Мактаб ё пулбозор ва ё чаро муаллимони МТМУҳо аз талабаҳо пул мегиранд?

Ислоҳ нет

Соли таҳсил дар макотиби мутавасситаи Тоҷикистон ба охир расид. Муҳассилину муаллимон ба таътили тобистонӣ мераванд. Волидон ҳам барои муддате аз «ташвиш»-ҳои вобаста ба мактаб фориғ хоҳанд шуд.

  Вале, имсол низ дар дародарои таътили тобистонӣ ҳам хонандаҳо, ҳам омӯзгорон ва беш аз ҳама падару модарҳо бо сахттарин проблемаи мактаб мувоҷеҳ шудаанд. Барои он «имсол низ»-инро махсус таъкид кардем, ки ин проблема солҳост, ҳадди ақал чоряк аср аст ки ҷараён дорад. Агарчи борҳо, ҳам дар расонаҳо ва ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҷеъ ба ин проблема зиёд мегуянду менависанд, вале он бидуни вақфа ва тағйироте дар охири ҳар соли хониш таборуз мекунад. Сухан аз таъмири макотиб ва «ремонтпулӣ» меравад, ки чуноне гуфтем, солҳост дардисарҳоеро барои падару модарҳо ба вуҷуд овардааст.

    Солҳои пеш дар таъмири мактаб падару модарҳо мувофиқи тавон саҳм мегузоштанд ва миқдори маблағ ҳам гарон набуд. Агарчи хоҳишӣ ҳам набуд, вале зӯракӣ ва иҷборӣ набуд.

Вале тайи чанд соли ахир вазъият тамоман дигар шудааст. Ситонидани «ремонтпулӣ» аз падару модарҳо маҷбурӣ ва зӯракӣ ва ҳаҷми маблағ ҳам таъиншуда аст. Ва,дар пардохти маблағ ҳеҷ талаба ва волидае, ҳатто, агарки бар фарзе аз қишри «камбизоат»-и ҷомеа бошад, ки давлат имтиёзҳоеро барояш қоил шудааст,истисно нест:-агар мактаб нархи «ремонтпулӣ»-ба сари ҳар як талабаро 50 сомонӣ муқаррар карда бошад ва ё 100-у 150  ва ё бештар аз ин, бояд ҳатман бипардозад.

Албатта, ин кор тибқи қонун нест ва ҳеҷ падару модар уҳдадор нест, ки таъмири бинои мактабро маблағгузорӣ кунад. Ин падидаи маснуӣ кори дасти масъулони соҳаи маориф аст, агари вазорати маорифи Тоҷикистон борҳо инкор кардааст, ки кадом «ремонтпулӣ»е вуҷуд надорад, вале вақте дар тамоми кишвар аз Душанбеву Хуҷанду Бохтар гирифта то дурдасттарин навоҳии мамлакат садои эътирозҳои ғазабноку хашмолуди падару модарҳо ба гӯш мерасад, бо боварӣ метавон хулоса кард, ки «ремонтпулӣ» аз ҳисоби мардум вуҷуд дорад ва беш аз ин ин қарор аз «марказ» иттихоз шудааст. Вагарна на мудири мактабу мудири маорифи ноҳияву вилоят ва на аслан муаллимон ҷуръат нахоҳанд кард, ки аз талаба пули таъмири мактаб талаб кунанд. Ин кор як амали ҳисоб ва ҳамоҳангшудаи ҳукумати Тоҷикистон аст. Фақат инки амру дастуру фармони катбӣ содир нашудааст. Вале бидуни тардид марказ водор мекунад ва манотиқ дилпурона аз ҷайби мардум пул гирифта истодааст.

