Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№74

Ислоҳ нет

Дар муқаддимаи яке аз барномаҳои «Номаҳо….» гушнишон карда будем, ки расонаҳои дохилӣ аз инъикоси ҳатто мушкилоти иҷтимоӣ иҷтиноб меварзанд, чи расад ба онки аз амалкарди мақомот бинависанд. Бори дигар бо зикри ҳамин нукта гуфтанием, ки ҳатто дар давраҳои рукуд ва вуҷуди сахти сензура матбуот ба ин ҳад ба худсонсурӣ гирифтор нашуда буд. Ончи муаллифи ҷамъиятии мо дар бораи вазъияти зоишгоҳи Бохтар навиштааст, танҳо хоси ҳамин зоишгоҳ нест. Ришвату порахорӣ дар тамоми зоишгоҳҳои кишвар ба як кори муқаррарӣ бадал шудааст. Ба назар мерасад, балки далоил тасдиқ мекунад, ки ҳамин ришвату порахорӣ ҳам зери сарпарастии оилаи Эмомалӣ Раҳмонов аст.

                                       Бохтар  

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Нома аз дохили Тоҷикистонаст. Мехоҳам дар ин нома як шикоят ва як қисаи аҷиби зиндагиямро ҳикоят кунам. Шукри Аллоҳи меҳрубон, ки барномаҳои шумо ин ҳукумати золиму ғосибу таҷовузгарро такон медиҳад.

  Ман ҳануз мактабхон будам, вақте якум бор шиносномаи сурхи дохилиро гирифтам. Бо як орзуву умед барои рай додан ба интихобот омадам. Барои чи бо як орзуву умед мегуям? Барои ин ки якумин интихобот дар ҳаётам буд ва ба қитъаи овоздиҳӣ дохил шудаму шиносномаамро пешниҳод кардам ва ба ман гуфтанд, ки аз тани шумо дигар аъзои оилаатон имзо карда овоз доднд. Ман гуфтам чи хел? Ҳеҷ кас аз тани ман ҳақи имзову додани овози манро надорад гуфта доду фарёд кардам. Як кас намедонам, раис буд, ки буд омад гуфт «бтенш ягончира срху кабуд кна рава».

 Дар ҳаминҷо ман фаҳмидам, ки Раҳмонови палид ояндаи мо ҷавононро дуздид. Барои ҳамин дар боло ҳукуматашро  ғосиб ном бурдам.

  Шикояти ман аз таваллудхонаи вилоятӣ дар шаҳри Бохтар аст. Бахудо ин таваллудхона не, балки ба бизнесхона мубаддал шудааст. Вақте ҳамсарамро 

ба беморхона овардам, фаҳмидам, ки ин таваллудхона  бо дорухонаҳои гирду атроф забон як карда бизнеси худашонро ба роҳ мондаанд. Ночор ба дорухона меравӣ, халтаи гигиенӣ мехарӣ гуфтанд бо нархи 120 сомонӣ. Дар дарунаш як пачка коғази ташноб 3 памперс, як бинт, як дастпоккуни тар яъне (влажная салфетка ) 2 сузандору ва 1пахта. Агар ҳамаи инҳоро ҳисоб кунӣ 50 сомонӣ намешавад. Куҷост имон, куҷост виҷдон? 120 сомонӣ пули халтаи гигиенӣ, 150 сомонӣ пули рахти хоб, 400 сомонӣ пули хазина, 120 сомонӣ пули анализ, пули санитаркаву медсестра бе ҳисоб. Пули духтури кудакона 50 сомонӣ 160 сомонӣ справка барои метриска. Ҳамаи инро бе ягон расид, нагло аз ту  мегиранд. Охир ин вазири ҷоғшикаста куҷоро нигоҳ мекунад? Дар ҳама ҷо мегуяд таваллуд бепул аст. Хитоб ба ин ҷоғшикаста! Бовар надорӣ рафта тафтиш кун ба коррупсия, прокуратура, милиса, амният.

1писарам дар Русия таваллуд шуд1тин нагирифтанд. Ҳатто ҳамон гулу шоколадамро нагирифтанд. Боз болоӣ 20.000рубл доданд. Охир ин чи бедодигарист. Худоё тезтар ин қавми яъҷуҷ ва маъҷуҷро аз сари мо дур кунад!     

