чаро масъалаи барқдуздӣ то ин ҳад ҷиддӣ шуд
Агар бар ин назару андеша бошем, ки Раҳмонов иллал ва авомили дуздӣ ва тороҷу ғорати неруи барқ дар Тоҷикистонро намедонад, сахт иштибоҳ кардаем. Раҳмонов маълумоти яқину саҳеҳ ва лозимро дорад, вале тавре тазоҳур ва вонамуд мекунад, ки барқдуздӣ ба ҳадде аз ҳадду андоза берун рафт, ки ниҳод ва идораҳои имрузӣ натавонистанд пеши роҳи онро бигиранд ва вай ночор шуд дар чавкоти қонун ва ҳукумат тағйироти ҷиддитареро ворид кунад. Меъёри алоҳида, дар қонуни ҷиноятии кишвар, ки то 10 сол зиндонро дар назар дорад ва ниҳоди алоҳида, ки махсус ба назорати масрафи неруи барқ машғул хоҳад шуд, ҷорӣ ва таъсис дода шуд.
Аммо, мо ва шахсан худи ман мутмаинам ва бар ин боварам, ки дузди асосӣ худи Раҳмонов аст. Вале, ба хотири чапғалат ва фиреб додан ва ба гумроҳӣ кашонидани афкори умумӣ ва бахусус Бонки ҷаҳонӣ, ки солҳост системаи барқи Тоҷикистонро таҳти контрол дорад, даст ба амалҳое зада истодааст, ки битавонад ҷиноятҳои барқдуздии худро бори дигарон кунад.
Манобеъи огоҳ мегуянд, ки намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, ки аз соли 2021 ба ин су раҳбарии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқи Тоқикистон»-ро бар уҳда дорад, тули фаъолияти беш аз чаҳорсолааш маълумотҳои зиёдеро гирдоварӣ ва дар қолаби як парванда ба идораи марказии худ фиристодааст.
Ҳануз дар соли 2023 Ивайло Стоянов, ки ба намояндагӣ аз Бонки ҷаҳонӣ раҳбари ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқи Тоқикистон» таъин шудааст, дар моҳи феврал як нишасти хабарӣ доир карда ошкоро изҳор дошт, ки ба «Талко» бо нархи ночиз, ҳамагӣ 7 то 9 дирам фурӯхтани як киловатт -соат неруи барқ дар ягон меъёр дуруст намегирад. Ин намояндаи «Бонки ҷаҳонӣ» гуфт, ки барои «Талко» минбаъд чизе бештар аз 15 дирам муқарарр карда шуд.
Мо, маълумоти кофӣ дар ихтиёр надорем, ки «Талко» баъд аз ин суҳбатҳои ҷаноби Стоянов бо нархи иваз ва болошуда пардохт кард ва ё мисли пешина?
Аммо суҳбат аз «Талко» кардани намояндаи Бонки ҷаҳонӣ беҷиҳат набуд. Вай дурусту дақиқ пай бурд, ки дар Тоҷикистон ҳукумат худаш барқи аҳолиро дуздида истодааст ва далели рушани он ҳамин вогузории ба истилоҳ «имтиёз»-и беҳадду марз ба як корхонае аст ки фоида ва даромади онро танҳо оилаи Раҳмонов дар шахси Ҳасан Асадуллозода, бародарзани Раҳмонов дида истодааст. Ҳамчунин ҳамин ҳайати коршиносону кормандони Бонки ҷаҳонӣ маълум намуданд, ки Корхонаи металлургии Тоҷикистон –корхонаи муштарак бо Чин, ки Шамсулло Соҳибов, домоди Раҳмонов раҳбари он аст низ бо нархи поинтарин неруи барқ масраф карда истодаааст. Ин ду корхона солона садҳо миллион кв.соат неруи барқи мардумро бо нархи ниҳоят ночиз масраф мекунанд. Ва ин гуна имтиёзро барои онҳо раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов додааст.
