Нашри навбатии «Семейканюс» аст. Ин бор «қаҳрамон»-и барнома Дилшод Ҷуразода, яке аз дигар рафиқони Рустами Эмомалӣ аст. Дилшод ҳам мисли Хуршеду мисли Шоҳрух ба Рустам ва Эмомалӣ Раҳмонов «прямой доступ» дорад ва яке аз наздиктарин дӯстони Рустам аст ки пулу сарвати ҳангуфт ва дастрасии мустақим ба хазинаву байтулмоли давлат дорад. Хуб, ҳоло Дилшод ва шарҳи ҳасби ҳолоро дар қисмати охири барнома мемонем. То онҷо аз хабарҳои ҷолибе хоҳем гуфт, ки дар дигар ҷо пайдояшон намекунед, илло дар«Семейканюс».
Резаахбори «Семейканюс»
Шамсулло таксиҳои Душанеро ҳам тасоҳуб кард
Бинобар хабарҳои расида кор дар бозори мусофиркашонии пойтахт барои таксистҳои Душанбе бисёр ҳам душвор шудааст.
Барои онки гапро ба дарозо накашем, мухтасар мегуем. Аз тобистони соли гузашта ширкати нави таксӣ бо номи «Эко-таксӣ» вориди саҳна шуд, бо чорсад электромобил. Ин ширкат, бинобар маълумотҳои дарёфтӣ ба «Фароз» ва аз руи қавли дигар ба худи Рустам тааллуқ мегирад. Ин ширкат дар асоси дастури Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе бо баҳонаи гузариш ба иқтисоди сабз ташкил шудааст. Маълум аст, ки бо чорсад таксӣ ҳеҷ касе ба ҷуз аз аъзои оила вориди бозори таксӣ намешавад.
Нафаре, ки маълумотро ба мо расонид, худаш таксист аст. Ин таксист менависад, ки «Эко-таксӣ» аз «Фароз» аст ва бозори таксӣ дар Душанберо «захватит» кард. Бинобар навиштаи ин бародар ё шояд хоҳар Фароз агар нафарро дар кор бо мошини шахсӣ ҷалб кунад ҳар рӯз он таксист муваззаф аст ки 100 сомонӣ бипардозад. Ва нуктаи муҳим инҷо ин аст ки сад сомониро бояд қабл аз кор баромадан, яъне сари субҳ ва ё бегоҳи рӯзи пеш пардохт намояд. Ва ин ширкат ба ин мошин рақами 9090 медиҳад.
Вале дар бархе аз расонаҳо, аз ҷумла «Озодӣ» ишораҳои пушида мешавад, ки ин ширкат шояд ба Рустами Эмомалӣ тааллуқ дошта бошад:
«Ронандагон мегӯянд, мушкилоти нав баъди ба бозори таксиҳо ворид шудани ширкати «Эко Такси» бо рақамҳои 90-90 пайдо шуд. Ин ширкат дар соли 2024 корро сар карда, шурӯи фаъолияташ дар саҳифаҳои шаҳрдории Душанбе таблиғ шудааст. Молики ширкат феълан маълум нест.
Баъзе аз ронандагон мегӯянд, пас аз баркандани рақамҳояшон аз нозирони БДА мепурсанд, ки акнун чӣ кор кунанд ва дар посух мешунаванд, ки «ба ширкати 90-90 равед». «Охир, ман чӣ хел ба ширкати 90-90 равам? Ман дар ин ҷо пул супоридаам, аз бонк қарздорам, ҳозир боз 10 ҳазор сомонии дигар дар он ҷо бурда бояд супорам?» – мепурсад Шуҳрат, яке аз таксиронҳои “Рахш Такси».
Бар асоси як қарори шаҳрдории Душанбе «аз моҳи июни соли 2024, бояд ҳамаи ширкатҳои таксӣ дар Душанбе то моҳи сентябри 2025 тамоми таксиҳояшонро ба мошинҳои барқӣ ё электромобил табдил диҳанд». Яъне бо фишори шаҳрдор ширкатҳои дигар аз кор дар бозори мусофиркашонӣ берун карда мешаванд. Ва баҳона номери сабз аст ки барои ГАИшникҳо дастур шудаст, ки ба ҷуз аз ин ранги дигарро нагузоранд дар ҷодаҳои Душанбе пайдо шаванд. Воқеан ҳам чи бепусту руянд ин тоифа, ки чашму дили гушанашонро ба ҳамин пул духтанду бастанд.
