Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №181

Ислоҳ нет

Мардуми тоҷик дар хобу дар бедорӣ аз Раҳмонов ва ному афту андоми хунуки вай безор шудаанд. Ҳатто дар хоби шаби мардум даромада боиси нороҳативу нигаронии мардум мешавад. Ин нафаре, ки аз қирғизтаборҳои Тоҷикистон асту феълан дар хориҷа зиндагӣ мекунад, дар номааш навиштааст, ки Раҳмоновро дар хоб дидааст, ки дар фурудгоҳ аз самолет пиёда шуда истодааст. Аммо яке сурати Раҳмонов ба Даҷол бадал мешавад……

                          Лахш 

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Лахш, собиқ Ҷиргатол ба шумо нома менависам. Бори аввал аст, ки ба шумо нома менависам. Пешакӣ бахшиш, ки ягон хато бошад. Чунки ман қирғиз ҳастам. Илтимос инро нашр кунед. Дар аввал гуфтаниам, ки бародарони мубориз умратон дароз бошад.

Бо сабаби интернет надоштанам ман фақат «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро тамошо  када метавонам. Бародари азиз ман, намедонам суханро аз куҷо сар кунам, аз зулми милитсия  ё аз амнияташ?

Ман пеш аз омадани ҷаноби номуҳтарам ба ноҳияи мо як хоби аҷибе дидам, рости худам ҳайрон шудам. Дар хобам дидам, ки дар фурудгоҳ будам. Мардум ҳама ҳар су мегурезад: «ма мепурсам чи гапай иҷада. Модарам мега, ки бачам пинҳон шав, Даҷол омадаст». Гуфтам ку бинам ҳамин Даҷол чи хелӣ бошад.

Ба номи Аллоҳи бузург қасам мебинам ҷаноби номуҳтарами мо омада истодаасту мардум ҳар су гурехта истодааст. Бародар ин хоб буд. Саҳар намози бомдод  хестам. Гуфтам чи гап бошад? Лекин омаду рафти ин хоби ман ҳам бе ягон натиҷа намонд. Ин касофат омаду рафт. Ин милитсияҳо рейдро сар карданд. Куча ба куча, хона ба хона гашта мардумро ғам доданд, боғҳои мардумро вайрон карда истодаанд. Яъне роҳҳоро  ба гуфти худашон кушод -васеъ карда истодаанд. Майли роҳҳро кушод кардан савоб аст. Аммо инҳо ҳам боғҳои мардумро вайрон карда истодаанд ва ҳам ҷарима. Ин ҷаримааш барои чӣ? Охир, эй мардум, натарсед. Гап занед. Калонсолҳои мо чи гапро ёд гирифтаанд? «Э, хап кун, ки буз бисёр шидаст».

Мегуянд, ки тамоми бузҳои бегонапараст аллакай аз пуштатон.

Бовар кунед, ки дар бораи ҳар якеатон маълумот ҷамъ карда истодаем. Дар номаҳои баъдӣ, Ин шо Аллоҳ бо ному аксҳоятон равон мекунем.

Ҷаноби номуҳтарам картошкаи мардумро аз назар гузаронд. Ба гуфти худашон аз ҳар сола дида имсол зиёд шудааст. Эй, руятон сиёҳ ба ин дуруғҳоятон. Ба ин дуруғҳоятон изо намекашед? Дар ҷойи картошка аз капатели трактор кулух мебарояд ягонхел ҳосил зиёд нашудааст, кор омори бардурӯғ навиштану мардумро фиреб кардан аст.

Дар бораи қувваи барқ гап назанем ҳам мешавад. Ин дарди тамоми ҷумҳурӣ аст. Эълон карданд, ки бо сабаби тағйирёбии иқлим обро баҳона мекунанд. 93%-и Тоҷикистонро куҳу об ташкил мекунад. Кадом рӯз об ё куҳ болоямон чапа мешавад.

Аз ин пас Барқи тоҷик неву барқи Толиб эълон кунанад.

Дар бораи сатру риш дар номаи оянда менависам.

