Рустам: «Ота мада ставка намон, натонистестум»

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед №9

 Дар ин чанд гоҳи ахир ин қадар номаҳои катбиву наворҳои аудиоӣ ва тасвирӣ дар бораи вазъу ҳолати Душанбе ва ташвишу ноҷуриву нобасомониҳои сокинони пойтахт ба «Ислоҳ» расида истодаанд, ки беҳисоб. Қаблан чунин набуд.

Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ доду фиғон, арзу шикоят ва ташвишу изтироби сокинони пойтахт бениҳоят зиёд шуда аст.

Як нафар навиштааст, ки шаҳр бесоҳиб аст ва хаос ё ҳараҷу мараҷ тамоми пойтахтро дар қабзааш гирифтаву печонидааст.

Номаҳои пур аз шикояту изтироби шуморо дар зер ҷой хоҳем дод. Аммо дар аввал чанд масъалае, ки ба мушкилоти сокинон афзудаастро зикр хоҳем кард, ки бармегардад ба нотавонӣ, оҷизӣ, заъф, ноуҳдабароӣ ва ҳатто номукаллафии Рустам дар ин мақому мансабе, ки дорад гувоҳӣ ва шаҳодат медиҳад:

1) Тайи чанд рӯзи ахир масъалаи таксиҳо сокинони Душанберо дар изтиробу ташвиш овардааст.

Масъалаи нақлиёти мусофиркашонии пойтахт дар солҳои гузашта ба ин дараҷа нигаронкунанда ва бебандубор набуд. Вале дар ин авохир, ҳеҷ не, ки ба низом дарояд. Ба гуфте, нашуд, ки нашуд, ба танзим надаромад, ки надаромад.

Махсусан масъалаи таксистҳо, ки бинобар навиштаи расонаҳо болои онҳо азоби гӯр ҷорӣ шудааст. Ҳар рӯз як қарору қоидаи нав ҷорӣ шуда истодааст, ки ба ҷойи осону роҳат кардан кори онҳо баракс душвор шуда истсодааст.

Таксист, бар фарзе касал шавад, ягон наздикаш бимирад, масалан падар ё писар, ки табиист кор баромада наметавонад, аммо барои ширкати соҳиби таксӣ фарқ надорад, таксист бояд ҳар рӯз 100 сомонӣ бипардозад.

 Агар то аввали сентябр таксист аз даромади худ 10% месупорид ҳоло бояд 25% бисупорад. Аммо ин пул ҷудо аз 100 сомонии ҳаррӯза аст. Таксистҳо чанд бор ба нишони эътироз назди масъулин даромадаанд, аммо бефоида. Ва ҳоло онҳо ногузир нархи роҳкироро боло бубаранд. Иллат ва сабаби асосӣ ин аст ки бозори таксии пойтахтро Рустам комилан тасоҳуб ва ишғол кард ва дар тамоми қаламрави пойтахт ва атрофи он фақат таксиҳои ширкатҳои Русутам ҳақи мусофиркашонӣ доранд. Дигар ширкатҳо аз бозор бароварда шуданд ва Рустам ин бозорро ҳам монополия кард.

Дар ҳоле, ки қабл аз тасаллут ва ғасби ин бозор, ки мошинҳои бо маводи сухт:-соляркаю бензин мегаштанд бо ин гаронӣ мусофир намекашонданд. Масъалаи маршруткаҳои дохили шаҳр вазъ аз ин бадтар шудааст. Барои пули бо карта гирифтан аз муштариҳо як ҷиҳоз доданд ва барои он аз ҳар ронанда 2700 сомонӣ нақд гирифтаанд. Боз он пул бояд ба Душанбе Сити гузарад ва боз барои нақд ва гирифтани он пул ронанда ҳар рӯз 30 сомонӣ пардохт намояд. Ин тамоман аз ҳама меъёрҳо гузаштаистодааст.

