Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №135

Ислоҳ нет

   Дар яке аз номаҳои пешина аз он гуфта будем, ки ду муовини Зайнулло Соҳибов, раиси Агентии  хариди  давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоҷӣ Зайнулло, бародари Шамсулло ва ҷияни Зоир, домодҳои Эмомалӣ Раҳмонов) аз тарафи Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир вале чанд рӯзи пас бо додани забонхат, ки маҳалли зистро тарк намекунанд раҳо шуданд. Ин ду нафар барои обу лойи як миқдори калони  пули вазорати мудофиа муттаҳам дониста мешуданд.

Дар феврали соли ҷорӣ дар як нишаст Оҷонси мубориза бо фасод аз «обу лой»-24 миллион сомонӣ, муодили 2 миллион доллар хабар дод. Он вақт расонаҳо навиштанд, ки «ин пули калонро аз буҷаи давлат барои ғизо ва либосу сафарҳои хидматии сарбозону афсарон ва таъмири қисмҳои фарсудаи ҳарбӣ ба вазорат додаанд, вале он барои ҳадафҳои дигар сарф шудааст.Насриддин Низомзода,сардори Раёсати тафтишотии Оҷонси зидди фасод гуфт, феълан қисме аз ин маблағро ошкор кардааанд”.

Дар ҳақиқат аз тарафи Агентии мубориза бо коррупсия дар зерсохторҳои вазорати мудофиа санҷиши молиявӣ идома дорад ва 19 миллион сомонӣ маблағҳои азхудкарда ошкор кардаанд.”Ин нашрия аз қавли Насриддин Низомзода навишт,ки дар робита ба дуздиву истифодаи ғайриҳадафмандонаи пули давлат ба зидди сардори раёсати молия ва буҷаи вазорати мудофиа ва чанд мақоми дигари ин ниҳод парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Дар умум 7корманди вазорат ба “Аз худ кардани пули давлат ва исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон” муттаҳам мешаванд».

 Баъди ҳамагӣ чанд рӯз бо имзои Раҳмонов чаҳор нафар аз муовинони вазири мудофиа барканор карда шуданд. Вале ба назар мерасад, ки қазияи «обулой»-и пулҳои ин вазорат «оборот» мегирад. Номае ба дасти мо расидааст, ки мегуяд ҳолу вазъи генерал Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа ҳам сахт бад шудааст. Феълан ин қазияро вазорати молия ва Палатаи ҳисоб расидагӣ доранд ва ду муовини вазири мудофиа Шералӣ Мирзоро ҳам шинонидаанд.

                                             Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман исмамро нагирам ҳам шумо хоҳед фаҳмид, ки корманди мақомот ҳастам. Гап дар бораи вазорати мудофиа меравад.

 Агентии мубориза бо коррупсия як- ду нафарро боздошт мекунад, бо иттиҳоми  рупуш кардан ва насупоридани налог. Баъдан маълум мешавад, ки инҳо фирмаҳои однодневка будаанд. Яъне алик -малик ва маблағҳои калону зиёдеро чи бюҷетӣ ва чи дигарро обу лой кардаанд. Баъди он ки тафтишот сахттар рафт, аз ҷониби нафарони болову поён дахолат сар шуду маблағҳои хуб ҳам барои дальше накофтани кор пешниҳод шуд. Аммо пешбарандаҳои кор, яъне муфаттишон ба директори Агентии коррупция ҳолатро расонданд. Директори Агентии коррупция маводҳоро талаб карда дид, тар кард. Дар он обналичкаи сумҳои бюҷетии вазорати мудофиа буд. Директори Агентӣ Султонзода Сулаймон, ки уро шогирди Юсуф Раҳмон мегуянд, рост пеши Юсуф Раҳмон рафту ҳолатро гуфт. Юсуф Раҳмонро Худо дод. Гуфт кофтан гиред. Ҳамин хел кофта истодаанд, ки чаҳор генерали вазорати мудофиа ҳоло маҳкаманд. Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа тар карда, шиштагӣ. Маблағҳои калонро аз чанд статяҳои бюҷети вазорати мудофиа обналичка кардагианд. Дар ин кор чандин одамҳои калон аз Минфин ва дигар сохторҳо қушанд. 

Юсуф Раҳмон ба Сулаймон Султонзода гуфт «кован одамот. Особенно цепочка ба СС.Ятимов ва Раҳим Рамазон ёван зур меша».