Ҳар рӯз таксиҳои шахсӣ кам шуда истодааст. Чунки дигар «ход» нест. Маҷбуранд, ки Русия раванд. Вале агар мошини худи ин ширкати Эко-таксиро аренда бигирӣ бояд рӯзона аз 230 то 260 сомонӣ мепардозӣ.
Агар дар дигар ширкатҳо масалан ширкати111 ё ширкати Олуча-Авто, ширкати Рахш таксӣ кор кунӣ, ки онҳо номерҳои зард доранд, он номерҳоро дар раҳу ру гаишникҳо мекананду мегиранд. Дигар ин мардум намедонад додашро ба куҷо гуяд. Бояд номери мошин ранги сабз бошад ва номери ранги сабзро фақат «Экотаксӣ» медиҳад.
Хуллас, ҳар коре мекунанд, ки ҷойи рӯзбароии мардумро пахта пур кунанд ва ба ҳадде ин авлод гушна будааст, ки ҳатто пули роҳкирои таксиро ҳам ғасб карданду аз худ карданд.
Хуршеди Мирзо ва моҷарои харидории Челси
Хуршед Файзуллозода Мирзо, директори Оҷонсии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон ва аз муассисони ширкати «Авестогрупп», кошелёк ва аз наздиктарин дӯстони миллиардери Рустами Эмомалӣ дар садади харидории командаи Челси ва туҳфаи он ба шоҳбача баромадааст. Садоқат, ҷонфидоӣ, сарсупурдагӣ нишон диҳад, ки дигарҳо накарда бошанд ва карда ҳам натавонанд. Вай рағбати Рустам бо футболро хуб медонад. Хуршед мехост, ки ин тими гароназишро бар ивази се миллиард доллар харидорӣ ва дар рӯзи аввали кори Маҷлиси Миллӣ, ки Рустам дигарбора раёсати он ро ишғол кард инъом намояд. Мо, дар мавриди онки Хуршед бо мақомоти Челси дар ин бора кадом гуфтушуниде анҷом додааст, хабари мувассақ дар даст надорем. Аммо ин нияти Хуршеди миллиардер, баъд аз онки Эмомалӣ Раҳмонов мефаҳмад ҷомаи амал намепӯшад. Хуршед, ки интизор меравад баъди омадани Рустам ба курсии президентӣ ба яке аз мақомоти калидӣ дар ҳукумат бирасад танҳо барои онки «шаҳбачча»-ро бисёр ҳам сахт хурсанд созад чунин «иқдом гирифта буд». Манбаъ гуфт, ки» «калон гуфтай, ки девонаен чиен? Шумо ҳозир ира мехарен мебиёен, ман тамоми давлато мерам талбиданӣ, сум мегирам, мебиём баъд меган сум надорум мега леки командаи семиллиарддолларагирешона бине».
Аммо Хуршед кам наомада истодааст. Фирмаеро бо номи IT Park кушода шуд. Ин яке аз иқдомҳои оғозини Хуршед дар мақоми наваш аст.
Дар ташкили ин IT Park, маблағҳои калон чун ҳар вақта аз ҳисоби бюҷаи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҷудо шуд, ки бештари онҳо аллакай ба суратҳисобҳои махсуси бародарон Мирзоевҳо рафт. Аммо огаҳон мегуянд, ки дар он IT Park ягон чизи нав нест.