                                Душанбе

 Салому алейкум бародари азиз! Алҳамдулиллоҳ, ки шумо ҳастед ва мо дардҳоямонро ба шумо менависем.

  Ман дар ширкати Зет-мобайл кор мекунам, симкорт мефурушам, 1500сомонӣ маош дорам. Алҳамдулиллоҳ шикоят аз маош намекунам, шикоят аз касе мекунам ки сабаб мешавад даст ба гаронтар фурухтани симкорт занам, яъне аз роҳи фиреби халқ. Ҷурахон ҳамон нафар, ки мехоҳам шикоят аз ӯ кунам. Шояд ислоҳ шавад. Аз ҳама касоне, ки дар ин ширкат кор мекунанд, пул талаб мекунад. Агар надиҳӣ бо ҳар роҳ мегирад ин пулро. Ҳатто духтарҳо, ки дар ширкат кор мекунанд, вай таҳдид мекардааст, ки агар хоҳӣ ҳеҷ кас ба ту кор нагирад ва ту чанд суме, ки хоҳӣ симкорт фурушӣ бо ман мерасӣ корат ҳал аст. Маҳз ҳамин нафар  сабаб мешавад, ки мо симкортро бо нархи баланд фурушем, то ки доляи ӯро диҳем. Ман чандин солҳо мешавад, дар ширкат кор мекунам. Ин ширкат пеш Билайн ном дошт ва ширкати русӣ буд ва чанд сол аст ки Зет -мобайл ном гирифта аст. Ман хостам ба шумо нависам, агар шумо муҳим донед нашр кунед.

                                  Ваҳдат

Бародари азиз умедворам хубу хуш бошед. Як номаи кутоҳ аз Ваҳдат бароятон мефиристам. Сухан дар бораи қувваи барқ меравад. Баъд аз якуми августи соли ҷорӣ, ки пардохти маблағи қувваи барқи истифодашуда бояд бо таври ғайринақдӣ пардохт шавад ҳама ҳисобкунакҳо бо маблағи аз 500 сомонӣ боло қарздор ҳастанд. Мардум намедонанд ин қарз аз куҷо пайдо шудааст ва маҷбур карда истодаанд, ки ин пулро супоранд. Умедворам нашр мекунед ва чораашро мебинанд.

                                Конибодом

Ассаламу алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Худованд ҳифз кунад шуморо.
   Мо чанд нафар аз шаҳри Конибодом ба шумо нома мефирстем. Конибодом шаҳри қадимӣ буда мардумаш бо нангу номус аст. Аммо, афсус, ки вақтҳои охир дар  шаҳри мо беномусию даюсӣ, бенамозию чоплусӣ бисёр шуда истодааст.
Масҷид рафта намоз хонем, моро бурда допрос мекунанд. Вале баракс, агар арақхурию духтарбоӣ кунему ба духтару хоҳарони одамон гап занем, дастдарозӣ кунем, дастгирӣ мекунанд ва ҳама таърифу тавсиф мекунад, ки «ина арусош бисёр, ин бачаи зур».    Дар шаҳри Конибодом ҳеҷ гоҳ ночной клуб набуд. Ҳозир бошад 3 диско-клуб амал мекунад, ки шаб то саҳар дар инҷо арақхуриву духтарбозӣ машғуланд. Ин диско -клубҳо ба началники милитсия ва прокурори ноҳия, ки аз «бачаҳакои болоянд» доля медиҳанд. Барои ҳамин чи коре хоҳанд, кардан мегиранд.
Ҷавонон ба нашъа одат кардагиянд, чунки милисаҳо худашон оварда ба баригаҳояшон медиханд, баригаҳо дар вес шаҳр тақсим мекунанд. Ҳама бангӣ, ҳатто милисаҳо ҳам банг мезананд.

Кори милисаҳо ҳамааш сохта. Бовар кунед ба мошини одамон нашъа мепартоянд ё духтарони фоҳишаро мегуянд, «бо вай ҳамхобагӣ кун, мо рафта меқапем, пулаша меканем».

  Бисёриашон аз тарафи ҷануб. Агар ягон коргари мақомот кулобӣ гап занад баъзеаш занашро бароварда медиҳад, ба монанди Дилшод Холматов. Ин одам зодаи Конибодом аст. Пеш дар ҳукумати Конибодом фаъолият мекард. Бо раиси   пешинаи шаҳр Обидов Нуъмон хеле аз заминҳои корамро фурухта пули одамҳоро гирифтааст.

