Ҳошим Каримови “НАРКОБИОТИК “-ро“крышаҳо”яш кидат карданд

Ислоҳ нет

(бахши дуввум)

Хонандаи муҳтарами «Ислоҳ», чуноне ваъда карда будем, тадқиқоти худро нисбати ҷиноятҳои Ҳошим Каримов ва пуштибонҳояш давом медиҳем. Баъд аз нашри мақолаи аввал аз тарафи хонандагон, ҷабрдидагон ва ҳақиқатҷуён факту далелҳои нав ба дасти мо омада расид, ки баъзе аз онҳоро дар ин навишта ва боқимонда далелҳоро бори дигар санҷида дар матолиби оянда чоп хоҳем кард. Каримов Ҳошим баъд аз чоп ва пахши видеои барнома худро ба ҳар су то ҳоло  зада истодааст. Боз такрор шавад ҳам мегуем, бовар кунед мақсади асосии навиштани ин мақолаҳо, дар он нест, ки бизнеси вай ба касе лозим шудааст, чуноне, ки худаш фақат дар ин фикр мебошад, ё ин ки ба ӯ бахиливу ҳасудхурӣ мекарда бошад. Не. Мақсад фақат як чиз, дар инсоният каме бояд инсоф, виҷдон бошад, боз ҳоҷӣ ҳам ҳаст. Ба хотири пул шуда, имонро нафурӯхтан ва хиёнат ба мардуми ҷабрдидаи худ  накардан аст. Аз тарафи мо каме ҳушёр намудан, аст ки мардум ҳамаи корҳоро мефаҳмад, фикр накунед, ки шумо аз ҳама доно!

Каримов Ҳошим ба гуфтаи наздиконаш рӯзҳои аввал сахт ба умед буд, ки Ашраф Гулов бо Парвина ба ӯ дасти ёрӣ мерасонанду аз ин вазъияти ногувор тез мебарояд. Вақте ки ба Ашраф Гулов телефон карда кумак хост, гуё ӯ гуфта бошад, ки «ман масъаларо равшантар карда баъд ба ту занг мезанам, илтимос ту ба ман занг назан, мумкин аст телефонҳои туро алакай гуш карда истодаанд». Ҳошим 3-4 руз телефонро аз гуши худ дур накарда интизор шуд, вале аз мурда садо ҳасту аз “кришаҳо” не. Ҳошими содда, ки дар ин хел вазъият бори аввал афтида буд, тамоман худашро гум кард, ки ин чи тавр шуд. Ӯ доимо фикр мекард,  ки бо як телефони онҳо ҳама кор ҳал мешавад ва ҳатто аз ӯ кормандони  «Ислоҳ» ҳам бахшиш мепурсанд. Афсус, ки вазъият бадтар шуду беҳтар не. Боз видео ба мисли як филми Голливудӣ  пахш гардид, ба гуфтаи худаш “кршаҳо” тамоман шикоф  будааст. Чунки баъд аз пахши барнома ҳама якбора руй гардониданд. Ҳаёт нишон дод, касоне, ки бо ҳамроҳии  “оила” кор мекунанд, ё ин ки ҳамчун кришаи худ онҳоро маҷбурӣ ба худ қабул намудаанд, хуб медонанд, ки домодону духтарҳои президент, хусурбачаву бодигардҳояш ва баъдан вазиру раисонаш  “крышаи” боқуввати шумо, то он даме, ки шумо проблемаатонро худатон ҳал мекунед, ё ин ки  надоред  ва дар вақт-вақташ “доля”-ро оварда медиҳед, вақте ки майдатарин проблема пайдо шавад, ҳатман  барои ҳалли  масъала  “доля” якчанд маротиба зиёд мешавад, агар проблема махсусан ба “боло” вобастагӣ дошта бошад, кришахо тамоман худашонро аз шумо дур мегиранд, ба телефонҳо дигар намеёбед, қабул ҳам намекунанд, мабодо  мушкилии ба миён омадаро шумо худатон бо пулҳои калон (бе ин намешавад) ҳал намоед, шарм накарда боз ба шумо мегуянд, ки инро мо ҳал кардем, агар проблема ҳал нашавад, “крышаҳои оила” як гапи хуб доранд, “мо огоҳ карда будем, ӯ охирон вақтҳо аз худ рафта буд, нисбаташ гап зиёд буд, ё пулаш ҳам  зиёд шуда буд, “ бо ана ҳамин суханҳо ҷони худашонро халос намуда,бо як  ноҷавонмардӣ  худро таскин медиҳанд. Боз дар охир шумо  миннатдор мешавед, ки ҳамаи амволамро гирифтанду 10-15 сол суд карданд, «агане  агар Ака намебуд, боз зиёдтар ҳам суд мекарданд». Ин қазия бояд дарсу омӯзаи хубе барои онҳое аст,ки ҷор мезананд “Крыша”и ма домоди пешво ё духтари ӯст! Хуб диққат диҳед қабл аз он,ки ҳамсарнавишти Ҳошим Каримов ва амсоли ӯ нашавед!

