Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ»! Сипоси фаровон, ки ҳамкории шумо бо мо рӯзбарӯз меафзояд. Албатта, ки мо ҷузъи шумо ҳастем ва чун ҷузъи шумоем, дарди шумо дарди мо аст. Ҳар қадар, ки ҳамкории мову шумо тақвият ва таҳким меёбад ин режими зидди миллӣ ва зидди мардумӣ ошуфта мешавад, даступо гум мекунад. Чун мову шумо ҷиноёту гуноҳҳои инҳоро ошкоро бар рухашон мекашем ва водор менамоем, ки ба мушкилоти мардум расидагӣ кунанд.
Ба ҳамин хотир аз шумо хоҳиш мекунем, ки роҷеъ ба масоили хусусӣ барои мо нома ирсол накунед. Масъала ва мушкилотеро матраҳ ва ошкор кунед, ки ба мақомот чи дар марказ ва чи дар навоҳӣ марбут аст. Инки шумо бо ҳамсояатон мушкил доред ва ё масоили амсоли ин хусусиро нафиристед.
Хоҳиши дигар ин аст ки бо ҳуруфи калон нанависед. Инчунин дар варақ навишта ва акси онро ҳам нафиристед,ки хело заҳмати зиёде дорад навиштани он нома ва нашри он. Инчунин “скриншот” гоҳо акс мегиранд навиштаеро ва ба мо ирсол мекунанд,ки ин ҳам хело заҳмат дорад навиштани он бароямон. Мо қабл аз барномаи видеои кардан матлаб дар пойгоҳи “Ислоҳ.нет” нашр мешавад ва сипас навор мешавад. Ҳадди ақал ин ҳолатҳоро риоят кунед,то вақти зиёдеро дар бар нагиранд. Номаҳое муфассал ва пурра бошанд онҳоро омодаем алоҳида нашр намоем. Ва ҳоло нашри навбатии «Номаҳо….» пешкашатон мешавад
Ваҳдат
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Дар бораи Сайфиддин Камолзода, раиси Суди ноҳияи Ваҳдат як мақолаи хеле хуб чоп намудед. Мехоҳам дар бораи баъзе аз ҷиноятҳои ин раиси суд ба шумо маълумот диҳам. Як муовин дорад номаш Олим Раҳмонзода аст. Бачаи Олим Бахтовар шофёри Сайфиддин Камолзода аст. Солҳои пеш, пеш аз омадани Камолзода ба суди Ваҳдат акои ҳамин Олим Раҳмонзода раиси суди шаҳри мо буд.
Сайфиддин Камолзода Исмон дар Данғара саисхонаи калон дорад. Як қисм аспҳои Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистонро дар онҷо нигоҳубин мекунад.
Бинои суди Ваҳдат аз куҳнатарин биноҳои маъмурӣ дар Ваҳдат аст. Аммо дар ин бинои куҳна ваннаву туалет ва як утоқи хоби олӣ дуруст кардаанд. Ин ҷо ҷойи айшу майишати раиси суд аст. Сайфиддин Камолзода дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Вай ду одами мавриди боварӣ ва наздик дорад. Ва пулҳои пораро тавассути ҳамин ду нафар:- Олими муовинаш ва як судяи дигар бо номи Шоҳин мегирад. Хонаи Олим дар назди қасри фарҳанг аст. Пиёда кор меояду пиёда меравад. Хонааш дар назди 9этажкаҳо аст. Як котеҷи хушру дорад.
Дар суди Ваҳдат ду нафар бо номи Акмал кор мекунанд. Яке аз онҳо барои прававу алимент бештар кор мекунад. Се духтар аз шавҳарҳояшон ҷудо мешаванд. Барои алимент мераванд. Ставка мондагианд. Агар хоҳӣ алименти сад сомонӣ гирӣ 5000сомонӣ медиҳӣ, агар хоҳӣ алименти 180 сомонӣ 10 000 сомонӣ. Ягон кори ягон кас бепул ва бедоговор буд намешавад. Барои ҷудошавии оилаҳо ҳам ставка муқаррар карда шудааст. Аз духтарҳои безеб конкретно пул вале аз духтарҳои зебо бар замми пул боз ҳамхобагӣ талаб ва тамаъ карда мешавад. Ҳатман бо яке аз ин ҷудомешуда ва ё алиментмепурсидаҳо мегарданд.
