Кӣ ва чаро Искандари Хатлониро террор кард?

Ислоҳ нет

Имрӯз дар Душанбе, пойтахти ватанамон аз Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил ба амал меоваранд ва ҷаласа доир мешаваду ҷоизаву инъомҳо медиҳанд. Вале, яқин аст ки аз ҳамкасбони зиндониашон ёдовар намешаванд. Ва, аз онҳое ҳам, ки ёдоварӣ аз онҳо ҳам қарзу ҳам масъулияти касбиашон аст, ба мисли Искандари Хатлонӣ, ки 25 соли қабл дар Маскав ҳадафи террор қарор гирифт, гумон аст ки зикри ном кунанд.

  Мо ғурбату мусофирату муборизаро ба ҷон харидем, то бо ифшои ин гуна ҳақиқатҳо чеҳраи воқеии ин режими зиддимардумиро намоёнтар кунем.

                             Дебочаи матлаб

   Баъд аз 25 сол, чаҳоряк аср асрори куштори даҳшатовари журналист ва шоири хушном дар қаламрави форсӣ-Искандари Хатлонӣ аз забони як нафаре, ки он солҳо дар Маскав кору зиндагӣ мекард, ошкор мешавад.

  То кунун асрори ин фоҷеа ба мисли кургиреҳ ва номаи сарбамуҳр боз нашуда боқӣ монда буд. Тафтишоти Русия аслан ҳеҷ коре накард, балки эътино ва эътибор надод, ки Искандари Хатлонӣ чи шахсияте буд ва чаро ҳадафи як чунин террори ваҳшиёна қарор гирифт. Барои онҳо ҳамин кофӣ буд, ки Искандар дар як расонаи амрикоӣ кор мекард ва гуфтанд, ки «Прокуратурой Москвы возбуждено уголовное дело. Основная версия — профессиональная деятельность журналиста. Пока следствие не дало никаких результатов».

На танҳо он вақт, ҳамин ҳоло ҳам, ки ин ҳама сол аз он фоҷиа мегузарад: «никаких результатов»

Аммо, ҳақиқат дер ё зуд рӯ мезанад. Рӯ задани ҳақиқат аст ки умри кизбу дуруғ кутоҳ мешавад. Беҷиҳат умри дуруғ кутоҳ ва ростиро заволе нест намегуянд. Искандарро бо табар куштанд. Аммо киҳо ва чаро куштанд? Барои онки то посухи ин саволҳо пеш биравем, месазад дар ибтидо дар бораи худи Искандар бигуем.

                       Искандари Хатлонӣ кӣ буд?

Замоне Искандари Хатлонӣ кушта шуд, ки дар бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» дар Маскав фаъолият мекард. Гузоришу хабару маводи таҳлилӣ, ки аз Искандар нашру пахш мешуд, аз руйдодҳои Тоҷикистони ҷангзада, аз раванди сулҳи тоҷикон, аз татбиқи банду модаҳои муоҳадаи сулҳ, аз вазъу ҳоли мардуми бенаво ва бедодии ҳукумату боевикҳову сарвайронҳо ва аз террору куштори шахсиятҳо ҳикоят мекарданд. Тасвиру бозтоби ин ҳавлу ҳол дар расонаи ҷаҳонӣ, табъан, ки ба завқу табъи сардамдорони режим хуш намеомад. Зеро онҳо мавриди мазаммат ва интиқоди навиштаҳои Искандар қарор мегирифтанд.

  Искандари Хатлонӣ аз зумраи равшанфикроне буд, ки аз рӯзҳои аввали омадан ба арсаи адабиёту журналистика дили бедор дошт ва бо низоми ҳокими худкома руҳан мухолиф буд. Вай як зиёии бедор ва ҳамсангари мардуми бедор ва ҳамроҳи ислоҳотхоҳони ватан буд.

 Чи дар солҳое, ки дар ВВС ва чи дар солҳое, ки дар «Озодӣ» кор кардааст, ҳамин руҳия ва ҳамин масирро идома додааст. Ва дар навиштаҳояш режими имрӯзаро  ба таври ҷиддӣ мезаду мекуфт. То замони сокит кардани садояш дар сентябри соли 2000 кораш ҳамин тавр пеш мерафт.

