва сармоя ва ҷойи сохти корхонаеро фароҳам кардааст, аммо бояд як пушти боқувват доштан даркор, ки халал нарасонанд. Собир мегӯяд, ки Шоҳрух Саид ёрдам мекунад. Ва ҳамин тавр мераванд назди Шоҳрух ва ҳоҷӣ Турсун аз сохтани як коргоҳи тавлиди қанд дар Ваҳдат суҳбат мекунад. Шоҳрух мегуяд, ки шарик мешавем, фоида 50 бар 50.Аммо ҳоҷӣ Турсун мегуяд, ки 20 ба 80. Азбаски ба мувофақа намераснад, ҳоҷӣ Турсун аз баҳри сохтани ин коргоҳ мебарояд. Собир аз ҳамонҷо мефаҳмад, ки ҳоҷӣ Турсун бесоҳиб ва бекасу куй аст, «криша» надорад. Собир ба Шоҳрух мегуяд, ки вай як лақай аст, ҳиҷ кас надорад, биё молу мулкашро гирему 50 ба 50 кор кунем. Шоҳрух ба Собир мегуяд як бор биёраш ман бинам ки кӣ асту чи аст. Пеши Шоҳрух мебарад ва ҳоҷӣ Турсунро шинос мекунад.Аммо чи хеле фаҳмидем гапзанонашон дар бораи корхонаи қанд  дар тақсими суд намепазад.

Вақте одамҳои Шоҳрух бо либоси мулкӣ ҳоҷӣ Турсунро дар роҳи маъруф ба «битонка»   меқапанд, ҳоҷӣ Турсун дар байни онҳо дар даруни мошин Собирро ҳам мебинад ва ба тарафи вай мегуяд, ки ту номард будаӣ, номардиатро кардӣ.

  «Зани ҳоҷӣ Турсун Муниса духтари хоҳари модари Собир аст. Собир, қабл аз онки мавриди пайгард қарор бигирад, дастгир шуда буд. Мақомот як акси ӯро дар кадом тазоҳуроте, ки дар хориҷа доир шуда буд, дар даст доштанд. Падари Собир барои пушонидани делои ҷиноятӣ 40.000 доллар медиҳад. Аммо Собир ҳарфи падарашро намегирад ва дигарбора фирор мекунад ва бо марҳум ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов ва Гурӯҳи 24 мепайвандад .Вақте марҳум Умаралӣ кушта мешавад, оилаи Собирро аз кишвар фирорӣ медиҳанд. Ҳоло онҳо дар Туркия бо падари Собир зиндагӣ мекунанд. Собир аз зани тоҷикаш се духтар дорад.»

Бинобар маълумоти расида Собирро агарчи афв карданду санади афваш ҳам нашру пахш шуд, дар асл он як коғази беэътибор буд. Чаро ки то ҳамин наздикиҳо Собир паспорташро дар даст надошт. Ҳеҷ санаде ҳам надошт ва берун рафта ҳам наметавонист. Агарчи Собирро афв ҳам карда буданд, ӯ зери назорат қарор дошт. Ӯро оварданд, ки бар зидди мухолифон гап занад, бар зидди онҳое, ки Собир бо онҳо буд. Аммо диданд, ки аз ин кор фоидае накарданд, дигар аз баҳраш баромаданд.

Вақте тафтишоти ширкати ҳоҷӣ Турсун аз тарафи Прокуратураи генералӣ зери контроли мустақими Юсуф Раҳмон шуруъ шуд, Собир назди Шоҳрух Саид меравад. Аммо Шоҳрух , ки аллакай аз ҷараёнот бохабар шуда буд, мегуяд, ки аз ман чизе нахоҳ, ман дар ин корҳо шарик нестам. Зимнан, ин ки Собирро ҳамсинфи Рустами Эмомалӣ мегӯянд, ки ин воқеият надорад. Рустами Эмомалӣ ва Собир ва Шоҳрух Саид ҳамсинф нестанд.  Собир аз Рустами Эмомалӣ хурд аст. Собир синфҳои 10 ва11-ро дар Русия хондааст. Шоҳрух низ дар макатаби 53 нахондааст.

Ҳамин тариқ айни замон Собир ширкатро ба модари ҳоҷӣ Турсун бозпас дод. Ду сол ширкат дар дасташ буд. Ҳоло беш аз як миллион доллар қарздор шудааст. Феълан, чуноне ҳам тазаккураш рафт мурофиаи додгоҳӣ идома дорад. Ва, интизор меравад, ки   ҳоҷӣ Турсун ба эҳтимоли зиёд озод мешавад. Шояд ҷарима бипардозад. Ҳоло ӯро ба унвони тарафи асосии баҳси додгоҳӣ ҳамарӯза ба додгоҳ оварда истодаанд. Парвандаи ҷиноии Собир Валиевро дар КДАМ муфаттише бо номи Фаррух, ки дар утоқи 249 табақаи 2 менишаст, мебурд. Сипас парванда ба милиса ба Шоҳрух Саид, ки ҷараёни бозгашт ва афви Собир Валиевро таҳти контрол дошт, дода мешавад ва аз онҷо ошноии Собир ва Шоҳрух шуруъ мешавад. Шоҳрух, қабл аз бозгашти Собир ба модари Собир ваъда медиҳад, ки писарашро оварад, ҳеҷ гап намешавад. Зимнан пули билети бозгашти Собир ва модари ӯ аз Туркияро ҳам ҳоҷӣ Турсун пардохта будааст.

