Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№116

Ислоҳ нет

Дар яке  аз номаҳои қаблӣ аз номи як нафар аз сокини Конибодом матлабе расид, ки муаллиф аз Тухтасунов Абдусалом, раиси ноҳия бахшиш мепурсид, ки хеле ободкорҳо кардау аммо онро онҳо надидаанд. Маълум буд, ки ин нома ташкилӣ ва муаллиф аз доираи худи раиси ноҳия аст. Вале мо нашраш кардем, чун як бори дигар дуруғу найранги масъулони таъйинкардаи Раҳмоновро мардум хуб мефаҳмад. Ҳоло посухи он нафарро мунташир мекунем ва худ хоҳед фаҳмид, ки барои фиреб додани мардум ин раис (он)-и таъйинкардаи Раҳмонов ба чи корҳое қодиранд:

  Конибодом

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокини деҳаи Кучкаки шаҳри Конибодом мебошам. Ончики то ин муддат дар бораи Конибодом чоп кардед, ҳамааш рост аст. Мардум аз инҳо сер шудааст. Дар бораи деҳаи мо низ чанд матлаб нашр кардед, ки бозгуи воқеият буданд.

Дар шаҳри Конибодом барои санҷиш аз Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишгарҳо омаданд. Аммо онҳо ҳама идораҳоро санҷиш нагузарониданд. Пулро гирифта санади саншиҷиро навишта доданд. Барои муассисаҳои таълимии умумӣ 5ҳазор сомонӣ, барои боғчаҳо 4 ҳазор сомонӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо 6 ҳазор сомонӣ ҷамъ намуданд. Мактабҳо 57адад, боғчаҳо 24 адад шуъбаи маориф ҷамъ карда ба санҷишгарон пораро додааст. Санҷишгарон чанд миллион сомони аз Конибодом ҷамъ карда рафта бошанд? Ҳар як санҷишгар омада пул ҷамъ карда рафтан гирад, пешравӣ аз куҷо мешавад? Коргарони ҳукумат бо санҷишгарон ба ҳама муассисаҳои буҷавӣ рафта пулро ҷамъ намуданд. Худатон қазоват кунед. Палатаи ҳисоб омада ҳамин қадар пулро ҷамъ карда равад, дар як сол аз ҳамаи мақомот барои санҷиш ба Конибодом меояд. 

Раиси шаҳр Тухтасунзода А. дар як круги мансабдорон гуфтааст, ки маро дар Ислоҳ навишта баромаданд, лекин маро ҳеҷ чи карда натавонистанд. Ба роҳбари дастгоҳи президент Озода Раҳмон бо 100 ҳазор доллар бурда додам ва боз шаҳрдории маро ба 2 сол дароз карданд. Ба ин кор ба ман директори коллеҷи тиббии Конибодом Нуров Амир ёрдам кард. Худи Нуровро чанд бор кормандони коррупсия дастгир карданд, лекин ӯро ягон кор карда натавонистанд. Дар боло шиносҳои бисёр доштааст. Ҳамин Нуров ба ман одамҳои даркориро ёфта дод ва корамро ҳал кард, гуфтааст Тухтасунзода Абдусаллом.

 Раиси вилоят Аҳмадзода Раҷаббой, машҳур бо лақаби Қофлонбой ҳам одами худӣ аст.Дар ҳама ҷойҳо тарафи маро мегирад.Ман ҳам хизматашро карда меистам.Раиси вилоят Аҳмадзода Р.нафсаш бад бошад ҳам одами мард аст.Чанд бор маро дастгирӣ кард.Ман аз ин одам то охири умрам қарздор мебошам.Чи супориш диҳад иҷро менамоям гуфтааст Тухтасунзода А.

Дар ҳукумати шаҳри Конибодом як муовини раис Қодири Наим  аст. Вай аз ноҳияи Ғафуров мебошад. Аз одамон барои имзо 2 ё 3 ҳазор сомонӣ мегирад. Агар пулро надиҳед, имзо намегузорад, одамон сарсон шуда мегарданд. Рафта чен мекунам, мегуяду лекин намеравад. Баъд коргарони кумитаи замин пайдо мешаванду корашонро ҳал карда медиҳад. Як ҳамсояам барои гирифтани сертификати замини хонаашон ариза дода буд. Танҳо баъди 5 моҳ баъди даводавҳои зиёд сертификати замини ҳавлиашро гирифт. Дар  байни як моҳ ҳамаи ҳуҷҷаташро тахт кард. Вале муовини раиси шаҳр Қодири Наим имзо накард. Пул талаб кунад ҳамсояамон надодааст. Баъд принсип карда 4 моҳ кашола кард аризаашро.  5 ҳазор сомониӣ дода имзо ва сертификатро гирифт. Ин ҳам мисли раиси шаҳр Абдусалом Тухтасуноғлу, ҷудо ҳам баднафс будааст , кору бораш дар Конибодом пул ҷамъкунӣ мебошад. Ба Конибодом аз Хуҷанду Ғафуров ва аз ноҳияҳои ҷануб барои пулкоркунӣ меоянд. Ин муовин Қодири Наим аз Конибодом як квартира, 2 участка ва 20 гектар замин гирифтааст. Халқи Конибодом бегонапараст мебошад. (ман маҳалчӣ намебошам, вале ба шаҳри азизам дилам месузад) Аз ҳамин бегонапарастиаш пешравӣ нест дар ягон соҳа. Нисфи халқи Конибодом аз ин ҳол безор шуда ба Русия муҳоҷират мераванд. 

