Диаспора: «Ин боиси ифтихор аст ки пешвои муаззами миллат як шаб дар ноҳияи Нуробод истоданд».

Ислоҳ нет

Ин ҳарфҳои раиси ноҳия, сардори милиса, прокурор ё мудири маориф ва ё кадом мансабдори ноҳияи Нуробод нест, ки бигуем, дар «сояи давлат»-и пешвои муаззами миллат «чаридесетай» ва бояд ҳам ҳамин тавр хорумол кунаду ликонаду лесад. Ин суҳбати як нафар аз масъулони яке аз диаспораҳои нурободии муқими Русия аст ки дар маросими таҷлил аз ҷашни Истиқлолияти имсола даъват шуда ва баъди бозгашт ба маҳалли кору иқоматаш таассуроти худро ҳикоят мекунад. Номи ин нафар, аксу садояш ҳам пеши мо маҳфуз аст ва мо ӯро хуб ҳам мешиносем. Вале бигзоред, ки барои «публика» эълонаш накунем вале дар навори ин барнома ҳатман садои ӯро мешунаведу мешиноседаш.

    Раҳмонов рӯзҳои ҷашни истиқлоли имсоларо дар вилояти Суғд ва сипас дар навоҳии минтақаи Рашт гузаронд. «Ислоҳ» ҳануз аз ҷараёни омодагиҳо ба пешвози Раҳмонов дар водии Рашт чанд гузориш ба нашр расонда буд, ки онҳо таҳти ин ановин:

Э. Раҳмонов!!! Ғарм наё, мо ай афти хунукут безорем! https://isloh.net/e-rahmonov-ғarm-nayo-mo-aj-afti-khunukut-bezorem

Фирдавс Нуров аз Шул: «Ҷаноби олӣ дар пеши пот бмбрм Ғарм биё» https://isloh.net/firdavs-nurov-az-shul-ҷanobi-olӣ-dar-peshi-pot-bmbrm-ғarm-biyo

Э. Раҳмонов: «Дар вилояти Суғд бачаҳои Нуробод хостанд мана бикушанд?» https://isloh.net/e-rahmonov-dar-viloyati-suғd-bachahoi-nurobod-khostand-mana-bikushand/ нашр шуда буданд.

Матлаби имрӯзаи мо давоми ин навиштаҳо аст вале наметавонем бигуем, ки ҷамъбастӣ аст, чун ҷамъбасти мо вақте мешавад, ки Раҳмонов ва режими оилашумули вай «ҷамъбаст» бишавад.

Қабл аз онки вориди “масъала”-и диаспораҳо шавем маълумоте аз корманди баландмақоми ВКД-ро бароятон ироа мекунем.   

Корманди ВКД: Намяондаи диаспора ва ҷамъиятҳои тоҷикон   ки ба чорабиниҳои вобаста ба 33 –юмин  солгарди Истиқлолияти давлати  Ҷумҳури Тоҷикистон даъват шуда буданд ҳадафмандона буд.

Рузи 6.09.2024 вохурӣ бо вазир ва роҳбарони ВКД доир шуд.Вазир бовар кунед,кораш фақат талбидан буд аз диаспораҳо, ки биёен дар ватан ҳарчи созед. Тоҷирони дар Русия бударо ба ҳар шакле метавонед даъват кунед ба ватан биоянд. Дар ватан ва зодгоҳашон хонаи кудакона,мактаб ва бунгоҳҳои тиббӣ ва роҳҳоро созанд. Худатон шоҳидед, ки  вазъияти Русия ба ҳаматон маълум,мардумро ба кадом ҳолатҳо овардаанд. Инчунин дида истодаед, ки мухолифин барои пулҳои хоҷаҳошон бо якдигар ҷангу ҷидол доранд. Бояд муҳоҷиронро ба ҳар шакле метавонед фаҳмонед,ки ба гапҳои мухолифон бовар накунанд. Корҳои фаҳмондадиҳиро миёни муҳоҷирон ба роҳ монед роҳашро пайдо кунед. 

