Номаи маро алоҳида нашр кунед № 14
Бо гузашти расо як моҳ аз маросими ҳавлноку даҳшатбори дафни Саидаъзам Раҳмонов, ҷавони 29-солаи тоҷик, ки ҷомеаи кишварро дар ҳолати шок қарор дод, мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ гуна изҳори назар ва вокунише накардаанд. Агарчи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Ислоҳ» бо сароҳат ва қатъан дар қатли ин ҷавон Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ ва шахси раиси он СС.Ятимовро муқассир ва муҷрим эълон намуданд. Сукути ин ниҳоди зиддимиллӣ дар воқеъ аломати ризои онҳост.
Дар баробари воқеъият ва ҳақиқати талх, ки ошкор шуд, чи ҳам мегуфтанд?
Ҳоло, бигзор, аз сукути онҳо, бигзарем, чун ҳиҷ лому миме барои табрааи худ надоранд, чун ин бори нахуст нест, ки дасти онҳо олуда ба хуни ҷавонони мусалмон ва мутадаййини тоҷик мешавад. Савол ин аст: ҳадафи онҳо аз ин куштори ваҳшиёна ва рӯирост чист ва оё қатли як марди мусалмони тоҷик, як сокини оддии кишвар, поёни кори онҳо хоҳад буд?
Номае аз як нафар собиқ корманди баландпояи мақомоти қудратии Тоҷикистон ба дасти «Ислоҳ» расид, ки ба ин ва дигар саволҳои ин қатли ваҳшатнок то ҳадде посух додааст:
«Куштори Саидаъзам тасодуфӣ нест»
Номаи собиқ корманди баландпояи мақомоти қудратӣ
Беш аз чаҳоряк аср – дақиқан бисту ҳафт сол – бо ин ҳукумат будам. Шогирдони ман имрӯз дар тамоми сохторҳои қудратӣ кор мекунанд, вазифаву мансаб доранд; бархе ба рутбаи генералӣ расиданд, бархе мисли худи ман бознишаста шудаанд.
Бародар, инро бояд бигӯям, ки барномаҳои шуморо тамоми мақомот тамошо мекунанд ва навиштаҳоятонро мехонанд. Ман низ навиштаҳои шумо ва дигар расонаҳоро дар бораи куштори Саидаъзам хондам ва ба ин хулоса расидам, ки дар шинохти Раҳмонов то ҳол мушкил вуҷуд дорад.
Бисёр вақт қабл мехостам ҳамкорӣ бо шуморо оғоз кунам, аммо бо мулоҳизаҳои зиёд онро ба таъхир меандохтам. На он гуна, ки гӯед ҷуръат ва ҷасорат надоштам. Солҳост аз ин ҳукумат сахт ноумед шудаам, вале маҳз ҳодисаи куштори ваҳшиёнаи Саидаъзам Раҳмонов – ҷавони бегуноҳе, ки дар Олмон корҳояш равнақ ёфтаву танҳо барои гирифтани як санад ба ватан омада ва дар остонаи бозгашт буд – косаи сабрамро лабрез кард. Нишастам ва навиштам ва акнун ин навиштаро ба шумо мефиристем.
Шумо дар барномаи «Минбари муҳоҷир» №371 ин фикрро баён кардед, ки Раҳмонов барои сарпӯш гузоштан ба ин куштор ва аз зери таваҷҷуҳи афкори умумӣ баровардани сарусадоҳо дар атрофи он, блогери чечентабор Асҳаб Тамаевро ба Душанбе овард, то бо шӯру шар ва шоуи ӯ он ҳодиса аз зеҳни мардум дур шавад.
Раҳмонов ҳукуматро бо ҷангу хунрезӣ ба даст гирифтааст. Вай дар шароити орому осуда наметавонад ҳокимият кунад. Акнун, ки ҳокимиятро оилавӣ ва авлодӣ гардонд, тамоми барнома ва ҳадафаш ин аст, ки ин ҳукуматро бар болои сари мардум ҳарчи бештар ҳифз ва тулонӣ кунад. То имрӯз бо ин миллат ҳарчи хост анҷом дод.
