Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №52

Ислоҳ нет

 Ҳар касе, чи мухлису чи ҳаводор ва чи мухолифу бадгӯӣ мо, сомонаи «Ислоҳ» ва барномаҳои телевизионии он ва бахусус суҳбатҳои онлайнии мо тавассути «Минбари муҳоҷир»-ро мутолиа ва тамошо мекунад, агар инсони холису воқеъбин бошад, иқрор ва эътироф мекунад, ки мо дар дигар узви бисёр ҳам маҳбуб ва муҳтарами ҳар як хонаводаи тоҷику тоҷикистонӣ шудаем ва чи дар ватан ва чӣ дар Русия ва кишварҳои дигар моро мебинанд ва боз муштоқи барномаҳои навбатии мо мешаванд.

  Албатта, таҳия ва пешниҳоди ин ҳама номаву матолиб неру ва заҳмати сахт металабад. Мо, ки худро фидои ҳамин масир кардем. Ҳар чи қадар ки шумори тамошобину хонандаамон афзун шавад, бори заҳмати мо, агарчи вазнин аст, ба назарамон сабуктар мешавад. Чун як каме ҳам бошад ба мушкилоти шумо расидагӣ кардем, дарду доғатонро бо ҳам дидем.

  Афзоиши иштироки мақомдорони ноҳияҳо моро, агарчи сақат мегуянду дашному таҳқир мекунанд, моро хурсанд мекунад. Чун илоҷ надоранд, ки ширкат накунанд. Мардум онҳоро танг карда истодаанд ва ҳамин «Ислоҳ» боис шуда истодааст, ки даъвову дархости мардумро ҷавоб бигӯянд.

                            Хуҷанд

 Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман барномаи ахири шуморо тамошо кардам. Писарчаамро беморхона –облболнитса бурдам. Беморхонаи вилоятӣ дар қасабаи 34 ҷойгир шудааст. Аз дари беморхона ворид мешавед, лифт сар мекунад: -1сомонӣ.

Икромов сардухтури глазной аст. Инҷо боз Насимҷон Очилзода ва Мунаввара Маликова духтур мебошанд. Медсестраҳои ин беморхона ягон зарра муомилаи нек надоранд. Як савол доранд:

«пеши кӣ омадед, ҷуред пеши фалончиев мебараматон». Болои касалҳо талош мекунанд, барои пулкоркунӣ. Маро пеши Насимҷон Очилзода бурданд. Чашмонамро дид, гуфт компютер кунед, давленийи зренияашро чен кунед, дору чаконед.

  40 сомонӣ узи, компютер 60 сомонӣ, чен кардани зрений 30 сомонӣ. Ҳисоб кунед, ки аллакай 130 сомонӣ шуд. Қабули духтур 50 сомонӣ, медсестра10 сомонӣ барои даровардан  пеши духтур ва 10 сомонии дигар барои чаконидани дору. Хуллас 200 сомонӣ паропар меравад.

Дар ошёни саввум 4 дорухона ва дар ошёнаи якум 5 дорухона. Ба ҳамааш даромадам. Як дору панҷ хел нарх дорад. Рости гап бо духтурҳо ҷанг кардам. Гуфтам ин беморхонаи давлатӣ аст. Ҳоло касалиро аниқ нокарда-диагноз номонда 200 сомониро гирифтед. Шумо, ки аз давлат маош мегиред. Ин чи бедодгарӣ аст? Ягон чи нагуфтанд. Гуфтанд, ки хоҳар, бо ин маоше, ки мо мегирем аз хона то беморхона омадан пуламон намерасад.

Ман ба худам фикр кардаму гуфтам, ки рост мегуяд. Бояд маошҳои инҳоро давлат боло бардорад. Ҳоло агар ҳаминҳо ҳам корро партофта дигар мамлакатҳо бираванд, мо бе духтур чи кор мекунем. Ин айби давлату давлатдорҳои мо аст ки системаро ин тавр коррпумпированнний кардаанд. Вале аз суи дигар барои мардум биёр ҳам ҷабри бад аст. Одам касал мешавад, пул пайдо намекунад, ки табобат кунад. Ҳоло акнун фикр кунед, ки фарзанди як падару модар бемор шавад, чи кор мекунанд? Дар таги қарз мемонанд. Аммо дар барномаҳои шумо духтурҳо баромад мекунанду шарм нокарда дурӯғ мегуянд,ки ҳама бе пул аст. Охир чаро шарм нокарда дурӯғ мегуед?

