Бег Сабур дар Ғарм боғ бунёд карданист,ки хатари ҷидди ба сокинони се деҳа дорад.

Ислоҳ нет

Бег Сабур бо иншоотҳои нотамомаш дар Душанбе ва Кулоб ба сокинони ғоратшудаи ин ду маъруф аст. Ӯ дар соҳаи алоқа низ бе ҳамто ва сифати алоқа ва интернет пас аз раиси хадамоти алоқа шуданаш дар радаи қафомондатарин кишварҳо қарор дорад, дар китобхони ҳам назире надорад. Ин шахсияти “Дурӯғбузург” тасмим гирифтааст дар Ғарм боғе бунёд кунад, ки авоқиби вахиме ба сокинони поёнбудаи он минтақаро дорад. Мақомот бо диққат хонед ва тасмими хубе ба амалҳои ғаири қонунии ӯ иттихоз намоед.  

 Салом домулло Муҳаммадиқбол!

Мехоҳам  дар бораи афроди мунофиқсифат, ки шумо низ ӯро хуб мешиносед ба лақаби Шайхи фонӣ номаш Давлатхоҷаи Мирзохоҷаи Раштӣ ва бародари вай Ҳоҷӣ Обид  маълумот диҳам. Ҳоҷӣ Обид  ҳоло намояндаи Бег Сабур дар Ғарм  аст.

Ман аз ҷамоати Каланаки Ғарм, аз деҳаи Белгӣ. Инҷо мехоҳам дар бораи    шахсе ба ном Ҳоҷӣ Обид, ки раиси кони Камароб аст ва намояндаи Беги Сабур Ҳоҷӣ Обид  кони ангишти Камаробро аз дасти Мурод, ки бисёр заҳмат кашида буд маҷбурӣ кашида гирифт.

Ҳоло гӯр бар сари ин кон. Бо ин ҳама дорандагиву бойигарӣ тамоми чарогоҳи  мардуми деҳаи Шаҳринавро гирифт. Ҷойҳое, ки мардум алаф медаравиданд, онҳоро ҳам тасоҳуб кард.

Ҳоло гӯр бар сари ҷойҳои алафдаравӣ.

Ҳамонҷо кӯҳе аст бо номи Новод. Болои он куҳ дашт дорад. Онҷоро роҳ зада боғе бунёд кардааст. Аммо онҷо об нест. Қариб 10 километр об мебарорад. Аммо ин об барои се деҳаи пойин таҳдиди бузург дорад. Се деҳаи  Шаҳринаву  Каланаку Белгӣ дар маърази хатари нобудӣ қарор мегиранд. Зеро инҷо камтар об ҷаъм шавад, замини инҷо ковок аст ва кӯҳ меканад. Худову ростӣ касе намедонад, ки барои бунёди ин боғ ва овардани 10 километр об дар як тори куҳ чи қадар «расход» мешавад. Боз гуфта истодаанд, ки дар тори он куҳ барои Бег Сабур қаср бунёд мекардаанд. Аҷабам меояд, ки аз 80.000 Мавлавӣ Абдуллои язғуломӣ ин қадар тарсиданду достон дуруст карданду ҳоло ӯро ба ҳабс гирифтанд,ки ин пулро аз куҷо ёфтааст? Вале инҷо 80,ки 8 миллион доллар зиёд масраф мешавад, касе суроғашро намегирад. Чаро мардуми мо ин қадар беҷуръат шуда бошанд? Ин беҷуръатӣ, беғайратии мо аст ки инҳо ҳар чизе бихоҳанд болои мо анҷом дода истодаанд. Ҳар коре дилашон хоста истодааст бо мо раво медоранд. Бег Сабурро ба куҳҳои мо чи кор? Аллоҳ моро насиби инқилоб кунад. Аммо нафароне мисли Ҳоҷӣ Обиди даюси беномус чӣ?Ӯ ва амсоли ӯ мисли ҳамон хешовандони Раҳмонованд, ки ҷигари мардумро доранд месузонанд. Шояд шахсе аз Навобод пайдо бишаваду ба ин ҳоҷии Обид ва Шайхи фонӣ бифаҳмонад, ки болои халқ то ин андоза зулм накунанд. Ҳеҷ гап не агар як нафар ё чандин нафар ва сокинни ин се деҳа ба Кумитаи замин, ба Идораи экология -муҳити зист ба МЧС ба Идораи хоҷагии ҷангал муроҷиат ва талаб намоянд, ки омӯзанд, ки дар тори куҳе, ки зери он ҳазорҳо нафар зиндагӣ доранд,чаро боғ бунёд мекунанд? Расман ва ошкоро мақомот оянду бубинанду санҷанду хулосаи худро бароваранд. Магар дигарҷоро қаҳт задааст,ки барои Бег Сабур боғ созанд? Чаро дар зогоҳи худаш намесозад?

Бег Сабур бо инки ба Раҳмонов қудо аст гуфта ҷони инсонҳоро таҳти хатар гузорад? Шояд ҳоҷӣ Обидро бародараш,ки мулло аст. Шояд насиҳаташ кунад ва аз ин роҳи бад  баргардонад.

Ps: Ин нома аз сокинони ин минтақа ба “Ислоҳ” расидааст ва масулини марбута диққати ҷиддӣ диҳед ба ин шикоят. Ҳангоме мусибате омад ва ҷони одамонро рабуд дигар ба ҳеҷ ваҷҳе наметавонед бигуед мо мардумро огоҳ карда будем аз инҷо хезед, ки Бег Сабур боғ бунёд мекунад.  Шайхи фонӣ низ дар ин қазия хомӯш набошанд ва бародарашонро аз ин тасмими хато баргардонанд,то сабаби ҳалокати мардумони осоишта нагарданд.

Share This Article