Посух ба генерал: «ҳаргиз зери юғи зулм барнамегардем»

Ислоҳ нет

Посухи Муҳаммадиқболи Садриддин ба номаи генерал Азимов Раҷабалӣ

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ Азимов Раҷабалӣ генерали мустаъфӣ ва ҳоло мудири кафедра дар Донишгоҳи Кулоб бо як номаи боз маро мухотаб қарор дода даъват ба бозгашт ба ватан ва узрхоҳӣ аз Раҳмоновро кардааст.Ин матлабро нашрияи ҳукумати вилояти Хатлон ва низ сомонаи донишгоҳи Кулоб ва шояд боз дигар расонаҳо бознашр кардаанд. Инак посухи ман ба ин навишта:

Муҳтарам генерал Азимов! 

Аввалан ба Шумо барои ин ки бо эҳтиром ва ошкоро назарҳоятонро баён намудед, изҳори сипос мекунам. Ман аз эҳтироми Шумо нисбати Ватан, миллат ва ранҷҳои даврони ҷанги бародаркуш қадрдонӣ менамоям. Рӯшан аст, ки Шумо дар воқеаҳои талхи таърихи кишвар шоҳид ва иштирокчӣ будед ва ҳарфи Шумо дар ин замина арзиш дорад.

Аммо, бо вуҷуди ин эҳтиром, чанд нуктаеро мехоҳам оромона ва бо ирояи далел баён кунам:

1.Тафсиру фаҳмиши мафоҳеме чун адолат ва ватандӯстӣ мусалламан аз дидгоҳи ман ва шумо ҷаноби генерал фарқ дорад.

Ман низ Ватанро дӯст медорам, вале ин муҳаббат маро водор мекунад, ки ба номус, озодӣ, ҳуқуқи инсон ва сарнавишти наслҳо таваҷҷӯҳ кунам. Ватандӯстӣ маънои хомӯшона қабул кардани ҳар чӣ аз қудратманде чун Э.Раҳмонов меояд нест-балки дифоъ аз ҳақиқат ва манфиати умум мебошад.

Ҷаноби генерал! Шумо, ончиро, ки дар сиёсат ва фаъолияти раҳбари давлат ва аҳли оилаи вай адолат меҳисобед, ман намебинам. На танҳо ман, аксарияти мардуми Тоҷикистон ҳиҷ адлу доду инсофу диёнат ва ҷавонмардиро дар ин раҳбарӣ намебинанд.

 Инҷо метавон ҳазорҳо мисолу ва факту далел овард, ки посухро тулонӣ мекунад. Вале ҳамин нукта, ки «роҳбари давлат» тамоми аъзои хонаводаашро ба мансабҳои давлатӣ мансуб кардааст, тамоми хешу таборашро дар гирди хони давлат ғун кардааст, нишонаи адолат аст? Фақат ба хотири онки ҳамин Оила зиндагии орому роҳат дошта бошад ҳазорҳо ҳазор дар муҳоҷират, ғарибӣ, оворагӣ, гурезагӣ, дар зиндонҳо ҳаёташро мегузаронад, адолат аст? Посухи ин саволҳоро пеши худатон дошта бошед, чун мо миллат ва мардум хуб медонем онро.

2. Тарси Худо ва адолат- қимматтарин неъмат аст, вале он бояд ба амал таҷассум ёбад.

Шумо аз раҳму шафқат ва адолати Худованд ёд овардед. Аммо оё таъқиби садҳо сокинон, зиндон шудани мухолифон, муҳоҷир шудани ҳазорон ҷавони соҳибистеъдод ва бастани сарҳади озоди сухан нишонаи адолат аст? Ё ин ки ба вуҷуд омадани як режими комилан оилавӣ ва мутамаркази фосид, ки мардумро дар бенавоӣ ва тарс нигоҳ медорад?

Тамоми он маълумоту навиштаҳои ман, ки дар бораи «роҳбари давлат» навиштааму менависам бо далел ва бурҳон аст. Шумо як намуна ҳам наовардаед, ки собит кунад навиштаи ман «туҳмату буҳтон» аст. Ин шо Аллоҳ, бале рӯзаш мерасад, ки ҳарки намаки ин мардумро мехурад вале пос намедорад, баракс дуздиву ғорат мекунад, талаву тороҷ мекунад, бари рифоҳи худаш самолети 100 миллиондолларӣ мехарад, тамоми духтару бачаву домодҳояшро аз ҳисоби пули халқ ғанӣ ва мултимиллиардер мекунад, ба кайфар ва сазои аъмоли худ хоҳад расид. Ин хоҳ ман бошам, хоҳ «роҳбари давлат». Бубинед, ҳатто ҳамин шираи камолро, ки бархе аз кишоварзони навоҳии минтақи Кулоб сабаби ризқу рӯзии худ карда буданд, Шамсулло Соҳибови домоди Раҳмонов кашида гирифту аз они худ кард.