2)На танҳо гаронии нархи таксиҳои пойтахт, масъалаи афзоиши бесобиқаи нархи истифодаи об дар пойтахт низ сокинонро башиддат нигарон кардааст. Дар ҳоле, ки Раҳмонов дар тамоми минбарҳо ҷор мезанад, ки 60% захираи оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон аст Рустам бо иттихози як дастур нархи истифодаи обро ба ҳадди ниҳоят беинсофона боло кард.

Тибқи як қарори корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»  шурӯъ аз аввали сентябр барои шаҳрвандон, ки бо ҳисобкунак истифода мебаранд, нархи об барои ҳар як метри мукааб аз 2,26 сомонӣ ба 2,60 сомонӣ расидааст. Аммо барои он идда аз сокинони Душанбе, ки бидуни счетчик-ҳисобкунак об мегиранд, нарх то 300% боло бурда шудааст. Сокинони биноҳои баландошёна ҳоло 28,07 сомонӣ месупоранд.То иттихози ин қарори Рустам баҳои он10,61 сомонӣ буд.

Як сокини пойтахт ҳисобу китоби худро роҷеъ ба гаронии нархи истифодаи об  дар сафҳаи иҷтимоӣ чунин баён кардааст: «Ман дар як сол барои 4 нафар пардохт мекардам, ҳарчанд тибқи санадҳо дар хонаи мо 3 нафар сабт шудаанд. Пештар 400 сомонӣ месупоридам. Ҳоло ҳисоб кардам, ки барои як нафар 337 сомонӣ мешавад ва барои 4 нафар дар як сол — 1347 сомонӣ.  Оё ин одилона аст? Вой бар ҳоли он оилаҳое, ки беш аз 10 нафар дар як хона зиндагӣ мекунанд.»

Тибқи ин қарори Рустами Эмомалӣ, ки аз 13 август қабул ва аз аввали сентябр ба иҷро гузошта шудааст, ташкилотҳои тиҷоратӣ аз ин пас ба ҷойи 4 сомонӣ ва 28 дирами қаблӣ, 9 сомонӣ ва 10 дирам пардохт мекунанд.

Як нафар корбари шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Худойдод Орифӣ натиҷа ва паёмади ин гуна гарон шудани баҳои истифодаи обро чунин ба қалам додааст:

«Водоканали Душанбе мардумро гов хаёл кардааст. Моҳи июл ва август барои пули обро гирифтан ягон контролер  наомад. Инак аз сентябр пули об қиммат шуд ва даҳуми сентябр контролер омада ду моҳи пешинаро бо нархи нав ҳисоб кард. Байни ҳамсояҳо ва контролер ҷанҷол бархост. Барои чӣ ду моҳи пешинаро бо нархи нав ҳисоб мекунӣ гуфтанд? Ба ман ҳамин хел фармон доданд, гуфт контролёр.

 Ман фарқияти ду моҳро ҳисоб кардам, як моҳаш фарқияташ 7,5 сомонӣ, ду моҳ 15 сомонӣ шуд. Ин пули зиёдатии муфт куҷо меравад? Ба фикрам ин фарқияти муфтро мегиранду баъд обналичиват карда ба кисса мезананд. Айби шаҳрванд нест, ку, ки ҳар моҳ омада пули обро дар вақташ нагиранд. Водоканал ин як корхонаи бедару дарвоза шудагӣ….Водоканал каме андеша кунед. Зиндагии мардум бе ин ҳам душвор.

Нафари дигаре бо номи Гулпарӣ Додихудоева дар ҳамовозӣ бо ин навишта фикре дигареро баён кардааст, ки ин ҳам бармегардад ба бефаъолияти ва нокорагарии Рустам:

«Барои чӣ мо за коммуналний месупорем? Вақте ки подъездро худамон ремонт мекунем, лампочка дар подъезд, дари подъезд худамон мемондем. Бо ҳамин қатӣ за комуналний услугӣ месупорем».