Акмали ғафс инсони хуб, пулро мегирад корро буд мекунад. Фамилияаш Тиллоев аз Сари чашмаи Ваҳдат аст. Хусураш ҳамсояашон аст. Дар Краснодар. Шамс Имомов, шояд 50-сола бошад. Онҷо посредникӣ мекрад. Аз мардум беҳад қарздор аст. Аз тамоми зот қарздор аст. Документ мекунам гуфта садҳазору дусадҳазори одамҳоро гирифта кидат кардагӣ аст. Як хусурбачаи Акмал дар Файзобод муфаттиш буд. Ду сол суд шуд. Бо пора ба даст афтод. Соли пеш озод шуд. Худи Акмал соли таваллудаш 1989 аст ва дар кабинети панҷум мешинад.
Акмали хароб бизнеси мошин дорад. Дар Чиртаки Ваҳдат нуқтаи фуруши маводди сухт-автозаправка дорад. Вай дар шаҳри Душанбе ҳам кор мекунад. Инҳо ҳам доляро ҷамъ карда ба раис бурда медиҳанд. Сайфиддин Камолзода Прадои 1 дорад, ки мудом дар даруни ҳавлии суд аст.
Дар як рӯз бо се номер мегардад. Се ҷо равад се номер мезанад. Дар як Прадо се номер дорад. Рӯзҳои шанбеву бозор бо Ренҷровер мегардад. Открито ва нагло мегуяд бедоговор коратон буд намешавад. Агар хоҳед, ки коратонро буд кунам, договор бояд кунед. Мисли ҳофизе, ки туй меояд, договор мекунад.
Кришааш Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон аст. Хонааш дар Данғара мебошад.
Соли гузашта барои санҷиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз Душанбе рейд гузаронида шуд Раиси суди Ваҳдат бо ҳар баҳона ду ҳафа кор накард. Руирост гуфт, ки обрӯ як чизе ҳаст, ки зарра зарра ҷамъ мекунӣ, нашавад, ки онро аз даст бидиҳӣ. «Ҳоло наоед, назди ман. Ман худам мегуям, ки кай оед». Мақсадаш ин тафтиш тамом шавад баъд бизнесро сар мекунам бо договор бо кор афтодаҳо.
Дар давоми ҳамон ду ҳафтаи рейд, бовар кунед мо дар як Ваҳдати дигар зиндагӣ кардем. Он шабурӯзҳо ҳатто духтур мерафтӣ пул намегирифтанд. Аммо ҳозир бирав ҳтман барои як анализ 80 сомониатро мегиранд. ГАИишникҳо манъ мекарданд, пул намегирифтанд. Ҳозир любойяш меқапад 20 сомониатро мегирад. 20 сомонӣ надодӣ моддаи 510 мезанандат. Яъне бе гирифтани литсензия одам мекашонӣ. Ҷарима аз 700 то 1200 сомонӣ.
Сайфиддин Камолзода аз соли 2015 ба ин су дар Ваҳдат раиси суд аст. Пули маҳшар кор кард. Шайтонро дарс медиҳад. Бо хандаву хуш омадиву хушгуӣ, мисли Ғарибшо аст. Ҳамчунон пулатро мегирад, ки хабар намешавӣ.
Вахш
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин маълумотро аз ноҳияи Вахш, аз деҳаи Пункут дар бораи Шокири заправчик мефиристам.
Ин бузи гарении амният чанде пеш дар «Минбари муҳоҷир» баромада гап зад. Тамоми рӯз ва як умр наша мекашад. Ҳама милисаҳо медонанд, ки вай як нашъаманд аст.
4 ё 5 сол пеш дар қишлоқи поёни Багара мурданак бангро мезанад. Вақти аз он тараф баргаштан, байни қишлоқи Пункут ва қишлоқи Багара қишлоқи Занҷир воқеъ аст. Дар ҳамон қишлоқ бо мошини Опели дути тез меояду мепарад ва ду дарахти тутро чапа карда дар даруни ҷубор чапа мешавад мошинаш. Охир, Қурбони бех барои буридани як тут 1000 сомонӣ ҷарима мекунад.
Аммо барои чи Шокирро ҷарима накард. Бачаҳо ба Шокир гуфтанд, ки дарахтҳои тутро зуд якнима кардан даркор, ки раис ҷарима мекунад, Шокир гуфт «ма зани раиста фалон кардам».Яъне зани Қурбони бехи раисро дашном кард. Ин чоплусҳо мегуянд, ки свет ҳаст.
Валлоҳ қасам дар Вахш свет фақат дар хонаи Қурбони бех ва дар коллеҷи ӯ ҳасту тамом. Аммо, бовар кунед, бародар Муҳаммадиқбол, ки ин коллеҷ як коллеҷе аст, ки дар он ҳаромиву фоҳишагӣ дар авҷи аъло аст. Бародар, агар ин номаро нашр намоед, боз хабару маълумотҳои зиёде дорам, ки бо камоли майл ба «Ислоҳ» мефиристам.