Ҳамин шаклу ҳамин мазмун  рӯзи дигар соати 8 то 10 дар назди бинои ВКД намояндаи ҳама диаспораҳо ҷамъ омаданд ва  ба суи боғи навбунёд бурда шуданд.Сипас ба суи Хоҷа Обигарм.Дар онҷо гуё меҳмон шуданд, хуроки шомро дар меҳмонхона дар дараи Варзоб хурданд ва дар ҳамонҷо   шабро саҳар карданд. Субҳи он рӯз  хуроки нисфирӯзиро хурда ба суи Панҷакент ба зиёрати устод Рудакӣ бурда шуданд. Субҳ ба Истаравшан оварданд ва хуроки нисфирӯзиро дар онҷо хурданд. Аз онҷо ба сӯйи Хуҷанд ба истиқболи Эмомалӣ Раҳмонов рафанд. Бегоҳӣ дар варзишгоҳи Хуҷанд баромади ӯро диданд.Пагоҳӣ тарафи Душанбе бурда шуданд. 

  Дар ин миён чанд ҳолатҳои дигари фаҳмондадиҳиҳо ба афроди мушаххасе аз тарафи мақомоти ВКД сурат гирифт вале дар гуруҳи хурд ин амал сурат гирифт.

  Рӯзи 11уми сентябр дар Нуробод боз ҳам ба истиқболи Эмомалӣ Раҳмон бурда шуданд.  Рӯзи 12 уми сентябр бегоҳи он рӯз вохурӣ дар ВКД бо диаспораҳо сурат гирифт. Боз ҳам ҳамон ҳидоёт ва дастурҳо ба диаспораҳо аз тарафи ВКД дода шуд. Инчунин рӯзи 13уми сентябр соати 15: 00 дар вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ вохурӣ бо ҳамаи намояндагони вазоратҳо ва мақомотҳо сурат гирифт ва боз ҳам фаҳмондадиҳӣ ба диаспораҳо шуда гузашт. Муҳим ҳама талоши мақомоти кишвар барои ҷалби диаспораҳо барои ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумат буд.Бовар кунед диаспораҳоро мехоҳанд бар зидди муллоҳо ва диндорон дар Русия истифода бубаранд. Мардумро фаҳмонед ба дин наздиктар нашаванд ва аз диндорон ба ҳама шакл дурӣ кунанд. Ҳама диаспораҳо дастҳо пеши бар,бале бо ҷону дил қабул,гуфтанд. Пас аз он боз ҳам ба намояндаҳои диаспораҳои мушаххасе суҳбатҳои алоҳида сурат гирифт ва фармонҳоро гирифтанду ба Русия гусел карданд. Корманди ВКД махсус барои Ислоҳ.

Хуб, ҳоло биёем ба сари он масъули «диаспора».

Бародари муҳоҷир! Аввало агар ту як майда, як зара пеши пешвои миллат қадру эътибор медоштӣ, билети «туда обратноят»-ро худат, бо пули худат намехаридӣ ва агар ту меҳмонаш будӣ, бароят на фақат билет, ҳамчунин утоқ дар меҳмонхона бронироват мекард. На инро карду на онро кард. Фақат туро даъват кард ва он даъват ҳам на аз тарафи кадом мақоми ниҳоди муносиб ба ҷашну маросим, ин даъват аз тарафи вазорати корҳои дохилӣ ва аз номи Рамазон Раҳимзода сурат гирифтааст, ки туи бечора чору ночор мехезиву мепарию меоӣ.

Аммо худат хеле хуб ҳам медонӣ, ки ин пешвои миллат шумоҳоро, ҳамчуноне ачаву авову дигару дигаратро дар дохил метозаду меҷушад, мисли як гови ҷушо, туро ҳам ҷушидан дорад ва боз даркор шавад кушта гуштатро ба мағозаи Ёвар медиҳад ва ё мебарад ба фермаи Мармарӣ паҳлуи говҳои холмогорӣ ва ё шведӣ дар пешат коҳу кунҷора мепартояд.

Вале ту дар суҳбатат ин гапи Раҳмоновро нагуфтӣ, ки таҳдиду дуғу пуписа кард, ки «бачаи нурободӣ мара дар Хуҷанд куштанӣ шуд». Маънову паёми «як шаб дар Нуробод» истодани Раҳмонов ин аст ки  «ман ме…м ҳамата. Ман зурум. Ман гарени, ман ҳамиҷада меистам, хов мекунум, ку биёе, кадомит мара куштаниӣ? Дар хонатон местум. Имшаб ҳамаи мора, то ахранаву то  ҳамара мурдамурда зиёфат мекунен».Ана барои чӣ пешвои миллат «як шаб дар ноҳияи Нуробод» истод, на дар Рашту Сангвору Тоҷикобод.

