Азизмо доман боло карда дастбакор шудааст,Исмати дуликро озод карданист

Ислоҳ нет

(бахши дуввум)

«Дар дараи Варзоб дачаи пеши пеша падаркаш кадум, имрӯз мара шарманда кадестай. Ҳаму мухолифо ростшон меган. И оила ба ҳеҷ кас раҳм надора».

  Ҳамон тавре пештар гуфта будем ва ин интизорро ҳам доштем Азизмои газетхонак ва Ҳасани ишкамба зан ва бародарзани Эмомалӣ Раҳмонов барои раҳоии Исматулло Абдуллозода, маъруф ба Исмати дулик, мудири ҳоло дар СИЗО-и фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастбакор шудаанд.

  Хабари ба фурӯш гузоштани дороиҳои Исмати Дулик чанд рӯзи пеш ба дасти мо расида буд. Аммо як каме ба воқеияти он машкук будем. Чунки барои ин кор мебояд қарору амри алоҳида содир шавад, ки марҳала ва замон лозим дорад. Дар ҳоле, ки ҳанӯз кори Исмати дулик ба он марҳала ва замон нарасидааст ва дар дасти тафтишот қарор дорад. Вале,чуноне мебинем, дороиҳои Дуликро ба фурӯш гузоштаанд ва бо таваҷҷӯҳ ба онки ҳама кор, аз амру қарор гирифта то марҳалаву замон дар моро Раҳмонов таъйин ва муқаррар мекунад, бахусус сарнавишти афроде мисли Исмати дулик на дар тафтишоту на дар суд, балки аз тарафи худи Раҳмонов рақам мехурад, метавон натиҷа гирифт, ки ба фурӯш гузоштани дороиҳи Исмати дулик барои бозгардони маблағҳои басирқатбурдааш ба давлат сиҳат дорад.

  Маъмулан ба фурӯш гузоштани дороиҳои афроди боздоштшуда баъди анҷоми мурофиа, ниҳоӣ шудани ҳисобу китоби ҳаҷми хисороти расонида ва эълони ҳукми мусодира сурат мегирад ва албатта бо баргузории ауксион. Аммо инҷо барои Дулик  «имтиёз» дода шудааст. Дар ҳоле, ки хелеҳо масалан Раҷабалӣ Одинаев (Умед-88) ва Ҷамшед Зиёеви Тоҷпромбонк зораву лоба карданд, иҷоза дода нашуд, ҳам ҳукм гирифтанд ва ҳам амволашон мусодара шуд.

 Ин ба ин маъност, ки Азизмои газетхонак ва Ҳасани ишкамба аз аъзои бонуфуз ва ҳамхобаву ҳамнишасти шабонарӯзии Раҳмонов ва дӯстони наздиктарини Исмати дулик даст рӯи даст нанишастанд, «кор карда истодаанд»  ва ба эҳтимол муҷиби озодии Дулик ҳам шаванд.

Боздошти Исмати Дулик бо  2млн$ аз тарафи ФСБ

Беҳуда намегӯянд, ки зар бар сари фулод ниҳӣ нарм гардад. Маҳсулот ва ё моле, ки Исмати  дулик кам надорад. Зар, тилло, доллар…

Ёдатон бошад Рустам Холиқов, раиси пешини «Тоҷикайр» ва мудири собиқи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳам ду бор дастгир шуду ду бор ҳам пули калон( миллион миллион доллар) дода раҳо гардид. Вай ҳам дӯст ва партнери бизнеси Ҳасани Асадуллозода буд.

   Аслан Исматро Ҳасан «одам» кард. Солҳои пеш, солҳои қабл аз ба ҳукумат омадани язнаи Ҳасан, Ҳасан дастоврези Исмати дулик буд. Вақтҳое ки дар заправка дар Чапаеви Колхозобод кор мекарданд. Аммо баъдҳо…

Исмат ба воситаи Ҳасан ба Роҳи оҳан омад ва муовини Амонулло Ҳукум шуд. Дар Роҳи оҳан то ба мақоми сардори Управления ва муовин ҳам расид. Одами наздики Ҳукумов шуд. Як вақт шуд, ки Рустам Ҳукумов, писари калонии Амонулло Ҳукумро дар Маскав бо героин қапиданд. Он вақт қазияи боздошту муҳокима ва раҳоии лётчикҳои Русия дар расонаҳои Тоҷикистон ва Русия сарусадоҳо барпо карда буд ва гуфта мешуд, ки гуё Рустамро бо лётчикҳо табодул карданд. Аммо гапу кор тамоман дигар хел буд.