Аммо, бо вуҷуди онки ин ду корхона ба арзонтарин қувваи барқ, ки дар худи Тоҷикистон дефитсит аст, дастрасӣ пайдо кардаанд, дар феҳристи қарздорони «Барқи тоҷик» дар ҷойи аввал қарор доранд. Қарзи имрӯзаи «Талко» дар назди «Барқи тоҷик» 570 миллион сомониро ташкил мекунад ва танҳо дар як соли охир ҳаҷми ин қарз ба 100 миллион афзудааст!
Мо шубҳа надорем, ки сангинтар кардани муҷозот барои дуздии барқ, ки ҳоло ба як маъракаи густардаи таблиғу ташвиқ дар расонаҳои расмӣ бадал шуда ва хабарҳое аз боздоштҳову дастгиршавиҳо ба нашр мерасанд, дархости Бонки ҷаҳонӣ аст ки гуфтем бахше аз соҳаи энергетикии Тоҷикистон «ҶСК Шабакаҳои тақсимоти барқ»-ро мудирият мекунад. Бонки ҷаҳонӣ яке аз сармоягузори асосӣ аст ки садҳо миллион доллар сармоя гузоштааст.
Масъули ин ниҳод ва ҳайати ҳамроҳони вай тарзе мудирият мекунанд, ки гуё бехабаранду аз чизе бу набурдаанд. Вале бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳама ошуфтагиҳову беқарориҳои Раҳмонов, ки ҳар касеро дар вазифа таъин кунад ҳатман масъалаи барқдуздиро ба вай гушнишон мекунад, муҷозоти сахттар таъин карду идораи махсус сохт, шак надошта бошед, ки тактаки найрангҳои Раҳмонов дар сирқат ва ғорати барқро ошкоро ва ифшо кардааст. Ҳамин намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар суҳбате дигар иброз медорад, ки танҳо дар ду ноҳияи ҳамсояи Душанбе 40% неруи барқ «талаф» мешудааст ва вай аз вуҷуди ҳолати зиёди «мертвие душӣ» ҳамчун истеъмолкунандаҳои барқ гап мезанад, ки маълум нест онҳо киҳоанд, агарчи барои худашон маълум кардаанд, ки дузд ва дуздони асосӣ киҳоянд ва ин ҳарфи 40% талаф ё ҳамон потерия дуруғи руирост будааст-яъне перепис-изофанависӣ дар аснод.
Як баҳсе паноҳӣ ва пушида байни ин намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар симои роҳбарияти «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Раҳмонов давом дорад. Онҳо занҷираи дуздиҳоро ошкор намудаанд, ки рафта ба оилаи Раҳмонов мерасад.
Бинобар маълумотҳои ба дасти мо расида ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷ аз Тоҷикистон ва бахусус ба Афғонистон ва Узбекистон аз ончики эълон мешавад, фарқи калон дорад ва ин тафовутро ҳам дар парвандаи фиристода ё гузориши роҳикардаи намояндаи бонки ҷаҳонӣ дарҷ ёфтааст.
Маълум нест, ки намоянди Бонки ҷаҳонӣ, ки раёсати Шабакаҳои тақсимоти барқи Тоҷикистон яке аз се шохаи ҷудошуда аз ширкати «Барқи тоҷик»-ро бар уҳда дорад дар бораи ба ҳисобҳои оффшорӣ мунтақил шудани пулҳои аз содироти барқро ҳам дар гузоришаш тазаккур дода бошад ё не, аммо усулу шеваҳои дуздӣ, ба шумули додани имтиёзҳои ғайриқонунӣ ва дар ихтиёри наздикони Раҳмонов будани ин системаро таъкиди хос кардааст.
Мавриде, ки намояндаи Бонки ҷаҳониро дар ин васат бисёр ҳам ноумед ва хашин кардааст ин аст ки ончиро, ки ӯ расман эълон кард, натавонист иҷро кунад. Ва, ҳамоно Талко, ки манфиатбари он, чуноне гуфтем оилаи Раҳмонов дар шахси додараруси вай Ҳасан Асадуллозода мебошад, яъне фоидаи онро пурра мегиранд, ҳамоно нисфи нархи барои аҳолӣ ва чанд баробар поинтар аз дигар муассисаҳои истеҳсоливу тиҷоратӣ ва ҳатто масҷид, як муассисаи фарҳангӣ пардохт мекунад. Яъне Раҳмонов имтиёз барои Талкоро қатъ накард. Ва, бадтар аз ин ҷойи онки солбасол ҳаҷми қарзҳояшро кам кунад, афзуда истодааст.