Бо ин вуҷуд,ки нархи об то 300% боло бурда шуд, аммо ҳанӯз ҳам дар бештари биноҳои баландошёна об намерасад  ва ё соатбаъй дода мешавад. Ҳатто аз ошёнаи дуввум боло сокинони бархе аз маҳаллаҳои Душанбе об надоштанд. Аммо онҳо маҷбуранд, ки бо ин нархи боло барои як моҳ маблағ биспоранд. Магар чунин қарорро қарори ғоратгарона ном наниҳем чӣ бигӯем? Ғорати ошкорои  мардум!

3) Як мушкилоти дигаре, ки сокинони пойтахтро дар ин авохир бисёр ҳам нороҳат карда боиси сарсониву саргардонии онҳо шудааст, ин масъалаи кандану бастани роҳҳои шаҳр, ки ҳаракати мошин ва равуои шаҳрвандонро ба душворӣ мувоҷеҳ кардааст. Кандану бастани роҳҳои пойтахт навиштаанд, як гурӯҳ аз сокинони пойтахт баъди омадани Рустам ба зиндагии ороми сокинон дарди сарҳоеро эҷод кардааст. Пештар ҳам мавридҳои  ҷодабандӣ ба манзури таъмир роҳ  вуҷуд дошт, аммо ин тавр набуд, ки якбора чандин ҷодаҳо масдуд бишавад. Ҳатто ба хотири сохтмони домҳо, роҳҳоро мебанданд ва барои равуои нақлиёт мушкил пеш меоваранд. Сокинон мегӯяд, ки бояд ин роҳҳо тарзе таъмир карда шаванд, ки ба равуои шаҳрвандон мушкил пеш наоварад, масалан роҳҳоро ба навбат таъмир кунанд. Ин тавр набошад, ки чандин роҳро якбора ва дар як вақт баста боиси сарсониҳои мардум ва талафи вақти онҳо шаванд. Чуноне огоҳи доред аз рӯзи зодрӯзи пешво роҳбандон тақрибан дар Душанбе оғоз шуд ва боз рӯзҳои 8 ум то 11 уми октябр барои омадани Путин ва сарони кишварҳо ба Душанбе дохил шудан ба Душанбе пойтахти кишвар манъ шуд. Ҳатто барои ин ташрифи Путин сардори хадамоти махсӯси Афғонистон Мулло Васиқро худи СС.Ятимов даъват ва қабул кард,то мабодо нооромие нашвад. Тарсро бубинед,то ба куҷо расидааст.

Хабаргузори «Азия плюс» дар як матлабе махсус ин мушкилиро ба баррасӣ гирифта ва комментҳои сокинони пойтахтро аз шабакаҳои иҷтимоӣ гирдоварӣ кардааст, ки мо ҳам аз он дар инҷо иқтибос кардем: 

«Ехал 1 сентября с 8 школы до Садбарга и обратно на такси и обратно на автобусе — это коллапс! На дорогу ушло 3 часа».

«На частном вертолете добираюсь», — пошутил пользователь jammikk_@jammikk_.

«Скоро и там будут пробки», — ответила pari_niyazova.

Но, большинству не до шуток: «мы не только время на дороге теряем, но и здоровье, стоя в этих пробках, в этих выхлопах и еще плюс ежедневные пыльные бури! Я устаю уже с утра, только добравшись до работы, а вечером опять назад в этом аду ехать», — пишет Елена

Многие жители столицы связывают транспортный коллапс с хаотичной застройкой.

khojaev_d95: «Поменьше надо было строить высоко этажки, а надо было расширять дороги».

spitaman: «…высотки можно строить, но только не прям впритык у дороги. Союз строил такие широкие дороги, когда еще дома двух этажей были и пару машин в целом в городе было. А тут построили столько высоток прям у дорог, чтоб не было возможности их расширять…».

 Ва,ин хабаргузорӣ хулоса кардааст,ки «Пробки в Душанбе уже стали частью повседневной жизни, и горожане всё чаще жалуются на потерю времени по пути на работу и учёбу. Но ситуация с каждым годом только ухудшается».

