Аз ҳамон лаҳзаҳои аввали вуқуи ҳодиса «Ислоҳ» бо қотеъият эълон карда буд, ки Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва додараруси Эмомалӣ Раҳмонов кушта шудааст ва азбаски касе ба ҷуз аз худи Эмомалӣ Раҳмонов дар паси ин куштори ваҳшатнок намеистад, ҷасади ӯро баъид аст ки пайдо кунанд. Иллат ва далоили ин куштор дар ду матлаби қаблӣ нишон дода шуда буд ва ҳоло бо гузашти ду ҳафта аз ин ҳодиса тоза Додситонии кулли Тоҷикистон навиштаҳои пешини мо дар мавриди қатли Шӯҳрат Исматуллоевро тасдиқ мекунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамчуноне қаблан низ тазаккур дода будем, аз ҳамон дақоиқи оғоз мақомот ба яқин медонистанд, ки ин мансабдори баландпояи давлатӣ кушта шудааст. Вале мехостанд, то замоне болои ин фоҷиа сарпуш бигзоранд ва кори тафтишу таҳқиқро ба гунае банду баст кунанд, ки он ба пул иртибот дорад. Яъне ин гурӯҳи муташаккили ҷиноии сирфан аз шумори собиқ афсарони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ва танҳо ба манзури ғорати ин бонкири пулдор созмонёфта, фақат бо мақсади ғасбу тасарруфи пул ӯро дуздидаанд. Аммо, мо боз ҳам сари навиштаҳои худ, ки тасмими куштори Шуҳрат Исматуллоев дар сатҳи болотарин гирифта шудааст ва ғасбу тасарруфи маблағҳои ӯ, чи биткоин бошад ,чи доллару евро, ба ҷуз аз ангеза ва омили таҳрики ин гурӯҳ барои иҷрои ин тасмим чизи дигаре нест, истодагарӣ мекунем.
Навори Рустам Ашӯров бозгӯи чист?
Ҳоло биёед бо ҳам ҳамин навори сӯҳбати Рустам Ашӯров аз фурудгоҳи Кишинев бо модарашро як каме ҷиддитар тамошо кунем. Аслан ин навор барои кӣ ва чаро даркор буд ?
Нашри навори Рустам Ашӯров як бори дигар аз он мегуяд, ки ин кор-куштори Шуҳрат Исматуллоев, қабл аз онки ба иҷро дароварда шавад, бисёр ҳам тарҳрезишуда аст. Худи мақомот, минҷумла Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам мегуянд, ки ин гурӯҳ ҳанӯз дар моҳи март мехостанд, ки ба иҷро бирасонанд. Ҳоло додситон мегуяд, ки ин гурӯҳ аз 10 нафар иборат будааст.
Пурсиш ин аст ки ин даҳ нафар ва ҳаракату нишасту бархостҳои онҳо чаро аз моҳи март бо ба охири июн як маротиба ҳам таваҷҷӯҳи сервиси амниятӣ ва умури дохиларо ба худ ҷалб накард? Ё инки баракс гурӯҳе аз мақомот, на фақат собиқадорон бо ин гурӯҳ шариканд ва шояд ҳам ҳамкорӣ ва ҳамроҳӣ доштанд?
Як шабонарӯз дар як деҳа ба унвони гаравгон нигоҳ доштани як нафар мансабдори давлатӣ, агарки аз он деҳа ва аз маъмурони масъулони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ нафарони ҳамроҳ набошад, имкон дорад? Садои ҷеғу фарёди ӯ ҳатман берун мебарояд. Шумори ин қадар зиёди одамони бегона ҳам дар деҳа, хоҳем-нахоҳем боиси шакку гумонҳо мешавад. Ва, мардуми деҳа ҳатмани ҳатман бохабар мешаванд. Махсусан, ки дар баёнияи ахири додситонӣ гуфта мешавад, ки ҷасадро ба мошин бор карда ба он тарафи гарданаи Анзоб, нақбро убур карда, постҳои толлингии ширкати пулчинаки IRS- тай карда, яъне ба ноҳияи Айнӣ бурда ба дарёи Зарафшон партофтаанд. Магар тамоми ин ҳодисаро ҳеҷ касе, ба ҷуз аз худи ин ба гуфтаи мақомот гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ мушоҳида накард,надид? Ҳоло пурсиши дигар ин аст ки мошину дар бағоҷи он ҷасади он бонкир ба дарё афканда шуд, пас худи онҳоеро, ки ин амалиётро ба иҷро расониданд, кадом мошин ва киҳо ба Душанбе оварданд?