Ва, ин пули андаку кам ҳам нест. Бинобар маълумотҳои расмӣ феълан дар макотиби мутавасситаи Тоҷикистон ду миллионe сесадҳазор талаба таҳсил мекунад. Маблағи «ремонтпулӣ» барои мактабҳо аз 50 сомонӣ то 250 сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳоло мо на 50 ва на 250, балки 150 сомониро ҳамчун маблағи миёнаи ремонтпулӣ фарз кунем  ва бо ин 2 миллиону 300 ҳазор шумори хонанда зарб занем ин рақам дар сол  ҳудуди 400 миллион сомонӣ мешавад. Яъне ана ҳамин миқдор маблағи бузургро аз кисса ва ҳисоби мардум давлат барои таъмири бинои мактабҳо бо зур мегирад. Акнун, ин тарафи масъаларо андеша кунед, ки бар фарзе аз як оила 4 ё 5 нафар дар мактаб мехонад ва маблағи 4 нафари онҳо дар сол 600 сомонӣ мешавад. Ин маблағро ба 11 соли хониш зарб занед ва бубинед, ки як падару модар чи маблағи калонеро аз ҳисобаш ба таъмири мактаб «ремонтпулӣ» медиҳад.

Ва, муҳимтарин масъала инҷост, ки ҳамаи ин маблағ, ки гуфтем солона ҳудуди 400 миллион сомониро ташкил мекунад, ғайриқонунӣ, бидуни кадом санаду мадрак аз ҳисоби мардум гирифта мешавад, балки возеҳтар бигуем бо зӯр вимогат карда мешавад.

Ин ҳам дар ҳоле аст ки Раҳмонов ҳамеша аз афзоиши маблағгузории давлат ба соҳаи маорифи Тоҷикистон мегуяд. Дар ҳақиқат дар бюҷети Тоҷикистон калонтарин маблағ ба ҳамин арса нигаронида шудааст. Дар қисми хароҷоти Қонуни бюҷет барои соли 2025 барои соҳаи маориф беш аз 10 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст, ки бо ин ҳаҷми бузург дар ягон арсаи хоҷагии халқи мамлакат маблағ пешбинӣ нашудааст.

Ҳоло савол инҷост, ки он маблағи ғун ва ҷамъоваримешуда (ремонтпулӣ) аз падару модарҳо, ки гуфтем ҳудуди чорсад миллион сомониро ташкил медиҳад, ба болои ин даҳ миллирад зам мешавад ва ё тарҳ-минус? Масалан худи шумо чи назар доред?

Ба ин миқдори бузурги маблағ бинои мактабҳо мараммат мешавад, аз ҳисоби мардум, вале дар бюҷети давлат ҳам барои таъмир маблағ пешбинӣ шудааст, фикр мекунед ин чорсад миллион аз ҳисоби буҷҷа «списат» ва ба ҷайби афроди алоҳида намеравад? Мутмаинан меравад ва маълум аст ки миқдори бузурги он ба ҳисоби худи дузди дуздон, дузди асосӣ, дузди асосӣ дар Тоҷикистон кист, ҳама медонад, меравад. Вагарна, мутмаин бошед, ки ин дузди дуздон даҳҳо ниҳодҳои назоратӣ дорад, милиса, амният, прокуратура ва Оҷонси назорати соҳаи маориф, ки дар турфатулъайн мудири мактабу муаллиму мудири маорифу дигару дигарашро дастгир ва зиндон мекарданд. Чаро намекунанд, магар намедонанд, магар нафаҳмидаанд, магар бачаву набераву духтари мактабхон надоранд? Аз ҳама чиз огоҳ ва воқифанд. Вале ба вузуҳ медонанд, ки ин «бизнес»-и бузурги худи Ҷаноб аст. Воқиан ҳам, вақте мебинӣ, ки талаби маблағ барои таъмири мактабҳо дар саросари кишвар ба ҳукми амал даромадааст ва касе ҷилави онро намегирад, чи ҳам фикр мекунӣ?  

Магар як муаллиму як директор ва ё мудири маориф ҳақ дорад, ки аз падару модар ошкоро ва бидуни кадом ҳаросе пул барои таъмири мактаб талаб кунад ва рӯирост даст ба қонуншиканӣ бизанад?