Дар бораи намози ҷумъа. Масҷид меравӣ, маҷбурӣ пул мепурсанду маҷбурат мекунанд ҳатман хайр кун, охир чи гап аст?. Раиси ҷамоат пул мегирад, милиса пул мегирад, амниятӣ пул мегирад, андози замин, ҳайвону ҳама чиз пул талаб мекунанд. Барқ надорем омада мегуянд шумо ин қадар пул қарздоред пул те. Муаллиму муаллима дар мактаб пул талаб мекунад, комисари ҳарбӣ пул талаб мекунад. Акнун муллоҳо дар масҷид маҷбури кисата метаконанд. Охир ин чи давлату давлатдорӣ аст ?.

Бовар кунед,ки ин як рӯзи сахту сиёҳ аст. То вақти намоз амри маъруф гуш кунӣ фақат асосгузори сулҳу ваҳдат, тамом. Ҳамин хел сар мешавад ягон гап аз Аллоҳу Расул нест ва ягон ҳадису оят намехонад имом хатиб. Наъузубиллоҳ ҳоло ҳам Худову ҳам расулашон ҳамин Раҳмонови даҷҷол аст.

Имоми масҷиди ҷумъахонӣ аз деҳаи Пилдон аст. Лақабаш Рудакӣ. Лекин на илм дораду на савод. Бо гап мезанад, овозаш намебарояд. Мардум ҳама дар берун мешинанд. Кайе, ки азон гуфт вориди масҷид мешаванд.Чунки амри маъруф нест.

Милиса ва амният корашон пулкоркардан аст. Бачаҳои мо дар Қирғизистон рафта шаҳрвандӣ мегиранд ва озоданд. Падар ва модар баъзе апаву хоҳарҳояшон дар Ҷиргатоланд. Бовар кунед шаҳрвандони Қирғизистонро зангзада шантаж мекунанд ана шумо дар барномаи Минбари муҳоҷир гап задед биёед афв мекунем равед. Мақсадашон пул кор кардан. Боз вақте мегуянд охир ман шаҳрванди Тоҷикистон нестам шумо чикор доред ман чи мегуям ? Таҳдид мекунанд апа дори? Хоҳар дори инҳоро мо зиндон мекунем. Охир зулм ба ин андоза дар ягон давлати дунё вуҷуд надорад. Пеши роҳи ин ҳамаро кӣ мегирад ?

Ман аз соли 2018 инҷониб навиштаҳои шуморо пайгирӣ мекунам, барномаҳои шуморо тамошо мекунам. Навиштани номаро кам бошад ҳам омӯхтам. Пас аз ин ҳар чизеро дидам, навишта ба шумо, ин шо Аллоҳ мефиристам.Чунки ягона расонае, ки дарди мардумро чоп мекунад ин «Ислоҳ» аст.

«Ислоҳ» ба пеш!!!

Дар охир чи гуфтаниам? Э, мардуми дар гуши фил хоб буда! Бедор шавед, натарсед, Худо бо мост! 
                                              

   Исфара

  Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Дар бораи теракти Крокус-сити ва онки ин корро тоҷикҳо анҷом доданд, фикрҳо гуногунанд. Ба назари ман ин кор мувофиқи табъи дили Эмомалӣ Раҳмонов сурат гирифт. Ҳадафи Эмомалӣ Раҳмонов ин аст ки шумори миллати тоҷик кам шавад. Мо ин мақсади Эмомалӣ Раҳмоновро дар вақти ҷанги қирғизу тоҷик пай бурдем.

 Дар вақти ҷанг қиргизҳо дар марз як рӯз пеш тайёрӣ диданд. Мардум бовар дорад, ки аз ин тайёрии қирғизҳо Эмомалӣ дарак дошт. Вале ба мардум инро нагуфт, пинҳон кард. Мақсадаш ин аст ки ҳарчи бисёртар мардуми тоҷик кушта шаванд.

Ҳукумати Қирғизистон мардуми қиргизро як рӯз пеш аз ҷанг ба ҷои амн кучонд. Аммо ҳукумати мо чаро як рӯз пеш хабар надод? Вақте ҷанг сар шуд, сарбозони тоҷики дар марз буда ба мардум гуфт мо силоҳ дорему тир надорем.

