Яке аз муаллифони ҳамешагии барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо», ки аз Волгоград ба «Ислоҳ» менавишт, гуфт, ки дар сайти нашрияи СССР ба навиштаи шумо посух додаанд.
Гуфтам, ки ту аз куҷо фаҳмидӣ, ки он навишта посух ба навиштаи мо аст? Гуфт, ки ман ҳар рӯз сайтҳои нашрияҳои Тоҷикистонро мехонам. Медонам, ки гоҳо чи тавр дар нашрияҳои чопи Душанбе, бе онки ишора ва таъкид бишавад, ки ин навишта вокуниш ба фалон навиштаи сайти «Ислоҳ» аст посухҳоро аз номи ин ё он нафар, ки гоҳо он нафар ҳатто вуҷуд надорад, нашр мекунанд. Аз ин ҷиҳат аст ки гуфт ин муаллифи мо, навиштае, ки дар сайти СССР аз рӯзи 19 июн таҳти унвони «Филми «Шикасти фитна»-ро бояд ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ тамошо кунад» чоп шуд (https://sssr.tj/filmi-shikasti-fitna-ro-boyad-har-yak-tojik-va-tojikistoni-tamosho-kunad/ ҷавоб ба матлаби сомонаи «Ислоҳ.нет» аст ки таҳти сарлавҳаи «Вамар набиё! Коре ба ҷашни ваҳдатат надорем». /lsloh.net/vamar-nabiyo-kore-ba-ҷashni-vaҳdatat-nadoreml/ мебошад.
Муаллифи мо, ки ному насабаш пеши мо маҳфуз аст аз мо хоҳиш кард, ки матлаби СССРро ба шакли пурра бознашр кунем, то боз далоили дигареро пешниҳод кунад, ки навиштаи СССР маҳз посух ба навиштаи мо ва як навъ маҳору камтаъсир сохтани он аст. Мо ҳам қабул намудем ва ҳоло инак он навишати СССР, ки бо номи «Филми «Шикасти фитна»-ро бояд ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ тамошо кунад» дар сомонаи он дарҷ шудааст:
«Дар замони ҳозир, ки ҷаҳонишавӣ бо як суръати баланд пеш рафта истодааст миллате фарҳанг, таърихи ва ҳудуди худро ҳифз карда метавонад, ки сокинонаш дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ бошанд.
Мутаассифона имрӯзҳо дар баъзе мавридҳо аз сокинони ноогоҳ баъзе палидҳо истифода карда онҳоро бар зиди давлату миллат таёр намуда мехоҳанд ниятҳои нопокашонро пиёда намоянд. Чунин ниятҳои фитнаангезро тариқи филми ҳуҷҷатии «Шикасти фитна» аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионҳои давлатӣ тамошо кардам ва ба худ гуфтам, ки Улфатхоним Мамадшоева мебоист, ки ба тарбияи наберагон даст мезад ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ҳидоят мекард ҳамчун як модари тоҷик аммо мутаасифона маблағҳои бедарди миёни хоҷагони хориҷӣ пеши чашми ин занро гирифтанд ва ҳатто таёр шудааст, ки миллату давлати худро ба як тини пучак бифурушад ё дар мисоли Холбашу Боқир, ки ҳисси маҳалгароиашон чунон боло рафтааст, ки аз худ як миллати дигар сохтаву ҷавононро ба ҷангу ҷидол ва ҳатто ба марг кашиданд. Дигар аз ун беодобоне ба мисли Алим Шерзамонову Кабириву ду се тирмизаки дигарашон ки дар хориҷ қарор доранд чи бинолем, ки дар остин мор парвардабудаем. Яъне мегӯянд ку «Коре ки худи мекунад бегона намекунад».
Хушбахтона имрӯзҳо шохаҳо давлтдории мо бисёр рушд намудаанд хизматчиёни мақомотҳои қудратии мо ҳар лаҳзаву ҳар соат барои оромиву осоиштагии мардум саф ба саф истода Ватанамонро ҳимоя намудаистодаанд, ки шоёни таҳсину офаринанд МО ХИЗМАТҲОИ ҲАР ЯКИ ШУМОРО ҚАДР НАМУДА БА ШУМО РОДМАРДОНИ ДИЁР БОВАРИИ КОМИЛ ДОРЕМ.