Рашт
Асcалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Умедворем сиҳатиатон хуб бошад. Аз Аллоҳ тансиҳатӣ ва умри дарози шуморо хоҳиш дорем.
Бароятон аз зулму ҷиноятҳои раиси ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт, Қаландаров Маҳмадраҷаб Додович менависем. Қаландаров Маҳмадраҷаб аз рӯзе, ки аз ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода ба ҷамоати шаҳраки Навобод омад, гуё, ки азоби Аллоҳ ба болои мардуми шаҳраки Навобод омада бошад. Қаландаров Маҳмадраҷаб бисёр ба мардуми шаҳрак зулм мекунад. Бо ҳар гуна баҳона аз мардум пул мегирад. Мардум ҷои партофтани партов надорад. Партовҳои худро бо мошинҳои шахсии худ бурда ба лаби Сурхоб мепартоянд, аммо Қаландаров Муҳаммадраҷаб ҳармоҳ аз мардум пули партов талаб мекунад.
Мардум мегӯянд: «раис шаҳрак ягон ҷои партовпартоӣ ва мошини партовкашон надорад, мо чаро пул диҳем? Раис мегӯяд шумо табиат ва боду ҳаворо вайрон мекунед, бояд пул диҳед, пул намедодагита фалон мекнм фалони зано».
Шаҳрак об ҳам надорад, лулаҳои дар замони шуравӣ хобонида шуда ҳар замистон ях карда мекафанд, мардум бо ҳоли зор аз лаби дарёҳо об мебаранд, лулаҳо ҳам аз пули муҳоҷирон таъмир мешаванд. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Қаландаров Муҳаммадраҷаб дар як моҳ 2 бор пул ҷаъмкунакҳояшро ба дари хонаҳои мардум мефиристад. Агар пули об надодӣ, светатро мебуранд. Ҳамин як ду ҳафта пеш ҳавзи сароби Навобод, ки дар деҳаи Санги кар ҷойгир аст ва аз он ҳавз бо трубаҳои шикаставу даридаи замони шуравӣ об ба пулдорҳои шаҳрак ҷорӣ мешавад, он ҳавз кафида вайрон шуд.
Қаландаров Муҳаммадраҷаб дарҳол аз тариқи гурӯҳи ташкил додааш бо ҳамроҳии Абдулҳанон Умаров дар Ватсап аз муҳоҷирони бадбахт ва бечораи мазлум, талаби ҷамъоварии пул кард. Пулро гирифтанд, вале обро халқи бечораи заҳмат каш таъмир кард. Ҳамин тариқ Қаландаров Муҳаммадраҷаб, бачаи Доди 20 гулака, ки ин оиларо дар шаҳрак бо ҳамин ном мешиносанд (Доди 20 гулака) 3 моҳи пеш дар ҳамон гурӯҳи ташкилдодаашон номи гуруҳ (Навободи ман ) дар Ватсап аз муҳоҷирони меҳнатӣ 20 ҳазор сомонӣ ҷамъ карданд, барои харидории мошини оташнишонӣ (пожар). Муҳоҷирон ин маблағро ҷамъоварӣ карданд, бар зиёд. Дар картаи Абдулҳанон Умаров мардумро бо ҳамин роҳ фиреб карда на мошини пожар хариданд на ягон чизи дигар. Пулро ба ҷайбҳои худ заданд.
Қаландаров Муҳаммадраҷаб бо амниятиҳо маслиҳат карда падару модарҳое, ки писаронашон ба синни хидмат расидаанд ба онҳо мефрушад ва амниятиҳои золим ба падару модарон зулм мекунанд. Аллоҳ хорашон кунад. Падару модароне, ки писарони сини сарбозиашон дар Русия аст, ҳарруз онҳоро ба амният фарёд карда мегуянд, ки писаронатонро биёред. Падару модаронро лату куб ҳам мекунанд, ё писаратро аз Русия оварда ба хизмат равон мекунӣ ё 15 ҳазор сомонӣ медиҳӣ, шарт мегузоранд мегуянд амниятиҳо.
Қаландаров Муҳаммадраҷаб бошад ба падару модарон мегӯяд ё 10 ҳазор сомони медиҳед, ё коратон ба амният мезанад, ба амният, ки зад онҷо фалонатон мекунанд. Хубаш ба ман 10 ҳазор сомонӣ диҳед, ҷонатон халос, боз то призиви дигар.