 Туи чоплусу лесаки холизанак ин гапҳоро нагуфтӣ ва намегуӣ.

Хуб, як шаб Раҳмонов Нуробод хобид, чи шуд? Саҳар аз хоб хестед, ки чи гап шудаст? Дар Нуробод ягон дигаргунӣ ба амал омад? Ҷуйҳои Нуробод ҷойи об шир ҷорӣ карданд? Ҳамон шаб говҳо дугоник зоиданд? Мегуӣ, ки кадом авлиё, мегуӣ, ки имом Маҳдӣ, мегуӣ, ки хуҷаи Хизр Нуробод омада бошад. Чоплусиву тамаллуқкорӣ, хушомаду лесоселесӣ наход ба ҳамин дараҷа бошад? Ҳар шаб дар Душанбе дар паҳлуи Азизмои газетхонак Раҳмонов хоб меравад, магар ягон гапе шуд?

Наход як мард ба марди дигар ҳамин тавр хушомад гуяд. Ҳоло ки пешвои муаззами миллат (Ленинро вес СССР доҳии муаззам мегуфт, ҳоло саг суроғаш намекунад) дар Нуробод як шаб хоб карда бошад, чи мешавад? Нуробод соҳиби свет шуд? Нуробод дар гектар 100 сентнерӣ тушка гирифт? Чи тағйирот шуд? Заминҳои Нуробод сечанд ҳосил доданд?

  Баръакс, бинобар навиштаи Ховар, имсол дар омад-омади сафари пешвои муаззами миллат ҳамаи ҳосил кам шудааст:

«ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар». Дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза масъалаи бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кардани аҳолӣ аҳаммияти аввалиндараҷа ва ҳаётӣ пайдо кардааст. Вале вазъ дар ин самт, бо дарназардошти имкониятҳои истифоданашудаи ноҳия, ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Чунин изҳори нигаронӣ намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Нуробод 11 сентябри соли 2024.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1-уми июли соли равон дар ноҳияи Нуробод майдони кишти ғалладона ва лубиёгиҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 190 гектар, аз ҷумла майдони кишти гандум 150 гектар кам гардидааст. Илова бар ин, имсол дар ноҳия бо сабаби аз кор баромадани шабакаҳои обёрӣ 348 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. Соли 2023 истеҳсоли картошка нисбат ба соли қаблӣ 19 фоиз, тухм 29 фоиз ва пилла 35 фоиз коҳиш ёфтааст».

Ин пешвои муаззам, ки мегуӣ, касе вайро пешво нахондааст. Ин худаш аст ки бо фармону қарору қонун худро Пешвову асосгузор хондааст: пешвои худхонда (самозванет) асосгузори худхонда (самозванетс).

Пешворо халқ пешво мегуяд. Ба як бенамози бетаҳорати куҳнаҷунуби пиёнискаи алкаши сараш ба саҷда хамнашуда пешво хитоб задан камоли ҳамоқат аст.

Ахиран, ҳатто худаш аз номаш изо кашида асосгузори сулҳу ваҳдатро ихтисор кунед гуфтааст.

 Агар ин  пешвои милат як шаб дар Нуробод хоб карда бошад амри воҷиб аст, ки он хона дизенфексия карда шавад. Курпаву болину простину пододеялники хобидаашро ҳатман бояд бурду ба оташ зад, чунки вай ҳатман маст шуд ва аз пешу пасаш баромад.

Шаб хоб карду саҳар сафарашро идома дод. Хуб, баъд чи шуд? Ҳиҷ чӣ!

Аммо, қабл аз онки Нуробод ояд, ҳамчуноне линкҳои матолиби қаблиамонро бароятон дар фавқ тазаккур кардем, толибаву муаллиму маорифу ҳукумати ноҳия дар ташвишу сарсону саргардон буданд.