Пиёда, ки омада намешавад ва онҳо худи ҳамон шому шаби ин куштор кишварро ба самти Туркия ва Русия тарк кардаанд ва он ҳам аз тариқи фурудгоҳ? Фикр мекунед, ки ҳамаи ин корҳо бидуни мусоидат, ҳамроҳӣ ва кумаки мақомот ва он ҳам мақомоту масъулони баландпоя шуданӣ ҳаст?
Нуктаи бисёр ҳам машкук ва баҳсбарангези дигар ин аст ки Рустам Ашӯров дар он навор мегуяд, ки «дидор дар қиёмат». Магар Рустам, аз куҷо медонист, ки дар ҳамон фурудгоҳ кушта мешавад? Ин имкон вуҷуд дошт, ки ӯро накушанд? Вуҷуд дошт. Масалан чанд тир дар пояш холӣ мекарданду зинда дастгир мекарданд. Ва ё фармон тавре мешуд, ки зинда бигиредаш. Вале Рустам қатъан ва мутмаинан мегуяд, ки вай кушта мешавад. Чаро? Магар нафаре, ки барои пул шуда ин ҷинояти мудҳишро содир кард, роҳи «объезд», роҳи фирорро, ки ақалан барои ду- се моҳ ҳам шуда аз ин пулҳои дуздӣ истифода кунад, фикр намекарду нақшае беҳтар намекашид? Аз куштани Шуҳрат Исматуллоев барои Рустам чи фоида, ки худаш ҳам кушта бишавад?
Ва, дар қисмати дигари суҳбаташ мегуяд, ки Дилшод ҳам худашро мекушад, мемурад, яъне Дилшод ҳам зинда ба даст афтоданӣ нест: «Дилшодро ҳам зинда намегиранд. Ӯ ҳам худашро мекушад». Пас, инҳо аз қабл медонистаанд, ки кушта хоҳанд шуд, ҳадди ақал барои худ ҳамчунин пешомадеро дар назар дошта будаанд, ки мемиранд, кушта мешаванд! Чаро? Дар пушти ин ҳарфу ҳодиса чи метавонад пинҳон шуда бошад? Магар Рустам худашро куштааст? Чаро мегуяд,ки «Ӯ ҳам (мутаваҷҷеҳ бишавед- «ӯ ҳам» мегуяд) худашро мекушад.
Боз ҳам саволи дигаре пеш меояд, ки агар ин ҳодиса «хорошо запланированний» набуд, нафаре, ки дар паҳлуи модари Рустам истодаву ин ҳамаро забт мекунад ва навор мегирад, чаро ин корро кард? Дар ҳоле, ки Рустам аз як ҳодисаи ваҳшатнок гап зада истодааст, аз куштори як нафар гап зада истодааст, «дидор дар қиёмат» гуфта истодааст аз «гулу»-и чи касе кӣ навору забт кардан мегузарад? Хона ва модар дучори мотам шудааст, дар ҳолати шок қарор дорад, фоҷиа аст аммо як нафар аз аъзои ин оила ва ё шояд «меҳмоне» бидуни кадом дарду бидуни кадом даступохурдагӣ «хушру» навор мебардорад? Агар ки аз қабл омодагӣ надошта буд, дар он як ду дақиқаи бисёр ҳам ҳасосу ҳаяҷониву пуртаҳлукву пуризтироб, ки бояд бишинад дар паҳлуи модару бо Рустам ҳарф бизанад, мехезаду «кино» мегирад? Оё ҳамон ҳолату ҳамон вазъ мусоид барои киногирӣ буд? Табъан, ки ин навор тавассути мақомот ва барои табраа кардани қотили воқеӣ ва ба гардани иҷрокунандагон андохтану овехтани ин заказ ба нашр расиду дар дастраси расонаҳо, аз ҷумла «Ислоҳ» қарор дода шуд. Хуб, бигзор, чунин пиндоштем, ки ин наворро мақомот баъди тафтиши манзили зисти Рустам ва суҳбат бо модараш кашф карданд, вале чаро ин «кино»-ро то охирин лаҳзаҳо пинҳон доштанд? Фикр мекунед, ки барои ҳифзи сирри тафтишот? Агар сирри тафтишот буд, аслан нашраш намекарданд. Мақомот бисёр мехосту мехоҳад,ки ин қазия ҳарчи бештар кашол дода шавад,то ба ҳамин осудагиву роҳатӣ аз хотирҳо нопадид бишавад. Барои ҳамин дар нашри навор таъхир карданд. Ин дар ҳоле, ки навор рӯзи 30 июн сабт шудааст вале шоми 7 уми июл ба “Ислоҳ” расид. Пас аз 7 рӯз боре ба ин фикр намудаед? Инчунин аввалин нашри навор ҳам тавассути телеграм канали “Ислоҳ” нашр гардид.