 Аммо масъала фақат пули таъмиру навсозӣ ё ҳамон «ремонтпулӣ» -и мактабҳо нест. Борҳо гуфтаем, ки мактаб дигар ба бозор бадал шудаасту «муҳандисони руҳ» ба муҳосибон. Дар мактаб ва аз мактаб бо ҳар баҳонаву бо ҳар роҳе аз талабаҳо ва ҳатто аз омӯзгорон пул мекананд. Ва, барои мисол ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раиси ҷумҳурӣ ва Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон арсаи маориф кишварро фасодзатарин соҳа эътироф ва эълон кардаанд. Инҷо чанд мисоли мушаххас аз ба истилоҳ сарчашмаҳои боз, радиои «Озодӣ», «Азия плюс» ва худи «Ислоҳ.нет» меоварем,то манзара ва вазъияти арсаи маорифи кишвар рушантар намоён бишавад:

  «…. мутаассифона, даргоҳи муқаддаси таълиму тарбияи атфол ба майдони бизнес ва ҷамъоварии маблағ табдил ёфтааст. Рӯзе нест, ки ба мактаб чиптаҳои консерт, кино, намоишномаҳо, китобу маҷаллаҳои гуногунро барои фурӯш наоранд. Дарсе нест, ки бо суханони «пули чиптаҳоро ҷамъ кардед?», «чанд кас пул надод?», «чаро пул наовардӣ сар нашавад.

«Роҳбари синфамон гуфт, ки дар хонаи касе, ки печкаи зиёдатӣ бошад, биёрад. Таъмини печка аз ҳисоби толибилмон ва турбаю ҳезум аз ҳисоби мактаб гуфтанд. Агар наёфтем, барои харидории печка даҳсомонӣ маблағ ҷамъ мекунем»афзуд Назира».

 «5 фарзандам дар мактаб мехонанд ва дар ҳар иду ҷашнҳо барои ҳар яки онҳо тӯҳфапулӣ медиҳам. Ҷамъулҷамъ ба ҳисоби миёна ягон 300 сомонӣ мешавад ҳамааш.»

«Духтари калониям дар синфи 11 мехонад, азбаски хатмкунанда аст, чанд рӯз боз ба ҳолам намегузорад. Аз онҳо талаб шудааст, ки барои муаллимаашон духтарҳо ҳар кадом 50 сомонӣ ва писарҳо зиёдтар пул ҷамъ кунанд. Ман маҷбур шудам, ки 50 сомонӣ диҳам, то духтарам, ки хатмкунанда аст, дар назди ҳамсинфонаш шарм надорад.»

«Аксари волидон мегӯянд, барои «тӯҳфапулӣ» дар иди 8 март ва ё «Рӯзи модарон» аз 30 то 100 сомонӣ бояд пардохт кунанд, ки барояшон гарон аст». Чанде аз чунин волидони норозӣ аз маблағҷамъкунӣ дар мактабҳо, ба Озодӣ шикоят карданд, ки имкони додани ин миқдор пулро надоранд.

 «Дилрабо мегӯяд, ҳарчанд барои таъмири мактаб аз ҳисоби буҷет пул ҷудо мешавад, аммо наметавонанд, талаби масъулини мактабро ҳам сарфи назар кунанд. Медонем, ки барои таъмири мактаб бояд аз буҷет пул ҷудо шавад. Вале баъди талаби омӯзгорон ин маблағро супурдем. Барои мо супурдани маблағи таъмири мактаб як амри маъмулист».

 Дар қатори Дилрабо дар Душанбе падару модароне зиёданд, ки мегӯянд, ҳамасола пули таъмири мактабро бекаму кост месупоранд. Аммо онҳо нахостанд ному насабашон гуфта шавад, чун бовар доранд, ки маъмурияти мактаб баъд аз ин фарзандонашонро «чап мегиранд».

Як омӯзгори мактаби миёна дар Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт: «на ҳамаи волидон имкон доранд, ки ба сари ҳар хонанда 40-50 сомонӣ пули таъмири мактаб супоранд. Баъзеҳо 800 сомонӣ маош мегиранд ва боз 2-3 фарзанди мактабхон доранд. Онҳо омада, гиря мекунанд, ки муаллимаҷон наметавонем маблағро супорем.»