Ногуфта намонад, мабодо худи президент  мушкили шуморо фаҳмад ба ҳама китобҳои муқаддас қасам мехурад, ки шуморо намешиносад ё ҳамроҳи ягон кас як маротиба дидаанд. Бо ана ҳамин хел “крышагари” мардумро 30 сол шуд аҳмақ карда гашта истодаанд. Бадии кор дар он аст, ки ҳамаи ҳамин крышагариҳоро мардум бо чашмони худ  дида истода, боз дар навбат истодаанд, ки моро ҳам ҳамин тавр пуштибонӣ намоед. Ин гапҳои моро ҳама бо дил тасдиқ мекунад, агар бо забон гуфтан хатарнок ҳам бошад.  Бовари 100% дорам аз ҳамаи ин нағмаҳои атрофиёнаш, пуштибониҳо, ғасб кардани бизнесҳо, ноодилона кашокашу туҳматҳо пешво хабардор аст. Номумкин аст, ки дар як ҷумҳурии майда, бо ин қадар хешу табори зиёд, бо ин қадар органҳои қудратӣ, бо ин қадар хабаркашҳо, пешво бехабар бошад. Пешво мардуми аз синни 15-16 сола болоро мумкин аст ном ба ном, ё ин ки ақалан фарзанди кӣ буданашро донад, шубҳа надорем, барои он ки ӯ кори дигар хам надорад.

“Ҳошим Каримов бояд аз ҷурааш Азизулло Абдуллоев ибрат мегирифт. Ӯ ҳам то охир ва ҳатто баъди дастгир шудан 30 сол ҳукм гирифтан то ҳол дар он фикр аст,ки акаи Зоир Соҳибоваш хабар надорад. Барои он ки ҳамаи ҷумҳурӣ медонад, ки пуштибони Азизи домсоз ин Зоир Соҳибови домоди пешво буд. Вай баъд аз 10-15 сол мефаҳмад, ки “крыша” худаш ӯро супоридааст. Шояд дар маҷлиси оилавӣ ба хулосае омадаанд, ки овозаи Азиз баланд шуд, ӯро бояд  паси панҷара кард, чунки номи Зоир ба наркобаронӣ набарояд, аҷабе нест, ки худи Зоир супориш ҳам дода бошад ба ВКД, ин ҳама рӯзе аён мешавад!! Ба ҳама маълум аст,ки Зоир Соҳибов ВКД, Прокротураро курироват мекунад.”

Ин авлод ҳамаро вақти лозимӣ истифода мебаранд ва баъд ба ягон чуқурӣ тела мекунанд, оиди кидати оила садҳо мисолҳо дорем. Ҳошим ё Азизи домсоз кӣ ҳастанд, ки аз рафтори пуштибонҳо пурсиш кунанд. Фикр кунед, одамоне, ки Раҳмоновро ба сари қудрат оварданд чи шуданду ҳоло куҷоанд, инҳо хуб мефаҳманд, ки ҳеҷ кас дар ин замона то вақти муайян аз онҳо пурсиш карда наметавонад. Албатта, ин рафтору кирдорҳо мерос ва насиҳат аз пешво ба онҳо аст. Аллоҳ бузург аст, албатта, рузе миллати ғамдида бо чашмони худ ин шо Аллоҳ шоҳиди ҷазои онҳо мешавад.