Мусалламан Раҳмонов аз ин гузоришу ҳисоботҳо огоҳӣ дорад. Барои ҳамин бо сахт кардани қонун ва ниҳоди нав ташкил кардан даст ба як навъ чораҳои превентивӣ, пешгирикунанда зада истодааст, гуё аз ҳеҷ чизе дарак надорад. Ва пешниҳоди муҷозоти сангинро ҳам пазируфт, ҳамчуноне ҳарсола нархи фурӯши барқро 15-20% боло мебарад. Аммо мехоҳад худро спасат кунад ва ҷинояти худро бори дигарон созад.
Ҳануз чор соли пеш як ниҳоди махсусеро бо номи Хадамоти назорати давлатии энергетика ташкил карда буд: Госэнергонадзор, дар наздаи вазорати энергетика ва захираҳои об. Тули ин солҳо ин ниҳод чи корҳо кард ва чи қадр талафот-потерияро ифшо ва чанд нафар дуздонро ошкор кард, мо намедонем. Вале дар ин авохир, баъд аз онки Раҳмонов аз сахттар кардани ҷазо барои барқдуздӣ хабар дод ҷаласа доир карду аз баъзе корҳо гуфт ва дар портали худ ҷараёни ҷаласаашро мунъакис кард, ки мо аз он як иқтибосе меоварем.
Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ :
Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи якуми соли 2025
10 апрели соли 2025,
«Дар давоми моҳи марти соли ҷорӣ дар ҶДММ “Ориёи Колхозобод”, воқеъ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ муайян гардид, ки ҷамъияти мазкур тавассути се адад истгоҳҳои трансформаторӣ бо тавоноии умумии 7300кВА (1х1000 кВА, 2х 3150 кВА) энергияи барқро бе ҳисобгираки барқӣ ва ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи соҳа барои дастгоҳҳои майнинги коркарди криптоасъор истифода намудааст, ки дар натиҷа ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар маҷмӯъ ба миқдори зиёда аз 81 млн. кВт х с ба маблағи зиёда аз 110 млн. сомонӣ зарар расонидааст. Инчунин дар шаҳри Левакант муайян гардид, ки ҶДММ “Паймонаи Заррин” (7,1 млн. кВт х с ба маблағи зиёда аз 9,9 млн. сомонӣ) ва ҶДММ “Сементи рушди Хатлон” (6,4 млн. кВт х с ба маблағи зиёда аз 9 млн. сомонӣ) низ энергияи барқро бе ҳисобгираки барқӣ ва ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи соҳа барои дастгоҳҳои майнинги коркарди криптоасъор истифода намудаанд, ки дар натиҷа ба миқдори зиёда аз 13,5 млн. кВт х с ба маблағи зиёда аз 18,9 млн. сомонӣ зарар расонидаанд. Ҳамзамон санҷиш дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Истаравшан низ истифода гардидани энергияи барқро барои дастгоҳҳои майнинги коркарди криптоасъор ошкор намуд, ки зарари расонидаи онҳо низ миқдори зиёда аз 366 ҳ.кВт х с ба маблағи зиёда аз 465 ҳ.сомониро ташкил медиҳад.
Таҳқиқоти «Ислоҳ» аз ин гузориш инро муайян кард,ки ҶДММ «Ориёи Колхозобод», воқеъ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз наздикони Ҳасан Асадуллозода аст,ки барқро барои тавлиди Биткойн ва гардиши он истифода бурдааст. Инчунин «Паймонаи Заррин» (7,1 млн. кВт х с ба маблағи зиёда аз 9,9 млн. сомонӣ)ҳам марбут ба бародари Ҳасан Асадуллозода аст. Метавонем бигуем ҳама дуздиҳое дар В.Хатлон сурат гирифта дақиқан ба Ҳасан Асадуллозода ва наздикони ӯ марбутанд. Диққат диҳед хасорат ва ё дуздии ҳама аҳолӣ ба 465 ҳазор сомонӣ вале ончи марбут ба Ҳасан Асадуллозода ва бандаи ҷиноятпешаи барқдузди ӯ буда ба миллионҳо сомонӣ мерасад.