   Неруҳои Эмомалӣ саривақт наомаданд, дер омаданд. Автозаправкаҳо то 500 метр очеред шуд. Нархи бензину солярка як литраш то 100 сомонӣ баланд гардид. Агар мардум хабар медошт якрӯз пеш ин корро мекард. Дар кучаҳо мошинҳои мардум ранги поезд ба суи Исфара ҳаракат дошт. Аз тарафи Исфара ба деҳа ягон мошин намеомад. Дар бозори Панҷшанбеи Чоркуҳ раисони ҷамоатҳо якчанд газели мусуфиркашро оварда ба мардуми бе силоҳ гуфтанд ба ҷанг меравем, бо душман меҷангем. Мардуме, ки бовар карданду рафтанд бо снайпер кушта шуданд. Мақсад ҳарчи бисёртар мардум кушта шавад ва замин холӣ шавад буд. То барои фурӯхтан осон шавад. Вале ҷанг мувофиқи табъи дили Эмомалӣ Раҳмонов нашуд. Қиргизҳо гурехтанд, сарбозони тоҷик заминҳои қиргизро забт кард. Вале Эмомалӣ Раҳмонов  боз баргардонид. Баъди ҷанг хотима ёфтан чанд вақт дар ҳудуди Тоҷикистон безпилотник ё дронҳои қирғиз чарх мезад, Эмомалӣ Раҳмонов кордор намешуд.

 Ман бовар дорам Эмомалӣ ба Қамчибек ё Ҷапаров гуфтагӣ аст, ҷангро шуруъ кунед, вақти намози бомдод масчидҳора занед, ман баъди кушта шудани мардум сарбозони қаториро роҳӣ мекунам. Ягон кор аз дасташон намеояд. Эмомалӣ Раҳмонов бовар надошт сарбозони тоҷик мезананд, фикр мекард ҳазорҳо тоҷик кушта мешавад. Бо ҳамин аз хело шаҳрванд ҷонам халос мешавад.Чунки бисёр мехоҳад, ки тухми тоҷик кам шавад ва барои вай ва бачааш ҳукуматронӣ осонтар шавад.

                                         Душанбе

   Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу! Бародари гиромӣ ва мубориз. Ман тарафдори роҳи ҳақам. Ва аммо баъд соли 2016, ки Рустами Эмомалӣ дар зодрӯзаш сарояндаи хориҷӣ Иннаро даъват карда буд ба ҳамагон маълум шуд, Рустам ба ҳар як рафиқу наздиконе ки даъватномаи зодрӯзашро равон карда буд онҳо бояд 1200$ доллар столи нишастаи худро брон мекарданд.

   Ва ҳамин гуна шуд. Ҳамон шаб ҳар як раққосаи он диско- клуб (Royal Club) 50.000сомонӣ зиёд кор кардаанд ва фардояш пас мошинхарӣ рафтанд. Ҳамаи ҳузурдоштагон инсонҳои одӣ набуданд. Онҷо раисону бизнесменҳо қарор доштанд. Онҳо сархуш шуда айшу ишрат мекарданд. Дар Тоҷикистон дар як шаб ин маблағро бовар кунед,як хел оилаҳо 2 сол мезананд, ба даст оварда наметавонанд.

Рӯ ба рӯи Донишгоҳи тиббии дар маркази шаҳр буда як сартарошхона ҳаст. Дар онҷо Исмоили Пингвин ба100$ муйи сар паст мекунад. Агар барои туй причёска кунад 200$. Инҳо ҳамаи ҷоҳоро забт карданд. Мо дар ватан рӯз надорем.

Ман диплом дорам, лекин дар ҳукумати золим кор нахоҳам кард. Ҳануз15 сола будам, ки инро дарк мекардам. Синфи 9 будем. Дар мактаб раиси ноҳия ва боз намояндаҳо аз вазорату мақомот ҳузур доштанд. Он солҳо замзамаи рафтан ба Сурия дар гуши халқ дар авҷ буд ва ба синфи мо даромаданд ва суҳбат карданд. Раиси ноҳия гуфт ягонтоат навмеравӣ. Давлатҳои исломӣ роҳиатон кунем, дарс бигиред биёед. Мардум ба Сурия рафта истодааст ва заҳрхандае кард

Астағфируллоҳ гуфта худро доштам. Аллоҳ Исломро бо мову бе мо иззат медиҳад. Инҳо пайрави як труси даюс шуда моро масхара мекунанд. Ин ша Аллоҳ рӯзи шумо ҳам ба охир мерасад ва мо Тоҷикистонро ба мисли шумо идора нахоҳем кард. Мо бар тибқи майлу хоҳиши мардум идора мекунем. Пас аз як сол дар синфи 10 мехондам. Дарси ҳуқуқ буд. Моро завучи мактаб дарс медод. Гуфт Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол ва дуняви аст. Дар посух гуфтам Тоҷикистон давлати демократии ғуломдорӣ аст. Муаллим маро аз дарс ронд.