   Баъди рафтани ӯ ба ҳукумати вилоят камтар кор кард. Ҳоло бошад кунбардори Дилшоди формула 55 дар Хуҷанд аст
 Кормандони КДАМ бо номи Азизов Ҳасан Дилшодро бо ҷурми бачабозӣ яъне ҳамхобагӣ бо як мардбача меқапанд Дилшод зораву нола мекунад, ки ин гапро   Ҳасан ба ягонҷо набарорад. Ба Ҳасан пули калон медиҳад ва зани худашро ба Ҳасан предлагать мекунад. Астағфируллоҳ, одамо то чи андоза беномус шудагианд.

Баъд бузи Ҳасан Азизов шуда росту дуруғ гапҳоро ба Ҳасан расонида ҳатто подстава карда худашро нагз нишон медод
Ҳасан аз ҳоли ин сабзи ба даст ба як рафиқи ҷанубиаш нақл мекунаду мегуяд, ки «ин мардум ленободи ҳамаш куланд». 
Ин касиф худаш як кунбардор ҳаст. Ягон одами бой, вазифадор ё занаш хушруро бинад тамом, аз ӯ канда намешавад.
Ба зан -хоҳари одамон гап зада духтарони мактабхонро нодухтар мекардаасту боз мегуфтааст, ки «ту парво накун, то шавҳар карданта ман катитам, мисли аввала баргардонида ба шавҳар медиҳам» ва якчанд занҳои шавҳардорро, ки шавҳарашон дар Русия ё ин ки бо дигар корҳо машғуланд ба гап дароварда чандин хонаҳои одамонро вайрон кардааст. Аммо аз сабаби даюс буданаш, аз сабаби буз буданаш ба ин касиф ягон кас, ягон чи намегуяд.

   Пеш вақтҳо агар ба духтари ягон кас нигоҳ кунем ё гап партоем, дар ҳамон маҳала қапида шарманда мекарданд. Ҳозир беномусию даюспарастӣ бисёр шуда истодааст. Боз ин касиф, ин даюс муовини раиси шаҳр шуданист.

  Абдусалом Тухтусунзода аз Дилшод барои муовини аввали раиси шаҳри Конибодом шуданаш 3 моҳ пеш пули калон гирифта то ҳол корро ҳал намекунад. Дилшод мепурсад кай кор ҳал мешавад раисҷон? Абдусалом мегуяд: пулатро ман додагӣ калонба, яъне ба Қофлонбой, ждать кун фармона»
 Қофлонбой-Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҷои онки кадрҳои нағзро дастгирӣ кунад, соф ин гуна даюсу сабзибадастро дастгирӣ мекунад.
Бо ин номардҳо, бо ин даюсҳо чи хел мо фарзандҳои худро тарбия мекунем?

                                 Шаҳритус

  Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Айвоҷи Шаҳритус. Умедворам шумо ин номаи маро нашр мекунед. Дар Айвоҷ тамоман вазъият безеб. Аз пулчинакҳои свет сар мекунам. Дар маҳалла ба номи Нодиров Мурод лақабаш Мулло. Пули светро ҷамъ мекунад, шарикаш Чориев Чорибой. Бачаи Ҳоҷигид. Ба мардум раҳме надорад, чи хел хоҳад мегардад. Ҳисобкунакҳоро вайрон гуфта ҷарима мекунад. 150 сомонӣ мегирад худаш бурда соз мекунад. Ин Нодировҳо як чанд бача дорад номҳояшон Фаршед,  Далер, Беги, Панҷшер. Мурод, касоне, ки дар хонаашон мард нест, мардҳо дар Русия занҳоро аҳмақ карда то 1000 сомонӣ ҷарима мекунад.

  Шаб одамҳои худашро роҳӣ мекунад, ҳисобкунакҳоро мешиканад, саҳар омада тафтиш мекунад. Мегӯяд, ки аз шумо шикастагӣ ва ҷарима мекунад.

  Бегиҷон дар БДА кор мекунад. Ин оила ҳамаашон бузҳои амният. Дар қишлоқ чи гапу хабар  мешавад ҳамеша мерасонанд. Ягонтои онҳо хизмати ҳарбӣ намекунанд. Мегуяд мо задагӣ, акам Бегӣ дар амният кор мекунад. Фақат одамҳоро подстава мекунад.