               Кулоб

   Салому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз шаҳри Кулоб ҳастам. Мехоҳам як шикоят нисбати «Барқи тоҷик»-и шаҳри Кулоб ба “Ислоҳ” расонам.

 Рӯзи 21 августи соли 2023 нозири барқи ҷамоати Даҳана, деҳаи Хонаобод Зафар   хона ба хона даромада мардуми деҳаро огаҳӣ додааст, ки ҳисобкунаки барқро канда ба корхонаи барқи Кулоб бурда аз сари нав иваз  кунед ва як бора пули барқ ва пули ҳисобкунакро ҳам супоред. Пули ҳисобкунак 120 сомонӣ мебошад. Пули хароҷоти барқ дар як моҳ 100 сомонӣ. Ин ҳисобкунак дар давраи Союз буд. Як вақт омаданду гуфтанд инро аваз кунед:

«Ин ҳисобкунакҳои пешина аст, куҳнаву фарсуда шудагианд. Иваз кунед, хато ҳисоб мекунанд».

  Мо ҳисобкунакҳоро иваз намудем. Дар он вақт ҳисобкунакҳои электроникӣ замонавӣ нархаш 80сомонӣ буд. Харида ва иваз кардем. Аз байн як сол гузашт. Боз аз идораи барқи шаҳри Кулоб зиëда аз 10 нафар бо Зафар, нозири барқи деҳаи Хонаобод омада дар байни аҳолӣ ба истилоҳ «рейд» гузаронданд. Чандин одамро ба маблағи 3 ҳазор – 4 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд. Боз гуфтанд, ки ин счетчик-ҳисобкунакҳоро канед, аз сари нав мисли аввалааш бичаспонед. Мардум гуфт «аввалаша гуфтен инҳо фарсуда шидагиян, инҳо куҳнаҳан, бо ҳозир бошад,мегуед ҳамон хел ҳисобкунаки пештараша бчаспонед, мо ҳайронем».

   Кормандони идораи барқи шаҳри Кулоб гуфтанд, ки ҳозир бо наваш омад. Ба Идораи барқ рафта 130 сомонӣ месупоред, навашро меореду мечаспонед. Вагарна 2000 сомонӣ ҷарима мекунем. Маҷбур рафта сум супоридем ва навашро оварда часпондем. Боз аз байн якним сол гузашт. Имрӯз 21 август 2023. Боз аз Идораи барқи Кулоб ҳамроҳи ҳамон Зафар, нозири барқи деҳаи Хонаободи ҷамоати Даҳана омада мардумро маҷбур доранд, ки аз корхонаи барқи шаҳри Кулоб ба маблағи 120 сомонӣ ҳисобкунаки барқи замонавии электронӣ харед, мо мечаспонем. Ҳақи корамон 50 сомонӣ. Махсусан ҳамин шабу рӯз инҳо мардумро рӯйрост ғорат доранд. Инҳо аз барномаҳои «Ислоҳ» сахт метарсанд. Хеле бо эҳтиёт кор мекунанд. Ҳамин Зафар аввалҳо рӯирост барои пули барқ хонаҳо медаромад. Мардони хона дар мухоҷират, занҳо ҳисобкунакро намефаҳманд, фиребашон мекард. Аз ҳар хонаи бе мард то 50 -60 сомонӣ фиреб мекард. Ҳозир бошад аз барномаҳои шумо метарсад. Бачаҳои деҳа шухиаш кардаанд, ки Зафар ҳозир хело боимон шидаӣ, мардумро ғорат надорӣ. Хандида гуфтааст, ки «ҳозир як сум мегирем номамонро дар “Ислоҳ” мешунавем. Гуфтанд “Ислоҳ” чи аст? Гуфтааст: «рутона сиëҳ мекнен, ҳамат медонӣ “Ислоҳ” чияй, ҳатто занакҳо “Ислоҳ”-ро медонанд. Муҳаммадиқболи Садриддинро бо ному фамилияаш мешиносанш мефурӯшанам, гуфтааст».