Ҳамзамон мутахассисони Хадамот дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ зиёда аз 40 ҳолати қоидавайронкунии муштариёнро ба маблағи зиёда аз 1 млн сомонӣ ошкор намуда, чораҳои дахлдор андешидаанд.
Инчунин санҷиши Прокуратураи генералӣ бо ҷалби мутахассисони Хадамот дар Шабакаҳои барқии ш. Ваҳдат 5,2 млн сомонӣ, дар н.Рӯдакӣ 0,5 млн сомонӣ ва дар н. Шаҳринав 1 млн сомонӣ ҳолатҳои изофанависии нерӯи барқро дар суратҳисоби муштарён, қисми зиёдашон аҳолӣ мебошанд, ошкор намуданд. Корбарӣ дар ин Шабакаҳои барқӣ идома дорад».
Яъне Хадамот мехоҳад бигуяд, ки кор кардааст ва дуздони барқро ҳам ба даст афтондааст.
Вале ҳоло Раҳмонов Агентии назорати давлатӣ бар энергетикаро дар назди Президенти Тоҷикистон таъсис дод. Ин дуруст монанди Агентии зидди коррупсия ва Палати ҳисоб аст ки ҳарду як функсияро иҷро ва адо мекунанд. Масрафу махориҷи ин ниҳодҳои такрорӣ магар аз кадом ҳисоб аст? Таъсис ва ташкили як ниҳоди махсус барои ҷилавгирӣ аз дуздиву тороҷ шудани маблағи истифодаи қувваи барқ нишон медиҳад, ки масъала ва мушкилӣ саҳлу сода нест. Афзун бар ин таъкиди Раҳмонов ба масъулону маъмурон баъди қабули меъёри алоҳида дар қонуни кайфарии Тоҷикистон,ки аз 27000 сомонӣ то 10 соли зиндон барои дуздии барқро пешбинӣ мекунад, ки ба ин мушкл таври ҷиддӣ муносибат кунанд, низ бар ҷиддӣ будани масъала далолат мекунад.
Вале бори дигар мегуем, ки ин ҳама ҳангома асту воҳима. Агар мушкил ин қадар ҷиддӣ буда бошад, чаро то ба ҳол муваффақ ба ҷилавгирӣ аз он нашуданд? Чаро Хадамоти назорати давлатии энергетика, ки аз таъсиси он ҳоло чор соли пурра нашудааст, натавонист масъаларо ҳал кунад, боз як ниҳоди дигар чи маъно дорад? Бо Агентӣ ташкил кардан ва онро дар назди худи Президент мартаба додан магар масъала ҳал мешавад? Дар хабар омдааст,ки «Маблағгузории Агентӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ, суратҳисоби махсус ва дигар сарчашмаҳо бо мувофиқаи Вазорати молия анҷом дода мешавад».
Магар Хадамоти назорати давлатӣ аз ҳисоби буҷҷаи ҷумҳурӣ амал намекунад? Магар кормандони ин Агентии навтаъсис, ки гуфта мешавад аз 157 нафар иборат будааст ,нафарони аз сайёраи дигаранд ва онҳо қодиранд, ки аз гиребони Ҳасан ва Шамсулло бигиранд? Ҳасан, ки Исмати дулик нест? Ҳамин тавр не? Чаро Раҳмонов масъалаи қарзи корхонаҳо дар назди ширкати Барқи тоҷикро ҳал намекунад? Талко соли 2023- 470 миллион қарздор буд, соли 2025 ин рақам ба 570 расид ва ин ширкат давоми сол 100 миллион зиёдтар қарздор шуд. Чаро ин масъаларо матраҳ намекунад? Чаро ин масъаларо мушкил намеҳисобад?