Шумо агар ба саволу ҷавоби Рустам бо модараш мутаваҷҷеҳ бишавед, «як чизҳое» -ро пайхас мекунед, ки дар он лаҳзаву он ҳолат мувофиқат ва мутобиқат намекунанд. Рустам мегуяд, ки ҷасадро дар мошин андохту оварду дар дарёи Варзоб партофт. Аммо чаро ҷустуҷучиҳо ва тафтишот мошин ва ҷасадро дар Зарафшон ҷуста истодаанд? Магар Рустам Ашӯров намедонад, ки Варзоб дигар аст, Зарафшон дигар аст ва барои онки Зарафшон биёяд, бояд туннели «Истиқлол» дар ағбаи Анзобро бигзарад.
Ҳоло имрӯз мақомот маълум кардааст, ки ҳодисаи куштор рӯзи 24-ум соати 3.00 сурат гирифтааст. Ин марди ғайбзада соати 20.10-и рӯзи 23 нопадид шуд. Гуфта будем, ки дар камераҳо аксҳо намоёнанд. Аммо чаро мақомот бо таъхир акси Рустам Ашӯровро пайдо карданд? Мисле, ки ронанда ӯ будааст. Акси ронанда, ки дар камераҳои ширкати пулчинак сабт шудааст. Аз руи қоида ва риволи кор бояд акс ва ному фомили ӯ ба тамоми нуқот ва гузаргоҳҳои марзӣ(КПП) дода мешуданд. Чаро надоданд? Ва, агар аскро доданд, чаро онҳоро боздошт накарданд? Яъне мақомот махсус дастур гирифта буданд, ки муҷриёни асосӣ «ҳуй» хуранд ва чанд нафари дуюмдараҷаро дастгир кунанду сипас дар суроғи он ҳуйхурдаҳо шаванд, то асли қазия берун набарояд?
Дар воқеъ чаро Рустам гуфт, ки Дилшод ҳам зинда намемонад. Чаро Дилшод зинда намемонад?
Як нафар дар навор подсказка карда истодааст, ки бипурс кӣ дар куҷо партофтӣ? Чаро маҳз саволи «дар куҷо партофтӣ» пурсида шуд ва посухи он барои кӣ муҳим аст ва чаро Зарафшон Варзоб гуфта шуд?Бубинед бачааш одам куштааст. Магар мефорад, ки ин суҳбатро ба навор бигирад, умуман дар ин лаҳза наворгирӣ ба кӣ мефорад? Он нафаре, ки «подсказка» дода истодааст, хеле ҳам хунсардона, бетафовутона «строго» гуфта истодааст, ки бипурс «дар куҷо партофта аст». Модараш ҳам ҳама чиро мондаву мепурсад, ки «қати кӣ кардӣ», кадом Дилшод, саволҳое, ки бояд ҷавобҳояш ба мақомот зарур бошандро пурсида истодааст.
Масалан инро напурсид, ки «о, бачам чаро ин корро кардӣ, чаро куштӣ ва ё дар ин қатл ҳамроҳ шудӣ, он одам кӣ буд, ки ҷасадашро ба дарё партофтӣ, барои ту чи кори бад карда буд, ки ӯро куштед? Вале мепурсад,ки «қати кӣ кардӣ»?