 Амонулло Ҳукумов Исмати дуликро бо пул барои «викуп»-и Рустам роҳӣ мекунад. Бо 2 млн доллари нақд ба Маскав барои халос кардани бачааш. Исмати Дулик меравад, аммо аз ноомади кор дар вақти пул додан ФСБ Исматро мебардорад. Исмат ҳеҷ чизро намепушонад ва ошкоро мегуяд, ки «ман исполнителам ва ин пул пули фалонӣ аст». Русҳо мегуянд, ки омодаӣ, ки зидди фалонӣ показание диҳӣ. Мегуяд, ки бале, 100%омодаам ва нишондод медиҳам. То саҳар баёноташро ҳам хаттӣ мегиранд ва ҳам дар навор забт мекунанд.

Исмат ба фсбешникҳо мегуяд, ки Ҳукумов «мара таъин кард, ки агар ягон ҳодисаи нито шавад, бояд ман дар ҳаминҷа ҷураҳошда занг занум, ҷураҳо фалониҳоанд». Коганро ном мегирад. Ва боз як нафар руси яҳудиаслро, ки пахтаҳои аз заводҳо тасарруфкардаи Файзалию Сангакро бурда буд, ном мегирад. Ба ФСБ номҳоро медиҳад. Он замон ин ду нафар, Коган ва он рус бо Путин дар муносибати беҳтарин қарор доштанд. ФСБешникҳо ҳайрон мемонанд, вале мебинанд, ки боз пули калонтар кор карда мешавад, «тафтиш»-ро идома медиҳанд. Дулик аз онҳо хоҳиш мкунад, ки «биёед ман қати шеф гап занам». Оперативникҳоро худо медиҳад? Мегуянд, «давай». Ҳукумов ва суҳбати вай бо Дуликро ба видео сабт мекунанд.

 Ҳукумов вақте Исматро роҳӣ мекунад бо вай парол медиҳад: «вақте  ба даст афтодӣ ҳамин хел гапҳоро гап мезанӣ». Исмати дулик ин гапҳоро бо Ҳукумов гап мезанад, онҳо запс мекунанд. Баъд онҳо ба Ҳукумов мегуянд, ки «чаро ту ин қадар дилпурона гап зада истодаӣ? Мо туро метавонем, ки ҳатто дар Тоҷикистон маҳкам кунем». Мегӯяд, э, шумо ҳиҷҷои маро ҳиҷ кор карда наметавонед. Ман бо шумо любой кор бихоҳед, мекунам. Онҳо мегӯянд, хуб, бошад. Майлаш, мо роҳбариятамонро бубинем ва бо роҳбарияташон маслиҳат мекунанд. Рӯзи дигар Исматро ҷавоб медиҳанд. Исмат меояд пеши Ҳукумов. Ҳукумов меравад ва имзо мекунад, ки омодааст бо ФСБ ҳамкорӣ кунад. Яъне Ҳукумов коғазҳоро имзо мекунад ва медиҳад ба дасти Исмат. Исматро дастур медиҳад, ки «бра бпар Расия бачара халос кун, бигӣ биё». Бармеояд, ки ФСБ ҳамчунин шарт гузошта будааст:-«ҳамкорӣ»

Аммо Исмат чи кор мекунад?