                                   Ғарм

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аллоҳи меҳрубон аз шумо розӣ бошад. Ман як сокини ноҳияи Рашт, ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум, деҳаи Шул мебошам.

Шумо худатон медонед, ки Рашт чанд дарё дорад. Аммо сокинон аз об танқисӣ мекашанд. Як сол пеш аҳолӣ тасмим гирифт, ки аз пушти куҳ ба деҳа об оранд. Ва ҷамъоварии маблағ сар шуд. Дар 160.000доллар экскаватор хариданд ва кор шуруъ шуд. Бояд роҳ созем ва бо турба ба деҳа об биёрем. Азбас, ки бисёр маблағ даркор муҳоҷирони бечора ҳам чи қадре тавонистанд маблағ ёрӣ карданд. Аммо боз ҳам кам аст. Вазъияти Русия ба худатон маълум. Дигар муҳочирҳо дасташон намерасад, ки давом диҳанд. Масъули ҷамъоварии маблағ дар Маскав Хуршедшо мебошад. Аллакай бузи ҳаром ба миннати муҳоҷирҳо шуруъ кардаст, ки шумо бе номусҳо барои ободии деҳа саҳм намегузоред. Бародар мо ҳила(базур) оилаҳоямонро мехуронем, кор нест. Аммо ин Хуршедшо бошад муҳоҷирҳои бечораро танқид мекунад, ки маблағро намесупоред. Рохи деҳаро муҳоҷирҳо асфалт карданд, плафон часпондан, лекин свет нест, ки плафонҳояшонро дар гиронанд. Ҳамаро муҳоҷирҳо соз карданд. Ақалан беномусҳо наметавонанд гуфта, ки ҳамаро соз кардем, «хотя би свет тиемон».

   Чоплусҳо раиси ноҳияамонро даъват карда гусфанд куштанд. Шиками ҳаромашро сер карданд. Як ташаккур гуфту рафт. Баъди раис як тоқичадор сухан кард. Номи вай Хуррамшо- муаллим аст, чоплуси тапа тайёр. Пулро муҳоҷирҳо ҷамъ карданд, беномус мегуяд: «бо ташаббуси Ҷаноби олӣ».

Хоҳиши мо аз шумо ин аст ки ба Хуршедшо бирасонед, ки муҳоҷирҳоро бисёр ғам надиҳад. Ҳар кадомеамон шароит доштем, додем. Боз имконият шавад, ҳатман ёрдам мерасонем. Ин деҳаи худи мо аст. Мо ба Хуршедшо пул намедиҳем, барои ободии деҳаи худамон медиҳем. Аммо ҳоло шароит надорем. Ва, ин муаллими чоплус ҳам бояд бифаҳмад, ки бардуруғ лесакӣ накунад. Ҷаноби олӣ барои мо ҳиҷ коре накардааст, ҳеҷ ташаббусе нишон надодааст…

                                         Хуросон

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!

Мо сокинони ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ, деҳаи Ҳалкаҷар ҳастем. Ғиёсиддин Мавлонов раиси маҳаллаамон соли таваллудаш 1981, зодаи ҳамин деҳа аст. Дар аввал инсони хуб буд. Вале баъди бо ҳоҷӣ Азиз (Азиз Соҳибов, бародари Зоир Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов) шинос шудан ва рафту омад кардан бо вай аз худ рафт.6 -то писар дорад, ки синни 2 -тои он ба аскарӣ расидааст. Вале намебаранд. Дар ҳамин даъвати баҳорӣ аз ин маҳалла 6 нафарро бурданд, вале писарони раиси маҳалларо не. Шоймардонов Маҳмадқул акаи Ғиёсиддин мешавад. Падарҳо як вале модарҳо ҷудо. Маҳмадқул ҳам як бузи бешох аст. Дар мактаб завуч-мудири қисми таълим аст. Дар ҳар ҷаласа бачаҳоро таъкид мекунад, ки ба масҷид наравед. Аммо ба ин ҳам дилаш ором намегирад,худаш ба масҷид меояд, ки мабодо бачаҳои мактаб ба масҷид рафта бошанд.

