Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман, агар иҷозат диҳед, ба шумо як мактуб мефиристам. Ин фикр ба сарам баъд аз хондани мақола дар бораи Қудратулло Назарзода зери унвони «Генерал майори чатоқи МВД» (https://isloh.net/general-majori-chatoқi-mvd/) омад. Аммо номаи ман дар бораи ҳолу вазъи имрӯза гап мезанад. Ҳодисаи куҳна нест. Ҳодиса нав аст ва онҳое персонажи мақола ҳастанд, ки ному фамилия ва вазифаашон ҳамааш муайян аст.
Онҳое, ки дар маҳзари омм, дар руи саҳна, дар баробари чашми мардум худро хушахлоқу боодоб ва ҳалиму ботамкин нишон медиҳанд, вонамуд мекунанд, ки тамоми кору кирдорашон дар чаҳорчубаи одамият ва қонуният аст, аммо вақте мефаҳмӣ ин тавр набуданд. Бахусус, ононе, ки масъулияти қонуну тартиботи ҷамъияти бар души онҳо гузошта шудааст, тавре ҷилва медиҳанд, ки абадан ба нақзи қонун даст намезананд ва боре ҳам назадаанд.
Рамазон Раҳимзода, ҳамоне, ки шумо дар борааш чанд барнома карда ва «Буқача» ва «Ҷеки Чан»-аш лақаб додаед, яке аз онҳост. Мансаб барои Рамазон Раҳимзода хонаи очааш шудааст. Дигар, мисли Раҳмонов курсиро додан намехоҳад. Писаронаш аз ягон кори кардаашон, аз ҷинояту гуноҳоне, ки содир мекунанд, як зарра ҳам аз Аллоҳ наметарсанд. Бародар, ман 5% аз ҷиноятҳои писарони ӯро ба шумо дар ин нома нанавиштаам, ҷиноятҳои писарони Рамазон Раҳимзодаи «Буққача» ҳадду канор надоранд.
Бале, ҳамин генерал-шоир, генерал-драмматург, ки бо тоҷикӣ на симои зоҳириаш ҳамхонӣ дорад на тарзи суҳбату ифодаи баёну тембри овозаш. Чанд сол муовини аввал буд ва боз беш аз даҳ сол аст ки вазир аст. Геннерал-лейтенант. Дар амалиёти зидди мулло Абдулло, Мирзо Зиё, Алии бедакӣ шахсан иштирок ва раҳбарӣ кардааст. Одамкушӣ барои вай дукаратду аст.
Рамазон Раҳимзодаи буққача замоне Раҳмонов дар совхози Ленини Данғара директор кор мекард, дар Данғара дар БХСС –бахши милисаи ноҳия кор мекард ва ҳамон солҳо Раҳмоновро қапида буд. Дар бораи ин паҳлуҳои кори Раҳимзода гуфта будем. Ҳоло ин навиштаи ман ба писарони вазири корҳои дохила Рамазон Раҳим Ҳамро бахшида шудааст, аз одобу ахлоқ то ба ҷиноятҳояшон…
Ман дар бораи ин оилаи «зиёӣ» қариб даҳ сол мешавад маълумотҳои зиёде пайдо кардаам, ки ҳатто дар барномаҳои шумо дар бораи ин маълумотҳо ҳеч кас нанавиштааст.
Хостам пешкаши шунавандагону бинандагони шумо кунам, то мардум ин оиларо хубтар шиносанд.
Дар хориҷи кишвар таҳсил мекардам. Зиёд тоҷикон дар он ҷо таҳсил мекунанду мекарданд. Дар байни ин донишҷӯён ду писари вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳим Ҳамро низ таҳсил мекарданд. Калониаш Далер, доктор PhD ва хурдиаш бошад Фаридун бакалавр мехонданд.
Аввал мехоҳам ба маълумоти шумо расонам, ки Рамазон Раҳимзода Ҳамро аз оилаи расмияш 6 писар ва се духтар аз зани расмиаш дорад. Писаронаш Фаридун ва Далер соли 2016 дар таҳсил буданд
Далер Раҳимзода як вақтҳо дар Кумитаи сармоягузорӣ дар шуъбаи виза кор мекард, ҳозир намедонам.
Шуру мекунем аз Фаридун.