Тухтасунзода А. мо халқи Конибодом аз ту безор шудем, ту ранги зулук хуни мардумро хурдӣ. То ба кай мо ин дуздро тоқат мекунем. Конибодом тамом шуд аз дасти ин Тухтасунзода А. Вой бар ҳоли мардуми Конибодом. 

Ман дар саҳифаи Ислоҳ дидам, ки узбакзабонҳои Конибодом аз пешвои муаззами Конибодом Абдусалом Тухтасуноғлу бахшиш пурсидааст. Дар ягон мактуб, ки аз Тоҷикистон ба “Ислоҳ” меравад, ягон бор муаллифи нома бахшиш напурсидааст ,ба номаи навиштагиаш. Бо кадом ақл, ки ин мактуби бахшишро ташкил кардӣ раиси шаҳр Тухтасунзода Абдусалом? Инҳо ҳам рустӣ дар ютуб Ислоҳро тамошо мекардааст. Чи хел узбакзабонҳои Кучкак бахшиш мепурсад. Мардуми мо ин хел пасткаш намебошанд, ки аз дузд бахшиш пурсад. Он навиштагиашро дар “Ислоҳ” пок намоед. Ин ҳамааш дуруғ аст. Мардум уро – Тухтасунзода Абдусаломи дуздро чашми дидан надоранд. Ягон коргари боваринокаш аз ҳукумат ё ягон шогирдаш, мисли роҳбари дастгоҳ Қудратуллозода С. ё муовинаш Қодири Н ё инки Умеда Ғаниева ёрдамчиаш Холматова Хуршеда он мактубро ба “Ислоҳ” навиштаги аст. 

Дар онҷо аз номи узбекзабонҳои Конибодом бахшиш пурсидааст . Инро худи раиси шаҳри Конибодом Тухтасунзода А. ташкил кардагӣ аст. Инҳо ҳамаашон як мафия мебошад.

  Мо аҳли сокинони дехаи Кучкак аз президент Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш менамоем, ки раиси шаҳри Конибодом Тухтасунзода А. (пешвои муаззами Конибодом)-ро аз вазифааш озод намоед. Агар ин одам боз ду соли дигар раиси шаҳр шавад Конибодом мисли ноҳияҳои водии Рашт мешавад. Мардум аз ин одам сахт норозӣ ва  безор шудааст. Тухтасунзода А. собиқ раиси ҷамоати моро ҳам бар ивази пул раиси ҷамоат таъин намуда буд. Вале Баҳриддин он суҳбаташро ба телефони худ запс карда будаст. Вақте Баҳриддинро подстава карданӣ шуд, Баҳриддин ҳамаи запсҳоро ба Прокуратураи вилоят бурда додааст. Ва онҳо нисбати раиси шаҳр нею нисбати як ошнояш Баҳодур  дело карданд. Ин ҳолатро ҳам ба Ислоҳ як шердили Кучкак навишта буд ва дар Ислоҳ нашр карда будед.

Дар деҳаамон як гап шуд, ки шофёри раиси шаҳр дар ҳолати мастӣ Ҷипро авария кардааст ва ба милисаҳо 20 ҳазор доллар дода корро тинҷ кардааст. Ана ин шаҳрдорӣ. Ба инҳо ҳама кор мумкин аст. Дар деҳаамон масъалаи таъмини об мушкил дорад. Деҳаи мо узбакзабон аст. Барои ҳамин ҳам намедиҳанд бо  супориши ин раиси шаҳр Тухтасунзода А. миллатчигӣ карда обро ба заминҳои деҳаи мо намедиҳанд. Дар лаби дарё ба худаш 60 гектар замин гирифтагӣ раиси носерами шаҳри Конибодом Тухтасуноғлу. Инро гур сер накунад, касе сер карда наметавонад. Ин одам як дузди кумитаи замин буд, чи хел шуда, ки  Раиси шаҳр шуд. Тухтасуноғлу Конибодомро аз мо гирифтӣ Ислоҳро аз мо гирифта наметавонӣ!

     Хуҷанд

Саломи гарму ҷӯшон аз Донишгоҳи давлатии Хучанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  ба кормандони ҳақҷӯй ва ҳақталаби ИСЛОҲ!

Ростӣ ман аз барномаҳои Шумо бехабарам ва ягон бор тамошо ҳам накардаам.