4) Ростӣ мо бовар намекардем вақте як нафар гуфт,ки нархи гӯшт дар Душанбе ва дар маҷмӯъ Тоҷикистонро маҳз Рустам боло бурдааст. Аммо ахиран собит шуд, ки ҳамин тавр будааст. Бубинед, ҳоло ду кило гӯшт баҳои як халта орди навъи аввали Қазоқистон аст. Ин ҳолат дар таърихи Тоҷикистон руй надодааст. Гап дар бораи он аст ки Рустам бо ташкили фермаи парвариши гов, ки бо номи «Мармарӣ» машҳур шудааст, тақрибан дар тамоми қаламрави кишвар, Ховалинг, Фархор, Ёвон, Ҳисор, Шаҳристон, Истаравшан ва Масчои куҳӣ ҳам чарогоҳу ҷангалҳои барои парваришу чарои ҳайвоноти мардумро тасарруф кардааст ва ҳам маҷбур карда истодааст,ьки баҳои як кило гӯштро аз 110 сомонӣ пойин накунанд.

Раҳмонов гуё барои коҳиши шиддати афзоиши баҳои гӯшт аз Белорусия овардани онро супориш кард. Аммо воридоти гӯштро Рустаму Тахмина тасоҳуб карданду Шарифбек Давлатбек хусури Таҳминаро вобастаи он намуданд. Ва вай ҳам бо истифода аз фурсат гӯште, ки то Душанбе 40-50 сомонӣ меафтад аз 95 сомонӣ барои яклухтфурушӣ кам накардааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки бо як қарори хос Эмомалӣ Раҳмонов барои воридоти гӯшт   ҳама гуна пардохти молиётиву гумрукиро барҳам додааст.

 Аз инҷост, ки сокинони пойтахт ва меҳмонони он баъди сари кор омадани Рустами Эмомалӣ ҳеҷ рӯзи хуше надоранд. Бебандуборӣ дар пойтахти кишвар маскунини онро дар ҳақиқат сахт ба ташвиш андохтааст. Масалан қатъи мудовими неруи барқ дар пойтахт, ки солҳои қабл ба ин ҳад набуд. Дар давраи Убайдуллоев пойтахти кишвар чароғон буд. Аммо ҳоло пайваста светро мекушанд.

Рустам, маълум гардид, ки аз иҷрои кор намебарояд, нотавон ва заиф ва корфаҳму кордон нест. Норозигӣ дар миёни аҳолии пойтахт рӯзбарӯз шиддат гирифта ва суръати бештар касб карда истодааст.

  Рустам бо баҳонаи ҳифзи муҳити зист ва ба шаҳри сабзу тоза мубаддал кардани Душанбе таксиҳои бо маводи сухтро ихроҷ кард ва дар ҷойи он таксиҳои хусусии худро ворид кард. Тамоми ширкатҳоро берун ва бозорро монополия кард. Аммо, ҳоло нархи роҳкирои таксиҳо ҳатто аз вақте ки таксиҳо бо бензин мегаштанд бамаротиб зиёд шудааст. Як нафар аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки « Рустам,ту шаҳрро ридӣ. Ҳатто об нарасида истодааст. Свет ҳам ҳамчунин.

 Э, далбаёби наркоман, дуъои мардум мегирад. Ту бо ин гуна корбариву ҳаракатҳоят  роҳбарӣ карда наметавонӣ. Ягон зердастат, ки ҳамагӣ иборатанд аз ҷураҳову рафиқонат гапатро намегиранд. Ба фарқ аз ту падарат аз ҷиҳати маблағ дар назди зердастонаш муттаҳам набуд. Вай аз ин тарафу он тараф гадоӣ мекарду меоварду тақсим мекард. Грантҳои калон, қарзҳои бебозгашт,сармояи хориҷӣ. Аксари мансабдорон аз сари хамир фатир гуфта аз лаби онҳо дуздиданд, ҷамъ карданд. Аммо, ту Рустам аз ҳоло сахт муттаҳами зердастонат шудаӣ. Тамоми рафиқони наздикат туро мисли гови ҷушоӣ ҷушида истодаанд. Хуб, ин кори худат аст. Аммо бо ин вазъу ҳоле, ки дар пойтахт ба вуҷуд овардаӣ, доду ғиреви мардумро ба осмон баровардаӣ, касе аз масъулини ниҳодҳои пойтахт шаҳрвандонро писанд намекунад, чунки рафиқи ту аст, дилаш пур аст ки ту ҳимояташ мекунӣ. Бо ин вазъу ҳоле, ки дар пойтахт ба вуҷуд овардаӣ, дар гумон аст ки ту президентӣ карда тавонӣ».