   Агар ягон шахс ягон кори хато кунад, сразу телефон   мекунад, ҳамон замон бузи амният пайдо мешавад. Ҳама ҳайрон мемонад, ки кӣ гуфта бошад.

   Дар Айвоҷ аз раиси маҳалла то одамҳои одиро ба амният ба ҷурми Салафия бурданд. Баъзеи онҳо то ба ҳол таҳти бозпурсӣ қарор доранд. Аз байнашон як ҷавонро ба 6 сол зиндон кард, бачаи Ҷумъа Ҳайдаров-Шерназар Ҳайдаровро, ки бечора ягон гуноҳ надошт. Барои он муттаҳам карданд, ки гуё бо Толибон гап мезадааст.

   Инҳоро ду марди фосиқ ба дуруғ хабар карданд. Номаш Ҳусенов Идибой, лақабаш Идибойи байтал, якеаш Ортиқов Уроқ.

  Амният доказат карданӣ шуд, Идибой ба Русия гурехт, пеши бачааш.

Ҳоҷӣ Уроқ як одами бесавод аст. Пештар имоми масҷиди ҷомеъ буд. Барои дар масҷид имом шудан ин корҳоро карданд.

   Раиси маҳаллаамон як бузи амният буд.Ҳозир дар маҳкама қарор дорад. Нодиров Бобо дар амният кор мекунад. Бисёор одами зинокор аст. Чандин оилаҳоро вайрон кард. Нодиров Бобо бачаи амаки Бегӣ мебошад. Нодиров Эркин ин ҳам дар амният асту бачаш ҳам дар амният кор мекунад. Вай бачаи Саидмурод Нодиров аст. Одамҳои қишлоқ медонанд, ки бо як зан акаву додар зино кардагианд, яъне Нодиров Бобо ва Нодиров Эркин. Инҳо ягон донишгоҳ нахонда дар амният кор мекунанд.

   Нодиров магазини калон дорад. Дар паҳлуи мағозаи ин лаънатӣ як бародар дукони нон кушод. Ин нафар Ашуров Камол ном дорад. Ӯро Нодиров Далер подстава карда дукони нонро маҳкам кард. Ба амният бузӣ кард. Ашӯров Камол 8000 ҳазор сомонӣ дода халос шуд. Ин давлат куҷора нигоҳ мекунад. Вақте бесаводон корманодони КДАМ шуданд ҳаминхел мешавад дигар.

 Дар Айвоҷ об нест. Насосро бачаҳо аз Русия пул ҷамъ карда мефиристанд, то ки кор кунад. Сари ҳар ҷавон1200 сомонӣ. Свет нест, аммо пули светро мегирад.

  Дар мактаби рақами 9 директор Набӣ Тошматов аст. Ман медонам ин директор ва муаллимаҳо айб надоранд. Аз набудани шароит ҳамин корҳоро мекунад, зеро, ки давлат бесоҳиб аст. Талабагон ба навбат картошка, тухм, помидор бурда хурок мекунанд. Ҳезум барои печка, барои китоб, безор шудем.

  Роҳҳоро ҳамаашро бачаҳои дар Русия буда таъмиру тармим карда истодаанд.  Ҳозир раиси маҳалла нав шуд. Ин як майзада ҳаст. Номаш Сафаров Оромбек, бачаи Султон, пеш дар облава кор мекард, як вақтҳо дар налоги замин ҳам кор кардааст. Чанд сол шуд, ки масҷиди ҷомеамон маҳкам. Фақат панҷвақта намоз мехонему тамом, иҷозат набудаст. Намози ҷумъа мардум қишлоқи дурдаст мераванд, савораву пиёда. Шаҳраки Тоҷикобод мераванд.

   Дар қишлоқи мо дини масеҳӣ ривоҷ гирифта истодааст. Одамон қабул карда истодаанд. Роҳбари даъватгарон ба ин дин Холибеков Чоршамбе аст. Падарашон Ҳоҷӣ Иброҳим Фақат бачааш қабул кардагӣ, як майзада. Одамҳои ин динро қабул кардагӣ Атовулло Иброҳим, Малики лабкаҷ бо тамоми аҳли оилааш, Фазила бо хонаводааш қабул кардагӣ.