Ба қарибӣ дар Фейсбук мақолаи «Президенти Академияи таҳсилот аз педагогика харфи «П» – ро намедонад» – ро хонда ба хулосае омадам, ки бояд дар бораи «филиали» ин Академия, ки дар Хуҷанд ҳаст нависам. Чунки ин мақолаи Шумо даст ба даст гашта истодаасту ба фикрам тамоми аҳли маорифи ҷумҳурӣ хонд ва ба ростиаш сад% бовар кард. Ҳамаи гуфтаҳоятон рост. Вазири маориф инро қабул карду чораи сахт андешид.

 Ҳимояи рисолаҳои фанни педагогика дар Хуҷанд  аз Душанбе бадтар асту беҳтар нест. Як гуруҳи  ҳамшариҳо, ки аксарияташон аз Девштич, Ғончии пешин мебошанд, ин соҳаро ба дасти худ гирифтагианд ва бо дастгирии рафиқони дар Душанбе будаи худ аз касе наметарсанд ва касеро инсон ҳам ҳисоб намекунанд. Порагирию ҳамшаҳрипарастӣ ба дараҷаи олиаш расидааст, аз ин зиёдаш зиёд.

Сарварии ин гуруҳро профессор Шаропов Шавкат Аҳмадович ба зима дорад. Дар чандин шуроҳо аъзо мебошанд. Шиносҳояшон дар Душанбе бениҳоят бисёр. Рости гап ин одамҳо морро аз хонааш бо 50 дирам мебароранду боз қарздор карда ба хонааш мефиристонанд. Он тарафашро  худатон фаҳмед.

Дуюмин одами ин «сулола» Сабури Хайрулло аст. Ин одам аввал декан буд, баъд ноиби ректор оид ба илм ва ҳоло раиси шурои диссертатсионӣ ва худро бегуноҳу маъсум нишон медиҳанду лекин шайтонро 5 бар нол мезанад ва он ҳам дар они воҳид ва мижааш ҳам таҳ намехурад.

Доир ба дигар аъзои ин «сулола» ва дустони душанбегиашон сонитар муфассал гап мезанем. Чунки ҳоло баъзе фактҳо пурра нест, туҳмат гуноҳ аст. Руйхати ҳамаи дӯстони душанбегии инҳо дар мо ҳаст. Мо ҳамаашонро медонем, ки онҳо ба чи корҳо машғуланд ва чи номаъқулиҳоро кардаанд.

Ставкаи шурои Хуҷанд чунин аст:

1. Имтиҳони минимум 500 сомонӣ+ 200 сомонӣ барои зиёфати имтиҳонгирандагон ( 3- то имтиҳон месупоранд)

2. Хондани кор пеш аз қабули шуро 1000 сомонӣ;

3. Ислоҳ ва баланд кардани антиплагиати кор 5000 сомонӣ;

4. Муҳокимаи кор дар кафедра 3000 сомонӣ;

5.Қабули кор ба шуро аз 5000 то 10000 сомони ин вобаста ба география ва рохбари илмӣ;

6. Хароҷоти ҳимоя 5000 сомонӣ;

7. Агар дар ВАК шинос ёфта натавонад 5000 сомонӣ;

8. Музди хизмати ду оппонент (500 сомонӣ), рафту омади онҳо (300 сомонӣ), ҷои хоби онҳо (300 сомони) ҳамааш аз ҳисоби бечора ҳимоякунанда.

9. Ростӣ дар бораи нархи рисолаҳоро навистан ҳар хел гапҳо ҳаст аз 20 000 сомонӣ то 30 000 сомонӣ, ин ҷо арзонтар нисбати Душанбе. Чунки инҳо рисолаҳои русиро мегиранду ба тоҷикӣ тарчума мекунанду камтар переделать мекунанду халос. Дар рисолаҳо қисмати эксперимент ҳаст. Ростӣ ҳамааш дуруғ, чунки ҳимоякунанда қадамашро ба ҳамон мактабҳо намондааст.

Шаропов  худашон дар Қазоқистон ҳимоя кардааст ва бо қазоқҳо алоқаи зур дорад. Лекин хонумони чандин қазоқро сухт, ҳимоя мекунӣ гуфта пулашонро гирифтанду корашон гашт, яъне бо одами дар ВАК будаашон гапашон напухт.

Бесоҳибиро бинед, ки ҳатто дар Панҷакент Шурои диссертатсионӣ кушоданде!

Ҳамаи оппонентҳоро аз ҳисоби шогирдони худашон ё шиносҳои дар Душанбе будаашон интихоб мекунанд, барои аксари ҳимояҳо муассисаи пешбар Донишгохи миллӣ аст ё Донишкадаи забонҳо ҳаст, бовар накунед ва ба  https://hgu.tj/disser/post/283.html  дароеду бинед ва доир ба «қаҳрамонҳои худатон» расо маълумот мегиред ва автореферати Каримзода М.Б- ро меёбеду мебинед, ки аввалин мақолаи педагогиаш соли 2018 чоп шудаасту дар ин шуро соли 2021 химоя кардааст, дар се сол, ин МИРОВОЙ РЕКОРД!!!!  Эвойи войи илм.