    Искандари Хатлонӣ ҳамчуноне тазаккур додем яке аз мухолифони низоми пусида ва тоталитарии комунистӣ буд. Ҳеҷ гоҳ чунин мавқеъу мавзеъи худро пинҳон намекард ва табиист, ки зоидаву сохтаи ин низом- Фронти халқӣ ва дастнишондаи вай- Раҳмоновро чашми дид ва руи хуш надошт. Қабул накарда буд ва намекард. Мисли бархеҳо гирифтори дарди маҳал набуд ва аз онки ҳамшаҳриҳояш қудратро гирифта буданд, хушнуд набуд, чун кулобиҳое ҳукуматро гирифта буданд, ки бадтар аз хуҷандиҳои вобаставу бардаи Кремлин буданд. Вай на аз он ҷиҳат, ки ҳукумат дар дасти хоҷагони хуҷандӣ, онгуна, ки бархе дардашон ва азобашон ҳамин буд, аз он ҷиҳат, ки фарҳангу оину ахлоқу сиёсату давлати бегона болои ин миллат ва ин мардум омада буд, нороҳат буд. Вай аз онки тамоми масофу муборизаи пинҳону ошкорои зиёиёну огаҳони миллат бар боди фано рафт ва ҳукумат боз аз тарафи Кремл мудирият мешавад, шадидан норозӣ буд. Искандар дар шумори маъдуд рушанфикроне буд, ки миллат, давлат ва ватанро аз бунёду реша ва яклухт дӯст медошт. Он тарафи ағба ва ин тарафи ағба, тоҷикони асил ва муғулҳо намегуфт. 100дар 100зидди Раҳмонов буд. Чун ин ҳукумати арусак ва лухтакро дар шароите, ки ҳама ҷамоҳири ҷудошуда аз Кремл, масалан Қирғизистон, масалан Гурҷистон масалан Озарбойҷон, масалан Туркманистон дар талоши тай кардани роҳу равиши худ буданд, батамом ва билкулл бар итоат ва қабзаи Маскав қарор дошт, наметавонист таҳаммул кунад.

 Онҳое омада буданд, ки дар айни соҳиби давлату ватани мустақил шудани дигарҳо ба «рублевий зона» даромаданд, сарҳадоти кишварро ба марзбонони русӣ ва амнияти давлатро бо пойгоҳи 201 доданд ва бадтар аз инҳо бо дасти ҳамин неруҳо ва ба рағми барномаву нақшаву ниятҳои неруҳои озодихоҳу миллӣ ва мардумии навзуҳур ними Кулобу ними Ғарму кулли Помиру ними Хуҷанду Ҳисорро душман хонданд ва онҳоро ночор ба тарки ватан карданд.

 Онҳое фирориву овора шуданд, ки ҳамаашон дӯстону рафиқону ҳамнишинону ҳамандешон, хулоса ҳамраҳони ҷисмониву руҳонии Искандар буданд.

Искандари Хатлонӣ дар августи соли 2000 дар Маскав маҳфили гиромидошт ё шаби ёдбуди Лоиқро ташкил кард. Лоиқе, ки бо омадани ҳукумати дастнишондаи русҳо тарки Душанбе кард. Муъмин Қаноат гуреза шуд, Тоҳири Абдуҷаббор гуреза шуд. Гулрухсор кам монда буд, ки бо дастони афроде аз хайли лангариҳо кушта бишавад, Бозорро ин ҳукумат «турма» кард, хуллас, Искандар ҳамроҳ бо ҳамин гурӯҳи афрод ва бо неруҳои таҷаддуд ва ислоҳотхоҳи миллат буд.

 Искандар дар ташкили созмони «Ру ба ру» ва дар ташкили ҳаракати мардумии «Растохез» аз пештозону пешгомон буд. Ин созмону ин ҳаракатҳоро ҳукумати вақт ва Раҳмонову режими вай хуш надоштанд ва то ба ҳоло хуш надоранд. Чунки инҳо демократия ва озодӣ мехостанд.