Шумо магар аз кони Шугнов ва онки онро Амриддин Нахшов, холабачаи Рустам аз они худ кард, дарак надоред?

Шумо магар аз онки Озодаи духтари Раҳмонов роҳи ягонаи миёни марказ ва шимоли Тоҷикистонро пулакӣ карда солона садҳо миллион даромад мегирад, хабар надоред?

Шумо магар намедонед, ки тамоми хлопзаводҳои ҷанубу шимоли кишварро Ҳасан Асадуллозодаву бародаронаш аз они худ карда ва деҳқони тоҷикро фақат барои ғӯзапоя кор мефармоянд хабар надоред?

Инҷо метавон боз садҳо мисолу намуна овард, ки нишон медиҳад ҳеҷ адолате дар роҳбари давлати шумо вуҷуд надорад.

Рухшона Ҳакимова як рӯзноманигоре, ки тифли ширхора дошт, бурданду 8 сол ҳабсаш карданд, барои ҳиҷчи, тамоман бегуноҳ, магар аз кадом адолат далолат мекунад?

3. Ман мухолифи Ватан нестам-ман мухолифи сохтор ва сиёсате ҳастам, ки кишварро ба бунбаст бурдааст.

Шумо маро ба беадолатӣ муттаҳам кардед, аммо ман танҳо як садои дигари тоҷикон ҳастам, ки мехоҳанд Тоҷикистон озод, пешрафта ва соҳибазамату воқиан рӯ ба рушд ва мутараққӣ ва шукӯфо бошад. Агар ҳамон суханҳое, ки имрӯз ман баён мекунам, «тӯҳмат» бошанд, пас чаро Ҳукумати ҷумҳурӣ ба журналистони мустақил, ҳомиёни ҳуқуқ ва мунтақидон фишор меорад? Чаро миллионҳо тоҷик аз азоби бекорӣ ва бепарвоии давлатӣ ба муҳоҷирати иҷборӣ рафтаанд? Чароҳои зиёди дигареро инҷо илова кунед ҷаноби генерал! Шумо маро ба доштани хоҷаҳои берунӣ муттаҳам карда истодаед. Худо гувоҳ аст ки ҳеҷ хоҷае на дар дохил ва на дар берун дорам. Аммо, ман ба яқин медонам, ки шумо хуб медонед, ки Раҳмонов сохта ва истеҳсоли хоҷаҳои хориҷӣ аст. Раҳмонов савори чи мошини ҷангӣ вориди Тоҷикистон шуд ва бо дастгирии кадом хоҷаҳои хориҷӣ ва бо кумаки сарбозу афсарҳои кадом хоҷаи хориҷӣ ҳукуматро гирифт, шумо аз ман беҳтар медонед. Хоҷаи хориҷидор кӣ будааст?

 Сипос аз шумо,ки дар бораи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва шаҳид Мирзо Зиё ҳарфҳои хуб задед. Аммо Маҳмадрӯзӣ Искандаров 23 сол аст, ки дар зиндон аст, барои кадом гуноҳ? Созмони милали муттаҳид озодии вайро аз роҳбари давлат, ки шумо адолатпарасташ мегӯед, талаб кард, аммо иҷро накард.

Мирзо Зиё ва ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи ӯро, ки ба дастури бевоситаи ҳамин роҳбари давлат анҷом доданд, ёдатон рафт?

Шумо аз ман беҳтар ин ҳама ҳодисаҳоро медонед, ман мутмаинам, ки воқеиятҳоро аз хелеҳо бештар медонед. Магар фикр доред, ки Ҳамрохон Зарифӣ бар муқобили Раҳмонов табаддулот мекард? Ҳоло вай дар куҷост?

4. Дар бораи таърих бояд рост гуфт, на яктарафа.

Шумо аз давраи ҷанг ёдоварӣ кардед. Бале, ҷанг фоҷиъа буд, ва ҳар тараф хусӯсиёт ва вижагии худро дошт. Аммо ё фаромӯш кардем, ки як бахши калони ҳамин ҷанг таҷассуми ҷиҳоди мардум алайҳи зулму истибдод буд? Ҳақиқатро бояд бо далел гуфт, на бо эҳсосот. Наметавон тамоми гуноҳро ба як тараф бор кард. Шумо, мегӯед, ки Худованд ба Эмомалӣ Раҳмонов дод, ситеза накун. Магар ба Намруд ва ба Фиръавн Худованд надода буд ва анҷоми онҳо чи шуд? Анҷоми Нурсултон Назарбоев ва амсоли ӯ дар ин асри мо ва шумо чӣ шуд?

