Зарифӣ сӣ сол мешинад,то Раҳмонов сӣ соли дигар дар курсӣ шинад

Ислоҳ нет

«Ман вазире будам, ки манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя мекардам. Аз рӯи сиёсате, ки Ҷаноби олӣ пеш мебурданд, ҳамчун як раҳбари органи сиёсӣ ҳаракат мекардам, ки он муносибатҳои бисёрҷонибае, ки Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя дошт, ҳамонро ташаккул диҳам».

 Аз суҳбати расонаии Ҳамрохон Зарифӣ

 Талаби сӣ соли зиндон ба Ҳамрохон Зарифӣ, бознишастае, ки 77 сол син дорад, далолат бар он дорад, ки Раҳмонов ба ҷуз аз худ ва аҳли хонаводаи худ, ки яксара ба мақому мансабҳои давлатӣ нишондааст, ба ҳиҷ каси дигар, такрор мекунам, ба ҳиҷ касе дигар, ҳатто агар ин шахс аз тану ҷонаш барои бақои курсии вай моя гузошта бошад ҳам, тараҳҳуму шафқат ва муруввату инсоф намекунад. 

Беш аз ин, ин навъу шеваи муомила ва муносибат бақия руасову вузарои пешину ҳозири ҳукумати вайро дар ҳолати шадиди руҳиву равонӣ қарор дода, рубъу ваҳшат ва тарсу ҳаросро дар даруни онҳо ҷой хоҳад кард.

 Ҳамрохон Зарифӣ, нафаре, ки тули наздик ба 7 сол сиёсатҳои Раҳмоновро дар ҷаҳони берун  матраҳ ва муаррифӣ мекард, дар сангинтарин баҳсу даъвоҳо дар канори Раҳмонов қарор дошт ва иттифоқан сангинтарин ва печидатарин масоили сиёсӣ, назири баҳси замин бо Чин, пойгоҳи 201-и Русия, ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо маҳз дар замони раҳбари Идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон будани ӯ ҳал ва файсала шудааст, акнун мардуди вафо, кудетогар, табаддулотчӣ ва хиёнаткорӣ давлатӣ эълон мешавад.

Ин ҳукм, ки амалан ба ҳукми қатл аст баробар аст ва агарки татбиқ шуд, на амнистия мешавад ва на срезка ва хулосааш ин аст ки Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири хориҷии Тоҷикистон дар солҳои 2006-2013 зиндон манзили қабл аз хонаи охирати ӯ хоҳад буд.

Ҳамин тавр Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шурои Олии Тоҷикистон, ки 73 сол син дорад ва барояш айбдоркунандаи давлати Раҳмонов 23 соли ҳукм пурсидааст, дигар, то замоне Раҳмонов дар курсӣ аст руи озодиро нахоҳад дид ва дар кунҷи зиндон ҷон хоҳад бохт. А.Искандаров бар зидди Раҳмонов чи тавр кудето мекунад, ки ҳукуматро «без бой» бурду дар Хуҷанд ба вай супурд. Вай оппозитсион ва Ҳукумати Мурои Миллиро фурухт. Бар ивази ин хидмат вай сафири ҳукумати Раҳмонов дар Туркманистон шуд ва аз онҷо, замоне, ки ҷанги миёни ҲНИТ ва Раҳмонов идома дошт барои тонку чархболҳои Раҳмонов, ки Ғарму Дарвозу Бадахшонро бомбит кардан маводи сухт таҳия ва ирсол мекард.

Дар ҳоле, ки зиди дигар аъзои Ҳукумати Муросои Миллӣ парванда боз шуд ва онҳо  овораву дарбадару гуреза шуданд, Искандаров, раиси Ҳукумати Муросои Миллӣ дар ҳукумати Раҳмонов мансаб гирифт. Агар вай кудетогару мансаби Раҳмоновро мехост он вақт Хуҷанд намерафт ва ҳукуматро намедод, дар ҳоле, ки ҷавону пурэнержӣ буд. Ҳоло, ки пир ва бознишаста аст ва табъан, ки орзуву ҳавасҳояш ҳам пиру фартут шудаанд, чи гуна кудетогар мешавад? Боқии персонажҳои парвандаи табаддулот ҳам, ки синнашон аз 60 боло аст, ки баъид ба назар мерасад иқдомоти носанҷида ва норушанро дар ин синну сол руи даст бигиранд.