Шояд шумо ҳайрон шавед, ки чаро Ғиёсиддин Мавлонов ва Маҳмадқул Шоймардонов агар бародар бошанд фамилияҳояшон дигар аст. Яъне насабашонро дар назар дорам. Падари онҳо Мирзомиддин ном дошт ва Мирзомиддин ҷурае дошт бо номи Мустафоқул. Ӯ бефарзанд буд. Аз ин ру Маҳмадқулро ба ӯ дода ва фамилияи он мардро гирифта буд. Соли 2012 Мустафоқул вафот кард. Маҳмадқул бошад ду ҳафта панҷшанбегӣ гирифт, ҳафтаи сеюм танзим омада қапид. Ғиёсиддин дар он солҳо ба касе кор надошт. Ба танзим гуфт сад доллар медиҳам, номи бузро ба ман бигу. Танзим бошад не гуфту баромада рафт. Чанд сол пас он танзимро аз кор гирифтанд.

Баъд дар як маъракае мешинанду гап дар бораи Маҳмадқул меравад. Он танзими пешина мегуяд, ки «қандоша бзана,ай рӯйи бузиҳош хела сум кор кадум». Баъд рафиқонаш мегуяд чи хел, рафта худашро ҳам қапидӣ,ку. «Эй, шумо содаен мегуяд. Ӯ худ занг зада гуфт, ки  ҳамаи панҷшанбегӣ кардаҳоро қапида истодаанду маро не. Мардум шубҳа мекунад. Биёед дар пеши ҳамаи мардум маро низ ҷарима кунед. Ҳамин тавр ӯ ҳамаи ҷаримаро дод, мо ай бузҳоямон чи хел ҷарима мегирем».

    Дар тарафи болои деҳа хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз ҷумла заминҳои домулло Зубайдулло Розиқ ҷойгир шудаанд. Ҳамин Ғиёсиддин замини домуллоро аз дасти як коргари амният бо кришагии ҳоҷӣ Азиз Соҳибов кашида гирифт. Дар ҳамин моҳи август Азиз ба хонаи Ғиёсиддин омада буд. Аммо ба чи сабаб номаълум, нафаҳмидем. Ғиёсиддин мошине дорад бо номи Прадо Ланд Крузер. Номери давлатиаш 5555. Дар роҳ ба ГАИҳо манъ намекунад. ГАИҳо ҳам медонанд, ки ҳоҷӣ Азиз Ғиёсиддинро кришагӣ мекунад, манъ намекунанд, газ дода мегузарад, ё агар манъ кунанд ба ГАИҳо сигнал дода мегузарад.

Салмон соли тавалудаш 1991 додари Ғиёсидин дар любой ҷо мегӯяд, ки акаи маро касе чизе бигӯяд ба ҳоҷӣ Азиз занг мезанад, ҳоҷӣ Азиз омада фалон мекунад.

 Баъд бачаҳои круги худашон мегӯяндаш, ки Салмон барои чи вақте ки Ғиёсиддин зан гирифт ё худи ту оиладор шудӣ чаро ҳоҷӣ Азизро нагуфтед, ки биё занҳоямонро фалон кун. Салмон мегӯяд, ки мо занҳои худамонро худамон фалон мекунем, лекин касе моро чизе бигуяд ба фалони ҳоҷӣ Азиз фалонаш мекунем.

 Бародар, аз шумо хоҳиш дорем, ки ин номаро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой дихед ва дар руи ин навор акси ҳоҷӣ Азиз ва ноҳияи Хуросонро гузоред.

                                     Истаравшан

  Асалому алейкум акаи Муҳаммадиқбол. Умедворам сиҳату саломат ҳастед. Мо аз   Истаравшан. Дар бораи мактаб –гимназияи№ 1мегуем. Директори ин мактаб Ашурова Мадина аст. Вай аз кори котибагӣ ба вазифа директорӣ гузашт. Ҳеҷ ҷоро нахондааст. Ин муаллима дағал ва порахур мебошад. Нархи қабул барои синфи 1аз 1000 сомонӣ то 5000 мебошад. «Ин маблағро месупорӣ баъд ба мактаб дохил мешавӣ гуфта аз ҳамаи падару модарони дохилкунанда пул мегирад».