 Исмат рост меояд пеши Ҳасан Асадуллозода ва копияҳои документҳои имзокардаи Амонулло Ҳукумовро ба вай медиҳад ва баъд меравад Маскав. Ҳасан, маълум аст ки фавран ҳамаро хабар медиҳад ба Эмомалӣ Раҳмонов. Барои ҳамин вақтҳои ахир, ки Ҳукумов ҳануз дар сари идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон қарор дошт, Раҳмонов нағз намедид. Чунки медонист, ки вай аз тарафи ФСБ завербоват шудааст. Вақте Ҳукумовро аз вазифа гирифтанд Исмат зад-зад, ки ҷойи Ҳукумовро бигирад, натавонист. Чунки Зоири мундуқ (Маҳмадзоир Соҳибов, домоди калонии Раҳмонов) Комил Мирзоалиевро оварду монд. Зоир пули калон (мегӯянд 3 миллион доллар) гирифт ва через хуштоманаш аз хусур имзоро гирифту Комил Мирзоалиевро монд. Исмат зӯраш нарасид ва расчёти фурудгоҳро гирифту мунтазир биистод. Зоир ин бор ҳам кори худашро кард. Дар ҷойи Дулик Зайнуллои ҷиянашро оварду монд. Инро ҳам бигӯем, ки чанд соли пеш дар як тарабхонаи Душанбе бо номи «ОК» байни як писарамуи Зайнулло ва писари Исмати дулик, Навруз, ки мудири коргоҳи қолинҳои Душанбе мебошад, ба сари як духтари овозхон ҷангҷолу занозанӣ шуда ва кор то ба мақомот ва расонаҳо ҳам кашонида шуда буд. Ин ҳодиса, ҳамчуноне расонаҳо менависанд «шаби 16-уми декабри соли 2022 дар тарабхонаи “ОК” воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, байни Зариф Соҳибов, мудири корхонаи «Тилои тоҷик» ва писари аммаи Зайнулло Шарифзода, раиси нави фурӯдгоҳ ва Наврӯз Абдуллоев, соҳибкор ва писари Исматулло Абдуллозода, ҳамакнун собиқ раиси Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва ҳамроҳони онҳо барои як духтар ҷанҷол сар зада буд». Яъне байни Дулик ва Зоир ҳамингуна хусумат ва кина ҳам мавҷуд аст на фақат мансабу тиҷорату пул.

  Аммо, боз ҳар кадом гурӯҳ зери сояи давлати Ҷаноб ба кори худ (дуздӣ) идома медоданд.     

Як нафари дигар аз наздикони Исмати дулик дар як маърака, ки намедонист як корманди тими «Ислоҳ» ҳам дар шумори меҳмонҳо нишастааст, мегӯяд Раҳмонов аз дастури тафтиши кори Дулик пушаймон шудааст. Чунки аз як тараф зери фишор Азизмои газетхонак мондааст, аз дигар тараф гумон надошт, ки дуздии Дулик то ба ин андоза бошад. Мегуяд онҳо фикр мекарданд, ки хищенияи Дулик мумкин дар ҳаҷми миллионҳо бошад. Вале маълум мешавад, ки инҷо аз миллиард боло ва зиёд аст. Дар оғози кор вақе коррпусия тафтишро сар мекунаду маълумотҳои аввалия ба Раҳмонов мерасанд, қариб талхакаф мешавад.

Ҳамаи ҳаминро бори  Меликов Аҳлиддин мекунад. Меликовро ҷиянҳояшро ҳам маҳкам мекунанд. Бо Дулик ҳардуяш ҷанг мешавнад. Дулик ба тарафи Аҳлиддин мегӯяд, ки «хурдӣ ҷавоб бугу». Аҳлиддин мегуяд, ки «ма медздидум туда медодум». Муовину раис байни ҳам сахт ҷанг мешаванд, ки ҳоло то чанд хона дар шаҳр ва дар Колхозобод доштаашонро пломба задаанд. Ҳар як иморате андохтаанд, ки дар дохилаш се-чор ҳавлӣ дорад. Ин иморатҳои онҳо ҳар кадомеаш аз чанд миллион зиёд аст.

Автопаркҳояшро намегӯӣ ва чи намуд мошинҳоеро дар инҷо намебинӣ. Дар Колхозобод парки мошинҳои калон, стоянкаи мошинҳои хориҷӣ. Дар шаҳри Душанбе чанд адад ресторан: Бешаи палангон ва Шаҳрисабз. Особнякҳо дар Водонассос, ду ҳавлии 60 миллионӣ дар маҳаллаи мавсум ба «8 –Март», боз чанд ҳавлии дигар дар Водонассос, чанд дачаи дигар дар Варзоб. Ин хонаҳои сексия, пентҳаусҳояш адад надорад. Як кассири одияш дар шаҳр қариб 10 хона доштааст, ҳоло худи Дулик «усу беста». Агар ҳама молу мулки Исматро ҷамъ намоӣ қариб як Душанбеи дигар месозӣ.

Бародар инҳоро худо бизанад, агар як Дулик ин қадар молу мулк дошта бошад ин хешу табори Пешвову Ҳасани шикамба чи қадар дошта бошанд?

  Исмати дулик вокзалро бо терминалҳояш ҷазир карда буд боз оварда дар аэропорт монданаш. Шояд боваратон наояд, то ҳатто барои обед Дулик бо арусҳояш мепарид Қазоқистон, онҷо обед мекард меомад. Нигоҳ кун ака, танҳо  барои обед.