Хуршед Файзуллозода Мирзо, бори аввал нест, ки нақшаҳояш пеши калон намегузарад. Вай қасд дошт, ки Талкро аз дасти Ҳасан Асадуллозода бигирад, ки боз ҳам Калон мухолифати шадид кардааст. Ҳоло намедонад боз киро шиканаду тиҷораташро гирад. Гуфтааст, ки ин Муҳаммадиқбол сахт зарараш расид. Камтари дигар хап мекард, Ҳасани ишкамбаро «ма ҷо ба ҷо мекадм, ба бигзор мегуфт гапоша. Хай ҳиҷ гап не, ма чизера гуфтам мекнм. Рустам бе иҷозати ма тувалет намера. Ма дараки Ҳасанака мерам», гуфтааст.
Манбаъи мо мегуяд, ки Хуршед рост мегуяд. Рустам натавонист роҳбар шавад: «умуман гапи худша надора. Нав я гап мега, ки Шорух ай ису, Хуршед ай усу, Дилшод аз суни худш, дигариш бо ай я ҷои дига».
Тахмина бошад бизнеси Ҷураевҳоро чен кардааст. Дилшод ва Даврон Ҷураевҳоро, ки Формула 55, Бизнесинкубатор, Фонди ба ном хайриявии Музаффар,ТАЧММА ва дигар самтхо аз онҳост, нияти гирифтанро дорад. Мехоҳад ба Зарифбек ё Шерзоди ҳевараш диҳад. Тахмина гуфтааст, «ки и сағераҳо хела хурдан, вақти бизнеса доданшон омад. Фармон додаст, ки агар ба хубӣ тиян, тиян, агар не тагшона ковен, бе камбудӣ нестан».
Давлаталӣ Саид ва шиму костюмҳои вай
Бинобар маълумотҳои расида Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ҳануз ҳам дар хариди шиму костюм ва туфливу галстук аз маблағи дигарҳо истифода мекунад. Манбаъи мо мегуяд, ки костюму шими Давлаталӣ Саидро аз Маскав, аз як аз бозорҳои ин шаҳр роҳӣ мекунанд. Тақрибан ҳар ҳафта як костюму брюкаш роҳӣ мекардаанд. Ин нафарон, ки ба Давлаталӣ Саид сарутан мефиристодаанд, ба чанде аз вазирони дигар ҳам ҳамингуна хушхидматӣ мекардаанд. Афзун бар ин инҳо ҳукуматиҳои ба Маскав меомадаро встречат мекунанд, бо меҳмонхона таъмин мекунанд ва дар роҳи баргашт барои бачаву арусу дигар аъзои хонаводаҳояшон туҳфаҳо мехаридаанд. Номи ин нафарон, ки ба Давлаталӣ Саид шиму костюм мехаранд, пеши мо ҳаст Аммо ин бор ифшо намекунем ва изо намедиҳем.
Давлаталӣ Саид аз хешовандони Эмомалӣ Раҳмонов аст, ки чанд сол муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон буд.
Ғарғара
Сухан аз Абдураҳмон Аламшозода аст: «катагии ура бину ура хонаву дару дангу дунги ура бину, гавзан ҳозир ҳамунай. Да ҳамаҷоҳо Бузмакай. Яҷода садик кадестай. Садики у мардака задай я шата. Я гектар замини ҳамунуҷара гирифта садик сохтестай. Худуш супориш додагияй да ҳамун друни Ғарағара, наздики раҳи калонда. Я гектар замина садик кестай Бузмак барои кудакои Ғарғара».
Раҳмонов гуфтааст, ки ҳар кадомеат бикунед. «Мо аз будикҳо (манзураш хуҷандиҳо) чи камем. Ҳар боре меравам аз пешина ободтар кардаанд».
