Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№100

Ислоҳ нет

   Ин нашри 100умини «Номаҳо аз ноҳияҳо» аст. Тафовуте аз боқии «Номаҳо..» надорад. Вале чун шумораи садумин аст, чанд ҷумлае мешавад дар бораи «Номаҳо аз ноҳияҳо» гуфт.

 Муаллифи ин барнома худи шумоед. Фарқи асосӣ ҳамин аст. Мардум ҳам аз Тоҷикистон ва ҳам аз Русия ва дигар гушаҳои дунё барои «Номаҳо…» менависанд. Мо, онҳоро мураттаб ва муназзам мекунему ба дасти чоп дод. Агарчи хело кори осон набуд бароямон ва нест, ки бо лаҳҷаҳои гӯйиши ҳамон ноҳия ва манотиқ менависанд бароямон. Гоҳо сари як нома се рӯз кор мекунем,то мақсади нигорандаро фаҳмему онро нашр кунем. Дар ин сад шумора ҳазоруяк дарду доғу мушкилу муаммоҳои зиндагии мову шумо мунъакис шуданд.

«Номаҳо…..» Раҳмонов ва мақомоти вайро девонаву васвос кард. Зеро он  мардумро дигарбора бедор кард, ҷуръат ва ҷасорат бахшид ва огоҳ сохт ва гуфт, ки агарчи матбуот дар дохил аз тарафи Раҳмонову дору дастааш нобуд карда шуд, вале ҳастанд инсонҳое, ки ҷонашонро дар кафи дасташон мегузоранду барои иттиҳоду ваҳдат ва инсиҷоми миллат алайҳи ин зулму тааддӣ қомат алиф мекунанд.  Дар ин чанд гоҳи ахир, ҳамчуноне худи шумо ҳам мушоҳида мекунед, «фабрикаи ҷавоб» дигар нопадид шуд. Чун наметавонист, ончиро ки мардум мегуяд, инкор ва ё такзиб бикунад. Ҳоло ду се нафар аз «блогерҳо»-и дастисохт ва ҷаълиро ҷойгузини «фабрикаи ҷавоб» кардаанд,то алайҳи мо мубориза кунанд. Ҳар коре мекунед, кардан бигиред. Аммо, бидонед ва огоҳ бошед, ки умри дуруғ кутоҳ аст ва дуруғ ҳеҷ гоҳ баранда нашудааст.

Бархе аз дӯстон дуруст мутазаккир шуданд, ки «Номаҳо…» мақому рисолати гумшудаи матбуоти мустақилро аз нав эҳё кард. Ҳадафи мо ҳам ҳамин аст, ки тамоми аркон ва атрибутҳои як кишвар ва давлати мардумсолорро дар кишварамон барбигардонем ва аз таҳти юғи як тоғут ва диктотур наҷот диҳем.

Барои анҷом ва иҷрои ин ҳадафи олӣ ва ин роҳи бузург ҳамроҳи мо бошед ва аз ироаи номаҳо ба «Ислоҳ» як лаҳза ҳам тағофул накунед. Шумораи садумини «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро бо кулли дӯстон табрик мекунам:  

                                                Хуҷанд

Салом муҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин! 

Ман сокини вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ҳастам. Дар бораи ҷиноятҳои яке аз роҳбарони амният дар шаҳри Хуҷанд гуфтаниҳо дорам. 

Наздики як сол мешавад, ки Қурбонов.С дар мақоми сардори амният ба шаҳри Хуҷанд фиристода шуд. Зери дасти генерал раиси КДАМи Вилоят Алихон Зубайдов кор мекунад.

   Бародари ман соҳиби оила ва ду фарзанд аст. Солҳои тулонӣ дар Русия муҳоҷир ва дар ҳамонҷо ва умр ба сар мебурд. Моҳи март барои дидани фарзандҳояш ба Хуҷанд омад. Баъди 3-4 рӯзи зиндагӣ бо аҳли байташ дар хона пушти дари ӯ кормандони амният омаданд ва ӯро бо худ бурданд.

Панҷ рӯз ман ва оилаи бародарам пушти дари амният гаштем. Яке аз кормандони амният гуфт, ки бародари шумо салафӣ аст. Мо ҳайрон шудем. Бародари мо муҳоҷири одӣ аст ва даромади оилаи ӯ аз кор дар сохтмонҳои тоқатфарсои  Русия мебошад. 

Ин нафар гуфт, ки ман бо Қурбонов.С ошноӣ дорам. Агар хоҳед, ки парванда оғоз нашавад суҳбат кунам. Ман фикр кардам, ки 5000 $ ё 10.000 мепурсад. Қаблан шунида будам, ки нафси онҳо ба ин андоза аст. Вале иштибоҳ кардам. Нафси Қурбонов.С беҳад калон будааст. Соат тақрибан 9 шаб буд. Ин нафар баромаду гуфт 40,000$ биёр озод мешавад. Ман бо шунидани ин нарх чанд лаҳза карахту лол шудам ва гуфтам ҳатто хонаи худро фурӯшам ҳам ин микдор  пул надорем. Ин нафари ошнои Қурбонов.С ,ки дигар акнун конкретно посредникӣ мекард, гуфт:  «агар не 8 сол пушти зиндон меравад.

Гуфтам:  чи далел доранд?  

Гуфт:  “дар телефони бародарат лайк зери наворҳои шейх кимки, ки дар Тоҷикистон манъ аст гузоштааст.”