Ҳошим Каримов ба раиси кумитаи андоз 200 ҳазор доллар пора дод

Ҳошим Каримов баъд аз чоп ва пахши видеоӣ, ба гуфтаи наздиконаш зиёда аз 500 ҳазор доллар барои як қисм корҳои худро тинҷ намудан ба баъзе кришаҳои майдааш ва органҳои Тоҷикистон  масраф кардааст. Фақат худи раиси кумитаи андоз Давлатзода Нусратулло 200 ҳазор доллар маблағро гирифта насиҳат карда аст, ки кормандони ман ҳоло ба ширкатҳои ту чаққа намешаванд, “ту бра корҳоятро соз кун, агане гап зиёдай, роҳша биёв нанвисан” боз гуфтааст, ки агар “боло” супориш диҳад ман дигар илоҷ надорам. Аз як тараф  ҳаҷми фурӯши маҳсулоти дорувории Ҳошим Каримов  дар Тоҷикистон хеле коҳиш ёфтааст, аз тарафи дигар тамоми он органҳое, ки ба  бизнесаш мусоидат мекарданд, ставкаро боло карда, илтимос доранд, ки пулро ба дасти каси дигар равон кун, худат наой назди мо,ки мода проблемаи калон мешавад. Ҳошим Каримов  ба дараҷае хасис аст ки ҳатман худаш бояд  пулро диҳад, розӣ нашуда истодааст. Ба гуфтаи хешу табораш ӯ вақти маблағдиҳиро ҳатман сабт ҳам мекунад, барои кадом рузе шояд лозим шавад мегуфтааст ва ин корро “крышачаҳакҳояш” ҳатто медонанд, калоно аз бало ҳазар гуфта шиштаанд.

Домоди “пешво” бо домоди аки “пешво” шарики ҷинояти фаромиллӣ

Тамоми корҳои ғайриқонуни гумрукии ӯро ба гуфтаи наздикони Ҳошим Каримов чанд соли охир бо супориши Ашраф Гулов, ҷонишини сардори  гумруки Тоҷикистон Ҳурматов Ислом домоди акаи президент иҷро мекардааст.

“Ҳошим Каримов вақте, ки ба Ҳурматов Ислом  муроҷиат менамояд, нисбати ба расмият даровардани 2-3 контейнери омада истода”мисли ҳарвақта” Ислом Ҳурматов  ҳатто то охир гӯш ҳам накарда маслиҳат медиҳад, ки ҳоло то нисбати ту ором шудани гапҳо борҳоятро свх (склад временное хранения) карда мон, баъд вазъиятро дида кор мекунем. Ва дигар гушакро қатъ мекунад, ба гуфтаи Ҳошим дигар то ҳозир ба алоқа набаромада аст.”

Аз тарафи дигар партнерҳои дар Москов буда ҳам каме худдорӣ намуда истодаанд аз ҳамкорӣ, гуё ба сари онҳо низ фишор аз тарафи роҳбарияти худ бошад.