Бале, Тамаевро нафарони наздики Раҳмонов оварданд, дар ин шаке нест. Вагарна, кӣ метавонист барои як блогер тамоми роҳи шимол, шоҳроҳи Душанбе–Хуҷандро бандад ва садҳо корманди милитсияву амниятро барои «қаравулӣ»-и шоуи ӯ сафарбар кунад? Вале бо ин пиндоре, ки Тамаевро танҳо барои кашондани ҳуши мардум аз ҳодисаи Саидаъзам овардаанд, бо шумо мувофиқ нестам.
Қатли ин ҷавони мутадаййин ва мазҳабӣ на тасодуфӣ буд ва на нохоста.
Ба ман бовар кунед, ки қотилони ӯ фармони нобудии Саидаъзам ва амсоли ӯро барвақт дар даст доштанд.
Дар иртибот ба ҳамин насли одамкушиҳои Раҳмонов ва мақомоти ӯ даҳҳо, шояд садҳо далелу мадрак оварда метавонам. Шумо бо оромиш мутолиа кунед ва сипас хулоса бикашед, ки гуфтаҳои ман воқеият аст ё хаёл:
- куштори 25 сарбозу афсари Вазорати мудофиа дар дараи Камароб;
- зинда дастгир кардан ва сипас ба қатл расондани Алии Бедакӣ;
- куштори Мирзо Зиё;
- «фирори» маҳбусон аз зиндони КДАМ, аз ҷумла бародари Ғаффор Мирзо;
- ташкил ва саҳнасозии ба ном “ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим” (парвандаи генерал Абдуҳалим Назарзода) ва бо ин баҳона бастани ҲНИТ ва зиндонӣ кардани роҳбарони он;
- заҳролуд кардани зиндониён ҳангоми «этап» дар автозакҳо;
- куштори эшони Саидқиёмиддин, махдуми Абдусаттор, шайх Темур дар маҳбас ва писару бародарони Гулмурод Ҳалимов;
- ҳодисаи посгоҳи марзии ноҳияи Рӯдакӣ бо Узбекистон;
- қатли оммии мардуми бесилоҳи додхоҳи ноҳияи Рӯшон…
Ҳамаи ин ҳалқаҳои як занҷир аст. Қатли Саидаъзам, ҷавони 29-солаи тоҷик, идомаи ҳамин занҷира мебошад.
Куштори Саидаъзам, ҷавони 29 солаи тоҷик ҳам идомаи ҳамин кушторҳо аст.
Қатли Саидаъзам Раҳмонов тасодуфӣ, нохоста ва ногаҳонӣ нест. Ин куштор амдӣ ва ҳадафмандона аст ки бар мабнои барномаи кор ва дастури худи Раҳмонов ба иҷро даромадааст. Куштори Саидаъзам ба манзури эҷод ва сохтмони фазову муҳити тарсу ваҳшат ва тақвият додани он ба амал бароварда шудааст.
Қудрати Раҳмонов бар пояи тарс истодааст
Ҳамаи ин ваҳшоният бо супориши мустақими Эмомалӣ Раҳмонов сурат мегирад. Тарроҳ ва фармондеҳи асосӣ худи ӯст. Ин силсилаи қатлу куштор идома ва тақвияти сиёсати даҳшатафканӣ -террори давлатӣ аст. Ҷомеаи тоҷик бояд ҳамеша таҳти террори физикиву психологӣ қарор дошта бошад, тарсу ҳарос дар зеҳну майнаи тоҷик ҷосозӣ, мӯҳру мум, ҳак ва ба гуфтаи Абдулло Раҳнамо «ниҳодина» бишавад. «Дар ғайри сурат Раҳмонов ва мошинаи ҳукумати вай мисли маркабе, ки дар гил дармондааст, ҳаракат карда наметавонад».