«Небольшой опрос «Азия-Плюс» в социальных сетях также показал, что большинство за аттестат, который по установленному государством тарифу стоит 8 сомони, платят до 50 сомони, а за ремонт классов — до 250 сомони»

«Зиёдулло Абдулзода, начальник управления образования Хатлонской области, в разговоре с «Азия-Плюс» отверг обвинения в сборе денег в средних школах и детских садах.

«Требование денег на ремонт в учебных заведениях и детских садах необоснованно. Согласно закону об образовании, это действие незаконно. А вот в случае добровольных пожертвований родителей помощь такая не запрещена», – отметил Абдулзода».

 «Один из жителей столицы, Рахматулло, также сообщил «Азия-Плюс», что с его двоих детей, которые учатся в школе №59 района Сино, требуют деньги на ремонт школы.

«С меня требуют 100 сомони за двоих детей. Я жаловался в Министерство образования и науки на незаконный сбор, но безрезультатно», – говорит он.

В Министерстве образования и науки отвергли жалобы, привычно заявив, что, «если поступят жалобы, мы обязательно проверим ситуацию».

Саодат Курбонова, директор школы №59 столицы, также заявила «Азия-Плюс», что «информация о принудительном сборе денег необоснованна».

«Мы не объявляли о сборе денег на ремонт. Сейчас еще рано, до конца учебного года, то есть до 20 июня, есть время. Если родители принесут деньги, мы проведем ремонт», – сказала Курбонова.»

«Дар бораи талаби овардани пул ба «Азия-Плюс» сокини деҳаи Узбекистони шаҳри Ҳисор нақл кард. Ӯ хоҳиш кард, ки номаш зикр нашавад. «Фарзандони ман дар синфҳои 7 ва 9-и мактаби №63 мехонанд. Директор гуфт, ки агар фарзанди ман барои таъмир пул наорад, ӯро аз мактаб хориҷ мекунанд».
Ба гуфтаи ҳамсуҳбат, роҳбарияти ин мактаб аз хонандагон аз 50 то 250 сомонӣ талаб мекунад. Ин сокини Ҳисор иддао мекунад, ки шикояти ӯ аз ҷамъоварии маҷбурӣ натиҷа надодааст.
«Директори мактаб гуфт, ки ман метавонам ба ҳар куҷое ки хоҳам шикоят кунам ва ин фармони вазорат аст», – қайд кард ӯ.

  «Мактаб ҷойи бозор шудааст. Дар моҳи майи соли ҷорӣ ба ҳамаи мактабҳо комиссия меояд, гуфта ҳамаро ба по мехезонанд. Муаллимаҳо аз талабаҳо барои комиссия гуфта аз ҳар сари талаба пул гирифтанд, мактаби гимназияи  рақами 5 пул ҷамъ карданд барои зиёфат кардани комиссияҳо будааст. Дар мактаби гимназияи рақами 1 ба мактаббачаҳо ба ном кинои тарбиявӣ гуфта аз тамоми талабаҳо 5 сомонӣ биёред гуфта онҳоро ба зали мактаб ҷамъ карда як диски киноро ба монитори калон монда фиребашон карда пулро ҷамъ карда гирифтанд».

 Муаллимони ҳозира на инсоф доранду на раҳм. Ҳар руз талаба бо пул мактаб меравад. Ин ҳамаро мо мардуми камбағал аз куҷо меёбем? Мардонамон дар Россия бо сад азобу уқубат пул ёфта истодаанд. Пуле, ки мардҳо мефиристонанд, ба ҷуз пули харҷи мактабу формаву ремонти мактабу идпуливу комиссияпуливу дигару дигар дигар ба ҳеҷ чиз намерасад. Боз имсоли таҳсил тамом нашуда пули пешпардохти формаи мактабро, албатта, супорид- 100 сомонӣ ҳатман маҷбурӣ супоретон мегуянд. Агар аз як оила 4то 5тоӣ фарзанд таҳсил кунад, чи гуна ин қадар маблағро месупорем? Ҳар як формаашон аз 300 то 350 сомонӣ. Муаллима наметавонем, ин қадар формаро харида наметавонем, ё ки аз они апаву акоҳояшон ба хурдиашон мешавад гуем, не, ин маҷбурӣ, фармон аз боло мегуянд»