Писари Қаландаров Муҳаммадраҷаб дар суди ноҳия кор мекунад. Кори ӯ ҳам пора гирифтан ва зулм ба мардуми мазлум аст. Қаландаров Муҳаммадраҷаб ҷамоат медарояд, ҳатто салом намекунад бо ҳеҷ кас.
Дар номаи дигар насиб бошад ҷиноятҳои Қаландаров Муҳаммадраҷабро дар замони дар амният коркарданаш менависем. Дар бораи зулму ҷиноятҳои додараш Қаландаров Сорбон, ки дар милитсия шаҳраки Навобод кор кард, ҳам менависем.
Фархор
Ман аз ҷамоати деҳоти Ғайрати Фархор ҳастам. Инҷо як нафаре ҳаст бо ному насаби онро Сайбурҳон Ибодов, ки бо мардум зулм мекунад. Вай ягон ҷо кор намекунад. Аммо писари калониаш дар Идораи андоз кор мекунад. Аз халқ андози замин мегирад. Аммо ду моҳ аз байн мегузарад аз налоги Фархор меоянду мегуянд, ки шумо андози заминро супоридагӣ нестед. Ман шахсан пурсупос кардам, маълум шуд, ки ин ноинсофи фиребгар пули андози замини мардумро насупоридаст.
Ин беинсоф боз бо коргарони военкомат-комиссариати ҳарбии ноҳия кор мекунад
Бачаҳои сини даъватиро ба онҳо мефурушад. Аммо писари худашро хизмат намефиристад. Боз як рӯз ба мардум гуфт,ки пул ҷамъоварӣ кунем, ман бароятон дар ду моҳ об бароварда медиҳам.
Лекин 3 сол мешавад он обро набаровардааст. Бадбахт, он сумро гирифта ба писари саввумиаш як мошини пеши пешро харида дод. Писари дуввумиаш дар фурудгоҳ кор мекард. Мегуфтанд, ки лётчик аст. Ҳатто нишастгоҳ-сиденияи самолётро дуздида овардааст. Чаро мақомот онро аҳамият намедиҳад.
Вақте аз «помош» ягон чиз биояд ба кудакҳои худаш тақсим мекунад. Мебинад агар ягон одами ҷангҷолӣ бошад, каме аз он помош медиҳанду хап медоронад..Ин Сайбурҳон касбаш зоотехник-духтури ҳайвонот аст, аммо дар ҳар кори деҳа нахуди пеши қошуқ мешавад.
Чоркуҳ
Ассалому алейкум домулло Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман мехоҳам дар бораи амниятиҳо, ки имрузҳо аз “Ислоҳ” сахт тарсида истодаанд ва аз имоми масҷиди ҷомеаи хоҷа устоди Валӣ (пеш бо номи масҷиди қорӣ Ҳодӣ мегуфтанд) ва имомхатиби ноҳия домулло Насрулло аз деҳаи Сурх бигуям. Амниятиҳо имрӯзҳо ба тамоми хонаҳои Чоркуҳ ва Сароб ( Найман) даромада кофтукоб доранд, ки касе бо «Ислоҳ» ҳамкорӣ карда истода бошад ёбанду баранду тюрма кунанд.
Аммо алҳамдулиллоҳ, ки ба ин мақсадашон нарасида истодаанд. Масҷидҳоро маҳкам мекунанду пул талаб мекунанд. Халқ пулро ҷамъ мекунаду медиҳад барои масҷидро кушодан. Пулро мегиранду мекушоянд вале боз кадом вақте пул форидашон масҷидро маҳкам мекунанд. Масҷидкушоӣ барояшон як даромад шудааст. Ё зани сатрдор ё марди ришдорро меқапанду пул мегиранду ҷавоб медиҳанд.
Начальник паспортный стол-сардори мизи шиносномадиҳии Чоркуҳ Нурулло буд. Барои паспорти тағои духтарамро гирифтан рафтам. Гуфт, ки паспорт ҳоло омода нест, пас аз як моҳ биё ва боз гуфт 200 сомонӣ деҳ баъд аз 5 рӯз мегирӣ. Вақте ман сумро додам ғаладони мизашро кушоду паспортро дод. Ман гуфтам чаро паспорт тайёр будасту надодӣ? Ман тамоми маблағашро супорида будам, ту боз пул гирифтӣ? Гуфт паспортро гирифтӣ, дар дастат аст, бзан брав, риш дорӣ боз проблемат накунам. Инҳо то ин дараҷа ҳаромхуранд .