 Аз вазорат одамҳо омада барои тоҷикони масеҳӣ қабристон ҷудо мекарданд. Заминҳои моро аз нав чен карда бо маблағи калон штраф карданд. Замин алоҳида ҷарима, хона алоҳида. Мо фақат гандум мегирем, аммо об нест.  Заминҳои мо ҳамааш хоҷагии деҳқонӣ мебошад. Ҳар сол селхезӣ мешаваду заминҳои моро дарё мебарад. Як одам намебиёяд, ки ин заминҳоро бинаду ягон чораашро бинад. 70% аҳолӣ дар Русия кор мекунад.

                                       Зафаробод

  Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқбол! Чанд сол аст ки барномаҳои шуморо мебинам. Имрӯз дар охирон барномаи шумо директори мактаби 4-и деҳаи Логини ноҳияи Зафаробод Исмоилов Даврбек баромад кард. Ин одам баранда аст. Дар туйҳо барандагӣ мекунад. Ман ҳайронам, ки чи хел директор шуд. Директори мактаби 4 Барно Маматова буд. Ман бисёр мехоҳам бе чеҳра барояму гап занам, чунки хеле гапҳоро медонам, аммо як модари пир дорам, дилам ба модари бечораам месузад, инҳо номарданд.

  Мактаби№4-и деҳаи Логин соли 1973 сохта шудааст. Ҳолати мактаб хело бад аст, ба талабот ҷавоб намедиҳад. Ҳама таҷҳизоти мактаб аз давраи шуравӣ мебошад. Бовар кунед дар мактаб печкаи зимистона мондагианд, бо ҳезум синифхонаҳоро гарм мекунанд. Директор фармон медиҳад, ҳар зимистон талабаҳо бояд тапак биёранд барои гарм кадани синфхонаҳо.

   Ҳар сол барои таъмир пул ҷамъ мекунанд.

  Ғайр аз ин боз як ҳиллаи пулҷамъоварӣ дорнад бо номи  фонди синф. Барои ин фонд ҳам ҳар моҳ пул ҷамъ мекунанд, намедонем ин пуло куҷо меравад. Мактаб  дар ҷиҳати таълим нол аст. Қариб ҳамаи талабаҳо бесавод. Муаллимҳои басавод ба шумор аст. Азбаски мактаб шароити хуб надорад сифати таълим нол аст. Падару модарони деҳаи Логин фарзондонашонро ба мактаби деҳаи Бахт ва дигар мактабу литсейҳои ноҳияи Зафаробод медиҳанд.

  Мактабро инҳо ба фоҳишахона табдил додагиянд. Бачаҳои наврас пиво мехуранд. Устод, ки бесавод аст аз шогирдонаш чи умед?

 Директори мактаб то вақте ман медонам Маматова Барно буд. Вай муаллимаи забони русӣ аст. Талабаҳое, ки ба дигар мактабҳо гузаштаанду агар ба мактаб ёру рафиқашонро хабаргирӣ биёянд, намемонд. Шумо предатель мегуфт. Директори мактаб ҳоло Исмоилов Даврбек муллими ҳарбӣ мебошад. Ба фикрам Маматова Барно забони тоҷикиро соз намедонад ба ҷояш амниятиҳо ҳаминро оварда мондаанд.

Даврбек дар туё барандагӣ мекунад, замин ҳам дорад, деҳқонӣ ҳам мекунад. Аҳолии деҳаи Логин ҳама узбекзабон мебошад. Мардум аз оби полезӣ 100 фоиз танқисӣ мекашад. Барои об ҷангу ҷанҷол аст. Қариб ҳама мардакҳо ва ҷавонҳо, ҳатто занҳо ба Русия мераванд, то ки зиндагиашро пеш барад. Мардум бисёр камбағал аст.

Ҷудошавии оилаҳо дар деҳа хело бисёр шуда истодааст. Бача зан мегирад, ду- се моҳ меистад Русия меравад, хуб «дальшеш» ба худатон аён аст. Духтарҳо рӯз то рӯз вайрон шуда истодаанд. Падарҳои бечора дар муҳоҷират, бародарҳо дар муҳоҷират одами назорат мекардагӣ нест. Назорат мекардаҳо ҳаромҳои ҷамат ва дуздон шудагиянд. Камбизоат дар деҳа хело бисёр аст.