Дар донишгоҳ аз Фаридун Раҳимзода донишҷӯёни тоҷик он қадар хушашон намеомад. Мегуфтанд,ки ин як падарлаънат аст. Ман аз як донишҷӯ пурсон шудам барои чӣ Фаридун падарлаънат аст? Дар ҷавоб як қисаи ҷолиб нақл кард. Гуфт Фаридун бо ҳамкурси ман як писари египетян (мисрӣ) дар хобгоҳ якҷо зиндагӣ мекарданд. Он вақт Фаридун дар курси аввал таҳсил мекард,
Фаридун як girlfriend -любовнитса аз Украина пайдо мекунад. Ин духтарро ӯ ба ҳамин хобгоҳи якҳуҷрагӣ мебиёраду се каса зиндагӣ мекунанд. Ду писару як духтар дар хобгоҳи як ҳуҷрагӣ. Ин писари аз Миср буда мусулмон будааст. Ҳар саҳар омада ба ҳамкурсонаш шикоят мекардааст, ки ин бетарбияи Фаридун дар назди ман бо ин духтар ҳамхобагӣ мекунад, ман намедонам бо инҳо чи хели муносибат кунам.
Ҳозир Фаридун дар Федератсияи Россия бо гурӯҳи милитсияҳои Тоҷикистон аст. Гуё дар он ҷо фаъолият мекунад, аммо аслан рэкетӣ карда тоҷикони хонадорро бо ҳар ҳилаву найранг бепулу бехона қарздор карда, ғорат карда гаштааст.
Агар Фаридун ё дигар милисияҳои бо ӯ дар Русия буда хоҳанд ба Душанбе омадан, онҳо ҳеҷ вақт билети ҳавопаймо намехаранд.
Дар фурудгоҳ ягон бечораи муҳоҷирро, ки дар хунукии ғариби бо азобу шиканҷа меҳнат кардаасту маблағ ба даст овардааст, аз сафар мегардонанду худашон ба ҷойи он муҳоҷири бечора ба ватан бармегарданд. Аз фурудгоҳи Душанбе низ ҳамчунин. Яъне муҳоҷирони бечора, ки аз банк қарз мекунанд барои Русия рафтан онҳоро ба ҳар баҳона мегардонанд аз фурудгоҳи Душанбе ва ба ҷои онҳо худашон ба самолёт савор шуда сафар мекунанд.
Ман метавонам ному насаби чанд нафари он муҳоҷирҳоро оварам. Аммо онҳоро азият мекунанд. Дар байни онҳо кулобӣ, хуҷандӣ ва ғармиву ҳисорӣ ҳам ҳаст.
Далераш бошад писари боадаб, шармгинак ба мисли духтар ба назар менамуд. Маълум шуд, ки вай тарсончак, беҷонак, слабохарактер ва дурӯғгуй ҳам будааст. Худашро дар назди ҳама ба мисли духтар муаррифӣ мекунад «ман конкретно бачаи изокашум». Аммо дар меҳмонӣ бошад ё дар роҳ гази карбон сардода мегардад, аз баданаш бӯи ғализ ё арақ меомадаст. Хело одами аз маданияту ҷамъият дур будааст. Пас аз хӯрдани хурок дар меҳмонӣ табақ мелесидаст. Агар ягон ҷой даъват мекардаанд бо дасти холӣ мерафтасту аз он ҷой ҳатман ба мисли ҷугӣ ё талбанда аз болои дастархон нону хӯрока ҷамъ карда бо худаш мебурдааст.
Фарҳодаш бошад говкала гарданаш ба мисли гардани хар дар ВКД бо падараш кор мекунад. Ӯ низ бегуноҳ нест.
Дар маҳаллаи мо- яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе шунидам одамҳоро ба кор таъин мекардаст, хоҳ директори мактаб бошад ё раиси маҳалла, ё кормандони милиса. Ин одамҳо барои ӯ «хизмат» мекунанд, яъне хабар ҷамъоварӣ мекунанд:- кӣ пулдор аст, кӣ духтари хушру дорад, кӣ бо кӣ робитаи наздик дорад. Бо ҳамин одамҳояш яъне бузҳои ҷингилапо ӯ барои одамони стрелка мондааш, ки барои қурбонӣ кардан интихоб шудаанд лавушка омода мекунад. Хело одами паст аст. Папароза низ ҳаст. Аз номи ДИП ва набераҳои Президент гап мезанад. Гуё онҳо фармон дода бошанд барои иҷрои ҷиноятҳо.