Дар инҷо суҳбатҳои чанд омузгори бечораро ҳам меоварем, ки барои онки толибаву талабаҳо ба ҳангоми машқи маршировка барои пешвози Раҳмонов гушна намонанд, чи гуна аз нафарони алоҳида изҳори сипос мекарданд, ки ба онҳо обу ғизо доданд:

«Ассалому алайкум аҳли гурӯҳ. Аллоҳи меҳрубон аз ҳамаи мову шумо розӣ бошад. Имрӯз Шамсиддин Обиддинов дар ҳақи ҳамин хонандагон хайр кард, шукри аллоҳ, ки гишнашон намонд. Бо об таъминашон кард, ҳатто ба зиётиш. Аллоҳи меҳрубон хайрашро қабул кунаву аз тамоми балоҳои замину осмон нигаҳаш бидорад. Дар ҳақи Шамсиддин Обидинов дуогу бошед. Аллоҳ нигаҳбонат».

                   *****************

«Салом алайкум халқи сарбаланди Шулдонак. Аз ҳамат хоҳиш карда мешавад, ки да ним соат ҳамат дар пеши Амонатбанк боше. Кадоме мошин дорад имрӯз ёрдам кунед, ки шумораи хонандамон бо зиёдтарай. Писароморам овардагием, дастгирӣ кунеда.

   Кудакора ба мактабаву ба хонаҳотон брасонем. Назди Амонатбанк. Шумораи хонандаҳо дар ноҳия 180 нафаранд.

Дар ҳақи гурӯҳи 1978 дуогу бошед. Аллоҳ садақашона ба даргоҳаш қабулу мақбул гардонаву… бо ку гуруҳҳо да пеш, ҳамин пага гуруҳи 97тоанд тамом. Ҳоле заказ нест дига. Ку я бҷумбед. Духтаротон гушна намонанд дар район».

                     ************************

«Салому алайкум аҳли гуруҳ. Ҳамакаса созен, хубен. Аллоҳи меҳрубон нигаҳбонтон боша. Да ҳақи Аслиддин Комилов дуогу бошед. Аллоҳ ин садақаашро ба даргоҳи худаш қабул куна. Имрӯз ҳамаи хонандагона да ноҳия бо ошу обу нону ҳамаи чиз таъмин намуд».

 Ин суҳбати омузгороне буд, ки маъркаи маршировкаи барои истиқболи Раҳмонов дар Нурободро бар уҳда дошт.

Мо қаблан гуфта будем, ки аз тамоми деҳаҳои ноҳия 17 спринтер духтарҳоро ҷамъ карда меоварданд ва онҳо маршировка мекарданд, омодагӣ медиданд, ки дар пеши ин куҳнаҷунуб рақсу сурудхонӣ кунанд. 

Дар роҳи омадан ба маршировка, ки дар майдони марказии ноҳия доир мешуд, як газел бо шаш муаллиму толиба ба садама дучор шуда ҳамаи онҳо ба шумули ронанда ба ҳалокат расиданд. Аммо мутаассифона ягон расонаи дохилӣ ва хориҷӣ онро мунъакис накард. Инҳо барои ширкат дар маршировка, ки барои пешвози Раҳмонов доир мекарданд кушта шуданд. Аммо оё ҳоло Раҳмонов парво дорад? Аслан! Барои вай инҳо расходний материаланд, бахусус ки агар онҳо сокинони Ғарм ва ғармӣ бошанд. Раҳмонов то ба ҳол ин мардумро чашми дидан надорад.

Аз он шаш нафар толиба ва муаллим ва ронандаи Спринтер касе ба ҷуз аз хонаводаҳояшон ёд намекунад. Онҳо чаро мурданд? Онҳо буз, гов, гусола ва ё гусфанду барра набуданд. Онҳо одам, онҳо ҷавон буданд, ки мурданд.

Бубинед, ки ин бечораҳо ҳатто ғизои ҳамарӯзаашон дар вақти баргузории тамринҳои марширковка чи гун буд. Онҳоро ба хоҷагиҳо, ба мағозаву чойхонаҳо, ба одамҳо, ба бизнесменҳо, ба ҳамин диаспораҳо, ки поинтар дар бораашон мегуем вобаста карда буданд. Як нафар аз кормандони молияи Нуробод фақат ба ҳисобу китоби масрафи ғизо онҳо машғул буд ва мудири маориф ҳам ба ин кор-хурду хурок ва роҳкирои онҳо ва хариди бенизин пул мекофт.