Имоми масҷиди қорӣ Ҳодӣ Рақиб аст. Ба Худо қасам амри маъруф намекунад, ягон бор паёмбар (с.а.в) –ро пешвоямон намегуяд. Аммо Эмомтапакро пешвоямон гуфта обу адо мешавад. Ба ҷои амри маъруф факат пешво мегуяд.
Маблағе, ки барои ободонии масҷид ҷамъ мешавад бо сардори милисаи Чоркуҳ тақсим мекунаду мегирад. Ин мунофиқ аст, мулло нест. Наход дар минбари паёмбар ягон бор паёмбарро пешво нагуиву ин Эмомтапакро пешво гӯӣ. Мо безор ҳастем аз чунин пешво. Мо ягона пешво дорем, ки ӯ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам аст. Хулоса бузи амният, ҳаромхур ва беимони лаънатӣ аст ин Рақиб. Насрулло имом хатиби ноҳия ҳам як динфуруш аст. Вақте ки сатру ришу то 18 сола масҷид рафтан манъ шуду масҷидҳоро бастанд Насрулло дастгирӣ кард ҳукуматро. Дар назди хонааш гектарҳо замин дорад. Боғи шафтолуву себу зардолуву гандуму хулоса ҳама чизро дорад. Ба инҳо иҷозат аст аммо як одами одӣ замин дошта бошад налогу пули обу ҳама ба хонааш меоянду аз биниаш мебароранд. Хитоб ба Насруллои имонбохта! Чаро сатру ришу масҷидхоро маҳкам карданд, баромади дар минбар ояту ҳадисҳоро нагуфтӣ, аммо барои аскарӣ ояту ҳадис мегуӣ. Медонӣ, ки Худо дар Қуръон сатрро фарз кард. Аммо ин ҳукуматдори зиддиисломӣ манъ кард. Чаро ояти Қуръонро нагуфтӣ, чаро масҷидҳоро маҳкам кард ба ҳукумат нагуфтӣ, ки накунед ин корҳоро. Ту чи хел мусулмон ҳастӣ, ки бо Худо имруз ҷанг дорӣ? Бовар кунед имоми ноҳия тамоми пули масҷидхоро медуздаду мехурад. Ягон бачааш кор намекунад, худаш ҳам кор намекунад, ин имонбохта аст.
Ман ба ин муллоҳо хайронам, ки чаро медонанд сатр фарзу риш суннату масҷид хонаи Худо аст аммо ҳамаи инҳоро ҳукумат аз дасти мардум гирифта истодааст. Боз ин мулолоҳо дастгирӣ мекунанд. Иншоаллоҳ эй Рақиб, эй Насурлло шумо,ки имруз фармони Худоро итоат накардеду бо фармони Эмомтапак кор карда истодаед, рузи қиёмат шумо бо Саидмукаррами калонатон ва Эмомтапак ба тактарин оташи ҷаҳаннам меравед. Азоби илоҳӣ ба шумо дигар намуд омода аст.
Пешвоятон аз шумо безор аст. Рузи қиёмат пешвоятон аз гардани шумоҳо барин муллоҳо мегирад ва мегуяд,ки инҳо ба ман фатво доданд. Барои ҳамин ба гуфти пешвоятон кор накунед. Медонед, ки пешвоятон як кӣ аст. Саидмукаррам, Насрулло ва Рақиб бо азоби илоҳӣ бозӣ накунед. Бо пешвоятон ба оташи ҷаҳаннам меравед.
Он руз пушаймонӣ суд надорад. Амниятиҳову дохилаву оилаи пешво шуморо аз азоби илоҳӣ наҷот дода наметавонанд.
Ҳамин домулло Насруллое, ки гуфтам падари ӯро дар руи замини ҳавлиаш гуронда буданд. Ончики ман фаҳмидаам, аммо садарсад намедонам, ки дуруст аст ё не, ки чаро дар манзилаш дафн кардаанд.
Яке гуфт чор ҷойро канданд, сангҳои калон баромад, дигар қабр кандан имкон надошт. Барои ҳамин дар замини хонааш гурониданд. Ба худо қасам дар хонаи зиндагӣ мекардагии Насрулло қабри падараш ҳаст. Шояд ба монанди Насрулло падараш ҳам динфуруш буду қабр ин шахсро роҳ надод?
Қумсангир
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Пас аз барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо№ 52» дар чорум посёлкаи ноҳияи Қумсангир рейдҳо оиди «Ислоҳ» рафта истодааст. Таҳдид хеле зиёд шудааст. Муллоҳоро ҳар рузи ҷумъа проверка доранд. Мегуянд кадоме аз инҷо ба Ислоҳ хабар медиҳад. Ман баъди барномаи № 52 хеле хушҳол шудам.