Писари калониаш Дилшод ном доштааст, ки дар коррупсия фаъолият кардааст. Дар бораи вай шунидам, ки буз мебошад. Муҳим дар коррупсия ва бахши интерпол ё ҷустуҷуйи ҷиноятии ҷаҳонӣ машғул ба кору фаолят буд.
Чуноне ба Ислоҳ аз худи ВКД аз афроди наздике,ки ҳоло қасди вазиршави дорад ин маълумот расонида шуд. Дилшод Раҳимзода мубталои бемории ВИЧ спид охирон марҳалааш будааст. Ду маротиба барои табобат ба Чин бурдаанд ӯро барои табобат. Бори аввал соли гузашта ва мартабаи дуввум имсол ду ҳафта қабл овардаанд ӯро. Дилшод Раҳимзода ҳамсарашро низ мубталои ин беморӣ карда будааст. Наздикони ҳамсараш бо Рамазон Раҳимзода дар ҷанҷолу муноқишаи шадид қарор доранд. Аммо Рамазон Раҳимзода таъкид мекардааст, ки ин гап набояд аз дохили хонавода берун барояд вагарна обурӯйи ман мерезад. Агар огоҳ шудам ин гап аз шумо баромадааст пас аз худатон гила кунед.
Дилшод Раҳимзода гӯйё дар ВКД кор мекунад аммо аслан дар кор нест ва ин бемории ВИЧ ҳолашро сахт вахим кардааст.
Боз ду писари дигар дорад, ки онҳо низ дар дохили шаҳр беспределӣ карда мегарданд.
Дар умум барои писаронаш имиҷи падарашон ҳеҷ аҳамияте надорад, чизи муҳим барояшон худро муаррифӣ кардан ба мардум аст, ки ин лилипутҳо писарони вазири корҳои дохилӣ мебошанд ва барои вайҳо иҷозат аст қонуншиканӣ. Ҳатто нисбати калонсолон беэҳтиромӣ мекунанд. Ба мисли занҳо пойафзоли 3-4 сантиметр каблукдор-пошнабаланд мепушанд. Аз доруҳо барои афзоиши бадан истеъмол мекунанд. Бояд баъди истеъмоли ин дору ҳатман машқи ҷисмонӣ кунанд аммо ин барзаговҳо машқ намекунанд,барои ҳамин ба мисли хамири нонбоӣ дам кардагӣ ва қади пасташон боз пасттар шудагӣ.
Дар барномаҳои шумо шунидам, ки ҷодугарҳои давлатӣ низ ҳастанд. Ба фикри ман ин ҷодугарони давлатӣ дар тобеи ин оила мебошанд. Чун ба ҳар нафаре ин оила хусумати шахсӣ дорад, як илоҷ ва ҳар бало карда он нафарро бо хонаводааш беобрӯ мекунанд. Мисол мебиёрам:- агар духтар дошта бошад ӯро ба ҷодугарӣ бераҳагард мекунанд, агар писар дошта бошад майзадаву нашъаманду бангиву наркоман ё хонаи обод дошта бошад ӯро аз ҳамсараш ҷудо мекунанд.
Ман тӯҳмат намекунам, ҳар чи ҳаст ҳамон хел навиштам.
Ба телефони боварии ВКД занг зада шикоят мекунанд аз писарҳои вазир. Аммо онҳо номардона инкор мекунанд, ки мо ин шахсро намешиносем, барои ҳамин ман аксҳои ҳамон нафарашонро, ки ба ман шахсан равон карда буд ба шумо равон кардам, ҳамчун далел. Аз падарашон ҳеҷ боке нест. Ҳатто ба сомонаи Президентӣ Тоҷикистон аз онҳо шикоят мекунӣ мактуб барои баррасӣ боз ба ВКД равон карда мешавад.
Барои маҳкам намудани дело онҳо ба назди ҷабрдида намераванд, аз ҳамон бузҳои ҷингилапо истифода мебаранд. Яъне аз онҳо баёнот мегиранд, бо ҳамин дело маҳкам мешавад.