Бинобар хабаре, ки ахиран дар «Озодӣ» нашр шуд айни замон: «Даҳҳо иншооти марбут ба Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар вилояти Хатлон ва атрофи пойтахт ба фурӯш гузошта шудаанд….. Як тан аз наздикони ӯ рӯзи 5-уми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чор тарабхона дар Душанбе, ду осоишгоҳ дар атрофи пойтахт ва чанд манзили зист дар вилояти Хатлон ба фурӯш гузошта шудаанд».

Ҳамин нафари наздик ба Дулик ба ин расона гуфтааст, ки ҷои нигаҳдории Дулик панҷ бор иваз шудааст ва худаш таҳти фишори сахт қарор дорад, аммо гуфтааст ва ба ин иншоот харидорҳо пайдо нашуда истодаанд: «Ваъда кардаанд, ки пулро баргардонад, озод мешавад. Адвокатҳояш ариза навиштанд, ки муваққатан ҷавобаш диҳанд, то пул пайдо кунад, вале муфаттишони агентӣ розӣ нашуданд. Ду ҳафта шуд, ягон харидор нест. Ё харидорон метарсанд ё чизи дигар, ки наздик намешаванд. Хоҳиш мо ҳамин аст, ки ӯро озод кунанд, то моликияташро фурӯшад ва пуле, ки аз ӯ мехоҳанд, супорад». Ин нафар гуфт, на ҳама моликияте, ки ба фурӯш гузошта шудааст, ба номи Абдуллозода сабт шудаанд, балки бештараш аз наздиконаш ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, мақомот ваъда кардаанд, ки агар пулро баргардонад, озод мешавад, вале ҳоло моликияти ӯ харидоре надорад».

Акнун,ки аз «Озодӣ» инҷо нақли қавл намудем,мехоҳем ба шумо хонандаи азиз як матлаберо дар бораи қаҳрамониҳои Исматулло Абдуллозода аз нашрияи СССР пешкашатон намоям.Бубинед, ки СССР Дуликро чи гуна тамҷиду тавсиф кардааст: «ОФАРИН, РАИСИ ИСМАТ!

  • Душанбе, Апр 25 2016

« Моҳе қабл мо дар газетаи СССР дар бораи фурудгоҳи ш.Душанбе, ки дараҷаи байналмилалиро дорад, 1 мақолаи танқидӣ навишта будем, ки он ҳам зимни сафар бо ҳавопаймо аз Душанбе ба Хуҷанд мушоҳида шудааст.

Ин мақолаи танқидӣ то чӣ ҳад барои роҳбарияти фурудгоҳ таъсир гузошт, мо нафаҳмидем ва фикр кардем, ки директори ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Исматулло Абдуллозода аз камбудиҳои дар мақолаи мо интшорашуда сарфи назар кардааст. Вале ин фикри мо хато будааст ва 1 сафари дигар аз Душанбе то Алмаато, ки рӯзи 20.04.2016 сурат гирифт, шаҳодат дод, ки директори нави фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Исматулло Абдуллозода нисбати танқидҳои матбуот, ки созандаанд, бетафовуту бепарво нест ва имрӯз қариб тамоми камбудиҳоеро, ки дар газетаи СССР ишора шуда буданд, ислоҳ карда қисматеро аз биноҳои фурудгоҳ тамоман барканор намудааст. Аввалин чизе, ки ҳангоми ба фурудгоҳ наздик шудан ба чашм мерасад, ин тахриби бинои паҳлӯӣ-толори парвози хатсайрҳои маҳаллист, ки бо дастури Абдуллозода барканор шуда истода, даромад ба майдони ҳавоӣ низ аз сари нав таҷдид гардида дарвозаи наву калон часпонидаанд. Парвозҳои маҳаллӣ минбаъд аз толори қаблии фурудгоҳ амалӣ ёфта, кормандони дағали бахши бағоч ва хадамоти амниятӣ низ гӯшмол шудаанд, то ин ки бо мусофирон хушмуомила бошанд. Толори CIP низ аз сари нав таҷдид ва кушод карда шуда даромадгоҳаш низ аз самти майдони ҳавоӣ, ки пеш хеле танг буду барои фаъолияти кормандони марзбониву гумрук ва бахши амниятии фурудгоҳ тангӣ мекард, ҳоло фарохтар шудааст: ҳам мусофирон бе тела кардани ҳамдигар мегузаранд ва ҳам кормандони мақомотҳои қудратӣ метавонанд кори худро баҳузур анҷом бидиҳанд.