Дар санаи 2 марти соли 2024, дар Шӯро як душанбегӣ ҳимоя мекунад.  Дар автореферати ин рисола омадааст: «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2017 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин таъкид карда буданд: «Дар ин марҳилаи муҳим мақсаду вазифаҳои маориф бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин, дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад» [91].91- ин ҷо рақами адабиёти истифодашуда, аммо дар автореферат нест ин руйхат, бояд дар рисола бошад, аз ин зиёд бесаводӣ мешавад? Авторефератро хонед аз дунё дилатон мемонад, наход як иншо рисолаи илмӣ шавад? Сониян ин гуфтори Пешво  ба ин мавзуъ чи дахл дошта бошад, чаро аз номи сарвари кишвар гап мезананд инхо? Ки иҷозат дода бошад? Дар сарлавҳаю саҳифаи якуми автореферат 12 хатоӣ ҳаст. Бадии кор боз дар он аст ки инҳо мардуми таҳҷоии Хуҷандро ин ҷо роҳ намедиҳанду признават  намекунанд. Чаро моро оппонент намемонанд мо ҳайрон? Хуҷандиҳо ин ҷо қариб, ки ҳимоя намекунанд. Фақат душанбегиҳою панҷакентиҳою дигару дигар. Гап ҷудо бисёр, уко илтимос, ҳаминро чоп карда монед. Агар ягон дигаргунӣ нашавад ана баъд мебинанд…..

     Исфара- Ворух

  Бародари азиз Муҳаммадиқбол! Бовар дорам ҳамаи навиштаҳои ман вориди барнома мешаванд, чун дигар ҷои шикоят кардан надорем.

Аз таҷовуз ба номус ҳарф намезанам. Соҳиби зан ё духтар худ даюс бошад аз дасти ман чи меояд. Менависам то халқи Ворух бидонад, ки оянда чи тақдире интизор ҳаст.

Аз 38000 мардуме, ки дар Ворух зиндагӣ мекарданд, танҳо 10.000-мондаасту халос. Инро таҳлил бояд кард, сабаб дар чист? Аз ҷанати рӯи замин, Тоҷикистони азиз рӯй ба фирор овардед. Аз рости гапро гуфтан метарсед. Ба ин хотир коғази саферо сиёҳ хоҳам кард ва бо ашк менависам.

Дар Ворух бо хун бинвиштам:- ба пеш! Ба кадом хотир ин суханҳоро гуфтам? Шояд каме бошад ҳам виҷон дошта бошед, дастгири мухолифин бошед, то ин режими хиёнаткору таҷовузгару зулмпарвар аз байн бардошта шавад. Агар бо ман розӣ набошед ҳамин тариқа мондан гиред.

Агар хомуш истед халқи Ворух солҳои наздик бе ватан мемонед. Яъне тарки зодгоҳ бояд кунед, дигар илоҷ надоред. Мефаҳмед, лекин дер мефаҳмед, ки генотсид шудаед. Як сухани барандаи телевизиони Русия барномаи «Поле чудес» Якубович ёдрас мекунам.

«Шумо метавонед дар ҳар куҷое набошад шоҳона зиндагӣ кунед, қасрҳо бунёд кунед, мошинҳои қиматбаҳо харед, лекин фаромуш накунед, ки як рӯз не рӯзи дигар ягон шахсият ба шумо мегуяд, ки ту ин ҷо бегонаӣ»

 Дар як барномаатон як бародар дар бораи Қирғиз Ортуқов навишта буд. Аз ҳамон бародар хоҳиш мекунам пура ва васеъ менавишт хуб мешуд. Бо ин тарз навиштан ҳеҷ маълум нест, ки шумо чиро дар назар доред.

Аслан айни замон Қирғиз Ортуқов раиси Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон дар Ворух ҳаст. Агар аз ҷиноятҳои содир кардааш нависем, вай ба ҳабси як умра лоиқ асту халос. Солҳои пеш дар ҷамоат ҳамчун котиб фаъолият мекард. Тамоми раисони ба ҷамоат омада, аз дасти ҳамин шахс аз кор рафтаанд. Худаш бошад ҳар навбат аз об хушк мебаромад. Ин маънои онро дорад, ки чоплуси куҳнатарини Ворух дар назди ҳукуматдорон мебошад. Асосан фаъолияти Қирғиз Ортуқов дар давраи Истиқлолият рушд кард.

  Тамоми дуздиҳояш, чанд қитъа заминфурушиҳояш, дар Исфара соҳиби хона гаштанаш, соҳиби мошин гаштанаш ҳамааш аз пули ҳаром мебошад.

Асосан бачаҳои маҳаллаи Қалъача пули зиёд додаанд. Хулоса, агар нависем як китоб мешавад. Дар ин бора алоҳида як барнома бо шакли пура тайёр хоҳем кард.

Ана ҳамин хел шахсиятҳои дузду муттаҳам дар ин ҳукумати золим кор кардан метавонанду халос .

Раиси ҷамоат Қаҳрамони ҳафтуми Тоҷикистон бошад, баъди гурехтани заминсоз Зинур хотири ҷамъ фаъолияташро давом медиҳад. Асосан пулҳои калони ин ду нафар ҳам аз бачаҳои ҳамин маҳалла яъне Қалъача мебошад. Ному насабашон маълум, лозим шавад мегуем ҳамаашон айни ҳол дар Русия ҳастанд.