Аммо дарди дили ҷабрдида аз беадолатии давлати ҳозира рӯз аз рӯз бештар мешавад ва мардум нисбати ватан дилсард мешавад. Чун мо ба мисли онҳо бади карда наметавонем.
Хиёнат ба меҳнати ҳалол, молу фарзанди як нафар виҷдонамон иҷозат намедиҳад. Танҳо коре мекунем, ин тарки ватан кардан яъне хонаву дарамонро мегузорему аз ватан фирор мекунем.
Дар барномаҳои шумо шунидам Рамазон Раҳим Ҳамро зиёрати ҳаҷ кардааст, Бигзор на ҳаҷаш, на намозу хайру саховаташ ба даргоҳи Аллоҳи меҳрубон қабул нашавад, бо ин фарзандҳои бадахлоқ тарбия намудааш.
Дилшод писари калониаш аст, пас аз Дилшод Фарҳод, баъд Далер, пас Фаридун, ду чучелои дигарашро номашонро намедонам.
Як эзоҳ аз идораи «Ислоҳ.нет»
Мо, ин матлабро ба нашр омода намуда вале аз чопи он истиҳола кардем. Муаллиф, баъд аз онки дар чопи он таъхир шуд, бори дигар ба мо нома дигар фиристод ва иллат ва далели навиштани худро чунин тавзеҳ кард:
« Бародар Муҳаммадиқбол, ман тамоми корро кардам, аммо фоида накард. Ин мақоларо барои он навиштам, ки кадом таъсире бикунад ба онҳо.
Ман ба телефони «Боварӣ»-и ВКД занг задам ва аз писарҳои вазир шикоят кардам.
Аз ВКД мошин равон кардад. Ман рафтам ШВКД- и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, гуфтам, ки писаронашро ҷамъ кунад. Аммо баръакс шуд. Дар болои кришаамон одам мебиёранд, смена меистад, саҳар мешавад яктояш мефурояд дигараш мебарояд.
Истгоҳ мебароям ҳамон ҳамсояҳои ҷингилапо омода шуда дар истгоҳ меистанд, мошинҳои писарҳои вазир бо рақамҳои 1111, 2222, қатор мешаванд.
Дар хонаамон ба фикрам жучок мондагиянд, чун куҷо меравам аллакай медонанд. Ба сомонаи Президенти Тоҷикистон шикоят кардам, ягон натиҷа нест. Шояд аз рӯи одоб набошад ин мақолаи ман, мумкин бо ҳамин усул ин лелепутҳои каблукпуш аз зиндагии ман дафъ шаванд.
Бародар, дар болои ҷойнамоз нишаста гапҳои шумора дар ёд оварда истодаам.
Дилшод буз аст, давлаташро ҳимоя мекунад, ё ин ки Далер дар ҷойи ҷамъиятӣ кори ғайриахлоқӣ ва беадабӣ мекунад, аммо ӯ ҳақ дорад.
Савол ин аст ки кадом давлатро ҳимоя мекунанд? Ҳама хизматчиёни давлатӣ ба манфиати шахсии худ кор мекунанд.
Аз соле, ки дар ВКД ҶТ Рамазон Раҳим Ҳамро роҳбар шуд, барои мансаби харидааш, милисаҳоро ба як бандаи бандитӣ табдил дод.
Шумо дар навиштаи номаи ман навиштед магар як инсон гази карбон сардиҳад магар ҷиноят аст ? Не ҷиноят нест,ин гузидан як мисол буд овардам. Аз ин хулоса кардан мумкин аст ки аз мактаби тарбия фарзандҳои вазири ВКД ҶТ нагузаштаанд. Вақте фарзанди вай тарбияи солим надорад, падари вай ҷомеъаи солим ташкил кардан метавонад?
Онҳо муборизаашон барои давлат нест. Он роҳате, ки доранд, зиндагии фароғате, ки доранд, ана ҳамин роҳаташонро аз даст додан намехоҳанд.
Ҳар дафъа, ки ман берун бароям, аз қафои ман ба мисли кортеҷи президент 3-4 мошин тайёр мешавад. Ин қадар бензин чи лозим сарф кардан барои ман?