Аҷибаш дар он ки агар 40.000$ медоштам бародарам салафӣ намешудааст гуфтаму хона баргаштам. Парванда оғоз шуд. Панҷ рӯз амният маҳкам кард. 3 моҳ дар Сизо шишт, ки дар се рӯз як бор ғизо барои бародарам мебурдам ва дар он ҷо аз мардум мешунавидам, ки Қурбонов. С ба фарзанду наздикони онҳо ҳам чунин тухмат карда пушти зиндон бурдааст. Мардуме, ки барои додани ғизо меомаданд бо сад дуои бад мегуфтанд, ки хонаи Қурбонов. С сузад, фарзандонаш пушти ин зиндон бошанд. 

 Қурбонов.С як инсони чашмгурусна аст. Дар як муддати кутоҳи кор дар шахри Хуҷанд савори мошини гарон ва чанд манзил дар сохтмонҳои нав шуд. Кору бораш дар тарабхонаҳо ва айшу ишрат ва дар гирдаш духтарҳои сабукпо ё духтарони ҳамон муҳоҷироне зиндонияшон карда ва ё падаронашон дар муҳоҷиратанд. Ҳама махириҷи ин айшу нуш аз ҳисоби соҳиби тарабхона. Дар шаҳр мисли ҳоким аст. На қоидаи роҳро риоя мекунад, на эҳтиром ба шаҳрванд мегузорад. Вақте касе барои озодии ҷони худаш пора медиҳад боз маҷбур мекардааст, ки ҳамкорӣ кунад ва барои вай доносчик ва стукач шавад.

    Як забону муомилаи фач дорад. Касе гуяд, ки шикоят ба Алихон Зубайдов, раиси КДАМ-и вилоят мекунам, мегуфтааст, ки ман задагӣ ҳам генералатрову ҳам онҳое, ки ту ба онҳо шикоят мекунӣ, ман соҳиб дорам. Соҳиби вай СС.Ятимов будааст. Аз инҷо маълум мешавад, ки СС.Ятимов чунин кормандонро барои ҷамъоварии маблағи зиёд ба чунин вазифа мефиристад. Қурбонов.С борҳо гуфтааст, ки «шумо будикҳо ҳамдигарта зур мефурушен, инҷо ҷои сумдор аст».

 Ният доштааст, ки ҷои Алихон Зубайдовро соҳиб шавад. Барои ҳамин пора ҷамъоварӣ карда ба СС.Ятимов мебарад. Нисфи ҷавонҳои Хуҷандро тарсонида буз карда истифода мебарад. 9 сентябр дар телевизион дидам, ки аз дасти президент мукофот гирифт .Як чиз мушаххас шуд, ки агар пул дошта бошӣ ва пора дода тавонӣ ба Қурбонов.С аз ҷавобгарӣ озод мешавӣ.

   Дар пушти дари зиндон бо садҳо кас вохурдам, ки гуфтанд Қурбонов.С барои як лайк парванда боз кард, то резултат нишон диҳад ба раисаш СС.Ятимов.

Аммо бовар дорам, касе пора дод, озод кард, вале бархе аз онҳоро истифода ҳам мебарад. Бародари ман агар 40.000 $ медошт салафӣ намешуд. Азбаски надорад, ӯро тухмат кард. Худо хонаи Қурбонов.С -ро сузонад. Ба сад ғаме, ки сокинони Хуҷандро гирифтор кард, худ гирифтор шавад.

  Халқи Хуҷанд, аз шумо хоҳиш менамоям, касе аз дасти ин чашмгурусна ба туҳмат гирифтор шудааст, нависед то мукофоти қалбакии ӯ аз дасти пешвояш  ба заҳр табдил шавад. 

                             Шуробод

 Дар оғози ин номаи аввал аз Шуробод ё Шамсиддини Шоҳин инро меафзоям,ки ба унвонии “Ислоҳ” чанд нома аз ин ноҳия омадааст, ки тасмим гирифтем ҳамаи номаҳоро дар ин №100 “Номаҳо аз ноҳияҳо” ҷой кунем.

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол.

  Ман коргари собиқи ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шурободам. Мехоҳам дар бораи раиси ҷамоати Саричашма маълумот фиристам. Фахриддин, писари доктор Тоҷиддин аввалҳо дар Амонатбонки Саричашма кор мекард.

Вай ҳам раис, ҳам кассир ва ҳам қаровул дар ин бонк буд. Яъне ин бонк ҳамагӣ як коргар дошт, ки ҳамин Фахриддин буд. Мардум ҳафтаҳо дар навбати маошу нафақа меистоданд. Ва аз ҳар маоши духтуру муаллиму фаррош ва пенсияи пиронсолон ҳақи худашро мегирифт. Тасаввур кунед, ки ин пулҳо ба ғайр аз маошаш. Ин чи тарзи давлатдорӣ аст? Ин давлат не, балки мафияест,ки барои азияту азоби мардуми тоҷик сари қудрат оварда шудааст. Соли 2021 баъди дар ҳолати мастӣ аз дунё гузашта шудани раиси ҷамоат Фахриддинро ба хотири маҳорати хуби ҳаромхуриаш раиси  ҷамоат гузоштанд. Дар ин ду соли раисиаш борҳо барои Саричашма пул аз ҳукумат ҷудо шуд. Масалан барои роҳи 18 километари Саричашма 12 000000 доллар ҷудо шуд. Ҳамаро чену андоза карданд, тамоми омодагиҳоро диданд, схемаашро ба ҳама мардум нишон доданд, аз Дастгоҳи иҷрои Президент омада табрикоти раисро ба мо расониданд.

