Моҷаро дар ноҳияи Рӯдакӣ. Террори муовини раиси ноҳия болои мардуми Роҳатӣ. Дар таги фуку зери манаҳи Рустаму Озодаву Раҳмонов чиҳо мегузарад?
Онҳое, ки ин номаҳо ва ин наворҳоро, ки дар зер мебинед, аз мо хоҳиш намуданд, ки ҳарчи сареъу таъҷилӣ нашру пахш намоем. Ва, мақсадашон ин аст, ки мақомоти масъул ва роҳбарияти ҳукумат аз ин моҷарову аз ин қазияи ба сари онҳо омада бохабар бишаванд ва чорае биандешанд. Ин бародарон навиштаанд, ки онҳо аз деҳаи Роҳатии калони ноҳияи Рудакӣ ҳастанд ва дар як ҳолати бисёр ҳам вазнин қарор доранд.
«Дар қишлоқи мо оилае ҳаст бо номи оилаи Худойбердӣ. Ин оила намемонад, ки мардум сарашро бардорад. Ягон гап шавам, нашавам, мебинӣ, ки ҳамроҳи занаш аз отдели Теппаи самарқандӣ баромад. Ин одам ба мо фақат зарараш мерасад. Зани ин инсон мент аст-кампир. Дар маъракаҳо мерафтаасту фақат занҳоро насиҳат мекардааст. Агар ягон зан дар гапаш ягон гап гуяд тамом, дигар ин зан мурд. Пагоҳ милисаҳо меоянд ба сараш. Ба маърака даъват накунанд ҳам меояд ва проверка мекунад, ки канӣ чанд дег мондагианд. Яке агар ошу шурбо бошад, тамом, милисаҳо сразу ба сараш меоянд. Чанд вақт пеш интихобот шуд дар Тоҷикистон. Бачаи ҳамин одам муовини раиси ҷамоат шуд. Аҳлиддин Худойбердӣ барои қишлоқ дар ватсап группа кушодагӣ аст, ҳамаро тарсонида дашном дода гаштаст, наказат мекунаматон гуфта.
Пул ҷамъ шуд, хеле пули калон, аммо намедонем, ки пулро чи кор карданд? Боз додари ҳамин Аҳлиддин як кудаки дирӯза раиси маҳалла. Ба номи вай як карта кушоданд. Мардум мехоҳад, ки фаҳмад чанд сомонӣ ҷамъ шудаасту инҳо чи қадар гирифтаанд. Бо тойота ландкрузер мегардад, раиси маҳалла. Ин раис як справкаро мефурӯшад. Як туй карданӣ мешавӣ, то пул надиҳӣ иҷозат нест. Любой чизро баҳона карда пул мегиранд.
Чанд вақт пеш Турман гуфтанӣ як мардро аз Дова ҳамин Нурмаҳмад мефурӯшад. Ӯро пояшро буридагӣ буданд, касал буд. Баччааш дар Русия. Худашро омаданду бегоҳӣ бурданд отдел, пагоҳ оварданд, зиқ шуд ё чи кореаш карданд, дору заданд, номаълум, дилаш заду мурд, диққат диҳед мебаранат отдел меои хона мемури. Аллоҳ раҳматаш кунад. Боз Нурмаҳмади раиси маҳалла занг зада гуфтааст, ки меравам «занта да хонат фалон мекунум». Ин гуфтааст, ки меравам аз болоят шикоят мекунам. Аҳлиддини Худойбердӣ гуфтааст, ки «манда по.., любойта биёр, кароче задагиюм ҳаматона»
Ба ин раиси маҳалла фарқ надорад, касе нафорад ҳақорат аз зану хоҳару модар мекунад. Фукашон чухт, кибру ғурур дар осмон.
Ҳоло ин Аҳлиддин муовини раиси ноҳия шудааст. Дигар тамом. Пеш Аҳлиддин раиси барқи Бохтар буд. Як одам гуфт, ки дар як туй баччаҳояш ба сари масхарбозҳо доллар мечошанд, албатта аз мастиву серсумиашон. Аммо корашон фақат фиреб. Чи хел кунему мардумро фиреб диҳем.