Ва, акнун дар ин қисмат номаҳои ваъдагиро пешниҳодатон мекунем ва худ хулоса бароред ва қазоват кунед, ки Рустам ба унвони раиси шаҳр аз тарафи мардум чи гуна баҳо гирифта аст:

     Номаи 1

 Бесоҳибӣ ва хаос дар Душанбе. 

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.Ман аз маҳаллаи 33-и пойтахт ҳастам. Бовар кунед, ки Душанбе ягон вақт ин тавр бесоҳиб ва ба ҳоли худ гирифтор набуд.

 Сокинони пойтахт нигарон шудаанд аз бесоҳибӣ.Тамоми камбудиҳо ё иллат ва сарчашмаи онҳо ба круги Рустам меравад.

Моҳе нест, ки ягон домсоз фирор накунад ё банкрот нашавад. Чанде пеш дар расонаҳои интернетӣ хабари дастгир шудани Содиқ ном домсоз пайдо шуд. Каме атрофи хамин холат:

Рустами Эмомалӣ амр карда буд, ки ҳар нафар, ки қарори сохтмони бинои баландошёнаро мегирад, бояд 5 миллион доллар дар суратҳисобе дошта бошад. Чун замоне, ки натавонист ё сабаби дигаре пайдо шуд, аз он маблағ сохтмонро ба итмом расонанд. Ҳамин хел ҳам шуд. Мутаассифона дар баъзе ҳолатҳо, ки сохтмончӣ аз уҳдаи кор намебарояд ва бояд аз маблағи 5 миллион долларае, ки барои чунин мавридҳои форсмажор монда буд, истифода шавад, маблағ ғайб мезанад. Домсоз маблағро суроғ мекунад. Дар ҷавоб мегуянд, ки «я илоҷ кн кора тамом кн, сума Раис, яъне Рустам фармон дод, ки да фалон ҷо истифода барен». Тамом, домсоз соф кард. 

Хуб, баргардем ба ҳолати Содиқ,ки гуфтем чанд вақт пеш барои тамом накардани сохтмонии дом дастгир шуд. Дар асл Содиқ як пешка буд. Маблағҳои калони шаҳрвандонро дигарҳо мегиранду саволу ҷавобро ягон камбағал медиҳад. Маблағҳоеро, ки дар сари Содиқ зада истодаанд, Саиди раиси тарабхонаи Бухоро гирифтаасту ба гуфтае бо Шоҳрух тақсим кардааст.

  Мардум дод мегуянд аз ноҳақӣ

 Боз чанд рӯз пеш як домсози дигарро, ки мардумро фиреб кардаасту дар кофтукоб буд, дастгир карданд, ки Мумтоз ном дорад. Дар мавриди ин боздошт ҳам хабарҳо дар интернет баромад. Манбаъҳо дар худи УВД –и шаҳри Душанбе мегуянд, ки Мумтоз имконияти баргардонидани маблағҳои мардумро дорад, аммо агар бо аз номи Шорух дороиашро накашанду нагиранд. 

Куҷое, ки сохтумоне ҳаст, ҳатман дар он ҷо ё Шоҳрух е шогирдони Шорух аз номи Шорух гап мезананд. 