 Дар тарафи Айнии вилояти Суғд қишлоқе ба номи Урметан аст, ки қисме аз онҳо дар алик- малик, обналичка даст доранд. Ҳар кадомаш чандтоӣ фирмаҳои однодневка доранд ва дар ивази фоизи паст калаву пуст обналичка карда медиҳанд. Ин урметаниҳо қариб 25 сол зиёд аст, ки даст ба ин кор даст доранд. Айни замон бошад мардуми Восеъ ҳам дар ин кор даст доранд. Онҳо ҳам чандтоӣ фирма кушода калаву пуст зада истодаанд. Урметаниҳо дар микрорайони 82 –и Душанбе меистанд. Точкаашон пеши нотариус аст.

  Назари обналичка, ки 3 миллион долларашро Зоир гирифт аз Тугараки Восеъ аст. Обналичкаро мардуми Тугарак аз Восеъ мекунанд. Вале очаи обналичка дар Тоҷикистон раиси феълии Кумитаи налог Нусратулло Давлатзода аст. Ӯро очаи облналичкаи Тоҷикистон мегуянд. То вазир шуданаш обналичкаро мезад, мезад, мезад. Вазир шуду резко ҳамонро қапид, маҳкам кард.

 Ҳозир данний время вазири мудофиа дар хонааш шиштаасту, тар кардагӣ, ки мабодо маҳкамам накунанд. Худо гуфта истодааст, ки бообру бароям аз инҷо. Ин вазир худаш инсони хуб аст. Аммо занаш бисёр баднафс ва фақат мудохила мекунад. Шерали Мирзо, бо каллаи ҳамон бисёр вақт кор мекунад, барои ҳамин ба ин ҳол задааст.

 Уро Рамазон Раҳим ҳам сияҳаш мекунаду Саймумин Ятимов ҳам сияҳаш мекунад, дар пеши Ҳасану дар пеши дигару дигарҳояш. Худаш мардбачааст. Аммо фандаш мекунанд. Дидед,  ки муовинҳояш чи кор карданд, ҳамааш фандаш карданд.

   Вай худаш дар хонааш сум надорад. Як рафиқи наздикам бо вай сахт наздик аст. Мегуяд, ки тамоман аз дигарҳояш фарқ мекунад. Шикастанафс аст.

Вале ҳоло гириста шиштааст, ки боз маҳкамам накунанд: «Баобру бигирандам, ҳамин бароям кофист, аз вазифа бигирандам баобру». Одамҳое, ки дар мансабҳои вазорат худаш мондагӣ аст аз ҳарҷо омадагианд. Лекин бештарашон аз Данғара ва бесаводанд. Чунки онҳоро аз боло мондагианд.

Албатта бар сари Шералӣ Мирзо тақдири Шавкат Бобозода, раис намеоваранд.  Уро зиндон карда буданд. Инро дар гумон аст ки зиндон кунанд. Ин Раҳмонов сахт маҳалгарову маҳалпараст аст.

Ду муовинш показание додаанд. Якташ аз Фархор ба зидаш нишондод додааст, яктои дигараш муовини дигариаш. Вале  ҳоло хапанд.

Шоҳрух Саид соли ҷанги ҳоҷӣ Ҳалим досрочно рутбаи капитаниро ҳамин Шералӣ Мирзои миноборон ба ӯ дода буд. Боз сраза майёраш доданд ва замначалники УУРи республика монданд. Капитаниро бо фармони Рустам  гирифта доданд. Досрочно. Младший лейтенант старший лейтенант ягон бор набуд. Таъҷилан капитан ва майёр шуд. Таъаҷҷуб накунед ин ҳукуматдории пешво ҳамин аст кадрҳояш, лозим шавад дар як шаб генерал ҳам мешави, агар хоҳанд!