  Шокирҷони Ҳаким, як нафар аз мухолифини беозор ва шахсияте, ки тамоми тули умр ба ҷуз аз сухан кардан, изҳори назар додан, коре накардааст, баъид аст ки табаддулот кунад. Инсонҳое ранги доктор Ҳаким бо хушунат ва қулдурӣ кор надоранд.

 Як далел меоварам. Соли 2010 дар округи интихоботии Конибодом Шокирҷони Ҳаким, ҳамчун номзади худпешбар аз Ҳизби оппозитсионии сосиал-демократи Тоҷикистон бар ҳарифи худ прокурор Насрулло Маҳмуд аз ҲХДТдар интихоботи вакилони Маҷлис ғалаба кард. Аммо ин пирузиро бо садуяк талбису ғиромӣ Раҳмонов тағйир дод. Раъйи ба даст овардаи Шокироҷни Ҳаким он қадар боло буд, ки аз тарси онки ин мардум шуриш ва қиём накунанд, натавонистанд, ки дар ҳамон давраи аввал бар манфиати намояндаи ҲХДТ-ҳизби Раҳмонов ҷамъбаст кунанд ва ночор ба давраи дуввум гузарониданд. Албатта, натиҷаи давраи дуввум маълум буд, вале як чунин интихобот дар он сол дар Тоҷикистон, як кишвари баставу худкома танҳо дар Конибодом руй дод. Яъне Шокирҷони Ҳаким ончунон бо дастгирӣ ва пуштибонии оммаҳо рубару шуд, ки барои номзади дигар ва ҳизби дигар муяссар нашуд.

Ва ин дар маҳуддаи Тоҷикистон он замон воқиан ҳам як сенсатсия буд. Тарафдорони Шокирҷони Ҳаким хеле зиёд буд, ки роҳи чораро ба даври дуввум кашондан диданд. Агар дарсадии ками тарафдорон медошт ҳатман дар ҳамон даври аввал рақиби Шокирҷонро дастболо ва баранда эълон мекарданд.

Ин нишонаи нуфуз, маҳбубият ва эътимоду эътиқоди мардум ба Шокирҷони Ҳаким ва ин нишнаи танаффур ва эътирози Конибодом ба Раҳмонов ва сиёсатҳои вай буд. Яъне Раҳмонов ҳануз аз ҳамон солҳо дар нисбати

Шокирҷони Ҳаким кина ва кудурат дошт. Агар Шокирҷони Ҳаким як сиёсатмадори радикал ва госпереворотчӣ дар ҳамон интихобот талоше ва иқдоме бар алайҳи режим мекард. Аммо вай режимро хуб мешинохт ва имкон надошту надорад, ки доктор Ҳаким бо ин ҳама фаҳмиш ва шинохт аз Раҳмонов ва мақомоти саркубгари вай ҳамроҳи кудетогарон бишавад.

Мо, қаблан ҳам дар чандин навиштаҳои худ гуфта будем, ки кобуси Раҳмонов табаддулот аст. Вай аз ҳеҷ чизе баробари табаддулот наметарсад.

 Барои ҷурме, ки содир нашудааст, барои ҷинояте, ки муртакиб нашудаанд, ҳатто агар ин нақша буда бошад ҳам, ин ҳукм, ҳукме нест, ки як давлати устувору мутмаину побарҷо ва дорои иззати нафсу муътақид ба қудрату қувват онро содир кунад.

Ин ҳукм нишонаи он аст ки курсӣ ва қудрат барояш ҳама чиз аст ва қудрати беҳаду ҳисоб ақлашро зоил карда ба дараҷаи васвос расондааст. Вагарна барои ҷинояте, ки содир нашудааст, чунин аҳкоми сангинро намебурид.