Ин ҳаромиҳо аз «Ислоҳ» чунон метарсанд, ки то бас гуфтан. Ман худам дидам, ки чи тавр марди аз 45 сола болоро ришашро дар байни мардум тарошиданд. Ин мардуми Қумсангир ба мисли мурғ ҳастанд ва ба ҳар коре занҳояшонро равон мекунанд. Дар мактабҳо чунон фоҳиша бисёр шудааст, ки аз синфи панҷ то ёздаҳ ҳаром шуданд. Дигар духтари худотарс дар Қумсангир намондааст.
Ҳисор
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Мо як гуруҳ бачаҳо аз ноҳияи Ҳисор, ҷамоати Дурбат, деҳаи Андре ба шумо менависем. Раиси маҳалла дар масъалаи «облава» беҳад ҷабр карда истодааст.
Сари ҳар як даъватшаванда, ки дар Русияанд 1500 сомонӣ гирифта истодааст.
Ду касро14000 сомонӣ штраф кард. Як каси дигарро 1400 доллар. Ба нафари дигар повестка омад. Билет гирифт рафт, ӯро 4000 сомонӣ ҷарима карданд. Раиси маҳалла, ки Муминов Мирзо ном дорад ин корро кард.
Бачаҳои муҳоҷир пул ҷамъ кардем ва масиҷдро крошка задем. Барои иҷозат 5000 сомонӣ гирифтанд. Ба худо ҳарруз хона занг мезанӣ, свет нест мегуянд.
Муминов Мирзо, раиси маҳалла ҳар сол барои мусор (партов) 50 сомонӣ сари ҳар хона ҷамъ мекунад. 2000 ё максимум 3000 –ро расход мекунад. Боқии пул нест, дар ҷайбаш мезанад. Ҳеҷ кас гап намезанад. Аз ҳоло таҳдид карда истодааст, ки барои даъвати оянда кадоме бачааш дар Русия аст 14000 сомонӣ ҷарима мекунем.
Дар хонаат бетон мерезӣ, дарахтатро мебурӣ, бояд раисро пурсӣ. Касали дил дорад. Пулро ҷамъ меунад ба духтур месупорад. Як ҳамсоя соли 2019 дар хонааш бетон рехт. Гуфтанд, ки бетонро дар роҳ рехтааст. 20 ҳазор сомонӣ штраф карданд. Бахудо қасам Маскав омаду дар стройка кор карду оварду пули штрафашро супорид. Ана ҳамин вазъу ҳоли бади мо.
Восеъ
Салому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ташаккур, ки шумо дарди дили мардуми бечораро мешунаведу нашр мекунеду мегуед. Дар бораи як масъалаи ҷиддӣ мегуям. Ҳоло
пахтаро дар вилояти Хатлон Фароз-ширкати домоди Эмомалӣ Раҳмонов гирифт. Пахтаи чидаатро мебариву мерезӣ дар хирмани заводҳо, аммо нархашро намегуянд, кай нарх маълум шуд баъд пулашро медодаанд. ..
Дар Восеъ Қурбон Мирзоалиев бивший раиси ноҳия хост пахтаи мардумро бихарад. Аммо одамоне, ки барои Мирзоалиев пахтаро мебаранд ҳам худашон ва ҳам пахтаашонро қапида пахтаҳояшонро кашида мегиранд. Мегуянд, ки ҳама бидуни гапу ҳарфи зиёдатӣ пахтаҳоро мебаранд, културно дар ҷои марҳум Самариддин Фазлиддинов месупоранд. Нарх, ки маълум шуд баъд мо сумашро медиҳем.Дигар мардум намедонанд, ки чи кор кунанд. Мегуянд, ки ҳатто пахтаҳои соли поринаамон дар хона аст. Ягон ҷо набурдем
Ҳолу рӯз аз ин бад мешавад? Камбағал бо ҳазору як азобу машаққат пахтаро парвариду ба ҳосил оварду чинду акнун, ки бояд ҳосили ранҷашро ба даст оварад, инҳо омаданду соҳибӣ карда истодаанд.
Фароз фурухтанӣ намемонад.
Бародар Муҳаммадиқбол! Он нафаре, ки маҳкамаш карданд, он шоир (манзураш Абдухалил Холиқзода,раиси бемористони байналмилалии Сино) бизнесаш пахта буд. Ба фикрам, ки уже бизнеси ҳаминро ҳам гирифт Фароз. Барои онки раиси бемористони Сино аз ҳамонҷо пахта мезад ба дигар давлатҳо. Акнун Фароз пахтаи ҳамонро ҳам гирифт.