Ишораи ман ба як чоплуси бесавод бо номи Абдуи қаҷбед аст. Абду,то ҷое ман медонам, ту саводи кофӣ надорӣ. Боз ту шеър чоп кардаӣ. Лаънат ба он шахс, ки навиштаасту ту аз номи худат нашр кардӣ. Як бародар дорӣ бо номи Мавсим. Вақте  ки Саломзода Суҷоиддин, раиси онвақти Исфара ва ҳоло раис дар Данғара ба Новосибирск омада буд аз минбар лаганбардори калон буду сухан мекард. Аз ин хулоса бароварда мешавад, ки шумо оилавӣ дидаву дониста лаганбардорӣ мекунед.

 Дар охир ҳаминро мегуям бародари азиз Муҳаммадиқбол солҳои тахмин 1985 то 1990 аз тариқи телевизиони россия филми бисёр сериол ,, спрут”-намоиш дода шуд ҳар ҳафта хато накунам рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа ду серияашро намоиш медоданд. Пас аз  тамошои филм пагоҳ ҳама ҷам мешудем ва таҳлил мекардем филмро.  Шахсан ман зиди таҳлили дӯстонам будам мегуфтам ин фақат филм ҳасту халос. Хатогиамро имрӯзҳо пас аз гузашти ин ҳама сол дарк мекунам, мебинам терор, куштор дар Тоҷикистон бадтар аз “Спрут” воқеан дар яке аз шаҳҳои Итолиё Ситциля  ба вуқу мепайвандад имрӯзҳо мефаҳмам (дар бораи дигар ноҳияҳо ҳарф намезанам)-Ворух бадтар аз Ситцилия гаштааст. Ман  дар бораи таҷовуз ба номус ҳарф намезанам, агар мардҳо мурғ бошанд аз дасти ман як нафар чи меояд бигзор таҷовузашонро давом диҳанд вақте бо чашмонат мебини боз аз якдигар шодёна мегири ва мегуи фалониро фалон амнияти фалон кардааст мард нашуда муред беҳтар аст.

    Муминобод

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Мо мардуми Муминобод аз шумо розӣ ҳастем.

Моро устод бениҳоят тарсончак кардаанд. Дар Муминобод ҳамагӣ 6 соат свет асту халос 

Қариб тамоми масҷидҳоро банд карданд. Масҷидҳое, ки мардум аз пули кисаи худ сохта будан иҷозат намедиҳанд ва онҳоро корхонаи давлатӣ карданд.

 Дар кучаи Саидҷон Назаров масҷиди 5вақтаи мардум буд. 3 сол аст, ки дар он кумитаи замини ноҳия кор мекунад. Тобистони имсол оташ гирифт, аммо мардум онро хомуш карданд. Аммо мардум мегуяд, ки рӯзе инҷо метаркад. Наход масҷидро, ки хонаи Худо аст, манъ кунӣ.

  Дар маркази ноҳияи Муминобод мардумон аз ҳукумат иҷозати сохтани масҷидро гирифтанд, дар назди бозори Раҷаби кишка. Аммо ӯ бадбахт дар онҷо дискотека кушод.

Дар дискотека ба ноболиғон чизе намегуянд, онҳо бемалол ворид мешаванд, чунки онҳоро буз кардаанд. Чи гапе дар инҷо мешавад, хабар медиҳанд. Шабе нест, ки аз онҷо 2- 3 касро милисаҳо ба отдел набаранд. 

Мардуми дар назди ин клуб буда аз овози баланди он хоб надоранд ва тақрибан 7-8 бор ба раиси ноҳия шикоят бурданд, аммо бефоида. Чунки инҷо ҷои истироҳати милисаҳо ва амниятиҳост. Баъд аз анҷоми вақти клуб милисаҳо раққосаҳои онҷоро ба байни худ тақсим карда мебаранд. 

Ба худо қасам агар ин клуб корашро давом диҳад, ҳама наркоман мешавад.

Амниятиҳо ва милисаҳо каме ришат давида бошад, тамом. Ту салафӣ, ту террорист гуфта бурда хуб шиканҷа мекунанд. Агар бо онҳо ҳамкорӣ кунӣ, чизе намегуянд. Масъалаи ҳиҷобу риш тамоман мумкин нест. Милисаҳо ва амниятиҳо агар бинанд бурда салафӣ гуфт пулдор бошӣ, пулатро мегиранд, бе пул бошӣ мурданӣ мезананд ва ночор мекунанд, ки қарз гирифта диҳӣ ва боз маҷбур мекунанд, ки бузи онҳо шавӣ ва сипас ҷавоб медиҳанд. Сахт бераҳманд. Чунки тамоми милисаҳову амниятиҳои ноҳияи мо аз Помиру Қурғану дигар ҷойҳоянд. 

 Нав нолаат ба даҳонат расиданист, онро мегиранд.