Нақшаашон ин аст ки Ғарғара район ва Данғара вилоят мешавад. Ғарғара аз Данғара 10 километр фосила дорад. Аҳолиаш эҳтимол 10 -12 ҳазор бошад. Биноҳои се-чорэтажаро лағат карда сохта истодаанд. Роҳи калони ба тарафи Кангурт мерафтагиро ҳамаашро парк карданд. Парке,ки на дар Кулоб ва на дар Қурғонтеппа нест. Боз чанд гектар заминро гирифтаву майдони Нишону Парчам кардаанд. Як парчами сӣ- чил метра. Бинои боҳашамати поликлиника, интернат барои 1000 нафар, мактаб барои 1000 нафар. Ҳамааш замонавӣ. Интернатро командир Раҷабалӣ Раҳмоналӣ пушонида истодааст. Чунки ҳамаи инҳоро, чи хеле гуфтам Раҳмонов супориш додагӣ аст. Садикро чи хеле гуфтем генерал Бузмаков (Аламшозода). Мактабро ҳам кадоме аз ҳамин соҳибмансабҳо сохта истодааст. Паркро Сафар Назир, мақоми Агентии захираҳои моддӣ ва хариди давлатии амвол. Ин парк аз панҷ гектар ҳам зиёд масоҳат дорад. Дар дарунаш ҳавз, лодка савор мешавӣ, боз як майдон барои пешвозгирии Калон сохта истодаанд. Фаттоҳ Сайиду Шоҳрух ҳам дар Данғара як беморхонаи панҷошёна сохтагианд. Дар ошёнаи панҷуми он, ки ҳама дарҳояш аз ҷубҳои хориҷӣ ва ҳама маҳсулоташ аз Итлияву Хитойю Туркияву Эрон оварда шудааст, чанд кабинету ҷойи отдих махсус барои Рустами Эмомалӣ сохтаанд.
Ҳоло Данғараро нагу. Данғара тамоман дигар шудааст. Инҷо меоӣ, бо даҳ соли пеш тамоман қиёс карда намешавад. Инҷо маркази вилоят мешудааст.
Бузи Эргашқишлоқ ва ҷангҷоли Амриддин бо додари Зоир
Дар моҳи марти имсол дар Эргашқишлоқи Қурғонтеппа, тарафҳои Сангтуда як мусобиқаи калони бузкашӣ ташкил шуд. Онҷо човандозҳои зиёдеро фаро хонда буданд. Аммо тамоми солиму ҷоизаҳоро фақат аспи чанд нафар:-Рустами гунгак, ки мукичаҳояш барои президентӣ лак зада шудааст, Исмоили пингвин, Амриддин Нахшов гирифтанд. Човандозҳо ин тараф медавонанду он тараф медавонанд аммо мошинро аспи Рустам мепартояд. Боз мебинӣ, ки аспи додари Зоири мундуқ, шавҳари Фируза, духтари калони Раҳмонов, падари Исмоили пингвин аз суи дигар аспҳои бачаи холааш ба марра «мерасанд»-у ҷоиза мегиранд. Дигар мардуми бечора, ранги даҳани амак. Хулоса, фақат ҳамин чанд нафару боқиҳо, човандозҳо ҳам тамошобин ва дар бузкашӣ ҳам ин авлод ҳама чизро захват кард.
Дар як мусобиқаи бузкашӣ дар Восеъ, ки баъди бузкашии Эргашқишлоқ доир шуд, бештари мошинҳоро аспи додари Зоир партофт. Амриддин Нахшов сахт бадаш омаду аз шиддати ғазаб зад бинии човандозро шикаст. Човандози дигариро заду маъюб кард. Тоҷиддини човандозро заду даҳону биниашро ғарқи дар хун кард, Вафо палвонро заду сарашро даронд, чунки аспҳои Амриддин натавонистанд мошин партоянд. «Чида аспои ман напартофту шумо патофтен»?
Амриддин Нахшов додарҳои Зоирро намонд, ки дар як бозии дигар иштирок кунанд. Байнашон баҳсу даъво дар гирифт. Мезанад ҳар як аспи садҳазордоллара меғалтад. Задзаду човандозҳои додари Зоирро аз мусобиқа канор андохт. Ин човандозҳо таға-Зоиру додарҳояшро назди Рустам давонданд, то ки Рустам иҷозат диҳад, ки онҳо ҳам тавонанд иштирок кунанд. Хуллас, ба Рустам баромаданд. Рустам тарафи Амриддини бачаи холаш гуфтааст:- «аспои мара нарас дигарш таваккалаш ба худо».