Искандар бо он таҷрибаи сиёсӣ, ки дар Афғонистон ҳосил карда буд (мушовири тарҷумони раиси ҷумҳури Афғонистон ва устоди донишгоҳ дар Кобул) шинохти амиқ ва бештар аз ҳодисот ва паёмади он дошт ва медонист, ки бо дигарбора дар асорати Кремлин бурдани давлату миллат ҳама ормону нақшаҳои бунёди давлати мустақилу миллиро аз байн мебаранд. Барои ҳамин Искандар бо ин ҳукумати ҳамшаҳриҳояш проблема дошт, проблемаи бисёр ҳам сангину хатарнок, барои ҳамин Искандар бадашон медид, барои ҳамин Искандарро куштанд… 

                Ҳодисаи қатли Искандар

  Искандари Хатлонӣ 20 сентябри соли 2000, баъди як моҳи баргузории шаби ёдбуди шодравон Лоиқ Шералӣ ва дар соли аввали ба курсии раёсати ҷумҳурӣ нишастани Владимир Путин дар манзили зисташ бо шеваи қуруни вустоӣ ба қатл расонида шуд. Аксарияти хабаргузориҳои русӣ он замон навишта буданд, ки «Искандар Хатлони был убит 20 сентября 2000 года в Москве  в результате нападения неустановленного лица». Ва навишта буданд, ки «случайные прохожие обнаружили истекающего кровью журналиста на Онежской улице около дома номер 2, где он снимал квартиру. Машина «скорой помощи» доставила И. Хатлони в Боткинскую больницу, где 20 сентября 2000 г, несмотря на все усилия врачей, он скончался от тяжелой черепно-мозговой травмы».

  Прокуратураи Маскав ангеза ва сабаби куштори Искандари Хатлониро    «профессиональная деятельность» донист. Аммо тафтишотро ба охир нарасонд, ки бисёр ҳам шубҳаовар аст. Агар Маскав мехост қазияро ошкор мекард, вале чи сабабе шуд ва ё чи авомиле сар зад, ки тафтишот муаллақ гузошта шуд?

 Мо, пештар гуфтем, ки навиштаҳои Искандар барои режими Душанбе ташвишовар, нороҳаткунанда ва нофорам буд.

  «Профессиональная деятельность»-фаъолияти касбӣ арзёбӣ кардани мотиви куштор аз тарафи додситонии Маскав беҷиҳат нест. Вале, додситонии Маскав нагуфт, ки ин фаъолияти касбӣ киро нороҳату безобита ва ошуфтаву ноором  кард, ки дар қасди ҷони вай баромад?

Ин версия дар оғози ифтитоҳи кори ҷиноӣ, ки ҳануз ба тафтишот таъсире аз берун ва дарун нашуда буд, садо дода буд, вале баъдан ин масъаларо ҳам покиза фаромуш карданд.

Ҷузъиёти қатли ваҳшиёнаи Искандари Хатлонӣ

  Ва ҳоло ҳикояти асрори ҳодисаи қатли ваҳшатноки Искандари Хатлонӣ, ки баъди биступанҷ сол аз забони як нафар, ки ҳам бо Искандар наздикӣ ва ҳам бо қотилони вай ошноӣ доштро бароятон пешкаш мекунем.

Вай гуфт, ки баробар бо расидани хабар бо суръати ҳарчи тамом худро ба маҳалли зисти Искандар расонд.

    Онҷо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, милиса, ФСБ ва прокуратура коргарони зиёд омада буданд. Вориди манзили иҷораи Искандар мешавад. Даруни лифт хун, деворҳои даруну беруни долон-коридор ва ошхона пур аз хун. Пайи панҷаҳои хунолуди Искандар дар даруни лифт ва девори дари хона нақш баста буд.

   Ҷангҷол дар даруни ошхона сурат мегирад. Маълум набуд, ки кадом хархашае буд ё не, аммо аз онки лаккаҳои хун дар фарши ошхона ва болои мизи ғизо ҳам шах шуда буд, тафтишот ҳамин тавр натиҷа мегирад.

   Искандар аз дар, аз пушти онҳо мебарояд ва ё мехост, ки зуд ба духтурхона биравад, аммо дар даруни лифт аз мадор меравад, чун хуни зиёд рехта буд ва дигар аз онҷо барнамехезад, ҷон аз қолибаш тиҳӣ мешавад. Дигар Искандар тавони ба хиёбон ва ҳатто саҳни ҳавлӣ баромаданро аз даст дода буд. Вай дар лифт ҷон бохт ва мошини «Ёрии таъҷилӣ», ки баъди дарёфти хабар ӯро ба бемористони Боткино мерасонад, фақат вазифаашро иҷро карда буд.