Милисаҳо ба мактабҳо бе иҷозат даромада сару либос, риш ва руймолро назорат мекунанд. Дар байни бачаҳои мактабхон буз доранд. Мардум свет надорад.

 Ба куҳ барои ҳезум рафта наметавонанд. Ҳамаҷо аз Раҷаби кишка ва Ғоиби калла аст. Мардум ба дод омадааст. Мардум ҳезум намеёбад. Мегуӣ раваму ҳезум биёрам «мега иҷа ай Ғолиби калаҳай, уҷаш мерай мега иҷа ай Раҷаби кишкаҳай, мардум намедона чи кор куна».

Ин ду одам Ғоиби калла ва Раҷаби кишка ҳамаро аз худ кардаанд. Бачаҳои Ғоиби калла кибру катагии зиёд мекунанд. Инҳо ҷиянҳои генерал Юсуф Раҳмонанд. Ҳамаи мақомот аз ин ду гуруҳ метарсанд. Чор сол аст ки дар инҷо дискотекаи Раҷаби кишка кор мекунад. Ин Раҷаби кишкаи бизнесмен худро одами СС.Ятимов мегирад ва мегуяд, ки дискотекаро бо супориши шахсии Ятимов сохтааст. Дар ин дискотека арақ бангу героину ҳамачиро мефурушанд.

 Барои таъмири роҳи Момандиёну Чарги чандин бор гуфтанд, бефоида. Мардум ба болои сангов мераванд. Мардумро тамоман шикаставу бечора кардаанд.

 Имомхатиби масҷиди калонамон одами хуб нест. Ман дар бораи ӯ чизе намегуям, ба он шарте, ки масҷидро ба ягон одами худотарс диҳад. Валлоҳӣ мардум ӯро намехоҳад. Шахсан барояш ҳушдор медиҳам, ки агар насупорӣ, хуб медонӣ, чи гапу хабаратро месупорам ба Ислоҳ

Лутфия Шарифзода, раиси Муминобод одамони бесаводу беақлро дар гирдаш ҷамъ карда буд. Уро мардум ҳамчун ленинпараст мешинохтанд: «ай оташда ленини бадбахта дуст медора». Хайрият дафъаш карданд. Ин духтари Адолат Раҳмонова буд. Ҳамаро ба Раҷаби кишка ва Ғоиби калла фурухт. Ва, ба ҷиянҳои генерал (худашон мефаҳманд, ки гап дар бораи онҳост) ва бачаҳои Ғоиби калла. Ончики калонҳоятон карданд, шумо накунед, кибру ғурур накунед бо мардум. Ҳама чиз вақту соат дорад..

 Дар Муминобод облава аллакай сар шудааст. Раисони ҷамоат бо милисаҳо облава мекунанд. Муллои калони масҷиди калонамон бо амниятиҳо аст ва бузи шохдор мебошад.

     Аз Лос-Анҷелес вазъи Хуҷанд

 Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқбол! Ман як номае ба шумо равон карда будам ва он чоп нашуд. Умедворам, ки чоп бишавад ва ҳоло номаи дигар. Чанд рӯз пеш бо як ҷавон аз шаҳри Хуҷанд ру ба ру шудам, ки дар яке аз беморхонаҳои номдори шаҳри Сан Франсискои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳайси сардори шуъбаи ҷарроҳии чашм кор мекунад. Вай ҷавони хеле босавод аст ва дар конференцияҳои байналмиллалӣ ҳамчун яке аз “спикер”-ҳо бисёр даъват карда мешавад.

Вақте аз ҷавон савол додам, ки чаро дар Тоҷикистон кору фаъолият намекунад? Доктори ҷавон, ки 36 солааст, гуфт, ки дар Тоҷикистон ва махсусан дар беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд,  чи он беморхонаи шаҳрӣ ё вилоятӣ бошд, бояд ягон хел восита, масалан амак, тағо ё падар дошта бошӣ ва ё маблағи зиёд дошта бошӣ, онгоҳ туро ба кор мегиранд. Бар изофа   барои ёд гирифтани амали ҷарроҳӣ бояд хеш ё наздики духтурҳои ботаҷриба бошӣ. Вагарна танҳо ба кори навис-навис ё қабули касалхо мешинӣ ва ҳеҷгох пеш намеравӣ ва    ҷарроҳиро ёд нахоҳӣ гирифт. Он ҷавон нақл кард ва гуфт, ки ҳамин шаш ё ҳашт моҳ пеш ба беморхонаи вилоятӣ барои кор рафта буд ва бо сардухтури бемерохона Фаррухҷон Мақсудович ҳамсуҳбат шуд. Ӯ ба ман гуфт ки “агар ҷои кор хоҳӣ мо хеле хурсанд мешавем. Аммо ҳозир ҷои кор надорем. Агар хоҳӣ ҳамроҳи ҷонишинам Бахтиёр Чаҳонович барои обед ба Хони Хуҷанд равед, вай ҳамаашро мефаҳмонад, «без проблема».