Ё худи Рустам ҳам намегуяд, ки дар куҷои дарёи Варзоб ҷасадро партофтааст,мошинро куҷо кардааст? Ба одаме, ки «дидор дар қиёмат» мегуяд ҷойи партофтани мошинро пинҳон намудан чи аҳамият дорад? Инчунин фарзияи дигаре низ вуҷуд дорад,ки навор дар асл бештар аз ин буд ва дар он қисматҳояш маълумот ва зикри номҳо ва заказчикҳо низ вуҷуд доштанд. Аммо барои мақомоти қудратӣ ва заказчикҳо танҳо ҳамин миқдораш лозим буд,ки нашр бишавад.Идомаи навор дар дасти худи заказчики аслӣ қарор дорад ва он намебоист ҳам нашр шавад.
Шоҳрух Саид курсии вазириро «ҳалол» кард
Куштори пурсарусадои Шуҳрат Исматуллоев дар як кишваре, ки тамоми умур дар дасти як нафар ва як Оила қарор дорад, мақомоти амниятиву тафтишотиву интизомӣ, суд ва аҳзобу расона зери итоати ӯст, ҳеҷ садои мухолифе,ҳеҷ неруи оппозитсионие амал намекунад, сару садоҳо ба амал овард. Мақомот ва расонаҳое мисли СССР, ки дар хидмати онҳо қарор дорад, ҳамчуноне гуфтем, талош дорад, ки ин қазияро рабт диҳад ба ғасбу ғорат, яъне барои пул. Аммо, бо ин вуҷуд дар ҷо ҷое, чун маҷбур мешаванд, ишораҳое мармуз карда мешавад. Масалан гуфта истодаанд, ки Шӯҳрат яке аз одамрабоёнро хуб мешинохтааст, ки бидуни кадом муқовимат ба мошини онҳо савор шудааст. Дар ғайри сурат мегуянд, Шуҳрат як варзишкор ва ниҳоят боқувват буд, ки метавонист бо ду се, ҳатто панҷу шаш нафар муқовимат кунад ва ба ин роҳатӣ наметавонистанд, ки ӯро савори мошин куннад ва ҳатман афту дарафт ва задухурд сурат мегирифт, ки сурат нагирифта будааст. Ва, ҳатто гуфта шуд, ки ҳамин нафари шинос, афсари додситонӣ Дилшод Сайидмуродов мулаққаб ба «Красавчик» ва инчунин мулаққаб ба Дилшоди «СБ» будааст. СБ-яъне служба безопасностӣ, ки Дилшод як замон дар ҳамин раёсати ВКД таҳти назорати Анвар Ализода Ҷумъа ва Муҳриддин Пиров, бародари Тоҷиддин Пиров кор карда будааст. Генерал Анварҷон Ализода Ҷумъа ҳоло сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и вазорати дохила аст. Вай қаблан сардори Раёсати амнияти дохилии ин вазорат кор карда ва чандинсол ҳам сардори Дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода будааст. Анвар домоди Ғайбулло Авзалов, собиқ раиси вилояти Хатлон ва яке аз наздикони Эмомалӣ Раҳмонов аст. Барои он дар бора Анвар Ализода як каме бештар гуфтем, ки Дилшоди СБ дар он солҳое, ки зери дасти ӯ кор мекард асосан ба интиқол ва «сопровождений»-и наркотики Тоҷиддин –командир, падарарӯси Исмоили дастбахайр машғул будааст. Ҳар ҳафта барои интиқоли наркотик аз Масковский то ба сарҳади қирғиз дар вилояти Хуҷанд Дилшоди СБ 50 ҳазор мегирифтааст ва ин маблағро бо Анвар ва Муҳриддини муовини Анвар сетақсим мекардаанд. Вай дар кадоме аз амалиётҳо ба дасти кадом гурӯҳи дигар меафтад вале бо мусоидати Анвар Ализода ва Муҳриддин Пиров оозод ва ҳамин тавр аз кор ҳам барканор карда мешавад.
Замоне, ки дар Агентии мубориза бо фасод кор кардааст,бо Фаттоҳ Сайиди падари Шоҳрух Саид «корҳои безеб» мекардааст. Вай аз иҷрои ин «корҳои безеб» хаста мешавад ба ҷонаш мезанад ва дигар аз кор саркашӣ мекунад ва он саркашӣ иллати барканорияш аз он ниҳод мегардад.