Амриддин Нахшов дар бузкашии бойбаччаҳо рэкети рақами 1 аст. Амриддин ҳиҷ надошта бошад 70-80 асп дорад, ки нархи аспи аз ҳама пасташ 50 000 доллар аст. Дар Ҳисор, дар Данғара, дар Советский, кутоҳи гап, дар ҳар куҷо биравад, аспҳои худаш саривақт мерасад. Аспҳои тозии вай аз садҳазор доллар болоанд
Бешак шумори аспҳои Рустам зиёданд. Як асп дорад бо номи «Бошукуҳ». Дар ҳамон бузи Эргашқишлоқ ду бор мошин партофт. Ягон кас ҷуръат намекунад, ки аспии ӯро биқапад.
Дар сабқате, ки аспҳои вай иштирок мекунанд, интернетро қатъ мекунанд, съемка мумкин нест. Ин аспи ӯ аз Қирғизистон оварда шудааст. Дар Эргашқишлоқ шаш мошини аз садҳазор доллара боло монда буданд. Ин мошинҳоро бизнесменҳоро грузит карда буданд, онҳо хариданд.
Худи Рустам дар бари боло меравад дар болои кат мешинад. Ягон 50 ренҷровер дар гирдаш ҷамъ. Дар буз ҳар кадоме аз онҳо, маслан Исмоили пингвин, масалан Акбари Ҳуаксин, масалан Амриддин ва дигару дигараш, ҳар кадоме кати алоҳида ва тими худро доранд ва дар панҷ-шаш точка майдонро тақсим кардаанд.
Қаҳрамони асосии ин шумораи Семейка
Ва, ҳоло омадем ба бахши хотимавии ин нашри Семейка, ки гуфтем ба Дилшод Ҷуразода, яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ бахшида шудааст. Хонандаҳои ҳамешагии мо огоҳанд, ки як чунин ваъда дода будем, ки бо даст додани имкон дӯстони Рустам, яъне аъзои ҳайати ҳукумати ояндаро бо шумо шинос мекунем.
Дар чанд шумора дар бораи Хуршеди Мирзо навишта будем. Иттифоқан дар ин шумора ҳам дар борааш дар «Резаахбор» маълумоти расидаро пешкашатон кардем.
Дилшод Ҷураев кист?
Ҷуразода Дилшод Музаффар 10 ноябри соли 1987 дар Душанбе дар оилаи зиёии серфарзанд таваллуд шудааст. Дар шарҳи ҳоли ӯ, дар портали Бизнесинкубатор омадааст, ки вай соҳибкори тоҷик, витсе-президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мудири муассисаи давлатии «Бизнес-инкубатори Тоҷикистон»— «Муассисаи давлатии ташаккул ва соҳибкории Тоҷикистон», муассис ва аъзои Шурои мудирони ширкати 55 GROUP мебошад.
Яъне Дилшод ҳамсоли Рустам аст, як моҳ аз Рустам пеш ба дунё омадааст. Аммо вай ба фарқ аз Рустам на дар қишлоқ, дар пойтахт-Душанбе ба дунё омадааст. «Бачаи шаҳрӣ». Бачаи шаҳрӣ, ки бошӣ, ҳатман бояд «шустряк» бошӣ ва приёму методҳои пулкоркуниро зудтар омухта бошӣ. Чун дар шаҳр, ки аз хона бадар шудӣ, пул кор дорӣ ва Дилшод ҳам дар ин васат истисно нест. Буи пул ӯро ба командаи Рустам овард. Вай пулро аз тариқи технолгияҳои нав кор кард, аз интернет истифода бурд ва дуздиро бо роҳи зоҳиран қонунӣ — қимор вориди кор кард. Бизнесҳои Рустамро аз дигар роҳ аз дигар самт пеш мебарад. Ва, хуб ҷоеро ҳам барои пулёбӣ ва ҳам барои карйера сохт. Рустам, ки криша ва доляшарик бошад, дигар он тараф ҳамааш осон.
Дилшод Ҷуразода, Донишгоҳи миллиро бо ихтсоси ҳуқушинос ва Донишгоҳи русву тоҷикии маъруф ба Славянский университеро хатм кардааст. Дар аввал дар шаҳр букмекерский контораҳои «Формула 55»-ро кушода мардумро расо ғорат ва бомж кард. Аз суми ҳароми аз қиморхонаҳояш ҷамъ карда аввал ба Шоҳрух часпонду кошелёк шуд, баъд через Шоҳрух ба Рустам часпонд.