  Ҳоло, кӣ бовар мекунад, ки Сайидҷаъфар Усмонзода, ки зода ва парвардаи худи ин режим аст ва ҳамвора аз Раҳмонов пуштибонӣ кардааст ва агар Раҳмонов раиси давлат набуд, дар қади сад сол ҳатто вакили маҷлис дар як ноҳия намешуд ва тамоми дору мадораш аз ҳисоби ҳукумати Раҳмонов аст даст ба табаддулот бизанад ва ҳамин тавр Аҳмадшо Комилзода, ки ҳиҷ иқдоме, ҳиҷ ҳарфу ҳиҷое бар зидди сиёсатҳои Раҳмонов назадааст. Балки баракс, вақте роҳбарияти ҲНИТро дар соли 2015 Раҳмонов дастгир  кард ба манзили як нафар аз шиносҳои муштаракамон, ки ҳоло дар зиндон аст рафтаву гуфтааст, ки чи зарурат буд бо ин муллоҳои… ҳамроҳ бишавад? Агарчи ҷаноби Комилзода дар солҳои ҷанги дохилӣ  зиндонӣ ва сипас бо усарои ҳукуматӣ бо миёнҷигии намояндаи СММ табодул шуд ва чандин вақт дар суфуфи оппозитсион буд, аммо ҳаводору тарафдори ҲНИТ набуд. Ин нафар, шуморо саддарсад итминон медиҳам, ки бо ҲНИТ бар зидди Раҳмонов канор намеомад, чи расад ба онки даст ба табаддулот бар алайҳи Раҳмонов бизанад.

Бигирем мисли Акбаршо Искандаров ва ё Ҳамрохон Зарифӣ ҳам набуд, ки гуфта бишавад аз «номенклатураи Маскав» буд ва то ҳамин ҳоло ҳам «агент влияний»-и русҳост.

Акбаршо Искандарову Ансоруллоҳу Маҳдӣ Арсалон Ҳамрохон Зарифиву Кабириву ҲНИТ, Шокирҷон Ҳаким ва ё Саидҷаъфар Усмонову 10 миллион доллару ваъдаи дастгирии кадом давлати хориҷӣ ва ҷазбу ҷалби муҷоҳидин?   

Ин иттиҳоду иттиҳодияи бар фарзи мисол шеру гургу палангу гуспандро кӣ бовар мекунад? Ин кадом Ансоруллоҳ аст ки бо як нафаре, ки як бор намоз нахондааст, ин кадом ҲНИТ аст ки бо нафаре, ки тули тамоми умр бар зидди исломи сиёсӣ мубориза кардааст якҷо мешавад? Барои Ансоруллоҳ фарқи миёни Зарифиву Раҳмонов дар чист? Магар Зарифӣ давлати исломӣ месохт, ки Ансоруллоҳро шефта ва моили ин табаддулоташ кардааст? Кӣ бовар мекунад бар ин ҳама иттиҳомоти бебунёд? Магар Зарифӣ Донкихот шудааст, ки бо Ансоруллоҳ як мешавад? Аҷиб нест магар? Раҳмонов ба ин параи масъала фикр мекарда бошад, ки ҷиҳати сарнагунии вай киҳо бо ҳам омадаанд? Ё киҳоро ночор ва водор крадааст, ки даври ҳам оянд? Зарифӣ ва Кабирӣ, Искандаров ва Ансоруллоҳ? Дар воқеъ аҷиб нест? Магар ин васвосу ханнос шудани Раҳмоновро нишон намедиҳад?

 Магар ҳамин Зарифӣ набуд, ки мегуфт додани замин ба Чин бурди дипломатияи тоҷик, яъне сиёсати Раҳмонов аст? Зишти Раҳмонворо зевар ярмарка мекард. Аммо ҳоло чӣ?