Ҳошим Каримов дар чорсӯйи фишорҳо

Ҳошим Каримов ба хешу табор ва баъзе рафиқони худ маслиҳатҳо карда ба хулосае омад, ки об аз боло лой аст. Ба ӯ хабар доданд, ки дар маҷлиси оила ҷангҷол шудааст, ки нафари бегона ин қадар дорувориҳои куҳнаву арзонро дохил намуда даҳҳо миллион долларро аз пеши чашмамон бурда истодааст, бояд ин бизнес дар дасти одами наздиктар ба худамон бошад. Дар натиҷа ин бизнесро пурра ба “Авесто- Групп”, ки аз наздикони Рустами Эмомалӣ мебошад гирифта дод. Дар Тоҷикистон 3-4 ширкати доруворӣ ворид мекарда ҳастанд, ки ҳама зери назорат ва наздикони оила мебошанд. Ҳошим Каримов ба гуфтаи худаш то индараҷа номард будани аъзои оиларо дар ақлаш ҷой намекард, ки бизнеси зери нигоҳубини оиларо ҳам боз аз даст бигирад, ҳол он ки солҳои охир ба гуфтаи Ҳошим аз 70% зиёди фоидаро онҳо мегирифтанд. Ҳоло сахт дар ташвиш аст, ки ба даҳҳо миллион доллар дар Тоҷикистон молу амвол дорад, оқибати онҳо чи мешуда бошад, аз ҳама асосаш солҳои дароз  бизнеси “перекидка денег”, ки аз шаҳрҳои Русия бо Душанбеву  Истаравшану Хуҷанд хуб ба роҳ монда шуда асту тақрибан 40-50% тамоми пули аз Русия гузаронида мешударо назорат мекунад, ки аз ин бизнес аз 1% то 3% ҳаққи хизмат мегирад. Ин бисёр як миқдор ва ҳаҷми калон аст, чи мешуда бошад?! Инро ҳам ба касе гирифта медода бошанд, ё ин ки андозбандӣ мекарда бошанд, Ҳошим ҳайрон аст. Ин як тарафи масъала, тарафи дигари масъала Ҳошимро ” генерали аждаҳори баднафс” Зоиров Ҷурахон зери фишори сахт қарор додааст, ки барои чи ту дар ҳама ҷой нақл кардӣ баъзе сирру асрорамонро. Масалан вагони гугирдчубро. Худат хуб медонӣ, ки ман 15-20 вагони гугирдчубу туалетный бумагаи туро чашм пушида сар додаам, ту бошӣ ба ҳама нақли ҳамон 150 ҳазор долларро кардаӣ.

Таҳдидҳои генерал Ҷурахон Зоиров ба Ҳошим ва баъзе дороиҳо ва корнамоиҳои ӯ

Ба гуфтаи Ҳошим генерал Зоиров Ҷурахон аз ӯ талаб  дорад аввал номашро аз «Ислоҳ» тоза кунад ва баъдан як суммаи калон гуё “за моральный ущерб” ба ӯ  пул диҳад. Зоир Ҷурахон ё “Шайтан генерал”  даъво дорад, ки вай яке аз намояндагони элитаи Тоҷикистон асту генерали ҳақиқӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва ҳоло корманди Академияи милли илмҳои Тоҷикистон мебошаду номи ӯ доимо то имрӯз ба некӣ гирифта шуда аст ва ӯро ҳамчун фарзанди бономус, дасти пок ва пушти тоза дошта, авлоди шоҳони Дарвоз ва содиқона ба давлату миллат хизматкарда мешиносанд. Дар ҳақиқат агар дар Сағирдашту Дарвоз нафаре вазифа гирад, ё ин ки каме бой шавад, масалан як Москвич ё Жигулии нав харад, албатта решаи худро ба решаи ягон шоҳони гузашта пайваст мекунаду дар охири номаш ҳатман ду -се ҳарфи дигар ба мисоли Шералӣ вақтҳои аввал, вале баъдан  Шералишо, Одилшо, Кишваршо ҳатман-шо ё шоҳро изофа менамояд. Онҳо то ҳозир ба фикрам хоб ҳастанд, ки 30 соли охир шоҳу шаҳзода ҳама дар Данғара асту онҷо таваллуд мешавад. Зоир Ҷурахон фикр мекунад, ки ӯ ягона генерал дар Тоҷикистон ҳасту ӯро бояд ҳама гуш кунад. Маслиҳати мо ҳамин аст ки бисёр дур наравад, биравад то қишлоқи Пушинги ноҳияи Данғара, ки тахминан 8-9 ҳазор аҳолӣ дорад, онҷо70 генерали ҳоло дар сари вазифа буда ҳастанд, ки бисёре аз онҳо баъд аз гирифтани рутбаи генералӣ, дар фикри ягон дипломи мактаби олӣ мешаванд. Зиёда аз онҳо то 35 солагӣ ин рутбаро мегирад, “худодод” ё “Раҳмондод” ҳастанд.