Ин ҳамаро худи Раҳмонов мехоҳад, худаш ташкил мекунонад, на барои онки нишон бидиҳад, ки ӯро мардум мехоҳад, барои онки алови чашм бигирад, битарсонад, тарсро то умқи ҷону устухони мардум ворид ва тазриқ кунад.
Тарси бадани мардум аст ки Раҳмоновро то имрӯз дар қудрат монондааст. Барои ҳамин аст ки Раҳмонов ҳар аз гоҳе ҳодисаҳои кушторро ташкил мекунад ва мекушад, то тарс аз руҳу тани мардум бадар нашавад.
Вақте мо Алии бедакиро зинда дастгир намудем худи Раҳмонов дастури қатли ӯро дод. Вақте Мирзо Зиё ба назди мо аз мошин фаромад, мо дастур гирифта будем, ки ӯро бикушем, зинда намонем ва мо ҳам ин дастурро иҷро кардем.
Вақте ҷавонҳо дар Хоруғ мехостанд музокира кунанд, дастури тирборони онҳоро худи Раҳмонов содир кард ва ошкоро ҳам эълон кард, ки дастури «безарар» гардонидани онҳоро худаш додааст. Фикр мекунед чаро? Барои онки ҳамин тарсу ваҳшат, ки буд, наравад».
Пояҳои ҳукумати Раҳмонов бар болои тарс устувор аст. Ва, мо мардуми тоҷик бояд сахт битарсем. Тарс дар даруни мо реша давонад, тухм ва бача кунад. Бояд сахт битарсем. Аз Раҳмонов ончунон тарсем, ки аз Худо он қадр натарсем. Зеро Раҳмонов хуб медонад, ки вай аз они халқ нест, вайро ягон бор халқ интихоб накардааст ва вай халқро бояд тарсонад ва ҳамеша дар қабзааш дошта бошад. Худи ҳамин ҷараёни ҳодисаи куштори Саидаъзам аз куштор то гузоштан дар гӯрро як бор таҳлил ва мулоҳиза кунед, ки оё як ҳукумат ва як давлат бо як шаҳрвандаш ҳамин гуна муносибат мекунад?
Ба назари шумо Асҳоб Тамаевро оварданд, то болои сарусадоҳи бархоста парда бикашанд ва сарпӯш бигзоранд ва ё баъди кушторҳое монанд гуё ҳамин гуна корҳоеро мекунанд, ки он ҳодиса, ки ангезаи зиддиҳукуматӣ бор оварданист дар афкори иҷтимоӣ ҳазфу салб бишавад?
На, бародар ин як хушназарӣ, дилхушдорӣ хушбоварӣ тасалло ва таскини дил асту бас.
Раҳмонов чаро бояд аз афкори мардум бирӯбад? Магар кори Тамаев «ҳодиса»-и хубе буд? Дар натиҷаи роҳбандон кудаки як зани панҷакентӣ дар ҳолати марг қарор гирифт ва маълум нест, ки зинда расид ё не?
Чаро аз афкори мардум бирӯбанд. Магар вақте куштанд намедонистанд, ки овозаи он дар тамоми кишвар ва хориҷ аз он паҳну титу пош мешавад? Фикр намекунед, ки баракс ҳамин сарусадоҳо, овозаҳои бимангез барояшон лозим буд?
Ва ҳоло агар Тамаевро намеоварданд, фикр мекунед чӣ мешуд? Непал мешуд?
Асҳоб Тамаев пардае барои фаромуш кардан нест. Кадоме чи бизнесе кард, кадоме хушомад зад.
Бубинед, муҳим нест, ки Раҳмонов гуфта бошад, ки Саидаъзами ришдорро бикушед. Муҳим он аст ки сиёсати давлаташ ҳамин аст, ҳамин тавр аст, зидди ришу ҳиҷоб ва ҳар кас, ки ин сиёсатро татбиқ ва иҷро мекунад, таҳсину ташфиқ мешавад, чуноне тамоми состави ВКД, КДАМ ва Прокуратура баъди ҳодисаи қатли омми Рушон дар солҳои 2022 ва 2023 бо ҷавоиз ва подошҳои давлатӣ тақдир карда шуданд.