    Баъзеҳо бо қарзу қавола фарзанди худро мехононад то ки оянда бе илм намонад. Лекин дар ин мактаб муаллимаҳои босавод кор намекунанд. Аксарияташон аз котибагӣ ба муаллимагӣ бо дипломҳои сохтаи бо пул харида кор мекунанд. Қариб дар ҳамаи мактабҳои Истаравшан муаллимҳои китобхоначи ва котибаҳои пешина муаллима шуда кор мекунанд. Азбаски маошаши муаллимҳо кам аст аксарият ба Русия рафтаанд.

Айни ҳол дар мактаб муаллимаҳои бо баҳои 2 ва3 тамом карда кор карда истодаанд. Боз рӯирост пул мепурсанд ва таъкид мекунанд, ки ин мактаб ҳамин хел- пул мегирифтагӣ ин аз дигар мактабҳо фарқмекунад, мактаби қиммат.

Ҳоло онки дар ин мактаб муаллимҳои донишманд кор намекунанд. Боз ба болои ин ҳама формаи мактабӣ маҷбурӣ аст. Ва ин формаро ҳам аз бозор намехарӣ, аз ҳамин мактаб мехарӣ. Нархи форма ҳам гарон аст: 300 сомонӣ формаи мактабии синфҳои 1,400сомонӣ барои синфҳои 4 ва 5 мебошад. Имсол барои қабули синфи 1маблағро ба воситаи бонк месупорем. Директор мегуяд, ки ин пулҳо ба худи мактаб сарф мешавад: аз 1000то 5000 сомонӣ ба бонк супорида квитансияашро меорӣ.

Охир ҳама кори мактаб аз рангаш сар карда то столу стулашро худамон мехарем. Ба падару модари бизнесмен фармон медиҳад, ки ин биёру он биёр. Намедонем ин пулҳо куҷо меравад? Ба киссаи худаш 1000 сомонӣ  мегирад. Бо Амонатбонк «ҳамкорӣ» дорад. Ба назар мерасад, ки давлатӣ аст, лекин ҳамаашон ҳамкорӣ доранд. Худашон байнашон пулҳоро тақсим мекунанд. Боз аз як чанд мансабдорони Истаравшанро ба ҷурми ба монанди ливотагӣ қапида буданд. Ҳамаашон бо занҳояшон мерафтаанд Астағфируллоҳ.

Яке аз онҳо Диловар Азимов мебошад, ки директори мактаб- гимназияи №5 буд, ки бо тезӣ рупуш карданд. Агар ин корро каси дигар мекард, мисол сатрпушу ришдор дарав зиндонӣ карда ва дар телевизионҳои Тоҷикистон нишон медоданд ва ана аҳволи ришдору сатрпуш гуфта шарманда карда инҳо террорист гуфта номи намозхонҳоро бад мекард. Аммо аз онки одамони ҳукумат буданд ҳамаро хап кунонданд, лекин ҳамаи одамон медонанд, бохабар ҳастанд. То хол мо раиси шаҳрро намешиносем. Дар даруни шаҳр фақат дар гирду атрофи ҳукумат свет ҳасту тамом. Поёну болои шаҳр, кучаҳо тип –торик, свет надорад.

 Ин раиси шаҳр ақлаш қад намедиҳад то бигӯяд, ки ақалан як лампаро равшан монед, кучахо торик аст. Нагуфту намегуяд. Фақат порахуриву порагириро медонад. Мо бо ин шакли мактабу маориф намедонем, ки ояндаи фарзандонамон чи мешуда бошад. Тамоми талабҳо бесаводанд, саводи кофӣ надоранд. Ҳамин Ашурова Мадина 1 шавҳараш бо ҷурми наркотик дар зиндон шиштааст, ҳоло аз тюрма набаромадааст. Ин шавҳари 2 кардааст. Дар «Минбари муҳоҷир» чанд муаллими чоплуси истаравшанӣ мактабҳо пул намегирад мегуянд. Ҳамааш дуруғ аст. Пул мегиранд. Ҳамин гимназия даромадаш 1000 то 5000 сомонӣ аст. Боз ҳар мох 120 сомонӣ аз сари хонандаҳо мегирад. Ҳатто аз як оила 4 фарзанд хонанд ҳам формаи мактабӣ маҷбурӣ аст, мехаранд, нахоҳӣ аз ин мактаб рав мегуяд.

                            Қумсангир

      Салом бародор Муҳаммадиқбол! Як номаи кутоҳ аз деҳаи Чорум посёлкаи ноҳияи Қумсангир.  