Раванд аз қафои як ҷинояткор сарф кунанд, чунки бензини давлат аст, бояд ба манфиати давлат сарф шавад на ба манфиати писарони вазир.
Мо дар оила 5 фарзанд ҳастем, бародарам ва 4 духтар.
Ҳама соҳиби оила, фарзанд ва хонаву- дар. Ман бо модарам танҳо зиндагӣ мекунем, бародарам дар наздикии мо ҳавлию хонаву дар дорад.
Ин оилаи золимро ба мо ҳамон аблаҳи генерали эзоркашак Назарзода Қудратулло наздик намуд. «Қаҳрамон»-и ҳамон мақолаи шумо. Ҳар яки мо ҷабрдида ҳастем, аз тарафи оилаи вазир. Агар сар кунам ба номбар кардан 10 китоб камӣ мекунад. Фақат як чандтояшро бо муқоиса бо барномаҳои шумо мегӯям чун ёд овардану нақл кардан худаш дарднок аст. Мо ин оиларо намешиносем, нонашонро нахурдаем, қарздорам нестем аз ин аблаҳҳо. Муносибаташон ва нисбати мо зулм намуданашон намедонем дар чист, барои ҳамин дар боло қайд намуда будам, ки логика яъне мантиқ нест дар муборизаашон.
Ман дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар Раёсати байналмилалӣ кор мекардам. Маро аз вазорат ба таҳсил равон карданд ба хориҷи кишвар. Пас аз таҳсил ман бояд як зинаи корӣ боло мерафтам. Аммо вақте омадам маро аз кор озод карда буданд. Вақте ман ба Агентии хизмати давлатии ҶТ муроҷиат кардам, ба ман кумак накарданд. Гуфтанд Нуриддин Саид одами наздики президент аст, аз барои шумо роҳбар муносибаташро бо вай вайрон намекунад.
Дар пушти ҳамаи ин дар таги парда оилаи Рамазон Раҳимзода Ҳамро истода буд. Аммо ман намефаҳмидам барои чи ин қадар зиндагии ман мушкил шуда истодааст. Баъд рӯзи қабули шаҳрвандон яъне рӯзи шанбе ба назди Нуриддин Саид рафтам.
Нуриддин Саид хеле одами хуб аст. Дар бораи вай зиёд гапҳо мегӯянд, ки вай бесавод аст. Аммо вай хело одами раҳмдил, таҷрибаи бой дорад дар бораи маориф. Дар маҷлиси Нуриддин Саид нишастан ин як мактаб аст, ба сиёсати Эмомалӣ Раҳмон шахси содиқу вафодор аст. Ман подхалим нестам, аммо агар душманам сифати хуб дошта бошад, ман баҷо намекунам. Ҳатман гап мезанам.
Хуллас устод Нуриддин Саид маро боз ба кор қабул кард, аммо дар раёсати байналмилалӣ не, як шӯъбаи нав таъсис намудем гуфтанд -Маркази матбуот дар ҳамин марказ барои сомонаи вазорат тарҷумон лозим аст, ки мақолаҳоро бо се забон тарҷума кунад ва кори сомонаро пеш барад. Маошаш як баробар зиёдтар аз маоши хизматчиёни давлатӣ. Ман розӣ шудам, корро шуруъ кардам.
Бо журналистон ҳамкорӣ намудан барои ман хело мушкил буд, чун онҳо ба мисли шайтон кор мекунанд. Ҳар маротиба, ки дар Раёсати байналмилалӣ ҷойи кори холӣ мешуд, ман назди роҳбараш мерафтам ва мегуфтам, ки устод ман мехоҳам ҳаминҷо гузарам, роҳбараш баҳонаҷӯйӣ мекард. Тақрибан баъди 2 сол як лоиҳаи Арабистони Саудӣ кушода шуд, дар он лоиҳа тарҷумон лозим буд. Ман ҳуҷҷат супоридам, роҳбараш ба ман ваъда дод, ки бо ҳам кор мекунем. Ман ба рухсатии меҳнатӣ баромадам, аризаи аз кор рафтанамро дар рӯзи аввали рухсатӣ навиштам.
Мошинҳои писарони вазир як сония ва дақиқа аз ман канда намешуданд. Дар матбуот ҳар рӯз як корсозӣ мекарданд, аммо ман барои зиндагиамон хуб, шавад гуфта мубориза мебурдам.