                                          Пекин

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман чанд сол аст ки дар пойтахти Чин, шаҳри Пекин кору зиндагонӣ мекунам. Донишгоҳро дар ҳаминҷо хатм кардам ва ҳоло дар як муассисаи шахсӣ кор мекунам. Аз Ютуб барномаҳои шуморо тамошо мекунам ва сайти Ислоҳро ҳам мехонам. Ман дар бораи як масъала, вазъи мусулмонҳо дар Чин мехоҳам суҳбат кунам. Ман дар интернет бисёр мебинаму мехонам, ки уйғурҳову дигар мусулмонҳо дар Хитой зери азобу шиканҷаанд. Аммо, бовар кунед, ки гап тамоман дигар аст. Ман се- чор маротиба дар Урумчи ва  Шинҷани Уйғуристон будам ва авзоъро баръало ба чашмонам дидам. Бовар кунед вазъияти мусулмонҳои Чин он чизе нест, ки аз дар расонаҳо пропаганда мекунанд. Ман дар Уйғуристон ёру дустонамро ҳам дидам. Дар Чин 56 қавмият зиндагӣ мекунад, аз ҷумла аз мусулмонҳо. Дар ҳар вилояту музофотҳояш мусулмонҳо ҳастанд ва  на танҳо уйғурҳо. Уйғурҳо шояд 5% мусулмонҳои Чинро ташкил медиҳанд. Дигар ақвоми мусулмон ҳам ҳастанд. 

Ончизе, ки ман дидам тамоман дигар аст аз ончизе ки дар ВВС ва Гардиан мегуянду менависанд. Ба навиштаи ин расонаҳо  мусулмонҳоро дар Чин азоб медиҳанд. Ман бисёр чизҳоро рости гап аҳамият додам. Аз дустони уйғурам ҳам зиёд пурсидам. Забони онҳо ба забонҳои туркӣ ва узбакӣ наздик аст. Ҳамсуҳбат шудам. Ягон нафари онҳо нагуфт, ки моро барои мусулмон буданамон зулм мекунанд. Уйғур бошӣ дар Хитой барои ту имтиёз ва сабукӣ бисёртар аст. Масалан ту метавонӣ, ки дар беҳтарин донишгоҳ бепул таҳсил кунӣ, агарки ҳуҷҷатҳоро подават карда экзаменро гузаштӣ. Стипендия мегирӣ, ҳам барои пайдо кардани ҷойи кор ҳаракат мекунанд. Ақвоми ақалиятро бисёртар дастгирӣ мекунанд. Дар ҳар як чорсад –сесад метр кафетерияи махсус барои мусулмонҳо амал мекунад, ресторани мусулмонҳо ҳаст.

Тааҷҷубовараш он аст ки дар Тоҷикистон ман ин чизҳоро надидам. Масалан ҳамааш бо бисмиллоҳ ба арабӣ навишта шуда ва низ бо арабӣ ҳалол навишта шудааст. Ку дар Тоҷикистон ҷуръат куну рав ошхона ё ресторан кушо ва ба арабӣ ҳалол навис,  фардо КДАМ бар сарат мебиёяд. Ҳамин чизҳоро ман ба чашми худам дидам. Он чизе, ки масалан  дар интернет медидам ва дар инҷо медидам фарқи калон дорад. Барои ҳамин ба хулосе омадам, ки давлат чи гуна бошад, дар он адолат бояд бошад. Агар дар давлат адолат вуҷуд дорад, дар он давлат ҳам дин озод мешавад ва ҳам зисти мардум аз ҷиҳати иҷтимоиву иҷтимоӣ хуб мешад ва ҳам байни мардум тафриқа ва ҷудоӣ тамоман нобуд мешавад. 

Рости гап ман ба ҳайрат омадам. Дар Пекин бисёр масҷидҳои қадима ҳастанду амал мекунанд. Ҳар як маҳалла як -ду масҷид дорад, ман 8 сол аст ки дар инҷо ҳастаму бисёр масҷидҳоро дидам, ки онҳо мадраса доранд,  кудакҳо баъд аз мактаб мераванду дарс мехонанд. Талабаҳои мактаб рафта дар мадраса дарс мехонанд ва барои дарс хондан иҷозат доранд.

 Дар намози ид дар масҷиде, ки дар маҳаллаи мо наздик аст чунин ҳолатро дидам. Ҳамон рӯзи ид мо рафтем масҷид. Раиси ноҳия омад, котиби кумиати ҳизби комунист омад, ки дар дастҳояшон конверт доштанд. Конверти сурх дар дохилаш маблағ ё чек барои маблағ мешавад. Ҳардуяш даромаданд дар толор аммо дохили масҷид нашуданд. Мо дар дарун ҷо нагирифта будем ва ман дар толор истода будам. Имомхатиб омад ва боз нафари аз ҳама куҳансоли ҳамон ҷомеа омад. Конвертҳоро ба дасти онҳо доданд. Ин дастовез ва ё инъоми идона аз ҳизби ҳокими Комунисти Чин буд.