Мо ҳамон роҳамонро худамон асфалт мекунем, аммо инҳо бояд ҳатман худашонро дар кори мо «қуш» кунанд. Ҳамин мардум худашон мекунанд, аммо мардум бояд инҳоро гуш кунад. Бовар кунед, ки 90 фоизи мардумро буз кардагианд. Охир ман як чизро намефаҳмам. Ойлики раиси маҳалла се ҳазор сомонӣ, вале шабашка аз ҳисоби мардум 100 ҳазор. Боз ҳақорату дашномдиҳиҳои инҳоро бин. Ҳамин Роҳатии калон бе Худойбердӣ, бе Аҳлиддин, бе бачаҳои ҳамин номардон метавонад обод шавад. Дар группаи вотсапи деҳа гапаш фақат угражат, ки «наказат мекнм гапзанта».
Мехоҳам як чизро бароятон бигуям. Ҳамин Аҳлиддин дар вақташ хизматгори Раҳмон Гитлер буд. Худро мухолифи ҳукумат мегирифт. Аммо ҳоло бошад, «рула бо усу тов додан». Ин Худойбердӣ аз ҳамон давраи баъди ҷанг сразу буз шудагӣ буд.
Дар қишлоқи мо мо ягон гап гуфта намешавад. Чор муллои хокзани бесавод дорем, илм надоранд, газета хонда мегарданд. Э, бачча ана ҳамин масҷди Доваро Худойбердӣ бо баччааш Аҳлиддин гирифт. Масҷидро ин беимонҳо музей карданд. Бубин, масҷиди халқро гирию музей кунӣ?! Дар куҷо дуруст меояд? Инҳо ҳамин корро карданд.
Валлоҳ, бародар аз рӯзе, ки мардум группа кушоданд ин фақат угражат мекунад, мардумро, ки «наказат мекнмтона». Ягон рӯзе нест, ки як нафарро ғам надиҳанд. Фақат корашон зулм кардан бар болои мардум. Гуфтам, ку ин одам як додараш кудак, аммо аз куҷо бо Ландкрузер мегардад? Боз вай раиси маҳалла. Ҳама чиз дар инҳо бизнес шудааст. Мардум аз дасти инҳо рӯз надорад, аз дасти инҳо гап зада намешавад: «лишний гап гуфтӣ, тамом».
Як зан дар як маърака дар пеши очаи ҳамин чизе мегуяд. Уже пагоҳ, сари субҳ милисаҳо омаданду бурданаш. Э, мардум то кай аз инҳо метарсед? Зани Худойбердӣ боз шефи занҳои Роҳатии калон будааст.
Бовар кунед, ки инҷо як ҳодиса аст. Ҳама муллоҳо аз думи ҳаминҳо кашолаву овора ҳастанд. Мутаассифона, аксарият мардуми мо буз шудагианд.
«Наход давлат ин қадар бесоҳиб шуда бошад, ки мардум шаҳрвандонашро ҳимоя накунад?»
Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ», ин буд он номае, ки сокинони Роҳатии калони ноҳияи Рӯдакӣ, яке аз калонтарин навоҳии кишвар, ки аз чанд самт бо пойтахти кишвар омехта шудааст, нашри оҷили онро тақозо карданд. Мисли номаҳои муқаррарӣ, ки аз дигар кунҷу канори кишвар ба дасти мо мерасад. Аммо, шумо давоми моҷароро бихонеду гуш фаро диҳед, чун тоза шуруъ мешавад.
Муовини раиси ноҳия, Аҳлиддин Худойбердӣ, яке аз аъзои хонаводаи пурнуфузи Худойбердиевҳо, ки ҳам мардуми деҳа ва ҳам муҳоҷирони ин деҳаро маҷбур мекардааст, ки барои ин ва ё он тарҳи сохтмон, ҳатто барои насби камераҳо пул бидиҳанд ва бифиристанд, ҳамеша аз номи Ҷаноби олӣ таҳдид ва угрожат ва шантаж мекардааст. Инҷо пораҳои суҳбати уро, ки катбӣ кардем бидуни шарҳу тафсири зиёд пешниҳодатон мекунем. Ин садоҳо дар чанд пора ба дасти редаксияи «Ислоҳ» расидааст.