Тафтишот мегуяд, ки ин кор кори дасти тоҷикҳо, балки ҳамшаҳриҳои худи Искандар аст.

Ба таъйиди тафтишот Искандар қотил ва ё қотилони худро мешинохтааст ва онҳоро худаш вориди манзили зисташ мекунад. Ҳатто тафтишот ин эҳтимолро ҳам рад намекунад, ки онҳо ё бо даъвати Искандар омадаанд ва ё инки худашон пешакӣ Искандарро огоҳ кардаанд, ки ба назди вай меоянд.

   Онҳо дар матбах мешинанд. Матбах танг ва онҷо панҷ –шаш стул ва як столи пур аз хуроку хурданиҳо. Дар кухни нишаста будаанд. Аз руи зарфу ҳолати болои мизи таом панҷ-шаш нафар буданд, мумкин чор нафар.

Аммо ин хурокҳоро мисле, ки бо ҳам омода кардаанд. Қотилон ва худи Искандар.

Ҳодисаи куштор баъди сарфи таом ва нишастану хурдан ба амал омадааст. Искандарро дар охирин лаҳзаҳо вақти баромадан аз хона мезананд.

 Як нафар аз онҳое, ки ҷасадро муоинаи криминалӣ мекард, гуфт, ки чунин шеваи куштор хоси рус ва ё урупоӣ, ҳатто агар он киллер ҳам бошанд, нест. Ин куштор аз як тараф бисёр ваҳшиёна аст, аз тарафи дигар киллер ин тавр фурҷаи зиёд надорад, як тир мезанаду халос мешавад, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад, инҷо ин корро онҳое кардагианд, ки аз ҳайвони дарранда ҳам бадтаранд, чунки бо табар зада -зада куштаанд, бо табари ошхона-кухонний тапор. Ва, ин корро ба ҷуз аз тоҷикҳо ва он ҳам тоҷике, ки қабл аз ин ҳам бо корду табар одам куштааст, каси дигар намекунад:

«Ва ба гуфти худашон «а…т» карданд. Ин тарзи кушторро гуфтанд ягон урупоӣ ё рус намекунад. Ин корро қатъан, исключително «азият –осиёӣ» тоҷик кардагӣ аст. Ягон урус ё урупоӣ одамро бо ин бераҳмӣ- табаршап намекунад, ин тавр намекушад. Ва агар мекушт як тир дар пешониаш мезад. Туфанги бесадо пур ва дастрас буд. Ин корро тоҷикҳои худатон кардагианд.

Ва, далели дигар ин аст ки онҳо шиносҳои худи мақтуланд, ба ҳайси меҳмон нишастаанд. Чунки дастурхони орододаи болои миз баёнгари ҳол аст.  

Дару тирезаҳои манзил ва аз ҷумла ошхона ҳамааш дар ҷояш. Нишонаи ҳарбу зарбу ҷангу пархош нест. Муқовимат ҳам нест.

Безпошадно-бисёр ҳам ваҳшиёна ва ба таври ҷаллодона, нафаре, ки таҷриба дорад, дасташ намеларзад, хато намекунад, куштаанд. Чашмаш ҳам психический омода аст. Куштани инсон ба ин шаклу шева бисёр ҳам сахт аст. «Дар сараш се табар задаанд». Худатон қазоват кунед дигар.

 Ин ноҷавонмардони аҷиршуда нону намакашро хурданд, аз сари дастурхонаш баланд шуданд ва бо он табарчае, ки чанд соат пеш гушт реза карда ва пухтаву хурда буданд, бар фарқи сараш заданд.

                               Искандарро кӣ кушт?

   Нафаре, ки ин ҳикоятро нақл кард, бо итминон мегуяд, ки паси ин кор нафарони раддаи аввали ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд ва иҷрои ин корро ба души Бахтиёр Лангариев онҳо вогузор карда буданд, ки он шабурӯзҳо дар Маскав ба сар мебурд.