Чизи дигари тааҷҷубовараш он буд ва ман ин ҳолато дар ягонҷо надида будам, якумин бор медидам, ҳатто қаблан зиёд намозҳои ид хонда бошем ҳам якумин бор дидам, ки суруди миллиро хонда парчам бардоштанд ва баъд аз вай такбирро  бо ғулғула ва садои раъдосо хонда даруни масҷид даромаданд. Баъд аз ин намонядагони давлат рафтанд. Дар намози ид ҳам мардум зиёд буд ҳам кудакони ҳатто 3- 4 сола ҳам пур буданд. Ягон кас чаро кудак дар инҷо ҳаст гуфта чизе намегуфт. Агар давлати коммунистӣ ин қадар иззату ҳурмат барои дин дошта бошад, чунин давлати коммунистӣ ҳазор бор беҳтар аз давлате, ки дар онҷо пешво бошаду на кудаки ман тавонад илми исломро омузад на намози ид рафта тавонад ва нҳоятан на аз тарафи давлтдорон иззату ҳурмат барои мусулмонон бошад.

                                          Душанбе

  Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқбол!

 Ин нома анализи мушаххаси вазорати маорифи Тоҷикистон аст. Сараввал гуфтанӣ ҳастам, ки ман дар ин соҳа беш аз 10 сол кор кардам ва муттахассиси бахши “Барномаҳои таълимӣ, системаи таълимӣ, инкишофи когнитивии толибилмон ва идоракунӣ дар маориф”. Соҳиби ду бакалавриат аз Донишгоҳи Сингапур ва Бритониёи Кабир, 2 магистрант аз ду Донишгоҳи амрикоӣ, як диплом аз Донишгоҳи Бритониё. Зиёда аз 30 дипломy сертификатҳо курсҳои болоравии ихтисос аз донишгоҳҳои Австралия, Англия ва Амрико. Бо замми инхо соҳиби 6 литсензияи “Муаллими дараҷаи байналмиллалӣ, идоракунӣ ва директори байналмилалӣ, коучинг, тренинг Leader ва сохтори барномаҳо ва сохтори таълимӣ”. Дар айни ҳол дар аввали роҳи “докторӣ” аз донишгоҳи аврупоӣ ҳастам, (дуо кунед бародарону хоҳарони азиз, инҷоро низ бо сари баланд ба итмом расонам).  

Маориф муҳимтарин ҷабҳа ва органи давлатист, ки дар тамоми соҳаҳо таъсири худро дорад ва барои пешравӣ ва ё ақибмонии давлат хело зиёд таъсир дорад.

 Пеш аз он ки дар бораи Тоҷикистон сухан кунам, мехоҳам аз таърих мисол биёрам. Олмон пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон ба як харобазор бадал шуда тамоман бе олиму мударрис монда буд. Олимонаш ба Амрико ва Бритониё куч баста буданд. Аммо ҳукумати навтаъсиси Олмони ғарбӣ зиёда аз 60%-и тамоми молиёту даромади давлатиро барои таълим ва сохтмони “Барнома ва Система”-и таълимӣ дар муддати 10-15 сол сарф намуд. Натиҷа ин шуд, ки дар солҳои 1975-1980 Олмон ба яке аз иқдисодҳои бузургги олам аз ҷиҳати истеҳсолот ва инновация бадал шуда буд ва ҳатто, ки тамоми техникаҳои низомиро  худ барои давлати худ истеҳсолот мекард.

Дуюм, Сингапур, ки ман дар он ҷо 4 сол умр ба сар бурдаам ва масоҳаташ мумкин аз Душанбе каме калонтар бошад, ягон нафт, оби тоза, минерал, тилло ва ё чуноне ки пешво реклама карданро дуст дорад, маслан “пирях”-ҳо надорад. Соли 1967-1968 истиқлолиятро ба даст овард ва соли 1998 пас аз 30 сол дар даҳгонаи давлатҳои бойтарин ва пешрафта мубаддал гашт. Сабаб дар он аст ки аз аввал тамоми таваҷҷуҳи худро барои таълими мактаб ва донишгоҳҳо дода, 80%-и маблағҳои ёрирасон дар 10 соли аввал барои таъсис ва ба роҳ мондани маорифи замонавӣ масраф кард. Аз ҳама соҳаи мушкилтар барои ба донишгоҳ соҳиб шудан ва соҳиби вазифа шудан то имруз дар “муаллимӣ” мебошад.