Се- чор сол пеш аз ҳукумат омада асфалтро канда лула-трубаҳои аз давраи Союз мондаро гирифта рафтанд. Асфалтро ба ҳамон ҳолаш партофтанд. Масҷидҳоро маҷбур карданд, ки бачаҳоятонро бигуед аз Русия пул равон кунанд. Хутбахони масҷиди ҷумъахониро он қадар маҷбур мекарданд, ки ҳар рӯзи ҷумъа пул талаб мекард. Маҷбур гап мезад, мефаҳмидем, ки маҷбур мекунанд. Аммо аз халқи камбағал пулро ҷаъм карда роҳро сохтанд. Аз деҳаи дуюм то деҳаи ҳаштум  роҳ сохтанд. Дар се сол пулро ҷамъ карданд. Мо пули бисёр додем, лекин дуздидан пулҳоро. Чанд бор милисаҳои Қумсангир колонкаҳои масҷиди ҷумъахониро дуздидад. Ҳоло ҳар ҷумъа дар пеши мулло се -чор милиса истодагӣ. Агар соат аз як гузарад калонкаҳоро аз тоқ мекананд: бас кун!

                                 Фархор

Салому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ! Додари азиз, ман чандин сол раиси маҳалла шуда кор мекардам. Номам ….аст. Ба 57 даромадам. Дар бораи ҷои зистам, маҳалли корам намехоҳам гап занам. Мехоҳам дар як масъала ба шумо суҳбат кунам. Ин масъала ҳам бошад пулҷамъоварии маҷбурии мо аз мардум аст. Мо мардумро ба таври маданӣ ва аз номи ҳукумат солҳост ғорат карда истодаем. Чанд рӯз пеш раиси ҷамаотамон фарёд карду гуфт, ки ин моҳ бояд

  2 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ кунем. Ман гуфтам мо ойлик надорем, аз куҷо ин қадар пулро ҷамъ кунам? 2 ҳазорро аз бозор, аз мардум ҷамъ кунед мегуфт: 2 бозор ба ту тааллуқ дорад, наход ту 2000 наёбӣ гуфт. 6 раиси маҳалла 12 ҳазор! Ин қадар пулро чи кор мекунед гуфта пурсидам аз раис? Раиси ноҳия талаб мекунад гуфт дар ҷавоб.

Хайр, мо дигар гадо шудем, дигар мардум аз мо безор шуд, бо ҷангу ҷангҷол боз дари хонаҳо рафтем. Охир мардумро гуфтам равед ҷамоат, равед прокуратура даъво кунед, ки раиси маҳалла аз мо пул мегирад. Бовар мекунед ягон кас даъво накард, дилёб нашуд: мо ба ҷамоат корамон меғалтад гуфта касе нарафт.

  Чанд рӯзи пеш «Ахбор»«Озодӣ»-ро гуш кардам. Як раиси маҳалла бидуни онки худро муаррифӣ кунад ва аз кадом ноҳия буданашро ошкор созад, гуфтааст, ки ба гардани ҳар як раиси ҷамоат 500 килоӣ пиставу бодом ва агар пиставу бодом наёбанд 50 ҳазор сомонӣ пул бор кардаанд. Барои онки кадом як чорабинии калон-рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Чимкенти Қазоқистон мешудааст. Ин чи бедодӣ аст? 50 ҳазор сомонӣ шояд маблағи солонаи баъзе аз ҷамоатҳо бошад.Аллоҳ лаънату нафринатон кунад, шумо аз худрафтаҳои масту асластшударо! Ин пулро аз куҷо меёбем? Ягон зарра адлу инсофу имон дар баданатон мондааст.