Дилшод Ҷураев, ҳозир дар Федератсияи футболи Тоҷикистон, муовини Рустами Эмомалӣ мебошад.
Дилшод Ҷураев, бо ҳамроҳи бародари калониаш Ҷураев Даврон бо кумаки падараш ру ба тиҷорат овард. Падараш замоне, ки дар ҳаёт буд, онҳоро насиҳат мекард, ки мо мардуми бо фарҳангем, ҳеҷ вақт худро ғуломи камсавод ё бесавод накунед. Манзур аз ин гуфтаҳои Ҷураев Музаффар (марҳум падари Дилшоду Даврон) он буд, ки ин оилаҳои аз дашти қипчоқ омада чи тавре, ки омаданд, ҳамон хел боз мераванд, шумо бояд бо диққат бошед. Инҳоро фақат ва фақат бо пулу мол метавонед наздик кард. Ҳамин хел ҳам шуд. Бародарон Ҷураевҳо бо ҳар роҳ бо Рустам часпонданд.
Даврон замоне, ки дар Русия буд, дар гостинный двор-меҳмонхонаи ҳукуматии Тоҷикистон ба тиҷорати наркотик сахт машғул буду аз он маблағҳои калон ба даст овард. Чуноне гуфтем ибтидо онҳо нуқтаҳои букмекерии Формула 55 кушоданду фоидаҳои калон бардоштанд. Мардуми зиёд аз дасти ин қиморхонаҳои онҳо бе хонаву дар монданд. Бинобар маълумотҳои таъйидношуда ҳатто бархеҳо, ки муфлису хонасалот ва муътоди бозӣ дар букмеркерсики контораи формула 55 шуданд, нияти куштани онҳоро карданд, аммо чун дар пушташон Шоҳруху Рустам буд, боз қафонишинӣ карданд.
Даврон дар чандин ҷойҳо гуфтааст, ки мо кошелёки баччаи Президентему моро ҳиҷ кас кордор намешавад. Баъдан боз чандин мағозаҳо монанди «I,m different» ва дигарҳоро кушоданд.
Аслан ин муассисаи давлатии Бизнесинкубатор як чизи тақлидӣ ва барои Тоҷикистон нодаркор аст. Ин гуна ниҳод дар кишварҳоии рушдкарда муносиб аст. Офиси онро дар соли 2018 бо иштироки Раҳмонов кушоданд. Қароргоҳи он дар ошёнаи аввали ширкати хайётии Гулистон, ки ба соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов тааллуқ дошт, дар хиёбони Теҳрон воқеъ аст. Буҷҷаи Бизнес- инкубатор аз ҳисоби давлат аст. Бизнес-инкубатори Дилшод як идорае аст барои шустушуи пулҳои дуздӣ ва ғоратшуда истифода мешавад.
Азбаски Дилшод васила ва шеваҳои пулёбиаш бар асоси афёра ва найранг бунёд ёфтааст, барои вай муҳим аст ки суратҳисобҳои таҳти ҳимояти давлат дошта бошад, то дигар ниҳодҳо ба он чашма ала накунанд. Ҳоло тақрибан 10 сол мешавад аз таъсису ташкили он. Касе намепурсад, ки ин ниҳод ягон натиҷа дод, чи даст овард дорад, чи пуле ба фоидаи давлат овард. Шумо худ қазоват кунед, ки нафаре, ки қиморхонаҳо дорад ва дар сари ҳазорҳо ҳазор тоҷик об рехта зиндагиашонро ба хоки сиёҳ шинонидааст чи гуна боз роҳбари муассисаи давлатӣ мешавад ва барои мардум ва давлат холисона кор мекунад? Тамоми зиндагиаш, ки бар асоси фиребу афёра ташаккул ёфтааст.