Сеюм, Ҷопон пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тамоман аз лиҳози молиявӣ, иҷтимоӣ, илм ва иқтисодӣ торумор гардида ду шаҳри калонтаринаш ба дар натиҷаи партоби бомбаи Амрико ба хок яксон шуда буд. Боз ҳам 70% даромади давлатиро ба вазорати маориф масраф мекунанд. Доштани лицензияи муаллимӣ аз доштани “удостоворений” –и миллиса мушкилтар ва бо иззаттар  аст. Пас аз 30 сол, соли 1975 Япония дар раддаи якум ва дуюми ҷаҳон оид ба ихтироот ва навоварӣ шуд.

  Акнун ру ба Тоҷикистон меорем. Пас аз 30 сол, танҳо хонаи баланд дар Душанбе ва дигар 3-4 роҳ, 1-2 обанбори об ва ба ҳамин танҳо ҷаноби пешво бо оилаи калонаш бо лозунги “Тоҷикистон ба пеш.” Куҷо? Чигуна ба пеш?  Дар пеш чист? Ҷавоб ягона- “чоплусӣ.”

  Акнун мушакхас дар бораи вазорати маорифи Тоҷикистон. Структураи вазорати маорифи Тоҷикистон тамоман ба талаботи байналмиллалӣ ва замони ҳозира мутобиқ нест, афзун бар ин вазир бояд инсоне, бошад, ки дар бораи “Педагогика, Таълимот ва Рушди шуурнокӣ” саводи мукаммал дошта бошад. Аммо афсус аз рузи аввале, ки пасво ба сари қудрат омад, танҳо монанди худаш аз авлоди лаънатиаш бесаводонро ба сари курсии вазорат шинонд. Инсоне, дар синф, дар мактаби миёна тамоман як соати дарс надодааст,  чи гуна вазири маориф мешавад. Илм, маориф, таълимот, эҷодкорӣ, тафаккури интиқодӣ, метакогнисия ва малакаҳои психомоторӣ аз даврони кудакӣ, аз синфҳои 2 то 8, яъне аз синни 7-8 солагӣ то 13-14 солагӣ дар инсон шуруъ мешавад. Пас аз он дер аст ва тамоман дар донишгоҳ наметавон инҳоро биомузонд ва инкишоф дод. Вазири маорифи мо, ки информатсияро аз вебсайти расмии вазорати маорифи Тоҷикистон гирифтаам“эколог” буда дар соҳа ва сохти маъориф тамоман илму тасаввурот надорад.  

Ҷонишинҳояшро ҳам монанди худаш аз куча қапида овардаанд.  .

Дуюм муовинаш, ки «доктори илмхои педагогика ҳаст» дар ҳаёташ тамоман дар мактаби миёна ба ҳайси муаллим кор накардааст. Ҷонишини дигараш тамоман ба ягон чорчуба дуруст намегирад. Нафаре, ки “челонгар” буд яку якбора ҷонишини мудири мактаб ва мудири мактаб шуд. Чи гуна? Яке аз дигар ҷонишинҳояш ва аз ҳама беақлтарин, ки “усто, муҳандис” шуда кору фаъолият бурдааст имрӯз ҷониши вазири маориф. Ман махсус исму насаби онҳоро инҷо наовардам. Аммо аҳли маорифи Тоҷикистон ва мардуми кишвар бояд бидонанд, ки дар роҳбарияти вазорати маорифи мамлакат чи гуна афроде мудирият мекунанд.

 Акнун дар бораи барномаи таълимии вазорати маорифи Тоҷикистон гуфтаниям. Барнома ё низоми маорифи Тоҷикистон ҳоло ҳам бо равияи “Традишониалисти”,ки солҳои 70-80ум асри гузашта, ки бунёд ниҳода буданд ва он кайҳо аз истифода тамоман баромада аст пеш меравад. Бо ин низому бо ин барнома соли таҳсил аз 10 ба 11 ва аз 11 ба 12 сол тамдид шавад ҳам ҳеҷ ҳосил ва натиҷа нахоҳад дод. Ин барнома ҳануз дар солҳои 60уми асри гузашта тартиб дода шудааст. Бояд қайд кард, ки ҳоло дар тамоми давлатҳои пешрафта “Кострактивисти ваё ПостКонстрактивисти” истифода бурда мешавад. Боварии комил дорам на вазир, на ҷонишинҳояш тамоман аз ин калимаҳо ва терминҳо бехабаранд.