Аҳлиддин Худойбердӣ, муовини раиси ноҳияи Рудакӣ:
«Мо нақша кардагием, қарор кардагием, ҳуҷҷатгузорӣ кардагием,ту вапше киӣ худут, як бетамизи беақли беномус, бо мана мегуӣ, ки «дуруғ мега», ҳайвон. О, ай пешум бро баъд гапома гап мезанамта. Ту ҳақ надорӣ мара ин хел гуфтанда, ягонтаат ҳуқуқ надоред, кадомет аскарблят кардед, кадомет гапои зиётӣ гуфтед ҷавобта метӣ. Ман намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиюм дар маҳал. Дар симои президент мо намояндаи маҳаллем. Кадомет, ки ноҳурматӣ кардед, гап задестед, как милинкий ҷавобта метӣ дар назди қонун нисбати таҳқири ҳокимият. Ин гапои шумо таҳқири ҳокимиятай нисбати мақомоти давлатӣ. Ман корманди мақомоти давлатиюм, ман ягон чиза, ягон ҳисоботдиҳанда нестум, ки равум дар пеши ту ҳисобот тиюм. Дуруғ мега, нақшара надодай. Ту рута сиё накун, худозади касофати беномус қати ҳамун панҷтаи дигар беномусот. Ман медонам кира дар назар дорум, худуш тез мекашад баъд мебурод голос мекунад, ки ун беномус манум гуфта. Бетамиз. Ман тра даъват кардум, шаш моҳ шуд аз пушти ту касофат ҳамун стадион монд. Ман мефаҳмидум, ки ту ихелӣ буздилӣ, ту беномусӣ, ман туда муроҷиат намекардум. Бо дуруғ мегай мара нагуфтай мегӣ. Рута сиё мекунӣ, бо худозади касофат».
«Ҳуҷҷатгузории ферма, стадион, нақша ҳамаш ҳастай, сад фоиза, ту боре беномусо ана ун я се чортои дига ай дур, ай пушти парда гап мезанӣ, одамора гап мезанӣ, ранги Ҷаъфари псих боре. Зиёдулло намечӣ, фалонӣ намечӣ, Ҳамза намечӣ. Ҳамин се хиёнаткора чуба шумо хиёнаткор намегед, шумо мурғо билат ҳамат. Ду -се мурғ бромада қутқут кардестай, гап намезанед, ки хиёнат кара, раиси маҳалла хиёнат кард. Чуба вақташда пула гирифтай. Ман ҳисоботда мондум, шав гуфтум, ки Зиёдуллои Теша бурод касофат қати Эркини ҳаромату Умарут ҳисобот тиед, ки чор ҳазор доллара! Шашсад долларша, ку ман бурда да Шодӣ додум, ай ман пурсида будед ҳаромиҳо!! !Чуба намепурсед аз Зиёдуллои Тешаи ҳароми иғвогару Ҷаъфари психи ҳарому дига дига. Чуба намепурсед, мурғо билат? Мехезед гап мезанед. Шера дур дида шағоло авав кардесте дар группа. Ҳамата наказат мекунум саволуҷавоб қатӣ,қонун қатӣ».
«Ман группара ташкил кардум. Имрӯзашда меред рэкетӣ мекунед, разбой мекунед, билат буз билат. Дар Расия ҳамара метарсонӣ, ай ман биё гир, ай ман нагирӣ паставитут мекунум. Тамоми ҷавонмардои Роҳатира паставит кардестед да Расия. 4-5 мурғ гапзан шуде. Праституткаҳо биля. Шумо хаёл кадед дунё бесоҳибай. Шумо раиси маҳалла алиш мекуне?! Шумо қонун намедоне. Да забонтон да сад сол ягон бор номи Ҷаноби олӣ набуд, ҳамин панҷ- шаш мурғе гап мезанӣ, ай Ҷаъфар психи ҳаром сар кардагӣ, ба ҳамун Рауфу ба дигадигату ба Кариму номи Ҷаноби олира нагирифтесте, рутона сиёҳ мекуне беномусо, дуруябозо билят. Якумуш ҳамун названира хушру гав зане. Унвони Ҷаноби олӣ чи хелияй?! Канӣ натарсед ай қонун?! Тов метед гав мезанед. Ман нестум дар ҳамин гуруҳ, ки ман шумора забонатона канда дар ҳамун гуруҳ дастатонда тем, беномусои лаънатиё. Рас ки ана ҳамин хел на прямой гав мезаневу ман нестум да пушти ман гав задед, ай рупаруша тамошо кне чи хелӣ гап мезанум қатитон, муттаҳами Зиёдуллотаму Эркинтаму дигаву дигаҳотам, бо мехезед. Ҷаъфари псих гуфтай Зиёдулора моне. Зиёдулло як муттаҳаму дуруябози худозади иғвогарай.