Лозим ба тазаккур аст, ки ҳама дӯстони наздики Рустам чи Хуршеди Мирзо, чи Акбари Ғулом ва чи Дилшоду дигару дигар ҳама амалан бизнесменанд, аммо бизнесҳои онҳо аз ҳисоби пули давлат аст. Ва ҳар кадоме аз онҳо ба навъи худ дузданду ғоратгар. Аммо Дилшод хеле дигартар аст ва такрор ҳам шавад ӯ тафовут дорад ва мешавад ӯро бо Мавродӣ ва МММ-и вай муқоиса кард. Аммо Дилшод барои Рустам ва шустушуи пулҳои аз роҳи ғайриқонунӣ ба дастовардаи вай бисёр ҳам шахси зарурӣ аст.
Баъзеҳо мегуянд дар ҳоле, ки дар давлат вазорати иқтисод ва савдо ва дигар институтҳои лозима ҳаст, ин гуна нағмабозӣ монанди Бизнесинкубатор чи лозим? Модари Ҷураевҳо, ки як муассиса бо номи «Мультикид» дорад, маълум нест, ба чи машғул аст. Аз руи баъзе маълумотҳо дар онҷо нафарони лаёқатмандро интихоб карда бо онҳо мавзуъҳои махсусро дар бораи сохти имрӯзаи давлатдорӣ меомӯзонидаанд.
Аз руи баъзе маълумотҳои таъйидношуда инҳо хоҳони тағйири сиёсати Тоҷикистон ҳастанд. Дар ҷавонон тарбияи чи хеле худи модари Ҷураевҳо мегуяд, қишлоқигиро гум карда мардумро барои талаби ҳақи худ омодасозӣ мекардаанд.
Як рафиқ нақл мекунад, ки аввалин бор бо Дилшод дар Аврупо ҳамсуҳбат мешавад. Дилшод бо ҳайати ҳамроҳони Эмомалӣ Раҳмонов ба Аврупо омада буд.
Ин рафиқ гуфт, ки ба назар мерасад дар ин охирҳо Дилшод як каме дилсард шудааст. Аввалҳо пуштибонӣ аз ҳукумат мекард вале ҳоло мегуяд, ки «безор шудам аз сумдиҳӣ». Вай ба назар орому сода аст. Аммо нисбати Рустами герчик ва Шоҳрухи гейнерал бисёр маълумотҳо дорад. Дар бораи Шоҳрух зиёд гапҳоро медонад. Бо Хуршед Мирзоев он қадар хуб нест. Айни замон бародарон Ҷураевҳо бо бародарон Мирзоевҳо конкурентҳои ашаддианд.
Хуршед Мирзоев гуфти гапҳо барои Дилшод помех будааст. Пулҳои калонро Дилшод ба воситаи фирмаҳои модараш баровардагиву бароварда истодааст.
Дилшод дар як маҳфил гуфтааст, ки «сахт безор шудагиам. Боз Исмоилаш баромадаст. Бо иша доляша те». Ҳар моҳ доляи Исмоилро дар чамоданча бурда дар ҳудуди супермаркети Ашан, ки онҷо офис доранд, медиҳад.
Аммо, инҳо шояд гапе беш набошанд. Чунки Дилшод аз ҳисоби Рустам миллионҳо кор карда истодааст ва баъид аст ки дасти нондеҳи худро бигазад.
Дӯстии ин ду мақоли халқии «дузд дуздро дар шаби маҳтоб шинохтааст»-ро ба хотир меоварад.
Дар 12уми моҳи марти соли 2023 Дилшод Ҷураев дар Дубай яке аз бузурггтарин варзишгоҳҳо (UFC Gym) дар Иморати Муттаҳидаи Араб, балки Ховари миёнаро сохта ба истифода дод. Масоҳати ин варзишгоҳ дар 2500 метри квадратӣ доман густардааст. Ҳоло савол ин аст, ки ин варзишгоҳ барои шайхҳои араб, ки оруғашон тиллову нуқраву атсаашон доллару евро аст чи зарурат дорад? Маълум аст, ки ин варзишгоҳ варзишгоҳи худи Дилшод нест ва бинобар маълумотҳо онро Рустам барои Исмоили пингвин заказ додааст. Масорифи он чи ҳаҷмро ташкил кардааст, маълум нест. Аммо гуфта мешавад, ки фақат барои хариди замини он 35 миллион доллар масраф кардаанд. Вале баъзеҳо мегуянд, ки на 35 миллион, балки 350 миллион.