  Яке аз дустони наздики ман дар вазорати маориф дар бахши кор бо хориҷиҳо кору фаъолият мебарад ва нақл карда буд, ки тамоми вазифаҳо дар вазорат хариду фуруш карда мешаванд ва нархи худро доранд. Ба истиснои вазир ва ҷонишини вазир, ки пули ин курсиҳо прямой ба Озодабону дода мешавад. Яке аз корманди қаторӣ дар вазорати маориф,ки ҷавони боилму хеле малакаи баланд дорад, гуфт,ки тамоми вазифаҳо ба монанди раиси ноҳияву вилоёт ва шаҳрҳо бо ҷонишинҳояшон аз тарафи вазири маориф муайян карда мешавад. Барои мисол, мудири Раёсати маорифи вилоят 15 то 20 ҳазор доллар, шаҳрӣ ду намуд нарх дорад, шаҳрҳои калон 12-15ҳазор доллар, хурд 8-10 ҳазор доллар. Ноҳияҳо ҳам ҳамингуна калон бо нархи 12-15 ҳазорӣ ва майда 8-10 ҳазорӣ. Фарқ надорад савод ҳаст ё не. Пулро медиҳӣ вазифаро мехарӣ. Дар дохили вазорат ҳам ҳамин гуна сардори шуъба ва ё бухгалтерия ва ё сардори шуъбаи кор бо хориҷиҳо, ки аз ҳама даромадноктаринҳо ба ҳисоб мераванд, на кам аз 5 ҳазор доллар нарх доранд ва бояд пул дар чойхонаи “Оши Исфара” ба дасти ронандаи вазир дода шавад. Ба гуфти ронанда «сделкара вазир рузша ва соатша муайян мекна». Вақте саволаш додам, ки чаро худ соҳиби вазифа нест? Чунки падараш яке аз сарватмандони шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад? Гуфт, ки “ҳоли иқа бисёр практика надорум ва пас аз 5 сол ҷонишини вазирира через апаи Озода мегрум, кати дадам ҳамихе договор шидагияй.”

  Озода дар замони таҳсилаш дар Амрико Озодаи “Шарлотка” лақаб дошт ва ин ҷавонмард хеле наздикӣ бо у доштааст. Мегуяд гарени зани бемаданият лек саводаш бад нест.   Наузубиллоҳ руйрост мегуфтааст,ки “ма ба Худо боварӣ надорам, отам мега танҳо барои халқ бояд нишон тием, ки ба Худо бовари дорем.” Ин суханҳоро дар замони дар Амрико таҳсил карданаш ба ёру дустонаш мегуфтааст ва асосан бо ҷавонмардон дустӣ мекардааст ва ҳар вақте, ки хоҳони ҳамбистарӣ бошад таклиф менамудааст. Он ҷавонмард,д ар он замонҳо 18-19 сола буд. Вақте пурсидам “кати Шарлотка (Озода) яго нчиз дошти?” дар ҷавоб гуфт, ки “Хоҳӣ ё нахоҳӣ мекнӣ, Шарлотка нера қабул надора!” Қисса кутох, Озодаи Шарлотка барои вазифаҳои вазир ва ҷонишинӣ дар вазорати маориф доляхои баландро талаб мекунад. Барои мисол курсии вазир аз 150 то 200 ҳазор доллар, ҷонишин аз 80 ҳазор доллар. Нарххо аз ҳисоби наздикӣ ба оила, дустӣ ва ё наздикии шахсӣ бо Озода фарқ мекунад. Пул бояд бо бонки “Спитаменбонк” ба суратҳисоби Ҷазираҳои Карибия бонки Панама гузаронида шавад ва аҷоибот дар он аст ки тамоман фоиз ва ё авторизатсияи Бонки миллӣ барои ин суратҳисоб лозим нест. Акнун қазоват ба шумо! Чи гуна инсонҳо ба сари вазифа меоянд. Падари ин дусти ман, ки шахсан дар замони Амрико буданаш шинос шуда будем ва барои кори дипломиаш ёрӣ дода будам, дустии наздик бо пешвои худхонда дорад ва бародаронаш дар КДАМ дар вазифаҳои баланд ҳастанд. Худи Песво ба дустону хешу табори худ гуфтаст, ки фарзондони худро пас аз синфи 8 ё 9и ба Амрикову Аврупо барои гирфтани савод равон кунед. Дар Тоҷикистон маориф  набояд пешрафт кунад,  набошад мардуми басавод “мора намемона ҳукмронӣ кнем.”