Чунки ин масъала ҳам бармегардад ба худаш. Худаш ин масъаларо таври дигар ҳал мекунад. Борҳо шоҳидаш будем, ки бо як қарори ҳукумат қисме аз қарзҳоро мебахшад. Чаро? Бо як имзо масалан 300 миллионро списат мекунанд аммо барои 200- 300 сомонии гуё дуздеро «қама» мекунад. Ҳамаи инҳо аз чизҳои дигар дарак медиҳанд ва шаку шубҳаҳоро меафзоянд. Ростӣ шубҳаангез нест, ки агар мақсад пешгирӣ аз тороҷу барбоддиҳии пули халқ бошад, мақсад агар ҷамъоварии пули неруи барқ бошад, чаро ин миллионҳо списат мешавад?
Саволи асосӣ ин аст ки дуздии қувваи барқ –электроэнергия дар Тоҷикистон чаро аз байн намеравад ва оё дар воқеъ ин аҳолии кишвар аст ки неруи барқро тариқи ғайриқонунӣ истеъмол мекунад, яъне медуздад? Ва ё дуздии неруи барқ аз тарафи корхонаҳо сурат мегирад?
Ин ҳама ваҳму воҳима кардан ба хотири чист? Раҳмонов дуздҳоро ёфтанист, ошкор ва пайдо карданист ва ё баракс пушониданист, бори дигарҳо карданист?
Ҳамаи инҳо касро ба шакку гумону шубҳа мебарад, ки ҳадафи воқеӣ мумониат ва ҷилавгирӣ аз дуздии барқ аст ва ё инки қасду ниятҳо инҷо ҳам нопоканд, пулкоркунӣ ва дуздони асосиро кришават кардан аст?
Раҳмонов мехоҳад бо гунда кардани дуздии барқ дуздии худаш ва наздиконашро пинҳон созад.
Барои Ҳасан Асадуллоев дар истифодаи барқ чи қадар имтиёз дода шудааст ва агар ҳисоб кунем, ки аз соли 2005 ин тараф фоидаи Талкоро танҳо Ҳасан мебинад пас аз барқи арзон чанд миллиард доллар фоида кардааст?.
Неруи барқ дуздӣ не, ғорат шуда истодааст. Аз рӯи характеристика ё худ намуди ғоратшавӣ бармеояд, ки ингуна ғоратро танҳо шахси аввали кишвар ва ё афроди наздик ба ӯ метавонанд анҷом диҳанд.
Ҳукумат метавонад, ки бо зурӣ нақшаи даъватро иҷро кунад, аммо чаро инҷо дар масалаи барқ ноком шудааст? Масалан Оҷонси назорати давлатӣ барои даъват ташкил намекунаду зурӣ ба зурӣ иҷро мекунад, аммо инҷо ташкил мекунад. Бале, таги думи худаш тар аст? Дуздии таги саргини хар аст, ки ру задан дорад.
Бовар кунед, ки ин «иқдом»-ҳои Ҷаноб шубҳабарангез аст. Халқ онгуна, ки ҳангома ва воҳима мекунанд барқро намедуздад ва агар инҷо мушкил халқ буд хеле барвақт ҳал мешуд. Пас масъала ва мушкили дуздии барқ ҳамоне аст ки гуфтем. Инҷо барои исботи гуфтаи худ ба унвони мушт намунаи хирвор чанд иқтибосе аз навиштаҳои қаблии «Ислоҳ» меоварем то итминон ҳосил кунед,ки дузди асосӣ худи Раҳмонов ва нафарҳои давру бари уянд:
« Манбаи мо мегуяд: «Инҳо танҳо як қисми дуздиҳояшонро ба сари мардум мезананд, аммо қисми асосӣ ва аслиашро ба сари нассосҳо. Масалан агар нассосс 1000 киловат-соат зада бошад дар санадҳо 2000 кв менависонанд. Барои онки як киловат соати насос 12 дирам аст. Аз аҳолӣ бошад 26у 51 дирам. Мисол маблағи 1000 киловат-соати аҳолиро ҷамъ мекунанду мехуранд, аммо мисле, ки 1000 киловатро аҳолӣ истифода набурдаву нассос истифода бурд, мегиранду дар гардани нассос 2000киловатро мезананд. Ҳисоби ин ду баробар мешавад, аммо аз нисф зиёди маблағ ба ҷайби Билолзода меравад. Яъне 50дар 50 мезананд. Аз они аҳолиро бори нассосҳо мекунанд.»