Аммо Собир ҳар чизеро, ки дошт зуд ба номи модараш «оформит» карда буд дар гузашта ва пас аз омаданаш ҳам ҳамчунин.

Як ҳавлии дуошёна доштанд, ки ба номи модараш кардаанд. Як хонаи дигариашро дар 91 ба номи хоҳараш навишт. Дар ҳоле, ки чанд моҳи пеш дискотека ба дискотека мегашт.

Некрузи додарарӯси Собир хонаи дар 102 микрорайон доштааш ва як мошини барқии Теслаашро ба савдо мондааст. Исматчае, ки пештар аз вай ном бурдем бачаи амакии Собир аст. Исматча аз пушти Собир ба прокуратура меояд, худашро гапзан гирифта аз номи Ҳасан  (Ҳасан Асадуллозода) мегуяд, ки Собирро раҳо кунанд. Худро одами Ҳасан мегирад. Мегуянд, ки хуб, як Ҳасанро пурсем «добро» диҳад сар медиҳем. Ҳасан дастгириаш намекунад ва худи ӯро ҳамонҷо меқапанд.

Собир то ба қарибӣ шиносномаву дигар аснодаш дар дасти худаш набуд. Вақте барои АУДИ Дубай рафт Шоҳрух восита шуд ва шиносномаашро доданд. Аслан Собир Валиев бо Шоҳрух Саидов ба Дубай ба хотири мулоқот бо Шарофиддин Гадоев мераванд ва инҷо чи ҳелаеро мехостанд татбиқ кунанд. Ин кор пас аз омадани Шарофиддин Гадоев аз Душанбе сурат мегирад. Аммо Шарофиддин Гадоев ба Дубай намеравад ва бо ҳамин ин проекташон хунсо мегардад.

Чанде пеш ӯро дар маркази ироаи раводиди Олмон дар Душанбе дидаанд, аммо иллаташ номаълум аст.

Собир Валиев бо мусоидати Шоҳрух Саидов ширкати бузургеро аз соҳибкоре, ки бо худаш хешу таборӣ ҳам дорад, кашида гирифт ва бидуни шубҳа даҳҳо ҳазор доллар ба Шоҳрух ҳам расид. Аммо ҳоло, ки зӯр омад Шоҳрух гуфт,ки «мара қуш накун, ман нестам»..

Поёни бахши аввал, идома дорад….

P.S Худову ростӣ, шахсан Собир Валиевро, на дар Душанбе ва на дар хориҷа мешиносам. То он вақте мубориз ҳам буд бо ӯ боре ҳам суҳбати телефонӣ накардаам. Вақте баргашт дар фейсбук чизе дар посташ навиштам,ки маро блок карда буд.  Ончи ки ҳоло дар бораи ӯ сару садоҳо идома дорад, низ рабте ба ин навиштаи мо надорад. Аммо масъулияти худ медонам, ки ончиро, ки воқеият аст бигӯям. Феълан бо ҳамин нуктаҳо иктифо мекунам. Аммо қазияро пайгирӣ хоҳем кард ва роҷеъ ба онки бо чи асосе ба Собир Валиев аз нав моддаи 307-ро задаанд, таҳқиқотро идома хоҳем дод. Дар ҳар ҳол ҳоло мурофиаи додгоҳӣ идома дорад. Дар мавриди ҷузъиёти писари сеюми ҳоҷӣ она ё додари Ҳоҷӣ Турсун,ки дар Хитой буду ҳамсари хитои дорад ва дар афёраҳо бо Собир Валиев ва Шоҳрух Саид даст дорад ва ду маротиба даъват шудааст , то дар суд иштирок кунад вале иштирок накардааст дар матолиби баъди муфассал онро хоҳем гуфт ва шарҳ медиҳем. Чихел модараш аз ин писараш норозӣ ва мехоҳад барои хиёнатҳои кардааш писарашро зиндонӣ кунад. Чун корҳои кардаи ӯ хело зиёданд дар як матлаб ҳама ҷой намегиранд.

Гуруҳи таҳқиқотии тафтишот андозаи зарари расида ба ширкати ҳоҷӣ Турсунро ниҳоӣ накардааст. Модари ҳоҷӣ Турсун ба Собир, Исмат, Некруз барои даст кашидан аз даъво шартҳои худро гузоштааст. Мунтазири бахши дигар ва таҳқиқотҳои дигари мо бошед….

Share This Article