Ва, дар ин қисмати суҳбатҳояш Аҳлиддини Худойбердӣ, муовини раиси ноҳияи Рудакӣ, баъд аз онки мардум дар группаи Ватсап ба сараш мешуранду пули фиристода ва ҷамъоварикардаашонро мепурсанд, «нарм» мешавад, чун мефаҳмад, ки аз ҳадду андоза берун шудааст, гузаронидааст. Мутаваҷҷеҳ бишавед, ки чиҳо мегуяд ва бо чи тону бо чи тембр:
«Инҷа интернет безебай, ана масъалае, ки бачаҳо камтар ҷушидестей, бачаҳои ёш хай саломат бошед. Ман ай ҳиҷки хафа нестум, ма ай худум хафаюм, ки бисёри корора ай пеши худум кардум. Мардум хаёл кардай, ки эй ҳама сад фоиз. Вақте ки дар ҳамин карта мо дидем, ки масала масалаҳои ҷиддӣ мешава, вақте мо қати Қувват маслиҳат кардем да ду моҳда ҳисоб кардем 57300 буд, ҳамааш ҳастай 57 ҳазору чанд буд, ки ҳамин мисол мо гуфтем ба ихели пул агар равад мумкин да ду сол ё се сол баъд як миллион ё ду миллион пул шавад. А проекте, ки дар ферма мешуд нишону парчам нақшаи ҳамин таҳкурсиш 700 ҳазор сомон буд. Ина Қувват медонад ҳамаша. Вақте ки мо ҳисоб кардем дар карти мо 130 ҳазор ҷамъ шудагӣ буд. Баъд ман гуфтум, ки дига ин карта ободонӣ неву касе чизе бихоҳа ай барои Худо партояд. Барои ки ман нақшаи стадиона дидум, нақши стадион худуш қариб 2 миллион сомон мешавад, парчаму нишон якуним миллион мешавад, 700 ҳазорша якум ман ҷудо кардум, кардем. Баъди ин ман гуфтум карта дига мардум пул мепартод намепартод саломат бошад, касе метияд ихтиёраш».
«Вақте ки мардум намефаҳма баъзеш, мардум неву да Роҳатӣ 2430 хонаҳай, ай 2430 хона ҳамагӣ 17 хона гап задаву зиду бетарафу муқобил буромадестиян, саломат бошан. Ман ай ягонтат хафа нестум, бо гуфтестам.
Ман медонум и ҳақорату дашному бадбинию ҳисси бегонапарастии шумо ай шумо нестай, и ай қадимулайём омадагияй, Роҳатида. Бегонапарасти худкушед шумо, мардуми Роҳатӣ. Ира ҳамат медоне нағз. Ба ҳамин хотир ман аз ягонтаи шумо хафа нестум. Ман ина Қувват қати любой время гапу кормон ҳастай. Ман ина ҳозир омадум ина Қуввата гуфтум, ки ягон гап нестай ҳамиҷа. Карти Қувват худуш медона файрод карданша, ки ту мисол вайӣ коргарай. Куҷоеда корда ба наздикӣ меброя. А бача шумо я чира нафаҳмида мехезе. Қувват чува рафт?. Карим ман тра мегум я бори дига Қувват барои чи рафт, Қуввата чува гирифтед, Худойбердия вая манъ кард, ту ин гапота да ҳамун оина худта нигоҳ карда як ду бор баъд гав зан. Ман тура гапома гуфтагиюм».
Баъд у ҳақоратои мара тамоми дунёдам паҳн кун, ман да у ҳақоратоям ҷавоб метам. Ма ҳама чизи тра детализатса дорум».
«Вақте ки шумо я чира намедоне бародаро ҳадаҳа нашавед. Мо картара нагуфтем, ки барои фоидаи я кас мешавад. Вақте ки балнитса зиёда аз 4 миллион сомон мешава ман гуфтум ба и картаву ба и ҷанҷолу ба и пула доду клеткорӣ ягон кори мо пеш намеравад.