«Аммо дар пушти Билолзода Умедҷон Озода Раҳмон меистад. «Таға»- «криша»-и асосиаш ҳамон аст ва ҳамон дар ин мансаб монда буд. Аммо ҳиндуҳо назорати ҷамъияти саҳомии «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-ро дар августи соли гузашта гирифтанд ва 17 августи соли 2022 таҳти фармони №390 Билолзода Умедҷонро Раҳмонов сабукдуш кард.»
«Шумо фикр мекунед, ки мақомоти тафтишоту назорат, масалан ҳамин Хадамоти назорати давлатӣ, Прокуратура, КГБ, Палатаи ҳисоб, ВКД, Агентии зиддикоррупсия аз ин ҳама дуздиву қллобиву порахорӣ дарак надоранд? 100дар100 хабар доранд, балки метавон гуфт, ки ҳамдаст ва шарики ин ҷиноятҳоянд. Онҳо меоянд «коефитсиент»-и худро мегиранд, як каме ҳалолу ҳаром камбудиҳои ҷузъӣ «ошкор» мекунанду мераванд. Аз 20 то 30.000 доллар ришва мегиранд.»
«Дар шаҳри Душанбе ҳар як контролер дар линияи худаш ошхонае, ресторане дорад, ки он счетчик надорад. Назоратии барқ мустақим меравад дар номаш «средний» ҳисоб мекунад. Масалан:10.000 сомонӣ ҳисобкунак кор мекунад. Назоратчӣ 5000 сомониро ба давлат ва 5000-ро ба ҷайби худаш мезанад. Ин кор бо соҳиби ресторан гапзанон карда мешавад. Албатта, соҳиби ресторан ҳам манфиат мебарад, зеро амалан агар ҳисобкунак насб кунад маблағи масрафи ошхона ва ё ресторани вай ҳадди ақал 13-15.000 сомонӣ мешавад. Барои ҳамин ин «гапзанон» ба фоидаи мудири ресторан ҳам ҳаст.»
«Вазъият дар шабакаҳои тақсимоти барқи вилояти Хатлон бадтар ҳасту беҳтар не. Раиси шабакаҳои тақсимоти инҷо Маҳмадраҳим Соҳибов, бародари Зоир Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст. Вай ҳам «бақияпулӣ»-и беҳад зиёд ба номи аҳолӣ навишта маблағҳои ҷамъоваришударо хурда истодааст. Дар ин вилоят нассосҳо барои обёрии заминҳо зиёд аст. Яке аз шеваҳои дуздии пули барқ аз тарафи ин бародари Зоир он аст ки пулҳоро ба сари нассосҳо бор мекунад.»
Мисол пули 10.000 ё 20 ва ё ҳатто 100.000 киловатро медуздаду дар сари нассосҳо мезанад. Нархи истифодаи киловат-соат барои аҳолӣ 26,51 вале барои нассосҳо 12 дирам аст. 10.000 киловат -соатро аз ҳисоби мардум ҷамъ мекунад, 5.000 сомониашро месупорад 5000-и дигарашро дар сари нассосҳо мезанад. Агар 5000-ро ба нархи масрафи нассосҳо тақсим кунӣ 10.000 кв-соати хурдаашро мепушонад.100.000 киловат 26.510 сомонӣ мешавад вале барои нассосҳо ин нарх як баробар кам мешавад-12000 сомонӣ. Боқии онро медуздад».
Ин иқтибосҳоро шумо метавонед аз матолиби мунташираи Ислоҳ бо ин суроғаҳо ба таври муфассал мутолиа кунед:
Ширкати «Барқи тоҷик”-ро кӣ ғорат мекунад?» https://isloh.net/shirkati-bar-i-to-ik-ro-k-orat-mekunad/ 02.09.2020
Бо ин барқдуздони «Барқи тоҷик» то соли 2036 лимит ҷорист.10.01.2023
https://isloh.net/bo-in-barqduzdoni-barqi-tojik-to-soli-2036-limit-jorist
Кӣ дуруғ мегуяд: Эмомалӣ Раҳмонов ё ширкати «Барқи тоҷик»?