Дар асл ва амал ҳодисаи қатли Саидаъзам кори худ, миссияи худро иҷро кард. Барои Раҳмонов ҳам ҳамин муҳим аст ки вақте аз дари хонаат мебароӣ бояд масъалаи ришатро бинӣ. Яъне бидонӣ ва огоҳ бошӣ, ки ришат таҳдид ва хатари ҳаётӣ аст. Ва Раҳмонов гуфта истодааст, ки «ман барои риш шуда мекушаматон».
Раҳмонов таваҷҷӯҳи мардумро ба дигар тараф накашидааст, пинҳон насохтааст, баракс вай мехоҳад, ки ин ҳодиса ҳарчи бештар гуфта ва овоза бишавад ва мардум бидонад ва битарсад, ки риш сабаби марг хоҳад шуд.
Як савол ба шумо-агар Асҳаб Тамаев намеомад чи мешуд. Магар тазоҳуроту исёну қиём мешуд? Ҷомеаи мо ҷомеае аст ки тазоҳурот барпо мекунад?
Мо, худро гӯл мезанем, хуш медорем, ки барои ҷилави ин овозаҳоро гирифтан фулон кор кард. Аммо Раҳмонов корашро кард. Саидаъзамро кушт ва тарсу ваҳшатро реклама кард.
Вай ин корро кард,ки нишон диҳад, исбот кунад, ки вай зӯри зӯр, суперзӯр аст. Санги осиё ки чи тамоми халқи Тоҷикистонро дар гирди ….. мечархад.
Мо бояд хиёлбофиро бас кунем.
Ин гуна афкору пиндор дар як ҷомеаи мутамаддин, дар як ҷомеа ва мамлакате, ки халқ воқиан соҳиби давлат аст, халқ дар идораи давлат нақши калидӣ мебозад, халқ фардо овоз намедиҳад сидқ мекунад ва рабт дорад.
Дар кишваре, ки як кас ҳарчи бихоҳад ҳамон мешавад, чи рабт дорад?
Ҳозир Раҳмонов ҳамин зайлашро хост. Вай иштибоҳ не, дар он масир ва барномае, ки барои худ ва ҳокимияташ дорад, дуруст пеш рафта истодааст.
Вай Саидаъзамро, Саидқиёмиддинро, Мирзо Зиёро,Алӣ Бедакиро,Муҳаммадбоқирро ва дигару дигарҳоро дониста ва огоҳона кушт.
Як мисоли одӣ Ҳамрохон Зарифӣ мисли саг, аз саг ҳам зиёдтар хизмат кард, аммо ин мусафеди дар остонаи 80-ро барои ҳиҷчи бурду шинонд ва молу милкашро мусодира ва муталошӣ кард.
Барои як чунин инсон магар тақдири Саидаъзам кадом аҳамият дорад, кадом раги адлу инсофашро меҷунбонад. На!
Муфаттиш ва ё ҳар касе дигар, ки ӯро кушт қабл аз онки бикушад медонист ва дониста кушт. Хоҳ тавассути ток ва хоҳ бо задану нафасгир кардан.
Агар не. Раҳмонов пурсиш мекард, ки кӣ кушт, шаҳрванди маро, ки зиндаву саломат фурудгоҳ омад, кӣ кушт ва қотил бояд муҷозот бишавад. Аммо накарду намекунад.
Барои он намекунад ки Саидаъзамҳо бештар битарсанд, коре накунанд. Тамаевро оварданд, ки бигӯянд инҳо зӯранд, бихоҳанд магистралро мебананд. Ин тавр нест, ки оварда бошанд, то аз ин овозаҳо пешгирӣ кунанд. Барои ин овозаҳо як рӯз, дӯ рӯз кофист, худи ин овоза ғел мегардад, тоб мехурад, роҳашро ёфта рафтан мегирад.