Даъвати масъулони диаспораҳои тоҷикӣ аз шаҳрҳои Федерасиони Русия ба ин ва ё он маърака ва чорабиниҳои расмӣ аз тарафи мақомоти Тоҷикистон зоҳиран ба маънои ғамхории ҳукумат ба онҳо аст. Гуё ҳукумат дар тақдиру зиндагии муҳоҷирон лоқайдӣ ва бетарафӣ намекунад. Аммо дар асл, дар пушт ва паси ин даъватҳо манфиат ва ғаразҳо нуҳуфтааст.

Солҳост, ки ин корҳоро мекунанд. Мақсад онҳо таҳти контрол бошанд, ба тарафи неруҳои зиддиҳукуматӣ тамоюл пайдо накунанд, дар сиёсат шарик нашаванд, бо оппозитсион ҳамроҳ нашаванд, дар онҷо низ мутеъу фармонбардор ва беиродаву сархам бошанд.

Ончизе ки инҷо муносибати ҳукуматро бо диаспораҳо маълум мекунад ин аст ки онҳоро вазорати дохилӣ-яъне милиса даъват мекунад.

Диаспораҳо кадом созмон ва ё ҷамъитҳои ҳарбиву ҷангӣ нестанд. Онҳоро метавонад вазорати фарҳанг ҳамкорӣ кунад ва дар ин ва ё он маъракаи расмӣ даъват кунад.  Тавассути вазорати дохилӣ даъват кардани онҳо беҷиҳат ва беғараз нест. Вазорати дохилӣ яъне зургуӣ ва ҳаросу тарсонидан, нишон додани қудрат ва таъкиду ёдрас кардан  аст ки шумо дар ҳар куҷо, ки ҳастед зури ҳукумат болои шумо ҷорӣ аст. Қадаматон таҳти назорат. Бибинед, ки инҳо чи кор карданд?

Каромат Шарифовро куштанд, Абдулло Давлатов ва Гавҳар Ҷураева ва чанд нафари дигари бо раъйю иродаро даъват ҳам намекунанд. Аммо ба ҷои ин афрод шахсони чоплус ва тамаллуқкорро аз диаспораҳо аз Ноҳияи Нуробод даъват мекунанд.

Аз Иркутск: Ғайратов Вайсиддин Шамсуддинович

Аз Челябинск: Раҷабов Исломиддин

Аз Новокузнеск: Одинаев Раҳмоналӣ

 Ин се нафар ба Русия баргашта ҷаноби олияшонро хуб мелесанду таърифу тавсиф мекунанд. Воқеан ин шармандагӣ аст.

Онҳоеро, ки даъват мекунанд онҳо ёрдамчӣ, волонтерҳои маҷонӣ ва ройгонанд. Ба онҳо дастуру амру супориш медиҳанд. Гуё онҳо муваззафанд.

Инҷо суханронии яке аз ин масъулони диаспораҳоро пешкашатон мекунем, ки бубинед, чи қадар ҷон коҳонида истодааст, ки амру супориши бар душаш гузоштаро ба муҳоҷирони нисбатан пулдор бирасонад:

 «Вохурӣ бо вазорати корҳои дохилӣ, бо вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар мақомотҳо дар сатҳи баланд гузаштанд. Баъдан Асосгузори сулҳу ваҳдат, пешвои миллат, раиси ҷумҳури Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 число ба ноҳияи Нуробод сафар карданд, ки дар ин сафари пешвои миллат чандин иншоотҳо сохта супорида шудааст, мактаб супориданд. Ва аз ҳама муҳимаш инки мардуми Нуробод чандин солҳо буд, ки аз об заҳмат мекашиданд, об кашиданд. Он мардуме, ки дар ин офатҳои табиӣ ҷабр дида буданд, хонаҳошона сел бурда буданд, хонаҳошона мисол гирем дар давоми 58 рӯз сохта супорида буданд.

Ҳарчанд ки масолеҳи сохтмонӣ аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон таъмин карда шуд, лекин бо дастгирии ҳукумати Нуробод, бо дастгирии мардуми шарафманди Нуробод, ки дастгирӣ карданд, сохтанд, роҳҳоро асфалтпуш карданд, хонаҳоро таъмир карданд, калидҳои хонаҳоро ҷаноби олӣ ба мардуми ҷабрдида супорид ва пешвои муаззами миллат дувуним соат бо мардуми Нуробод дар сатҳи баланд, озод суҳбат кард бо мардуми Нуробод. Беҳад вохурӣ бо пешвои миллат дар сатҳи баланд, дар сатҳи олӣ гузашт.