Толори VIP, ки барои гузаштани шахсони боломақоми кишвар хизмат мекунад, низ таъмиру таҷдид ва даромадгоҳаш фарохтару имконоти хизматияш бештар шудааст. Ин ҷо, бар замми он, ки толори интизории муосир дорад, боз 1 тарабхонаи хурди замонавӣ барои хӯрокхӯрии на танҳо меҳмонон, балки худи кормандони фурудгоҳ низ боз шуда, мизҳо аз рӯи талаботи рестораторони ҷаҳонӣ чида, хизматрасонӣ дар сатҳи олӣ шудааст. Дару девори тарабхонаро бошад аксҳо ва мусаввараҳои зеботарин гӯшаю канори Тоҷикистон оро медиҳанд ва чуноне ки кормандони фурудгоҳ мегӯянд, дизайну интихоб ба Абдуллозода тааллуқ дорад.

Атрофи толорҳои CIP ва VIP-ро гулҳои ороишии зебо амсоли лолаву садбарг, буттаҳои беназир ва дарахтон-кастонаҳои белгиягӣ оро додаанд ва маълум аст, ки ин дарахту тухми ин гулҳоро аз хориҷ оварда ҳанӯз 1 моҳ пеш шинонидаанд. Абдуллозода аввалин коре, ки пас аз интихоб шуданаш ба ин вазифа кард, таҷдиди бинои маъмурии фурудгоҳ буда, мегӯянд, ки ҳоло дар бинои маъмурӣ 1 толори калони баргузории маҷлису конфронсҳо, толори хурд барои машваратҳои корӣ пайдо шуда қабулгоҳи директори ҳам пурра аз таъмир бароварда шудааст ва мо ҳатман дар нишасти наздиктарини матбуотӣ хоҳем дид. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти ҶТ моҳи январ дар нишасти матбуотии вазорати номбурда Абдуллозодаро ҳамчун менеҷери хуб муаррифӣ карда буд ва бо гузашти ҳамагӣ 3 моҳи корӣ маълум шуд, ки ӯ дар ҳақиқат сазовори ин ҳарфҳост: ободоние, ки имрӯз дар фурудгоҳи пойтахт шуда истодаанду боз ҳам идома доранд, маҳз бо ибтикор ва ташаббуси директори нави фурудгоҳ аст. Офарин, раиси Исмат! Метавонистаед!»

Ҷамила Ҳусейнова, ссср

СССР нанавиштааст,ки ин матлабаш ба унвони пиар ва таблиғотӣ аст. Вале ба як нукта таваҷҷуҳи шуморо, қабл аз онки як номаи кормандони фурудгоҳро оварам, ҷалб мекунам. Ин матлаби СССР ҳамаги баъди се моҳи таъйини Дулик, яъне апрели соли 2016 ба нашр расидааст. Исмати Дулик ончунон кор кардааст ва ончунон чусту чолоку чаққон будааст,ки ҳамагӣ дар се моҳ фурудгоҳро ба таври афсонавӣ тағйир диҳад ва обод кунад. Ҳайфи чунин кадр, ки акнун дар назди ниҳодҳои танобкаш қарор дорад ва барои сирқати амволи давлатӣ ва ғорати пули мамлакат ҷавоб хоҳад дод.

Акнун инҷо ду номаеро аз кормандони фурудгоҳ пешкаш менамоям. Шуморе аз кормандони фурудгоҳи Душанбе бо изҳори сипос ва миннатгузорӣ шукр кардаанд,ки аз дасти як дузд корхонаашон раҳо шудааст:

                                         Душанбе

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мо,кормандони фурудгоҳи Душанбе аз шумо бениҳоят миннатдор ҳастем. Ҳамин навиштаҳои шумо дар бораи Исмати дулик буд, ки оқибат мақомот корҳои ӯро мавриди тафтишу санҷиш қарор дода дастгир намуданд.

 Шахсан худи ман аз соли 2007 ба ин тараф дар фурудоҳи Душанбе кор мекунам. Ранги Исмати дулик дузди беинсоф ва ғоратгари молу мулки давлат ва мардумро надидам. Он пуле, ки мегуянд 500 миллион сомонӣ барои Дулик пули калон ҳисоб намешавад.

  Дулик фурудгоҳро аз соли 2016 то 2025 ҳам аз ҳисоби молӣ ва ҳам аз ҳисоби техникӣ ба тамом ҷазир кард, ҳаматарафа ҷазир кард.