Зоиров Ҷурахон баъд аз ин мақола мисли девона шуда ба тамоми бизнесменҳову каме обруй дошта тоҷикони Русия занг зада таҳдиду фишорҳо ва ба разборҳои кучагӣ онҳоро тарсонида истодааст. Ва ваъда кардааст, ки кормандони МВД ва ФСБ-ро ба сарашон равон мекунад. Зиёде аз онҳо аз истеъдодҳои генерали баднафс хабардор ҳастанд, ки метавонад  барои пул шуда ягон “подстава” кунад, розӣ шуданд, ки маблағгузорӣ мекунанд,то ин  ки  “заказчик’-и мақоларо пайдо кунанд. Солҳое, ки Генерал шайтан Зоиров Ҷурахон намояндаи вазорати корҳои дохилӣ дар Русия буд, гирди худ як бандаи ҷинояткоронро гӯем ҳам хато намекунем, аз намояндагони бизнесу криминал ҷамъ карда буд, ки ҳар яке вазифаҳои худро доштанд,2-3 нафари онҳо бо насиҳату супоришҳои Зоиров Ҷурахон амал карда оқибат кушта шуданд, якчанд нафар зиндонӣ барои куштори 3-4 нафар солҳои дароз ба мисли Лутфулло Муҳаммадиев,  ва баъзе хушбахтараш просто банкрот шуданд. Яке аз дӯстони наздиктарини генерал Зоиров,ки намояндагони олами ҷиноӣ Яхшимуродов Шуҳрат (по кличке Шуха) ва дигаре Аҳмадов  Мустафо (по кличке Ахмед) пасу пеш дар назди хонаҳояшон бо 15-20 тири  аз автомат кушта щуданд, сеюмиро аз пешонааш парониданд. Ин аст натиҷаҳои ҳамкорӣ ва дӯстии онҳо бо генерал Зоиров Ҷурахон,баъзеашонро бо ҳамкорӣ бо генерал набахшиданд, дигаронашонро ба гуфтаи шоҳидон худи Зоиров Ҷурахон фурӯхта аст. Ин гапу корҳоро бисёре аз бизнесменҳо ва намояндагони олами ҷиноӣ хуб медонанд, ки генерал дар як вақти муайян  одамро мефурӯшад. Нисбати ин нафарони кушташуда ва чи гуна муносибатҳо бо генерал-академик доштаашон равшантар дар мақолаҳои оянда нақл мекунем. Аз ҳамин лиҳоз хавфи Ҳошим Каримов ҳам беасос нест. Худи Ҳошим Каримов  ҳаёти ҳамсинфи худро бо дасти ин генерали баднафс шикаста аст хуб мефаҳмад, ки ӯ ба хотири пул ба кадом роҳ тайёр аст, биравад ба ҳамаи ҳамин нигоҳ накарда, Ҳошим Каримов маҷбур шуд баъзе аз секретҳои байни худ ва шайтан генералро ба наздиконаш нақл кунад. Масалан ба гуфтаи Ҳошим таърихи 26/03 барои ӯ як рӯзи бадтарини сол аст. Чунки ин зодрӯзи шайтан генерали баднафс мебошад, ки аз соли 2008 то ҳозир, қариб 15 сол мешавад, ки зодрӯзи худро дар ресторанҳои беҳтарин, қимматтарин ва дар рейтинги топ-10 буда, ба 40-50 нафар одам мегузаронад ва худ ҳамчун меҳмони олиқадр 10-15 дақиқа пештар меояду албатта ягон камбудӣ пайдо намуда моро ҷангҷол мекунад ва то бастани шудани ресторан рақсу бозӣ, шаробнушӣ ва боз аз ҳисоби мо ягон шишагӣ нушокиҳои спиртии қиммат ба меҳмонҳои худ туҳфа мекунад, фикр мекунӣ хонаи падараш бошад ва дар охир миннатдорӣ ҳам накарда баромада меравад. Ҳар як зодрӯзи ин аждаҳор генерал барои мо аз 15 то 30 ҳазор доллар зарар меорад. Ҳамин сол 65 солагиашро  боз омада дар яке аз  ресторанҳои қимати Москва ба номи “Белуга” бо ҳамроҳии нафақахурони зиёди вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагони СНГ қайд намуд. Ҳама ҳайрон, ки барои чи дар Тоҷикистон, дар назди аҳлу оилаат ҷашн намегирӣ, баҳона ин аст ки дар Тоҷикистон ин хел ҷашну маросимҳо манъ аст. Ғайр аз Ҳошим Каримов  боз даҳҳо нафар тоҷикони бо обруй омада дар назди дари ресторан табрик намуда туҳфаву конвертҳои худро супорида мераванд. Ғайр аз зодрӯзҳо доимо бо меҳмонҳояш дар ресторанҳои кавказиву шарқӣ вохуриҳо мегузаронад, ин ҳам аз ҳисоби тоҷикони Москва. Умуман аз ин каме беҳтар Девонаев Сафиалло буд, ки ӯ фақат пули нақд мегирифту баъди аз Русия баргаштан ба Тоҷикистон дигар ғам намедод.