Раҳмонов як монстр, як ҳаюло аст ки фақат барои худаш кор мекунад, дигарҳо ҳам бояд дар меҳвару мадори вай чарханд. Дигарҳо масалан рубоҳ, шағол, харгуш санҷоб, оҳуянд, аммо шер вай аст. Бихоҳад медарад, бихоҳад мекушад, бихоҳад зиндон мекунад, бихоҳад фалон мекунад. Шер ин яъне Раҳмонов ин яъне Рустам, ин яъне Ҳасан ин яъне Муҳиб, шер ҳатто Озода ва Тахмина аст ки фалон надошта бошанд ҳам фалон мекунанд.
Тамаевро наоварданд, ки ин овоза аз ҳад гузашту ангезаи тазоҳуроту эътирозу инқилоб мешавад. Ин пиндору ин гумонҳо хиёлҳои ширин аст ки бо он тасаллӣ медиҳем, тасалло ёфтанӣ мешавем. Вай задагӣ. То охирин лаҳза мезанад. Роҳи баргашт надорад. Ба ҳиҷ кас эътимод надорад.
Рустам давоми ҳамин низом аст, на ислоҳгари он
Убайдуллоевро гирифту Рустамро овард, ки идомаи зиндагӣ таъмин кунад. Вай бояд фақат занад, кушад,зиндон кунад. Роҳи дигар вуҷуд надорад. Аз ин хотир онҳо, ки умед доранд Рустам меояд тағйир мешавад, хушбоваранд. Рустам давоми ҳамин аст бадтар, зишттар, сахттар ва даҳшатноктар мекунад. Сабукӣ ва суҳулат намедиҳад, ба ҳадде, ки мегӯед, Раҳмонов хубтар буд. Ҳамчуноне ҳоло дар Маҳкамов ва Набиев пазмон шудаем.
Табиати низомҳои худкома ва диктотур ҳамин аст. Рустам намеояд, ки ба ҲНИТ ба Ислоҳотхоҳон ба ГР 24 биёед гуяд, Седойро сар диҳад, Зайдро сар диҳад, Муҳаммадаливу Сайидумару дигару дигарҳоро сар диҳад. Намекунад. Дигарҳоро мебарад дар барашон. Аз Рустам умедворӣ аз даҳани мор шакар, аз гови нар шир, аз каждум муҳаббат хостан аст. Раҳмонов ва думи вай фақат ба зӯр тан медиҳад.
Бе иҷозати Раҳмонов СС.Ятимов бо занаш хоб намеравад. Бе иҷозати СС кормандонаш. Шиддати ток, точкаи марговар, ҳаҷму вазни зарба ҳамаашро медонанд. Ин тавр нест, ки Раҳмонов нафаҳмид ва нафаҳмида бошад.
Агар Раҳмонов шарики ин ҷиноят набуд, парванда боз мекард. Чаро парванда накард? Мутмаин бошед, ки парванда ифтитоҳ намекунад. Барои онки ришдорҳоро қабул надорад. Барои вай ришдор душман аст. Мехоҳад бештар бигӯянд, ки ришдорро куштанд. Мухолифат ва танаффури худро дар нисбати ин қишри ҷомеъа ошкор мекунад.
Ришдорро махсус куштанд. Куштанд то дигарҳоро дар қайди банди тарсу ларз нигоҳ доранд. То бандбанд мағз мағзи устухон ҷо шавад.
Як бор бипурсед, ки алайҳи ҳодисаи қатли зиндониҳо парванда боз кард? Дар қатли Мирзо Зиё касеро дастгир кард?
Ҷавобгар нест. Ҷавоб намедиҳад. Ҳатто намепурсад. Ин як сиёсати ҳисобшуда аст. Мехоҳад ҳарчи бештар ваҳмовар, даҳшатофар ва ваҳшатангез дар тамоми кишвар паҳн шавад.