Аммо ин ҳукм аз тарс аст, аз тарси эҳтимоли хезишу қиёми мардумӣ, ин аз нобоварӣ ба худ ва ҳукумати худ аст ки дар ҳақиқат пуштвонаи халқӣ ва такягоҳи мардумӣ надорад. Тарсаш аз он аст ки дар чунин вазъияту дар чунин шароите, ки халқро нигоҳ доштааст камтарин ҷарақа метавонад боиси алангагирӣ ва ба оташ кашидани пояи зулму истибдод бишавад. Раҳмонов дар ҳақиқат медонад, ки аҳволи мардумро то ҳадди охир бад кардааст ва медонад, ки мардум то пойи ҷон, то мағзи устухон аз вай ва оилаи палиди вай ва ҳукумати ғосибу дузду порхуру саркубгари вай безор шудааст. Тарсаш аз он аст ки барои ҳимояти вай, барои ҳифозати вай касе намехезад, дар пушташ касеро надорад. Тарсаш аз он аст ки камтарин бод ва шамол капаи хасии вайро ба хоки хунук яксон мекунад. Тарсаш аз он аст ки медонад мардум мунтазири як чунин гуруҳанд, ки бархезаду пеш дарояд ва дигар он тарафаш дар ихтиёри мардум хоҳад буд.

Агарчи медонад ҳеҷ кадоме аз онҳо чеҳраи шинохта нестанд, нуфуз ва ҷойгоҳи болои мардумӣ надоранд, лидер нестанд, касе ҷиддиашон ҳам намегирад, аммо аз онки авзоъ обастани дигаргунӣ ва таҳаввул аст, шароит, муҳит, фазо ва иқлими сиёсиву иҷтимоӣ ба тавре шакл гирифтааст, ки як ҳаё ҳуй, як доирахабар метавонад ин ҳама давлату курсӣ, ҷоҳу ҷалол, айшу ишратро кунфаякун кунад, ҳамин гуна ҳукми сангин медиҳад, то дигарҳо битарсанд ва дар сар чунин фикрҳоро напарваранд.

Аммо, магар онҳое, ки роҳу равишашон мушаххас ва рушан аст, масалан ҳамин ҲНИТ, масалан ҳамин Сайфиддин Тоҷибоев, масалан ҳамин Маҳдӣ Арсалон метрасанд?

Маълум нест, ки он сӣ нафар аз шербачаҳои язгуломӣ, ки дар шарикӣ бо Ансоруллоҳ дар соли гузашта боздошт шудаанд, дар парвандаи Акбаршо Искандарову Зарифӣ ҳамроҳ карда шудаанд ё хайр? Чун дар парвандаи онҳо муҳрӣ махфӣ задааст ва ҳам наметавонем чизе бигуем. Аммо инки ҳатто вакилони мудофи ин нафарон, ки ахиран бо ирсоли як номаи дастаҷамъӣ хостори раҳоии онҳо ва бегуноҳ эълон кардани онҳо шудаанд, аз суҳбат бо хабарнигорон парҳез мекунанд ва тарс онҳоро низ ончунон лагад кардааст, ки аз ифшои исму насаби худ низ худдорӣ мекунанд.

 Агар дар ин парванда найрангу талбису риёву реб вуҷуд надошта бошад ва агар ин парванда фақт барои ҳамвору ружд кардани саҳна барои Рустам набошад, чаро онро ҳам пушида доир кард? Чаро номи он давлат бурда намешавад, ки кумаки 10 миллиондолларӣ ба ин гуруҳ кардааст? Оё дар ҳақиқат 10 миллион пуле аст ки мешавад курсиро аз зери пойи Раҳмонов берун овард? Чи қадар арзону беарзиш будааст ин курсӣ?

Аммо Раҳмонов барои худаш ва хонаводааш Тоҷикистонро ба оташ мекашад, ними халқро мекушаду нимашро зиндон мекунад. Осону роҳат намеравад.  Раҳмонов ҳеҷ нафаре содиқ ва вафодор дошта наметавонад. Ҳозир ҳар касе бо вай ва дар бари вай ҳаст, эҳсоси биму тарс дорад, ки рӯзе бо тақдири Зарифӣ дучор нашавад. Ҳатто СС.Ятимов ҳатто Рамазон Раҳими Ҷеки Чан. Сарнавишти Зарифӣ онҳоро водор кардааст, ки ҳамин гуна биандешанд.