                            Турсунзода

Салому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман як сокини ноҳияи Турсунзода ҳастам. Мехоҳам ба шумо аз аҳволи ноҳияамон қисса кунам. Шумо медонед, ки дар ноҳияи мо заводи алюминийи тоҷик-Талко фаъолият мекунад. Ман чор сол дар ин корхона кор кардам. Дар он вақт директори завод Ҳомидзода Абдураҳмон буд. Дар ин завод 2 линия –хати таъминоти гилхок-глиназём амал мекунад, ки аз анбор бо насос ба воситаи воздух кашида ба 10 корпус гилхокро тақсим мекард. Дарозии ин линияҳо 1.5-2  километрро ташкил мекунад. Соли 2016-2017 дар заводи кимиёвии Ёвон сехи тавлиди криолит ба роҳ андохтанӣ шуданд. Ин ҳамаро канда ба Ёвон бурданд. Пули материалро ҳамаашро списат карда дар ҷайби худ заданд. Соли 2016 дар завод110 то ванна-дег барои истеҳсоли алюминий аз кадом давлатҳои аврупоӣ қарз гирифта оварданд, барои аз нав барқарор кардани ваннаҳо. Дар ивази ин қарз алюминий ваъда карданд. Аммо дар ваъда истода натавонистанд, алюминий надоданд. Роҳи дигари боз ҳам зиёнбортарро истифода карданд. Штангаҳое, ки дар он анод яъне барои гудохтани алюминий истифода мешуд, ҳамаро об карда ба қарзи гирифташуда доданд.

   Ҳомидзода Абдураҳмон то сари вазифа омаданаш дар деҳаи Қаратоғ як дача дошт. Он дача фақат фундаменташ рехта шуда буд. Пас аз директори завод шуданаш дар тӯли 5 сол дар он дача 64 дар хона пушонд. Боз мегӯянд, ки завод аз ширкати “Барқи тоҷик” қарздор аст. Ин хонаву дача тӯли 5 сол аз ҳисоби кадом пул сохта шуданд?

 Ҳомидзода Абдураҳмон як боғ низ дорад. Дар ин боғ аз даруни ҳамон дачааш як насоси обкашӣ монда аз дарёи Қаратоғ об мекашад. Вақте ки ин насос вайрон мешуд, аз завод слесарҳоро оварда кор мефармуд.

Дар бораи бемористони Қараболои Регар як ду маълумот доданӣ ҳастам.

Онҷо беморхона неву мисли як бонк шудааст. Агар худо накунаду дар онҷо ягон фарзанд ба дунё ояд ба ту аз 1500 то 2000 сомонӣ даркор мешавад. Барои онки тамоми лабораторияҳои ин бемористон дар дасти “Фароз” аст. То гирифтани “Фароз” як анализи хун 10 сомонӣ буд, баъди омадани “Фароз” нархи ин анализ 50 сомонӣ шуд. Ба наздикӣ, дар моҳи май як дӯстам туй кард. Як духтургузарӣ барои навхонадорон 1500 сомонӣ. Ҳамаи анализҳоро дар лабораторияҳои “Фароз” мегузарӣ. Барои ҳамин ин қадар қимат аст.

Дар солҳои 2010-2015 дар як ноҳияи мо аз 10 оила қариб 2-3 оила дар Русия буд. Ҳозир бошад дар ноҳия аз ҳар оила 2-3 кас дар Русия аст. Бовар кунед бародар дар ноҳия мардум хонахез, оилавӣ ба воситаи программаи переселения ба Русия рафта истодаанд.

 Ба наздики Тоҷикистон рафта будам. Дар ноҳия фақат одамони калонсолу мусафедҳо мондаанду ҷавонҳоро хеле кам мебинӣ. Дар заводи алюминий то соли2018 8000 нафар кор мекард. Ҳозир 1000 нафар ҳам кор намекунад.

  Раҳмонов дар ҳар баромадаш худашро лоф мезанад, ки чи қадар ҷойҳои корӣ муҳайё кард. Кадом ҷойи корӣ ин ҷаноб сохта бошад, ки дар ноҳияи мо ҷойи кории будагиро ҳам барҳам дод.

Ҳоло дар бораи дачаҳои деҳаи Қаратоғ мегуям. Дар Қаратоғ зиёда аз 30то дача ҳаст. Бовар кунед, кадом дачае наравӣ, аз они бачаҳои Эмомалӣ Раҳмонов.

Садриддин Шарипов, директори пешини Талко, ҳоло депутати халқи ноҳия дар Қаратоғ як дача дошт. Номи дачааш Чомоқзор буд. Ҳамин дачаро аз дасти ӯ кашида гирифтанд. Нархи дача аз 1 миллион доллар зиёд буд. 50.000 додаанду гирифтаанд. Ҳозир дар онҷо боз «стройка» рафта истодааст.