Ягон камбағал наметавонад ягон ҷо бурда бисупорад. Барои онки Фароз нархро маълум мекунад. Ҳоло пахтаҳоямонро маҷбурӣ бурда ба ҷойи гирифтаи Фароз рехта истодаем. Намедонем, ки оқибаташ чи мешавад?
Нижнекамск
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол!
Мо наздики 350 нафар муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистону Узбекистон дар шаҳри Нижнекамски Русия дар фирмаи «СФЕРАСТРОЙ» кор мекунем. Дар ин фирма як тоҷик номаш Назаров Ҳалим Абдукаримович аст ки кораш посредник аст. Ин ноинсофи баднафс аз Узбекистон ва Тоҷикистон бар ивази пули нақд одамҳоро инҷо кор дуруст мекунад
Аз сокинони Узбекистон 150 доллар нақд мегирад барои билет аз фирма пул мегирад вале билетро худи одамҳо мехаранд. Аз сокиони Тоҷикистон
10 000 рубл мегирад. Аз баъзеи онҳо наличий мегирад аммо баъзеи онҳо кор карда аз маошашон медиҳанд. Вақте кор медароӣ мегуяд, маош бо як моҳи таъхир-задержка дода мешавад. Аммо баъд аз онки ба кор сар кардиву як моҳ гузашт, таъхир дар пардохти маош се моҳ ва аз ин ҳам зиёд мешавад.
Баъд маошро ду-се қисм карда бо ҷангу ҷангҷол медиҳад. Ҳар моҳ барои гирифтани маош 4-5 руз «забастовка» мешавад. Бори охирон рӯзҳои 15-16 сентябр барои гирифтани маоши моҳи июл мардум митинг карданд. Аммо ин Ҳалими беномуси тоҷикфуруш ҳаррӯздар группа менависад, ки кадоме кор намебрарояд «миёем ай опшижит бе сум срш мекнем».Боз дуто чечен ҳамроҳаш ҳастанд. Мисли худаш барои пул шуда агар лозим шавад фалони директорро мехуранд. Худи Ҳалим аз 350 ҳазор боло маош мегирад. Аз ҳар одаме, ки кор меорад 10.000, аз узбекҳо 150 доллар ё 200 доллар.
Баъзе аз сокинони Узбекистон ними пули моҳи май, июн, июл, август ва сентябрашонро нагирифтаанд. Қисса кутоҳ, рузҳои 15 -16 сентябр мардум кор набаромаданд.
Ин Ҳалими бадбахт бо чеченҳояш ҳаррӯз омада мегуянд, ки ё кор бароед ё сумкаҳоятонро ҷамъ ва обжежитияро холӣ кунед. 15 нафарро маоши август ва сентябрашонро надода сурашон кард. Документҳои мардумро мегиранд, намедиҳанд, паспортро аз ӯ бо ҷанг мегирӣ. Мардум митинг карданд, аз МВД омаданд ва 320 нафарро бор карда бурданд. Дар МВД ҳама заявление навишт. Аммо ягон фоида накард. Узбекҳо якхелашон бечораҳо июл, август, сентябр сумашонро нагирифта дод гуфта автобус заказ карданд. Бепул рафта истодаанд Узбакистон. Ҳалим мегуяд, агар бас кунед, 400 одам ждат дорад, боз одами нав меорам. Ин гов хурсанд мешавад, ягон касро аз кор сур кунад. Чунки боз дар ҷояш сари одам 10 ҳазор рублӣ мегирад.
Инҷо як нафар ҳаст Исмат. Ҳама исмати бузаш мегуянд. Ин Исмат тоҷик аст ва сваршик мебошад. Аз моҳи июл сваркара якбор қапидааст. Кораш фақат мардумро бузӣ кардан аст. Зудтар обед мебарояд. Сурат гирифта дар группа мепартояд. 320 кас забастовка карда буд. Ягон 50 нафар кор баромад дигарҳо бас карда рафтанд. Ҳамааш аз пушти ҳамин Ҳалим аст.
Рузи 27 сентябр бегоҳӣ Ҳалим бо директор омаданду гуфтанд «кор бароед, 10 руз кор кунед, пули августатонро медиҳем. Аз ин пас кадоме бунтоват мекнад амонсҳо кати миёем депортон мекнем». Хулоса, аз ҳар як монтажник 200 000 рубл боло пули маош боло мондагӣ аст. Сварщикҳо аз 300 ҳазор боло, баъзеашон 250 рубли худро нагирифтаанд. 280 нафар ҳаминқадарӣ пулҳояшонро нагирифта рафтанд ватан.