Яъне рекламаи қудрат ва зӯрии Раҳмонов бишавад.
Магар раиси як давлат аз зердаст намепурсад, ки чаро ин ҳодиса руй дод? Сабаби напурсидан он аст, ки мардум ҳар кадоме дар даруни худ ба ин хулоса биёяд, ки набояд бо ин ҳукумат сануман кард. Чунки худи Раҳмонов бо инҳо аст ва ҳарфи даруни Раҳмонов ҳам барои мардум ин аст ки ҳамеша аз вай тарсида гарданд.
Раҳмонов медонад, ки агар сари роҳи Саидаъзам ва саидаъзамҳоро нагирад сари вайро мехурад. Раҳмонов душманашро аз хеле вақт пеш шинохтааст. Риш. Беришҳоро, бигзор сад сол даъвои оппозитсия кунанд, нағз набинад ҳам эҳсоси хатар намекунад. Мо набояд хушбин бошем, ки Раҳмонов дарак надорад. Раҳмонов ҷавози куштори нафарҳо ва бахусус ҷавонҳои бо қиёфаву андоми мазҳабиро барвақт додааст. Раҳмонов медонад, ки имону виҷдону номуси ришдор( манзурам ришдори мусалмон) чи гуна ва то куҷо қоиму устувор ва сахт аст, чун бо онҳо рӯбарӯ шуда шаттаи онҳоро кам нахурдааст. Раҳмонов хуб огоҳ аст ки ҳамоно қишри муқовим ва мубориз ришдорҳоанд.
Вай ришдорҳоро ҳамин тавр- публично- мекушад. Оянда ҳам мекушад.
Миллат қурбонии як Оила
Саволи асосӣ ин аст: чаро як миллат бояд барои як Оила ин қадар қурбонӣ диҳад?
Ин Оила тамоми дороиву сарватро соҳиб шудааст, ин Оила тамоми ихтиёроти моро гирифтааст, иродаи моро, ғайрату ҷасорату шуҷоати моро куштааст, аммо боз ҳам қаноат намекунад ва куштани моро идома медиҳад? Чаро? Мардуми тоҷик то инҷоҳо пасту поин шуд, то инҷоҳо хору залил шуд, то инҷоҳо ҳамачиро аз даст дод. Иллаташ ин нест, ки Раҳмонов зӯр аст. Иллаташ дар асл ин аст ки оппозитсияи дурусту ҳисобӣ надорад. Вақте ду тарафи ҷанг ташкили ҳукумат кард ва як тарафи ҷанг дар ҳукумат монд, тарафи дигари ҷанг, ки аз ҳукумат барчида шуд, на рӯз хоҳад дошт ва на зиндагӣ. Рӯз надорад, агар дошта бошад ҳам хушу ором не. Шумо тарафи дигари рафтаи ҷанг гуфта фақат як гурӯҳро ба назар нагиред. Тарафи дигари ҷанг дар амал ва дар воқеият аз нисф зиёди халқи Тоҷикистон буд, ки ҳоло рӯз надорад. Барои ҳамин инҳо-ин тарафи ҷанг ҳам баробари он тарафи ҷанг бояд мерафт.
Раҳмонов тарафи ҷанг аст, балки худи ҷанг аст. Ҳамон қумандон Афанасий. Вай мезанад, леҳу лаварда мекунад, шикаставу тикапора мекунад, чун бо ҳамин роҳ омадааст, роҳи дигареро балад нест.
Инки барояш чапак мезанем, инки духтарҳоро қатор монда пешвоз мегирем, инки дар васфаш шеъру ғазалу достон месароем, инки аз танаш 113 китоб менависем, инки ҳайкали модарашро мегузорему мактаб ба номаш мемонем ва аз ин қабил хушомаду тамаллуқ мезанем, ҳам худи мо ва ҳам худи вай медонем, ки дурӯғ аст, сохта ва сунъӣ ва ҷаълӣ аст.