Аз рӯйи нақлҳои баъзе дигарон генерали аждаҳор дар минтақаи “Бутоваи Москав” дар як Жилой Комплекси нав ду квартира ба масоҳати 320 кв метрро дар як площадка харида, евроремонт карда ба иҷора додааст. Ин хонаҳоро Ҳошим Каримов бо як бизнесмени дигар харида додаанд. Боз як ҳавлӣ- коттедж дар минтақаи Минский шоссе дар 25 км бо ёрии тоҷикони Русия сохта ҳоло якчанд сол мешавад ба ичора додааст.

Нисбати ба бизнеси «перекидка»- «ҳавола»-и пулҳои Ҳошим Каримов алоқамандӣ доштани Зоиров Ҷурахон ба воситаи домодаш Суҳроб, писари Маҳмадӣ Пиров  бо тахаллуси “тоқикалон”, бародари Тоҷиддин Пиров ва чи қадар дар ин бизнес маблағи  гузоштааш нақл мекунем. Генерали баднафсро хотир расон намуданӣ хастем оиди 600 ҳазор доллари худро аз бонки «Тоҷиксодиротбонк»  гирифта ба бонки “Соҳибкорбонк”- ки раисаш Кабиров Одилшо, бародари Шералӣ Кабиров мебошад, гузоштааст. Зоиров Ҷурахон фаҳмид, ки вазъи «Тоҷиксодиротбонк» на онқадар хуб аст, бо тезӣ зиёда аз як миллион доллари худро гирифта қисми онро ба “Соҳибкорбонк” гузошт, баъд аз чанд вақт фаҳмиданд, ки “Соҳибкорбонк” ҳам ба  Оила, аниқтараш ба дасти Ҳасан Асадуллозода гузашта истодааст аз он ҷой низ ба тезӣ пули худро баровард. Мо аз ин гуфтаҳо чи мақсад дорем? Мақсади мо ҳамин аст, ки генерал Зоиров Ҷурахон худро ин қадар поку покиза ва ҳоҷиву доктори илмҳое, ки фақат ба халқ хизмат карда метарошад, савол ба миён меояд, ки ин қадар маблағҳоро аз куҷо ба даст овардааст, бо ин хел маошҳои хандааовар.

Дар бораи се квартираи дар Душанбе ба иҷора додаашу ба зани дуввуми худ ҳавлии калони сохтааш ҳоло гап намезанем.

Дар бораи 300 га замини дар Муминобод ва 100 га замини дар Сағирдашт гирифтаи Зоиров Ҷурахон ба воситаи Шералӣ Кабиров нақл менамоем. Фикр кунед, ки одами аз хама пок ва содиқона ба халқ хизмат карда, соҳиби чи қадар дороист.