Дар додситонӣ дар шуъбаи мубориза бо киберҷиноятҳо ҳамкорӣ кардани ӯ сабаб шудааст, ки Шӯҳратро ба ӯ «заказ» кунанд.
Ҳар се роҳбарони Прокуратура, МВД ва КГБ пурра ва комилан фаҳмиданд, ки ҳодиса аз чи қарор аст. Аммо беш аз ин чизе гуфта наметавонанд. Чунки ба ҳиҷ ваҷҳ Шоҳрух Саид ин корро пеш аз дасти худ ва мустақилона, яъне ба сари худ анҷом надодааст. Ҳатто, то ба ба ин ҳад пеш рафтани Рустам ҳам мутмаин нестанд, ҳануз зуд аст ки ба ин дарозӣ ва ба ин вусъат ҷуръат ва ҷасорат касб карда бошад. Барои ҳамин мемуранду сукут мекунанд. Вагарна….маълумоти мувассақ гирифтанд, ки “бе зарар” гардонии Шӯҳрат Исматуллоев закази худи Раҳмонов аст.
Дуруст дар ҳаминҷо як тасҳеҳ ва раддия ба навиштаи пешина медиҳем. Онгуна ки гуфта шуд, Шӯҳрат ба ҷинси латиф зиёд алоқа нишон намедодааст,сиҳат надоштааст. Шӯҳрат ба ҷуз аз ҳамсари қонунӣ боз ду зани дигар доштааст. Яке як зани регарӣ ва дуввуми як рус, ки гуфта мешавад дар берун аз Тоҷикистон ё дар Русия ва ё дар Дубай зиндагӣ мекардааст. Аммо хонуми регариаш дар Туркия будааст.
Барои ҳамин инҷо ру занонидани масъалаи Зарина- духтари Эмомалӣ Раҳмонов муовини дигари Ҳасан Асадуллозода ҳам шояд ягон сабабе дошта бошад. Мо, наметавонем тасдиқ ва такзиб кунем
Манобеи мо, ки интизор меравад манбаи СССР ҳам бошанд мегуянд, ки Шуҳрат ва Дилшод шинос буданд. Хуб, дафъатан савол пеш меояд,ки чаро Дилшод интихоб шуд? Барои онки суҳбат аз биткоин барояд ва барои онки Дилшод дар ин соҳа мутахассис аст.
Манбаъи мо мегуяд, ки ин ҳодиса зери сари Шоҳрух Сайид аст. Ҳам Дилшод ва ҳам Рустам ва боқии ҳайати ин гурӯҳи муташаккили ҷиноии даҳнафара-«одамрабоён» командаи ташкилдодаи Шоҳрух аст. Ба эҳтимоли зиёд Шоҳрух ваъда кардааст, ки шумо «корро» анҷом диҳед, ҳар қадар,ки битавонед маблағашро бикашеду бигиред ва оқибат бикушед, аммо ман барои шумо ҷиҳати «ҳуй» хурдан ёрӣ мекунам ва то чанд вақти лозимӣ, ки бояд пинҳон шавед аз додани «розиск» пешгирӣ мекунам. Чунки Шоҳрух низ Дилшодро аз хеле вақт пеш мешинохту рафту омади наздик ҳам доштаанд. Шоҳрух Саид наметавонад инкор кунад инро.
Дар баъзе аз маълумотҳои расида аз Қамар Азизови домсози ваҳдатӣ ҳам суҳбат мешавад, ки ҳоло ӯ ба унвони як ҳалқае аз ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дастгир шудааст.Қамари домсоз, мисле, ки аз Шуҳрат Исматуллоев 3 миллион доллар қарздор будааст ва гуё ӯ ба Дилшод ва гурӯҳаш дар бораи Шӯҳрат маълумотҳо медодааст.
Бинобар маълумотҳои ба дасти мо расида ҳоло ду нафар корманди УБОП ва як корманди ОМОН ва нафаре бо номи Раҳмати бетарбия, ки гуфта мешавад соҳиби ресторани Галакси дар Душане ва бародари Абдуллоев Маҳмад муовини зиндони №7 будааст, дастгир шудаанд. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки хоҳарарӯси зани регарии Шуҳрат Исматуллоев, ки як қасри дар Душанбе будаи Шуҳратро фурухтаву қасди рафтан ба Туркия ба назди апааш-яъне зани Шуҳратро доштааст дастгир шудааст.