Ин ша Аллоҳ умедвор ҳастам, бародар, ваъдаи Аллоҳ субҳонаву ва таъала наздик аст. Ҳақ омад ботил аз миён меравад. Ба дурустӣ, ки ботил рафтанист.  

Ман дар бораи ин оила бисёр чизҳоро медонам. Хеле чиҳоро шумо дар барномаҳоятон гуфтед. Ман худам дар аксарияти ҳодисаҳо шоҳиди ҳол будам. Феълан аз ин бештар гуфта наметавонам. Шахсияти маро медонанд. Номи ман дар барномаҳои шумо чандин бор садо додагӣ аст.

                                 Турсунзода  

   Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Худованд шуморо дар пушту паноҳаш нигаҳбон бошад. Ман зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Турсунзода ҳастам. Соли 1992 ба мактаби миёна омадам. 7сола будам. Солҳои ҷанг буд. Дар роҳҳо ҷасадҳо ва одамони нимаҷону ва баданашон хуншорро на як бору ду бор дидаам. Аз ҳамон солҳо номи ин Раҳмонови бепадарро шунавида будам. Бо завқу шавқ мехондам. Дар замин падару модарамро ёрӣ медодам. Дар замин шолӣ, гандум, помидору картошка кор мекардам. Соли 2003 мактабро тамом кардам ба орзуву завқ ба Донишгоҳи миллӣ дохил шудам ва шаҳри Душанбе рафтам. Ба умед будам, ки оянда давлати мо рушд мекунад. Хондам, тамом кардам, дипломро гирифтам.

 Хулласи гап, ки хонда соҳиби 2 дипломи олӣ шудам. Ин ду диплом то ҳануз фоида накард. Дарду дареғ мегуяму афсус мехурам. Барои ин ду диплом падарамро ғам додам- барои ду пора коғази беарзиш. Заҳматҳои падарам барбод рафт.

Фақат умед доштам, ки акнун хуб мешавад, баъд аз ин хуб мешавад, не хато кардам. Ба номи Аллоҳ рӯз ба рӯзу сол ба сол  бад шуд, хуб нашуд. Ободиҳо  вайрона мешуданд. Ноҳақӣ, беадолатӣ, фасоди густарда сартосари мамлакатамонро фаро гирифт. То солҳои 2013 кам ҳам буд Раҳмоновро эҳтиром доштам. Аммо ҳоло мебинам, ки пасттарин, бемаърифату бефарҳангтарин инсон, бесавод ва душмани асосии халқу миллат дақиқан ҳамин Эмомалӣ Раҳмонов ва командаи дузду ғоратгарӣ ӯ будааст.
3 гектар замин доштем. Оқибати кор намонданд, ки деҳқонӣ кунем. Заминро гирифта порча-порча карда ба мардум фурухтанд. Ман худ шоҳидам, ки 1000-ҳо гектар заминҳои ҳосилхезу обиро фурухтанд. То ҷое, ки заминҳои идораи колхозу гаражҳои колхоз, шипангу амборҳо- ҳамаро фурӯхтанд.

 Эй Раҳмонов! Ту ор дорӣ, ту номус дорӣ? Ту худат фаросату ақли солим дорӣ? Ту аз Узбекистону Қирғизистону Қазоқистону Афғонистон изо намекашӣ? Не соҳаи кишоварзӣ дорӣ не иқтисод, тоқаӣ. Аз қазоқу аз дигаро ҷойҳо меравӣ гандуму орд меорӣ. Тоқаӣ?

 Ҳар сол картошкаи Покистону Узбакистонро меорӣ. Ту не аз Аллоҳ шарм дорӣ, не аз миллат, ақалан аз давлатҳои ҳамсоя шарм дор!

 Чандин сол мешавад, ки нархи маҳсулоти ғизоӣ дар ноҳияи мо ба заҳри мор баробар мешавад. Нархи як кило биринҷ то 30 ва як кило гушт 95-100 сомонӣ расида аст.