Хуллас, вақте ман ба назди роҳбари лоиҳа омада гуфтам, ки устод ман аризаи аз кор рафтанамро навиштам, кай омада корро бо шумо шурӯъ кунам? Он кас гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳои ту нагузашт, туро қабул накарданд. Аллакай ин оила ҳамин роҳбари лоиҳаро зери итоати худ дароварда буданд.
Хеле дилшикаста шудам. Ба модарам зиёд ваъдаҳо кардам, ки лоиҳа маошаш хуб аст, сатҳи зиндагиамон хуб мешавад, аммо ноумед шуда ба хона рафтам.
Як апаам дар Москва хонаву дари шахсӣ дорад, шаҳрванди Русия мебошад. Апаам тез-тез нянка иваз мекард барои писараш. Ман гуфтам биёр ман нигоҳ мекунам, ҳамон маблағи нянкара ба ман деҳ. Гуфт ок ва ман ду сол дар хона ҷиянчаамро тарбия мекардаму апаам ба ман ҳар моҳ 400$ равон мекард.
Дар ин ду сол аз Маркази матбуоти вазорати маориф занг зада хоҳиш мекарданд, ки биё кор, ҳатто роҳбари Раёсати байналмилалӣ низ зангзада ба кор даъват намуд, ман рад кардам, чун маблағи апаам равон карда барои рузғор мерасид ҳатто зиёдатӣ мекард.
Пас аз марги падарам ҳавлӣ таъмирталаб шуда буд. Усто оварда кор мефармудам.
Ана акнун мегузарем ба асли матлаб. Усто смета мекард, ки чи лозим аст, барои кораш. Якҷо рафта харид мекардем. Бовар кунед агар дар бозор як ротбан 50 сомонӣ бошад барои ман 150 мефурӯхтанд. Аллакай фурӯшандаҳо омода буданд барои омадани ман. Усто мегуфт ҳаминашро гирем, сифаташ нағз. Ман хуб гуфта харидан мегирифтам.
Ман ростӣ то ин дараҷа аз паси худам «корбарӣ»-и одамҳоро намефаҳмидам, ки онҳо кушиш мекардаанд, ки пули ман тамом шавад.
Дар вазорати маориф дар раёсати кадр ва корҳои махсус низ кор карда будам. Шавҳари як ҳамкорам дар ВКД ҶТ кор мекард. Ҳамон сол Зайд Саидро боздошт карданд. Ҳамин ҳамкорам ба ман гуфт, ки Зайд Саидро мешиносӣ? Гуфтам не! Лекин зиёд дар бораш гап мезананд, ягон шахси сарватманд аст ба фикрам. Гуфт хело одами хайрхоҳ, зиёд тӯҳмат карданаш, зани бисёр дорад. Ҳамаи занҳояш ба хайру саховат машғуланд. Боз дар бораи чи хел гузаштани суди Зайд Саид нақл намуд, ки духтари русро оварданд дар суди Зайд Саид ва ин духтар гуфтааст, ки ин мард вайро гуё таҷовуз карда бошад. Пас, Зайд Саид савол медиҳад, ки духтарам ман туро бо кадом дастам қапида таҷовуз кардам? Духтар намедонам чи ҷавоб дода бошад, пас Зайд Саид гуфтааст, ки як дасти вай кор намекардааст, духтари рус ба гиря даромадааст. Боз гуфт, ки ин давлату ҳукумат ҳеҷ касро бой шудан намемонад, чун одами сарватманд барои давлат хатарнок аст.
Ин суханҳои ҳамкорам гуфта баъди чанд сол аз сари худам ҳам гузашт. Ана акнун фаҳмидам, ки ин давлату ҳукумати одамҳоро бой шудан намемондагӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва писаронаш будаанд.
Падарам ру ба руи хонаамон се мағоза харида буданд, мо аренда дода будем, ҳамааш кор мекард. Пас аз пайдо шудани ин оила қариб 10 сол мешавад, бекор хобанд. Чанд нафар омаданду гуфтанд, ки точкаи нағз, сари роҳ ва гирифтанд, баъди се моҳ супориданд. Гуфтанд: «одамҳои гирду гушаатон савдо кардан намемонанд. Помидори парникиро 8 сомонӣ нарх кардем аммо мераванд ба 16 сомонӣ аз дигарҷо мехаранд, аз мо намехаранд. Бори мо дар ҷояш вайрон шуд, покриват накард» ва савдояшонро маҳкам карда рафтанд.