Иҷа ма ҳози да Роҳатӣ даҳта объект кардестам. Даҳта объект средни як миллион сомонӣ ҳисоб куне, ина даҳ миллион сомон худуш обектояй. Дар ягон ҷои ҷумҳурӣ даҳ обект да я деҳа нест. Шаҳру ноҳияҳода се обект доран. Ҳамин обектое, ки мо ҳастай дар шаҳру ноҳия яктай. Шаҳрай ё ноҳияй якта дора. Мо дар як деҳа даҳта ҳамин хелин обект кардестем, барои ки ободӣ пешравӣ, барои худнамоӣ нестай бародар. Барои ҳамин ай пеши худтон дар бораи мову Қувват ихели тема накуне, раиси маҳаллада тема накуне. Раиси маҳалла ихелӣ гуфт, фалонӣ ихели кад.
Раиси маҳалла, биё кадомет раиси маҳалла шавед, биёе пешниҳод куне, ман раиси маҳалла монумтона. Ман ина Қуввата гуфтум биё раиси маҳалла монумта я шаш моҳ кор кун, Қувват не гуфт. Ман гуфтум биё ма тра раиси маҳалла монум ҳамин корора пеш бар. Мебашед, кадомет раиси маҳаллагира намедонед, накардед, баъд о дарду ғамша худтон медоне, чи хели мешава. Вақте кор кне баъд медонед. Биёе кадоме мехоҳед раиси маҳалла монумтона».
«Ба ҳамин хотир ин гуруҳ ихелӣ барои ҷанҷолу барои бадбинии якдигар, ҳақоратгуиву худнамоӣ нестай. Одамои бамаданият, баақл ҳиҷ вақт дар группа омада и гапора такрор намекард. Ма ку ҳамуҷа дромадум чизе гуфтум, дар ҳамун галасавоям кардум, открити кардум, гуфтум, ман медонум, ки гапа мана запс мекардан, мепартофтан. Ман гапома открита гуфтум. Чизе мекне намекуне барои ободию сарбаландии гуфти чизо деҳа, чизе мекуна мардум барои худаш мекуна. Ягон нафара, ягон каса маҷбур кардагӣ нестай, ки ту биё ҳамиҷада ҳамин кора кун. Мо ина гапомора гуфтем. Мехоҳем групара махкам мекуне групара давом метие, дар ҳаминҷа дига Қуввата қуш накунед, раиси маҳаллара қуш накуне, мора қуш накуне. Касе ободкорӣ мекунад, чи коре мекуна худуш кардан гира. Ягон кас ягон каса фишорам наовардай, корам надорем. Кадоме мора ақорат кадай, кадоме мора бадбинӣ кардай саломат боша. Як калимаи хубай, ки таваккалуш ба Худо! Ай ягон кас на хафаем, на меранҷем. Хай мардум гапзанай, ин хел гапоша мезанад, мо ай паси гап намегардем»
«Ана охирон сухани ман ҳамики Қувват ҳозир ҳисоб китоби пула ҳамаша мекуна, чанд сум пул шудагияй дар куҷоҳай пуло? Барои 150ҳазори русӣ будай. Бисёртар мардум аз паси парда патпат мекардиян. 150 ҳазори русиям дар ҳамун ҷои даркориш ҳастай. Ина Қувват мега, ки ман худам мемонам 150 ҳазора. Хай ин баъзе корое ҳастай, ки Қувват худуш медона чи гапай. Ягон кас ягон суми ягон каса нахурдай, ихели гапам да ягон ҷо дуюм бор назанед. Да фалонҷо Нурмаҳмад гирифтӣ 35 ҳазор фалон. И сиёсати давлата баъзет намедонӣ, ай дур гап назане. Камера супориш буд, супориши ҳукумати ҷумҳури ҳамаҷода буд, ки дар маҳаллаҳо оиди безапасност меган- амниятӣ камера задан. Барои мусуркаҳо оянда камера мезанан, кучаҳода ҳамашда бояд камера шавад. Чи маблағе, ки Нурмаҳмад раиси маҳалла гирифтагияй ҳамаш қайд шудагӣ, имзову печат қатӣ. Ягон кас ҳавои а ягон кас сад сум гирифтагӣ нест. Ҳамаша меброя раиси маҳалла ина ҳамин Қувват қатӣ мешина, эшони Юсуфхон мешина ҳисобкитоб мекуна, дар ҳамин группа видео мепартоянд. Ман да ин группа дига нестум. Ман ина нав омадум дромадум, ки майдона холӣ дида будиян. Мардум баромада бисё сахт кардай, баромадои ғаразнок. Хай аку баромадтона бародаро худтон медонед, чи хели ҳастай нестай. Худтон, тантон сиҳат бошад, саломату сарбаланд бошед».
