Номаи маро алоҳида нашр кунед №11
Ассалому алайкум, бародар Муҳаммадиқбол!
Ин навишта як ҳикояи воқеист, ки дар ҳамин рӯзҳо ба амал омадааст. Вақте ҳамсуҳбати ман саргузашти талхашро нақл мекард, ашк аз чашмонаш ҷорӣ мешуд, буғз гулӯяшро мегирифт.
Ӯ ҳудуди чаҳоряк аср- 25 соли ҳаёти худро сарфи ин кор кардааст. То бознишастагӣ фурсате кам монда буд. На дар вазифаи баланд, на дар мансаби калон; ҳамеша ҳамчун нозири барқ, яъне ба гуфти мардум —«светавой», кор кардааст.
Аммо участкаи кориашро аз дасташ гирифтанду ба як «светавой»—и худӣ фурӯхтанд. Ҳар куҷо муроҷиат кард, садояшро нашуниданд. Наздики ду моҳ аст, ки бекор нишастааст. Дар дӯшаш тарбияи кӯдакон аст, аз манбаи рӯзгор маҳрум шудааст.
Инсонҳое, ки барои ҳақиқат ва адолат мубориза мебаранд, бар зидди ноҳақиву беинсофӣ садо баланд мекунанд, ба ҷои он ки арзу шикояташон шунида шавад, ба онҳо тамғаи «нависанда» мезананд ва кӯшиш мекунанд, ки аз кор дур кунанд.
Агарчи он нафар мутахассиси соҳибтаҷриба аст, тамоми ҳаёти худро сарфи ҳамин соҳа кардааст-сарнавишт ва тақдирашро дар як чашм задан, чашми беадолату ноҳақбини масъул бо хоҳиши худ ҳал мекунад.
Ҳоло саргузашти ҳузнангези ҳамсуҳбати маро, ки солҳост мешиносамаш, аз қавли худаш пешкашатон мекунам:
«Мо, коргарони соҳаи барқ, рӯзҳои бад дорем.
Дар минтақаҳое, ки кор мекунем, участковий-нозири милитсия ё намояндаи органҳои дохилӣ меояд, мепурсанд:
-Ту кистӣ, дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
Гуфтам: нозири барқ ҳастам.
Гуфт: ин ҷо дигар кас буд!
Гуфтам, мо иваз шудем.
Ҳуҷҷатамро гирифт, қайд кард ва гуфт:
-Пагоҳ, ба кабинетма биё.
Ман ба роҳбар занг задам, гуфтам:
-Ин чӣ рӯз аст, шумо нақша мегуед, вале инҳо намемонанд кор кунем.
Роҳбар гуфт:
-Ман мегӯям, ғам намедиҳад.
Баъд фаҳмидам, ки бачаҳои дигарро ҳам қапида бурда, сумҳояшонро гирифта ҷавоб медодааст.
Корхонаи мо тамоман бесоҳиб аст. Тамоми мақомотҳо ба мо занг зада, фишор меоранд…»
Саргузашти ин ҳамсуҳбати манро аз Душанбе то Турсунзодаву Шаҳринаву Ҳисору Рӯдакӣ медонанду шоҳиди рӯзҳои пурдардаш шудаанд.
Ӯ барои ёфтани кор ба Турсунзода меравад, вале маълум мешавад, ки масъулони ширкат бо ҳам мисли ҳалқаи занҷир алоқа доранд-бе маслиҳати ҳамдигар касеро ба кор қабул намекунанд.
Раиси бахши фурӯш ба аризаи вай имзо мегузорад, аммо роҳбари СЕЦ бо кибру ғурур ва назарногирона аризаашро қабул намекунад. Ӯ сахт навмед мешавад ва ба роҳбари пешина занг зада мегӯяд, ки маро фалонӣ ба кор нагирифт. Ҳис мекунад, ки бепушту паноҳ ва хору зор мондааст.
Он одам (бигзор номаш пинҳон бошад) воқеан мисли Рустами достон аст -ҷавон, босавод, таҷрибадор ва инсофи баланд дорад. Гуфт:
-Дар назди номардон рангама зард накун.
Ӯ гуфт:
-Ба Душанбе ба ширкат биё.
Рав, ки он ҷо Тоиров Маъруф ва Хуршед ҳастанд. Талош мекунад, ки ба қабули роҳбари калон дарояд. Шукурзода С.И. аз камера мебинаду, Тоировро ҷеғ мезанад. Тоиров медарояд, сипас котибаро фарёд зада, ӯро ҷавоб медиҳанд. Вале ин коргар намеравад, дар қабулгоҳ интизор меистад.