 Тафтишот рафта истодааст. Он бачаҳои мурдагӣ дар замони коронавирусро делояшонро бардоштанд. Ин Дулик ҳамаро задагӣ буд. Охир, худашро дар фурудгоҳ Пешво мегирифт.

Мақолаи охиринатонро ҳам дар бораи Дулик хондам. Инҷо бародар гап хеле зиёд аст. Дулик дар ҳақиқат одами наздики Ҳасан ва Оила буд. Аммо Дулик ончунон дуздиду медуздид, ки ҳам Ҳасан ва ҳам Оила натавонистанд контрол кунанд.

Назари як корбари фейсбук зери матлаби Озодӣ

Илхом Дустов:

Шогирди Исмат Абдуллозода ва муовини ӯ Меликзода Аслиддин, дар канор монд, яъне Ҳабибулло Назарзода хозира Директори Оҷонсии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оё бахташ хандида бошад ё пушт дорад?

Ду боздоштшудагон, ки қаблан дар мақомҳои калидӣ фурудгоҳи пойтахт кор мекарданд, боздошт шуданд.

Ҷолиби диққат дигар аст, ки як сол пеш аъзои севуми ин тим Ҳабибулло Назарзода (Назаров Ҳабиб) ба вазифаи дигар, яъне Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ӯ аз таваҷҷӯҳи мақомот ҳифзи ҳуқуқ дур монд, бахти вай хандид, ки ба дигар вазифа таъин шуд, вагарна ҳозир ӯ бо вай ду афрод дар таги панҷара буд. Ба гуфтаи ҳамкорони ӯ дар ҳайати пешини роҳбарияти фурудгоҳ низ нақши барҷаста дошт. Аз моликияти ӯ фаҳмида мешавад. Дар фурӯдгоҳ чандин нуктаҳои хизматрасонӣ аз Ҳабибулло аст. Оё ба хизматчии давлатӣ ва боз дар фурӯдгоҳи давлатӣ, ки иҷозат додааст ба соҳибкори машгул шавад? Ва дигар суол бо кадом маблағ ӯ (Ҳабибулло Назарзода) бизнес империя сохтааст?

Ӯ шогирди боздоштшудагон аст.

Ҳабибулло Назарзода (Ҳабиб Назаров) солҳои тӯлонӣ роҳбари толори VIP фурудгоҳ буд то таъин шуданд ба мансаби нав. Ин вазифаи баландтарин дар фурудгоҳ аст.

Ба гуфтаи коргарони фурудгоҳ вай дар вазифаи пештарааш рафтори мутакаббирона нишон дода, аз мансаби худ суистифода намуда, бино ба маълумоти ғайрирасмӣ ба зердастон фишор меовардааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад моликияти ӯро дар ш.Ҳисор ва Душанбе тафтиш карда бароянд.

Ҷолиб он аст, ки Ҳабиб дар командаи Исмат Абдуллозода боғбон шуда кор мекард. Якум савол чи тавр ӯ аз боғбони ба ин гуна вазифаи баланд рафт, яъне сардори ВИП зал? Ва саволи дуюм: вай ин кадар молу мулки доштаашро аз куҷо пайдо кард? (инро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд бисанҷанд). Аммо ин шахс ҳоло дар канор аст, бахташ хандидаистодааст.

Бигзор адолат тантана кунад!

Давидани гусола то каҳдон.

Вақти он расидааст, ки гуноҳҳои худро ҷуброн кунад.

Собиқ кормандон ва кормандони имрӯза интизори адолат ҳастанд!

Ҳабибулло Назарзода, яке аз инсонҳое номард, дилсиёҳ. Худо ҳамаро аз ин гуна роҳбарҳо нигаҳ дорад!

        Чанд нақлу ривоятҳо доир ба Исмати Дулик

Исмати дулик дар бозори пурдаромади «домсозӣ» ҳам нақши фаъол дошт. Дар рӯбарӯи донишгоҳи русиву тоҷикӣ маъруф ба славянский чор блок хона сохта буд. Чор миллион сомонӣ барои «отвод глаз» аз Ориёнбонк қарз гирифт ва як навъ хушхидматӣ ба Ҳасан кард. Вале қарзро зуд маҳкам карду баъд дар он бино ба Рустам ва Зоир хона инъом кард. Аз он чор блок, ки наздики 200 квартира дорад, то ҳамин наздикиҳо ягон квартира нафурухта буд. Манбаъи дигари Ислоҳ гуфт, ки дар «Домпечат» дар18 миллион дом бардошт, доми 20 ошёна. Ягонто аз квартираҳои ин доми 20 ошёна низ фурӯхта нашудааст. Инро барои фурӯш не, барои худаш сохта будааст.