Ва дар охир гуфтаниям, ки ин сухани Пешвои муаззами миллат «ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕД» бояд дар гуши ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ садо диҳад ва дар забон такрор шавад чунки дар ин сухан як олам маъниву миллионҳо калом аст».
Бахтовари Диловар,
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Магистранти «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»
Ин бародари мо гуфт, ки акнун аз навиштаи «Ислоҳ» танҳо чанд ҷумлаеро пешниҳод мекунад ва хоҳиш кард, ки онро ҳам пешкаши хонандаҳо намоям:
«Ҳоло агар Помир таҷлили Ваҳдат меояд, бигзор, ки бандиёни бегуноҳи помирӣ, ки аз 250 нафар зиёданд ва ҳамин чанд рӯзи пеш яке аз онҳо Аслан Гулобов кушта гардид, масалан Улфатхонум, Холбаш, Фаромуз, Оразро озод карда ҳамроҳаш оварад. Аз як хонаи Толиб Айёмбеков чор нафар дар зиндон аст.Онҳоро раҳо кунад ва ҳамроҳаш оварад ва сипас ҷашни Ваҳдат барпо кунад. Ин мардумро кушт, зиндонӣ кард, ҳоло боз меояд, ки ҷашни Ваҳдат барпо кунад? Куҷост мантиқ, куҷост инсофу куҷост имон?
Бародару хоҳарони ман чи гуфта қотили худро бо рақсу суруд пешвоз гиранд?»
То инҷои суҳбат, ки омадем тоза фаҳмидам ва бовар кардам, ки ҳарфҳои бародар беҷиҳат нест, балки сидқ мекунад ва комилан дуруст аст.
Ин бародар гуфт, як далели дигари онки ин навишта вокуниши пушида ва эълоннакарда ба навиштаи «Ислоҳ» мебошад, дар он аст ки он бисёр ҳам саросемавор ва пур аз ғалату саҳвҳо ва бидуни тасҳеҳу таҳрир чоп шудааст. Гуфт, дилхоҳ матлаби ин шумораи СССРро гиреду бо ин навишта қиёс кунед, ин қадар хатоҳо надорад.
Ин бародар боз як нуктаи дигареро хеле ҳам зарифона ишора кард. Гуфт, ки чаро маҳз дар ҳамин шабурӯз СССР аз хонандаҳояш хостааст, ки филми мазкурро, ки дар бораи фаъолони бадахшонӣ аст, тамошо кунанд. Ва илова кард, ки «Ислоҳ» масъалаи сафари Раҳмонов ба Вамари Рушонро, ки интизор меравад то чанд рӯзи дигар сурат бигирад, дар асоси номаҳои сокинони вилояти Бадахшон расонаӣ кард, ки дар маҷмуи ин номаҳо эҳсоси нафрату эътирози ин мардум ба ин сафар ошкоро ҳувайдо шудааст, «СССР» ба навъе талош кардааст, нишон бидиҳад, мардуми Помир бо Улфатхонум ва ё Фаромузу Холбаш нестанд ва тарафдори Раҳмонованд. Зикри исми мухолифине чун Алим Шерзамонову Кабириву дигарҳо ва таъкиди онки дар хориҷаанд ҳам маҳз ба ин мақсад инҷо оварда шудааст, ки ба навиштаҳои мухолифин бовар накунанд. Ва, ин навъе аз набарди иттилоотӣ аст, хулоса кард ин бародари мо, ки ҳар аз гоҳе аз Волгоград ба мо аз сайтҳои нашрияҳои Тоҷикистн баъзе аз навиштаҳоро мефиристад ва худаш ҳам мегуяд, пайваста сайтҳои нашрияҳои Тоҷикистонро мурур мекунад.