Акнун каме дар бораи система ва барномаи таълимӣ гуфтан мехоҳам.

Барои тасдиқи низоми таълимӣ ҳади ақал бояд 4-5 сол ҳукумат ва парлумон заҳмат бкашад. Ва бояд ҳамеша анализ шавад. Дар Тоҷикистон системаи таълимии солҳои 80-и асри 20 идома дорад ва танҳо низоми таълимоти таҳсилоти олиро иваз мекунанд. Системаи таълимотӣ аз “сохтор, музди маош, талабот ва қонунҳои таълимотӣ” иборат буда, дар Тоҷикистон тамоман куҳнашуда мебошад. Ба мисоли мактаби умумӣ қариб дар тамоми дунё ва давлатҳои пешрафта системаи таълимӣ аз ин қарор: синфи 1-5 ё 6 ибтидоӣ, 7-9 миёна, 10-12 болои ҳаст. Аммо дар мо то ҳоло хам ба намуди замони шуравӣ идома мекунад.

 Таълимотитаҳсилоти олиро ба низоми байналмилалӣ мутобиқ кардаанд, ки тамоман бо таълими мактабӣ муовизинат надорад. Намедонам кадом бесавод ё беақл инчунин системаро қабул кардааст ва чи гуна онро парлумон тасдиқ кардааст?! Масъалаи доғ ҳаҷми маоши муаллим ва талабот ба устодон, ки тамоман ба ягон чорчуба дуруст намегирад. Музди маоши муаллимон дар Тоҷикистон бо баъзе аз давлатҳои камбағалтарини Африко баробар аст.Ҳама Афғонистонро сарзаниш мекунанд ва мо медонем, ки зиёда аз 40 сол мешавад, ки дар онҷо ҷанг ҳаст. Музди маоши пасттарини муаллим бо маълумоти олӣ на кам аз 400 доллар мебошад.Ман шахсан чанд нафар дуст дар онҷо дорам ва якчанд рафиқони наздики ман дар вазорати маорифи Афғонистон кору фаъолият бурда истодаанд. Ҳатто Толибон онҳоро аз вазифа нагирифт,  баракс музди маошашонро бардоштанд. Ман намефаҳмам чи гуна инсони бе маълумоти олӣ, пас аз коллеҷ, ва ё бо маълумоти олии дигар соҳа ба мактаб омада соҳиби вазифа мешавад. Дар Швейцария, барои муаллими мактаб шудан, бояд 4 сол бакалавриат,1сол диплом,2 сол магистранти ба итмом расонад ва пас аз он имтиҳони давлатӣ барои “литсензия” супорида баъд метавонад муаллим шавад. Дар бисёре аз давлатҳои дунё бе “лицензия” наметованд муаллим шаванд.Аммо дар мо аз куча ва ё сари дашт қапида оварда муаллим мемонанд. Ягон талаботи муайян надоранд ва касе аз саводу малакаи онҳо дараке надорад ва фарзанд, ки аз ҳама неъмати пурарзиштарин барои ҳар як инсон ҳаст бовар карда месупоранд.Чаро ин қадар авлоди лаънаткардаи Аллоҳ дороиҳои милливу ватаниро медузданд, наметавонанд ақалан 20% даромадҳои худро ба ин соҳа равон кунанд.Барои он ки тамоман андоз намесупоранд, ақалан музди маошро боло бардоранд. 