Арусбозии Исмат ва асари бади он дар кор ва фаолияташ

  Занакабозии Исмати дулки дар кораш ҳам таъсири бад гузоштааст. Вай бо Ҳасан ҳарами муштарак доштанд ва гоҳо табодули арус ҳам мекарданд.

Исмат гоҳу ногоҳ арусҳои Ҳасанро «расидагӣ» мекард.

Як овозхон, келини эшони Абдухалилҷони лучобӣ буд. Аниса. Дар як тарабхона Аниса овозхонӣ мекунад. Онҷо Ҳасану Исмату дигарҳо машғули айшу ишрат-ташкилӣ. Овозхон мегӯяд мехоҳад берун барояд. Исмат мегӯяд гусел мекунам. Ҳасан гуфт ту дар он духтар нарас ва бо дастонаш ишораҳои маънодор мекунад. Нафаре, ки ин ҳодисаро бевосита шоҳид буду ба мо ҳикояташро кард,гуфт,ки аз ташкилӣ мебарояд,ки бачаҳои охранна истодагӣ. Оҳиста дарро мепушонанд. Нигоҳ мекунам, ки камера мондагӣ Исмат он ҳофизаро дастдарозӣ дорад, аруси Ҳасанро,дар ҳоле, ки Ҳасан чанд лаҳза пеш гуфта буд, ки нарас, аммо   кард.  Исмати Дулик овозхон Сафаргул Юсуповаро ҳам ба занӣ гирифта буд ва суми калон додаш барои бизнес. Шумо дар бораи Сафаргул Юсупова дар кадом барноматон гуфта будед. Сафаргул пулҳои Исмати Дулик додагиро дар сетевой маркетинги Наҷот зад. Сафаргул як дунё мардумро фиреб кард.

  Дар ҳақиқат дар он матлаб дар бораи Сафаргул Юсупова ва Исмати дулик чунин навишта будем: «Исмати Дулик –Исмат Абдуллоев, раиси фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва аз афроди наздики Ҳасан Асадуллозода, додараруси Эмомалӣ Раҳмонов овозхон Сафаргул Юсуповаро аз шавҳараш ба зурӣ кашида гирифтааст. Ин Сафаргул Юсупова 4  кудаки калон дорад. Падари кудакҳояш яъне шавҳараш Неъмат Асрорӣ навозандаи Зафар Нозим ва Ҷамшед Исмоилов буд.

 Ин кор дар амал бо розигии Исмати Дулик ва худи Сафаргул шудагӣ аст. Бачаи ин мард аз Сафаргул Юсупова калон аст. 23 -24 сола. Бачаҳояш ҳамроҳи падарашон гап намезананд. Ба қарибӣ духтарашро шавҳар дод. Ин Неъмат Асрориро зулми бисёр карданд. Аз хонаву дар маҳрумаш карданд.

Дар назди аэропорт дар тарафи дасти чап аз долони хуруҷии оммавӣ пушти он детсад амал мекард. Он детсад хусусӣ гардонида шудааст. Дар ин детсад зани дуввум ё саввуми Исмат мудир аст, ин мудир модари як бачаи СПИД шудаи Исмати дулик аст. Он замонҳо бачаи майда буд, ҳоло наврас шояд 16-18 сола шуда бошад. Зани Қамаруззамон Азизов домсоз, ки яке аз фигурантҳои асосии делои марҳум Шуҳрат Исматуллоев,муовини Ҳасан Асадуллозода боҷаи Исмати Дулик (зани дуюми Қамаруззамон,бо ҳамон мудири детсад апаву хоҳаранд). Аммо Исмати дулик бо ҳардуяш …..мекунад.   