Чаро чунин вазъ пеш меояд? Чунки дигар замини корам нест. Ҳамаро дуздҳо фурухтанд, ғорат карданд. Раҳмонов андози заминро баланд кард. Нархи дору ва дигар маводи минералӣ барои замин гарон. Не деҳқонӣ карда мешавад, не дар бозор шишта савдо кардан. Заводу фабрикаҳо аз кор монданд. 13 то 16 ҳазор коргар дошта заводи алюминий. Ҳозир 1000 кас кор намекунад. Даҳҳо нафар дукондорҳои бозори Регар дуконҳои худро ба савдо мондаанд. Чунки аз дасти налог, участковий, чекчини бозор, пожарний, экология ба дод омадаанд.

 Соле, ки дар Регар наврӯзи ҷумҳуриявӣ шуда буд, даҳ ҳазор сомонӣ аз ман гирифта буданд. Гуфта буданд, ки Раҳмонови модарбахато меояд. Оё ин ҳаромзода дарак дошта бошад, ки ҳар як сафараш ба ноҳияҳо мақомоташ чи қадар мардумро ғам медиҳанд. Ҳар вақте Эмомалӣ Раҳмонов меояд аз мо 1000 сомонӣ мегиранд. Мегуянд, ки шумо дукон доред. Оқибат дуконамро вайрон кардам.

 Ман як чизро аниқ фаҳмидам, ки то даме Раҳмонов дар сари мо бошад мо не тиҷорати озод дошта метавонем на кишварзӣ ва не сухани озод.

Дар аввали навишта ёдовар шудам, ки аз соли 1992, аз давраи талабаи синфи як будан ин ҳаромзодаро мешиносам.

Он вақт 7 сола будам, ҳозир 40 сола шудам. Фарзандам синфи 8 мехонад. Кадоме ба Раҳмонов бовар кунад, эътимод дорад, ақли солим надорад.

Дар ин муддат кишвари мо обод ва тараққикарда нашуд. Хору залил ва мавриди хандаи ҷаҳониён шудаем. Агар пеш Ҷамшуду Рафшан будем, ҳоло шудем террорист. Айни ҳол дар Русия қарор дорам. Ҳоли хуб надорем. Одамони хондагию соҳиби диплом дар стройкаву дар кучарубӣ кор мекунем. Ман худам се духтури дараҷаи аввалро дидам, ки дар сохтмон кор мекунанд. Дар назди яке аз ин духтурҳо, ки мудири шуъбаи асаби бачагона буд, табобат гирифта будам. Ҳоло, чи роҳе ёфтааст, ки ду моҳи пеш ба Исроил даъваташ карданд ва онҷо ба кор пардохтааст. Тоҷикистон бо ҳукуматдории Эмомалӣ Раҳмонов ҳеҷ вақт хубу мутарақӣ намешавад ва чунин интизориро надошта бошед!  

                                               Бохтар

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мақолаи бахшида ба рӯзи таваллуди Эмомалиро хондам. Ман солҳо дар мақомот кор кардаам. Ҳозир пенсионерам. Рутбаи низомии баланд ҳам дорам.«Ислоҳ» ро ҳамеша мехонам. Вале якум бор менависам. Мақоларо хондам. Гуфтам баъзе гапҳои диламро нависам.

 Эмомалӣ Раҳмоновро нағз мешиносам. Аз давраи ҷанг, вақте Сангак зинда буд ӯро мешиносам. Ман ҳамон солҳо кор мекардам. Аз сояи Сангак метарсид. Вале оқибат хонаводаи Сангакро вайрону бачаву домодашро ҳабси абад дод.

Раҳмонов худаш баъзе делоҳоро ҳукм мебаровард. Ин кори вайро Бобоҷон Боохонов, Шерхон Салим, Фаттоҳ Саид, Нусратулло Абдулло, Шермуҳаммади Шоҳиёну Юсуф Раҳмон хуб медонанд.

Як мисоли оддӣ. Вақте Зайд Саидро Фаттоҳ Саид қапид, албатта, бо супориши бевоситаи худи Раҳмонов Шерхон Салимро, ки Прокурори генерлӣ буд, гуфт,тамоман «қуш» нашав. Чунки ин делоро бо Фаттоҳ Саид пеш мебурд.

Ҳозир, барои мисол  баръакс вай СС.Ятимовро-ро гуфтааст, ки ба делои Саидҷаъфар Усмонзода «қуш» нашав. Ин делоро Прокуратура мебинад»

Вақти маҳкам кардани Фаридуни пантераи бародари Мансур Умаров ҳам Прокурори генералиро мегуяд, ки ту «қуш» нашав. Ин делоро каси дигар пеш мебарад. Ин услуби қадимии Эмомалӣ Раҳмонов дар шикастан ва маҳви физикии мухолифонаш аст.