Зимнан, ин навъе фазосозӣ аз тарафи дастгоҳҳои идеологии Раҳмонов аст ки пешопеши сафари вай ба ВМКБ дар нашрияҳои подконтролашон дар робита ба ин вилоят матолиби бештар чоп намуда истодаанд.
Чопи хабарҳо дар ин авохир махсусан дар хабаргузории давлатии «Ховар» дар мавзӯи Бадахшон бештар шудааст. Ва, нуктаи асосӣ ва меҳварии ин навиштаҳо он аст ки «Пешвои миллат ба Бадахшон ғамхории вижа зоҳир мекунад». Масалан як ҷумла аз як хабари Ховар инҷо намуна меоварем:
«Бояд тазаккур дод, ки дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат (солҳои 2022-2026), Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди саноат дар Бадахшон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд». ( Июнь 19, 2025)
Дурусту дақиқ бар зидди муҳтавои навиштаи мо, ки бар асоси номаҳои худи сокинони Помир гуфтем марҳум Шоҳзода Карим –Оғохони 4 ба ин мардум кумакҳои зиёд ва ройгон кардааст. Яъне талқину ташвиқ карда истодаанд, ки Оғохони 4 неву Раҳмонов ба помириҳо кумак мекунад. Ва ҳамаи ин хабарҳо бо ин руҳия, ки Пешвои миллат ғамхори мардуми Бадахшон аст.
Аммо, ҳарчи коре ҳам накунанд ва ҳар чизе ҳам нагуянд, ҳақиқатро наметавонанд бипушонанд. Чун мардуми Помир ҳаҷми кумаку ёриҳои Раҳмоновро дида истодаанд. Аз ин ҷост, ки дар худи ҳамин хабари «Ховар» ҳам иқрор ва эътироф мекунанд, дар сохти иншооти нав саҳми «соҳибкорони инфиродӣ» қобили таҳсин аст: «Дар семоҳаи якуми соли 2025 корхонаҳои саноатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон якҷо бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 45,8 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 –ум 111,7 фоиз ва ё маблағи 4,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад». Соҳибкорони инфиродӣ, онҳое, ки ҳеҷ дахлу рабте ба бюҷету пули давлат надоранд ва ҳаминҳоянд, ки истеҳсол мекунанд.
Баъди суҳбат бо он бародар ва мутолиаи навиштаи СССР, ки худро Бахтовари Диловар, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Магистранти «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» муаррифӣ кардааст мутаваҷҷеҳ шудам, ки ин навишта на сар дорад ва на нук ва дар ҳақиқат пур аз ғалат ва маълум аст ки бисёр ҳам бо аҷала нашр шудааст, ки ҳатто саҳвҳои имлоӣ гирифта нашудааст. Масалан дар номи ашхос хатощои фоҳиш дида мешавад. Ба ҷой Алим Шерзамонов нависад, навиштааст Алӣ Шеризамон
Бор, Худоё! Ин Раҳмонов чи давлату давлатдорӣ карда бошад, ки боз кадом муассисаеро бо номи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ташкил кардаанду ва он боз магистрант ҳам доштааст. Ё, тавба!
Ҳоло, чи гуфтан мехоҳам? Бародари сардабири СССР, шумо аз ин пеш ҳам борҳо дар таҳқиру тавҳини банда тунду тез ҳарф зада ҳеҷ кутоҳие ҳам накардаед. Аммо ман ҳамеша нодида гирифтам ва ҳиҷ вокунише накардам.
Вале, ин бор ин муаллифи шумо ҳама хутути қирмизро гузашт ва ҳатто дар ҳақи он нафарони бегуноҳ, аз ҷумла ҳамин бону Улфатхонум Мамадшоева, ки бе ҳеҷ гуноҳе ба бист соли зиндон маҳкум шудааст, туҳмат мекунад ва ӯро ба маҳалгироӣ иттиҳом мезанад.