Баъди ин раиси ноҳия бо ҳамроҳии сардори амният омада гуфтанд, ки пулро гузарониданд, ҳама омода аст, 2 ё 3 ҳафта пас корро шуруъ мекунем. Баъди даъват шудани Фахриддин ба назди раиси ноҳия омаданду дар чуқуриҳои роҳ санг рехтанд, дар телевизор реклама карданд, гуё роҳ соз карданд.

Маблағи умумии сангрезӣ ҳудуди 50.000 (панҷоҳ ҳазор сомониро ташкил медод. Бо ҳамин 12 000000 млн долларро муш хурд.  

Ин чи ҳукумат аст? Фахриддин аз кудакияш дар қишлоқ як дузд шинохта мешуд. Бо ҳамроҳии падараш доктор Тоҷиддин ва додараш Эраҷ гову моли мардумро шабона ё дар вақти ҳавои туман ба хонаашон мебуранд ва дигар нишонашро намеёфтӣ. Мардум шикоят мекарданд, вале зури касе ба авлоди инҳо намерасид.

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ин номаро ман, як пизишк аз Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, собиқ Шуробод мефиристам.

   Мехоҳам дар бораи қотилон ба шумо ҳикоят кунам. Сино, сардухтури беморхонаи Саричашма аст. Ин алкаш аз рӯзе,ки ин вазифаро гирифт, ҳар рӯз пиён ба кор меомад. Соли таваллудаш 1993 аст. Тарбияи дуруст надорад. Ҳатто занҳоии калонро дар фалонатон фалон кунам гуфт дашном мекунад. Соли 2021як духтар-талабаи мактабро ба мошинаш савор карда ба тарафи шаҳр дамгирӣ меравад. Вале дар ҳолати мастӣ авария мекунад. Духтар ҷароҳати вазнин мегирад. Аммо Синоро касе ҷазо намедиҳад.

 Соли 2022 бо ҳамроҳии духтурон арақ менушанд. Дар ин вақт ҳамсинфи Сино ба номи Қурбон писари 2солаашро ба беморхона меорад. Кудак табаш баланд. Капел гузаронилан мумкин нест. Бояд аввал таб поин оварда шавад. Ва,Раҳмонв ном врач, ки сахт пиён буд, ӯро дарҳол капел монд ва кудак дасту пояш яку якбора аз кор монд. Яъне судорого дод. Фардояш ӯро ба шаҳр бурданд. Вале кудак аз дунё гузашт. Падари кудакро фарёд карда бо ӯ чи муомилае карданд. Ва ӯ аз шикоят даст кашид. Сино беморхонаро ба шаробхонаву фоҳишахона табдил кардааст. Саҳар меояд бо духтурҳо менушад. Камтар занҳоро дашном мекунаду меравад тарафи шаҳр, аз қафои духтарбозиаш. Касе бигуяд, ки ман дар амният шикоят мекунам, ҷавоб медиҳад, ки ман амнияту милисаву прокуроратро задагӣ: «Фалонма да даншон метм, ови чима мехронмшон». Охир мо духутурон бо ин вазъу ҳолат чихел кор кунем дигар ?

Дигар метарсем, ки боз ба худамон проблема мешавад.

 Ва, ҳоло дар ин қисмати ин нома навиштаи дигареро пешниҳод менамоем.

 Ҷурахон як таксисти буз аст. Кораш фақат бузӣ кардан дар мақомоти золим аст. Бо мошиндорон суҳбат мекунад ва аз таги дили онҳо даромада аз онҳо мепурсад, ки документ доранд ё не? Агар ягон ҳуҷҷаташон набошад дарҳол хабар медиҳад ва он бечораи камбағалро штраф мекунанд. Бачаҳои сини хизмати ҳарбиро низ бузӣ мекунад. Мардумро пул дода фоиз % мегирад.

Мегуяд, касе мегуяд,ки % ҳаром аст,занашро бо очааш флон мекунам.Гуфт зани муллоеро фалон мекунам,ки мегуяд % ҳаром аст. Мо аз як мулло пурсидем, гуфт ҳаром аст. Гуфт раведу Ҷурахонро бигуед, ки агар ғайрат дорад биёяд рубару ҳамон гапҳояшро такрор кунад. Ҳоло дин бесоҳиб намондааст. Ҷурахонро гуфтем, ки мулло ҳамин хел мегуяд. Аз тарс дар ҷояш тар кард, гапа тоб доду гурехт. Бо духтарҳои фоҳиша рушод зино карда боз аз ин кораш фахр мекунад. Писари ин бадахлоқ корманди мақомот аст. Аз падраш ҳеҷ камӣ надорад.

 Номаи дигар аз аз як деҳқони шурободӣ.

 Ман кам-кам бизнеси мева мекунам. Дар бораи як дузди баобру ва муҳтарам ба шумо маълумот медиҳам. Лолаҳмад, ки бо номи муаллими Лол машҳур аст. Яке аз дуздони зирактарини деҳа ва яке аз тағадорҳои вазнини Саричашма мебошад.