Усто меовардам, баъди як ду моҳ усто хиёнат мекард, ҷавоб медодам боз дигарашро меовардам.
Ҳама дар итоати ҳамин оила буд. Як мисол мебиёрам аз як усто. Бо вай хешӣ доштем. Хеле марди чақону моҳир дар кори худаш буд. Дар вақти офтоби сӯзон ба кори худаш машғул буд. Ман усторо танҳо намемондам, ҳама вақт дар наздашон меистам. Як нафар омаду номи устои моро аз паси дар фарёд зад. Усто баромада рафт. Ман камтар интизор шудам, ки наомад, пас рафта паси дарро нигоҳ кардам, ки усто нест. Як соат аз байн гузашт, усто пайдо шуд, ман пурсидам дар куҷо будед? Гуфтанд маро ШВКД фарёд карданд ва таҳид карданд, ки «агар дар Тоҷикистон ҷанг шавад туро мебарем омода бош». Ман фаҳмидам, ки ин оилаи Рамазон Раҳимзода ӯро зери фишори худ қарор доданд, то кор накунад дар хонаи мо. Пас гуфтам боқимондаи коратонро тамом кунед, барои ин сол кифоя.
Корашро тамом кард, маблағи корашро додам. Пас аз ду рӯз як мошин тахтаро анбори тахта доштем, дуздиданд.
Ин анборро мо барои хеш буданаш чанд маротиба калид додем, ки рафта биёр аз ҳамонҷо бегонаҳо намедонистанд.
Ман ба участковий занг задам, омад ариза гирифт. Ҳар дафъа омаданӣ, ки шуд занг мезанад ба модарам: «хола ма омадестам гуштбирёнум кун, хола 100 сомон суми заправкама те».
Ин гадо номаш Эраҷ буд, насабашро намедонам чи буд. 3 моҳ дар вақти хӯроки нисфирӯзӣ пайдо мешавад ва аз зиндагии шахсии худаш нақл мекунад, хурок мехурду мерафт. Боз модарамро «очаҷон сумум қарз наметӣ» гуфта чанд маротиба мепурсид. Аз пушти ин гадо аз баҳри ин мошини тахта гузаштем.
Апаам дар Москва шавҳари хориҷа дошт. Вақте инҳо фаҳмиданд, ки даромади мо аз пушти апаам аст, боз аз қафои вай кор бурданро сар карданд.
Апаамро аз шавҳараш бо ду фарзанд ҷудо карданд. Апаам гуфт, ки таксӣ фарёд кардам ронанда марди тоҷик буд, ман бо забони русӣ бо вай гап задам, аммо вай бо тоҷикӣ ба ман ба сӯҳбат даромаду гуфт, ки ин тиллову пулу моли хонаи ту ба наздикӣ аз ман мешавад. Ман гуфтам мошинро манъ кун ва аз мошин баромадаму пиёда шудам. Пас аз ин сар шуд сахтии зиндагии апаам. Айнан тилоҳояшро аз даст дод, бе сум карданд. Ҳозир хонаашро дар банк залог монд. Худаш ҳатто намедонад барои чи аз банк пул гирифтааст, чи хел сарф кардааст, чунки ҳамааш дар ҳолати ҷодугарӣ анҷом шудааст.
Дар Тоҷикистон апаи калониам оиладор соҳиби 5 фарзанд аст. Инҳо хостанд, ки ин апаамро ба мисли апаи дуюмам хонаи ободашро килет кунанд, аммо натавонистанд. Пас духтари апаам духтари намозхону қуръонхонро ба роҳҳои бад бурданд.
Хуллас, ҳар чизе ман дар ин мақола навиштам метавонам бо далел ҷавоб гӯям. Аммо вақте ман ШКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ рафта аз болои онҳо шикоят кардам, ҳатто ба назди ман омадан ҷуръат накарданд. Гуфтанд, ки мо инхел одамро намешиносем.