  Минтақаи Қазоқони ноҳияи Синои шаҳри Душанберо аз номи Шорух девона кардаанд. Мардум шабу руз дуъои бад карда истодаанд. Аввал мардумро розӣ карда хона (барои иҷора)медиҳанд, баъде, ки хонаҳояшонро чапа карданд, юристҳои домсозҳо гуё камбудиҳоеро дар шартномаҳо байни домсоз ва шаҳрванд пайдо карда, як қисми хонаҳои додашударо талаби баргардонидан мекунанд. Дар тамоми шаҳри Душанбе домсозҳо ҳамин тактика(ҳилла)-ро пеша кардаанд. Инҷо ё ин нақшаи Шорух аст, ки номи Рустамро сиёҳ кунаду мардумро бар зиди Рустам шуронад, ё аз номи Шорух қуввае кор карда истодааст, ки Шорухро сиёҳу бадном кунанд.

  Нафаронеро, ки розӣ нестанд, бо пешниҳоди домсозҳо, рост худи УУР мебаранд. Аҷиб, ҳол он ки ин масъала ба милитсия умуман дахл надорад ва баҳси судӣ аст. УУР нақши боевикҳои давраи ҷанги шаҳрвандиро иҷро мекунад.

 Кушторҳои пурсарусадоро наметавонанд ёфтану мардуми бечораро пешпеш карда УУР бурда, тарсонда маҷбур мекунанд, ки ба шартҳои домсозҳо розӣ шаванд.

  Рустам, бисёр не, камтар аз Аллоҳ битарс. Аллоҳ ҳамаро мебинад.

    Номаи 2

Душанбе шаҳри норкоманҳову сабукпоҳо шудааст

    Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Душанбе боз баргаштаму омадам ба Маскав.13 сол аст ки меравам меоям. Аҳволи Душанберо мебинӣ…валлоҳӣ бисёр бад, солтосол баду бадтар шуда истодааст.

 Бо зиёд шудани биноҳои баландошёнаву сохтмони эстакатаву дискоклубҳои аз мӯи сар зиёд, намешавад гуфт,ки Душанбе обод шуда истодааст.

 Бародар ҳамин суханҳои маро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ба нашр расонед. Бисёр узр,ки голосавой фиристодам. Аммо,илтимос нашраш кунед.

Чи гуфтаниам?

«Дар масҷид медароӣ фақат Эмомалӣ. Дар як масҷид не,дар любой масҷид медароӣ, фақат Эмомалӣ.Рӯи падари ин Эмомалӣ сиёҳ…

   Духтарако, соли таваллуди 2007, 2006, 2005, 2004, 2003, 2002, 2000,15-16 солаҳо дар микрорайони 46 қатор истодагианд. Боз дод мезананду дар гуҷоҳомон мегирем мегуянд. Да такой степенӣ, валлоҳӣ ака.Патсанои ёш ҳама суперклей мезананд. Ҳама суперклей, ҳама наркоман шудагиан.

Мардума ҳамара депортатсия кардагиан. Валлоҳӣ мардум да Душанбе намедонанд чи кор кунан?

  Ҳамин барномаҳои ВКД Тоҷикистонро бин, ҳамаш, ҳамаш  барои нарката рафта истодаанд. Як фоҷиа, мегуйӣ Бангладеш бошад. Бангладеш бо хубай ай Тоҷикистона.

Балнитсаҳош мерай, нодромада ..ҳамин Қарабалоку ака ваааҳҳ…. нодромада ай ту сум мегиран, ҳоле нодромада. Намедонӣ дига чи ко кунӣ. Ҳатто ай лифтуш пул мегиран.

Свет бо режим. Мамашка да тарафи Варзоб зиндагӣ мекунад, свет надоран.

Э мардум, э мардум, э мо то кая хап мекунем?