Хабари дигаре, ки дар иртибот ба ин қазия ба дасти мо расид ин аст ки як пирзани70 -75 сола рӯзи чаҳоршанбе вориди Кишинев барои таҳвил гирифтани ҷасади Рустам Ашӯров шудааст. Вале то рӯзи ҷумъа натавониста будааст,ки ҷасадро бигирад. Аммо, баъдан маълум шуд, ки мақомоти Молдова ҷасади Рустам Ашӯровро таҳвили ин пирзан кардаанд ва бинобар навиштаи расонаҳо тавассути хатсайри Кишинев-Истамбул ва сипас Истамбул –Душанбе ба Тоҷикистон мунтақил шудааст.
Як манбаи наздик ба тафтишот ҳамчунин ба Ислоҳ гуфт, ки маъмурони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар Маскав бо ҳамсари Дилшод Саидмуродов низ вохурда бо вай саволу ҷавоб кардаанд. Вале, он зан, ки гуфта мешавад аз Масчоҳ ё Айнӣ будааст, бисёр ҳам сахт посух додааст, ки «оё агар ин корро шумо анҷом медодед, магар бо занҳоятон маслиҳат мекардед». Дар ҳар сурат мақомоти рус розӣ нашудаанд, ки ин хонумро ба Тоҷикистон экстрадитсия кунанд.
Бо ин ҳама сару садоҳо,мақомот,ҳамчуноне гуфтем,то як сатҳи муайян пеш мераванд,вале аз он гузашта наметавонанд ва ҳақиқати ин моҷаро ошкор карда намешавад.
Дилшод Саидмуродов вақтҳои ахир бо Шоҳрух алоқа ва иртиботи зиёд доштааст. Манбаъи мо гуфт, ки Дилшод ба Шуҳрат аз номи Шоҳрух ва Рустам гап зада ва ӯро ба кадом маҳфиле таклиф кардааст. Манбаъи дигар афзӯд,ки Дилшод рақами Шоҳрухро нишон додааст ба Шуҳрат,ки занг занам гап мезанед пеш аз рафтан ва ё меравем шуморо Шоҳрух интизор аст. Барои ҳамин вай савори мошин шудааст. Ё шояд ҳам, чуноне мардум мегуянд, ин «кашиш»-и аҷал бошад? Ба эҳтимоли зиёд ӯро дар роҳ беҳуш кардаанд.
Вале, бубинед, агар ин одамрабоён барои пул шуда ин корро мекарданд, чаро ба ҳангоми бегоҳ ва аз дари хонааш Шӯҳратро медузданд? Кӣ мегуяд, ки дар соати 8-и шаб Шуҳрат дар ҷайбаш телефони ҳамроҳашро бо худ мегирад? Вақте нақша мекашанд, то ҷузъиёти онро баррасӣ мекунанд. Барои онҳо муҳим буд, ки ноутбук, телефони мобилӣ ва ё планшет дар дасти Шуҳрат бошад, ки ба воситаи он «биткоин»-ҳои ӯро бигиранд. Имкон надорад, ки қасди онҳо пул бошаду дар бораи «қуфлу калид»-телефони мобилӣ, ноутбук ва ё планшет- наандешанд. Пас, чаро онҳо Шуҳратро вақти баромадан аз корхона ва ё вақти рафтан ба коргоҳ нақапиданд вақте қапиданд, ки имкон дошт ҳамин чизҳоро ҳамроҳаш надошт. Ин ҷиҳати бисёр муҳим ҳам далолат бар он мекунад, ки қасди ин одамрабоён на пул, балки куштор буд, кушторе, ки роҳбарии онро Шоҳрух Саид, ба унвони бачахонд ва вазири ояндаи умури дохилаи Эмомалӣ Раҳмонов бар уҳда дошт.
Ин қазия дар сатҳи ҳамин нафароне, ки ному насабашон ошкор шуд ба поён мерасад. Вале мо ҳамоно ба ҳамон версияи худамон, ки дар пушти ин кор худи Эмомалӣ Раҳмонов меистад, пойбанд мемонем.