26.01.2023 https://isloh.net/ki-durugh-megujad-jemomali-rahmonov-yo-shirkati-barqi-tojik
«Барқи тоҷик»-ро на танҳо «ОИЛА» Сарвазир ҳам ғорат дорад02.11.2023 https://isloh.net/barқi-toҷik-ro-na-tanho-oila-sarvazir-ham-ғorat-dorad
Имтиёзҳои оила аз барқ дар амал ин ғорату дуздии қонунӣ аст. Имтиёз ё ҷинояте дар ҷомаи қонун.
Имтиёз яъне чи? Ин имтиёз аз ҳисоби кӣ ҷуброн ва пардохта мешавад? Дар ҳоле, ки барои халқ, соҳиби ин ҳама молу мулк, нарх боло бурда мешавад, ба ин халқ соҳиби ин ҳама молу мулк, дар 7 моҳ барқ дода намешавад, чаро ба як корхона, ки фоидааш ба киссаи одамони алоҳида меравад имтиёз дода мешавад? Вақте чиз намерасад, дефитсит аст, кам аст чи гуна онро бо имтиёз медиҳӣ? Инҷо агар манфиати шахси Раҳмонов набошад пас чист? Ин имтиёз бо пули кӣ пушонида мешавад? Бо пули масҷиду бо пули кохи фарҳанг? Ё бо пули прянику печенипазу бо пули нонвоиҳову музадузу сартарошҳо? Аз кадом ҳисоб.
Раҳмонов агар бидонад, ки идомаи курсии вай ба интихобот ва интихоби мардум вобаста аст, ҳеҷ гоҳ ин гуна имтиёзҳои беинсофона ва ноадолатонаро ба наздиконаш намедиҳад, чун ҳукумати баъди вай савол мекунад.
Раҳмонов бо додани имтиёз барои домоду бародарарусу дигарҳояш шароити зиёдтари даромад ва фоида карданро медиҳад. Агар манфиатбари Талко ва корхонаи металлургӣ Ҳасан ва Шамсулло намебуданд Раҳмонов чунин имтиёзро фароҳам намекард.
Худи ширкати «Барқи тоҷик се тақсим шуд». Ҷои онки фоидаовар бошад бештар зиёнбор шуда истодааст? Чаро?
Магар ниҳоди нозири дуздиву ғорат кам буд? Ниҳодӣ изофӣ сохтан масъаларо ҳал мекунад? Ин ниҳоди навтаъсиси дурустии имтиёзҳои додаи Раҳмонов ба хешу таборонашро ҳам муҳосаба ва баровард мекунад?
Имтиёзи додаи Раҳмонов ба онҳо дар амал ва асл ҷиноят дар ҷомаи қонун аст ва зиёни он аз зарари дуздони барқ маротибаҳо бештар аст. Раҳмонов фақат ва фақат барои аъзои оилаи худаш имтиёз медиҳад. Имтиёз, яъне чӣ? Имтиёз бояд аз якҷое дигар ҷуброн, пардохт ва баргардон шавад. Аз куҷо? Аз боло бурани нарх. Ҳоло ба нархи воқеъӣ бингаред, ки аҳолӣ чанд мехарад? Додани имтиёз дар молу маҳсулоте, ки дефитсит аст ин ҷинояти иқтисодӣ нест?
Додани имтиёз аз дуздии барқ чи фарқ дорад?
Чаро имтиёзро Ҳасан Асадуллозода мегирад аммо мардум саҳмия мехараду боз муттаҳам мешавад.
Имтиёзи Раҳмонов ба Ҳасан Асадуллозода ва Шамсулло Соҳибов ба сари худ як ҷиноят аст. Вақте як дарсадии муайян кам кунад, хуб гур бар сараш бигуем имтиёз. Аммо вақте ҳатто ними нисфи нархи барои аҳолӣ нарх муайян мекунад, ин имтиёз аст ё чизе дигар? Мешавад ин имтиёзро имтиёз гуфт. Ин дуздӣ аст ки онро дузди дуздон дузди давлату ватан додааст.