Музаффар Юсуфӣ ва шурӣ муриҳояш дар фурудгоҳ

  Муовини Исмати Дулик Меликов ба бизнеси интиқоли духтарҳои ҷавон ба Дубай ва Туркия даст дошт. Зани дуюм ё сеюми Меликов духтарони зиёдеро бурда бо роҳи фиреб дар Дубай ва Туркия бакораташонро ба ивази 30-40 ҳазор доллар ба арабу афғону дигару дигар мефурухт. Музаффар Юсуфӣ аз ин тиҷоратҳо огоҳ ва ҳатто дар доля шарик буд. Кормандони аэропорт мегуянд нав нафаси озод кашиданд. Аз дасти Музаффар Юсуфӣ ба дод омада буданд. Самолёти рейси Дубай нафаромада Музаффар Юсуфӣ аллакай дар таги трап буд. Аз Дубай наличка меомад ба воситаи чанд мусофир. Юсуфӣ худро шоҳи аэропорт гирифта буд. Ҳол онки вазифаи Прокуратураи нақлиёт ин ҳифзи ҳуқуқҳои мусофирон ва умуман шаҳрвандон аст. Ҳар вақте ба Прокуратураи нақлиёт аз мусофир ё мусофирон оиди камбудӣ ё поймол гаштани ҳуқуқҳои мусофир ё шаҳрванд шикояте мешуд ба ҷои онки мушкилиро бартараф кунанд, дарав рафта доля мегирифтанд аз аэропорт ё вокзал. Мусофир мемонд даҳанаш кандагӣ.

 Музаффар Юсуфӣ,Прокурори нақлиёти Тоҷҷикистон бошад ба тавассути шогирдони худ чанд доду гирифтҳояшро, ки дар аэропорт монда буд, ҷамъугир карду баровард аз кишвар. Ҳозир канал кофта истодааст, ки бо Зайнулло чи хел часпонад. Вале дар гумон аст, ки Зайнулло Музаффар Юсуфиро дар гирду бари аэропорт раҳ диҳад.

Ҷиноятҳои фарзандони Исмати Дулик

   Яке аз наздикони Исмати Дулик гуфт Кароматуллои писари Исмати Дулик соли таваллудаш 1992 аст. Аммо Кароматулло худашро дар паспорт калон нишон додааст. Аз шаҳодатномаи таваллуд то шиноснома ҳамаашро иваз кардааст. Баъзеҳо мегуянд таваллудаш 1989 баъзе мегуянд,ки 1990 аст. Хуллас, ки ҳуҷҷатҳояшро ба таври қалбакӣ ва ғайриқонунӣ тағйир додааст. Акнун шумо бинед, ки ин одам дар Прокуратура озод бо ҳуҷҷатҳои сохта кор мекунад. Куҷост амнияти дохилаи Прокуратураи Генералӣ, ки кормандашро санҷиш намекунад. Юсуф Раҳмон накард, Воҳидзода ҳам накарда истодааст. Ҳамаи кормандонатро санҷед ҷаноби Воҳидзода!. 

Кароматуллои писари Исмати Дулик як ошхона бо номи «Болаззат» дар наздикии Текстилкомбинати Душанбе дорад.

 Кароматулло дар бизнеси сохтмонҳои баландошёна ҳам шарик аст. Мегуяд, ки «суми отаи ма таҳ надора». Кароматулло сахт мошенник аст. Як арус дорад аз худаш чандин сол калон аст. «тамоми баданашро бурда дар 70 ҳазор доллар дар Дубай операцияи пластикӣ кард. Бева фақат барои тамошо».

   Наврӯз писари дигари Дулик, ки коргоҳи қолинҳо дар Душанберо раисӣ мекунад  бо мошин дар раҳ як раҳрубакро мезанаду мегурезад, ранги Фаридуни бачаи Фиона(Озода Раҳмонова), аммо Дулик бо пулу пора корро ҳал мекунад.

Ёдатон бошад ба ҳангоми ифтитоҳи коргоҳи қолинҳои Душанбе дар соли 2022 ё 2023 Исмати дулик он рӯз агарчи дар болои аробачаи маълулӣ-инвалидная коляска буд, аммо гулгул мешукуфт. Дар бари Ҷаноб қарор дошт. Писараш Навруз раиси ин коргоҳ буд ва Ҷаноб қолинҳоро дастдаст карда аҳсант-аҳсант мегуфт ва мегуфт,ки «и Исмати худмон ай будико, ягон камӣ надорад».

Аммо ҳоло Исмати дулик, аз марҳамати Азизмои газетхонак ва Ҳасани ишкамба сахт умедвор аст гуфтааст, ки: «Дар дараи Варзоб дачаи пеши пеша падаркаш кадум, имрӯз мара шарманда кадестай. Ҳаму мухолифо ростшон меган.И оила ба ҳеҷ кас раҳм надора».

Айни замон Азизмои газетхонак ва Ҳасани ишкамба барои раҳоии Исмати дулик дастбакор шуда камарро маҳкам бастаанд. Ку, бубинем чи хоҳад шуд?

Поёни бахши дуввум, идома дорад….

Share This Article