 Давоми қиссаро бишнавед .Вақте онҳо обед мераванд, Бахтиёр, ки падараш дар замони худ   сардухтур буд ва хеле зиёд аз моли мардум медуздид, чуноне мегуянд, “Падар чи гуна писар намуна” руи рост мегуяд, ки ба ман 15ҳазор доллар медиҳӣ, дар як ҳафта фармони «сардори шуъба»-ро мегирӣ. Вақти ҷавон мегуяд ин чи хел мешавад? Дар ҷавоб мегуяд, ки «ман бояд ина дигарова тақсим кунам ва тува кора туғри када метиам, инҷо Точикистон ту Америка омадӣ пулат ҳай парво накун».

   Он ҷавон мегуяд, ки хуб агар диҳаму ҷои корро гирам, дигар проблема нест? Бахтиёр Ҷаҳонович мегуяд, ки он тарафаш без проблема:- «просто ҳар ҳафта на кам аз 6000 сомонӣ манба дароварда метид, ҳиҷ кас шумова намерасад.

 Ҷавон пурсон мешавад, ки ин чи хел ҳар ҳафта 6 ҳазор сомонӣ, аз куҷо меёбам? Вай дар ҷавоб мешунавад, ки «раис 5000 сомонигӣ мегирад, манба 1000сомонӣ. Ин «стандартний ставка» барои ҳамаи мудири шуъбаҳо ва ҳар духтур бояд на кам аз 1000 сомонӣ ҳар ҳафта  манба тиян».

Ин ҷавон боз пас мегардад ба Амрико ва дигар тамоми орзую умедашро аз ватан меканад. Ҳамин ҳолатро ба ман фаҳмонид ва гуфт, ки ман ба Ватан танҳо аз барои падар модарам рафта будам барои кор. Аммо ин ҳолатро падару модарам фаҳмида гуфтанд, ки дигар инҷо оянда надорад, роҳи сафед писарам.

Ман шахсан худам бо 6 нафар табибони беморхона ҳамсуҳбат шудам ва барои навистани ин нома ман беш аз 5 моҳ тафтиш кардам. Ҳар табибе, ки ҳамсуҳбат шудем мегуянд, ки ин ҳолат солҳост, ки давом дорад ва танҳо нафси сардухтурон нав мешавад. Ягона сардухтуре, ки дар беморхони вилояти кор кард ва ягон порахурӣ ва ҳаромкорӣ накард худораҳматӣ Шарипов, табиби ҷарроҳи чашм буданд. Бо роҳи ҳалол кор мекарданд, лек аз ҳисоби ҳалолкорӣ он касро аз вазифа мегиранд.

 Бахтиёр Ҷаҳонович моҳи гузашта бо дустони наздики худ “гап” (бо ҳам омадани дустон дар чойхона ва ошхурӣ) доштанд. Яке аз дустон мепурсад, ки чаро ҷои падарро соҳиб намешавед? Мегуяд, ки он замонҳо дигар буд. Ҳозир “криша” даркор, пули танҳо намешавад. Як замонҳо падари ҳамин Бахтиёр ҳам сардухтур будаст. Боз мегуяд, ки «Фаррухчик гарени пушташ сахт, раиси вилоят кати наздик ва аз руи гапои худаш “связаш” прамой бо Тахминахон ҳаст. Базъе вақтҳо воҳима карда мегуяд, ки “ман секретний ё..и Тахминчик, ҳамунба мана ҳич кас юрак намукунад а ҷом гирифтан.” Аз ин гуна суханҳо хело зиёд дар байни дустони худ мегуфтааст.

 Раиси вилояти Суғд “Қофлонбойи қош” ҳамеша мегуфт, ки “парво накун, ман бояд вазифаи нав ба наздикӣ гирам, яъне Сарвазир мешавам, чун ҳозир “муғулчик” бемор аст ва чанд маротиба ба Олмон рафта омад. Ба наздикӣ ин ҳам тамом!” Яъне ,ки Фаррухчик орзу дорад то Раёсати тандурустии Суғд ва баъдан вазорати тандурустиро ба даст орад. 

 Аз руи суханҳои зани дуюм ё оими Фаррух дар байни дустонаш, ставкаи сардухтурӣ  хеле калон аст ва бояд ҳар ҳафта аз 50 то 100 ҳазор сомонӣ ба вилоят, Хадамот, вазир дода шавад! Аз ҳама доляи калонтаринро, ончунонки Фаррух дар байни дустонаш гуфтааст, ба Тахминахон (Тахмина Раҳмонова, духтари Ҷаноб) бояд диҳад ва асоси даромадҳои аз “метамфитамин” қариб 70% даромади шахсияш ба Тахмина меравад. Барои “дили вайро шоду хуррам” гардонад.

    Якчанд рӯз пеш аз соли нав бо дӯстонаш нишаста ва дар он ҷо мегуяд, ки «ҳамин Ислоҳ гаренӣ будаст. Он рӯз тамошо мекунам ҳамаша конкретно рост мегуяд!

«Ҳозир раиси «Қофлонбой» гарени нервашон буромдагӣ, намедонан чико кунанд бо ин кличкачаи мондагӣ. Даже райис шунидааст, ки баъзе коргаронашон ҳаминхел аз пушташон мегуфтаанд».