Боз як дачаи дигар буд бо номи Қазоқон. Онро ҳам кашида гирифтанд. Ин дачаи Қазоқон бисёр ҳам ободу зебо буд. Баъд аз инҳо гирифтан онро бо экскаватор зада чапа ва ба хок яксон карданд. Маълум нест, ки ин гушнаҳои нодида кай сер мешуда бошанд? Дар як Қаратоғ 6 адад дачаҳои одамҳоро ба зӯрӣ кашида гирифтанд.

                                 Шаҳритус

   Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳ, акаи Мухаммадиқбол! Аз ноҳияи Шаҳритус, аз деҳаи Айвоҷ менависам. Бигзор номам махфӣ бошад. Барои онки аз хонаводаҳоям хавотир мешавам, шояд зулм кунанд. 

Дар деҳаи Айвоҷ мардум об надорад, на барои зироат не оби ошомиданӣ. Мардум барои истеъмол оби зери заминӣ истифода мебарад. Сокинони деҳа, муҳоҷирон дар интернет, дар ватсап группа кушода маблағ ҷамъоварӣ карда бояд аз дарёи Кофарниҳон об бароранд.

  Як сол мешавад маблағ ҷамъоварӣ мекунад аммо сумашон намерасад, то ки ба деҳа об бароранд. Халқ бе об. Аз бозе, ки ман худамро мешиносам дар деҳа об нест. Муҳоҷир сум ҷамъ карда истодааст, муҳоҷир об бароварда истодааст, муҳоҷир ба оилаҳои камбағал дасти ёрӣ дароз карда истодааст, муҳоҷир ба оилаҳои маъюб хона карда истодааст, муҳоҷир ба ятимон нону об ва пушокаи мактабӣ таъмин карда истодааст. Дар ин ҳолат давлат чи кор мекунад, президент чи кор мекунад? Ин хел президент на…й нужен ба мо? Худо бигирад ин Ҷанобу бачаву авлодашро, ки бо як намуд мошинҳое мегарданд, ки пули яктои онҳо ду-се насос мешавад. Мошинҳои таги пойи Муҳиби номард бошаму зинда бошами додараруси Раҳмоновро бинед, даҳонатон воз мемонад. Инҳо на одамият, на инсоф, на диёнат доранд. Худи ҳамин Ҷаноб дар деҳа 1 ё 2 насос монад, дев дар банди дилаш мезанад? Худоё тезтар дев дар банди дилаш занад. На савобро андеша мекунанду на як кори хайрро.

  Валлоҳӣ қасам дар деҳа об нест. Фаромуш кардам бигӯям, ки ин муҳоҷирҳо ҳастанд, ки ҳар сол барои таъмири мактаб пул роҳӣ мекунанд, беморхона таъмир мекунанд.

   Аз оилаи мо 5 нафар дар мактаб мехондем. Пули як китоб 10 сомонӣ. Ин нархи арзонтарин. Ба як талаба 10 китоб медоданд. 10 китоб 100 сомонӣ мешавад. Ин нархҳо дар соли 2020-2021 буд. Ҳозираашро намедонам. Акнун бубинед, ки оилаи мо фақат барои китоб бояд панҷсад сум бидиҳад. Аз маориф газета меоварданд. Барои як синф 5 нусха медоданд. Сари ҳар як талба 12 сомонӣ ҷамъ мекарданд. Пули таъмири мактаб сари ҳар хонанда 20 сомонӣ ҷамъ мекраданд. Ҳамаи инҳоро ҳисоб кунед, ки агар дар як хона панҷ талабаи мактабрав дошта бошад, чи қадар мешавад?

 Вале охири сол беруни бинои мактабро бо оҳак як сафед мекарданду бо ҳамин тамом. Гуё мактабро таъмир карданд. Боз дар моҳи январ мо ҳамсинфон сум ҷамъ карда синфхонаи худамонро таъмир ва рангу бор мекардем.

  Ман ҳайронам, ки ин қадар пулро боз бо кадом рӯ аз ҳисоби давлат «списат» карда мехуранд. Ман муҳоҷир шуда баъд ба қадри сум расидам. Барои мо Эмомтапак ва ҳукумати дуздаш даркор нест.     

Share This Article