«Баҳриддин Асоев раиси маҳалла :  Салому алайкум, ҳамакаса тинҷед. Бачаҳо ҳамин саҳарӣ як проблема шуд. Аз ҳисоби Раёсат проверка омаданд ҳамин мактаба. Бовар кунед фарёдамон карданд, ба ҳамунҷа. Ҳамаи гапро задандмон барои столу стули мактаб. Надорад. Ҳаминро ку чи фикр доред бачаҳо? Хай ҳамуҷа гуфтан, ки ҳозир ҳамина халқ мекунад. Аз ҳисоби халқ бикунед. Столу стул бихареду биёред гуфтанмон. Хеле гуфтанмон. Боз ман спортзалро нишон додамашон. Гуфтам, ки мо ина якнима кунем, боз дар фикри мактабу дар фикри ободиаш ҳастем. То ободии мактаба кардана, хайр ҳамин столу стул барои талабаҳои худатон фарзандони худатон аст, биёред. Ҳамина чи хел кунем, чи фикр доре шумо ки ба номи худо ҳамиқа сахтамон гирифтанд, ки чанде бигуӣ. Хай увоям рост меган. Хай биёед ёрдам кунем, ки ба номи худо намедонем чи фикр доред? Хайр ҳамина буд кунем. Беҳад вазнин аст.

Салом бародар Муҳаммадиқбол! «Аз деҳаи Ширкенти ноҳияи Турсунзода ҳастам. Дар бораи директори мактаби №94 Шоева Бибиробия менависам. Боварамон кунед ҳамаро ба дод овардааст. Аз маоши омӯзгорони мактаб моҳе нест, ки 300 то 500 сомонӣ нагирад. Мегуяд, ки ман бо 12ҳазор сомонӣ ин вазифаро аз Лайло Раҷабова харидаам. Яъне барои директор шудан ҳамин сол 12ҳазор сомонӣ барои мудири шуъбаи маориф Лайло Раҷабова додам ва плюс «ҳамон масрафи кадагиямро бояд барорам». Аз қаравул ва фаррошҳо ҳам 150 ё 250сомонӣ ҳар моҳ мегирад ва барои ба кор қабул кардан 2000 сомонӣ мегирад. Агар камтар гирад, дарсро камтар медиҳад».

Воқеият ин аст ҷалби иҷбории пули волидон дорад бениҳоят ҷиддӣ мешавад. Волидон дигар ба як сарчашмаи ва манбаъ ва моддаи доимии бюҷети соҳаи маориф мубаддал шудаанд. Бори дӯши ҳукуматро ба дӯши онҳо гузоштаанд гирфтаанд. Онҳо на фақат сохтмони синфхона ва таъмири бинои мактаб ҳатто сохтмони пурраи мактабро дар гардан гирифтаанд, албатта маҷбурӣ ва зӯракӣ.

   Оё шумо бовар доред, ки падару модарҳо барои сохти мактаб ва таъмири он пул диҳанд? Ҳамин саволро ба худатон диҳед. Маҷбур ва зуракӣ набошад медиҳед?

 Агар ин кори муфид буд, пулдиҳӣ барои мактаб, аз Исмоил, аз Фаридун, аз Муҳиддин аз дигару дигар набераву бачаҳоиву домодҳои Раҳмонов ба дигарҳо мерасид?