Худи Дилошод дар сафҳаи фейсбукиаш он замон навишта буд, ки «Мы три года упорно работали над этим важным событием, и, к счастью, этот день настал. Мы надеемся, что спортзал принесет пользу обществу своими уникальными тренировочными программами, подготовленными известным брендом UFC, но как предприниматели мы должны работать над качеством и сервисом, стандарты в ОАЭ намного выше, чем в Центральной Азии!»
Молики расмии ин варзишгоҳ фирмаи FIFTYFIVE GROUP аст, ки ҳамчун Гурӯҳи 55 дар соли 2011 дар Тоҷикистон сабти ном шудааст ва гуфта мешавад, ки дар ҳайати он 20 ширкат, ки дар арсаҳои маводи ғизоӣ, молия, сайёҳӣ, варзиш, авиатсия ва истеҳсоли либос фаъолият мекунанд, шомил аст. FIFTYFIVE GROUP ҳамчунин соҳиби то имрӯз ягона ва аввалин Оҷонсии консалтингии Multikid Education Consulting аст ки хадамоти фиристодани донишҷуҳои ба хориҷи кишвар аз ҳисоби давлатро бар уҳда дорад ва гуфтем, ки раҳбари он модари Дилшод Ҷураев мебошад.
Аммо, онҳо, ки аз Дилшод ва тиҷоратҳои вай огоҳӣ доранд мегуянд, ки манбаъи асосии даромади вай ҳамоно Формула-55 яъне контораи букмекерӣ-қиморхона аст. Аз чанд сол ба ин су Дилшод бо мусоидати Рустам тамоми рақибонаш аз ин тиҷоратро аз саҳна дар тамоми Тоҷикистон берун кард ва ҳоло Формула 55 дар аксарияти навоҳӣ ва марокизи шаҳрҳои калони Тоҷикистон шуъбаҳои худро дорад. Ин ба истилоҳ тиҷоратро монополия кардааст.
Даврон Ҷураев , бародари калони Дилшод Ҷураев клуби муҳорибаҳои омехта- ММАро дар Тоҷикистон кушодааст. Бародарон Ҷураевҳо фонди хайриявии Музаффарро, ки ба номи марҳум падарашон мондаанд, кушоданд. Аз номи он фонд хайрҳо мекунанду гуё бо ин васила номи худро баланд мебардоранд, барои худ имиҷ месозанд. Баъзеҳо мегуянд, ки бародарон Ҷураевҳо аллакай дар ҷамъи тарафдор ба худ, аз бародарон Мирзоевҳо ва ҳатто аз Рустам ҳам гузаштаанд. Агар интихобот шавад Ҷураевҳо яқин Рустамро мегузаранд.
Як нуктаи дигар, ки инҷо мешавад ишорат кард ин аст ки ҳама дӯстони наздики Рустам, ки онҳоро ба ҳукуматаш оварданист, миллиардеранд ва аз буи пулу сарват масту девона шудаанд. Инҳо бо ин вазъу ҳол, мардуми тоҷики умдатан муҳоҷирро, ки барои се –чор ҳазор доллар солашонро ба поин мебаранд, чи гуна муносибат мекарда бошанд?
Ва аммо хабарҳо аз он ҳикоят мекунанд, ки вақтҳои охир Тахмина Раҳмонова тиҷорату движенияҳоия Ҷураевҳоро таги чашм кардаасту бояд гирад. Ҳозир хапу дам муайян карданӣ, ки «ку чандқа молу пулу чиз доранд ва дар куҷоанд ин пулҳои нақдии онҳо» рафта истодааст. Модари Даврону Дилшод роҳбари Мультикид дар Душанбе буда низ зери назорати мақомоти СС қарор дорад ва гирдашон хат кашидаанд….