Ниҳоят, раис мебарояд. Ӯ салом медиҳад ва мегӯяд, ки ба шумо гап дорам. Раис бармегардад ва мегӯяд:
-Ман шуморо мешиносам!
Яъне, ӯро ҳамчун шахси «хатарнок», ҳақгӯ ва «нависанда» мешинохтанд.
Аммо суол аз Шукурзода ин аст:
Магар чашмонат кӯр аст, ки ӯро медонӣ, вале дуздони атрофатро намебинӣ?
Чаро бузҳое, ки аз тагат об мондаанд, намебинӣ?
Чаро дуздону ғоратгаронро вазифа медиҳӣ, вале ҳақҷӯёнро канор мекунӣ?
Имрӯз дасти ту боло, мақоми ту баланд аст-бояд дасти мазлумонро бигирӣ.
Чаро чашмонат ҳақиқатро намебинад?
Чаро туҳмату буҳтони номардонро мешунавӣ?
Чаро мазлумро аз утоқат пеш мекунӣ?
Чаро касонеро, ки аз кор озод кардаанд, намепурсӣ чаро?
Шояд ҳамонҳо, ки ту аз кор рондӣ, дар асл обрӯ ва шарафи ту буданд!
Тибқи қонуни меҳнат ва Сарқонуни кишвар, ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳаққи кор кардан дорад.
Мард бош ва дасти мазлумро бигир, дардашро бишнав. Шояд Худо курсиятро мустаҳкам кунад.
Ту маро надон, Худоро дон!
Дастам то вазир намерасад, вале оҳи дилам то пеши Худованд мерасад-ин шо Аллоҳ.
Рӯзгори «светавой»: нақшаҳо, фасод ва нобаробарӣ
Ҳамсуҳбати ман, ки солҳо мешиносамаш ва тақрибан дар як маҳалла бузург шудаем, аз тарзи кори худ дар корхона низ ҳикоят кард:
«Барои мисол, дар як рӯз 3 ё 5 ҳазор сомонӣ нақша медиҳанд. Аммо ҳамон рӯз шояд 2 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шавад. Шаб, то соати 10–11, коргарҳоро нигоҳ медоранд. Агар дер карданд ё наомаданд-маблағ месупоранд. Ин усулҳо пештар ҳам буданд.
Нақшаи нозирони барқ аз рӯйи ҳисобкунак (счётчик) аст, аммо нақшаро аз будаш бештар мегузоранд-ҳатто то ҷое, ки миён мешиканад. Он вақтҳо, чуноне имрӯз ҷорӣ шудааст, дар ячейкаҳо ҳисобкунакҳо васл карда намешуданд.
Ба ҷуз аз ҳисобкунак, ҳамчунин аз ҳисоби қарз, санадҳои қоидавайронкунӣ ва ҳисоббаробаркунӣ нақша месозанд. Масалан, барои камбуди «дуздии аҳолӣ» ё корношоямии хатҳои барқ, ба таври сунъӣ-бо «маг кардан»-и хат-нақша месозанд».
Дусти овони ҷавониам, ки ҳоло мисли ман дар торҳои мӯяш сафедӣ дамидаасту тамоми умри худ, ҷавониҳои худро сарфи ин кор кардааст, аз ҳолатҳои дигар кор дар арсаашон низ қисса кард:
Ӯ мегӯяд:
«Роҳу усулҳои дуздӣ аз хатҳои барқ сар карда то «светкушӣ» сад хел аст. Масалан, дар корхона ё завод ҳисобкунак насб шудааст, вале дар қайд нест-ҳамин мешавад манбаъи даромади ғайриқонунӣ барои баъзе кормандон.
Вақте нозири барқ санад тартиб медиҳад, аз бахши биллингӣ талаб мекунанд, ки акси хати барқи куҳна ва ҳисобкунаки навро биёрад. Ҳатто агар ӯ ҳамаи инҳоро орад, вале пул надода бошад, дар барнома ҷой намедиҳанд».
Ва вақте начисления шуд кВт «бор» мекунанд. Масалан муштарӣ 100 сомонӣ супорад дар счетчики куҳна мешинаду аммо кВт дар хати барқи нав мемонад. Агар муштари ин махинатсияро пай бурду фаҳмид, бахши биллингӣ бори сари нозири барқ мекунанд ё аз муштарӣ пули калон мегиранду баъд дар барнома мешинонанд-ҷой медиҳанд.