 Ин муаллими Лол говҳои деҳа, ки даштҳо сарҳуй ҳастанд бо говҳои фермаи Чордара якҷо карда бо чупонҳо, ки чандин сол шуд додугирифт доранд дар дигар ноҳияҳо мефурӯшанд ва байни худ тақсим мекунанд. Кришаашон Нураҳмад, бародари муаллими Лол, собиқ коргари коррупсия аст. Ва қиссаи инро ҳам менависам. Ба худо қасам мехурам, ки вақте ҳаво туман мешавад аспашро савор шуда даруни рамаҳо даромада аз байни рама гусфандонро дар хурҷинаш бор карда меравад. Чандин бор ин амалашро одамҳо дидаанд. Соли 2010 командаашро қапидаанд. Мардуми қишлоқ ҳама ба по хест. Аммо Кари Файзимад, хеши муаллим Лол, ки дар гузашта дар Прокуратураи генералӣ кор мекард масъаларо дар ҷояш хобонид аммо ин то имрӯз ба дуздиаш давом медиҳад.

Дуздии муаллим Лол ингуна ошкор шуд. Навкар писари Файзро, ки талабаи мактаб буд муаллим Лол боҳамроҳии муаллим шер дуздиро нишон доданд. Навкар чорвоҳоеро, ки шаб дар саҳро мемонданд, мекуштааст ва ба хонаи муаллим Шер ё муаллим Лол омада мегуфтааст, ки гушт дар фалон чоҳ аст ва инҳо шабона рафта мегирифтаанд ва бозор бурда савдо мекардаанд ва дар дафтари худ барои ҳисобу китоби худ менавиштаанд, ки гусфанди фалонӣ ё гови фалони ана ҳамин қадар сум шуд. Марде бо номи тошмат, ки бузи ӯро дар саҳро мекушанд ва ӯ аз дур назорат мекунад ва фардо дар бозор дар байни мардум мегуяд, ки муаллим Шер ин гушти чӣ аст, мегуяд, ки аз буз аст. Мегуяд, ки калаву почаашро нишон деҳ. Муаллим не мегуяд. Вале Тошмат исрор меварзад ва мардумро ҷамъ мекунад ва мегуяд, ки «инами гушти бзи маай, нишонаш фалон». Мардум бо зӯр каллаву почро мегиранд, ки воқеан Тошмат рост мегуяд. Милиса меояд ва муаллимро отдел мебаранд ва Навкар ва муаллими Лолро ҳам мебаранд. Ҳамаашро қоил мешаванд ва дафтарро мекушоянд. Зиёда аз ҳазор гову моли мардум бо номҳои соҳибонаш навишта шудааст. Аммо то бегоҳ озод мешаванд. Чунки акаи муаллим Лол дар коррпусия кор мекард ва хешаш Карим Файзимад дар Прокуратура генералӣ кор мекунад. Мардум дигар аз тарс чизе нагуфтанд. Ин аст аҳволи режими “пешвои миллат” ё “пешвои дуздони” миллат

Боз ҳам як номаи дигар аз Шуробод

Ва, як номаи дигар, аз деҳаи Саричашмаи Шуробод расидааст.

 Ёқуб, писари Абдураҳмони арақфурӯш яке аз коргарони баландпояи ҳукумат ва педофили №1 аст. Ёқуб дар соли 2016 ба хотири аз ҳад зиёд машғул шудан ба педофилӣ аз кор ронда мешавда ва ба муҳоҷират меравад. Як ҷавон аз қишлоқамон дар Москва дар як завод бригадир буд ва Ёқубро ба ҷои кор таъмин мекунад. Бачаҳо мегуянд, ки ин сабзи ба даст аст.  Вале ин бача бовар намекунад. Як рӯз ба ин бача данний медиҳанд, ки Ёқуб бо Шерафкан рафтанд хона барои анҷом додани ҳамон амалҳояшон. Ин бача меравад ва ҳодисаро бо чашми сар мебинад. Баъдан Ёқуб мегуяд, ки биё ака чанд суме расход мешавад аз кисаи ман, табобатат мекунем. Ёқуб мегуяд, ки кори худатро кун, ба ман кордор нашав. Ва ин бача Ёқубро мезанад ва бурда аз аэропорт рост Тоҷикистон равон меукнад. Ёқуб мегуяд, ки «ачам ба ҷои …,ма тра суд мекнам». Ва,чанд муддат ногузашта ин ҷавонро ФСБ-Москва дастгир ва ба Тоҷикистон мефиристад ва бо бузии ошкорои Ёқуб бо статяи салафия ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Баъди ин Ёқуб боз ба вазифаи худ баргашт. Мардуми деҳа аз ӯ мегурезанд. Бо ҳар касе гап занад, мегуяд фалон коратро ҳал мекунам, бо ман ин кори сабзи ба дастиро анҷом деҳ. Боз агар пиён шавад ошкоро …. одамҳоро меқапад. Ногуфта намонад, ки аввалин шахсе, ки бо Ёқуб ин корро кардааст ҳамкурсаш, писари М. У аст. Вақте бо бачаҳои Саричашма дар ресторан нишастаанд гап дар бораи Ёқуб меравад. Писари У… мегуяд,ки Ёқуб янгаатон аст. Бачаҳои Саричашма, аз ҷумла бачаи Шоев Ислом ба сараш мехезад, ки мегуяд биист, ҳозир Ёқубро фарёд мекунем. Ёқуб меояд ва иқрор мешавад ва бачаҳои Саричамшма шарманда шуда мебароянд.