Чуноне гуфтем Шерхон Салимро фарёд карда гуфтагӣ аст ки дар делои Зайд Саид «қуш» нашавад. Шерхон мехостааст, ки ёрдам кунад. Албатта кадом одами Зайд ба Шерхон Салим баромадагӣ. Фаттоҳ Саид рост меравад пеши Раҳмонову мегуяд, ки Шерхон Салим ба Зайд ёрдам карданӣ аст. Шерхон Салимро фарёд мекунад Раҳмонову мегуяд: «ту чи кор карда истодаӣ… чи гуҳ хурдестӣ … вапше қуш нашав дар ин дело».

Прокурор мегуяд, ки ин бача гуноҳ надорад. Мегуяд:  «э ту чи кор дорӣ? Ман тура гуфтестам, ки қуш наша дар ин дела».

Ман ёдам ҳаст, ки ду ҳамкурси Шерхон Салимро Фаттоҳ Саид дело карда буд. Раҳмонов мегуяд: «бихон сӣ солшон буте».

Гуфтааст: «э мардаки хуб, ҳамино дар як аудитория қати ман хондагианд, ҳамкурсам делода ягон ҷиноят надорад. Ҳамааш аз гапи ҳавоӣ дела  карда истодааст Фаттоҳ Саид».

   Баъд Шерхон Салим «майлаш ман қуш намешам. Делояшро тамом бикунад, марҳамат  аз руи қонун ба суд роҳӣ кунад. Вақте ба суд роҳӣ мекунанд айбдоркунандаи давлатӣ меравад ва бояд ҳамкурси Шерхон Салимро сӣ сол диҳанд, ки Шерхон дар Университет хонда бо вай якҷоя дар як комната зиста будаанд. Уро Имомов мегуфтанд. Бист ё сӣ соли гуфтагии президентро бояд бидиҳанд. Прокурор бояд дар мурофиа айбро бихонад, ки ӯро сӣ сол дода шавад. Аммо прокурор аз айбдоркунӣ даст мекашад. Судя дигар ҳеҷ кор карда наметавонад. Онҳоро аз сари суд ҷавоб доданд. Баъд Шерхон Салимро сиёҳ карданд.

  Шерхон Салим дар Агентии зидди коррупсия омад ва Имомовро аз Прокуратура овард ва дар вазифаи сардори Оҷонсии коррупсия дар нақлиёти ҷумҳурӣ монд. Вақте Шерхон Салим Прокурори генералӣ шуд дар ҷойи вай ҳамин Фаттоҳ Саид омад. Фаттоҳ Саид одамҳои Шерхон Салим ва Бобохонов умуман прокурорҳоро нағз намедид ғам додан гирифт. Имомов бас кард рафт ва боз прокуратура гузашт.

Баъд Низомхон Ҷураев, тоҷири исфарагӣ омад. Вайро Фаттоҳ Саид фиреб карда оварда буд. Чунки Фаттоҳ Саид дар Исфара кор карда ва Низомхон ба вай пули зиёд дод буд.

Ҷураев ҳамаро бузӣ кард. Гуфт, ки ба Шерхон Салим 200 ҳазор доллар дода будам ба ҳамин Имомов ки он вақт дар коррупсия буд 200 ҳазор доллар дода будам. Ба як нафари дигар, ки қудои Амиршо Миралӣ (прокурор) буд -Нуралиев Аъзам, ки дигар дар қайди ҳаёт нест100 ҳазор доллар дода будам ва ҳамин тавр ҳамаро фурӯхт ва Фаттоҳ Саид ҳамаи инҳоро махкам кард.

Дар вақташ Имомов ва Очилов, ки дар Оҷонсии коррупсия кор мекарданд  химзаводи Низомовро ревизия карданд. (Дар омади гап. Ҳоло ин Химзаводро Тахминаи духтари Раҳмонов ва Ҳасан Асадуллозодаи бародарзани Раҳмонов тасарруф кардаанд)

Низомхон Ҷураев гуфтааст, ки як миллион доллар додам. Маълум аст ки ин ревизорҳо ин қадар пулро тоқа нахурдаанд.