Муаллимон аз ҳама пасттаринаш бояд аз 400$ сар шавад. Таъин намудани кадрҳо ба вазифаҳо, дар бисёри давлатҳои дунё аз рӯи малака, саводнокӣ, таҷриба ва маълумот сурат мегирад.Аммо дар Тоҷикистон танҳо аз ҳисоби чи қадар сум пора ва ё “тағаат” кист,музди маош ва ҳаҷми он муайян карда мешавад. Дар ягон давлати пешрафта ё ру ба рушд дар курсии мудир ё ҷонишини мудир ва болотар аз онҳо бедоштани унвон ва рутбаи илмӣ соҳиби вазифа намешаванд. Аммо дар мо “челонгару инжинеру механик ё эколог” дар сари вазифаи соҳаи маориф ҳастанд.

Аллоҳ тезтар барои мо тавфиқу инсоф насиб гардон,  то мардум бедор шавад.

   (идома дорад)                   

                                      Спитамен

   Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ташаккур, дидам, ки номаи маро чоп намудаед. Ҳоло мехоҳам дар бораи як коргари амният ба шумо нависам. Ин нафар

 Баҳром ном дорад,  муовини амнияти Спитамен. Ё аз Восеъ аст ё аз Ховалинг. Вай як бизнес-кришаватиро пеша кардааст. Вай бо раиси ҷамоати деҳот Тағояк сахт ҷура мебошад.

Раиси ҷамоат Тағояк аз пушти Баҳром катагӣ карда мегардад. Ба вай на участковий, на угаловникҳо гап зада метавонанд, гапи ягонтои онҳо ба вай намегузарад, ҳамаашонро задагӣ аст. Баҳром тамоми соҳибкорҳои ноҳияро дар доля шинонидагӣ аст.

 Боз як амниятии дигар ҳаст, ки Бахтиёр ном дорад. Линияи контрабандаро назорат мекунад. Дар сарҳади Бекобод Платинаро дар доля шинонидааст. Аз Ӯзбекистон тамоми намуди бор медарояд. Ҳамаи контрабандистҳоро дар доля  шинондагӣ аст. Дигар одамҳо бор дароранд дафъатан занг мезананд ба Бахтиёр:  «ака зеришкун бромад бор».

  Дар роҳ поида мешинад. Омад зуд роҳашро манъ карда растаможка мепурсад. Медонад, ки ягон одам растаможка карда намебарорад. Ва дигар маълум. Соҳиби борро даъват карда «ҷошда пулша гирифта то манзилаш  саправажденя карда мемонад». Боз номери телефонашро медиҳад: «ягон хизмат бошад занг мезанӣ» гуфта кораш фақат ғорат. Ин ду нафар мардумро азоб медиҳанд.

 Акнун дар бораи 2 корманди УУР-шуъбаии кофтукови ҷиноии милисаи ноҳияи Спитамен гуфтан мехоҳам. Якеаш Ихтиёр- лақабаш скелет асту баъзеҳо робот ҳам мегуянд.  Рутбааш капитан. Номи дуюмашро намедонам. Аммо лақабаш Пингвинча аст. Вай ҳам капитан ё майор мебошад. Ин ҳар дуяш якҷояанд. Бо духтарони сабукпо договор карда бо онҳо як одами наздики худашонро ҳамроҳ карда ба хонаҳои мардум мефиристад. Одамони квартира иҷорамедодаро ёфта он духтар гап мезанад: мо зани шу барои мо 1рӯза хона даркор гуфта снимать мекунад квартираро. Баъдан духтар бо бача меояд ба хона. Баъд сар мекунанд зиноро.  Баъдан ин ҳарду корманди угаловник ба ин квартира даромада навор гирифта соҳиби хонаро даъват карда мегуянд, ки «апа шумо медонед чи гуноҳ кардед? Хонаро иҷора додед, мана мо навор кардем. Тамом акнун шуморо дело мекунанд, рафтем аделба гуфта метарсонанд. Баъдан агар пул диҳад пулашро мегиранд ва агар надиҳад ё мебаранду дело мекунад. Бовар куед, ки ин милисаҳо худашон бар зидди қонун кор мекунанд, албатта, барои пул шуда. Сардори шуъбаи милисаи Спитамен Рауфзода Алиҷон Тоҷиддин аст, ки кормандонаш ба вай Конур лақаб додаанд. Кораш фақад подстава ва мардумро озор додан аст. Мардум аз зулми инҳо ҳар рӯз бар падари пешво лаънат мефиристанд ба ин милисаҳои дузду мардумозораш. Дар мавриди ҷиноятҳои Конур пурра ҷиноятҳояшро ҷамъоварӣ дорем ва ҳатман мефиристем.

Share This Article