               Номаи охири шурободиҳо

  Ман як хоҳари шумо аз Саричашма ҳастам. Соҳиби 7фарзанд ва як набера. Мехоҳам дар бораи як ҷодугари буз ба шумо ҳикоят кунам. Ин ҷодугар мулло Абдулло –занакабози бенамоз аст. Дар умрш як ракаат намоз нахондааст вале илми динӣ дорад. Бисёри муллоҳо ва хатибони Саричашма аз вай дарс мегиранад вале аз ӯ намепурсанд,ки чаро намоз намехонад. Дар маъракаҳо дар саф ва бари боло ӯ мешинад ва муллоҳои дигар баъди ӯ. Солҳои пеш ин ҷодугари бенамози мулло Абдулло фатво дода буд, ки панҷшанбегӣ, чилу сари сол, серузагӣ, ҳафтум, ҳамаи инҳо дар китоб омадагӣ ва савоби бузург дорад ва шогирдонаш, аз он ҷумла сархатиб мулло Садриддин дар масҷиду маъракаҳо гуфтаи устодоашонро ба мардум мерасонданд. Мардум аз инҳо безор шудаанд. Бовар кунед соати 12-и шаб дарвозаро бо по тақтақ мекарданд. Мегуфтанд, ки дуокунӣ омадем. Аз хоб мехестем, барои инҳо хурок мепухтем. Ба Аллоҳ қасам гапҳоям 100% рост аст. Агар бовар намекунед дар минбар эълон кунед. Мардум аз ин бадтарашро ба шумо менависанд. Мурдадор дар ғами мурда нею дар ғами шиками муллоҳо буданд. Бовар кунед, ки ҳатто барои дуохонии бемор ҳафт нафара меомаданд ва ҳар кадомаш 50 сомонӣ ставка доштанд ва қариб то саҳар мешиштанд. Аллоҳи меҳрубон ба доди мо расид. 6 сол пеш як ҷавон аз қишлоқи худамон, ки дар шаҳр таълими динӣ гирифта буд омад ва инҳоро шарманда кард. Худаш бепул дуо мехонд. Баракс, мегуфт, ки агар пул диҳӣ дафъаи дигар намеоям. Ин шогирдони Абдуллоҳ аз масҷид ҳам руй гардонданд. Чунки дигар на панҷшанбегӣ ҳаст на серузагӣ ва на касе онҳоро дуохонӣ мебарад ва аз шармашон гуфтанд, ки мо ба китобҳои ҳозира бовар надорем. Ҳатто гуфтанд, ки мо ба Қуръони ҳозира бовар надорем. Аммо худи Абдуллоҳ аз ҷодугарии худ даст накашидааст. Ҳар рӯз духтарҳо ва занҳои шавҳардор пешаш меоянд ва онҳоро дар утоқи махсуси худ қабул мекунад. Чизе мохонаду дигар фақат саволҳои бемаънӣ медиҳад. Мегуяд, ки тазат калон аст ё майда, аз кадом аъзои баданат бисёр кайф мекунӣ, бо шавҳарат чанд бор хоб мекунӣ, то сер карданат зӯри шавҳарат мерасад? Ана ҳамин хел саволҳо мекунад. Чандин падар ва шавҳарони занҳо даъво ва шикоят карданд. Вале мақомот ба вай кордор намешаванд. Занҳое, ки шогирдҳояшанд, рузҳои ҷумъа саҳари барвақт косметика карда бо очеред пешаш медароянд. Ҳар кадомаш як соат бо устод ҳақи танҳо нишастанро дорад. Бовар накунед, эълон кунед, нигоҳ кунед. ки мардум дар бораи ин ҳаром чизҳое менависанд, ки дар ҳайрат меафтед. Боз ин Абдулло дар сари роҳ меистад, бачаҳои моро мегуяд, ки масҷид наравед, ки ақидаатон безеб мешавад, мебаранду тюрмаатон мекунанд.

 Бародар Муҳаммадиқбол! Ҳар вақте номаи маро хондед аз мардум хоҳиш кунед, ки дар бораи ин Абдуллоҳ ба шумо бинависанд. Чунки аз тамоми Тоҷикистон духтарону занон пеши ин барои ҷодугарӣ меоянд.

 Пештар ба шумо гуфта будам, ки дар бораи Нураҳмади бародари Лол менависам. Ҳоло қабул кунед. Нураҳмад дар коррупсия кор мекард. Ду сол шуд, ки пенсия баромадааст. Ва ба сохтмони биноҳои баландошёна машғул аст. Бовар кунед, зиёда аз сад нафар сокинони деҳаро бурда кор фармуда пулҳояшонро надодааст. Ваъдаҳои дуруғ дода сол мегузарад. Дигар мардум пулҳояшонро фаромуш мекунанд. Аз ҳисоби мардум дар бузургтарин ресторанҳои шаҳр маъракаҳояшро мегузаронад. Мошини Мереседес С класс дорад. Ҳамааш аз ҳисоби мардуми бечора аст ки дар таги дасти вай кор мекунанд. Шавҳару писарҳои, мо моҳҳо кор мекунанд, имрӯзу пагоҳ гуфта ҳатто раҳпулии то хонаашонро намедиҳад. Дар милиса шикоят мекунанд,номашро мегиранд, милиса метарсад. Ҳеҷ чорае надоранд шавҳуру писаронамон  ҷуз ба шумо муроҷиат кардан. Ҳоли ин гуна шахсон дар пеши худо чи гуна хоҳад буд? Оё мо метавонем дар он дунё ҳақи худро аз ин бадбахт бигирем?