 Раҳмонов ва сиёсати вай бар мабнои манфиати худаш, хонаводааш ва хешутаборонаш аст. Тамом. Боқии мардум бояд дастопеши бар, боқии мардум абдуллораҳнамоҳо, боқии мардум чоплусу лаганбардору шайтону хушомадгуву ҳамин турҳо бояд бошад. Гап аз даҳонаш афтид, бавл аз пушташ афид дурдона ва…нишон диҳанд. Масалан бо Эрон чап шуд, ҳамакаса Эронро заданд, бо Толибон чап шуд, ҳамакса Толибонро заданд, аз ҷумла ҳамин Аҳмадшо Комилзода ва Саидҷаъфар Усмонзода, бо Қирғизистон чап шуд, ҳамакса Қирғизистонро заданд, маслан ҳамин Абулло Раҳнамо ва Саломиддин Мирзораҳматов, бо Наҳзат чап шуд, ҳамакаса наҳзатро заданд, ҳамин тавр бо Узбакистон. Ҳоло акнун баракс шуд, ҳама аз бародариву ҳамдилӣ бо Эрон, бо Узбакистон ва бо Қирғизистон дӯсту рафиқ шуду дигарҳо ҳам чакчак мезананд.

Кӣ кафолат медиҳад, ки фардо исломиҳо ба шумули наҳзатиҳо аз Шому Ироқу Идлибу Кобулу Панҷшеру Дарвозу сар барнамедоранд ва дар пайраҳаи Мирзо Зиё, Мулло Абдулло, Қорӣ Муҳаммадҷони шаҳид, Муҳаммадрузиву Салам, Мансуру дигару дигар барнамегарданд? Ин Давлат Сафари хамбаи ахлоту ин Асад Раҳмони Сумбулоғову ин Шорухи гейнералу ин Абдулло Раҳнамои лектор болничний мегиранду аз мобилизатсия мегурезанд.

Ҳеҷ гоҳ Озодаву Парвинаву Тахминаву Фирузаву …Заринаву Рухшонаву Фарзонаву  Азизмоҳу дигару дигараш АКМ намегиранд. Ана баъд …муҷоҳидҳо яке яке ғаноими ҷангӣ мегиранд.

 Солҳост, ки додгоҳу додситону додсаро ҳамааш худи Раҳмонов аст.  Инҳо барои амали анҷомнашуда ба чунин муҷозоти гушношунид гирифтор мешаванд. Барои як умр зиндонӣ мешаванд, то инки Раҳмонов умрбод дар курсӣ бимонад. Тамоми беш аз сӣ соли ҳукумати Раҳмонов баёнгар ва таъйиди он аст ки аз вай шафқат ва раҳм  умедвор будан монанди аз гови нар бача ва аз така шир интизор шудан аст. Ёдатон бошад судяи Зайд гуфта буд, ки Зайд Шерович тақозои замон сиёсат ҳамин будааст. Ин як нидои қаър ва умқи ҷигар буд. Судя иқрор ва тасдиқ мекард, ки вай ҳукми ҳуқуқӣ ва қонунӣ набаровардааст. Вай сиёсатро иҷро кардааст.

 Ҳоло кӣ бовар мекунад, ки Зарифӣ бо Муҳиддин Кабирӣ противи Раҳмонов заговор кардааст? Кӣ?

Ps: Дар охир инро меафзоям,ки онҳое дар радаҳои болоии ин режим дар курсиҳо такя задаед хуб огоҳ бошед! Ин рӯзе бар сари Зарифӣ ва Искандаров омада метавонад шуморо ҳам интизор бошад. Имрӯз имкони анҷом коре, наҷоти худу оила ва давлату миллатро доред. Аммо рӯзе равонаи зиндон шудед дигар после пажар…

Ман дар ин миёни зиндоншудаҳо мазлумтаринашон Шокирҷон Ҳакимро мешуморам ва воқеан ба ӯ зулм шуд. Аммо ба Зарифӣ ва Искандаров «им так надо» ва онҳое феълан дар хидмати ин режимед агар пас аз ин ҳама воқеъиятҳо боз ҳам «моя хата с краю» гуфта гардед. Рӯзе ин сарнавишт ба саратон омад яқин дошта бошед дар зиндон кардану маҳви ҳар яки шумо чашми чапи Раҳмонов ку аниқ намепарад. Инчунин чашми росту чапи ин миллату мардум ҳам барои шумо нахоҳад парид!

Share This Article