Ҳангоми ҷорӣ кардани режими лимит-светмурӣ аз деҳаҳое, ки фермаи мурғ ва ё магазини зиёд дорад, бар ивази маблағи калон қувваи барқро мефурушанд. Аҳолии бечора бе барқ мешинанд.
Чуноне гуфтам ин дӯсти ман, наздики чаҳоряк аср ба ҳайси назоратчӣ- барқчӣ кор ва фаъолият кардааст.
Ӯро ҳамчун шахси нотарс «агар қаҳраш ояд, сирри корхонаро то вазир мерасонад» гуфта сиёҳ кардаанд. Чанд рӯзи пеш фаҳмидааст, ки ӯро дигар ба кор намегиранд. Яъне ӯро ҳамчун нависанда медонанд. Вай дар бораи шакли нави ҳисоби қувваи барқ-низоми биллингӣ ҳам гап зад. Аммо барои ман мафҳуми биллинг рушан набуд ва аз вай пурсидам, ки биллинг яъне чӣ аст?
Вай гуфт: «Биллинги ноҳияи онҳо худаш доступ надорад барои ҳамин бо билинги шаҳри Душанбе ҳамкорӣ мекунанд, ҳатто то назоратчиаш. Агар хонаҳо наравем, ҳамаи муштариён ба бонк омада наметавонанд, ё ки рафта ҳисобӣ накунем баъзе аз онҳо гузаштани моҳро пайхас намекунад.
Дар бораи коргарони системаи биллингӣ(Billing) ҳаминро бояд тазаккур кард, ки ҳаромхурони бераҳмаш ҳаминҳоанд. Корхона вазифадор аст ки коргарро бо санаду сурғуч (пломба)таъмин кунад, аммо мутаассифона инҳо пулакӣ шудаанд. Вақте ҳисобкунаки барқиро қабул мекунем санадро мехарем. Вақте ҳисоби биллингӣ шинонад, пул диҳад мешинонанд, хоҳад намешинонад. Агар муштарӣ даъво кунад бори сари нозирони барқ мекунанд, ё ки мегуяд 300 сомонӣ супоред, аз ҳозира кВт мешинонам. Агар муштарӣ гуяд надорам, мегуяд ин кВт дорад, мумкин нест, ҳоло ки бечора муштарӣ ин суми кВтҳоро супоридааст. Санадро аз боло яъне коргарони биллингии ширкат нусхабардорӣ карда ба коргарон мефурушанд. Боз худашон қапонда медиҳанд. Бечора коргарҳо бо маблағҳои калон халос мешаванд. Боз мегуянд, ки фалон хати барқӣ аз муомилот баромадагӣ, қабул накунед, мумкин нест. Вале мебинем, ки пинҳонӣ маблағро мегиранду ғайриқонунӣ мешинонанд, хайр дигар дар дастонашон аст ҳама. Чи хеле хоҳанд, корхонаю аҳолӣ, заводу фабрика аз они худашон аст. Аз коргарони биллингӣ фақат номи яктоашон маълум аст-Одилов Сорбон, ки бо коргари биллингии корхонаи ноҳия Хушимуродов Фирдавс ҳамкори зич доранд. Ин Фирдавс аз руи корнамоияш бузи боло ҳам ҳаст. Касеро хоҳад бо воситаи раисон ба кор мегирад, агар нахоҳад пишакашро пишт гуӣ аз кор мегирад. Шикоят ва арзат ба ҳеҷ куҷо дигар фоида намекунад.
Аз руи корнамоияш «муаллима» ном мебаранд. Ин «муаллима»аз рӯи амри маъруфаш ба бовари ҳамаи раисон даромадагӣ аст.
Дар бораи «бақия», ки дар квитансия-расиди муштариҳо қайд карда мешавад инро бояд гуфт, ки дар охири моҳ ба назоратчӣ-барқчӣ кВт тақсим карда мешавад. Инҷо нозирони ҳаромхӯре ҳастанд, ки бо ин ё он усул счетчикҳоро нест ва ё корношоям мекунанду маблағро дар киса мезананд. Инҷо фарқ надорад, чи муштарӣ корхона бошад, ё чи аҳолӣ, онҳо кам начисления мекунанд, ё кВти гумшударо дар сари аҳолӣ тақсим мекунанд, яъне изофа ҳастанд. Аммо мардуми қарздор: «асосан ё пулдорҳову вазифадорҳо ва ё нафаронеанд, ки дар ягон мақомот кор мекунанд, барои ҳамин онҳоро касе чизе гуфта наметавонад».