Ҳиҷ гоҳ сарзамин дар ихтиёри роҳбари мо набуд. Кай ва дар кадом давра? Агар манзуратон Ҳукумати Муросои Миллӣ бошад, дар он ҳукумат 90 дар 100 вазирҳои пешина буданд, Президент, раиси Шурои Олӣ, Сарвазир ҳамааш аз пешинаҳо буданд. Вақте ба насиҳат мепардозед, аз адолат ҳарф мезанед, бояд ҳақиқат, адолат ва инсофро риоят кунед.

Ин роҳбари давлати шумо ҳиҷ гоҳ сулҳу оштиро намехост, агарки болояш фишор ва зӯр намеомад. Ёдатон бошад гуфта буд, ки «равед, мисли бобоҳову падарҳоятон Афғонистонро обод кунед, ба шумо дар ватан ҷой нест. Ва хонаву дари ҳазорон ҳазори мардумро дигарҳо ишғол карданд. Ин ҷоннисорӣ ва муборизаҳои роҳбари мо Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд, ки мардум тавонист аз нав ба ватанаш баргардад.

Бигзор, ҳарфи майдони Шаҳидону Озодӣ ба фаромушӣ биспурда бишавад ва вақти имзои сулҳ дар соли 1997 ҳам як санади алоҳидаро роҳбарони ду тараф имзо карда ёдоварии он рӯзҳоро манъ ва ёдоварандаҳоро сазовори лаънати Аллоҳ хитоб карда буданд. Аммо оянда чи шуд? Кӣ сазовори он лаънату нафрин шуд?

Шумо фикр мекунед, ки сафедро сиёҳ ва сиёҳро сафед гӯед мардум воқеиятро намебинад? Мардуми Тоҷикистон воқеиятҳоро, кӣ будани ин роҳбари давлатро хуб мешиносад.

 Чаро ин роҳбари давлат чандин бор Қонуни асосиро иваз кард? Барои худаш ё барои мардум?

 Чаро ин роҳбари давлат зӯр зада писарашро ба ҷойи худаш оварданист?

Шумо, пеши худатон ва барои худатон як бор андеша кардед, ки он замони ҷанги шаҳрвандӣ барои он ҷангидед, то дар оянда як Оила болои шумо, ман ва тамоми мардуми тоҷик сулола ташкил кунад, шоҳу шоҳбачаву шоҳдухтар шаҳдомод оварад ва ҳам манобеъи рӯи заминӣ, зери заминӣ ва ҳам худи заминро ба сарвату моликияти ин Оила табдил диҳад?

Шуморо ба Худо қасам медиҳам, барои ҳамин шароити имрӯзӣ, ки миллионҳо мард ва ҳатто занҳои тоҷик муҳоҷир бишаванд ва ин Оила то ба ин ҳаду андоза халқро таги по кунад, ҷангида будед? Бародари Шумо-фарзанди падар, Худо биёмурзадаш барои онки Раҳмонову оилаш якумрӣ бишавад ҷангида буд?

5. Оғӯши Ватан кушода аст, вале бо шарт: озодӣ ва кафолати ҳуқуқ.

Шумо маро ба бозгашт даъват кардаед ва гуфтед, ки Президент метавонад бубахшад. Аммо бахшиш ҳам худ шакли зулм аст, вақте ин роҳ танҳо бо хомӯшӣ ва таслим шудан қабул мешавад. Чун ин «бахшиш» «оши оштӣ» «сулҳ» «афв»  ва… дидему сабақи хубе ҳам гирифтаем.  

Тоҷикистон бояд сарзамини ҳамагон бошад, на танҳо тарафдорон ва пайравони як шахс ё як оила. Тоҷикистон ватани мо ҳам ҳаст ва мо фарзандони угайи ин ватан нестем. Баъдан ман чи ҷинояте дар муқобили ватан ва давлату миллатам анҷом додаам, ки бахшуда шавам. Боз аз ҷониби кӣ? Аз ҷониби шахсе, ки бо падарони мо сулҳ кард ва унвони асосгузори сулҳро бар худаш гирифту боз ҷангро шурӯъ карду кушту зиндонӣ ва муҳоҷиру паноҳандаамон кард. Оё тавақуъ доред ман  интизори «афв»у бахшиши ӯям? Марг бароям авло аст, зери дор қарор гирифтан ва пора пора шудан бароям шарфмандонатар аст аз бахшиши чунин шахс! Баракс ӯ бояд талаби афву бахшиш аз мо намояд, на мо аз ӯ!