 Як масҷид доштем ба пули мардуми саховатманд сохта шуда буд. Тули чанд сол маҳкам буд. Ҳозир намедонм кор карда истодааст ё не? Свет дар деха аз даврони кудагиям то ҳозира дар тирамоҳу зимистон ограничения сар мешавад. Саҳар мекушан то шаб, шаб мекушанд бо то саҳар. Дар асри 21, ки чаҳорякаш мегузарад, синфхонаҳоямонро бо печка гарм мекунем. Боз шарм нокарда мо тенҷем , мо оромем. Охир ин чӣ тенҷӣ ва оромӣ аст ?

                                      Фархор

  Салом бародар Муҳаммадиқбол! Зодаи ноҳияи Фархор ҳастам. Намедонам аз чи сар кунам? Ман дар ҷамоати Ватан, қишлоки Куҳандиёр зиндагӣ мекунам. Дар қишлоқи мо мактаби № 56 амал мекунад. Директори мактаб  Нилуфар. Соли таваллудаш 1997. Ба мактаб формаи мактабӣ оварданд: Аз синфи 1то синфи 11 150 то  250сомонӣ арзиш дорад. Дар мактаб ҳар моҳ суми китоб, суми бур, суми журнал гуфта ҷамъ доранд. Ду ҳафта мешавад,ки синфҳои поёниро маҷбур доранд, ки барои замистон ҳезум биёранд. Шифери мактабро иваз мекунем гуфта сум ҷаъм карданд, вале шиферро як ҷавонмарди деҳа бо пули худаш иваз кард. Суми ҷамъкардашуда куҷо шуд, намедонем.

  Ҳозир бошад дар мактаб як синфхона месозем гуфта сум ҷамъ карда истодаанд.   Сари ҳар як талаба суми таъмир гуфта ҷамъ мекунанд. Аммо ҳеҷ чи таъмир намекунанд. Ин директор як дузд аст. Ман падари ӯро мшиносам. Падараш як вақтҳо нозири ҳисобкунакҳои барқ буд.

  Ман гуфтаниям, ки бачаҳои ин деҳа ҳушёранд. То мурғи хонаатро ба «Ислоҳ» менависанд.

Дар қишлоқи мо як бунгохи тиббӣ амал мекунад. Сардухтури ин бунгоҳ доктор Солеҳ аст. Ин одам як дузд аст. Агар бас накуна полни як барномааш мекунем, чи дуздид, чи фурухт ҳамаашро менависонем.  Ҳозир, айни замон, ҳамон Нилуфари директори мактаби 56, соли таваллудаш 1997 суми обуна гуфта сари ҳар як талаба ҷамъ дорад. Кадоме намдиҳад маҷбур хона роҳиаш мекунад.

                                   Исфара

  Салому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Навиштаи сурхиҳои Исфараро нашр кардед, ки ҳама гапҳояшон рост аст. Дар ҳақиқат дар Сурх пулдорҳо зиёданд. Аммо дар Сурх бузҳо ҳам бисёр шудагианд.

  Шумо дар бораи Нозир Юлдошев дуруст навиштед. Вай барои востановит шудан дар ҷойи кораш Душанбе рафта 30.000 доллар дод. Вале боз ҳам ба кор намонданаш. 3 руз пеш Нозирро ба Хуҷанд фарёд карданд.

 Муовини раиси ҷамоат Баҳодур аст, ҳаррӯз маст аст.

 Амаки Камолиддинро 2 бор маҳкам карданд.

  Мо сурхиҳо дар Москва ҳама бозори сухофруктиро гирифтагием. Аксарияти сурхиҳо дар Москва хона доранд.Баъзеашон 4-5 сол аст ки ба ватан нарафтаанд.

  Раис ҷамоат ҳамроҳи имомхатиби масҷид домулло Ҳакимҷон ва Субҳониддини раиси маҳалла масҷиди Таги Садаро фурухтанд. Лақаби он одам трамвай аст. Одамоне, ки дар ду бари роҳ истиқомат мекунанд рафта супориш медиҳад, ки деворҳоро сафед ва кучаҳоро тоза кунед, шохҳои дарахтҳоро дар тарафи куча нишеб кунед, Ҷаноби олӣ омада истодааст, бинад, ки шохаҳо пур аз мева аст, кайф кунад.

 Раиси ҷамоат бо як бачаи сурхӣ ҷаг мешавад. Бача раисро мезанад, ангуштони дасташ мешиканад, руяҳояш хуншор мешавад, аз биянияш хун меояд, раис милисаҳоро ҷеғ мезанад. Бачаро отдели Чоркуҳ мебаранд.