Пас Раҳмонов киро зиндон мекунад? Барои осон шудани кори Раҳмонов боз аз яке аз навиштаҳои пешинаи «Ислоҳ» як иқтибоси дигар меоварем ва бо ин иқтибос иллати чун сарлавҳагузории ин матлабро ҳам мефаҳмонем:
«730 ҳазор сомони Литсейи Ҳасан Асадуллозода аз барқ қарздор аст Ва ҳоло боз як маълумоти ҷолиби дигар дар бораи Ҳасани ишкамба. Ҳасан дар Душанбе литсей- мактаб хусусӣ дорад. Дар ин мактаб як шиноси ман кор мекунад. Вай ин ҳикоятро ба ман кард. Гуфт як рӯз аз Идораи барқ контролерҳо омада сими свети литсейро буриданд. Гуфтанд, ки ин мактаб аз барқ қарзи зиёд дорад. Ман дар кор будам. Хиёл кардам, ки бисёр бошад 3000 сомонӣ будагист. Аммо баъд фаҳмидам 730.590 сомонӣ мактаби Ҳасан аз барқ қарздор будааст. Ин пулро ба доллар баргардонем 64.000 доллар мешавад. Ин шиносам нақл кард, ки аммо ғайричашмдошти ҳама баъди ҳамагӣ 2 соат омада светро пайваст карданд. Мегуяд боз «қизиқаш» инки қарзи 730.590 сомонии мактаби Ҳасанро аннулироват карданд. Яъне Ҳасан Асадуллозода ягон сум ба свет надода бошад ҳам аммо счетчикро 000000 карданду бахшиш пурсида рафтанд. Ана инро мегуянд дуздии руирост ва ана инро мегуянд, ки суиистифода аз мақом. Ана барои чӣ ширкати «Барқи тоҷик» ин қадар қарздор мешавад. Албатта, ин сумҳоро ба сари халқи Тоҷикистон мезананду аз камбағали бечора «бақия» ном мегузоранду мегиранд. Наход Ҳасан бо ин ҳама дороиву кату кут суми барқи истифода бурдаро намесупорад? Боз дар ин мактаб кудакҳои худаш ҳам мехонанд». Раҳмонов мехоҳад фазоро тира созад ва гуноҳи худро, ҷинояти худро бори мардум карданӣ аст. Барои ҳамин ҳарчи бештар дорад ин масъаларо барҷаста ва ҳангома ва воҳима карда истодааст. Ёдатон бошад чи гуна Созмони байналмилалии пул(МВФ) дуздиҳои Раҳмоновро чанд соли пеш ошкор карда буд ва ин муассисаи молиявӣ то қарзҳояшро наруёнд бо Раҳмонов ҳамкорӣ накард. Ман мутаминам, ки ба Раҳмонов зур омад ё зур оварданд, ки як чунин ниҳодеро ташкил кунад. Аммо дер ё зуд ҳама чиз ошкоро мешавад.
Маълум аст, ки ҳаҷми дуздии неруи барқ дар Тоҷикистон дар ягон гушаи дунё нест. Аммо ин на ба он маъно аст, ки бояд як идораи алоҳида ташкил намоӣ то пеши роҳи ин дуздиро бигирад. Ин ниҳод, ҳатто агар худи Эмомалӣ ва ё Рустам ва ё Озода раисаш шавад ҳам пеши роҳи ин дуздиҳоро гирифта наметавонад. Чунки дузди асосӣ худи Раҳмонов ва наздикони ваю мақомдорони ӯ мебошанд. Чи гуна дузд дуздро дошта ба орган месупорад? Хулоса ва пусткандаву рукандаи гап ин аст,ки ташкили ин ниҳод, айни ташкили Оҷонси мубориза бо коррупсия аст ки ставкаи пораву ришватро сад маротиба боло мебарад ва ниҳоди мазкур ҳам як дузди дигар дар канори дигар мақомоти дузди ҳукумати дузди Раҳмонови дузд хоҳад шуд.