Ман гуфтам, агар ман гунаҳкор бошам, дар назди қонун ҷавоб медиҳам, вале агар гунаҳкор набошам барои чи аз қафои ман ин аблаҳҳо мегарданд?
Дар зиндагӣ аз ҳама пастию баландиҳо гузаштам, ҳамааш тоқатовар аст. Аммо дарди дили модарам ва фарзанди падарам аз дарди худам зиёдтар таъсирам кардааст. Барои ҳамин зиёдтар кушиш мекунам, ки ин оила аз зиндагии мо дур шаваду хушҳолии модарам ва фарзандони падарамро бинам.
Ҳангомеки иллати ин ҳама моҷароро хондам аз ин хоҳар пурсидам,ки ин ҳама амалҳое зикр намудед чи буд ва барои чӣ ин ҳама таъқибу фишор болои шумо ва оилаатон?
Посух: Бо Далер Раҳимзода ман дар хориҷ аз кишвар яъне дар Чин шинос шудам. Ин шиносои бо Далер аз инҷо пайдо шуд,ки бародараш Фаридун Раҳимзода дар он донишгоҳе ман таҳсил мекардам мехонд. Рафоат як духтар бо Далер дар донишгоҳе ӯ мехонд таҳсил мекард. Ман ҳам баъзан дарсҳои муштарак бо Рафоат доштем. Рафоат муддати шашмоҳ Далерро бо ман қисса мекард ва гуфт Далер аз ҳамсараш ҷудо шудааст сабабаш занаш Лесбиянка будааст. Маро гуфт биё шинос шав бо ӯ. Ман ҳам гуфтам бошад. Акси маро ба ӯ фиристод ва акси ӯро ба ман фиристод. Танҳо шиносоии оддӣ бидуни наздикшудан. Хулоса ман ба Тоҷикистон пас аз як соли таҳсил баргаштам ва Далер Раҳимзода гуфт ман таҳсиламро тамом мекунаму бармегардам. Ду сол интизор будам ва пас аз ду сол баргашт ва бо ҳамин бе дарак касеро хостгорӣ нафиристод. Пас аз баргашти Далер чанд вақт гузашт Рафоат занг зад ва гуфт Далер издивоҷ кардааст ва ман ҳам гуфтам бошад. Чун ҳеҷ эҳсосе ҳам ба Далер надоштам ман.
Савол Далер Раҳимзода кадом донишгоҳро хондааст?: Донишгоҳи Далер бо номи Пикински унверистет ва дар риштаи Иқтисодӣ се сол дар Чин дар ин ришта таҳсил кардааст. Ман бошам як сол дар Пикин магистр хонда баргаштам. Ман сад дар сад бовар дорам ин пайвасткуниро бо ман Генерал Қудратулло Назарзода тавассути як духтаре бо номи Рафоат ташкил намуда буд.
Охир сабаби шикояти ман дар он аст,ки оилаи моро ин Рамазон Раҳимзода бо бандаи зараррасонаш табоҳ кард ва зиндагиямонро ба бадтарин ҳолат оварда расонид. Хуб Далер издивоҷ кард ба ман чӣ? Охир ин ҳама назорату ба бадбахтӣ гирифтор кардани мо барои чӣ?
Акнун ман нав мефаҳмам он духтароне бо писарони инҳо наздик мешаванд ҳоли онҳо чи хел ба бадбахтӣ гирифтор мешаванд. Мане,ки танҳо гуфтам хостгор фирист ва ман ҳамсарат мешавам ин шуд.
Саволи мо аз ин хоҳар: Медонед ҳоло дар кадом ҳолат Рамазон Раҳимзода қарор дорад ва дар ин шабу рӯз нашри ин матлаб чи резананс медиҳад ?
Посух: Бале медонам бигузор ҳолашон баду бадтар шавад. Чуноне зиндагонии моро ба ин ҳолу рӯз оварданд ва модарам барои ман гиря мекунанду месузанд.Модарам мегуяд падарат аз олам гузашт бародарат аз олам гузашт ин қадар насухта будам,ки барои ту месузам. Бигузор ҳолу рӯзашон баду бадтар шавад. Агар он шикоятҳое дар ШВКД кардаму ба телефони боварӣ занг задам расидагӣ мешуд кор ба ин андоза намерасид!
Худ кардаро даво нест во вайлои пинҳонӣ…