Мо инҷо фақат навори садоҳои Аҳлиддин Худойбердӣ, муовини раиси ноҳияро қаламӣ ва катбӣ кардем. Навори садоҳои сокинон ҳам дар дасти мо ҳаст, аммо ба хотири амнияти онҳо аз пиёда кардани онҳо худдорӣ варзидем. Аммо муҳтавои ин суҳбатҳо ин аст ки роҳбарияти ноҳия ва бахусус муовин ва раиси маҳалла дар Роҳатӣ мардумро террор карда истодаанд, ҳам истиқоматкунандҳо ва ҳам муҳоҷиронро, ки пул партоянд.
Муовини раис ва раиси маҳалла ҳарду бародаронанд ва аз оилаи Худойбердиевҳо ва ба назар мерасад нафаре бо номи Қувват ҳам ҳамроҳи онҳо аст. Аммо ин мардум даъво доранд, ки пулҳои фиристодаи онҳо дуздида ва ба фоидаи ашхоси алоҳида хароҷот карда мешавад.
Чанд навори аудиоӣ, ки дар дасти мо ҳаст, далели ин гуфта мебошад. Дар асл ин мардум аз раиси маҳалла Нурмаҳмад, яъне бародари Аҳлиддин Худойбердиев домангиранд.
Навори суҳбатҳои видеоии Аҳлиддин Худойбердиев ҳам дар дасти мо ҳаст, ки инҷо пешкаши шумо мешавад. Маълум аст ки ин наворҳои видеоиро муовини раиси ноҳия бо Қувват баъди он сабту паҳн карданд, ки мардум хест, гуфт пули мо куҷо шуд, бароед ҳисобот диҳед. Инҳоро қаҳрашон кард. Аз пули мардум камераҳо харида дар қишлоқ, дар роҳҳову кучаҳо, дар ҳамаҷо мезадаанд. Ҳоле, сабр кунед, дигар дар кучаҳоямон гашта наметавонем. Фақат гапаш ҳамин: иғвогарӣ накунед, хоинӣ накунед, ман намояндаи давлат, ман намояндаи Ҷаноби олӣ.
Ва,дар ниҳояти матлаби мазкур мехоҳем ба чанд нукта ишора кунем. Якум ин ки чаро мардум барои асфалти роҳ, майдони нишону парчам ва камераву беморхона пул диҳад? Чаро? Магар ин масъулияти давлат ва ҳукумат нест?
Дигар ин ки ин ҳама бебандуборӣ ва ин ҳама тохтутози мардум аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалӣ, намояндаи Ҷаноби олӣ дар таги фуку зери манаҳи Рустаму Озодаву Раҳмонов мегузараду онҳо хабардор намешаванд?
Ё шояд онҳо худашон чунин дастур супориш медиҳанд? Чуноне ҳамин Аҳлиддин Худойбердӣ дар ҷо-ҷое аз суҳбатҳояш ба ин ишора мекунад, ки «ин кори давлат аст, сиёсати Ҷаноби олӣ аст, баъзеҳо намефаҳманд».
Хуб, ҳоло баъди интишори ин номаи муфассали мардуми Роҳатӣ бубинем, ки кадом вокунише аз тарафи Рустаму Озодаву Раҳмонов сурат мегирад ё хайр?
Сипос ба бародарони Роҳатӣ,ки ба мо ҳама ончи гузашт ба Ислоҳ фиристоданд. Мо ончи ирсол намудаанд тақдими шумо кардем. Ҳатман садоҳо ва наворҳое ирсол шудаанд онҳоро дар навори ин матлаб мебинед.