Дигар яқин Шоҳрух вазир мешавад. Шояд Рустам то анҷоми риёсати феълии Раҳмонов президент нашавад аммо Шоҳрух ба эҳтимоли зиёд қабл аз президентии Рустам вазир бишавад.
Аммо, як масъалаи ҷиддӣ инҷо вуҷуд дорад. Кӣ кафолат медиҳад, ки Дилшод Сайидмуродов мисли Шарофиддин Гадоев навор накардаву дар ҷое пинҳон нанамуда бошад ва дар соати «Х» имкон дорад нашр бишаваду ҳамаро фурӯшад ва на Шоҳрух монаду на Раҳмонов. Ҳарчи шуданаш мумкин аст. Кӣ мегуфт, ки Рустам Ашӯров дақоиқи охири худро ба модараш «кино» мекунад? Ана, барои чи аст, ки Рустам Ашӯров бо изтиробу ҳаяҷон мегуяд, ки Дилшод ҳам «зинда» намемонад….
“Ислоҳ” як пешниҳод ба Дилшод Саидмуродов мекунад. Агар хоста бошад ҳама ончи гузаштро ба навор сабт кунад ва ба “Ислоҳ” фиристад. Мо Аллоҳро шоҳид қарор медиҳем,ки аслан онро нашр накунем,то он рӯзе худаш хоста бошад. Метавонад дар навор қазияро шарҳ диҳаду номҳои закасчикҳои ин қатлро бигуяд,то ҳақиқат ошкор гардад. Бо итминони комил ва қавли мардонагӣ медиҳем,ки ҳаргиз нашр намешавад ва мисли чандин чунин наворҳое доштаамон назди мо маҳфуз мемонад.
P.S Хонандаи азиз!
Бинобар охирин маълумоти фаврии ба мо расида аз чанд манбаъи тафтишот маълум шуд, ки Шӯҳрат Исматуллоевро бо фаҷеътарин усул ва бо сахттарин азобу уқубат ба ҳалокат расонидаанд. Бисёр ҳам бераҳмона, азоб дода куштаанд. Гушҳояшро зинда- зинда мебуранд, сипас бинияшро ҳам ҳамин тавр мебуранд. Чи хеле, ки дар солҳои ҷанги дохилӣ мурдаҳои бачаҳои кулобиро аз Фронти халқӣ кадом гурӯҳҳо ва нафарони дигар гушу бинияшонро бурида мепатофтанду Дар Кулоб мегуфтанд, ки ин корро вовчикҳо аввал дар зинда буданашон гушу бинияшонро бурида баъд парронидагианд. Бубинед, ки вовчикҳо чи хел бераҳму даррандаанд. Агар инҳо ғалаба кунанд ана ҳамин хел корҳо мекунанд гуфта ҳатто дар телевизиони Кулоб нишон медоданд. Инҳо ҳам муовини Ҳасан Асадуллозодаро айнан ҳамин хел азоб дода гушу бинияшро бурида бо корд дар пойҳҳову қуртуқаш зада мисле, ки дар соли 1992-1995 мекарданд ва ӯ аз рафтани хуни зиёд мурдааст. Дар ҳоле ки инҳо аксарияташон кормандони собиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ: Прокуратура, КГБ, МВД ва Агентӣ ҳастанд. Кадрҳои ҳукумати Раҳмонов ва ин шакл ва наҳваи қатл танҳо ва танҳо бо фармони Эмомалӣ Раҳмонов метавонад бошад,ки дар гузашта ҳама аз ин амалкард огоҳии хубе доранд.
Ҳамин манбаъ гуфт,ки дар дасту пойи Шуҳрат Исматуллоев халта баста ва даруни халтаро пур аз санг карда ва бағоҷи мошинро ҳам пур аз сангу рег карда ба дарё андохтаанд. Барои ҳамин дар гумон аст ки ҷасади ӯро битавонанд пайдо кунанд.
Дар мавриди онки тавонистаанд аз Шуҳрат Исматуллоев ва суратҳисобҳои худи ӯ ё аъзои оила пул бикашанд, ҳануз маълумоти мушаххас дар даст надорем. Ҳама шоҳид будем Рустам Ашуров танҳо аз 2500 доллари кисааш мегуяд,ки ин далолат аз чизе нагирифтанро низ мекунад. Аммо,мо ин қазияро дар оянда ҳам таҳқиқ мекунем….