  Ҳаминро гуфта механдад ва вақте дӯстонаш мепурсанд, ки “охи шумо братя ку”. Дар ҷавоб мегуяд ки “ихелакоки ошногӣ не, сделкача мешад.”

Мардум ҳамеша табибонро мазаммат мекунанд, ки ҳама чиз пулакӣ шуд. Шумо як маротиба фикр кунед, мардуми азизи Тоҷикистон. Ҳамон уволи табиб, агар ҳар ҳафта доля надиҳад ва дар ҳар проверкаи вазорат ва Хадамот доля надиҳад. Вай ҳам намехоҳад, ки аз шумо маблағ талаб карда шавад. Дар беморхонаҳои шимоли Тоҷикистон ҳам ҳамин гуна акнун “ставка”-ҳои беморхонаҳои шахри Душанберо  ҷорӣ кардаанд.

Каме маълумот дар бораи Фаррухи ҳаромхур. Дар байни мардуми шаҳри Хуҷанд гап-гап ҳаст, ки вақте дар маъракаи дӯстонаш менишинаду градусаш баланд мешавад, воҳима карда мегуяд, ки “Мана ҳиҷким расида наметонад, ман постянкаи Тахминахони духтари Ҷаноб”.

Аз руи гуфти худаш дар назди дӯстони наздикаш, ки асосӣ дар  Парламент  мешинанд мегуяд, ки раиси вилояташ задагӣ, КГБшам задагӣ, ментошам. Ман ҳозир ниятам ҳамон бозори “Метамфитамин” –и вилоят дар дастамба гирам Тахминаҷон ваъда дод, аммо ҳоли якта “QASHQAR” (мардуми Хуҷанд ҳар касе, ки зодаи Хуҷанд нест, ҳамингуна ном мегузоран) дасташанда.»

Акнун мардуми азиз фикр кунед, ки ҳамин гуна ҳаромиҳо дар сари вазифаанду чи қадар мефорадашон медузанд. Ин гуна раисҳо зиёдаанд дар шаҳри бостонии Хуҷанд. Чаро пасво ва бачаи гунгаш, вазири беақли тандурустӣ, Юсуф Раҳмони чмо, ё КГБ, ё коррупсия ё ВКД ягон кор намекунанд? Сардухтури ҳаромромхур аз пулҳои ҷамъкардааш як “Гелик” харида бо ҳавобаландӣ мегуяд, ки ин нав аст аз доляи 4 моҳаи духтурҳову сардорони шуъбаҳо расидагӣ манба.

Бародари азиз, илтимос ин навиштаро чоп кунед. Ба мардуми сарбаланди Хуҷанд гуфтниям, ки айб нест, ки шумо ва мо насли Темурмалик имрӯз чмо ва лох шудаем: «ин тзе гап якта ҳаромӣ балнисанда ва дигар ҳоли худо медонад, ки дар дигар соҳаҳо аҳвол чи хел аст». Агар мо нахезем ва ҷилави ин корҳоро нагирем, бадтар мешад ва мо як умр дар ғарибӣ, то кай?! Табибони облболниса нависетон ба Ислоҳ. Ин шо Аллох бо ҳамин роҳ метавонем ин ҳаромхурҳо ва ҳаромхуриро кам кунем!

      Панҷ

Салом устод Муҳаммадиқболи Садриддин!
Устод шумо дар яке аз номаҳо акси ин коллеҷи сохта нашударо нашр карда будед. 10 сол зиёд мешавад, ки як қолаб, як ист истодааст. Чанд бор роҳбарҳо иваз мешаванду аммо корашон дуздиву ғоратгарӣ аст. Охир ҳамин биноро наметавонанд ,ягон фабрика ё заводи истеҳсолӣ барои мардум бисозанд?

Ман дирӯз аз намози ҷумъаи 6 посёлка баромадам. Дидам, ки ду вертолёти ранги «Ёрии таъҷилӣ» буд. Яъне танаи чархбол + навишта шуда буд. Аз болои сарамон гузашта тарафи Шаҳритуз рафтанд.
Дар намози ҷумъаи 6 ум посёлка имомхатиби масҷид бояд амри маъруф кунад, ба мардум ягончи фаҳмонад. Баръакс фақат Эмомалиро таъриф мекунаду халос.
Саҳар  ба даруни заводи пахтаи Қумсангир бозор мерафтам. Дидам,ки онҷо 6 адад фураи калони борбар онҷо қарор доштанд. Рақами ин мошинҳои боргаш туркӣ (34….) буд. Акс гирифта натавонистам. Ман якумбор аз он роҳ рафтам. Раиси завод аз Чапаев, одамҳои наздики ҳоҷӣ Раҳматулло. Хондаи сафед дорад. Мардум аз руи ночорӣ ва маҷбуран Пахтаро  4-5 сомони мефурӯшанд. Аммо маълум аст ки соҳибони ин завод даҳ баробар пахтаро бештар мефурӯшанд.

Share This Article