 Бародар Муҳаммадиқбол! Дар бораи Наимов Сулаймон, директори интернат дар барномаи шумо гуш кардем. Вай мегуяд, ки «мо, то имрӯза фалон карда гаштем, боз фалон кардан мегирем, аз дасти ҳеҷ кас ҳиҷ чи намеояд, ба ғайри Ҷаноб люботашро фалон мекунем”. Наим Сулаймонро мо дар хонааш кор мекардем. Занаш филмҳои ҳароми африкансҳоро тамошо мекард. Тамоман изо намекашад ҳатто мо занҳоро ҳам медид оддӣ буд барояш. Аллоҳ аз ин гуна занҳо паноҳ диҳад…                          

                                      Рашт

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!
Ман як сокини ноҳияи Рашт ҳастам. Мехоҳам дар бораи корҳои нопоки Набиев Олимҷон -Муқимӣ Раҳимҷон Набизода раиси ноҳияи Рашт каме ҳам бошад нависам. Кору амали ин раиси порахури дар фасодғутидаро мебинему ҳайрон мешавам.

 Барои чи ман Набиев Олимҷон навистам?  Чунки то раиси ноҳия шуданаш ном ва насабаш ҳамин хел буд. Баъди ба мақоми раиси ноҳия расиданаш дарҳол тағйири ном ва насаб кард ба Муқимӣ Раҳимҷон Набизода.  Вай аз бачагӣ то ҳозир бо пули ҳаром калон шудааст ва фарзандонашро бо пули ҳаром хуронида истодааст. Падараш беш аз 20 сол директори мактаб-интернати Навобод буд. Маводу маҳсулоти ғизоии ятимонро   панҷоҳ дар панҷоҳ медод. Барои мисол агар 50 кг гушт ворид мегардид, 25 кг онро ҳатман ба хонааш мебурд.
Набиев Олимҷон ё Муқимӣ Раҳимҷон Набизода писари ҳамон ҳаромхур мебошад. Набиев Олимҷон, раиси Рашт аз давраҳои дар сохторҳои гуногун кор карданаш то ба имруз ба порагириву порахурӣ машғул мебошад. Бовар кунед вай дар паи ободӣ ва осудагии мардум нест ва намебошад. Ин нафар яке аз нафароне аст ки дар вақташ муқобили давлати кунунӣ буд аммо имрӯз лоф аз сулҳу суботу оромиву осоиштагии мамлакати азизамон мезанад.  

     Аз давраи ба сари вазифа омадани Набиев Олимҷон тамоми мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ру ба таназзул оварданду дар фасоду ришват ғута заданд. Фасодзадатарин мақомот ин раёсати  молияи Рашт, шуъбаи маориф,   нозироти андоз, беморхонаи марказии ноҳия мебошанд.

Раёсати молияи ноҳияи Рашт зери роҳбарии Балазода Хурсанд Давлатёр ба идораи фасоду ришват бадал шудааст. Ин раис дар ҳаромхурӣ, порагирӣ ва дуздӣ аз Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ҳеҷ камӣ надорад, баракс вай ҳам гузаронидагӣ аст. Зери роҳбарии ин дузд Балазода Хурсанд Давлатёр чанд нафаре ҳастанд, ки ҳамааш ба мисли худаш порахур ва дузд мебошанд. Яке аз онҳо як марди бе ниҳоят ҷавон,ки сардори шуъбаи ба нақшагирӣ мебошад Давлатов Суҳроб аст. Ман тули 63 соли ҳаётам, ки дар вазифаҳои гуногун дар сохторҳои гуногун кор кардаам ба мисли ин бешарафро надидаам. Дар уқёнуси ришвахурӣ ғута задааст, ки ҳеҷ имконияти пок шуданаш дар ин дунё нест. Аз тамоми муассисаҳое, ки ба маблағҳои буҷавӣ сару кор доранд, то10% маблағро нагирад, иҷозаи гирифтани маблағро намедиҳад.   Вазири молияи Тоҷикистон бояд пеши роҳи ин беадолатиро гирад. Агар вазири молия ба ин масъала хунукназарӣ кунад, тамоми соҳаҳои ҳаёти халқ дар Рашт фалаҷ ва касод мешавад.  

Боварии комил дорам, ки вазири молия бетарафӣ нахоҳад кард.
Мегузарем ба шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт. Яке аз соҳаҳои муҳимтарини кишвар ва ҳамагуна давлату давлатдорӣ ин маориф мебошад.  Вазири маориф куҷоро нигоҳ карда истодааст. Кадреро ба ин вазифа таъин намудааст, ки бовар кунед шоистаи вазифа нест. Ҳамаи муассисаҳои таълимиро расво карда истодааст. Вазири маориф бояд аз пайи ислоҳи вазъ бишавад. Идораи нозироти андози Рашт ба мисли Раёсати молия як мақоми фасодзада аст. Ин идора дар гузашта яке аз мақомҳои хуби ноҳия буду кадрҳои бо лаёқат дошт.

  Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ ин идораи бе ниҳоят заруриро ба чор нафар аз гулакони бе савод, ки баъзеаш ҳатто номашро навишта наметавонад, таъин намудааст, ки ҳайрон мондам. Роҳбари ҳозираи андози ноҳия Нуров Абдулло Қулмаҳмадович соли таваллудаш 1988 мебошад. Дар рӯзҳои наздик чигуна ба ин мақом омадани ӯро ҳам навишта ирсол мекунам.  Ин қадар кадрҳои ҷавони порахурро ман тули 63 сол надидаам, ки ҳозир мебинам.
Мегузарем ба беморхонаи марказии ноҳияи Рашт. Барои ҳамаи пизишконе, ки дар ин муассисаҳои тандурустӣ кор карда истодаед, мерасонам, ки Шумо ба ҳаёти одамҳо сару кор доред. Бо инсоф бошеду аз Аллох тарсед. Агар инсофро риоя намекунед якояк бо ному насабу мақомҳоятонва инки нархи қабулу дорухату табобататон чи қадар аст, менависам .

  Ҷаноби Маҳмадтоири Зокирзода, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон пеши виҷдонат ту чи ҷавоб хоҳӣ дод? Агар ин қадар бе виҷдон ҳастӣ, фардо дар назди Аллоҳ чи хоҳӣ гуфт. Аз Аллоҳ битарс ва ин  Набиев Олимҷон- Муқимӣ Раҳимҷон Набизодаро монед равад аз вазифа. Дер ё зуд хоҳад рафт аммо зулми Шумо дар қалбҳои мардуми ин ноҳия то абад боқӣ хоҳад монд.
Дар охир аз роҳбари кишвар эҳтиромона хохиш менамоем, раиси ноҳияи Раштро, ки лоиқи ин вазифа нест, ҳарчи тезтар аз мақом барканораш кунед. Чунки истодани ин порахур бар зиёни давлат аст. Бовар дорам, рӯзҳои наздик ин Набиев Олимҷони дузду ғоратгар ва порагиру ришвахор аз вазифа барканор хоҳад шуду ба ин мақом шахси ба ин вазифа созгор хоҳад омад. 
Сардори Раёсати молияи Рашт Баллазода Хурсанд Давлатёр ва муовини молия  Давлатов Суҳроб мебошпнд. Аз ҳама пул мегиранд. Боқимонда кормандони ин раёсат ҳамааш ҳаромхуранд.  
 Раиси нозироти андози ноҳияи Рашт бошад, Нуров Абдулло Қулмаҳмадович, ки таваллуди 1988,аз деҳаи Шул аст. Аз рӯзи омаданаш ба ин вазифа дар ҷони ҳамаи андозсупорандаҳо задааст. Андозсупоранда тариқи патент кор дорад. Маҷбураш месозад, ки тариқи шаҳодатнома гузар. Соҳибкор гуяд, ки шароит нест, намешавад, мегуяд маҳкам кун дуконатро. Ман туро маҷбур накардаам, ки фаъолияти соҳибкорӣ кунӣ.
Доруфурушиҳо-аптекаҳоро маҷбур кард, ки ҳар моҳ ана ҳаминқадар маблағи давлатро месупоред, мана ин қадар ҳақи маро, баъд фаъолият мекунед, набошад фаъолият карданатон намемонам.
Муовинони раиси Рашт инҳоанд:
Шарифов Ҳандулло муовини якуми раиси Рашт, ки номашро дар ду барнома пеш гирифта будед.
Муродов Бахтиёр,муовини раиси ноҳияи Рашт оиди корҳои идеологӣ аст.  
Идибекзода Саидбек муовини раиси ноҳияи Рашт,ки  язнаи Балазода Хурсанд Давлатёр, сардори Раёсати молияи ноҳия мебошад.
Шоидов Раҳматулло муовини раиси ноҳияи Рашт оиди корҳои сохтмонӣ аст, ки аз дасташ коре барнамеояд.  
Ин чор муовин лухтаканд. Дар назди раиси ноҳия озодона сухан гуфтан наметавонанд. Ин раиси нохия дар куҷое, як одами бесавод аст, ҳамаашро дар атрофи худаш ҷамъ кардааст. Дар куҷое як кадри босавод буду як чизро мефаҳмид, аз кор озод кардааст. Медонед барои чи? Барои онки одами босавод ҳадди ақал як бор метавонист бигуяд, ки ин корат хато аст. Ин бесаводҳо бошанд ҳарчи ин фиръавн гуяд, мегуянд, ту муҳтарам раис дуруст мегуӣ, ту одами бо саводӣ.

                                       Рудакӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Хоҳиш мекунам, ки ин номаи як зани бешавҳарро пешкаши мардуми Чортеппаи ноҳияи Рудакӣ гардонед. Шикоятҳо бисёр бародар. Дар маҳаллаи Чортеппа Очамайли, станцияи Айнӣ, кучаи Кушониён гарадок мардони баномус кам мондааст. Ҳама мардони баномус ғарибу дарбадаранд.

  Шикояти аввал дар маҳаллаҳои номбаршуда свет нест. Зиндагии мардум хеле бад аст. 3 фарзандам дар мактаби№ 64 ба номи Умари Хайём таҳсил доранд, аз таҳдиди ҳукуматиҳо то маорифу мактаб безор шудам. Як вақт дар бораи директори пешини ин мактаб барнома карда будед. Мусоев Раҳим ҳамааш дуруст буд.