Э мардум, ай и поколени пепси шумо ягон чира ожидат накунед. Мо агар худмон нахезем, и патсано ҳама наркоман шудагиан, ҳамин мардакои калон мондагиан. Як Эмомалӣ чияй, ки мо мардум ҳамура гирифтан натонем. Мо мардум мурданамон беҳ аст. Валлоҳӣ ман да ҳамин Маскваюм худма ғулом медонум. Валлоҳӣ худма ғулом медонум.

Алҳамдулиллоҳ, бародар, баъди нашри номаи ман дар «Номаҳо аз ноҳияҳо»№ 183 директори садикро аз кор гирифтанд. Вале боз як ҳаромзода дигарро оварданду монданд. Ман намедонам, ки ин масъулин бо куҷояшон фикр мекунанд?

Валлоҳӣ, ака аҳволи Душанбе бад аст. Аҳволи мардум гарени безеб аст.

«Мардума а и сун тудатуда депортатсия кадестан, мардум намедонан чико кунан? Аммо мардум аз дастаи ноилоҷӣ боз қарз мегиранд барои рафтан ба кадом давлатҳо, кидат мешаванд, фиребашон мекунанд. Чандин нафарҳоро фиреб карда Англия мебарем, Полша мебарем, Латвия мебарем гуфта пулҳояшонро гирифтагианд. Вале кидат шудагианд.

Гуфтам ку, патсанои ёш ҳама наркаман, ҳамаш мезанан, мекашан.

 Мо агар худамон ҳамин аз соли таваллуди  94 -95 поён нахезем, тағйирот намешавад. Ин покаленияҳои пепси ай 2000 и су намешаван, ғайрат надоранд.

Мо, мардуми мусулмонро махсус аз динамон ҷудо карда истодаанд. Чунки дини мо номуси мо ва ғайрату ҷуръату ҷасорати мо аст, мо динмона ай дастмон додем, шарафмона ай даст додем. Мардумамона беномус кардан ака, занҳомон хор шуданд дар Маскав. Валлоҳӣ заномон,модаромон хоҳаромон хор шуданд

Духтари тоҷикро мебинам 16 нафар азербайҷан қатиш хоб рафтай. Шонздаҳ нафар азербайҷан!! Ин духтар тоҷик аст.

Э, мардум, э иқа даюс нашене,э, имруз пага мембрем. Бмбрем да роҳи ҳақ бумурем.

Валлоҳӣ тайёрум да сафи пешипеш бестум.

Ун наркоман  дар куҷо фикри зиндагӣ мекунад, ҳамун биёвум бизанум брам мега. Э,мардум илтимос ба худ биёед. То кай хомушӣ. Э,майли мо мондем, ҳаминҷо нобути мо.Фарзандои мо чи мешад? Бо ҳамин ғуломӣ? Ба ҳамин ғарибӣ.

 Мо номус надорем? Блогеромон иш кунӣ иша мекобад иш куни иша. Иш қати иш ҷанг мекунад.

Ин Рустам як наркомани кончений аст. Рустам президент наметавонад шавад. Агар Рустам президент шавад, мурдани мо беҳ. Валлоҳӣ мурдани мо беҳ.

Ин қадар сол як говро президент гуфтем акнун як гусола дар ҷош меояд.

Солҳои пешро як бор дар ёд биёред. Як қишлоқ мерафтӣ ягон духтара гаптиӣ каллата меканданд.

Э, ҳозир, валлоҳӣ хоҳарашро гап метӣ, вапше по@йша. Вапше имон надорад. Вай наркотика задагӣ, кристала задагӣ, аз куҷо номусу имон дорад?»  

Ва,дар охир аз номи сокинони пойтахт ин муроҷиат ва хитобро ба Рустам расониданиам.

 Ин масоил, ки инҷо сокинон матраҳ карданд, масоили сиёсӣ, масалан интихобот  нест,ки бигӯед, мухолифин бадзабонӣ мекунанд. Дигар барои ҳамагон маълум гардидааст, ки аз тавони кор ва иҷрои масъулият набаромадӣ. Ҳама диду донист. Худат бархезу бигӯ, ки «ота, мада ставка намон».

Share This Article