Ин боиси ифтихор аст ки пешвои муаззами миллат як шаб дар ноҳияи Нуробод истоданд.

Пагоҳаш баъд ба ноҳияи Рашт сафар карданд.

  Баъди сафари пешвои миллат раиси ноҳияи Нуробод Ҷобиров Додарҷон бо структураи давлатии ноҳия, раисони маҳалла, соҳибкорон, меҳмононе, ки аз тарафи Россия даъват шуда буданд, мо ҳам иштирок кардем. Раиси ноҳияи Нуробод бо роҳбарони ҷамъиятҳое,ки  Россия зиндагӣ ва фаъолият мекунанд ва ҳамчунин ба раиси ҷамъияти Иркутск Фурқатҷон ва Дилшод, раиси ҷамъияти Новокузнетс Сонеҳ Амрдидин ва он муҳоҷироне, ки дар Россия зиндагӣ ва фаъолият мекунанд ва он мардуми Нурободе, ки шаҳрванди Россия ҳастанд зиндагӣ ва фаъолият дар Россия доранд, дар ин офатҳои табиие, ки мардуми ҷабрдида ягон дасти кумаки худро расониданд, на инки як мардуме, ки вай мардуме, ки дар ин Россия дасти кумаки худро мерасонанд аз тарафи ноҳияи Нуробод чи пешниҳод мешавад, дастгирӣ мекунанд, изҳори миннатдории худро баён карданд. Ва дар баромади худаш қайд карданд, ки пешвои муаззами миллат пешниҳод кардас, ки то 35 солагии истиқлолията  кадом шахсияте, ки дар ноҳияи худаш, дар зодгоҳаш чи шароите, ки дорад мактаб месозад, магазин месозад ё  сартарошхона месозад, дар роҳи мактабе, ки мехонад, дар ҳамон мактабаш таъмин мекунад, раҳша рост мекунад аз тарафи ноҳияи Нуробод дастгирӣ карда мешавад. Марҳамат чи хеле ки мефоратон ҳамин хелӣ дастгирӣ мекунанд, марҳамат созен. Раиси ноҳия боз муроҷиат кард, ки кадом шаҳрванде, ки чие, ки дар ноҳияи худаш мехоҳад, ман дастгирӣ мекунам, биёен, биёен дар ҳамин ватани худтон обод кнен, мо дастгирӣ мекунем. Барои ҳамин бародаро касет, ки шароит дорен, марҳамат дар ҳамон ноҳияи худ чие, ки месозен марҳамат, раиси ноҳия пешниҳод кард, ман дастгирӣ мекунам. Марҳамат биен бисозен. Хай бародаро як ҷаҳон ташаккур ба диққататон. Ончие ки мисол мо дидем шунидем  ба шумо пешниҳод мекунем. Савол бошад, ягон камбудӣ бошад, марҳамат нависед, занг занед. Як ҷаҳон ташаккур. Ҳамеша сарбаланд бошед, мо дуогу ҳастем ҳамин хел ҷавонмардо ҳастанду дар рӯзи сахтӣ  якдигарро дастгирӣ мекунанд. Ҷамъиятҳо барои ҳамин қадаранд, ки  дар ин муҳоҷират чи кор кунем, якдигарро дастгирӣ кунем, ватани худро обод кунем, куҷое бошем дар фикри ободии ватан бошем. Саломат бошед, як ҷаҳон ташаккур.

Як чизи дигарро бародаро таъкид мекунам ҳамин аудио чатро нарасед. Аудиочатро нарасед, ки ба ҳама занг меравад. Ҳамина,мақсад, илтимос ҳатиёт кнен».

Бале, ин ҳадафи даъвати Раҳмонов ва нукарони давру бари вай аст ки як бало кунанд то муҳоҷирон як рубли кор кардаашонро биёранду ба Раҳмонов корхона бисозанд ва сипас Раҳмонов он корхонаро айни онки корхонаҳои Зайдро гирифт, бигираду ба домодҳояш диҳад.

  Ҷои баҳс надорад, ки диаспораҳо худашон бо худашон ҳастанд. Майдатарин кумак ва дасти ёрӣ аз тарафи Раҳмонов барояшон дароз карда намешавад. Ҳар чизе ки мешаванд, ҳар коре мекунанд, худашон мекунанд. Яъне худи ҳамин муҳоҷироне, ки дар ватан ҷойи кор надоштанд, аз ноилоҷӣ ру Русия, ру ба мардикорӣ овардаанд.