Имрӯз ҳазорон ҳазор помирӣ дар гушаҳои гуногуни дунё овораву дарбадар ва гуреза аст. Ҳатто ҳамин модари Гулбиддин Зиёбеков, ки милисаҳо аз бачаҳакои боло заданду куштанд, дар хориҷа аст.
Гумон намекунам, ки ин вазъу ҳоли мардуми Помирро шумо надонед? Аз солҳои ҷанги дохилӣ медонед, ки чи тавр помириҳоро аз даруни тролейбусу автобусҳо боздошт карда «моҳиқапӣ» мебурданд ва аз онҳо ному нишон боқӣ намонд. Ҳаводиси хунини моҳи майи соли 2022 дар Вамари Рушонро, ки наздики 40 помирӣ кушта гардид, бовар дорам, бештар аз ман медонед.
Шумо хуб медонед, ки он муассисаҳои фарҳангиву илмиву иҷтимоие, ки худобиёмурз Шоҳкарим Оқохони 4 дар Бадахшон сохт ва ба истофадаи помириҳо гузошт, бо иҷоза ва ризоияти ҳукумат сохт ва бояд мардвор эътироф намоем, ки хидмати босазое барои ин мардум карданд. Аммо чаро ин ҳамаро баъди ин ҳаводис ҳукумат яъне Раҳмонов мусодира ва давлатӣ кард? Онҳоро Оғохон бо харҷи садҳо миллион доллар бунёд кард ва ройгон дар ихтиёри мардуми ин вилоят гузошт.
Раҳмонов бо пули бюҷет ва соҳибкорони инфиродӣ чанд чизаке месозаду онро ғамхори помириҳо нишон доданӣ мешавед. Ҳой магистри Раҳмоновшинос! Шарм ҳам хуб чиз аст.
Шумо Улфатхонумро ба маҳалгароӣ муттаҳам мекунед. Гӯш фаро диҳед, агарчи медонам беҳтар аз ман огоҳед ва бештар аз ман дар тааҷҷуб ҳам ҳастед, ки чаро чунин шуда истодааст?
Раҳмонов тули 10-15 соли ахир Данғараро ончунон обод кард, муассисаҳо сохт, албатта, на мисли Оқохон аз кисаи худаш, аз хазинаи ва аз пули давлат, бо ин ҳадаф, ки онҷоро вилоят мекунад. Хуб, бигзор, маркази вилоят ва маркази ҷумҳурӣ, пойтахти кишвар кунад. Аммо Кулоб чи кам дошту дорад, ки набояд вилоят бошад? Вилояти Кулоб буд, ку? Чаро агар вуҷуди вилоят дар ин минтақа зарур ва ногузир бошад вилояти буда вилояти Кӯлоб бо маркази маъмурии шаҳри Кулоб ташкил нашавад? Ана инро мегуянд маҳалчигӣ, маҳалгароӣ. Ман мутаминам, ки агар зодгоҳи Раҳмонов Данғара не, Кулоб буд, ҳамаи ин сохтмонҳову ободкориҳои Данғара дар шаҳри Кулоб мешуд. Ва шумо имрӯз дар ҷойи Асадулло Раҳмон мушовири Раҳмонов будед. Асадулло Раҳмон (Сумбулоғо) барои он ба мансабҳо сазовор шуд, ки аз Данғара аст. Раҳмонов барои он Данғараро обод ва маркази вилоят карданӣ аст ки маҳалли худро аз Кулоб болотар меҳисобад, чунки Раҳмонов маҳалпараст аст. Вагарна шумо аз ҳамин Сумбулоғо чи камӣ доред оқои Сайёфи Мизроб?
Баъди чунин фаҳмонидани он бародар ман ҳам ба ин хулоса омадам, ин матлаби СССР посух ба матлаби «Вамар набиё»-и Ислоҳ аст. Эълон ва ифшо намекунад, аммо хостааст, аз таъсири он бикоҳонад. Вале корест беҳуда, ба мисли об дар ғалбер гирифтан, ба ҳован об кубидан ва бо мушт бод гиреҳ кардан. Улфатхонум, Фаромуз, Холбаш ва Муҳаммадбоқир барои шахси худашон не, барои дифоъ аз мардумашон зиндонӣ шуданд.