 Искандари Хатлонӣ бо Бег Сабур рафтуомад дошт. Искандар Лангариевҳоро, ба эҳтимоли зиёд дар ватан мешинохт. Бо онҳо равуо дошт ё не, барои мо номаълум боқӣ мемонад. Аммо як вақт, дар яке аз магазинҳои Бег Сабур дар Маскав бо онҳо рубару мешавад. Лангариев ва ҳамроҳонаш як рӯз тарафи бегаҳ меоянд ба магазини Бег Сабур ва ҷангҷол ба роҳ меандозан, чун кадоме аз шарикони бизнеси Бег, ки бо Искандар низ дустӣ доштаву аз як вилоят будаанд онҳоро аҷир карда будааст. Ду яхдони шишагии «продуктовий»-ро, ки дар раста-витрина насб ва ҷогузорӣ шуда буд зада шикастанд. Худи Бег Сабурро ҳам хеле сахт шатакаш кардаву гушмолаш доданд. Бег Сабур онҷо ҳиҷ даст барнадошт, муқобилият ҳам накард.

Аммо Бег Сабур ба яке аз наздиконаш мегуяд, ки «инҳо барои ҳукумат кор карда истодаанд ва корҳои бадтаре дар инҷо хоҳанд кард».

Бинобар як маълумот он солҳо Бахтиёр дар кадом омузишгоҳ ва ё Академияи низомии Русия барои таҳсил омада будааст. Он вақтҳо чунин овозаҳое низ паҳн шуда буд, ки гуё Бахтиёр Лангариев бо ҳукумат кадом проблемае кардаасту аз Тоҷикистон баромадааст.

Ба дасти Искандари Хатлонӣ баъзе асноде расида будааст, ки барои Раҳмонов бисёр ҳам хатарнок ба ҳисоб мерафтанд. Гуё дар бораи қатли шахсиятҳо-Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов ва Муҳаммад Осимӣ. Гап дар он бора будааст, ки кадоме аз  Лангариевҳо дар яке аз ин ҳаводис шариканд.

Гуфта мешавад, ки ин хабар тавассути Бег Сабур ба ҳукумат расида будааст, ки Искандар ҳамчунин асноде дар ихтиёр дорад ва ин аснод тавассути кадоме аз кормандони дар ҳамон замон баландпояи Прокуратураи генералӣ расида будааст.

 Искандар, гуиё барои ин аснод, ки дар садади ошкор кардани онҳо будааст, боз аз бархе аз одамҳо маълумот ҷамъоварӣ мекардааст, ки Бег бохабар ва ба ҳукумат хабар медиҳад.

 Он замон Искандар роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Ичкерия-Чеченистон низ ба кадом гуруҳҳои ҳуқуқибашарӣ кор мекардааст, дар кадом проект.

Тафтишот ба магазинҳои Бег Сабур омада бо чанд нафар аз кормандони онҳо саволу ҷавоб карда буд. Бархеашонро даъват намуда ба прокуратура мебаранд.

  Нафаре, ки ҳикоят кард гуфт, ки дар ҳамон шабурӯзҳо Лангарӣ ва одамонаш дар Маскав мезистанд. Ба ҷуз аз Лангариевҳо ва чанд нафари ҳамроҳонаш он вақт дар Маскав аз гурӯҳҳои ҷиноии тоҷикӣ ҳузур надошт.

Ҳайратовар инҷост, ки баъди бозгашт аз Маскав Бахтиёр Лангариев яку якбора повишений меравад ва дигар барои онҳо дар Тоҷикистон зеленний светофор мешавад.  Ва ӯ сардори Раёсати минтақавии мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати дохила таъин мешавад.