  Аммо солҳост, ки Раҳмонов дар қасди  мудирияти диаспораҳо аст. Тавассути онҳо гуё муҳоҷиронро идора мекунанд. Инҷо барои тасбити ин иддиои худ боз ҳам аз суҳбатҳои яке дигар аз меҳмонони Раҳмонов, ки аз номи диаспорае дигар дар ҷашни Истиқлоляит аз тарафи вазорати дохилӣ даъват шуда буд пораеро меоварам:

«Ассалому алайкум ҷамъияти Нуробод , мардуми шарафманди Нуробод. Бале, Муллоҷон бисёр суханҳои хуб гуфтӣ. Пешвои муаззами миллат дар баромади худшон  дар ҳамин Нуробод гуфт, ки ман ягона ноҳияе, ки аз ҳама бисёртар маблағ ҷудо кардам дар ҳамин ноҳияҳо ин ноҳияи Нуробод  аст ки мисол гирем барои роҳҳоро сохтан барои сохтмонҳоро пеш бурдан ай ҳамаи маблағи бисёр ман ба ҳамин ноҳияи Нуробод ҷудо кардам. Мардуми Нуробод бисёр мардуми банангу баномусу шуҷоат ҳастанд. Мисол гирем мана хоҳиш мекунам ҳамин мисол гирем мардуми Нуробод мисол гирем ҳамин ҷавоноро мисол гирем вай кардан даркорай ба гуруҳҳои тундрав шомил шудан даркор нестай. Ман да баромади худам  мисол гирем, дар ҷое, ки баромад кардам, қайд кардагиам, ки мисол гирем ҳамун мардуме, ки мисол гирем ба ҳамин гуруҳҳои тундрав дохил мешаванд аз ҳамин Расия мераванд. Неки бародар мисол гирем бисёр сухани хуб гуфтӣ, мисол гирем мо бояд мардуми шахсан Нуробода мисол гирем кадоме, ки дар муҳоҷират ҳастанд мисол гирем дар ҳамин гуруҳҳои тундрав якумаш шомил нашаванд, дуюмаш сайтое, ки ҳастанд дар ҳамонҳо надароянд, лайк намоннд. Барои ки оқубати и хубӣ надорад. Барои ҳамин мисол гирем ба ҳамаи мардуми Нуробод ман муроҷиат мекунам, ки бародар илтимос ҳамин сайтое, ки ҳастанд мисол нофаҳмида лайк мемонеду вай мекунед и проблемаи шумо мешавад. Барои ҳамин дар ҳамин ҷиҳат илтимос мисол гирем эҳтиёт кунед. Саломат бошед як ҷаҳон ташаккур».

Яке аз дигар «диаспораҳо», ки забонашро мисли забони гов дароз карда Раҳмоновро лесолес мекунад, зери таъсири суханҳои дар вазорати дохили шунидааш, ошкоро бар муқобили оппозитсион ва дигарандешон суҳбат мекунад. Мисли онки тамоми ҳадафи сафараш ба Душанбе шунидани ҳамин гуна ҳазёну ба забон овардани онҳо буд. Ва ё ин ки ин дисапораҳо-ташкилоти муҳоҷирон неву зерсохтори сафорат  ва ё консулгариҳо бошанд:

«Ассалому алайкум аҳли ҷамъият! Шербачаҳои баору номуси Нуробод. Махсусан акаи Раҳмоналӣ. Ташаккури зиёд барои ин суханҳо, барои ин пешниҳодҳои ҷаноби олӣ, пешвои миллат ва раиси ноҳия. Ин шо Аллоҳ мардуми баору номуси Нуробод суханҳои шуморо, суханҳои ҷаноби олӣ, пешвои миллат ва раиси ноҳияра Ин шо Аллоҳ ба инобат мегиранд. Ин шо Аллоҳ аз пеш беҳбудиҳо мешавад ободиҳо мешавад, худо хоҳад. Баъд як чизи дигара ман ба суханои акаи Раҳмоналӣ қуш мекунам.