Худи Раҳмонов ҳамаи инҳоро медонад. Аммо ривоҷ медиҳад. Чаро? Барои онки решаи ин ҳама корҳо дар тарс аст ва Раҳмонов тамоми талошу иқтидорашро барои амиқтар ва чуқуртар бурдани ин реша равона карда истодааст. Бояд тарс дарундарун, қабатбақабат, мағзандармағз, таҳбатаҳ ҷорӣ бишавад, ҷой бигирад, дар даруни қабурға, буҷули по равад, дар дилу гурда шинад он вақту он гоҳ Раҳмонов ором аст, роҳат мешавад. Коре бикунад, ки аз тарси вай дар сари дастурхон гуфта шавад, мишмиш кунанд ,пичпич кунанд ва ба хулоса биёянд, ки «сари хама шамшер набуридаст, даҳони пӯшида сад тилло». Барои ҳамин вай манфиатдор аст ки овозаи куштори Саидаъзам ҳарчи бештар боқӣ бимонад, на инки аз зеҳнҳо пок бишавад. Ҳар аз гоҳе ташкили куштору зиндонӣ карданҳо бо ҳамин мақсад аст. Чунки маҳз ҳамин тарс абзор ва силоҳи асосии қудрати Раҳмонов аст.
Паёми асосии ин куштор ва куштори эшони Саидқиёмиддин, махдуми Абдусаттор ва амсоли инҳо ин аст ки Раҳмонов бо ришдорҳо созиш накардааст ва муросо ҳам намекунад.
Раҳмонов хуб медонад ва ин воқеият ҳам ҳаст ки имрӯз аст, фардо аст бо дастони ҳамин қишр сарнагун ва завол мешавад. Ҳамаашон медонанд. Душманашро дуруст шинохтааст. Барои ҳамин то он рӯз, ки ҳасту меистад инҳоро калакубак, буғӣ ва сарбанест мекунад.
Раҳмонов мехоҳад, ки ҳарчи бештар ришдор, ҳиҷобпӯш ва муллову масҷидӣ шикаста ва кушта шавад. Чаро? Чунки қишре аст, ки номус, нанг, шараф ва ғайрату ҷуръат ва ҷасорат бо вай ёру ҳамроҳ аст.
Гап назанед! Нафас накашед!
Бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар охири ин навишта, ки гумон мекунам, боз идома хоҳад дошт як чизро илова карданиам.
Мардум ба ин ҳукумат гап дорад, гапи зиёд дорад. Аммо гуфта наметавонад. Гапи мардум солҳо хирвор ва захира шудааст. Мардум аз гап задан метарсад. Гапи ин мардум мушти гиреҳхӯрда, гапи ин мардум хашму ғазабу нафрин шудааст ва Раҳмонов инро хуб ва возеҳу равшан медонад. Медонад, ки дар дили мардум дарду доғ ончунон ҷамъ шудааст, ки як каме имконият диҳад, ин «гап»-ҳо ҳукуматро вайрону хароб мекунад. Барои ҳамин имкони гап намедиҳад. Намеравад даҳонҳои якояк, тактакро бидӯзад. 307 мезанад. Ришдореро мекушад. Фарқ надорад, ки дар зиндон ё дар озодӣ. Мекушад, мешиканад, гуреза мекунад. Ва, ин 307 ва ин куштор ҳамон риштаи даҳондӯз мешавад.
Ҳадаф ва паёми дигари қатли Саидаъзам ҳамин аст. Гап назанед! Нафас набароред!
«Мачит, ки омадӣ,намозатро хону барою рав. Дар сиёсат қуш нашав. Дар сиёсат қуш шудӣ, ҷоят кунҷи зиндон».
Номаи собиқ корманди баландпояи мақомоти қудратии Тоҷикистон, фиристода ба «Ислоҳ»