Ва, аммо Бахтиёр Лангариев на фақат дар он соли куштори Искандари Хатлонӣ бо Раҳмонов муносибати нохуш дошт. Вай соли 2008, вақте хонаи падариаш дар Кулоб бо штурм гирифта ва бародараш Суҳроб Лангариев дастгир ва сипас барои ҳабси абад равона ба зиндон шуд, фирор карда буд. Суҳроб Лангариев домоди Сангак Сафаров буд. Баъдтар ин сарусадоҳо ҳам, паҳн ва баланд шуда буд, ки Бахтиёр Лангариев бо марҳум Умаралӣ Қувватов ва «Гуруҳи24»-и вай, ки сарнагунии ҳукумати Раҳмоновро ҳадафи худ эълон карда буд, пайвастааст. Аз инҷо буд, ки Бахтиёр Лангариевро соли 2015, баъди 7соли гурезагӣ ва бедаракӣ ба Тоҷикистон оварданд. Дурусттараш ӯро баъди музокироти тулонӣ бо дастури Раҳмонов оварданд. Чунки Раҳмонов аз ҳамроҳшавии Лангариев бо Гуруҳи 24 сахт тарсида буд. Бар изофа Раҳмонов ҳамон сол, аллакай нақшаи аз байн бурдани ҲНИТро руи даст дошт ва аз бими онки Лангариевҳо мабодо бо ҲНИТ напайвандад ӯро боз ҳам аз Русия овард. Марҳум Умаралӣ Қувватов дар яке аз суҳбатҳояш гуфта буд,ки ӯ бо Бахтиёр Лагариев суҳбат дошта аст вале ӯ узви ин гурӯҳ набудааст. Ин мталаб дар Тоҷ.нюс соли 2015 нашр шуда буд.

Ваъда ин буд, ки замминистри мудофиа мешавад. Вале баъди ду ё се моҳи овардани Бахтиёр ӯро сардори Раёсати ташкилӣ ва омодагии ҳарбӣ дар вазорати мудофиа таъин мекунанд. Мақомеро, ки то омадани вай бародараш Файзалӣ дар он ифои вазифа мекард.

Бинобар таъйиди ин нафар, ки ҳикояти ҷонсузи куштори Искандари Хатлониро кард, Бахтиёр хеле аз фармоишҳои махфӣ ва бисёр ҳам мудҳиши Раҳмоновро иҷро кардааст ва асрор зиёди ӯро медонад.

 Ин нафар мегуяд, ки барои он болои ҳодисаи қатли Искандар сарпуш гузошта шуд, ки Искандар аз тараф бесоҳибӣ карда шуд, идорае, ки дар он кор мекард, радиои «Озодӣ» ҷиддан аз пайи тафтишот нашуд, аз тарафи дигар ҳукумати Тоҷикистон тамоми талошашро кард, ки парванда аз ҳаракат биуфтад.

 Нафаре, ки ин ҳама маълумотро дар ихтиёри «Ислоҳ» қарор дод, ҳарфҳои дигаре ҳам зад. Гуфт шумо аз ин минбар ба чанд нафар муроҷиат намоед, аз ҷумла ба Саидамир Зуҳуров, ба Хайриддин Абдураҳимов, ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, чунки онҳо аз аксарияти қатлу кушторҳои он солҳо огоҳанд ва медонанд, ки дастурро кӣ доду кӣ ба иҷро расонд. Агар метарсанд ва ошкоро гуфта наметавонанд ҷиноятҳо ва қталҳои занҷиравии анҷомдодаи ӯро ба шакле сабт кунанду гузоранд ва ё ҷузъиёти он қатлҳоро навишта ҳар касе ӯро бовар мекунанду эътимод доранд диҳанд, то рӯзи «Х» ошкор шавад.

 Ҳоло инҳо бубинанд, ки худашон дар чи вазъу ҳоланду Раҳмонову баччаҳову духтарҳову домодҳояш дар чи вазъу ҳоланд? 

 Аз ҳама шаковару ҳайратовар ин буд, ки давлати Тоҷикистон ҳеҷ даъвову талоше накард. На гурӯҳи корие ташкил кард ва на аз пайи тафтишу пурсиш шуд. Шаҳрванди вай, нафари одӣ не, хабарнигори як расонаи байналмилалӣ кушта шуд, кадом вокуниш накард. Бисёр ҳам шубҳавоар буд. Хомуш истод. Ҳеҷ расонаи расмии Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфт. Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳатто суроғ накард.

Ва, чуноне гуфтем, барои ошкор нашудани қатли Искандар ва ҷиноятҳои занҷираии дигари Раҳмонов Лангариев, ки гуё бо ҳукумат мушкил дошт баргашт ба Душанбе ва вазифаи калон дар ВКД гирифт. Албатта мо рӯйи ин қазия кор хоҳем кард, то ҳақиқат ошкор гардад вале ҳар нафаре дар ин қазия чизе медонад ба «Ислоҳ» нависед,то ин ҷиноят пӯшида ва нокушода намонад.

Share This Article