Ин Ҳалим ҷои зисташ Қурғонтеппа аст. Вай дар ватсап номашро Алӣ навиштааст. Илтимос, ин номаро нашр кунед. Ҳоло бовар кунед 300 нафар сарсону саргардонанд. Баъзеаш гиря мекунанд.
Ҳамин руз як бачаи узбекистонӣ гуфт “мо чанд нафар 300 долларӣ гову гусола фурухтем ва 4000 доллар нақд оварда ба дасти Ҳалим додему кор баромадем ва ҳоло бе ягон тин,ду даст дар бинӣ бо автобус хона рафта истодаем”.
Панҷакент
Ассалому алейкум ман аз Панҷакент. Бародар ин номаро навиштам то дар барномаи «Номаҳо….» бихонед. Чун ин ягона роҳест бар алайҳи режиме, ки руз аз руз ба ин мардум зиндагиашонро душвор карда истодааст. Мақсади ин режим ҳамин аст ки болои мардум зулмро зиёд кунад ва ин мардум ҳам гурезанду аз ватан раванд ва ин оилаи гушназада реша давонад.
Вазъияти мардум бад аст. Аммо кормандони ҳукуматро мебинӣ парво надоранд. Дар фикрашон танҳо як чиз аст. Чихел кунанду аз мардум пул кананд. Ягон зарра раҳм надооранд ба мардум. Ҳатто кор ба дараҷае безеб шудааст, ки ин коргарони ҳукумати Панҷекат ба мардум не, ба хешу таборони худ тараҳҳум намекунанд. Ягон корро бо пул буд намекунанд. Кори бепулро бопул буд мекунанд. Барои инҳо вазифаву мансаб прилавка-растаи мағоза шудааст. Фикр мекунӣ, ки инҳо фарзанди одам нестанд. Ин раисону коргароне, ки мардумро ба ҳар роҳ фақат пулашонро мекананду дигар ягон фоидае намебиёранд, афсус, ки инҳоям бобою бибиҳояшон одамони одӣ буданд. Ба инҳо чи шуд?
Чашм кушоед, азоби халқро бинед!
Проблемаи сахти Панҷакент барои мардуми одӣ ин порагирии руирост дар бемористон ва дармонгоҳҳо аст. Агар пул дошта бошед, нигоҳатон мекунанд, агар надошта бошед, муред ҳам ба тарафатон назар намекунанд. Бемор мешаведу дар қарз меғутед. Аз беморхона бо даҳ касалии дигар берун мешавед. Чунки ин қарзҳо ҳатман сакатаи дил ё сактаи мағзи сар мекунад.
Духтурҳову парасторҳо як намуд суҳбат мекунанд, ки дар поликлиникаи шаҳр как будто вай инсон не, саг бошад. Аз осмон гап мезаннад, худашон шоҳ табъашон вазир. Бе пул назначени нест.
Дуюмҷои фасодзадатарин ин ЗАГС аст. Кормандони ЗАГС бепул бо шумо салом намекунанд. Шумо мебареду пули гуфтаашонро, боҷи давлатиро дар бонк месупоред. Руирост мегуянд, ки он пули ту пули давлат буд, аммо ҳақи моро ҳам медиҳӣ.
Хулласи гап, дар Панҷакент дар кадом корхонаи давлатӣ, ки надароӣ бе пул ягон кор пеш намеравад: нотариус, паспортный стол, судхона ва….
Охирин ҳуқуқи мо гап задан аст. Ақалан аз ҳамин ҳуқуқамон истифода кунем. Агар бо ин порхурҳо гапамон нагузашт, хотяби ба Ислоҳ навишта фиристонем. То ки мардум бедор шаванд.
Ба ҷуз аз «Ислоҳ» дигар ягон ҷое, нест,ки гапи ману шуморо мардум бифаҳманд Магар душвор аст навиштан? Нависед, ки «нарх»-и ҳар як «услуга»-и коргарони давлатиро дар дари кабинеташ мардум донад, ки онҳо ба ғайр аз боҷи давлатӣ боз «нарх» доранд.
Мо бояд ба ҳадде бинависем, ки фарзандҳои ин порахурҳо бидонанд, ки падари порахур, бародари порахур доранд ва ин порахурҳо порагиро бас кунанд. Ҳозир ҳамин гуна шароитро «Ислоҳ» барои мо ва шумо додааст. Бо «Ислоҳ» бошед ва ватанро озоду обод кунед!