Агар падару модарҳо пул надиҳад чи хоҳад шуд?.Чизе нмешавад. Ҳеҷ кор карда наметавонад. Барои напардохтани пули ремонт ё хариди тӯҳфа ба муаллим мудир, роҳбари синф ё муаллим ҳақ надорад, ки талабаро аз таҳсил манъ кунад. Вале падару модарҳо бо мулоҳизаҳои дигар, масалан фарзандаш пеши ҳамсинфну ҳамсолон дар хиҷолат намонад, эҳсоси камӣ накунад, маҷбур аст ин пулро пайдо кунаду диҳад ва муаллим ҳам аз ҳамин нукоти заъф истифода мекунад. Падару модар, ки қарздор нест, пул диҳад.

Вале боз ҳам такрор бишавад, пурсиданием, ки кӣ кафолат медиҳад, ки маориф ва ё вазорат ва ё ҳатто болотар аз он пули ремонти мактабро, ки аз ҳисоби мардум ҷамъоварӣ намуд аз ҳиссаи пули пешбинишудаи бюҷет «списат» карда аз худ накард?

Раҳмонов борҳо бо воҳимаву ҳамҳама аз афзоиши шумори мактабҳо лоф мезанад ва ҳоло дар нақша гирифтааст боз 1000 мактаби дигарро то 35солагии Истиқлол бисозад ва аз соҳибкорони бонангу номус, ки шарикони рушдашон номидааст ва аз ҳисоби мардум сохтаниаст. Аммо дар ягон ҷое дидеду шунидеду хондед, ки дар миёни ин шарикони рушд, масалан Авестогрупп, Фароз, Озода косметикс, Сифатфарма, Амирӣ, Талко ё Спитаменбонку Коммерсбонку Душанбе ситиву дигару дигарҳояш, ки ба аъзои оилаи худи Раҳмонов мутааллиқанд, бошанд?  Ёфтаст фақат мардуми бечораву камбағалу муҳоҷирро ғорату хонахароб карда!

«Ремонтпулӣ» -и мактаб аз ҳисоби мардум ин ҷиноят аст. Ҷиноят ба мисли барқдуздӣ.

Раҳмонов дар ҳамин маврид ҳам чанд бор гуё таъкид карда буд, ки масъулин дигар ин корҳоро накунанд. Масалан дар сари сентябри соли гузашта ҷамъоварии ғайриқонунии пул аз хонандагон, аз ҷумла барои тӯҳфаҳо ба муаллимонро танқид кард ва аз роҳбарони Вазорати маориф хоста буд, ки ин амалҳоро қатъ кунанд.

Аммо, маълум мешавад, ки дар зоҳир, дар публика як гапро мегуяд, ҳамчуноне борҳо маршировка ва пешвозгирии кудаконро манъ карда буд (“Вазир омадааст, биёяд, корашро кунад, на ин ки кӯдаконро дар ҳавои хунук, барфу борон қатор монед. Чӣ даркор аст ин? Ман борҳо ин корро манъ кардам, боз мебинам. Накунед ин корро!” — хитоб кард Эмомалӣ Раҳмон) аммо дар пушти саҳна, яъне дар асл манъ накардааст.

  Гуфтем, ки Раҳмонов қиёсҳои воҳиманокеро ҳамеша дар оморҳояш меоварад, аз ҷумла дар ҳамин арсаи маориф ва хулосаи ҳарфаш ин аст ки ман бисёр ҳам мудирият ва раисии хубу олӣ карда истодаам, ана маблағи буҷҷаи маорфи ин солҳо ин қадру он қадр зиёд шуда истодааст, яъне, ки ман давлатро бой карда истодаам.

Акнун саволи мантиқӣ ин аст ки агар давлат рушд мекарда бошад, бой шуда истода бошад, чаро мактабҳо  аз ҳисоби падару модарҳо ремонт мешавад?