Бародаро, як чизи дигарро таъкид мекунем, бародаро, ки ба ҳамаи ҳамин сайтои интернетӣ, ба мақсад ба ҳар як намуд иғвоҳо, ба ҳар як намуд чизо дода нашавен бародаро, ҳамун чизода қуш нашавен. Ай, мақсад суханҳои ҳар як одамое, ки берун аз ватананд, тамоман дар дига фикру да дига короянд, ба у, мақсад унора гуш накунед, аз уно мақсад ягон дастгириву лайку ягон гапу хабари зиёдатӣ накунед, бародаро. Мебинед, чуноне, ки мебинед, ватани мо алҳамдуллиллоҳ ,худоро шукр, ки пешравӣ шудеста, ободӣ шудестай. Мақсад дастгирии ватана кардан даркор, дар фикри ободии ватану мақсад тенҷию амонӣ шудан даркор. Агар дар куҷое, ки  мо бошем набошем, мо да унҷа ғарибем. Фақат ватани мо Тоҷикистон аст, Нурободай. Мо бояд дар фикри ободии ватану хонадони худ бошем. Худованд ҳамата нигаҳбон бошад. Як бори дигар акаи Раҳмоналӣ беҳтарин суханҳо. Ин шо Аллоҳ чунин одамҳо монанди шумо дар ҳамин ҷамъиятҳо бисёр бошанд ҷамъиятҳо обод мешавад, мардум дар роҳи рост тарбия мегиранд. Ин шо Аллоҳ камбудиҳо кам мешавад, навигарҳои хуби хуб пайдо шудан мегирад».

 Ва дар фароварди ин навишта мехоҳам таваҷҷуҳатонро  ба як нуктаи асосӣ ҷалб намоям. Шояд шумо фикр кардед, ки мо гуфтем тавассути вазорати дохилӣ диаспораҳоро даъват мекунанд, воҳима ва беасос аст. Фақат ин пораи суҳбатро мутолиа фармоед, ки аз забони яке дигар аз масъулони дисапораҳо, ки ба ҷаласаи ҷашни Истиқлолият даъват шуда буд, садо додааст:  

 «Ассалому алайкум мардуми шарифи банангу баномуси Нуробод. Ҳарчанд ки дер шуда бошадам дирӯз ман аз ватан баргаштам. Ба ҳамаи мову шумо маълум буд, ки дар Тоҷикистон иди Истиқлолият буд. Аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон, аз тарафи вазорати корҳои дохилӣ, аз тарафи вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва аз тарафи консулҳои генералӣ, роҳбарону соҳибкоронро ба иди Истиқлолият даъват карда буданд. Ҳамчунин морам даъват шуда будем. Ман ҳамаи шумора ба иди Истиқлолият табрик гуфта ба шумо тани сиҳат, дили беғам, ҳама хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Аз худованди мутаол дуогуем, ки дар ҳар хонадони яки мову шумо файзу баракат бошад».

Мо дар охир инро барои ҳама муҳоҷирони корӣ дар Русия гуфтанӣ ҳастем,ки фиреби ин дуздону ғоратгаронро нахуред. Бале мо ободии ватану диёру зодгоҳамонро мехоҳем ва дар ин ҳеҷ шахсе мухолифат кардан наметавонад. Аммо мо шаҳрвандони Тоҷикистон агар давлат дошта бошем бояд бидонем,ки ин корҳо масъулияти давлат ва ҳукумати кишвар аст, на аз шаҳрвандон,ки роҳ созем, мактаб созем, об кашем, беморхона созем ва ғайра. Агар боз донем,ки ин ҳама коре анҷом медиҳем ба манфиати оилаҳои мо ва дигар камбағалони ноҳия ва диёрамон бошад,мушкил нест. Аммо ончи мекунем барои тиҷорат ва бой шудани як оила аст ва қашшоқу бенаво шудани мо ва шумост. Мумкин аст гуед чихел ? Он мактаб, беморхона ва бунгоҳи тиббӣ,ки месозем онҷо як нафари худашонро масъули сохтмони ин иншшот мегузоранд ва боз аз мардум пул мекананд ва кайфу сафо карда мегарданд.

  Аммо мову шумо ҳар куҷо пардохт кунем он чизи мавриди ниёзамонро ба даст меоварем. Чи табобат бошад ё таҳсилу чизи дигар. Пас чаро барои як золиме пул диҳем дар ҳоле ҳеҷ хайре, манфиъате на барои худамон бошад ва на барои камбағалони диёрамон.

Share This Article