Имрӯз дар мактабҳои Тоҷикистон мусобиқаи бесаводӣ, бемаданиятӣ, қанчиқӣ рафта истодааст. Дар вақти директори мактаб будани Яқубова Мақсуда буданаш хостам ба кор дароям. Чунки баъди мурдани шавҳарам зиндагӣ ба души ман афтод. 3 фарзанди мактабхон доштам. Рафтам ба мактаб. Гуфтанд маош 450 сомонӣ аст. Ин соли 2022 буд. Фикр кардам бо ин маош ман зиндагӣ карда наметавонам. Рост омадам бо шиносбозӣ дар арақзаводи Айнӣ кучаи Кушониён кор даромадам ва кор кардам. Ҳамагӣ 8 моҳ то 2000 сомонӣ маош гирифтам. Аммо пулам баракат надошт. Ба додарам занг зада хоҳиш кардам, ки ба ман дар Русия кор ёб, то зиндагиамро хуб кунам. Имрӯз мушкилии зиндагӣ маро ғарибу дарбадар дар шаҳри бегона кард.

 Хулоса, дар мактаб аҳволи мактаббачаҳо хеле бад аст. Барои ин мактаб саводу дониш, хондан ва иштирок дар дарс муҳим нест, аҳамият надорад. Омузгорони ин мактаб ба сару либоси мактабӣ, сумкаи мактабӣ ва пулҳои гуфтаашонро дар вақташ супоридан аҳамият медиҳанд ва масъалаашон ҳаминҳо аст.

Дигар тоқатам тоқ шуд бародар. Ҳоло ман дар як кафеи   тоҷик  кор мекунам маошам 50 ҳазор рубл аст. Ба зур сарбанук мешавад. Моҳи октябр буд. Хона занг задам аҳвоил фарзандомро пурсидам. Фарзанди калониам духтар аст. Духтарам гуфт очаҷон ман дигар мактаб намеравам. Пурсидам барои чӣ намеравӣ? Мегуяд мактаб номаш мондааст, тамоман дарс намедиҳанд. Муаллимаҳо Саидова Зуҳра ва Сабурова Нигина руймоли маро аз сарам мекашанд. Мегуянд, ки Ғарм рафтӣ ё ба шавҳар баромадӣ баъд сатр мекунӣ. Дар мактаб ё руймолатро каш, гуфта маломат мекунанд. Дар синф медароянд мегуянд, ки намоз нахонед. Бачаамро гуфтаанд, ки масҷид наравед, ки амният шабурӯз кор карда истодааст, қапад тюрма мекунадатон.

 Шарипов Субҳон устоди варзиш ва тайёрии ибтидоии ҳарбӣ мавзуи аниқ надорад. Ягон дарс намехонем, тубро медиҳад, рост майдони мактаб. 45 дақиқа гузашт, тубро мегирд, боз синфи дигар меравад. Хулоса, фарзандонамро тарбият кардам ҳамчун марди майдон, ки дар роҳи ҳақ бошанд. Гуфтам, ки тамоми корҳои омузгоронро навишта ба ман партоед. Аз болои онҳо кор карда истодаанд. Онҳо чанад маълумотро ба ман расониданд.

Аз ҷумла гуфтанд, ки муаллимҳо дар болои нархи китобҳо як сомонӣ барои кисаи худашон изофа мекунанд.

 Боз як даромади завучҳои мактаб ин ки Юсуф гуфтанӣ шахс аз отдели Коммунизим дар вазифаи учаскавой- кор бо ноболиғон мебошад. Дар як моҳ то 5 маротиба мебиёяд. Синфхои 9,10,11-ро протокол мекунад. Мегуяд, ки падар ё модаратон пагоҳ ба кабинети ман мебиёянд. Ман барои аниқ кардани ин гап бо ҳамсояам дар тамос шудам. Гуфт, ки бале ин гап рост аст. Ин бадбахти Юсуф  кудак аст. Таваллудаш 1994  ё 1995. Як мошини опел- сидан дорад. Ин дугонаам гуфт: «ман ай руи телефони бачам 200 сомонӣ додам, халос шудам». Боз ин Юсуф мегуфтааст, ки муаллима Саидова шери нарай. Ҷаримаҳое, ки ман мекунам Саидова ҷамъ мекарду медод. Мо 50/50 мекардем. Ин аст ҳоли мактаб.  

  Боз ин Шарипов Субҳон буфети мактаб дар дасташ будаст. Дар вақти дарс ҳам ба хонандагоне ,ки аз буфеташ қарз доранд бо ҳақорату дашном мегуфтааст, ки «қарзи буфета биёр те, ки рута сиё мекунум». 

Дар охир ба Саидова ва Сабурова гуфтаниам, ки шумо ранги ман  модаред, шумо ғарибиро надидаед, азобро надидаед, бас кунед зулматонро. Аллоҳ доност.  Се фарзандамро дар роҳи Аллоҳ бахшидам. Аз болои директор то охирон омузгоратон кор карда истодаам. Бо ҳамроҳи фарзандонам шармандагиҳоятонро мебарорам.  Хитоб ба Саидова! Ман дар бораи падарат аз давраи магазинчигиаш ва раиси маҳалла буданаш маълумот ҷамъоварӣ дорам. Ва низ дар бораи ҳолати имрузааш. Ман медонам, ки чи хел дуздиҳо кардагӣ аст. 60 адад заминро чи хел обу лой кард ва дар давраи савдогар буданаш мардумро чи хел фиреб мекард, ҳамаашро ҷамъ карда истодаам. Сайидова! Ё ҳаромхуриро бас мекунӣ ё аз мактаб меравӣ ё дар бораи оилатон як маълумоти коғазпеч мебарояд.  

Share This Article