Фаттоҳ Саид Имомов ва Очиловро уговорит мекунад, ки зидди Шерхон Салим показаний диҳад. Онҳо показаний намедиҳанд. Фаттоҳ Саид Имомов ва Очиловро фиреб мекунад ва мегуяд: «президент Шерхон Салимро чап гирифтагӣ. Агар шумо бар зидаш нишондод диҳед, шуморо озод мекунам».

 Дар СИЗО прокурорҳо гумонбаршудаҳоро мебинанд. Ин як риволи маъмулии кори тафтишот аст. Имомов ва Очилов тавассути онҳо ба Шерхон Салим мерасонанд,ки Фаттоҳ Саид маҷбур дорад муқобилаш показанний диҳем. Имомов мегуяд, ки Низомхон Ҷураев ба Фаттоҳ Саид баёнот дода гуфтааст, ки вақти рвизияи Химзавод ба одамҳои Шерхон пули калон додам. Барои ҳамин Шерхон Салим супориши президентро иҷро накард дар мавриди ҳамкурсонаш. Раҳмонов Шерхон Салимро аз кор гирифт ва Юсуф Раҳмонро монд.

Ҳозир барои кори Саидҷаъфар Усмонзода худаш лично додагӣ аст ки дар кори Юсуф Раҳмон «қуш» нашавед. Мегуяд, ки «Мон сутуш куна. Вай гуноҳ дорад, надорад, фарқаш нест, намепурсад».

Ҳоло нигоҳ карда истед. Дер намепояд. Боз худаш ягон маҷлис шавад номи Саидҷаъфар Усмонзодаро мегирад. «Пеш аз анҷоми тафтиш пеш аз анҷоми муҳокима Раҳмонов ҳукм меброрад: «дидед охир мо вая хурондем, партия додем, депутат кардем, ин қадар ҳурмат кардем вай боз переворот карданӣ будааст».

Номи Зайд, номи Умед-88 номи чандин нафарҳои дигарро гирифта буд. Дар ҳоле, ки як нафарро, бигзор маҳкумшаванда бошад, то ҳукми суд набарояд ҷинояткор гуфтан мумкин нест. Аммо Раҳмонов ҳатман мегуяд. Спетсиално ҳамин гуна делоҳоро мегуяд ва дар телевизион мегуянд: «фалони иқа хурдаст,иқа дуздидаст ,э вай ҷинояткор будаст, нишон медиҳанд.

Дар ҳоле , ки ҳоло тафтишот идома дорад, ё он нафарро нав қапидагианд. Дар ин ҳолат прокурор ё суд дигар илоҷ надорад, бояд он одамро суд кунад, гунаҳкор эълон намояд.

Даҳҳо нафар «жертваи ана ҳамин гуна интригаҳо шудагӣ».

Раҳмонов қабл аз суд ҳукми он одамро мебарорад. Судя ҳисобаш гум, тафтишот ҳисобаш гум «туғоӣ» нома грифтагӣ, ҳатто сола таъин мекунад. Соли Зайд Саидро худаш таъин кард. Тамоман бо туҳмат таҷовуз ба номуси ноболиғ заданд.

 Як вақт шунидем, ки як мусафеду кампир аз Данғара ба пеши хонааш омадаанд. Ҳамонро дар як маҷлис гуфт: «писарошона тарбия намекунан, баъд вақте зиндон карданд, пушти хонаи президентро мегиранд, ки писари мара ҷавоб тиед»

 Ин Раҳмонов феъли занакӣ дорад.

 «О, хайр падар модарша бачашай, бегуноҳ махкам мекунӣ баъад пушти хонаи кӣ бираванд? Охир куҷое мераванд меган супориши презиент аст, мо ҳиҷи аз дастамон намеояд: «э мусафед, э, кампир президент бачаи шумора чап гирифтагия».

Мусафед гуфтааст,ки охир бачаи ман чи кораяй,ки президент чап мегирадаш?.

 Суд гуфтааст, ки «охи намедонум, бре пеши президент».

Баъд маҷбур мешаванд пеши хонаи ту мераванд.

  Ман аз Раҳмонов як савол пурсиданиам: Рамазон Каромат куҷо шуд? Нуриддини акаат куҷо шуд? Мегуфт ба 120мерам баъд мемурам. Амиршо Миралӣ куҷо шуд? Сафар Сафар куҷо шуд? Ту ҳам мемурӣ. Асло фикри мурданро ҳам мекунӣ?

Share This Article