Ман ба шумо як нуктаро ёдварӣ караниам. Режиме, ки ҷуз аз дуздии сарват, зиндонӣ ва кушттор коре намекунад, агар тамоми расонаҳои дунёро басиҷ кунад фоидааш надорад. Чунки он зиди мардум аст.
Ин режим беш аз сӣ сол мешавад, ки мисли кана дар тани ин миллат часпида хуни онро мемакад.
Болои мардуме, ки ҳиҷ қасду ғарази баде надошт лашкар кашидан чи тавҷеҳ дорад? Онҳо додхоҳӣ омада буданд, ки додхоҳӣ дар тамоми дунё як амали пазируфта ва роиҷ аст. Аз қадимзамон то ба имрӯз мардум аз ҳукуматҳо доду адолат мехоҳанд. Додхоҳонро ба рагбор бастан, замини Вамарро бо хуни мардумаш обёрӣ кардан ба Улфатхонум чи рабт дорад ва ё ба Холбашу Муҳаммадбоқири шаҳид?
Шумо, бародар агар тарафи ҳақро, ки намегиред, ҳадди ақал ноҳақро ҳақ нишон надиҳед.Ё чуноне мегӯянд: «агар сухани ҳақ намегӯӣ ва аз ҳақ ҷонибдорӣ намекунӣ дар сухани дурӯғ ва ботил қарсак назадан ҳам мардист»
Чаро шумо ҳар чизеро, ки мақомот мегуяд ё мехоҳад куркурона тарафдорӣ мекунед?
Аҳмади Иброҳим магар чи кор карда буд, ки бурданду зиндонаш карданд? Чаро дар бораи вай ҳатто як сатр нанавиштед? Навиштаҳои ӯро дар СССР мехондам. Ҳамчунин навиштаҳои Хуршед Фозиловро. Ҳардуи ин журналистро бе гуноҳ зиндонӣ карданд, аммо шумо як маротиба ҳам барои онҳо чизе нанавиштед ҷаноби Сайёфи Мизроб?.
Бигзор вокуниш ва ҷанги иттилоотӣ ба навиштаҳои моро нашрияҳои расмӣ пеш баранд. Кори онҳоро шумо бар уҳда нагиред.
Ман мутмаинам, ки агар Раҳмонов аз Суғд ё Рашт буд ва сивуанд сол сари қудрат меистод ва боз бачаашро дар ҷойи худаш «талкават» мекард, шумо сад намуд мақола навишта танқид мекардед. Аммо ҳоло «7хони Рустам» менависед.
Ин шумоед, ки ба хотири маҳал ин қабилаи ғосиб ва режими хунхори золимро тарафдорӣ мекунед. Шумо рӯзноманигори мустақилед ё мубаллиғ ва ё маддоҳ? Беҳуда нашрияи шуморо дар қатори нашрияҳои ҳукуматӣ шомили обунаи иҷборӣ накарда будаанд. Яъне ба шумо нон дода истодаанд. Аммо нони шумо магар нони ҳалолу меҳнатӣ аст?
Дар бораи ман ҳам филм карданд, дар бораи дигарҳо ҳам. Аммо ин филмҳо ҳосили кори амниятиҳо буд. Шумо магар амниятиед. Баъди чанд сол аз ин филм ёдовар шудани СССР ба чи хотир аст? Ман,ки мутмаинам дар туҳмату буҳтони филмҳои сохтаи КДАМ ошкоро гапамро, суханамро менависаму ибое надорам. Аммо дар мавриди шумо чандин маълумотҳои мушбеҳ ба он иттиҳомоти он филмнома ба Ислоҳ расидааст. Ҳатто бо ному насаб ва ҳама ончи «Фоъилу мафъул» анҷом додаанд. Аммо ба Худо аслан ман ҳадафам, нишонам ,мухотабам ту набудӣ ва нестӣ,ки дар бораат нависаму…..