 
Бале, ёдам ҳаст, ки вақте Маҳмуд Худойбердӣ даромад роҳбари давлат бо чашмони гирён ба пойи роҳбари мо хам шуд ва ҳатто гуфт, ки акнун навбати гурезагӣ ба мо расид ва ин муҷоҳидон, ҳамин шаҳид Мирзо Зиё буд, ки Маҳмудро аз ватан берун ва тоҷу тахти Раҳмоновро ҳифз кард.

Аммо чи подоше насибаш кард?

Сарвари шумо агар марди ҳақ буд, Ёқуб Салимро ба 15 сол мешинонд? Агар одил буд Ғаффор Мирзоро, ки Маҳмуд ва сарбозонашро аз Хуҷанд бадар кард ҳукми абад медод?

Ин як номарди худхоҳ аст ки ба ҷуз аз Оила ва авлоди худ ба ҳеҷ кас раҳму шафқат накардааст ва намекунад.

Шумо, агар инсофро дар вуҷуди вай биҷӯед, бубинед, ки Ёқуб бо пайкараш ӯро бипӯшонд, аммо вай ба Ёқуб чи посух дод? Ҳоли Султон Қувватро,ки мумкин аст ҳамразматон буд хуб ёдатон ҳаст?

Ман ҳиҷ гоҳ аз дур истода ба сӯи ватанам санги маломат намеандозам. Санги маломати ман ва миллионҳо чун мани муҳоҷиру ғариб ва гуреза ба самти Раҳмонови касиф аст. Агар ҳазор сол Раҳмоновро одил гӯед, ҳазор сол ҳам ғалат кардаед. Ҳиҷ гоҳ одил намешавад, нафаре, ки болои хуни мардум танку туп рондаву ҳукумат гирифтааст. Бигзор, ман дар ғарибӣ ҷон диҳам, аммо ҳиҷ гоҳ зери юғ ва ситами ин касофат нахоҳам рафт ва то даме, ки кишварро аз шарри ин ноҷавонмард наҷот надиҳем, даст аз мубориза ва по аз роҳи интихобидаамон нахоҳам кашид!

Дар охир, ман ҳамчунон ба Шумо, ба ҳамаи онҳое, ки зиндагиро ба сахтӣ пушти сар карданд ва ба сарзамини мо содиқанд, эҳтиром дорам. Вале ҳар кӣ имрӯз ба хотири оромӣ ва ҳифзи мансаб ҳақиқатро фурӯ мебарад, фардо дар назди таърих ва Аллоҳ ҷавобгар хоҳад буд.

Тоҷикистон на моли мо, на моли Шумо- моли фарзандонест, ки ҳақ доранд дар кишвари озод, пешрафта ва адолатпарвар зиндагӣ кунанд. Моли онҳоест дар ин сарзамин зода шудаанд ва дар он ба воя расидаанд. Бигузор ҳар касе бошад Тоҷикистон ватани ӯст. Барои ҳамин мубориза мебарем. Ҳуқуқи гуфтани ҳақиқатро ҳеҷ пешвое, пешвозодае, домоде, ва ниҳоятан қудрате аз мо гирифта наметавонад. Мумкин аст дар ин роҳ ҳама сангиниҳо мусибатҳо, туҳмату буҳтонҳо, зиндоншуданҳо, шаҳодат дар ин роҳ моро ҳамроҳи намояд. Аммо на таслимшулану талабу афву бахшиши як қотилу золиму Худобехабаре чун Э.Раҳмонов. 

Бо эҳтирому самимият 

Муҳаммадиқболи Садриддин, роҳбари Ҳаркати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон

Ҳасби ҳоли генерал Азимов Раҷабалӣ Каримович

Хатмкардаи Институти тарбияи ҷисмони Тоҷикистон (1986). Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ИҶШС (1978 – 1980), муаллими мактаби миёна дар шаҳри Кӯлоб (1986 – 1993), сардори шуъбаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ (1993 – 1994), сардори гурӯҳ ва муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ (1994 – 1995), сардори Комиссариати ҳарбии  ноҳияи  Шоҳмансури шаҳри Душанбе]] (1995 – 1997), муовини раиси Комитети ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ (1997 – 1998), муовини вазири ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998 – 2006), корманди масъули Сарраёсати нерӯҳои марзбони Комитети давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006 – 09). Аз соли 2009 дар истеъфо. Раҷабалӣ Азимов Каримович (тав. 2 феврали соли 1960, деҳаи Корези Болои ноҳияи Кӯлоб)-арбоби низомӣ, генерал-майор (2003).

Share This Article