Генерал Ҷурахон Зоиров пас аз нашри матлаби аввал ба бемории васвос мубтало шудааст

Мақолаи пештара чунон ба генерали баднафс таъсир намудааст, ки ду -се маротиба соатҳои ҳафти саҳари сару либоси генералии худро пушида то назди дарвоза рафтааст, ки   ба ВКД ба кор меравад. Бечора ҳамсараш гуфтааст “мардак худат 7-8 сол шуд дар нафақа ҳастӣ” шайтан генерал Зоировро ба хона бар гардонидааст. Бовар дорем фарзанде, ки имрӯзҳо дар ВКД кор мекунад аз хатоиҳои падар дарс меомузад.

Зоиров Ҷурахон  назар ба дигар генералҳои ин режим бо ин қадар камбудиҳояш боз тозатар аст. Мисолҳо хеле зиёданд, нисбати генералҳои  ин ҳукумат. Чи хеле худи Раҳмонов мегуяд  “фаромӯш накунед, ки ман шуморо аз оғилу замини саҳро оварда лампас пушонидаам”,дар ҳақиқат ҳамин тавр ҳам ҳастанд.

Ҳошим Каримов кидат шудааст

Аммо, ҳоло вазъияти Ҳошим Каримови наркобиотик -партнери бизнеси доруи Ашраф Гулов -шавҳари Парвинаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов, сафири Тоҷикистон дар Туркия хеле бад шудааст. Ашраф ӯро дигар барои идомаи тиҷорат ба Туркия даъват намекунад ва дар дорухонаҳои Тоҷикистон ҳам сару садоҳову овозоҳо бо суръати бод паҳн шудааст,ки доруҳои аптекаҳои уротеппагӣ «фалшивий» будааст ва барои ҳамин як бора фурӯши онҳо ба замин задааст. Қабл аз омода намудани ин матлаб як назарсанҷӣ дар чанд минтақаҳои кишвар, ки онҷо доруфурӯшиҳои Ҳошим Каримов буданд ё баста шудаанд. Пурсидем чихел баста шудаанд, оё касе болояшон фишор овард,ки баста кунанд? Дар посух гуфтанд,ки на мардум фаҳмиданд,ки доруҳои муҳлатгузашта фурӯхта мешаванд касе харидани намеояд ва дигар худашон маҷбур ба бастани онҳо шудаанд. Яъне матолибу барномаҳои “Ислоҳ” мисли соиқа нашру паҳн мешаванд ва мардум хубро аз бад ва зарарро аз фоидаашон ташхис мекунанд.

Поёни бахши дуввум, идома дорад ва то шаш матлаб тақрибан омода ба нашр аст.

Ps: Феълан чанд маълумоти ҷонибӣ аз амалҳои Ҳошим Каримов ба “Ислоҳ” расидааст. Маълумотҳои ҷолиби дигаре аз Ашраф Гулови додмод пошо ва ваҳшату изтиробҳои ин сафири Кабир,ки хело ҷолибанд.Инчунин аз генерал Ҷурахон Зоиров вале онҳоро бояд тасдиқ намоем,ки то чи андоза сиҳат доранд. Барои мисол як маълумоташ чунин аст: “Доруҳое аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешаванд қисме аз он дар дорухонаҳои худи Ҳошим Каримов тақсим ва фурӯхта мешаванд ва қисми дигараш ба дорухонаҳои “Сифат-Фарма»и Парвина ва Ашраф Гулов ворид мешаванду фурӯхта мешаванд. Агар ин ҷиноят тасдиқ шавад хело мудҳиш аст. Доруҳои муҳлатгузаштаро духтар ва домоди “Пешво” ба мардум мефурӯшанд,то пул кор кунанд” Ҳатман пас аз тасдиқ шудан онҳоро низ дар шумораҳои баъдӣ тақдим хоҳем намуд. “Ислоҳ”, то имрӯз ҳеҷ касеро туҳмат накардааст ва ҳама ончи нашр менамоем ҳатман месанҷем ва таъкид мекунем, пас аз он нашр менамоем. Дақиқан ин матлаб ва матолиби баъдӣ ин шо Аллоҳ бо шаклу омодасозии чуноне гуфтаанд “Голевудӣ” тақдими бинандагон хоҳад шуд. Бо “Ислоҳ” бошед, то ҳамаи ин моҷароҳои ҷолибу ҷиноятӣ бештар огоҳ гардед!

Share This Article