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатам «маоши нозирони барқ аз ҳисоби фоизи маблағи супоридааш дода мешавад. Вақте хати барқи аҳолӣ корношоям ё ки дуздӣ бошаду ошкор накунӣ ва ё инки хати барқ ба талабот мутобиқ набошад, на нақша мешаваду на маоши дуруст».
Барои дуруст кардани як минтақа солҳо заҳмат кашидан даркор.
Мегуянд, ки назоратчӣ ҳаром мехурад. Аммо инҳо дар барфу борон, офтоби сузон куча ба куча, ҳавлӣ ба ҳавлии мардум мегарданду ҷон мекананд. Идорашинҳо куранд, ки осонакак аз кор озод мекунанд? Қалби меҳнаткаш хун мегиряд.
Ин курсишинҳои бепарво аз куҷо қадри коргарро медонанд. Ин курсию галстук аз руи заҳмати онҳо аст.
«Доля» яъне ҳар моҳ маош гирем ё на 1000 сомонӣ мегирифтанд. Оҳиста-оҳиста ба 2000 сомонӣ баромад. Коргарҳо инро ошкор мекунанд, барои ҳамин роҳбари онвақтаро аз кор озод мекунанд.
Баъди ба се корхона тақсим шудани ширкати «Барқи тоҷик» каме сабук шуд. Аммо боз масъалаи кор бо муштариҳо ҳамон тавр мемонад. Бисёрии муштариён вақт надорад:- дар кор ё сари замин, ё ки шавҳараш дар Русия асту наметавонад ба Бонк омада мунтазири навбат биистад. Нозирони барқ онҳоро кумак мекунанд. Масалан аз корти бонкиаш, яъне аз маошаш дар ҷойи муштарӣ пули счетчикашро мегузаронад ва вақте муштарӣ пулдор шуд маошашро аз вай мегирад. Боз ба корти бонкӣ гузаронида ба дигараш кумак мекунад. Аксарияти нозирони барқ ба хотири иҷрои нақша ҳамин корро мекарданд.
Вақте «Барқи тоҷик» ба се корхона таксим шуд, баракс, вазъият бадтар шуд. Дуздии аҳолӣ кам шуд аммо дузди коргарони биллингӣ ва болоӣ аз дуздии аҳолӣ зиёд шуд».
Ҳамсуҳбати ман ҳамеша дар коргоҳаш ҳарфи ҳақро мегуфтааст ва кораш ҳамвора ҳалолу тоза будааст. Вай аз солҳои қаблии кораш ҳам ёдоварӣ кард:
«Рӯзе бо масъули техники онвақта, тахминан солҳои 2013 ё 14 буд (ин чи хел кор мекарда бошад гуфта) барои санҷиш ба минтақаи кории ман омадан ва санҷиданду диданд, ки нақшаи кориам буд шуда аст. Азбаски то бегоҳ вақт доштам барои пагоҳ нақша мекардам. Пагоҳаш омаду ҷоямро гирифта ба одами худаш Фаррух дод ва маро ба ҷои дур партофтанд. Кор бароям душвор шуд. Чунки барои як минтақаи кориро аз худ кардан заҳмати зиёде талаб мекунад. Ин минтақаи ҷазир шударо то дуруст карданам хело заҳматро талаб мекард.
Агар нақша иҷро намешуд шаб то соати 10- 11 моро дар идора нигоҳ медошт. Боз пагоҳӣ дер кунем, ҷарима медодем. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда нақшаи кории ман 120 фоиз иҷро гардид.
Рӯзе эълон карданд, ки аз филиал калонҳо меоянд, ҷаласа баргузор шуд. Мо умедвор будем, ки шояд корамон таъриф мешавад, Граммотаи фахрӣ мегирем. Вале, бадбахтона ин тавр нашуд. Эълон карданд, ки ин нафарон аз кор озод карда шаванд.
Аз такдирам, аз меҳнатҳои бо ранҷу азоб, бе рӯзҳои истироҳатиям, аз хориям талх ва зор -зор гиристам. Дар корхона раисе омад, бо ному насаби Асоев Гулмурод. Ин шахс ҷои маро равғанӣ гуфта маро гирифта будааст. Ин шахс бисёр шахси ҳаром хур буд,тамоми районро талаву тороҷ кард.