 Падару модар ҳезуму тапакро мехаранд, бурпулӣ мебаранд, журналпулӣ, туҳфапулӣ, пул барои комиссия, ин ҳама аз куҷо? Пули формаро пешпардохт мекунанд? Охир давлат бой шуд, ку. Давлат бой шуда бошад, бояд функсия ва рисолати худро иҷро кунад ва ё бой шуда бошад боз ҳам бештар чашм ба ҷайби волидон, деҳқону муҳоҷиру коргар дузад  ва тамаъ кунад ва ғорат кунад 

Падару модар либосу китобу қаламу рӯзномаву либоси мактабиву пойафзолу хуроки бачаашро ба зӯр таъмин мекунад, боз дар зиндагӣ ҳазоруяк мушкили дигар дорад, хонаи бачаҳояшоро бояд гарм кунад, бемор шавад духтурхона барад, хуб 1001 мушкили дигар аст, боз бар болои он чаро бояд мактабро таъмир намояд?

Аммо вақте ин масъларо дар шабакаҳои боз дар ҷустуҷу гузоштам маълум шуд ки ин масъала беш аз 25 сол аст ки вуҷуд дорад ва доғу сузон ва сузнок аст.

Оё аз ин амали мактабҳо, талаби пул аз волидон имкони ҷилавгирӣ вуҷуд дорад? Бале, имкон дорад. Вазорати маориф ошкоро эълон ва санади дахлдор қабул кунад, мақомоти назоратӣ, масалан прокуратура, Агентии назорати давлатии соҳаи маориф ва дигар сохторҳои ҳуқуқӣ таҳти тафтиш ва назорат қарор диҳанд.

Дар ҳақиқат ин миқдор маблағи фантастикӣ, ки ноҳақ ва ғайриқонунӣ аз аҳолӣ гирифта, балки ғорат -вимогат карда мешавад, бояд қатъ гардад.

Шояд Раҳмонов ҳамчунон барои дуздии барқ қонунро сахт кард барои вимогат (ғорат)-и падару модарҳо моддаи махсус ҷорӣ кунад. Чаро не? Аммо мо хуб медонем, ки Раҳмонов фақат худашро мебинад, масалан пулҳои дуздии барқро меёбаду мегирад, пас бигзор, агар гапаш дар бораи қатъ кардани пулпурсии маориф рост бошад, мардумро ҳам ба инобат бигирад ва пулҳои бо зурӣ гирифтаро баргардонаду диҳад, мусоидат кунад, бо қонун, чуноне, ки барои дуздии барқ қонунро сахт кард.

Хитоби Ислоҳ ба падару модарон!

Падарону модарони гиромӣ шумо мукаллафу маҷбур нестед барои таъмири мактаб ва ҳама ончи директорони МТМУҳо ва муаллимони ин даргоҳҳо барои таҳсили фарзандонатон пул диҳед! Вазорати маориф вазифадор аст биноҳои МТМУҳоро пас аз соли хониш таъмир карда барои соли хониши ҷадид омода намояд. Давлат аз буҷаи кишвар солона беш аз 10 милиард сомонӣ барои он ҷудо менамояд. Муаллимон ва устодон аз вазорати маориф ҳуқуқ мегиранд, на аз ҳисоби хонандагони макотиби умумӣ.

Хитоб ба талабаҳо!

Агар шумо ба хотири таълим ва омӯзиш кушиш кунед ва дар хондан камбудӣ надошта бошед ҳеҷ муаллиме, директори мактабе ҳаққи хориҷ кардани шуморо надорад. Таҳсл дар мактаб барои ҳар шаҳрванд то поёни синфи 9 ҳатмӣ ва иҷборӣ аст. Шумо падару модаронатонро барои пулдодан маҷбур накунед,ки пул диҳанд. Агар кадом ҳамсинфатон пул дод шумо надиҳед ин шармандагӣ нест ба ҳеҷ шакле. Бар акс дар синф ҳама як гапа шуда тасмим гиред пул намедиҳед. Дар ин ҳолат аксарият мешавед ва ҳеҷ муаллиме ва директори мактаб ҳаққи қонунии маҷбур аз шумо пул гирифтанро наметавонад. Аммо агар лох шудед ҳатман аз шумо пул мегиранд. Шумо ҳаргиз барои надодани пул фикр накунед,ки обурӯятон мерезад. Шумо дар мактаби куҳна таҳсил надореду ғулом ҳам нестед!

Share This Article