 Сурхиҳоро ментҳо сахт тарсондагианд. Фақат пул кор карда истодаанд. Сурхро бисёр ҷойҳояшро фурухтанд. Чанд руз пеш ин информатсияи 100 фоиза расид. Нозирро дар Хуҷанд, дар РВКД допрос дода истодаанд. Нозир бисёр пул кор кард дар Исфара. 2 квартира 1хонаи заминакӣ дар ҷамоати шаҳраки Исфара ва дар Хуҷанд1 квартира дорад. Сурхиҳоро сахт бад мебинад. Вайро падараш роҳнамоӣ мекунад. Худаш як бесавод аст. Кораш фақат арақи шоҳона платиниум хурдан аст. Раиси пешини ҷамоати Сурх заминҳои зиёдеро фурухт. Занаш муаллима Муаззамахон Малаева. Ҳамин дар ҷамоат раиса буд. Назди қисми ҳарбӣ селкана ва аз они амаки ҳоҷӣ Маноф буд.

 Раиси ҳизби Сурх амаки домулло Абдуманнон буд, ки инҳо бурда маҳкам карданд. Он одам аз ҳизб отказ карда баромад, чунки одами пулдор аст, бо пул худашро харид.

  Мафияи чоплусҳо дар Сурх аз домулло Насрулло, имомхатиби Исфара сар мешавад.

 Шефи чоплусҳо дар Сурх, амниятии чиста, ин 100фоиз,ман дуруғ намегуям ҳамроҳи додарошон домулло Сафиаллохон.

  Домулло Насруллохон сархатиби Исфара ҳизбро ганда мебинад. Фақат ҳизбро бад мекунад. Ин 3 бародарҳоянд. Домулло Нурулло дар Душанбе аст. Кораш инки ба одамҳо ҳуҷҷат барои заминҳояшон сохта медиҳад.

Гаражи совхозро бо Субҳони раиси ҷамоат, ки пеш аз Муаззамахон кор мекард, инҳо тақсим карда фурухтанд. Ҳамон Нуруллое, ки гуфтед, милисаи Чоркуҳ, паспортний стол буд, уро ҳам аз кор пеш карданд.

   Дар Инстаграми шумо бо номи худам подписатса карда будам. Ман Маскав будам.

Аз Душанбе амниятиҳо омадаанд ба хона. Мақсадашон пул кор кардан буд. Инҳо медонанд, ки ман бачаи пулдор, барои ҳамин наезжат кардаанд. Аммо ман ҳам медонам, ки инҳо чи гуна пул мегиранд.

 Нозир Юлдошев як шарики наздик буд. Ман ба вай чанд бор гуфта будам, ки «шарик коратон хато» аммо вай наузанбиллаҳ, «худаша гаспод бох медид». Ҳоло акнун ҷавоб мегуяд. Отели Чоркуҳ отдел нест, онҷо ҷинихона аст. Худи ментҳо ҳамин хел мегуянд.

                                       Шаҳристон

 Салом домулло Муҳаммадиқбол! Аз Шаҳристон чанд маълумот бароятон роҳӣ мекунам. Дилшод Кенҷаев, сардори шуъбаи КДАМ  3-4 моҳ шуд аз Шаҳристон рафта аст. Аз руи баъзе аз маълумотҳо ҳоло дар зиндони Якум Советскийи Душанбе рафта аст. Ин Кенҷаев Дилшод Кенҷаев ҷияни Ҷасур Ҳоҷимуродзода, муовини раиси ноҳияи Шаҳристонро, ки дар барномаҳои онлайнии «Ислоҳ.ТВ» ширкат кардааст, гирифтагӣ мебошад. Номи ин зани Дилшод Мастона Ҳоҷимуродова аст ва вай мутаваллиди 16 январи соли 1999 аст. Номи падари Мастона Фурқатилло ва номи модараш Мамлакат Ҷумъаева аст. Ҷумъаева Мамлакат муаллима дар мактаби №1-и ноҳияи Шаҳристон аст. 3 ако дорад:

Фаррух, Фарҳод ва Зиннатилло.

Ҷасур аз пушти ҳамин ҷиянаш, муовини Раиси ноҳия шудааст.

Share This Article