Баъди се моҳи кориям, ки зимистон буд фарзандонам бемории зуком шуданд. Аптека рафта ҳалқаи гушамро залог дода дору харидам. Маҷбур шуда пеши Асоев Гулмурод рафтам ва гуфтам вазъиятам душвор шудааст, бояд кор кунам. Зан ҳам бошам марди хона будам. Аввал хостам, ки ба ноҳияи Турсунзода равам. Дидам , ки онҷо ҳам маро сиёҳ карда будааст. Боз ба назди Асоев Гулмурод рафтам. Вай гуфт ба шарте ба кор қабул мекунам, ки даъвои ҷои минтақаи пешинаатро намекунӣ. Розӣ шудам. Ҳаминро ҳам бояд гуям, ки барои як минтақаи дигарро гирифта дуруст кардан, то битавонӣ маоши дуруст бигирӣ, қариб як сол заҳмат мекашӣ. Хулоса, кор ба ҷое расид, ки рӯзе нақша иҷро намешуд, ҳама коргарон аз Бонк бо фоиз қарз мегирифтем ва ба ҷои муштариҳо пул мегузарондем. Аз ин сабаб буд, ки ҳама бо маблағи калон қарздор шудем.
Баъди Асоев нафаре бо номи Адҳам омад. Вай аз ин ҳодиса хабар надошт, ҳама метарсид, ки ҳақиқати ҳолро гуянд. Ман наметарсидам, барои ҳамин ҳамаашро нақл кардам. Тафтишот омад. Чи коре карданд, ки коргарон дело шуданд, аз он ҷумла ман ҳам. Аммо вай аз об хушк баромад. Адҳам инсони хуб буд, аммо зураш нарасид. Баъди Адҳам, Қурбонов Шералӣ ба ҷои вай таъин шуд. Ин шахс аз райони худамон буд.
Вале беҳуда кулли явмин бадтар нагуфтаанд. Рӯзамон боз сиёҳтар шуд. Фарқ надошт, ки кори ту хуб аст ё бад. Ба вай пул биёру деҳ шуд. То ҳаде шуд, ки доля аз 1000 то 2000 хест.
Ман сар хам намекардам. Вай ҳамсини духтарам буд, ҳақоратҳои аз шариъат берун мекард. Ҳама мардҳо аз вай метарсиданд. Чунки пуштибонаш падараш хирург-доктори ноҳия ва қудояш дар ҳукумати он вақта буд. Ман наметарсидам. Пуштибони ту ҳукумат бошад, пуштибони ман Аллоҳ аст мегуфтам. Маро дело кард бо маблағи 4000 сомонӣ. Дар ҳоле, ки дар асл ҳаминро ҳам худаш гирифта буд. Вай мехост маро 5 сол шинонад. Аммо бо 10000 сомонӣ ҷарима авф карданд. Хуллас баъди шикоятҳои зиёд ӯро аз кор гирифтанду номи ман дар таърихи онҳо монд.
Баъди нафаре дигар Маҷидов.Ш ба ҷои вай омад. Бисёр марди даст ба хайр буд. Ба ман кумаки молии бисёр мекард. Боз хост маро ба кор гирад. Аммо роҳбари ширкат Абдулҳақов.Х ва ҷонишинаш Гулов.Ф маро ба кор нагирифтанд. Гулов гуфт ман бо ту кор намекунам. Чунки вай бо Қурбонов.Ш бисёр наздик буд ва Қурбонов кашелёки ӯ буд ва ман кашелёки ӯро афтонда будам.
Пеши Маҷидов омадам ва гуфтам маро ба кор намегиранд. Вай табассуме карду гуфт: «эй апаҷон худое ҳаст, ки агар хоҳад Абдулҳақову Гулов кор намекунаду боз ту кор мекунӣ». Ҳамин тавр шуд. Баъди як моҳ онҳоро аз кор гирифтанду боз маро роҳбари нави ширкат Ҳоҷӣ Раҳимзода ба кор қабул кард. Бисёр инсони хоксори даст ба хайр аст. Инак чор сол мешуд, ки кор карда истода будам. Аз минтақаи кориям 4-5 ҳазор сомонӣ маош мегирифтам. Мардум маро бовар мекард. Дар вақти ҳисоб маблағашонро дар вақташ месупориданд. Фаҳмондадиҳӣ мекардам, камбудиҳоро ошкор мекардам,санади ҷаримавӣ тартиб медодам, ҳисоббаробаркуниро дар вақти гуфтагиашон омода мекардам, хуллас хело заҳмат мекашидам. Вале дар охир як моҳ пеш минтақаи кориамро фурухтанд. Маро ба зан буданам нигоҳ накарда ба як минтақаи дурдасти куҳупушта партофтанд.
Роҳбари фуруш Тоиров Маъруф бо як- ду лабайгуяки атрофаш ба таври худашон ротатсия карданд. Ба вай фарқ надорад, ки заҳмат кашидӣ, нақша кардӣ, ё не. Агар ҳақатро талаб кунӣ тамоми туҳматро дар сарат бор мекунанду аз кор холӣ кард.
Ва дар охир ҳикояти худро ба ин шакл ҷамъбаст кард. Гуфт барои онки ӯро аз кор ҷавоб диҳанд участкаи кории вайро ба нафари дигар додаанд, албатта бар ивази пул:
«Барои онки маро аз кор ронанд минтақаи кориамро дурустараш ба дигаре фурӯхтанд. Ман ба пеши сардори филали фурӯш рафтам ва пурсидам, ки чаро минтақаи кориамро гирифтанд: комиссия ташкил кунед, фаъолияти кориамро санҷед, санадҳои ба заҳмат таҳия кардаамро бардоред, нақшаи моҳона ва солонаамро бардоред. Майлаш гуфтанд. Баъди як моҳ минтақаи кориатро бармегардонем гуфтанд. «Мо мардакем гуфтанд». Баъди як моҳ начисленияро якум шуда тамом кардам. Пагоҳаш мардҳои занмиҷоз озод шудани маро эълон карданд.
Ӯ бо ашк гуфт:
Бори сеюм аст ки маро барои ҳақамро талаб кардан, барои ҳақиқатро дар ҷаласахо баромад карда гуфтан ва тарафдори аз коргарон кардану ноҳақии роҳбарону биллингиро ошкоро кардан маро аз кор мегиранд.
Нусха бардорӣ аз санадҳо мекунанд. Масалан санад аз Ваҳдат бошад нусхабардории ранга карда ба Шаҳринав ё дигар район мефурӯшанд.
Хостанд аз муштариён бар зидди ман камбудӣ ёбанду факту далел ҷамъ кунанд, вале натавонистанд.
Бародар Муҳаммадиқбол! Ин буд ҳикояти ин шинос ва дӯсти солҳои бачагиам, ки ҳоло дар чорроҳаи зиндагӣ лолу ҳайрон мондааст, нафаре, ки як ҳаёт кор карда ва то нафақааш чанд соли камтар аз ангуштони як даст мондааст, бекор ва ба дур андохта шудааст.
Охирсухани Ислоҳ:
Ин саргузашти талху пурдард танҳо қиссаи як «светавой» нест -ин дарди садҳо ҳазор коргари ҳақталаби тоҷик аст, ки зери фишори нобаробарӣ ва фасоди идорӣ хомӯш мондаанд.
Ҳар он касе, ки ҳақ мегӯяд, «нависанда» ном мегирад. Ҳар касе, ки адолат мехоҳад, «ҷинояткор» хонда мешавад. Ва ҳар он касе, ки дузд аст, сари дастархони роҳбар менишинад.
Ин кишварро беинсофӣ мехӯрад, на камбуди барқ.
Барқи ҳақиқатро хомӯш кардан мумкин нест ҳатто агар «свет»-ро гиранд ҳам, нури адолат аз қалбҳои мардум хомӯш намешавад.
Ҳақталабро метавон аз кор ронд, вале ҳақро наметавон кушт.
Ҳақиқат мисли қувваи барқ аст агар онро қатъ кунанд, дар зери замин ҳам дохил мешавад, то рӯзе боз барояд ва чашми дурӯғро бисӯзонад.
Мардуме, ки дар обу ҳавои сахт бо заҳмати ҳалол зиндаанд, бояд бидонанд: ҳақталабӣ шарм нест-шараф аст.
Ҳақгӯиро бояд ҳифз кард, чун агар садои ҳақ хомӯш шавад, миллат ба торикӣ фурӯ меравад.
Бигзор «свет»—и дурӯғ биравад-мо ба рӯшноии ҳақиқат эҳтиёҷ дорем, на ба лампаҳои фасод.